Моддаи 52. Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор
1. Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад.
2. Дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омӯзгор манъ аст.
3. Санҷиши фаъолияти омӯзгор ва баҳогузорӣ ба кори ӯ танҳо ба мақомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад.
4. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст.
5. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон тибқи низомномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда мешавад.
6. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад.
7. Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Санҷиши фаъолияти омӯзгорро танҳо дар асоси муроҷиати хаттӣ ё санади тартибдодаи мақоми (шахси) ваколатдор оғоз кардан мумкин аст.
8. Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.
Моддаи 53. Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:
– мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;
– ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;
– ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;
– аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
– барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;
– барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;
– омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;
– ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;
– барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;
– бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;
– омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;
– омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;
– омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;
– барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
– барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.
Моддаи 54. Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф
1. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кам бошад.
2. Музди меҳнат ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида барои иҷрои кор ва ӯҳдадориҳои вазифавие, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ шудааст, пардохт карда мешавад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ набояд сатҳи кафолатҳои меҳнатии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро аз сатҳи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пасттар пешбинӣ намояд.
3. Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулии ба музди меҳнат муқарраргардида зам карда мешаванд. Ҳамчунин музди меҳнати омӯзгор аз ҳавасмандгардонии самаранокии меҳнати ӯ вобаста ба таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор, маҳорати омӯзгорию маҳсули меҳнатӣ, дараҷаҳои тахассусии аз натиҷаи аттестатсия гирифтаи омӯзгор ифодаёбанда, унвонҳои илмию фахрии давлатӣ ва иловапулӣ барои корҳои аз меъёри муайяншуда барзиёду иловагӣ иҷронамуда иборат мебошад. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағи ҷудокардашуда метавонанд мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри (ставкаи) иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, шаклҳои тафриқаи (дифференсиатсияи) ҷоизи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд. Маблағи сарфагардидаро барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф вобаста ба натиҷаи фаъолияти меҳнатии онҳо, инчунин барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ истифода бурдан мумкин аст, ки тартиби истифодаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян менамояд.
4. Ба омӯзгорон барои роҳбарии синф, санҷиши корҳои хаттӣ ва лабораторӣ, мудирии кабинетҳои фаннию методӣ ва дигар корҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ муқаррар карда мешавад.
5. Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияву маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулӣ муқаррар карда мешаванд. Номгӯи чунин маҳалҳо, андоза ва тартиби пардохти коэффитсиентҳо ва иловапулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
6. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф барои ҳифзи манфиатҳои худ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва фондҳо ташкил намоянд. Фондҳои дастгирии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби саҳмияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд.
8. Давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
БОБИ 6.
ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ДАР НИЗОМИ МАОРИФ
Моддаи 55. Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ
1. Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти таълимию истеҳсолӣ, илмӣ ва хоҷагидорӣ, инкишофи иҷтимоию иқтисодии маорифро маблағи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағи худи муассис (муассисон) ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳанд.
2. Маблағгузории соҳаи маориф ҳар сол дар буҷети давлатӣ бо сархати алоҳида зикр гардида, он бо назардошти меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузории муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад. Ин меъёрҳо вобаста ба намуд, шакл, зинаҳои таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавӣ ба як таълимгиранда, ба як муассисаи таълимӣ ва ё дар дигар асос муайян карда шуда, бояд барои пурра пӯшонидани хароҷоти ҷории вобаста ба раванди таҳсилот мусоидат намоянд. Тартиби ҳисоб намудани меъёрҳои маблағгузории хизматрасонии таълимӣ, аз ҷумла маблағгузории сарикасӣ, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Таъмини маблағгузории фаъолияти илмию таҳқиқотии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври ҷудогона дар шакли кӯмаки молиявӣ (субсидияҳо) барои иҷрои мавзӯъҳои нақшавии таҳқиқотӣ бо супориши муассис (муассисон) дар шакли озмун амалӣ карда мешавад.
4. Ба муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди маблағи ҷудокардашуда ва аз дигар сарчашмаҳо воридшуда мустақилияти молиявию хоҷагидорӣ дода мешавад. Раванд ва тартиби истифодаи маблағи муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ сурат мегирад.
5. Фаъолияти хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ дар доираи мақсад ва вазифаҳое, ки дар оинномаи онҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла фармоишҳои давлатӣ, муайян карда мешавад. Муассисаҳои таълимӣ ӯҳдадоранд, ки фармоиши давлатӣ ва фармоишҳоро оид ба фурӯши маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ) дар ҳаҷми на бештар аз фармоишҳои дахлдор иҷро намоянд. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд барои қонеъ гардонидани талаботи худ маҳсулот, кор ва хизматрасониро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ харидорӣ намоянд.
6. Муассисаи таълимӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагӣ, аз ҷумла асъориро, бо роҳи хизматрасонии иловагии пулакӣ ва амалигардонии фаъолияти дигар, ки оинномааш пешбинӣ кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ҷалб намояд.
7. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимӣ инҳо мебошанд:
–даромад аз фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ;
– воридот аз иҷрои кор ва хизматрасоние, ки хусусияти илмӣ ва илмию методӣ доранд;
– тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии пулакии мутахассисон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ дар асоси шартнома;
– фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ дар раванди таълим ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба шарте ки онҳо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълимӣ набошанд;
– пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва дигар маблағе, ки аз ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ ворид мешаванд;
– грантҳо;
– қарзҳои ташкилотҳои қарзӣ.
8. Меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатӣ дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд. Маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз ҳисоби муассис (муассисон) сурат мегирад.
9. Давлат, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, метавонанд муассисаҳои томактабӣ ва таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, дар доираи хароҷоти таълиму тарбияи тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва таълимии таҳсилоти умумии давлатӣ аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намоянд.
Моддаи 56. Андозбандӣ дар соҳаи маориф
1. Муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз месупоранд, аз андоз озод карда мешаванд ва ё аз дигар имтиёзҳои андозбандӣ истифода мебаранд.
2. Бо мақсади ҷалби сармояи (инвеститсияи) дохилию хориҷӣ ба соҳаи маориф давлат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунанд, метавонад ҳама гуна имтиёзҳо, аз ҷумла имтиёзҳои андозбандӣ пешбинӣ намояд. Тартиб ва андозаи имтиёзҳои мазкурро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
Моддаи 57. Ҳуқуқҳои молумулкии муассисаҳои таълимӣ
1. Молу мулки муассисаҳои таълимиро воситаҳои асосӣ ва гардон, инчунин молу мулки дигаре, ки муассис (муассисон) бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста намудаанд, ташкил медиҳанд. Муассисаҳои таълимӣ молу мулки мазкурро бо тартиб ва шарту шароитҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимӣ молу мулки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобасташударо тибқи таъиноти вазифавии онҳо истифода мебаранд ва ҳуқуқ надоранд, ки онро ҳамчун воситаи кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои худ ё ӯҳдадориҳои шахсони сеюм, аз ҷумла ба сифати гарав, истифода баранд ва ҳамчунин ҳуқуқ надоранд, ки молу мулки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба даст овардашударо бегона кунанд, ҳамчун қарз диҳанд ё ба таври дигар ихтиёрдорӣ намоянд.
Моддаи 58. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ
1. Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти таълимӣ ва мувофиқ ба ихтисосҳои дахлдори соҳавӣ фаъолияти таълимии пулакиро ба роҳ монанд.
2. Фаъолияти таълимии пулакӣ қисме аз фаъолияти таълимии муассисаи таълимӣ мебошад, ки бо фармоиш ва аз ҳисоби фармоишгар дар асоси қарордоди хизматрасонии таълимии пулакӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Иҷрокунанда (муассисаи таълимӣ) тибқи қарордоди хизматрасонии таълимии пулакӣ ӯҳдадор мешавад, ки бо супориши фармоишгар бо роҳи амалӣ намудани барномаҳои таълимии дахлдор, барномаҳои тайёр намудани мутахассисони касбӣ талаботи фармоишгарро (ё шахсро) ба таҳсилот қонеъ гардонад. Фармоишгар ӯҳдадор мешавад, ки маблағи хизматрасонии мазкурро тибқи муқаррарот пардохт кунад ва дар раванди таҳсил фаъолона иштирок намояд.
4. Муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад маблағи таҳсилро барои хонандагон ва донишҷӯёни дорои дастовардҳои намоёни таълимӣ ё илмӣ, инчунин хонандагон ва донишҷӯёни ба дастгирии иҷтимоӣ ниёздошта кам кунад. Асосҳо ва тартиби кам кардани маблағи таҳсил барои ҳамаи хонандагон ва донишҷӯён набояд хусусияти табъизӣ (дискриминатсонӣ) ва (ё) интихобӣ дошта бошад.
5. Маблағи хизматрасонии таълимии пулакӣ бо муассис (муассисон), мақомоти дахлдори идоракунии маориф ва сиёсати зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад.
6. Шакли намунавии қарордод оид ба хизматрасонии таълимии пулакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ карда мешавад.
7. Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ бо хоҳиши падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонандагон ва донишҷӯён таълими иловагии пулакӣ дар асоси шартнома ташкил карда мешавад.
8. Таълими иловагии пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мегардад:
– барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ва фанҳое, ки дар стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд;
– омӯзиши амиқи мавзӯи дарсҳо, агар чунин омӯзишро намуди дахлдори муассисаи таълимӣ муайян накарда бошад;
– дигар намудҳои таълим берун аз стандартҳои давлатии таҳсилот.
9. Ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо, парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии маблағи нақд ва ғайринақдӣ аз таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунандаи) манъ аст.
10. Ба омӯзгорони ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ амалӣ намудани фаъолияти пулакии омӯзгорӣ ва дигар намуди фаъолияти тиҷоратӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар асоси шартнома иҷозат дода мешавад.
11. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси шартнома хизматрасонии пулакии таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла таълим дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилотро ба роҳ монанд. Муносибати байни муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, таълимгиранда ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) бо шартномае танзим мегардад, ки дараҷаи таҳсилот, мӯҳлати таълим, андоза ва тартиби пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд.
12. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ фаъолияти тиҷоратӣ ҳисобида намешавад, ба шарте ки даромад аз чунин фаъолият пурра барои пардохти хароҷоти раванди таълиму тарбия ва такмили он, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат дар муассисаи таълимии марбута, сарф карда шавад.
Моддаи 59. Ҷуброни зарари аз таҳсилоти бесифат расондашуда
1. Муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст зарари ба таълимгиранда аз таҳсилоти бесифат расондашударо ҷуброн намояд. Зарари аз таҳсилоти бесифат ба таълимгиранда расонидашуда зараре мебошад, ки бо гуноҳи муассисаи таълимӣ дар ҳолати номатлуб иҷро кардани талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, барнома ва нақшаҳои таълимӣ, миқдор ва давомнокии соатҳои таълимии дар нақшаи таълимӣ пешбинишуда расонида шудааст.
2. Шахсе, ки аз таҳсилоти бесифат зарар дидааст, ҳуқуқ дорад аз муассисаи таълимӣ ҷуброни онро дар шаклҳои зерин талаб намояд:
– таҳсилоти такрорӣ дар ҳаҷми зарурӣ дар ҳамон муассисаи таълимӣ;
– маблағи барои таҳсил пардохтшударо пас гирад.
3. Зарари аз таҳсилоти бесифат расонидашуда дар ҳолати ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тибқи қарори суд ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 60. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ
1. Ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бино, иншоот, коммуникатсия, таҷҳизоти таълимӣ, воситаҳои нақлиёт, қитъаи замин ва дигар молу мулк, ки ба муассисаҳои таълимӣ дахл доранд, дохил мешаванд.
2. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар асоси принсипи афзалиятнокӣ ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида ташаккул меёбад.
3. Воситаҳои нақлиёт, ашё ва таҷҳизоти таълимро ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё аз муассисаҳои таълимӣ берун баровардан манъ аст.
4. Қитъаи замин ба муассисаҳои таълимӣ барои истифодаи бемӯҳлат бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Истифодаи қитъаи замини ройгон ба муассисаҳои таълимӣ додашуда хилофи таъиноти он манъ аст.
5. Дар қитъаи замине, ки барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ дода шудааст, сохтани дигар бино ва иншооти ғайрисоҳавӣ манъ аст.
Моддаи 61. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон
Мутахассисон дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таълимӣ ва вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд.
Моддаи 62. Фондҳои соҳаи маориф
1. Дар соҳаи маориф мумкин аст барои беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия ва такмили он, таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳа, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа, таълимгирандагон фондҳои мухталиф таъсис дода шаванд, ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ фонди таълим ба андозаи на бештар аз 1 фоизи сметаи хароҷоти муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешавад. Фонди мазкур инчунин аз манбаъҳои зерин ташаккул ёфта метавонад:
– маблағи хайрияе, ки аз эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба даст омадааст;
– маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Фонди таълим барои таъмини талаботи моддӣ ва истеъмолии хонандагон аз оилаҳои камбизоат, дигар намудҳои ёрии моддӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию маънавӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон сарф карда мешавад.
Моддаи 63. Эҳсонкорӣ дар соҳаи маориф
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълиму тарбия, манзилгоҳ (хонаҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳо), биноҳои таълимӣ ва ёрирасон сохта, онҳоро бо таҷҳизот, асбобу анҷоми лозимӣ муҷаҳҳаз намоянд, тариқи эҳсонкорӣ китоб, молу мулк ва маблағ хайр намоянд. Барои чунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд, ки тартиб ва андозаи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тариқи эҳсонкорӣ муассисаҳои таълимӣ сохта, онҳоро ба моликияти давлатӣ месупоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Муассисаҳои таьлимӣ метавонанд маблағи хайрияи аз ҳисоби эҳсонкорон ба даст омадаро бо мақсади такмил додани заминаи моддию техникии муассиса, таъсиси фонди таълим ва беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия истифода баранд.
Моддаи 64. Ҳифзи саломатӣ ва ташкили хӯроки умумӣ дар соҳаи маориф
1. Фаъолияти соҳаи маориф бо назардошти зарурати таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон ба роҳ монда мешавад.
2. Муассисаҳои таълимӣ шароити заруриро, ки ба ҳифз ва таҳкими саломатии таълимгирандагон, инчунин инкишофи ҷисмонии онҳо нигаронида шудааст, муҳайё месозанд.
3. Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки хӯроки умумии таълимгирандагону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро мустақилона аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда ташкил намоянд.
4. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар ташкили хӯроки умумии ройгон барои тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хӯроки умумии имтиёзнок барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ кӯмак расонанд.
5. Мақомоти дахлдори давлатӣ ба муассисаҳои таълиму тарбия барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ, инчунин инкишофи ҷисмонии таълимгирандагон ёрии зарурӣ мерасонанд.
6. Барои ташкили хизматрасонии тиббӣ ва бехатарии шароити таълиму тарбияи таълимгирандагон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти идоракунии тандурустӣ ва ташкилотҳои он, роҳбарони бевоситаи муассисаҳои таълиму тарбия масъул мебошанд.
7. Хизматрасонии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълимгирандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимӣ ройгон аст.
8. Муассисаҳои таълимӣ барои аз ташхиси тиббӣ гузаронидани омӯзгорон маблағи зарурӣ ҷудо менамоянд.
БОБИ 7.
ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Моддаи 65. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф мақоми мутамаркази тамоми сохторҳои соҳаи маориф дар бахши ҳамкории байналмилалӣ бо муассисаю дигар ташкилотҳои байналмилалии давлатҳои хориҷӣ ва муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
3. Мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо муассис (муассисон) ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо муассисаю дигар ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ робита барқарор намоянд.
4. Таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо ба имзо мерасанд, дар мувофиқа бо муассис (муассисон) амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 66. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқ ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бошанд, аз номи худ бо тарафи хориҷӣ дар мувофиқа бо муассис (муассисон) созишномаҳо банданд ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.
2. Муассисаҳои таълимие, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳо кушоянд.
3. Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба муассисаҳои таълимӣ ворид мешавад, бо ҳуқуқи моликият ба онҳо тааллуқ доранд ё дар ҳуқуқи идоракунии оперативии онҳо қарор мегиранд ва онҳоро бидуни иҷозати муассисаҳои мазкур гирифтан мумкин нест. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф истифода бурда мешавад.
4. Муассисаҳои таълимӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи маориф якҷоя бо ташкилотҳои хориҷӣ метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд.
БОБИ 8.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 67. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 68. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи маориф»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи маориф» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 345; с. 2005, №12, мод. 655; с. 2006, №12, мод. 546; с. 2008, №6, мод. 465; с. 2009, №3, мод. 81; №5, мод. 336; №7-8, мод. 500; с. 2010, №7, мод. 566; с. 2011, №3, мод. 176) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 69. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013,
№ 1004
Достарыңызбен бөлісу: |