1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет12/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   33

19. Сураи Марям
Дар Макка нозил шуд ва он наваду њашт оят ва шаш рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Коф. Њо. Ё. Айн. Сод.

2. Ин баёни бахшоиши Парвардигори ту бар бандаи худ – Закарийё аст.

3. Чун Парвардигори худро ба дуои пинњон нидо кард.

4. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба дурустї ки устухон аз бадани ман суст шудааст ва сари ман аз љињати сафедмўї ба ранги оташ шўъла зад; ва дар дуои Ту, эй Парвардигори ман, бебањра набудам.

5. Ва ба дурустї ки ман баъд аз худ аз хешони худ метарсам; ва зани ман нозой аст, Пас, аз назди Худ ба ман ворисе ато кун,

6. ки [њам] аз ман мерос гирад ва [њам] аз авлоди Яъќуб мерос гирад; ва, эй Парвардигори ман, ўро марди писандида бикун».

7. (Гуфтем:) «Эй Закарийё, њамоно Мо туро ба тифле башорат медињем, ки номи ў Яњё аст; ва пеш аз ин барои ў њељ њамном пайдо накардаем».

8. Бигуфт: «Эй Парвардигори ман, чї гуна тифле барои ман пайдо шавад ва зани ман нозой аст ва ба дурустї ки ман аз сабаби калонсолї ба нињояти заъф расидаам?»

9. Гуфт: «(Ваъда) њамчунин аст; Парвардигори ту гуфт: «Ин кор бар Ман осон аст ва њамоно пеш аз ин туро офаридам ва ту чизе набудї».

10. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман нишонае муайян кун». Фармуд: «Нишонаи ту он аст, ки се шабонарўз – дар њолате, ки тандуруст бошї, бо мардумон сухан гуфтан натавонї».

11. Пас, аз мењроб(-и ибодат) бар ќавми худ берун омад ва ба сўи онњо ишорат кард, ки субњу шом тасбењ гўянд.1

12. (Гуфтем:) «Эй Яњё, Китобро ба устуворї бигир». Ва ба ў дар њоли кўдакї доної додем.

13. Ва аз назди Худ шафќату тањорати нафс (ба ў додем) ва ў парњезгор буд.

14. Ва ба падару модари худ некўкирдор [буд] ва гарданкаши гуноњкор набуд.

15. Ва рўзе, ки мутаваллид шуд; ва рўзе, ки бимирад; ва рўзе, ки зинда барангехта шавад – бар вай салом бод!

16. Ва дар Китоб Марямро ёд кун, чун аз касони худ љое ба самти баромадани офтоб яксў шуд.

17. Пас, ин љониб аз онњо парда гирифт. Пас, ба сўи ў Рўњи Худро2 фиристодем, ки барои Марям дар сурати одамии дурустандом зоњир шуд.

18. Гуфт: «Ба дурустї ки ман аз ту – агар парњезгор бошї – ба [Худои] Рањмон паноњ мебарам».

19. Гуфт: «Љуз ин нест, ки ман фиристодаи Парвардигори ту њастам, то ба ту тифли покизае бибахшам».

20. Гуфт: «Чї гуна барои ман тифле пайдо шавад ва [њол он ки] ба ман њељ одамї даст нарасонидааст ва њаргиз зинокор набудам».

21. Гуфт: «(Ваъдаи њаќ) њамчунин аст; Парвардигори ту фармуд, ки ин [кор] бар ман осон аст; ва мехоњем, ки ин тифлро барои мардумон нишона ва бахшише аз љониби Худ бикунем; ва ин (муќаддима) кори муќарраршуда аст».

22. Пас (Марям) он тифлро ба шикам бор гирифт ва ба (сабаби) он њамл ба љои дур (аз мардум) яксў шуд.

23. Пас, дарди зањ ўро ба сўи танаи дарахти хурмо овард. (Марям) гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва фаромўши аз хотир рафта мешудам!»

24. Пас, ўро аз љониби поини ў овоз дод, ки: «Андўњ махўр, њамоно Парвардигори ту аз зери [ќадами] ту љўе пайдо кардааст.

25. Ва танаи дарахти хурморо ба сўи хеш биљунбон, то бар сари ту хурмои тозаи аз дарахт чидаро биафканад.

26. Пас, бихўр ва биошом ва осудачашм шав; пас, агар аз одамиён касеро бибинї, бигў: «Ба дурустї ки ман барои [Худои] Рањмон рўзаро назр кардаам, пас, имрўз бо њељ одамї сухан нахоњам гуфт».

27. Пас, Исоро бардошта, пеши ќавми худ овард. Гуфтанд: «Эй Марям, ба дурустї ки чизе зиштро овардї!

28. Эй хоњари Њорун, падари ту марди бад набуд ва модари ту зинокунанда набуд».

29. Пас (Марям) ба тифли худ ишорат кард. Гуфтанд: «Чї гуна бо касе, ки дар њоли кўдакї дар гањвора аст, сухан гўем?»

30. (Исо) гуфт: «Ман бандаи Худоям, ба ман Китоб додааст ва маро пайѓамбар сохтааст.

31. Ва маро – њар љо, ки бошам – бобаракат сохтааст ва маро – модом ки зинда бошам – ба намозу закот њукм фармудааст.

32. Ва (маро) ба модари худ некўкор (сохтааст) ва маро гарданкаши бадбахт накардааст.

33. Ва рўзе, ки мутаваллид шудам; ва рўзе, ки бимирам; ва рўзе, ки зинда барангехта шавам – бар ман салом аст».

34. Ин (ќиссаи) Исо писари Марям аст; [мурод] сухани рост аст, ки мардумон дар вай ихтилоф мекунанд.

35. Лоиќи Худо он нест, ки ба њељ ваљњ фарзанде бигирад – покї Ўро аст. Чун кореро саранљом кунад, љуз ин нест, ки ба он мегўяд: «Шав!» Пас, мешавад.

36. Ва (Исо гуфт:) «Ба дурустї ки Худо Парвардигори ман ва Парвардигори шумо аст; пас, ибодати Ў кунед; ин роњи рост аст».

37. Пас, љамоатњо миёни хеш ихтилоф карданд. Пас вой бар кофирон аз њозир шудан дар рўзи бузург!

38. Рўзе, ки пеши Мо биёянд, чї ќадар шунаво ва чї ќадар бино бошанд! Лекин ин ситамкорон имрўз дар гумроњии зоњиранд.

39. Ва онњоро аз рўзи пушаймонї битарсон; чун кор ба анљом расонида шавад ва онњо дар ѓафлат бошанд. Ва онњо имон намеоранд.

40. Њамоно Мо заминрову њар касеро, ки бар замин аст, Ворис шавем; ва ба сўи Мо бозгардонида шаванд.

41. Ва дар Китоб Иброњимро ёд кун; ба дурустї ки вай пайѓамбаре росткирдор буд.

42. (Ёд кун) чун ба падари худ гуфт: «Эй падари ман, чаро чизеро ибодат мекунї, ки намешунавад ва намебинад ва аз ту чизеро дафъ намекунад?

43. Эй падари ман, ба дурустї ки он чи аз илм ба ман омадааст, ки ба ту наомадааст; пас пайравии ман кун, то туро ба роњи рост далолат кунам.

44. Эй падари ман, Шайтонро ибодат макун, ба дурустї ки Шайтон [Худои] Рањмонро нофармон аст.

45. Эй падари ман, аз он метарсам, ки аз [Худои] Рањмон азобе ба ту бирасад, пас, ќарини Шайтон бошї».

46. Гуфт: «Эй Иброњим, оё ту аз маъбудони ман рўгардон њастї? Агар бознаистї, албатта, туро сангсор кунам; ва муддате дароз аз ман дур бош».

47. Гуфт: «Салом бар ту бод! Барои ту аз Парвардигори хеш омурзиш хоњам талабид; ба дурустї ки Вай бар ман Мењрубон аст.

48. Ва аз шумову аз он чи ба љуз Худо мепарастед, канора мегирам ва Парвардигори худро ибодат хоњам кард; умеди он аст, ки ба (сабаби) парастиши Парвардигори худ бадбахт набошам».

49. Пас, чун аз онњову аз он чи ба љуз Худо мепарастиданд, канора гирифт; ба вай Исњоќу Яъќубро ато кардем ва њар якеро пайѓамбар сохтем.

50. Ва ба онњо аз бахшиши Худ (чизњо) ато кардем ва барояшон ба нињояти бузургї зикри некў сохтем.

51. Ва дар Китоб Мўсоро ёд кун; ба дурустї ки вай холискарда шуда ва фиристодае пайѓамбар буд.

52. Ва ўро аз љониби рости кўњи Тур нидо кардем ва ўро розгўён наздик сохтем.

53. Ва аз бахшиши Худ бародари ў Њорунро пайѓамбар сохта, ба ў ато кардем.

54. Ва дар Китоб Исмоилро ёд кун, ба дурустї ки вай ростваъда ва фиристодае пайѓамбар буд.

55. Ва ањли худро ба намозу закот мефармуд ва назди Парвардигори хеш писандида буд.

56. Ва дар Китоб Идрисро ёд кун, ба дурустї ки вай пайѓамбаре росткирдор буд.

57. Ва ўро ба маконе баланд бардоштем.1

58. Ин љамоа – аз зумраи пайѓамбарон аз фарзандони Одам ва аз насли онон, ки бо Нўњ бардоштем ва аз зуррияти Иброњим ва Яъќуб ва аз љумлаи онон, ки онњоро роњи рост намудем ва баргузидем – касоне њастанд, ки Худо бар онњо инъом кард – чун бар онњо оёти [Худои] Рањмон хонда мешуд, саљдакунону гирён меафтоданд.

59. Пас, баъд аз онњо халафе чанд љонишин шуданд, ки намозро тарк карданд ва хоњишњоро пайравї карданд; пас љазои гумроњиро хоњанд ёфт,

60. магар касе, ки тавба кард ва имон овард ва кори шоиста ба амал овард. Он љамоа ба бињишт дароянд ва бар онњо њељ ситам карда нашавад,

61. бўстонњои њамеша мондан, ки [Худои] Рањмон ба бандагони Худ – нодида – ваъда додааст; ба дурустї ки ваъдаи Ў оянда аст.

62. Он љо њељ сухани бењуда нашунаванд; лекин «салом» (шунаванд) ва дар он љо субњу шом барои онњо рўзиашон њаст.

63. Ин њамон бињишт аст, ки ба касе аз бандагони Хеш ато кунем, ки парњезгор буд.

64. (Фариштагон гуфтанд:) «Ва мо љуз ба њукми Парвардигори ту фурў намеоем; илми он чи пеши мо аст1 ва он чи аќиби мо аст2 ва он чи дар миёни ин аст, аз они Ўст; ва Парвардигори ту фаромўшкор нест».

65. Ўст Парвардигори осмонњову замин ва он чи миёни инњо аст; пас ибодати Ў кун ва дар ибодати Вай шикебо бош; оё њамноме3 барои Ў медонї?

66. Ва одамї4 мегўяд: «Оё чун бимирам, зинда берун оварда хоњам шуд?»

67. Оё одамї ёд намекунад, ки Мо пеш аз ин ўро офаридем ва ў њељ чизе набуд?

68. Пас, ќасам ба Парвардигори ту, ки онњо ва шаётинро албатта, бар меангезем, сипас њамаи онњоро гирдогирди дўзах ба зону дарафтода њозир мекунем.

69. Сипас, аз онњо аз њар уммате касеро берун кашем, ки аз рўи нофармонї бар [Худои] Рањмон љуръаткунандатар аст.

70. Сипас, њамоно Мо ба касоне Донотарем, ки ба даромадани дўзах сазовортаранд.

71. Ва аз шумо њељ кас нест, магар он ки бар он гузаранда аст. Ин ваъдаи лозим бар Парвардигори ту муќаррар карда шуд.

72. Сипас, парњезгоронро мерањонем ва ситамкоронро он љо ба зону дарафтода мегузорем.

73. Ва чун оёти возењомадаи Мо бар онњо хонда шавад, кофирон ба мўъминон гўянд: «Кадом як аз ин ду гурўњ дар мартаба бењтар аст ва аз рўи маљлис некўтар аст?»5

74. Ва пеш аз онњо бисёр табаќаи мардумонро, ки ба эътибори рахти хона ва аз рўи намудорї бењтар буданд, њалок кардем.

75. Бигў: «Њар ки дар гумроњї бошад, [Худои] Рањмон ўро ба афзун додане афзун медињад, то ваќте ки он чи ба он тарсонида шуданд: ё азобро, ё ќиёматро бибинанд. Пас, хоњанд донист, ки кадом як дар мартаба бадтар аст ва ба эътибори лашкар нотавонтар аст.

76. Ва Худо ба роњёфтагон њидоятро зиёда медињад. Ва њасаноти пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рўи љазо бењтар ва аз љињати бозгашт некўтаранд.

77. Оё он касро дидї, ки ба оёти Мо кофир шуду гуфт: «Ба ман, албатта, молу фарзанд дода шавад».6

78. Оё бар ѓайб мутталеъ шудааст, ё аз назди [Худои] Рањмон ањде гирифтааст?

79. Чунон набувад! Он чиро, ки мегўянд, хоњем навишт ва азобро ба ў ба афзун додане афзун дињем.

80. Ва он чиро, ки мегўяд, пас, аз вай бозситонем; ва яккаву танњо пеши Мо биёяд.

81. Ва ба љуз Худо худоёне гирифтанд, то онњоро сабаби иззат бошад.

82. Чунон набувад! Парастиши маъбудони худро мункир хоњанд шуд ва бар онњо ситезанда хоњанд шуд.

83. Оё надидї, ки Мо шаётинро бар кофирон мефиристем: онњоро ба љунбондане мељунбониданд.

84. Пас, бар онњо шитоб макун; љуз ин нест, ки Мо бар эшон муддат мешуморем – шумор кардане.

85. Рўзе, ки парњезгоронро ба сўи [Худои] Рањмон мењмономада барангезем.

86. Ва гуноњкоронро ба сўи дўзах ташна равон кунем.

87. Шафоат кардан натавонанд, магар касе, ки аз назди [Худои] Рањмон ањде гирифтааст.1

88. Ва гуфтанд: «[Худои] Рањмон фарзанд гирифтааст».

89. (Фармуд:) ба дурустї ки чизи зиште оварданд!

90. Наздик аст, ки аз он (сухан) осмонњо бишикофанд ва замин бишикофад ва кўњњо пора-пора шуда биафтад –

91. ба сабаби он, ки барои [Худои] Рањмон фарзанде хонданд.

92. Ва [Худои] Рањмонро насазад, ки фарзанд гирад.

93. Љуз ин нест, ки њар ки дар осмонњо ва замин аст, банда шуда, пеши Рањмон биёяд.

94. Ба дурустї ки онњоро (ба илм) фаро гирифтааст ва онњоро ба шумор кардане шумор кардааст.

95. Ва њар як аз онњо рўзи ќиёмат яккаву танњо пеши Вай оянда аст.

96. Њамоно Рањмон барои касоне, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, дўстиро пайдо хоњад кард.2

97. Љуз ин нест, ки Ќуръонро ба забони ту осон сохтем, то ба он парњезгоронро мужда дињї ва ба он гурўњи ситезандаро битарсонї.

98. Ва пеш аз онњо бисёр табаќоти мардумро њалок кардем; оё аз онњо њељ касро мебинї, ё аз онњо андак овозе мешунавї?


20. Сураи Тоњо
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду сию панљ оят ва њашт рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. То. Њо.

2. Ќуръонро бар ту фурў нафиристодем, то ранљ кашї.

3. Лекин барои касеро панд додан (фурў фиристодем), ки метарсад.

4. Фурў фиристодан аз љониби Њамоне аст, ки замину осмонњои баландро офаридааст.

5. Вай бисёр Бахшояндаи бар Арш ќарор гирифта аст.

6. Ўрост он чи дар осмонњо ва он чи дар замин ва он чи дар миёни инњо ва он чи зери хоки намнок аст.

7. Ва агар суханро ошкоро кунї – пас Вай (сухани) пинњону пинњонтарро медонад.

8. Худо [Онест], ки ба љуз Вай њељ маъбуде нест, номњои некў аз они Ўст.

9. Ва оё хабари Мўсо ба ту омадааст?

10. Чун оташе дид, пас, ба ањли худ гуфт: «Диранг кунед, ба дурустї ки ман оташе дидаам, умед дорам, ки аз он оташ шўълае пеши шумо биёрам, ё бар он оташ рањнамої биёбам».

11. Пас, чун назди оташ биёмад, овоз дода шуд: «Эй Мўсо!

12. Ба дурустї ки Ман Парвардигори туам; пас, наълайни1 худро аз пой берун кун, њамоно ту дар водии поки Туво њастї!

13. Ва Ман туро баргузидам, пас ба сўи он чи вањй фиристода мешавад, гўш бинењ.

14. Ба дурустї ки Ман Худо њастам, ѓайри Ман маъбуде нест; пас, Маро ибодат кун ва намозро барои ёд кардани Ман барпо дор.

15. Ба дурустї ки ќиёмат омаданї аст. Мехоњам, ки (ваќти) онро пинњон дорам, то њар шахсе ба муќобалаи он чи мекард, љазо дода шавад.

16. Ва бояд касе, ки ба он имон надорад ва хоњиши нафси худро пайравї кардааст, туро аз (бовар доштани) он бознадорад; он гоњ њалок шавї.

17. Ва, эй Мўсо, ин чист ба дасти рости ту?»

18. Гуфт: «Ин асои ман аст, бар он такя мекунам ва бо он бар гўсфандони худ барг мерезам ва дар ин асо маро корњои дигар низ њаст».

19. Гуфт: «Эй Мўсо, онро биафкан!»

20. Пас, онро биафканд. Ва ногањон море давон шуд.

21. Гуфт: «Инро бигиру матарс. Онро ба шакли нахустинаш боз хоњем гардонид.

22. Ва дасти худро ба сўи баѓали худ ба њам ор, то аз ѓайри айбе сафед шуда берун ояд, [ки ин] нишонае дигар аст.

23. (Мехоњем), ки баъзе нишонањои бузурги Хешро ба ту бинамоёнем.

24. Ба сўи Фиръавн бирав, ба дурустї ки вай аз њад гузаштааст».

25. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, синаи маро бароям кушода кун;

26. ва кори маро бароям осон кун;

27. ва аз забони ман гирењро бикушой,

28. то сухани маро фањм кунанд;

29. ва аз касони ман бароям вазире муќаррар кун,

30. Њорун – бародари маро;

31. ва ба сабаби ў тавоноии маро муњкам кун;

32. ва ўро дар кори ман шарик кун,

33. то тасбењи Ту бисёр гўем;

34. ва ёди Ту бисёр кунем.

35. Ба дурустї ки Ту ба ањволи мо Бино њастї».

36. Гуфт: «Эй Мўсо, њамоно дархости худат ба ту дода шуд.

37. Ва ба дурустї ки ба ту бори дигар неъмат(-и фаровон) додем.

38. Чун ба сўи модарат он чи илњом карданї буд, илњом фиристодем,

39. ки: «Ин тифлро дар сандуќ биафкан, пас сандуќро дар дарё биафкан, то дарё ўро ба канора афканад; [то] душмани Ман ва душмани вай ўро бигирад». Ва аз љониби Хеш бар рўи ту ќабул биафкандам; ва (хостам) то ки дар њузури Ман парварда шавї.

40. Чун хоњари ту мерафт, пас мегуфт: «Оё шуморо ба касе далолат кунам, ки ин тифлро нигањбонї кунад?» Пас туро ба сўи модарат бозовардем, то чашми вай равшан шавад ва андўњгин набошад; ва шахсеро бикуштї, пас туро аз андўњ халос сохтем; ва туро ба озмудан дар мењнат афкандем; пас солњое чанд дар ањли Мадян диранг кардї; сипас, эй Мўсо, мувофиќи таќдири илоњї баромадї.

41. Ва туро барои Хеш сохтаам.

42. Туву бародарат бо нишонањои Ман биравед ва дар ёди Ман сустї макунед.

43. Ба сўи Фиръавн биравед, њамоно вай аз њад гузаштааст.

44. Пас, бо вай сухани нарм бигўед, бувад ки пандпазир шавад, ё битарсад».

45. Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, њамоно мо аз он метарсем, ки бар мо тааддї кунад, ё аз њад гузарад».

46. Гуфт: «Матарсед, њамоно Ман бо шумоам, мешунаваму мебинам.

47. Пас, пеши вай бираведу бигўед: «Мо фиристодагони Парвардигори ту њастем; пас Банї Исроилро бо мо бифирист ва онњоро азоб макун; ба дурустї ки мо пеши ту аз љониби Парвардигори ту нишона овардем; ва салом бар касе, ки пайравии роњи њидоят кунад.

48. Њамоно ба сўи мо вањй фиристода шуд, ки азоб барои касе бошад, ки дурўѓ шумурад ва рўгардон шавад».1

49. (Фиръаван) гуфт: «Эй Мўсо, пас, Парвардигори шумо кист?»

50. Гуфт: «Парвардигори мо Он аст, ки ба њар чизе сурати хоси ўро дод, сипас ба ў роњ намуд».2

51. Гуфт: «Пас, њоли [ањли] ќарнњои нахустин чист?»

52. Гуфт: «Илми он назди Парвардигори ман дар Китобест, ки Парвардигори ман ѓалат намекунад ва фаромўш намесозад».

53. Ў Њамон аст, ки заминро барои шумо фарше сохт ва дар он љо барои шумо роњњо равон кард ва аз осмон обро фурў фиристод. Пас, ба он об анвои мухталифи набототро берун овардем.

54. (Гуфтем:) «Бихўред ва чањорпоёни худро бичаронед; ба дурустї ки дар ин (муќаддима) барои соњибони хирад нишонањое њаст».

55. Аз замин шуморо офаридем ва боз шуморо дар замин дарорем ва бори дигар шуморо аз он берун кашем.

56. Ва ба дурустї ки ба Фиръавн тамоми нишонањои Хешро намоёндем. Пас, дурўѓ бишумурду ќабул накард.

57. Гуфт: «Эй Мўсо, оё омадї, то моро ба љодуи худ аз замини мо берун кунї?

58. Пас, њамоно мо љодуе монанди он пеши ту биёрем; пас, миёни мову миёни худ ваъдагоње муайян кун, ки мову ту онро хилоф накунем».

59. Гуфт: «Ваъдагоњи шумо рўзи ороиш аст ва он, ки мардумон ваќти чошт љамъ карда шаванд».

60. Пас, Фиръавн (ба хона) бозгашт ва [соњибони] макри худро љамъ кард; сипас биёмад.

61. Мўсо ба соњирон гуфт: «Вой бар шумо, дурўѓро бар Худо ифтиро макунед, он гоњ шуморо ба азоб њалок созад; ва њамоно њар ки ифтиро кунад, ба матлаб нарасад».

62. Пас (соњирон) дар миёни хеш ба кори худ гуфтугў карданд ва роз гуфтанро пинњон доштанд.

63. Гуфтанд: «Албатта ин ду шахс соњиранд, мехоњанд, ки ба сењри худ шуморо аз замини шумо берун кунанд ва дини шоистаи шуморо [аз байн] бибаранд.

64. Пас, асбоби сењри худро ба њам оред, сипас саф кашида биёед; ба дурустї ки имрўз њар ки ѓолиб ояд, растагор шавад».

65. Гуфтанд: «Эй Мўсо, ё ин аст, ки ту биафканї,1 ё мо аввалин касе бошем, ки биафканад».

66. Гуфт: «Балки шумо афканед». Пас, ногањон, ба сабаби сењрашон пеши Мўсо [чунин] намудор шуд, ки расанњову асоњояшон медаванд.

67. Пас, Мўсо дар замири худ тарсеро ёфт.

68. Гуфтем: «Матарс, ба дурустї ки ту бартар њастї.

69. Ва он чиро дар дасти ростат аст, биафкан, то чизеро, ки соњирон сохтаанд, фурў барад; њамоно он чи сохтаанд, љодуи љодукунанда аст ва соњир њар љо, ки равад, растагор намешавад».2

70. Пас, соњирон саљдакунон дарафканда шуданд; гуфтанд: «Ба Парвардигори Њоруну Мўсо имон овардем».

71. (Фиръавн) гуфт: «Оё пеш аз он, ки ба шумо иљозат дињам, ўро бовар доштед? Ба дурустї ки вай бузурги шумо аст, ки ба шумо сењрро омўхтааст; њамоно ман дастњову пойњои шуморо – якеро аз рост ва дигарро аз чап – бибурам ва шуморо бар танањои дарахти хурмо бар дор кашам ва албатта, хоњед донист, ки кадом як аз мо аз рўи азоб сахттару пояндатар аст».

72. Гуфтанд: «Њаргиз туро бар он чи аз далоили возењ пеши мо омадааст ва бар Худое, ки моро офарид, тарљењ надињем. Пас, њар чи ту њукмкунанда бошї, њукм кун; љуз ин нест, ки ту дар ин зиндагонии дунё њукм мекунї.

73. Ба дурустї ки мо ба Парвардигори хеш имон овардем, то гуноњони моро ва он чи ту моро бар он љабр кардї, ки сењр кунем, – барои мо биомурзад; ва Худо Бењтару Пояндатар аст».

74. Њар оина њар ки гуноњкор шуда, пеши Парвардигори хеш биёяд, пас, дўзах барои ўст. Он љо на мемирад ва на зинда мемонад.

75. Ва њар ки мўъмин шуда ва корњои шоиста карда, пеши Ў биёяд, пас, барои ин љамоа дараљањои баланд аст:

76. – бўстонњои њамеша мондан, ки зери он љўйњо меравад, дар њоле ки дар он љо љовидонанд. Ва ин љазои он касе аст, ки пок шудааст.

77. Њамоно ба сўи Мўсо вањй фиристодем, ки: «Ваќти шаб бандагони Маро бибар, пас, дар дарё барояшон роњи хушк бисоз, [чунон ки] аз дарёфтани душманон натарсї ва (аз ѓарќ шудан) андеша накунї».

78. Пас, Фиръавн бо лашкарњои худ аз паи онњо баромад; пас он чи аз дарё онњоро пўшониданї буд, онњоро пўшонид.

79. Ва Фиръавн ќавми худро гумроњ кард ва роњ нанамуд.

80. (Гуфтем:) «Эй Банї Исроил, ба дурустї ки шуморо аз душманони шумо наљот додем ва ба шумо дар љониби рости Тур ваъда додем;1 ва бар шумо манн ва салво фурў фиристодем».

81. (Гуфтем:) «Аз покизањои он чи ба шумо рўзї додем, бихўред ва дар боби он рўзї аз њад магузаред, он гоњ хашми Ман бар шумо собит шавад; ва њар кас, ки хашми Ман бар вай собит шавад, албатта, њалок шавад».

82. Ва ба дурустї ки Ман барои касе Омурзанда њастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста кунад, пас, роњи рост ёбад.

83. Эй Мўсо, чї чиз туро аз ќавми худ (ѓофил монда) ба шитоб овард?2

84. Гуфт: «Ќавми ман онњоеанд, ки дар паи ман (равон)-анд; ва эй Парвардигори ман, ба сўи Ту шитофтам, то хушнуд шавї».

85. (Худо) гуфт: «Ба дурустї ки Мо ќавми туро пас аз ту дар бало афкандем ва Сомирї онњоро гумроњ сохт».

86. Пас, Мўсо хашм гирифта, андўњ хўрда, ба сўи ќавми худ бозгашт; гуфт: «Эй ќавми ман, оё Парвардигори шумо ба шумо ваъдаи нек ваъда надода буд? Оё муддат бар шумо дароз шуд?3 Ё хостед, ки хашме аз Парвардигори шумо бар шумо вољиб шавад? Пас, ваъдаи маро хилоф кардед?»

87. Гуфтанд: «Ваъдаи туро ба ихтиёри хеш хилоф накардем; валекин моро водор карданд, то аз перояи ќавм4 борњо бардоштем. Пас, онро афкандем5 ва њамчунин Сомирї [низ] афканд».

88. Боз, барояшон колбади гўсолаеро берун овард, ки ўро овои гов буд. Пас, гуфтанд:6 «Ин парвардигори шумо ва парвардигори Мўсо аст, пас, (Мўсо) фаромўш кардааст».

89. Оё онњо намедиданд, ки суханеро ба сўи онњо боз намегардонад ва барояшон њељ зиёне ва суде [карда] наметавонад?

90. Ва њамоно Њорун пеш аз ин ба онњо гуфта буд: «Эй ќавми ман, љуз ин нест, ки ба ин гўсола мубтало шудаед; ва ба дурустї ки Парвардигори шумо [Худои] Рањмон аст, пас, маро пайравї кунед ва ба њукми ман итоат намоед».

91. Гуфтанд: «Мо барои [парастиши] гўсола њамеша ќоим хоњем буд, то ваќте ки Мўсо ба сўи мо бозояд».

92. (Мўсо омада) гуфт: «Эй Њорун, чун онњоро дидї, ки гумроњ шуданд, чї чиз туро боздошт

93. – аз он, ки маро пайравї кунї? Оё ба њукми ман хилоф кардї?»

94. Гуфт: «Эй писари модари ман, риши марову мўи сари маро магир; ба дурустї ки ман аз он тарсидам, ки гўї: «Дар миёни фарзандони Яъќуб људої афкандї ва сухани маро нигоњ надоштї!»

95. (Мўсо) гуфт: «Пас, эй Сомирї, њоли ту чист?»

96. Гуфт: «Ман он чиро дидам, ки мардуми дигар онро надида буданд ва муште аз наќши пои фиристода1 гирифтам, пас, онро афкандам.2 Ва нафси ман [ин корро] пеши ман ба њамин сифат биорост».

97. Гуфт: «Пас, бирав, ба дурустї ки дар зиндагонї туро сазо ин аст, ки гўї: «Даст расонидан мумкин нест».3 Ва њамоно туро ваъдае дигар аст, ки дар он дар њаќќи ту хилоф карда нашавад; ва ба сўи маъбуди худ нигоњ кун, ки бар [парастиши] он ќоим шуда будї: албатта, онро бисўзонем, пас, онро дар дарё ба пароканда сохтане пароканда созем.

98. Љуз ин нест, ки Маъбуди шумо Худо аст – Он, ки ба љуз Ў њељ маъбуд(-и ба њаќ) нест; аз рўи дониш ба њар чиз фаро расидааст».

99. Инчунин бар ту4 аз ахбори он чи гузаштааст, ќисса мехонем; ба дурустї ки аз назди Хеш ба ту панде додаем.

100. Њар ки аз он рўй бигардонад, пас, вай дар рўзи ќиёмат бореро бардорад.5

101. Дар он (бор кашидан) љовидонанд ва вай дар рўзи ќиёмат барои онњо бад бор кашидан аст.

102. Рўзе, ки дар сур дамида шавад ва Мо гуноњкоронро он рўз кабудчашм барангезем,

103. пинњону оњиста дар миёни хеш гўянд: «Ба љуз дањ шабонарўз диранг накардаед».6

104. Мо ба (њаќиќати) он чи мегўянд, Донотарем, чун аз рўи равиш бењтарини онњо бигўяд: «Ба љуз як рўз диранг накардед».

105. Ва туро аз кўњњо мепурсанд, бигў: «Парвардигори ман онњоро ба пароканда кардане пароканда кунад.

106. Пас, заминро [чун] майдоне њамвор бигузорад,

107. ки дар он њељ каљї ва њељ баландї намебинї».

108. Он рўз њама аз паи овозкунанда7 мераванд, ки дар он [пайравї] њељ каљї набошад; ва овозњо барои [Худои] Рањмон паст шаванд; пас, ба љуз овози нарм [чизе] нашунавї.

109. Он рўз шафоат нафъ надињад, магар барои касе, ки Худо ба ў иљозат бидињад ва ўро аз рўи гуфтор биписандад.8

110. [Худо] он чиро медонад, ки пеши рўи одамиён аст ва он чиро, ки паси пушти онњо аст. Ва одамиён Худоро аз рўи дониш фаро нагиранд.

111. Ва рўйњо(-и мардумон) барои Зиндаи Поянда ниёиш кунанд; њамоно њар ки ситамро бардошт, ба матлаб нарасид.

112. Ва њар ки корњои шоиста ба љо оварад ва ў мўъмин бошад, пас, вай аз ситаме ва нуќсоне натарсад.

113. Ва њамчунин Китобро Ќуръони арабї фурў фиристодем ва дар он тарсониданро гуногун баён кардем, то бувад ки парњезгор шаванд, ё дар њаќќи онњо пандеро пайдо кунад.

114. Пас, Баландќадр аст Худо – Подшоњи Барњаќ. Ва ба хондани Ќуръон – пеш аз он, ки вањйи он ба сўи ту ба анљом расонида шавад, шитоб макун; ва бигў: «Эй Парвардигори ман, маро донише биафзо».

115. Ва ба дурустї ки пеш аз ин ба сўи Одам њукм фиристодем; пас фаромўш кард ва ўро бо ќасди муњкам наёфтем.

116. Ва (ёд кун) чун ба фариштагон гуфтем: «Ба сўи Одам саљда кунед!» Пас, њама саљда карданд, магар Иблис – ќабул накард.

117. Пас, гуфтем: «Эй Одам, њамоно ин туро ва зани туро душман аст; пас, бояд ки шуморо аз бињишт берун накунад, ки он гоњ ранљ кашї.

118. Ба дурустї ки (дар бињишт) барои ту ин њаст, ки дар он љо гурусна нашавї ва барањна набошї;

119. ва он, ки ту он љо ташна набошї ва гармии офтоб наёбї».

120. Пас, Шайтон ба сўи Одам васваса андохт, гуфт: «Эй Одам, оё туро бар дарахти њамеша будан ва бар подшоњие, ки кўњна нагардад, далолат кунам?»

121. Пас, аз он дарахт хўрданд ва шармгоњашон ба онњо зоњир шуд ва даристоданд, ки бар хеш аз барги дарахтони бињишт мечаспониданд. Ва Одам ба Парвардигори худ нофармонї кард; пас, роњро гум кард.

122. Сипас, Парвардигораш ўро баргузид, пас, бар вай ба рањмат бозгашт ва роњ намуд.

123. Гуфт: «Шумо њар ду аз ин бињишт фуруд оед, њама бо њам; баъзе аз (авлоди) шумо баъзеи дигарро душман бошанд. Ва агар аз љониби Ман њидояте ба шумо биёяд, пас, њар ки њидояти Маро пайравї кунад, гумроњ нашавад ва ранљ накашад.

124. Ва њар ки аз ёд кардани Ман рўгардон шавад, пас, барои ў зиндагонии танг бувад ва рўзи ќиёмат ўро нобино барангезем».

125. Гўяд: «Эй Парвардигори ман, чаро маро нобино барангехтї? Ва њамоно ман пеш аз ин бино будам».

126. Гўяд: «Њамчунин, нишонањои Мо ба ту омад, пас онњоро фаромўш кардї; ва њамчунин, имрўз ту фаромўш карда шавї».

127. Ва њамчунин, ба њар кас, ки аз њад гузарад ва ба оёти Парвардигори худ имон наоварад, сазо медињем; ва њамоно азоби охират сахттару пояндатар аст.

128. Оё он чиз ба онњо роњ нанамоёнд, ки пеш аз онњо бисёр табаќоти мардумонро њалок кардем, ки [акнун] дар манзилњои он њалокшудагон мераванд? Ба дурустї ки дар ин (муќаддима) барои соњибони хирад нишонањое њаст.

129. Ва агар сухане, ки собиќан аз Парвардигори ту содир шуд; ва ваќти муайян намебуд, њамоно азоб лозим мешуд.

130. Пас, бар он чи мегўянд, сабр кун; ва бо њамди Парвардигори хеш пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фурў шудани он тасбењ гў; ва баъзе соатњои шаб ва атрофи рўз тасбењ гў, бувад ки хушнуд шавї.

131. Ва ба сўи он чизе ду чашми худро боз макушой, ки љамоатњое аз онњоро ба он – аз ќисми ороиши зиндагонии дунё – бањраманд сохтаем, то онњоро дар он мубтало кунем. Ва рўзии Парвардигори ту бењтару пояндатар аст.

132. Касони худро ба намоз бифармо ва бар адои он шикебої кун. Аз ту рўзї (доданро) наметалабем, Мо ба ту рўзї медињем; ва оќибати хайр барои (ањли) таќво аст.

133. Ва (кофирон) гуфтанд: «Чаро нишонае аз љониби Парвардигори хеш пеши мо намеорад?» Оё далели возењ аз љинси он чи дар Китобњои пешин аст, ба онњо наомадааст?1

134. Ва агар Мо онњоро пеш аз фиристодани пайѓамбаре њалок мекардем, њамоно мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро пайѓамбаре ба сўи мо нафиристодї, то пеш аз он, ки хор шавем ва расво гардем, оёти Туро пайравї мекардем?»

135. Бигў: «Њар яке мунтазир аст; пас, шумо низ мунтазир бошед; хоњед донист: ањли роњи рост киёнанд ва кї роњ ёфт».



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет