ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №7, мод. 346; соли 2008, №10, мод.811)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2006, № 343 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 6, моддаи 301) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2006, № 227 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 7, моддаи 361) ҷонибдорӣ гардидааст.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонун
Қонуни мазкур асосҳои ташкиливу ҳуқуқии маҳдудкунӣ ва қатъ кардани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдононаро муайян намуда, барои барпо намудан ва самарабахш амал кардани бозорҳои мол шароит муҳайё менамояд.
Моддаи 2. Доираи татбиқи Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳоеро фаро мегирад, ки ба рақобат дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд. Дар ин муносибатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок мекунанд. Қонун инчунин дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки амалиёт ва созишномаҳои аз тарафи шахсони мазкур ва мақомоти номбаршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан содир ё басташуда боиси маҳдудияти рақобат мешаванд ва ё шуда метавонанд, ё худ дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дигар оқибатҳои манфӣ мешаванд.
Қонуни мазкур ба муносибатҳои вобаста ба объектҳое, ки ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ алоқаманд мебошанд, паҳн намегардад, ғайр аз ҳолатҳое, ки созишномаҳои ба истифодабарии онҳо ба маҳдудкунии рақобат нигаронида шуда бошанд.
Муносибатҳои вобаста ба фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдононаи бозорҳои хизматрасонии молиявӣ, ғайр аз ҳолатҳое, ки муносибатҳои дар ин бозорҳо пайдошаванда ва рақобати бозорҳои мол таъсир мерасонанд, бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
-мол- объекти ҳуқуқҳои гражданӣ ( аз ҷумла кор, хизматрасонӣ), ки барои фурӯш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти гражданӣ баровардани он муқаррар шудааст;
-хизматрасонии молиявӣ- хизматрасонии бонкӣ, хизматрасонии суғуртавӣ, хизматрасонӣ ва хариду фурӯш дар бозори коғазҳои қиматнок, хизматрасонии лизингӣ, инчунин хизматрасоние, ки бо ҷалб намудан ва (ё) ҷойгиронидани маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста мебошад;
-молҳои баҳамивазшаванда- гурӯҳи молҳое, ки аз рӯи таъинот, тарзи истифодабарӣ, тавсифи сифатӣ ва техникӣ, нарх ва дигар хусусиятҳояшон қиёспазиранд ва харидор аслан онҳоро бо ҳамдигар дар ҷараёни истеъмол ( аз ҷумла истеҳсолӣ) иваз карда метавонад;
-бозори мол- соҳаи муомилоти моле, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қисмати он молҳои ивазкунанда ё баҳамивазшаванда надорад, ки вобаста ба имконияти иқтисодии харидор барои ба даст овардани мол дар қаламрави дахлдор ва мавҷуд набудани чунин имконият берун аз ҳудуди он муайян мегардад;
-субъектҳои хоҷагидор- шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, иттиҳодияҳои онҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ мекунанд;
-рақобат- мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд;
-шартҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ)- шартҳои дохил шудан ба бозори мол, шартҳои иваз кардан, истеъмол, ба даст овардан, истеҳсол, фурӯш, интиқоли мол, ки як ё якчанд субъектҳои хоҷагидорро дар муқоиса бо дигар субъектҳои хоҷагидор ба мавқеи нобаробар мемонанд;
-рақобати бевиҷдонона- ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ- рақибон зарар расонад ё расонидааст ё обрӯи кории онҳоро паст мегардонад;
-мавқеи ҳукмфармоӣ- мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молҳои баҳамивазшаванда (минбаъд- моли муайян) надорад, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонад.
Мавқеи ҳукмфармоӣ инчунин мавқеи субъекти хоҷагидоре шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян панҷоҳ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад.
Мавқеи субъекти хоҷагидор дар сурате низ мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз панҷоҳ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин ҷиҳат аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси устувории ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозор, андозаи нисбии ҳиссаи ба рақобаткунандагон тааллуқдошта ва (ё) имконияти дар бозор дохил гардидани рақибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда, муқаррар гардида бошад. Мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар ҳолате эътироф намешавад, ки агар ҳаҷми маҳсулот дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд набошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар поён зикр гардидаанд.
Мавқеи ҳар кадоме аз якчанд субъектҳои хоҷагидор ҳукмфармо эътироф карда мешавад, агар нисбати онҳо шартҳои зайл иҷро гардида, субъектҳои хоҷагидор исбот накардаанд, ки мавқеи онҳо ҳукмфармо намебошад:
-маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи хар кадоми онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар ин бозор аз панҷоҳ фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъекти хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад;
-маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз панҷ субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи ҳар кадоми онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар ин бозор аз ҳафтод фоиз баландтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад;
-андозаи нисбии ҳиссаи чунин субъектҳои хоҷагидор устувор аст ё ба ҳамин бозори мол дастрасии рақибони нав маҳдуд мебошад;
-моли аз ҷониби чунин субъектҳои хоҷагидор фурӯхташаванда (харидашаванда) наметавонад дар раванди истеъмол (аз ҷумла истеҳсолот) ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси пастравии талаботи хоси он шуда наметавонад.
Мавқеи субъекти хоҷагидор- субъекти монополияи табиӣ дар бозори мол, ки дар ҳолати инҳисори табиӣ қарор дорад, ҳукмфармо мебошад;
-фаъолияти инҳисорӣ- дар бозорҳои мол аз мавқеи ҳукмфармоии худ сӯиистифода кардани субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), бастани созишнома ё иҷрои амалҳои мувофиқашудае, ки бо қонунгузории зиддиинҳисорӣ манъ карда шудаанд;
-нархи баланди инҳисории мол- нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол ва хеле баландтар аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре мебошанд, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд ё нарх аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади оқилонаи он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол бештар аст. Нархи моле, ки субъекти монополияи табиӣ дар ҳудудҳои тарифи ба чунин мол муайяннамудаи мақомоти танзимкунандаи монополияи табиӣ муқаррар кардааст, нархи баланди инҳисорӣ буда наметавонад;
-нархи пасти инҳисории мол- нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, ки аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади оқилонаи он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол камтар аст ё нархи моли дар бозори мол муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидори дар бозори мол мавқеи ҳукмрон дошта, ки аз нархи дар шароити рақобат дар чунин бозори моли муқоисашаванда муайяннамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, пасттар мебошад;
-муқоисаи номуносиб- муқоиса ё мулоҳизае, ки рақиби алоҳида ё рақибонро умуман, инчунин молҳои истеҳсолшаванда ё фурӯхташавандаро нисбати моли субъектҳои хоҷагидори дигар бадном мекунад;
-хариди саҳмияи (ҳиссаи) сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор- харид ё ба даст овардани дигар имконияте, ки мустақилона ё ба воситаи намояндагон дорои ҳуқуқи овозе, ки ба туфайли шартномаҳои идоракунии боэътимод, фаъолияти якҷоя, супориш, бастани дигар аҳдҳо дар саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ифодаи худро меёбад, амалӣ мегардад;
-амали мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор, ки рақобатро маҳдуд менамояд- амали субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол, ки натиҷаи иқтисодии он танҳо ба шарте барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор фоидаовар хоҳад буд, ки агар дигар субъектҳои хоҷагидор ба таври шабеҳ ё бо усули барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор пешакӣ маълум амал кунанд ва агар чунин амал боиси иҷозат надодан, маҳдуд сохтан ё барҳам додани рақобат дар бозори мол гардидааст ё мегардад. Амали субъектҳои хоҷагидор ҳангоме мувофиқашуда эътироф мегардад, ки он ба амали дигар субъектҳои хоҷагидор алоқаманд буда, ба тағйирёбии шароити умумии муомилоти мол, ки ба андозаи баробар ба субъектҳои хоҷагидор дар бозори дахлдори мол таъсир мерасонад, вобаста набошад;
-ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ- мутобиқкунонии амали субъектҳои хоҷагидор аз тарафи шахси сеюм, ки ба ягон гурӯҳи шахсони ҳамин гуна субъектҳои хоҷагидор дохил намебошад;
-гурӯҳи шахсон- гурӯҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо як ё якчанд шартҳои зерин иҷро мегарданд:
шахс ё якчанд шахс якҷоя дар натиҷаи созиш (амалиёти мувофиқашуда) ҳуқуқ доранд мустақим ва ғайримустақим (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, идоракунии боэътимод, фаъолияти якҷоя, супориш ё содир кардани дигар аҳдҳо) зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳисоби умумии овозҳоро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд. Дар ин ҳолат таҳти ихтиёрдории ғайримустақим овозҳои шахси ҳуқуқӣ, имконияти ихтиёрдории воқеии ӯ ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онҳо шахси якум ҳамаи он ҳуқуқу салоҳияти дар боло номбаршударо дорад, фаҳмида мешавад;
шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо роҳи дигар имконият пайдо мекунанд, ки қарори қабулшавандаи дигар шахс ё шахсон, аз ҷумла шартҳои аз тарафи дигар шахс ё шахсон ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкориро муайян намоянд ё салоҳияти мақомоти иҷроияи дигар шахс ё шахсонро дар асоси шартнома ба ҷо оваранд;
шахс ҳуқуқи таъин намудани мақомоти иҷроияи ягона ё зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъии шахси ҳуқуқӣ ё бо пешниҳоди ӯ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии шахси ҳуқуқиро дорад;
шахси воқеӣ метавонад салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи шахси ҳуқуқиро иҷро намояд;
худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсоне, ки ҳамон шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқӣ инчунин мақомоте мебошад, ки бо пешниҳоди ҳамон шахсони ҳуқуқӣ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ интихоб мешавад;
худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсони ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ ва зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳое, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии ҳар кадоми аз ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан доранд;
шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд ва худи он шахсони воқеӣ- ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо, ки ҳамон як шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии дигар шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан доранд.
-шахсони бонуфуз- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қодиранд ба субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, таъсир расонанд.
Инҳо шахсони бонуфузи шахси ҳуқуқӣ шуда метавонанд:
-узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, узви мақомоти иҷроияи дастаҷамъии он, инчунин шахсе, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи онро амалӣ мегардонад;
-шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;
-шахсоне, ки ҳуқуқи дар маҷмӯъ зиёда аз бист фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ мекунанд. Агар шахси ҳуқуқӣ иштирокчии иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ бошад, он вақт ба қатори шахсони бонуфузи вай аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, инчунин шахсоне, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи иштирокчиёни гурӯҳи саноатию молиявиро амалӣ мегардонанд, дохил мешаванд.
Шахсони бонуфузи шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, шуда метавонанд:
-шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси воқеӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;
-шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳайати он шахси воқеии мазкур ҳуқуқ дорад ба зиёда аз бист фоизи маҷмӯи умумии овозҳо, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намояд.
Дар Қонуни мазкур гурӯҳи шахсон ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.
Боби 2. Фаъолияти инҳисорӣ
Моддаи 4. Сӯиистифодаи субъекти хоҷагидор дар бозор
Амали (беамалии) субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва (ё) халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ гаштаанд ё мегарданд, манъ аст, аз ҷумла чунин амал (беамалӣ):
-аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;
-ба зиммаи аҳли шартнома бор кардани талаботе, ки барояш муфид нест ва ба мавзӯи шартнома (беасос додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқи амволӣ, қуваи корӣ, ризоияти бастани шартнома фақат бо шарти ба он илова кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки аҳли шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда, ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра) дахл надорад;
-ба шартнома дохил намудани шартҳои табъизӣ, ки аҳли шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;
-монеият кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор);
-вайрон кардани қоидаи нархгузорӣ, ки дар асоси санади меъёрӣ муқаррар шудааст;
-муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;
-ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;
-фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ);
-беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;
-беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад.
Моддаи 5. Созишномаҳои (амалиёти мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро маҳдуд мекунанд
Ба субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори як мол (молҳои баҳамивазшаванда) амал мекунанд, бастани шартномаҳо, аҳдҳои дигар, созишномаҳо (минбаъд- созишномаҳо) ё анҷом додани амали мувофиқашуда манъ аст, ки боиси натиҷаҳои зайл мегарданд ё хоҳанд гашт:
-муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё ҳама гуна амалҳои дигар;
-баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музоядаҳо ва савдо;
-дар хусуси муштарак ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломатҳои ҳудудӣ, оид ба ҳаҷми фурӯш ё харид мутобиқи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);
-маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;
-маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилооти ҳолати бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;
-шартнома набастан бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;
-ба зиммаи аҳли шартнома вогузоштани талаботе, ки барояш судманд ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад (талаби беасоси додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқҳои амволӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки аҳли шартнома ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра);
-барои харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;
-ихтисор ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ ё фармоиш вуҷуд дорад, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо;
-муҳайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки метавонад боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат гардад.
Ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан, бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидор ҷой доранд ё ҷой дошта метавонанд, манъ аст.
Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозорҳои моли дахлдор байни худ рақобат надоштае, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир) бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда манъ аст, агар дар натиҷаи бастани чунин созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ҷой дошта бошанд ё ҷой дошта тавонад.
Ба иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардонидани ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаашон рақобат маҳдуд гаштааст ё метавонад маҳдуд гардад, манъ аст.
Вайрон кардани талаботи зикршуда барои бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ва бо тартиби судӣ барҳам додани иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро ҳамоҳанг месозад, асос мегардад.
Моддаи 6. Санад ва амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд
Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ аст. Аз ҷумла, ин амалҳо манъ карда мешаванд:
-беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин муқаррар намудани монеа барои амалӣ намудани шаклҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
-муқаррар намудани монеа ба хариду фурӯши мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё бо роҳи маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;
-ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (супоришдиҳандагон) таҳвил намудани молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе назардошти афзалиятҳое, ки қонунгузорӣ ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
-беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳо, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;
-барои харидорони молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки онҳоро истеҳсол (иҷро, пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиронии молҳо, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, маҳдудият муқаррар менамояд.
Қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳӣ бо тартиби муқарраргардида (дар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории зиддиинҳисорӣ пешбинӣ шудаанд), инчунин додани имтиёз ба субъекти хоҷагидори алоҳида бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар амал пешбинӣ нашуда бошад.
Муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади инҳисор намудани истеҳсолот ё фурӯши молҳо, ба мақомоти мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ додани салоҳиятҳое, ки иҷрои онҳо боиси маҳдудкунии рақобат мегардад, инчунин якҷоя кардани вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор, ба зиммаи субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вазифа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлатӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Дар ҳама гуна шакл бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда байни худ ё байни онҳо ва субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ҷой дорад ё ҷой дошта метавонад, манъ аст. Аз ҷумла бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки боиси натиҷаҳои зайл гардидааст ё мегардад, манъ аст:
-баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нархҳо (тарифҳо);
-беасос муқаррар намудани сатҳи тағйирёбандаи нархҳо барои харидорони гуногуне, ки ҳамон як молро ба даст меоранд;
-тақсим кардани бозор аз рӯи принсипи ҳудудӣ, ҳаҷми фурӯш ё харид, номгӯи молҳои фурӯш ё аз рӯи доираи фурӯшандагон ё харидорон (фармоишгарон);
-маҳдуд сохтани дастрасии бозор ё аз он дур сохтани субъектҳои хоҷагидор.
Моддаи 7. Шаклҳои рақобати бевиҷдонона
Ба рақобати бевиҷдонона дар шаклҳои зерин роҳ дода намешавад:
-паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегарданд ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;
-ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оиди хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад:
-муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъектҳои хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ);
-гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзгардида;
-истифодаи худсаронаи аломатҳои мол, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидори дигар, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд;
-дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;
-ҳама гуна амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд кунад.
Рақобати бевиҷдонона, ки барои ғайриқонунӣ ба даст овардан ва истифода бурдани ҳуқуқҳои истисноӣ ба воситаҳои инфиродкунонии шахсони ҳуқуқӣ, инфиродкунонии маҳсулот, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ нигаронида шудааст, иҷозат дода намешавад.
Қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ марбут ба вайрон кардани муқаррароти қисми дуюми моддаи мазкур дар бобати инфиродкунонии маҳсулот, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ барои ҳалли масъалаҳои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани амали бақайдгирии объекти ҳуқуқҳои истисноӣ ё дар мавриди беэътибор эътироф намудани бақайдгирии ин объект бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аломатҳои мол, аломатҳои хизматрасонӣ ва номгӯи маҳалли пайдоиши молҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатии соҳаи патентҳо ва аломатҳои мол фиристода мешавад.
Достарыңызбен бөлісу: |