Фасли I. Назарияи асосии давлат ва њУЌУЌ


§42.Сохти давлатї ва Соҳибихтиёрии Љумҳурии Тољикистон



бет4/11
Дата27.06.2016
өлшемі0.71 Mb.
#161487
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
§42.Сохти давлатї ва Соҳибихтиёрии Љумҳурии Тољикистон
Сохти давлати

Сохти давлати яке аз муҳимтарин шохаҳои сиёси ва ҳуқуқи буда,сохтори давлатро равшан месозад.

Ҳар як давлат ҳудуди муайяни худро дорад,ки нисбати волоияти ҳокимияти мақомоти олии давлат паҳн мегардад.Барои осон намудани идораи мамлакат ҳудуди он ба чузъҳои алоҳида-Вилоятҳо,шаҳ рҳо,ноҳия ҳо,шаҳракҳо ва деҳаҳо тақсим карда мешавад.Сохти давлати ташкили ҳудуди давлат,шак ли робитаҳои давлати бо воҳидҳои дар таркибаш чой дошта,ҳолати ҳуқуқии онҳо ва тақсимоти маъ мури-ҳудуди мебошад.

Сохти давлатии Љумҳурии Тољикистон унитари(ягона)мебошад.Зеро вай сохти ягона ва одди дош та аз воҳидҳои маъмурию-ҳудуди-вилоят,шаҳр ва амсоли онҳо иборат аст.

Мувофиқи муқарароти моддаи 7-уми Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон:

Ҳудуди Тољикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Тољикистон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон,вилоятҳо,шаҳрҳо,ноҳияҳо,шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Соҳибихтиёрї,истиқлолият ва тамомияти арзии Точикистонро давлат таъмин менамояд.Тарғиб ва амалиёти чудоиандози,ки ягонагии давлатро халалдор мекунад,манъ аст.

Тартиби таъсис ва тағйир воҳидҳои марзиву маъмуриро қонуни конститутсиони танзим менамояд.

Соҳибихтиёрї

Љумҳурии Тољикистон давлати соҳибихтиёр мебошад.Соҳибихтиёрии Љумҳурии Тољикистон дар мустақилона,новобаста аз ҳокимият ва иродаи давлатҳои дигар,мувофиқи майлу хоҳиш ва иродаи халқи Точикистон пеш бурдани сиёсати дохили ва хоричии давлат ифода меёбад.Соҳибихтиёрии Чумҳурии Точикистон дар қадамрави он паҳн гашта,дар волоият,ягонаги ва истиқлолияти ҳокимия ти давлати зоҳир мегардад.

Ягонагии ҳокимияти давлатиро низоми сохторҳои давлати тобеъияти ташкилии зинаҳои поёнии мақомоти ичрои ва зинаҳои болои муайян менамояд.

Истиқлолияти ҳокимияти давлати маънии мустақилияти давлатро дар муносибат бо дигар далатҳо дорад.



Мувофиқи муқарароти банди 6-и,моддаи 6-уми Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон:

Аз номи тамоми халқи Тољикистон фақат Президент,Мачлиси миллї ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Љумҳурии Тољикистон дар чаласаҳои якчояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

§43.Автономия(худидоракунї)ва намудҳои он
Автонимия-истилоҳи лотини буда,маънояш худидоракуни мебошад.Автономия-баамалбарории мустақилонаи ҳокимияти давлати ё худидоракунии васеи дохили мебошад,ки ба миллат ё халқияти алоҳидаи дар дохили давлат чойгирифта дода мешавад.

Намудҳои Автономия:

Автономия дар ду шакли маъмури чой дорад: автономияи сиёси ва автономияи маъмури.

1)Автономияи сиёси-дорои ҳуқуқҳои нисбатан васеъ,конститутсия,мақомоти олии қонунгузор, ич роия ва суди,шаҳрванди мебошад.мисоли равшани ин шакли автономия чумҳуриҳои автономии Федератсияи Русия мебошад.Дар Осиёи Маркази ин шакли автономия баЧумҳурии Автономии Қароқалпокистон хос аст,ки дар ҳайати Чумҳурии Узбекистон мебошад.

2)Автономияи маъмури-Конуститутсия ва шаҳрванди,инчунин дигар аломатҳоеро,ки автономияи сиёсиро тавсиф медиҳад,надорад.Ба сифати автономияи маъмури вилоятҳои автономии ва ҳавзаҳои автономи баромад мекунад.Мавқеи ҳуқуқии субъектони автономияи маъмури дар санадҳои махсу си ҳуқуқи мустаҳкам мешавад.Масалан дар ҳайати Чумҳурии Точикистон Вилояти Мухтори Куҳис тони Бадахшон дохил аст ва ҳолати ҳуқуқии ин вилояти автономиро қонуни алоҳида танзим меку над.

§44.Вазъи њуќуќии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қисми таркиби ва чудонопазири умҳурии Точикистон аст. Ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бе ризоияти Мачлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.

Мачлиси Вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташабусси қонунгузори дорад.Салоҳияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар соҳаи ичтимои,иқтисоди,фарҳанги ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсиони танзим мекунад.(Боби 7, моддаи 81,82 ва 83 Конститутсия).Асноди ҳуқуқи қисми таркибии Чумҳурии Точикистон Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро,автономияи маъмури ба ҳисоб меравад: Конститутсияи ЧТ(Боби 7) ва Қонуни консти тутсионии ЧТ«Дар бораи ВМКБ»аз 30-августи соли 2007 ба танзим медарорад.

Мухторияти маъмури будани Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ҳолати ҳуқуқи,доираи ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатии он таъсир расонида,дар қонунгузории чории Чумҳурии Точикистон иачассум ёфтааст.



§45.Рамзҳои давлатии Љумҳурии Тољикистон
Мувофиқи муқарароти моддаи 3 Конститутсия Љумҳурии Точикистон Рамзҳои давлатии Тољикис тон-Парчам,Нишон ва Суруди Милли аст».

Рамзҳои давлатии Љумҳурии Тољикистон-Парчами давлати,Нишони давлати ва Суруди милли-рамзҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда,симои воқеи ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамоянд.

Парчами давлатї-тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Љумҳурии Тољикистон,ки бо қарори Мачлиси Олии ЉТ аз 11-декабри соли 1999с тасдиқ шудааст,Парчами давлати матои рост кунчаест,ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуқи чойгирифта кашида шудааст:рахи боло ранги сурх дошта,паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад,рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст.

Нишони давлатї-аз тасвири точи тансиқшуда ва нимдоира аз 7 ситорае,ки бо нурҳои офтоби аз паси куҳҳои барфпуш тулуъкунанда руи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст,ки атрофашро аз тарафи рост хушаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд,иборат мебошад.

Нишон ранга буда,точ,офтоб,куҳҳо,хушаҳои гандум,китоб,курси бо зарҳал тасвир ёфтаанд,появу баргҳои ниҳоли пахта сабз,рахҳои тасмаҳо сурх,сафед ва сабз,муқоваи китоб сурх аст.



Суруди милли-рамзи давлатдории миллии мо аст.Тибқи Низомномаи Суруди миллї,ки он бо Қаро ри Мачлиси Олии ЉТ аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст,эҳтироми Суруди миллї ва аз ёд донис тани он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Пойтахти Љумҳурии Тољикистони-мувофиқи Конститутсияи ЉТ ва Қонуни ЉТ«Дар бораи статуси пойтахти ЉТ»аз 13-декабри соли 1996 шаҳри Душанбе пойтахти Љумҳурии Тољикистон мебошад ва

шаҳри дорои аҳамияти чумҳуриявї ва байналмиллалї мебошад.Оиннома ва Нишони пойтахт аз мав қеи махсус доштани он дар ҳаёти кишвар гувоҳи медиҳад.



Забони давлатї-забон муқаддастарин рукни далатдории ҳар миллати дунёст.Мувофиқи моддаи 2 Конститутсия Љумҳурии Тољикистон:

Забони давлатии Чумҳурии Точикистон забони точики аст.

Забони руси ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.Ҳамаи миллатҳо ва халқият ҳое,кидар ҳудуди чумҳури зиндаги мекунанд,ҳақ доранд озодона аз забони модариашон истифода кунанд.Қонуни ЧТ«Дар бораи забони давлати»-5 октябри соли 2009 қабул карда шудааст.

Асъори миллї сомонї- нишонаи дигари устувории истиқлолияти давлатист.

Боби 9.МАЌОМОТЊОИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
§46.Президенти Љумҳурии Тољикистон
Сабабҳо ва таърихи таъсиси мансаби Президнти дар Љумҳурии Тољикистон

Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти ичроия (Ҳукумат) аст.Аз руи таълимоте,ки дар илми ҳуқуқшиноси вучуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда,дар табақабандии сохторҳои давлати чои аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байнидавлати ва байналхалқи намояндаи олии давлат ба шу мор меравад.Дар амалияи сиёсати чаҳони 2 навъи сарвари давлат вучуд дорад-яке президент(раиси чумҳури) ва дигаре монарх(шоҳ,султон,амир ва ғайра).Мансаби президент танҳо дар шакли идора кунии чумҳурияви арзи вучуд дошта метавонад.



Асоси ҳуқуқї барои таъсиси мансаби Президенти дар ЉТ:

1.Эъломияи истиқлолияти Љумҳурии Тољикистон аз 24 августи соли 1990.

2.Қарори Шурои Олии ЉШС Тољикистон аз 9 сентябри соли 1991«Дар хусуси дохил кардани тайғи роту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Тољикистон».

3. Изҳороти Шурои Олии ЉШС Точикистон«Дар бораи истиқлолияти давлатии Љумҳурии Тољикис тон аз 9 сентябри соли 1991».

Ҳамин тавр,29 ноябри соли 1990 Қонуни ЉТ«Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти Љумҳурии Тољикистон ва тартиби интихоби ў» қабул шуд.Ва бори аввал 30 ноябри соли 1990 Қаҳҳор Маҳка мович Маҳкамов дар интихоботи Шурои Олии Љумҳурии Тољикистон ба вазифаи Президенти Љумҳурии Тољикистон интихоб гардид.

Санади дигаре,ки ба таърихи таъсиси таъсис додани мансаби Президент дахл дорад.Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Чумҳурии Точикистон» аз 10 сентябри соли 1991 мебошад.Тибқи Қонун 24 ноябри соли 1991 якумин интихоботи умуми барои Президенти Љумҳурии Тољикистон гузаронида шуд.Дар ин интихобот Раҳмон Набиев дуввумин Президенти Љумҳурии Тољикистон аз чониби халқ интихоб гардид.

Баъд аз ба итмом расидани кашмакашиҳои дохили 21-июли соли 1994 Қонуни конститутсиони «Дар бораи интихоботи Президенти Чумҳурии Точикистон» қабул шуд ва дар асоси он 6-ноябри ҳамон сол дар ҳаёти кишварамон ҳодисаи воқеан таърихи ба миён омад.Якчоя бо интихоботи Президенти Чумҳурии Точикистон лоиҳаи нави Конститутсияи Точикистон дар райпурсии умумхалқи қабул гардид.Раиси Шурои Олии Чумҳурии Точикистон Эмомали Раҳмонов ба вазифаи Президенти Чумҳурии Точикистон интихоб гардид.



Президент –сарвари давлат ва ҳокимияти ичроия (Ҳукумат)

Баробари роҳбари умумии давлат будан Президент мувофиқи муқарароти Конститутсия сарвари яке аз се шохаи ҳокомияти давлати-ҳокимияти ичроия,яъне Ҳукумат низ мебошад.Ҳукумат мақоми марказии ҳокимияти ичроия ба шумор меравад.Дар Конститутсияи Точикистон оид ба фаъолияти Президент як боби алоҳида-боби 4-ум бахшида шудааст.



Президент- ҳомии Конститутсия ва қонунҳо,ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,кафили истиқлоли яти милли,ягонаги ва тамомияти арзи,пойдориву бардавомии давлат,мураттабии фаъолияти мақомоти давлати ва ҳамкории онҳо,риояи қарордодҳои байналмилалии Точикистон мебошад.

Интихоб ва фаъолияти Президент

Президентро шаҳрвандони Точикистон ба тарзи умуми,мустақим,баробар ва овздиҳии пинҳони ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Ҳар як шаҳрванди Чумҳурии Точикистон,ки синни у аз 35 кам набошад,забони давлатиро донад ва дар қаламраваи чумҳури на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошата бошад,метавонад ба номза дии Президент пешниҳод гардад.Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад,ки ҳадди

ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди ноизадии у имзо гузошта бошанд.Як шахс ба вазифаи Президенти бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад,ки дар он аз нисф зиёди интихобкунан дагон ширкат варзида бошанд.Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад,ки ба тарафдории у бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд. Тартиби интихоби Президентро Қонуни конститутсиони «Дар бораи интихоботи Президенти Чумҳурии Точикистон» аз-21 июли соли 1994 ба танзим медарорад.

Президент пеш аз шуруъи вазифа дар чаласаи якчояи Мачлиси Милли ва Мачлиси Намояндагон

савганд ёд мекунад.

«Ман,ҳамчун Президент савганд ёд мекунам,ки Конститутсия ва қонунҳои чумҳуриро ҳимоя мена моям,таъмини ҳуқуқ,озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат мадиҳам,сарзамин,истиқлолияти сиёсиву иқтисоди ва фарҳангии Точикистонро ҳифз мекунам,ба халқ содиқона хидмат менамоям».

Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.Президент намета вонад вазифаи дигарро ичро намояд,вакили мақомоти намояндаги бошад,ба соҳикори машғул шав вад.



Президент-дар дораи ваколатҳои худ фармон ва амр медиҳад.Фармони Президент санади зерқону ни буда,бояд ба Конститутсия ва қонунҳои чумҳури мувофиқат дошата бошад.

Ҳангоми вафот,истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи у то ба вазифааш шуруъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Мачлиси милли мегузарад.Дар ҳолати зикргардида дар муҳлати 3 моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад. Президент ҳуқуқи дахлнопазири дорад.



Президент- тибқи моддаи 58-уми Конститутсия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори дорад.Ҳуқуқи ташаб буси қонунгузори доштан маънои онро дорад,ки Президент дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо иш тирок мекунад ва он лоиҳаро ба Мачлиси намояндагон пешниҳод мекунад.

Президент-шахси олии мансабдори давлати буда,барои ичрои ваколатҳояш ба таъминоти махсус ва чораҳои махсуси ҳимоя эҳтиёч дорад.Ҳамаи ин масъалаҳо,яъне масъалаҳои дахлнопазири,вақт ва музди кор,таъминот бо манзил,нақлиёт,муоличаи тибби ва санатори,нафақа,амнияти шахси ва аҳли оила дар Қонуни ЧТ«Дар бораи таъминот,хизматрасони ва муҳофизати Президенти Љумҳурии Тољикистон»-аз 4 ноябри соли 1995 пешбини шудаанд.

Рамзҳои Президент

Президенти Љумҳурии Тољикистон дорои рамзҳо мебошад,ки Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти ЉТ» -аз 30 июни соли 2006 муқарар намудааст.Тибқи моддаи 1 қонуни мазкур рамзҳои Президенти Љумҳурии Тољикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Љумҳурии Тољикистон иборат мебошад.



Салоҳиятҳои Президент

Президенти Љумҳурии Тољикистон мувофиқи моддаи 69-Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон дорои чунин салоҳиятҳо мебошад:

1. Самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии чумхуриро муайян мекунад;

2. Тољикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатхои байналмилали намояндаги мекунад;

3. Вазоратҳо ва кумитахои давлатиро таъсис ва бархам медихад;

4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад;

фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдики чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниход менамояд;

5. Раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шахр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Мачлиси дахлдори вакилони халқ пешниход менамояд;

6. Санадҳои макомоти хокимияти ичроияро хангоми мухолифати онхо ба Конститутсия ва конуно ро бекор мекунад ва ё бозмедорад;

7. Раиси Бонки милли ва муовинони уро таъин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиқи Мачлиси намояндагон пешниҳод менамояд;

8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Мачлиси милли пешниҳод менамояд;

9. Бо ризоияти Мачлиси милли Прокурори генерали ва муовинони уро таъин ва озод мекунад;

10. Дастгоҳи ичроияи Президентро таъсис медихад;

11. Шурои амниятро таъсис ва роҳбари мекунад;

12. Шурои адлияро таъсис медиҳад;

13. Судяҳои суди ҳарби, судҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иктисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шурои адлия таъин ва озод мекунад;

14. Раъйпурси, интихоботи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;

15. Ба қонунхо имзо мегузорад;

16. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниҳод менамояд;

17. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захирави мебошад;

18. Ба татбиқи сиёсати хоричи роҳбари мекунад,қарордодхои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Мачлиси намояндагон пешниҳод менамояд;

19. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатхои хоричи, намояндаҳои чумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилали таъин ва озод мекунад;

20. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хоричиро қабул менамояд;

21. Сарфармондехи Олии Қуввахои Мусаллахи Точикистон мебошад; фармондеҳони Кушунҳои Қуввахои Мусаллаҳи Точикистонро таъин ва озод мекунад;

22.Ҳангоми таҳдиди хатари воқеи ба амнияти давлат ҳолати чангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниҳод мекунад;

23. Барои ичрои ухдадориҳои байналмилалии Точикистон Қуввахои Мусаллаҳи Чумхурии Точи кистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон истифода мебарад;

24. Дар саросари чумҳури ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттахид хабар медиҳад;

25. Масъалаҳои шаҳрвандиро хал мекунад;

26. Панохгоҳи сиёси медиҳад;

27. Масаълаҳои бахшиши чазоро ҳал мекунад;

28. Бо рутбаҳои олии ҳарби, дипломати, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;

29. Шахрвандонро бо мукофотҳои давлати,чоизаҳои давлати, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Точикистон сарфароз мегардонад;

30. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амали менамояд.


Дастгоҳи ичроияи Президенти Љумҳурии Тољикистон

Мувофиқи банди 10 моддаи 69-уми Конститусия Президент Дастгоҳи ичроияи худро таъсис меди ҳад.Асоси ҳуқуқии фаъолияти Дастгоҳи ичроияи Президентро Низомномаи махсус ташкил додааст.

Дастгоҳи ичроияи Президент ба Ҳукумати ЧТ низ дахл дорад,зеро Президент дар як вақт Раиси Ҳу кумати Чумҳурии Точикистон низ мебошад.Роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президент ва муовинони уро худ Президенти ЧТ таъин ва озод менамояд.Ва онҳо дар мачлиси ҳукумати ЧТ иштирок мена моянд.

§47.Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон
Тарзи ташкил,сохтор ва таркиби Ҳукумати Чумҳурии Точикистон

Мувофиқи принсипи тачзияи ҳокимияти давлати ҳокимияти ичроия баъд аз ҳокимияти қонунгузор омадааст.Дар моддаи 9-уми Конститутсия омадааст,ки дар Чумҳурии Точикистон ҳокимияти дав лати дар асоси тачзияи он ба ҳокимияти қонунгузор,ичроия ва суди амали мегардад.

Ҳукумати Точикистон мақомоти олии ҳокимияти ичроия буда,роҳбарии бевоситаи он ба уҳдаи Президент ва ҳамзамон Раиси Ҳукумати Чумҳурии Точикистон вогузор шудааст.Мувофиқи моддаи

73-уми Конститутсия Ҳукумати Чумҳурии Точикистон аз Сарвазир,муовини якум ва муовинони у, вазирон ва раисони кумитаҳои давлати иборат мебошад.Дар сохтори Ҳукумати Чумҳурии Точикис тон Раёсати Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон нақши муҳим дорад.



Вазифаҳои Ҳукумат:

1.Роҳбари самаранок ба соҳаҳои иқтисоди,ичтомои ва фарҳанги.

2.Ичрои қонунҳо,қарорҳои якчояи Мачлиси Милли ва Мачлиси Намояндагон,қарорҳои Мачлиси Милли,қарорҳои Мачлиси Намояндагон,фармону амрҳои Проезиденти Чумҳурии Точикистон.

Дар Қонуни конститутсиони «Дар бораи Ҳукумати Чумҳурии Точикистон»-аз 12 майи соли 2001 номгуи фаъолияте,ки ба ичрои вазифаҳои аъзои Ҳукумати Чумҳурии Точикистон мувофиқ нест, муайян карда шудааст(моддаи 11).

Мувофиқи қонуни номбурда узви Ҳукумат ба ичрои чунин амалҳо ҳуқуқ надорад:

-вакили мақомоти намояндаги бошад;

-вазифаи дигарро ичро кунад;

-шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкори машғул шавад;

-ғайр аз фаъолияти омузгори,илми ва эчоди бо дигар фаъолияти музднок машғул шавад.

Салоҳияти Ҳукумат ва шаклҳои фаъолияти он

Дар Конститутсияи Чумҳурии Точикистон боби 5-ум пурра ба Ҳукумати Чумҳурии Точикистон бах шида шудааст ва моддаи 75-уми ин боб салоҳияти Ҳукуматро дар бар мегирад.

Дар ин модда гуфта мешавад,ки «Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву ичтимои,сиёсати додугирифти қарзи давлати ва кумаки иқтисоди ба дигар давлатҳо,лоиҳаи бучети давлати,масъалаи андозаи им конпазири касри бучети давлати ва манбаи чуброни онро ба Мачлиси Намояндагон пешниҳод ме намояд».Салоҳияти Ҳукумати Чумҳурии Точикистон бо салоҳияти Президент алоқаманд буда,шо хаи ичроияи ҳокимияти давлати мансуб будани онҳоро нишон медиҳад.

Ҳукумат-инчунин ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори дорад,яъне оид ба масъалаҳои салоҳияти худ лои ҳаи қонуну қарорҳои Мачлиси Олиро тайёр ва барои муҳокима пешниҳод менамояд.

Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат мачлисҳои он мебошад.Мачлиси Ҳукумат моҳе камаш як маро тиба гузаронида мешавад ва дар ҳолате салоҳиятнок ҳисоб мегардад,ки агар дар он камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумати Чумҳурии Точикистон иштирок дошта бошанд.Ҳукумати Чумҳурии Точи кистон метавонад мачлисҳои пушида низ гузаронад.



Ҳукумати -Точикистон дар асоси моддаи 74-и Конститутсия ва қонунҳои мамлакат қарор мебаро рад ва фармоиш медиҳад.

§48.Мачлиси Олї(Парламент)-и Љумҳурии Тољикистон
Дар давлатҳои пешрафтаи демократии парламент-мақоми олии қонунгузор ва намояндаги ба ҳисоб меравад.Вай соҳибихтиёрии халқро ифода карда,иродаи мардумро дар шакли қонун мешниҳод менамояд.Парламенти Чумҳурии Точикистон Мачлиси Оли ном дорад. Дар Чумҳурии Точикистон низ парламент аз ду палата-Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон иборат буда, Мувофиқи Конститутсия(боби 3)ва қонунҳои дахлдори конститутсиони ҳар яке аз онҳо доираи муайяни вазифа ва салоҳияту ваколат доранд.Конститутсияи Чумҳурии Точикистон Мачлиси Олиро ҳамчун мақоми олии намояндаги ва қонунгузор муайян кардааст.Қонуни конститутсионии Чумҳурии Точикистон «Дар бораи Мачлиси Олии ЧТ»-19 апрели соли 2000 дар моддаи 1 Мачлиси Олиро до рои ҳокимияти оли ва мақоми ягона қонунгузори тавсиф намудааст.

Муҳлати ваколати узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон 5 сол мебошад.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати чанги паро канда намешаванд.Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси Намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генерали аз чониби Мачлиси дахлдор ҳал карда мешавад.Ваколати узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон ҳангоми вафот,истеъфо, ғақри қобили амал эътироф шудани онҳо аз чониби суд,ба қувваи қонуни даромадани ҳукми айбдор кунии суд,қатъи шаҳрванди,тарки доимии кишвар,ишғоли вазифае,ки ба ваколати узви Мачлиси милли мувофиқ нест,ва инчунин парокандашавии Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон қатъ мегардад.

Яке аз чиҳатҳои муҳими фаъолияти Мачлиси Олї чаласаҳои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон аст,ки дар ин маврид чунин салоҳиятҳоро доро мебошад(моддаи 55КЧТ):

1.Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;

2.Тасдиқи фармони Президент дар бораи чори намудани Ҳолати чангї ва вазъияти фавқулодда;.

3.Ризоият ба истифодаи Қуввахои Мусалллҳи Чумҳурии Точикистон берун аз Ҳудуди он барои ичрои уҳдадориҳои байналмилалии Точикистон;

4.Таъини интихоботи Президент;

5.Қабули истеъфои Президент;

6.Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлати ва рутбаи олии ҳарби;

7.Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.



Фаъолияти қонунгузории Мачлиси Олї

Марњилањои љараёни ќабули ќонунњо:

- Ташаббуси ќонунгузорї

- Муњокима ва ќабули ќонун дар Маљлиси Намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон

- Љонибдории ќонун аз љониби Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон

- Имзо ва интишори расмии ќонун аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон

Ќонунњо пас аз интишори расмиашон амал мекунанд. Интишори расмии ќонунњо дар рўзномаи «Љумњурият», «Садои мардум» «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон» сурат мегирад. Субъектњои ташаббуси ќонунгузорї(мувофиќи моддаи 58 Конститутсияи ЉТ):

- Узви Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон;

- Вакили Маљлиси Намояндагони Љумњурии Тољикистон;

- Президенти Љумњурии Точикистон;

- Њукумати Љумњурии Точикистон;

- Маљлиси Вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон

Дигар маќомот ва шахсони алоњида метавонанд ба воситаи субъектњои дорои њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї таклифњои худро пешнињод намоянд.


Мачлиси миллї

Мачлиси миллї-палатаи болоии парламенти чумҳури мебошад.Фаъолияти Мачлиси миллї даъвати мебошад.Мачлиси милли аз 33 аъзо иборат буда,25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар мачлис ҳои якчояи вакилони ҳалқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи чумҳури бо овоздиҳии пинҳони инти хоб мегардад.Дар Мачлиси миллї Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон,вилоятҳо,шаҳри Душан бе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи чумҳури намояндагони баробар доранд,8 нафар аъзои Мачлиси мил

лиро Президенти Љумҳурии Тољикистон таъин мекунад.Ҳар Президенти собиқи ЧТ узви якумраи Мачлиси милли мебошад агар у аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.Фаъолияти Мачлисї милли дар

шакли ичлосия мегузарад.Чунонки дар боло қайд кардем,фаъолияти Мачлиси миллї даъвати буда, соле на кам аз 4 маротиба аз чониби Раиси Мачлиси миллї даъват карда мешавад.

Сохтори Мачлиси миллї:

Сохтори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон ба амалигардонидани салоҳияти палата марбут буда,аз Раиси палата,муовинони у,Шурои палата,кумитаҳо ва комиссияҳои палата ва дастгоҳ иборат аст.Ҳоло дар Мачлиси милли 5 кумита 1 комиссия амал мекунад.

1.Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсиони,ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва қонуният.

2.Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия.

3. Кумита оид ба масъалаҳои ичтимои,ҳифзи сиҳати,илм,маориф,фарҳанг ва сиёсати байни чавонону занон дар чомеа.

4. Кумита оид ба масъалаҳои аграрии,шуғли аҳоли ва экология.

5. Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Мачлиси миллї бо Мачлиси намояндагон,ҳокимияти ичроия,иттиҳодияҳои чамъияти,воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламенти.

Комиссия оид ба назорати дастур ва одоби аъзоёни Мачлиси милли.



Салоҳиятҳои Мачлиси миллї(млддаи 56 КЧТ):

1. Таъсис ва бархам додани воҳидҳои марзиву маъмури ва тағйири онхо;

2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионї, Суди Олї ва Суди Олии иқтисоди бо пешниходи Президент;

3.Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионї, Суди Олї ва Суди Олии иқтисодї;

4. Рнзоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералї ва муовинони у;

5. Амали намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунхо муайян кардаанд.


Мачлиси намояндагон

Мачлиси намояндагон-палатаи доимоамалкунанда ва касбии парламенти мамлакат аст.Фаъолияти он ба монанди Мачлиси милли дар шакли ичлосия сурат мегирад.Мачлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст,ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботи умуми,баробар,мустақим ва овоздиҳии пинҳони интихоб карда мешавад.

Сохтори Мачлиси намояндагон:

Дар асоси моддаи 53 Конститутсия сохтори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон аз Раиси палата,муовинони Раис,мақомоти ҳамоҳангсозу кории палата-Шурои Мачлиси намояндагон,дастгоҳи Мачлиси намояндагон ва кумитаву комиссияҳои марбута иборат аст.Ҳоло дар сохтори Мачлиси намояндагон 9-кумита ва 2 комиссия амал мекунад.

1.Кумита оид ба илм,маориф ва сиёсати байни чавонон.

2.Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқи,мудофиа ва амният.

3.Кумита оид ба энергетика,саноат,сохтмон ва коммуникатсия.

4 Кумита оид ба корҳои байналмилали,иттҳодияҳои чамъияти ва иттилоот.

5.Кумита оид ба иқтисод,бучет,молия ва андоз.

6.Кумита оид ба сохтори давлати ва худидораи маҳалли.

7.Кумита оид ба масъалаҳои аграри ва шуғли аҳоли.

8.Кумита оид ба қонунияти конститусиони,қонунгузори ва ҳуқуқи инсон.

9.Кумита оид ба масъалаҳои ичтимои,оила,ҳифзи сиҳати ва экология.

1.Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор.

2.Комиссия оид ба одоби вакилони Мачлиси намояндагон

Салоҳияти Мачлиси намояндагон(моддаи 57 КЧТ):

1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумҳурии Точикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;

2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалахои мухими давлатию чамъияти;

3.Тасдиқи барномаҳои иқтисоди ва ичтимои;

4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлати;

5.Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилали;

6.Таъини раъйпурси;

7.Таъсиси судҳо;

8.Тасдиқи рамзҳои давлатй;

9.Тасдиқи мукофотҳои давлати;

10.Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони у;

11.Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;

12.Муайян намудани маоши Президент;

13.Амали намудани ваколатҳои дигаре, ки Констнтутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.



Дар доираи салоҳиятҳои худ Мачлиси намояндагон санадҳои меъёрии ҳуқуқи қабул мекунад,ки онҳоба 3 гуруҳ тақсим мешаванд:

1)Қонунҳои конститутсионии ЧТ.

2)Қонунҳои ЧТ.

3)Қарорҳои Мачлиси намояндагони ЧТ.





Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет