ҲИСОБОТИ
Раиси шаҳри Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев
оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2015, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2016 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2014
(24 декабри соли 2015)
Вакилони муҳтарам,
Баъди чанд рӯз ба Соли нави 2016, соли ҷашни 25–солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ворид хоҳем гашт, ки чун соли дастовардҳои хотирмон дар тавсеа ва тақвияти рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии Ватани маҳбубамон ва пойтахти он баҳри ба ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона дар ташаккулёбии ҷомеаамон саҳми беназир хоҳад гузошт.
Бо эҳтиром тибқи банди 21 моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҳисоботи худро оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2015, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2016 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2014 ба иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ва ба ин васила манзури аҳли ҷомеаамон гардонида, боварӣ дорам, ки дар баррасии он ва манзури пешниҳоду ташаббусҳои навини созандаатон дар фаъолияти гуногунҷабҳаи шаҳрдорӣ чун ҳамеша саҳмгузор хоҳед буд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», “Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2015” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо дар фазои «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ», новобаста аз мушкилотҳои бӯҳронӣ ва ҷойдошта, як қатор тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд, ки дар натиҷаи он нишондодҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ ба таври зайл иҷро гардиданд:
НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСИИ ИҶТИМОӣ ВА ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
дар асоси классификатори намудҳои фаъолияти иқтисодии байналмилалӣ (ТУНФИ) тартиб дода шудааст
Нишондиҳандаҳо
|
январ-ноябри
|
январ-ноябри соли 2015 ба ҳисоби фоиз нисбат ба январ–ноябри соли 2014
|
соли
2014
|
соли
2015
|
|
1
|
2
|
3
|
4
|
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе, млн сомонӣ
|
6250,71
|
6657,01
|
106,2
|
Маҷмӯи Маҳсулоти Минтақавии шаҳри Душанбе ба ҳар нафар аҳолӣ дар соли 2014, сомонӣ
|
12010,62
|
*
|
|
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, якҷоя бо қувваи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ, млн. Сомонӣ
|
993,2
|
1140,1
|
110,3
|
Бор кашонда шудааст (якҷоя бо нақлиёти автомобилии вазоратҳо, идораҳо ва соҳибкорони хусусӣ), ҳазор тонна
|
7600,6
|
7712,9
|
101,5
|
Гардиши бор, млн. тонна/км
|
235,4
|
258,5
|
109,8
|
Мусофир кашонида шудааст, ҳамагӣ (якҷоя бо нақлиёти соҳибкорони хусусӣ), млн. нафар
|
226,9
|
233,7
|
103,0
|
1
|
2
|
3
|
4
|
Гардиши мусофирон,
млн. мусофир/ км
|
2887,9
|
2669,6
|
92,4
|
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ маблағгузорӣ иҷро гардидааст, млн. сомонӣ
|
2389,8
|
2437,4
|
100,6
|
Ба кор андохта шудааст:
|
|
|
|
фондҳои асосӣ (бо нархҳои муқарраршуда), млн. сомонӣ
|
487,3
|
780,8
|
1,6 бар.
|
хонаҳои истиқоматӣ,
метри мураббаъ
|
90285
|
159525
|
1,8 бар.
|
Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо, мототсиклҳо, асбобҳои рӯзғор ва ашёҳои истифодаи шахсӣ млн.сомонӣ
|
2481,2
|
2778,0
|
103,9
|
Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, млн. сомонӣ
|
268,6
|
293,6
|
101,4
|
Хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ,
млн. сомонӣ
|
3963,9
|
3632,2
|
86,9
|
Шумораи аҳолии доимӣ,
дар охири давра, ҳазор нафар
|
782,03
|
795,5 3
|
101,7
|
Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда (дар охири давра), нафар
|
32984
|
33654
|
102,0
|
Шумораи кормандони дар рӯйхатбуда, нафар
|
1472314
|
1495274
|
101,6
|
Фонди музди меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, млн. сомонӣ
|
1947,34
|
2116,44
|
108,7
|
Музди меҳнати миёнаи ҳармоҳаи як корманд, сомонӣ
|
1397,254
|
1492,514
|
106,8
|
Эзоҳ: 1 - маълумотҳо дар моҳҳои январ-сентябри солҳои 2014 ва 2015.
2 - Маҷмӯи Маҳсулоти Минтақавӣ ба ҳар нафар аҳолӣ дар як сол як
маротиба мувофиқи маълумотҳои омории солона ҳисоб карда
мешавад.
3 - маълумотҳо ба ҳолати 1–уми октябри солҳои 2014 ва 2015.
4 - маълумотҳо дар моҳҳои январ-октябри солҳои 2014 ва 2015.
Нишондодҳои зикршуда собит месозанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи 110,3 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 100,6 фоиз ва савдои чакана – 103,9 фоиз таъмин гардид.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2015 аз ҷониби 440 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун бо дарназардошти субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 1140,1 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 146,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра 252 корхона ё 57,3 фоизи корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд намуда, дар умум 265,5 млн. сомонӣ фоида ба даст оварданд.
Ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурӯш баровардашуда дар ин давра 1115,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки ба 97,9 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардида баробар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи “Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2015” 12 коргоҳ ва сехҳо бо таъсиси 157 ҷойи нави корӣ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе №163-12 аз 27 марти соли 2015 “Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015” 20 коргоҳ ва сехҳо бо таъсиси 962 ҷойи нави корӣ ва бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 корхона ва сехи истеҳсолӣ бо таъсиси 1350 ҷойи нави корӣ, дар маҷмӯъ 36 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 2469 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Шумораи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр дар моҳҳои январ-октябри соли 2015-ум 18617 нафарро ташкил намуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 272 нафар зиёд мебошад.
Музди миёнаи ҳармоҳаи кормандони корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2015-ум 1078,32 сомониро ташкил
дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31,18 сомонӣ ё 3,0 фоиз афзудааст.
Қобили зикр мебошад, ки дар низоми феълии муносибатҳои истеҳсолӣ ҳарчи зудтар ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, таҷдиду барқарорсозии корхонаҳои мавҷуда, ташаккули самтҳои нави истеҳсолию саноатӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои муосир ва бунёди иншооти инфрасохтори зарурӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ мебошад.
Зеро то ҳол имконияту захираҳое мавҷуданд, ки метавонанд ба рушди саноати маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшанд. Яке аз роҳҳои самарабахши ин ташаккул ва ҳавасмандгардонии талаботи бозори дохилию рушди истеҳсоли воридотивазкунанда ва ба роҳ мондани кооператсияи корхонаҳои дӯзандагӣ бо истеҳсолкунандагони матоъҳо дар шаҳр мебошад ва дар мисоли Ҳунаристони Наврӯзгоҳ дастгириҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт.
Бобати рушди саноати ҳунарҳои мардумӣ ва чеварию кадбонугӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар заминаи ҷойҳои ҷамъиятӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ занҳои хонашину бешуғли маҳаллаҳои марбута бо шуғл таъмин карда мешаванд ва дар ин сабқат ҷонибдории ибтикороти шахсони воқеию ҳуқуқӣ идома дода мешавад.
Новобаста аз ин, муовинони Раиси шаҳр Самадов Ш.Д. ва Мақсудзода Ш. якҷоя бо раисони ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи соҳаи саноати шаҳрро мавриди таҳлил қарор дода, сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатию коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳоро муайян намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоту бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтаргардонии вазъи корхонаҳои саноатию зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот то охири семоҳаи аввали соли 2016 пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба беш аз 2,43 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,63 млн. сомонӣ ё 0,63 банди фоизӣ зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда 742,38 млн. сомонӣ ё 30,5 фоизро маблағҳои давлатӣ ташкил доданд.
Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли равон 350283,7 ҳазор сомонӣ маблағгузориҳои асосиро аз худ намуда, ба маблағи 62248,5 ҳазор сомонӣ фондҳои асосиро ба истифода супорид.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 159525 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, аз ҷумла аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ба масоҳати 53919 метри мураббаъ (33,8 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 53435 метри мураббаъ (33,5 фоиз), ҷамъиятҳои саҳомӣ 19881 метри мураббаъ (12,5 фоиз), маблағгузориҳои хориҷӣ 13883 метри мураббаъ (8,7 фоиз), маблағҳои аҳолӣ 11404 метри мураббаъ (7,1 фоиз) ва маблағҳои давлатӣ 7003 метри мураббаъ (4,4 фоиз), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 69240 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Ҷойи таъкид аст, ки ба тасвиб расидани Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 483-1 аз 28 октябри соли 2015 «Дар бораи мавқуф гузоштани баррасии масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе» ба ҳеҷ ваҷҳ маънои пешгирӣ аз рушди меъмории шаҳрро надорад ва тавре иттилоъ доред, баҳри ба ифоқа овардани ҳалли масъалаҳои меъморӣ дар иртибот ба таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо иншооти зарурии инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ дар доираи тасҳеҳи нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳалҳо роҳандозӣ карда мешавад.
Ҷиҳати таъмини волоияти қонун оид ба заминистифодабарӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бартараф намудани ҳамагуна дукону хайма ва иншоотҳои бо мақсади савдо, хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ худсарона ва ғайриқонунӣ бидуни риояи меъёрҳои истифодабарии замин, сохтмон, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ бунёдгардида идома ёфта, минбаъд ҳангоми дар ҳудуди бозорҳо, марказҳои савдо, мағоза ва дигар иншоотҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ошкор намудани ҳолатҳои фаъолияти соҳибкории ғайрирасмӣ ё риоя нагардидани талабот ва муқаррароти қонунгузорӣ нисбати роҳбарону соҳибмулкони онҳо чораҳои мушаххас татбиқ карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки масъалаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба таври ҳамешагӣ дар мадди аввали фаъолияти шаҳрдорӣ қарор дорад.
Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии мусофирбарӣ 628 адад нақлиёт, аз ҷумла: 417 адад автобус, 151 адад троллейбус, 60 адад микроавтобус мавҷуд буда, тибқи шартномаи Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиёт-хадамотрасон»-и шаҳри Душанбе аз корхонаҳои хусусӣ 2985 адад микроавтобус баҳри хизматрасонӣ ҷалб карда шудаанд ва ба воситаи 4 корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 19 ҷамъияти хусусӣ айни замон дар 92 хатҳои сайр ҳамарӯза ба миқдори миёна 212 адад автобус, 63 адад троллейбус, 55 адад микроавтобус ва зиёда аз 2100 адад воситаи нақлиёти мусофирбари сектори хусусӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд.
Дар ёздаҳ моҳи соли равон бо ҳама намуди нақлиётҳои мусофиркашонӣ, бо инобати мушоҳидаҳои фаъолияти нақлиёти мусофирбар 196096,9 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин ба 104,6 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.
Бори нахуст дар таҷрибаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ дар даҳ автобуси хатсайри №8 дастрасии ройгони шабакаи Интернет (Wi-Fi) ташкил карда шуд, ки имрӯз мусофирони шаҳр, қабл аз ҳама ҷавонону донишҷӯён аз он фаровон истифода мебаранд.
Инчунин дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №689 аз 4 декабри соли 2013 «Оиди амалисозии лоиҳаи «Дастгирии идораи боустувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» дар Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» бо истифода аз технологияҳои иттилотию коммуникатсионии муосир барои назорату танзими ҳаракати бонизоми автобусҳои хатсайри №3 ва троллейбусҳои хатсайри №1 таври намунавӣ Маркази ягонаи танзимгарӣ ташкил карда шуд, ки минбаъд ин таҷриба дар дигар хатсайрҳои хизматрасонии нақлиётӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Ҳамзамон дар 30 адад автобус ва 30 адад троллейбус GPS-трекерҳо насб карда шуданд. Илова бар ин дар хиёбони Рӯдакӣ ҳаракати воситаҳои автобусу троллейбусҳои болозикр ба роҳ монда шуда, барои назорати кори онҳо 25 адад таблоҳои маълумотдиҳӣ дар истгоҳҳои нақлиётӣ насб карда шуд.
Гузашта аз ин баҳри аз байн бурдани тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳр бо пешниҳоди шаҳрдорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 2015 дар муассисаҳои таҳсилоти олию касбии шаҳри Душанбе оғози соати дарсҳо 730 муқаррар карда шуд.
Масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш ин пеш аз ҳама сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, кам кардани анбӯҳи воситаҳои нақлиёт дар хатҳои сайр, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мебошанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони корхонаҳои ба мусофиркашонӣ машғулбуда ва сохторҳои назоратии соҳаи нақлиётро зарур аст, ки баҳри ҳалли проблемаҳои зикршудаю ҷойдошта пайвастаю пайгирона кушиш ба харҷ диҳанд.
Бо мақсади густариши рушди инфрасохтории шаҳр ва дигаргунсозиҳои куллӣ дар соҳаи манзилию коммуналӣ, дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» дар 21 иншооти роҳсозӣ, ки дарозии роҳҳо 30,23 км ва масоҳаташон 728098 м2-ро ташкил медиҳад, 175040,4 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ карда шуд.
Қобили зикр мебошад, ки дар ин давра дар 13 иншоотҳои роҳсозӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст, ки маблағи корҳои иҷрошуда 74976,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз он ҷумла:
- 3 иншоот бо фондҳои асосӣ ба маблағи 69282,4 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, аз ҷумла: «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш), марҳилаи сеюм – сохтмони роҳу пиёдароҳҳо, васли аломатҳои бехатарӣ, нишонагузорӣ ва равшании берунӣ», «Азнавсози кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Ҷомӣ» - марҳилаи дуюм «Корҳои омодагӣ ва сохтмони роҳу пиёдароҳҳо, зинапояҳо, васли аломатҳои бехатарӣ, нишонагузорӣ, сохтмон ва васли равшании берунӣ, чароғакҳои роҳнамо» ва «Таъмири асосии кӯчаи Шоҳтемур (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Шероз)», ки дорои нишондодҳои зерин мебошанд: масофаи роҳҳо 5,41км бо масоҳати 119429м2, пиёдароҳҳо 10,44км бо масоҳати 39353м2, кабудизоркунӣ дар масоҳати 10762м2, шинонидани дарахту буттаҳо ба миқдори 1140 адад, васли ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ дар масофаи 11,0км, сохтмони чароғакҳои роҳнамо дар 3 қитъа, васли аломатҳои бехатарии роҳ 170 адад, хобонидани 9,75км ноқилҳои равшании беруна бо 220 адад сутунҳои оҳанин ва 330 адад фурузонакҳо;
- дар 9 иншоот комиссияҳои давлатӣ гузаронида шудааст, аз ҷумла: «Азнавсозии кӯчаи Н.Муҳаммад (аз хиёбони Рудакӣ то кӯчаи Дустии халқҳо)», «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш), марҳилаи якум – азнавсозии хатҳои барқии баландшиддат ва алоқа, таҷзия ва васлу сохтмони хатҳои оби гарм, нушокӣ ва газ», «Азнавсозии кӯчаи Гагарин (аз даромадгоҳи бозори «Варзоб» то муҳаллаи Хуҷамбиё)», «Азнавсозии кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Карамов)», «Азнавсози кӯчаи П.Сулаймонӣ (аз хиёбони Борбад то Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50)», «Таъмири асосии кӯчаи Шероз (аз кӯчаи Теҳрон то хиёбони И.Сомонӣ)», «Таъмири асосии кӯчаҳои Павлов, Студенческая ва Б.Раҳимзодаи маҳаллаи Шафтолузори ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ва «Таъмири асосии кӯчаи М.Лермонтов (аз хиёбони С.Шерозӣ то хиёбони Ҳ.Шерозӣ)», ки дорои нишондодҳои зерин мебошанд: масофаи роҳҳо 7,9км бо масоҳати 121784м2, пиёдароҳҳо 8,49км бо масоҳати 23285м2, кабудизоркунӣ дар масоҳати 15889м2, шинонидани дарахту буттаҳо ба миқдори 1593 адад, васли ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ дар масофаи 9,55км, сохтмони чароғакҳои роҳнамо дар 4 қитъа, васли аломатҳои бехатарии роҳ 336 адад, хобонидани 6,48км ноқилҳои равшании беруна бо 186 адад сутунҳои оҳанин ва 349 адад фурузонакҳо, 7,29км қубурҳои оби нӯшокӣ, 4,36км қубурҳои оби гарм, 17,67км хатҳои баландшиддати барқӣ, 13,24км хатҳои алоқа ва 9,99км қубурҳои газ;
- дар 1 иншоот - «Таъмири асосии кӯчаи П.Нахимов (аз хиёбони Борбад то даромадгоҳи Мактаб - интернати №1 шаҳри Душанбе)» комиссияҳои корӣ гузаронида шудааст, ки масофаи роҳ 0,54км бо масоҳати 3780м2 мебошад.
Ҳамзамон тибқи нақшаи тасдиқшуда дар 8 иншоотҳои роҳсозии зерин корҳои сохтмонӣ идома дошта, ба ҳолати 1 декабри соли 2015 ба маблағи 89475,3 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, аз он ҷумла: «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши хиёбони Рӯдакӣ), марҳилаи дуюм – сохтмони роҳу пиёдароҳҳо, гузаргоҳи роҳи оҳан, васли аломатҳои бехатарӣ, нишонагузорӣ, равшании берунӣ, чароғакҳои роҳнамо ва хати нақлиёти барқӣ)», «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргохӣ якуми кӯчаи М.Турсунзода)», «Азнавсозии хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев)», «Азнавсозии хиёбони Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор)», «Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)», «Сохтмони роҳи автомобилгард, воқеъ дар шаҳраки 92 ноҳияи Сино (аз хиёбони Н.Махсум то хиёбони Б.Ғафуров)», «Азнавсозии кӯчаи Бохтар (аз буриши кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи М.Миршакар)», ва «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар майдони «Сарҳадчиён» - и кӯчаи Гагарин», ки дорои нишондодҳои зерин: масофаи роҳҳо 16,38км бо масоҳати 483105м2, пиёдароҳҳо 39,94км бо масоҳати 112439м2, кабудизоркунӣ дар масоҳати 122814м2, шинонидани дарахту буттаҳо ба миқдори 7599 адад, васли ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ дар масофаи 39,61км, сохтмони чароғакҳои роҳнамо дар 20 қитъа, васли аломатҳои бехатарии роҳ 1260 адад, хобонидани 23,6км хатҳои барқии нақлиётӣ бо 703 адад сутунҳои оҳанин, 40,33км равшании беруна бо 592 адад сутунҳои оҳанин ва 1952 адад фурузонакҳо, 6,30км қубурҳои оби нӯшокӣ, 8,35км қубурҳои оби гарм, 31,49км хатҳои баландшиддати барқӣ, 21,46км хатҳои алоқа ва 5,35км қубурҳои газ мебошанд.
Дар ин давра дар 7 иншооти ирригатсионӣ корҳои сохтмонӣ ба маблағи 10588,7 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, аз ҷумла:
- 2 иншоот бо фондҳои асосӣ ба маблағи 2568,9 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст, аз ҷумла: «Сохтмони обпарто, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ - зери кӯпруки роҳи оҳан» ва «Сохтмони 2-адад обпарто дар кӯчаи Лермонтов»;
- дар 2 иншоот комиссияҳои корӣ гузаронида шудааст, ки маблағи умумии корҳои иҷрошуда 2919,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла: «Азнавсозии селпартои Будёний» ва «Сохтмони обпартои «Кули ҷавонон» (аз гардиши кӯчаи Варзишгарон то канали Ҳисор)»;
- дар 3 иншоотҳои ирригатсионии зерин корҳои сохтмонӣ идома дошта, ба ҳолати 1 декабри соли 2015 ба маблағи 5100,7 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, аз он ҷумла: «Сохтмони ду адад кӯпрук дар болои канали Ҳазора, воқеъ дар кӯчаҳои Сурхоб ва Саҳбои ноҳияи И.Сомонӣ», «Азнавсозӣ намудани канали Ҳазора (аз кӯчаи М.Турсунзода то кӯчаи С.Айнӣ)» ва «Таъмири асосии канали Шоҳмансур».
Дар ин давра тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №216-1 аз 14 апрели соли 2015 «Оиди ҷонибдории ташаббуси эҳсонкорӣ барои таъмир, нигоҳдории кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» 3825,0 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224-3 аз 25 апрели соли 2015 «Дар бораи ҷонибдории ташаббуси эҳсонкорӣ барои таъмири роҳҳои автомобилгрди кӯчаи Анзоб ва ҳудуди Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ - истироҳатии «Ғалаба»» дар масофаи 0,55 км бо масоҳати 4953 м2 ба маблағи умумии 984,5 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд.
Дар маҷмуъ мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 225 аз 28 апрели соли 2015 «Дар бораи баргузории Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои он» аз ҷониби ташкилотҳои роҳсозӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ тариқи эҳсонкорӣ таъмир ва нигоҳдории хиёбон, кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе дар масофаи 15,39 км бо масоҳати 14366 м2 ба маблағи умумии 4073,4 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки баҳри идомаи дигаргунсозиҳои куллии инфрасохторӣ, бахусус дар самти беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳои мошингарду пиёдарав ва дохили шаҳраку маҳаллагузар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе соли оянда низ оид ба сафарбар кардани маблағҳои буҷетӣ ва эҳсонкории шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад кард.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. ва Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта тадбирҳои амалиро ҷиҳати самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва хушсифат иҷро кардани корҳои роҳсозиро аз ҷониби пудратчиён зери назорати доимӣ қарор дода, баҳри тавсеаю тақвияти фаъолияти онҳо пайваста чораҳои амалӣ андешанд.
Мусаллам аст, ки соҳибкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус истеҳсолӣ, сохтмон ва хизматрасонӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, эҳсонкорӣ ва ғайра саҳми босазо мегузорад.
Ба санаи 1 декабри соли равон 9337 андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ дар шаҳр ба қайд гирифта шудаанд, ки назар ба соли гузашта 197 адад зиёд мебошад. Афзоиши бақайдгирии андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе 2,2 фоизро ташкил намуд.
Шумораи соҳибкорони инфиродӣ 30053 нафарро ташкил намуда, назар ба соли гузашта, ба андозаи 6 фоиз ва ё 1558 нафар зиёд шудааст.
Ҳиссаи бахши хусусӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдо 99,7, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 90,5 ва дар воридоти андоз ба буҷети шаҳр 80,2 фоизро ташкил дод.
Шаҳрдорӣ минбаъд низ баҳри дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ бо садоқат ва мароми созандаи хеш баҳри зарурати истеҳсолӣ, қонеъ намудани ниёзҳои муҷаҳҳазсозии ташкилотҳои аз буҷети шаҳр маблағгузоришаванда хариди молу маҳсулотро ҷиҳати пуштибонии соҳибкории ватанӣ аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳрӣ бо вусъат давом медиҳад.
Бояд ба инобат гирифт, ки тамоми сохторҳои марбута барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои муваққатан аз фаъолият бозмонда ва дигар корхонаҳое, ки кормандонашонро ба рухсатии бемузд ҷавоб додаанд ё шумораи назарраси онҳоро ихтисор намудаанд, дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда муваззаф мебошанд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд ва Иттифоқҳои касаба низ набояд аз ин раванд канораҷӯӣ намоянд.
Баҳри мукаммал ва ҳамоҳангсозии татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, инчунин мусоидат дар ҳалли монеаҳои бюрократии баррасии ҳуҷҷатҳои ибтикоротии молистеҳсолкунандагон ва сохторҳои хизматрасон дар соли нав ҳар ду ҳафта дар сатҳи раисони ноҳияҳо ва моҳе як маротиба дар сатҳи Раиси шаҳр бо иштироки зикршудагон ва соҳибкорон ҷаласаҳои ихтисосӣ доир карда мешаванд.
Қобили зикр мебошад, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин бо баҳисобгирии воқеии оморӣ фаро гирифтани субъектҳои истеҳсолию хизматрасонӣ баҳри андозбандию фаъолияти тиҷоратии корхонаҳо, кам кардани қарзҳои дебиторӣ мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.
Идома бар он, барои муайян намудани ҳолатҳои фаъолияти ғайрирасмии соҳибкорӣ, ба иҷора супоридани нуқтаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ, хӯроки умумӣ ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳавлию хонаҳои истиқоматӣ потенсиали раисони маҳаллаҳо, шаҳрак ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил ҷиҳати бо андозбандӣ фаро гирифтани чунин намуди фаъолияти иқтисодӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 391 иҷорагир объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе дар масоҳати 35539,0 метри мурабаъ ба иҷора супорида шудааст. Маблағи моҳонаи шартномаҳои мазкур аз ҳисоби 127 квартира ва 264 адад қисми иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе беш аз 599,3 ҳазор сомониро ташкил дода, ба таъмини 418 ҷойи нави корӣ мусоидат намуд. Аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳри Душанбе зиёда аз 4,4 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар 11 моҳи соли равон аз тарафи бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе бо 1180 нафар соҳибкор шартномаи хизматрасонии коммуналӣ баимзо расонида шуд.
Бо вуҷуди ин фаъолияти Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар самти назорат ва андешидани чораҳои
мушаххас ҷиҳати пурра ба буҷет ворид намудани бақияи маблағҳо аз ҳисоби иҷораи объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе беҳбудиро талаб менамояд
Достарыңызбен бөлісу: |