Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерй ва молия



бет1/4
Дата12.07.2016
өлшемі341 Kb.
#195707
  1   2   3   4
Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерй ва молия

Дастури таълим. «Сесад саволу ҷавоб оиди муоми-лоти пул, қарз ва бонқдорй». Дар ҷаласаи кафедра 28 ок-тябри соли 2009 муҳокима ва тасдиқ шудааст, сабти № 2.

Тақриздиҳандаҳо: номзади илми иқтисод, дотсент

Қурбонов 3. Қ.

номзади илми иқтисод Орифов Р.

Муҳаррири илмй: н. и. и., дотсент Аминов И. А.


Муҳаррири масъул: Бобоҷониён А. А.

Муҳаррири техникй: Ғафоров К. Д.



Дар низоми бонкдории кишвар, дар тапшили идо-раи иқтисодиёти давлатдорй мутахассисони самтҳои гуно-гун, аз қабили иқтисодчиён, муҳандисон, молиячиён, мутахассисон оиди қарздиҳи, маблапузорй, муҳосибон, хазинадорон фаъолият менамоянд ва дар соҳаи худ бояд дониши мукаммали назариявй дошта бошанд.

Аз инрӯ, дар дастури таълими ба Шумо пешниҳод-гардида саволу чавобҳо оиди фанни «Пул, қарз, бонк-дорй» шарҳ дода шудаанд.

© Б. Ҳотамова



Муқаддима

Дар ин дастури таълим, ки ба Шумо пепшиҳод гар-дидааст, саволҳо ва ҷавобҳо оиди масъалаҳои муомилоти пул, қарз, бонкдорй шарҳ дода шудаанд.

То имрӯз бо забони модарӣ ба таври кофй дастрас нагардидани мавод дар бораи фаъолияти бонк ва қарз моро водор сохт ба қадри имкон (то қобшшят доштем) саволу ҷавобҳоро оиди муомилоти ггул, қарз, бонк пеш-капш донишҷӯёну мутахассисони соҳаи бонкдорй намоем.

Дар ин васоити таълим, ки таҳия гардидааст, саво-лу ҷавобҳо оиди мафҳуми калимаҳо, ибораҳои муомилоти пул, низоми бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот оид ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, назорати он аз болои бонкҳои тобеъ, маълумот оид ба фаъолияти бон-кҳои тиҷорат, муассисаҳои қарздиҳанда, меъёрҳои ҳуқуқ-ие, ки фаъолияти бонкро муайян мекунанд, оварда шуда-анд.

• Васоити таълими, мазкур иборат аз 300 саволу ҷа-воб оид ба ихтисоси 0604 - молия ва қарз чун фанни алоҳида пешниҳод мешавад, ки барои донишҷӯён дастури муфидест.

3

Қисми 1. Муомилоти пул.

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сар-
чапшаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чи хел
тафсир мешавад?

- Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дорои


қувваи олии ҳуқуқи мебошад. Конститутсия истилоҳи
лотинӣ буда, маънои он муқарраркунй ё тасдиқкуниро
ифода менамояд. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мар-
дум, шартҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъ-
ият ва давлат муқаррар мегардад. Конститутсияи Ҷум-
ҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи
раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст.

2. Пулчист?

- Пул ин воситаи пардохт буда, ба сифати эквивален-


ти умумии мол баромад мекунад, бо ёрии он арзиши
ҳамаи дигар молҳо ифода карда мешаванд.

3. Пул вазифаҳои зеринро иҷро меқунад:

а) андозаи арзиш;

б) воситаи муомилот;

в) воситаи пардохт;

г) воситаи андӯхт;

д) пулҳои ҷаҳонӣ;



4. Сиёсати пули Ҷумҳурии Тоҷикистонро кй муайян
менамояд?

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.



5. Пули милли сомонй кай ба муомилот баромад?

- Пули миллии сомонй 30- юми октябри соли 2000-ум


ба муомилот баромад.

6. Воҳиди расмии пули Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Ин сомонй мебошад. Як сомонӣ аз 100 (сад) дирам


иборат аст.

4

7. Системаи пул чист?

- Ин тартиби ташкили муомилоти пул дар мамлакат


аст, ки бо қонунгузорй такмил меёбад.

8. Сиёсати пулию - қарзй чист?

- Ин назорати ҳукумат оиди муомилоти пул ва қоби-


лиятаокии соҳаи бонк бо воситаи амалиёт дар бозори
пул, ба ҳаракат даровардани меьёри ҳисоби талаботи
захира ба бонкҳо коғазҳои қиматноки давлат, идора-
кунии захираҳои асъор ва қурби асъори милли мебо-
шад.

9. Вазифаҳои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон?

- Барои амали намудани ҳадафҳои зикршуда иҷрои ва-


зифаҳои зерин пешбинй мешавад:

  • татбиқи нишондиҳандаҳои барномаи молиявй дар доираи ҳуҷҷати стратегаяи паст кардани са-тҳи камбизоатй;

  • афзоиши ҳаҷми пешниҳоди пул то меъёри 18% дар тӯли сол;

  • такмили механизми амалиёт дар бозори озод, аз ҷумла дар бозори байнибонкии асъор ва бозори бййнибонкии қарзй;

  • васеъ намудани доираи хизматрасонии бонкҳо, аз ҷумла қарздиҳии ипотекӣ, қарздиҳй дар минтақаҳои деҳот, алалхусус, манотиқи кӯҳистон, беҳтар кардани сифати фаъолияти онҳо ва мустаҳкам намудани вазъи молиявии низоми бонк;

  • мустаҳкам намудани базаи амонатии бонк ва идомаи корҳо оид ба зиёд намудани боварии аҳолй ва субъектҳои хоҷагидорй ба низоми бонк;

  • афзоиши сармояи оинномавии бонкҳо аз ҳисо-би ҷалби сармоягузории дохилй ва хориҷй;

5

  • фароҳам овардани шароит барои гузаронидани амалиёт дар бозори байналмилалии тилло (ЬВМА)

  • пайваста тоза намудани муомилоти пул аз пулҳ-ои фарсуда ва вусъати гардиши тангаҳои фи-лизй;

  • ҷалби сармояи мустақими хориҷй ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва дар ин асос таъмин наму-дани рушди устувори иқтисоди;

10. Чек чист?

- Фармони хаттии соҳиби ҳисоби бонки ба бонк


дар хусуси аз ҳисоби ӯ пардохт кардани маблағи дар
чек нишовдодашуда ба шахси муайян - пешниҳодку-
нандаи чек ё ба ҳисоби бонки дигар мебошад. Намуд-
ҳои чек: номнавис, дастурй, беном, ҳисобй ва пулй.

И.Унтсиячист?

- Воҳиди ченаки тиллоиест, ки ба 31,1035 гр тилло


баробар буда, дар бозори чахонии савдои тилло муай-
ян шудааст.

12. СПОТ чист?

- Хариди як асъор бо асъори дигар бо шартхои ҷо-


рии бозор.

13. Тавозуни пардохт чист? (платёжный баланс)

- Ҷамъи маълумоти омории ба тартиб даровардашу-


даест, ки ҳамаи амалиёти иқтисодии давраи муайяни
байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо иҷрошударо
дарбар мегирад.

14. Нуллификатсия чист?

- Аз эътибор соқит донистани воҳидҳои алоҳидаи


пул ва ворид кардани воҳидҳои нав.

15. Омилҳои умумии иқтисодй кадомҳоянд?

6

- Қурби пул, сатҳи таваррум ва суръати болоравии


он, мизони фоиз, имтиёзҳо нисбат ба молистеҳсолку-
нандагони хориҷй, тағйирёбии нархи мол вобаста ба
мавсим, сиёсати ҳукумат нисбати молистеҳсолкунанда-
гони дохилӣ.

16. Амалиёти мустақими РЕПО.

- Амалиёти молиявие, ки аз ду қисм иборат аст:


дар қисми аввал (қушодашавии амалиёти РЕПО) Бон-
ки миллии Точикистон (фурӯшанда) қогазҳои қимат-
нокро ба контрагент (харидор) бо ӯҳдадор шудани иш-
тироқцорон дар қисми дуюм (басташавии амалиёти
РЕПО) мефурӯшанд. Бонки миллии Точикистон қо-
ғазҳои қиматноки мазкур ё қогазҳои дигари қиматноки
барои иваз коршоямро мехарад ва харидор онҳоро
бозпас ба ивази маблагҳои пулӣ дар мӯҳлате, ки тараф
ҳо қайду шарт кардаанд, ба БМТ бармегардонад.

РЕПО воридоти маблағҳои пул ё қоғазҳои қимат-нок бо шарти бозхариди он мебошад.



17. Мафҳуми «Устувории пул» чиро мефаҳмонад?

- Мафҳуми «устувории пул» баланд шудани имко-


нияти харидории пулро мефаҳмонад.

18. Қонуни муомилоти пулй чист?

- Ин миқдори пули барои муомилот зарур буда.



19. Пойгоҳи пулӣ чщю мефаҳмонад?

- Маҷмӯи унсурҳои пул, ки аз маблағҳои пул дар


бонкҳо, дар дасти мардум, ҳамчунин, ба сифати амо-
нат дар бонки марказй иборат мебошад.

20. Нишондиҳандаҳои пулию қарзй ва молиявй?

- Тамоюли рушди мӯьтадили талабот ба пули


миллӣ, сатҳи устувори шшюндиҳандаҳои макроиқти-
содй, пойдории касри тавозуни савдо, аз ҷумла сатҳи

7

таваррум то 7%, сатҳи касри тавозуни пардохт то 2,2% ба ММД боқя мемонад.

Дар ин ҳолат сарчашмаи асосии пешниҳоди пул аз ҳисоби афзоиши дороии софи хориҷй ба андозаи 20,9% пешбинй мегардад. Афзоиши дороии софи до-хилй аз ҳисоби тағийрёбии амонатҳои мақомоти дав-латя то 5,6% дар назар дошта мешавад.

Нишондиҳандаҳои мазкур вобаста ба тағйир ёфтани вазъи макроиқтисоди ва бо мақсади таъмин намудани сатҳи таварруми пешбинишаванда метавонанд, тасҳеҳ гарданд.



21. Назорати пул чист?

- Ин назорат аз рӯи миқдори маҷмӯи пулҳои дар


муомилот буда.

22. Беқурбшавии пул чист?

- Ин пастравии қурби арзи миллӣ нисбати арзҳои


хориҷй.

23. Ислоҳота пули Ҷумҳурии Тоҷикистон кай доир
шудааст?

- Мувофиқи қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То-


ҷикистон таҳти рақами № 53 аз 10 майи соли 1995
пули миллӣ ба муомилот бароварда рубли тоҷикӣ дар
қаламрави ҷумҳурй воситаи ягонаи пардохт эълом гар-
дид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2000-ум пули нави миллй бо арзиши 1; 5; 10; 20; 50 ва 100 сомонй ва бо 1; 5; 10; 20; 25; 50 дирам ба муомилот бароварда шуд.



24. Интиқоли маблағҳои пул ва таъсири он ба иқтисо-
диет?

- Сол аз сол зиёд шудани интиқоли маблағҳо бевоси-та ба иқтисодиёт таъсир дорад, қобилияти харидории шаҳрвандонро зиёд ва баланд мегардонад.



8

25. Барориш чист?

- Барориш ворвдсозии нишонаҳои пули ба муоми-


лот бароварда дар ҳамаи шаклҳояш мебошад.

26. Ҳуқуқи барориши пулҳои когази ва фулузиро кй
дорад?

- Ҳуқуқи барориши пулҳои қоғазй ва фулузиро


Бонки миллии Тоҷикистон дорад.

27. Қурби асъор чист?

- Ин арзиши воҳиди дар пули миллй, асъори хориҷй


ифодашуда мебошад.

28. Бозори асъор чист?

- Ин бозоре, ки дар он ҷо асъори мшшй ва хориҷи


фурӯхта мешавад.

29. Дар шароити бозори иқтисоди қурби асъори
миллиро кй муайян мекунад?

- Қурби асъори миллиро бозор дар асоси талабот ва


пешниҳодот муайян менамояд.

30. Бозори дохилии асъорро чиҳо дарбар мегиранд?

- Бонкҳои ваколатдор, бирҷаи асъор, нуқтаи мубо-


дилаи арз.

31. Мавқеи дарози қушодаи асъор?

- Ин мавқеи кушодаи асъор бо асъори алоҳидаи хо-


риҷй дар он вақт дароз ҳисобвда мешавад, ки активҳо
аз пассивҳо зиёд бошанд. Инчунин, вақти аломатҳои
гайритавозунии пассивҳои бо ин асъори хориҷй аф-
зуншаванда зиёд бошад.

32. Мавқеи кӯгоҳи қушодаи асъор?

- Мавқеи кӯтоҳи кушодаи асъор ҳамон вақт ҳисоби-


да мешавад, ки пассивҳо аз активҳо зиёд бошанд. Ин-
чунин, вақти амалиёти ғаиритавозунии пассивҳои зи-

9

ёдкунанда аз амалиёти гайритавозунии активҳои дар ҳамин асъори хориҷй зиёдкунанда афзун бошад.



33. Мавқеи пӯшидаи асъор?

- Активҳо ва пассивҳо бо асъори хориҷй баробар


бошанд, инчунин вақти амалиёти ғайритаюзунии ак-
тивҳо бо амалиёти ғайритавозунии пассивҳо зиёдку-
нанда бошад.

34. Нуқтаи мубодилаи асъор чи гуна амалиётро ан-ҷом медиҳад?

- Ҳамаи амалиёти арзи мубодилавй, аз он ҷумла аз
рӯи корти пластики додани маблаги накди арзи хо-
риҷй.

35. Бозори дохилии асъор чиҳоро дарбар мегирад?

- Бонкҳои ваколатдор, бирҷаи асъор, нуқтаи мубо-


дилаи арз.

36. Мақомоти назорати асъор кадомҳоянд?

- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазора-


ти даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон.

37. Когази қиматнок чист?

- Ин як шакли сармояест, ки метавонад, ба ивази


пул ё мол фурӯхта шавад, дар шакли мол ҳаракат на-
мояд ва ба соҳибаш даромад орад.

38. Мақсади асосии баровардани когазҳои қиматнок?

- Ҷалб намудани маблагҳои пул.



39. Ба когазҳои қиматнок чиҳо дохил мешаванд?

а) саҳмия;

б) вомбарг;

в) вексел;

г) чек;

40. Саҳмия чист?

10

- Саҳмия ин қоғази қиматнокест, ки соҳиби як


қисми сармояи ҷамъияти саҳҳомиро тасдиқ мекунад.

41. Саҳмияҳои пешниҳодшаванда чанд хел мешаванд?

а) саҳмияи беном, оне, ки соҳибаш ошкор нест,


соҳиби чунин саҳмияҳо дар ҳеҷ ҷой ба қайд гирифта
намешавад. Харидор чун қоида намедонад, ки соҳиби
ин саҳмия кист?

б) Саҳмияи номй саҳмияе мебошад, ки дар он


исми соҳибаш ба қайд гирифта шудааст. Ба дигар кас
додани саҳмия фақат бо қарори раёсати ҷамъияти
саҳомӣ иҷозат дода мешавад.

в) Саҳмияи муқарраря ин саҳмияест, ки ба соҳи-


баш ҳуқуқи овоз доданро дар маҷлисҳои ҷамъиятҳои
саҳҳоми таъмин буда, ба вай дивиденд ё суд меорад,
ки он вобаста ба фоидаи корхона тагйир меёбад.

42. Вомбарг чист?

- Қогази қиматноке мебошад, ки давлат, фирмаҳои


хусусй ва ҷамъиятҳои саҳомй мебароранд. Он ҳамчун
ӯҳцадории қарзй ба мӯҳлати муайян дода мешавад. Пас
аз гузаштани муҳлати нишондодашуда касе ки вомбарг
бароварда буд, онро мехарад. Дар ин маврид фоизи
пешакй муайяншуда пардохта мешавад.

43. Вомбаргҳои давлатии барориши соли 2002 барои чанд вақт бароварда шудаанд?

- 10 сол.

44. Даромад аз вомбаргҳои барориши соли 2002 дар
кадом шакл пардохт шудааст?

- Дар шакли бурд пардохт шудааст.



45. Векселчист?

-Коғази қиматнок ё шаҳодатномаест, ки дорои гу-воҳ ё дастури хаттии векселдиҳанда буда, дар хусуси ба соҳиби он дар мӯҳлати муқарраршуда додани

11

миқцори муайяни пул ё аз рӯи ӯҳдадорй пардохти онро шаҳодат медиҳад.



46. Навъҳои вексел кадомҳоанд?

- Вексели бонк, вексели давлат, вексели тиҷорат,


вексели оддй, вексели интиқоли, вексели дорои камбу-
дии расмй, вексел ба мӯҳлати пешниҳод, вексел бо
мӯҳлати пардохт аз давраи супурда шудан, вексел бо
мӯҳлати муайяни пардохт аз давраи таҳия шудан ва
вексели мӯҳлати пардохташ дар рӯзи муайян.

47. Чек чист?

- Когази қиматнокест, ки ҳамчун ҳуҷҷати пардох-
тию ҳисобу китоб (платежно-расчётный) хизмат меку-
над.

48. Кадом навъҳои чекро медонед?

а) чеки номнавис (именной);

б) чеки беном (на предьявителья);

в) чеки дастурй (ордерный);

г) чеки ҳисобу китоб (расчётяый);

д) чеки пулй (денежный)



49.Ҳангоми бастани шартномаи меҳнат кадом ҳучда-тҳо пешниҳод карда мешаванд?

  • дафтарчаи меҳнат;

  • шиноснома;

  • ҳуҷҷат дар бораи маълумот;

  • ӯҳцадории ҳарбй.

50. а) дафтарчаи меҳнатро кя медиҳад?

- Корфармо вазифадор аст, ки ба корманд баъди 5


рӯзи кораш дафтарчаи меҳнат кушояд.

50.6) давомнокии рухсатиҳои асосии ҳарсола?

- Рухсатии асосии ҳарсола ба кормандон бо давом-


нокии на камтар аз 28 рӯзи тақвимй ва изофа аз он
барои рӯзи тақвими дода мешавад.

12

51. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор чй гунна сурат ме-


гирад?

- Санҷиш бо созишномаи тарафайн ба мӯҳлати то


3 моҳ муайян карда мешавад.

52. Кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан дар кадом
ҳолат дода мешавад?

- ташаббуси корфармо аз кор озод намудани кор-


манд дар асоси банди 2 моддаи 46 ва банди 2 моддаи
53-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон якмоҳа
кумакпулй дода мешавад.

53. Қатъ шудани шартномаи меҳнат бо ташаббуси
корманд чй тавр сурат мегирад?

- Корманд корфарморо бо таври хаттй дар муддати


2 ҳафта пеш аз кор рафтанаш бояд огоҳ намояд.

54. Огоҳи дар бораи бекор намудани шартномаи
меҳнат?

- Ҳангоми бекор намудани шартномаи меҳнатй би-


нобар барҳам хӯрдани корхона ё ихтисори кормандон,
онҳо ду моҳ пеш огоҳонида мешаванд.

55. Муҷозоти интизомй чист?

- Корфармо ҳақ дорад барои вайрон намудани интизо-ми меҳнат ба корманд муҷозоти интизоми сарзаниш ё танбеҳ эълон намояд.



56. Мӯҳлати амали муҷозоти интизомӣ.

- Мӯҳлати амали муҷозоти интизомй на зиёда аз 1


сол мебошад, аммо дар сурати беҳтар намудани фаъо-
лияти кор ва интизоми дохилӣ баъд аз 6 моҳ маъмури-
ят метавонд музоҷоти интизомии кормандро бекор
намояд.

57. Корфармо дар кадом ҳолат кормандро аз кор дур
карданаш мумкин?


13

- Корфармо ҳақ дорад, кормандеро, ки дар ҳолати


мастй аз шароб, моддаҳои нашьовар бо коргоҳ омада-
аст ва ё интизоми ба кор ҳозир шуданро вайрон кар-
дааст, аз кор дур ё маҳрум намояд.

58. Дар кадом вақт ва бо иҷозати кадом мақомот на-
фақапули б моҳ пешакй дода мешавад?

- Дар вақти кӯчида рафтани нафақагир берун аз


марзи ҶумҳурЯ, бо иҷозатномаи шӯьбаи ҳифзи иҷти-
моии аҳоли, нафақапулй 6 моҳ пешакй дода мешавад.

59. Муассисаи «Амонатбонк» дар кадом вақт пардохти
нафақаи нафақаҳӯрро қатъ менамояд?

а) дар ҳолати ба охир расидани мӯҳлати пардохти


нафақа, ки дар хабарномаҳо омадааст;

б) дар ҳолати фавти нафақагир ва мавҷуд набудани


маблағи нафақапулй;

в) дар ҳолати ба муассисаҳои «Амонатбонк» ворид


нашудани рӯйхатҳои ном ва насаби нафақахӯрон.

60. Дастурамал «Дар бораи пардохти нафақа, кӯмак-
пупй ва дигар пардохтҳои ба он баробар ба шаҳрван-
дони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи кадом мақомот
таҳия ва тасдиқ гардидааст?

- Декабри соли 1999 аз тарафи Вазорати меҳнат ва


ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бонки давлатии амонатгузории
Ҷ Т «Амонатбонк»

61. Кадом муассисаҳои «Амонатбонк» аз Бонки мил-
лии Тоҷикистон кӯмакпулй, ба хазинаи гардиш гириф-
та метавонанд?

- Раёсата бонк, бахшҳо ва шуьбаҳое, ки бевосита


дар пгӯьбаи БМТ суратҳисоб доранд, вобаста аз мабла-
ғи дар суратҳисоби мукотибавй доштаашон.

62. Амонати «депозит» чист?



14

- Воситаҳои пулии аз тарафи шахсони воқей ва


ҳуқуқй дар бонкҳо гузошташуда мебошад, ки аз ҳисоб
бо аввалин талаби амонатгузор ё гузаштани мӯҳлат бе
фоиз ё бо фоиз гирифта пгуда, ба воситаи чек ё супо-
рипшома аз ҷониби сеюм пардохт шуда метавонанд.

63. Амонати мӯҳлатнок кай қабул карда мешавад?

- Дар мӯҳлати дар шартнома муқаррар шуда.



64. Амонатҳо чанд хел мешаванд?

а) амонатҳои дархостй;

б) амонатҳои мӯҳлатнок;

в) амонатҳои пешниҳодкунанда.



65. Сертификати амонатй чист?

- Ин ӯҳдадории бонк оиди баргардонидани амонати


қабулшуда мебошад.

66. Мутобиқи сиёсати Бонки миллии Тоҷикистон
пулҳои воридшаванда ба Ҷумҳурй меъёр доранд?

- Пулҳои воридшаванда бе доири меъёр метавонанд


ба Ҷумхурии Тоҷикистон ворид шаванд.

67. Маблагҳои аз Ҷумхурии Тоҷикистон содиршаван-
да ҳадди ақали худро доранд?

- Доранд, ки баробари 10000$, ё ба баробари вазъи


он аз асъори миллӣ ба як шахс, дар як рӯзи амалиёт
мебошад.

68. Барои содироти маблағ чй хел ҳуҷҷатҳои лозимиро
бояд пешноҳод кард?

- Воситаҳои пули воридшаванда то меъёри 3000$


бе ягон ҳуҷҷати лозимй дода мешаванд. Барои маблаги
аз 3000 то 10000$ бо хохиши мизоҷ ҳуҷҷати «Маълу-
мотномаи Ф № 377» пур карда мешавад. Мизоҷоне, ки
маблағашон аз 10000$ зиёд бошад, ҳатман бояд
«Маълумотномаи Ф №377»-ро ггур намоянд.

15

69. Нақши бонк дар бозори молиявй чӣ гунна аст?

- Миёнаравӣ дар ҳаракати захираҳои пул аз амо-
натгузоронии пул ва истифодабарандагони онҳо.

70. Тавозуни савдои хориҷи чист?

- Таносуби арзиши амволи ба кишвар воридшаван-


да ва аз кишвар содиршаванда дар давраи муайяни
вақт (моҳ, семоҳа, сол)

71. Билетҳои бонқро бонки марказй бо чӣ хел роҳҳо
ба муомилот мебарорад?

- Бо роҳи додани қарз ба муассисаҳои бонк, додани


қарз ба ҳукумат ҷиҳати пӯшонидани касри буҷети дав-
лат, харидани коғазҳои қиматноки давлат, харидан ва
иваз намудани асъори хориҷй, додани музди маош ва
ғайра.

72. Мафҳуми захираи (фонд) эмиссионй чист?

- Захираи эмиссионии пулҳои коғазии Бонки мил-


лии Тоҷикистон (БМТ) дар муассисаҳои бонк дар
асоси шартномаи басташуда барои нигоҳ доштан бо
иҷозати БМТ ташкил карда мешавад.

73. Иҷозатномаи эмиссионй чист?

- Ин ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқи кӯмак расонидан ба ха-


зинадорро медиҳад ва аз ҳисоби захираҳои эмиссио-
нии БМТ ташкил карда мешавад.

74. Идоракунии захираи эмиссионй чист?

- Захираи эмиссионй пулҳои коғази таҳти назора-


ти Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки истифодаи
онро раиси БМТ ва муовини вай идора менамоянд.

75. Кадом амалиёт эмиссионй номида мешавад?

- Амалиёт оиди барориш ва гирифтани пул ва ко-


ғазҳои қиматнок.

76. Системаи эмиссионй чист?

16

- Ин тартиби қонунан муайянкардаи барориши пул


ва муомилоти пул аст.

77. Таваррум чист ва шаклҳои пайдоиши он?

- Таваррум ин афзоиши доимии сатҳи умумии


нархҳо, раванди беқурбшавии пул аст, ки дар сатҳи
умумии афзоиши нархҳо ва паст гардидани қобилияти
харидории пул ифода мегардад. Ин ибора, ҳамчунин,
дар ҳолате истифода мешавад, ки сухан дар бораи аз
ҳад зиёд баланд шудани сатҳи нархҳо равад. Шаклҳои
пайдоиши таваррум аз инҳо иборатанл:

  • тагйирёбии номунтазами нархи молҳо ва хизматра-сонй;

  • паст шудани қурби пули миллй нисбати асъори хо-ричй;

  • тағйироти нархи тилло.

78. Дефлятсия чист?

-Бо сабабҳои гуногун нархи молу хизматрасониҳо паст меравад, ки ин амалро дар иқтиеодиёти илмӣ бо номи дефлятсия ном мебаранд.



79. Деноминатсия чист?

- Боло бурдани арзиши рӯйнавишти воҳидҳои пули


миллй ва ивази онҳо бо воҳидҳои нав (соли 1995 ҳан-
гоми воридоти рубли тоҷикй ба ҷои рубли русй тано-
суби 1:1200 истифода шуд).

80. Девалватсия чист?

- Ин паст шудани қурби арзи миллй нисбати арзи
хориҷӣ.

81. Ревалватсия чист?

- Баланд шудани қурби арзи миллй нисбати арзи


хориҷи.

82. Трансферт чист?

17

- Интиқоли пул аз як муассисаи молиявй ба дигар,


ё аз як мамлакат ба дигар мамлакат аст.

83. Свифт чист?

- Системаи ҳисоббаробаркунии байналхалқй.



84. Авизо чист?

- Огоҳинома дар бобати фиристодани пул, мол ва


ғайра.

85. А. Системаи биметализм чиро мефаҳмонад?

- Системаи пулие мебошад, ки нақши муодили


умумии молҳоро ду филиз (нуқра ва тилло) дар якҷо-
ягй иҷро менамоянд.

85. Б. Системаи монометализм чиро мефаҳмонад?

- Системаи пулиест, ки дар он як филиз нақши экви-валенти умумии молҳоро иҷро мекунад.



86. Дивиденд (суд) чист?

- Даромад аз саҳмия мебошад.



87. Лизинг чист?

- Ба иҷора додани воситаҳои асосй.



88. Мақсади бозори молия чист?

- Таъмини шароит барои хариду фурӯши пул ва


гардиши озоди он.

89. Даромади буҷети давлат аз ҳисоби кадом маблағҳо
ташкил карда мешавад?

- Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ғайриандозй


ташкил карда мешавад.

90. Асос, поя чист?

- Изофа ба нархгузории бирҷавй тахфифи он, моли


хариду фурӯш мебошад. Вай аз навъ ва сифати мол,

18

шартҳои таҳвил, пардохт ва омилҳои дигар вобаста аст.



91. Конверсия чист?

- Иваз, бадал (иваз намудани як арз дар асоси қур-


би нишондодаи арзи Ҷумҳурй)


Достарыңызбен бөлісу:
  1   2   3   4




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет