14. Сураи Иброњим
Дар Макка нозил шудааст ва он панљоњу ду оят ва њафт рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Ро. (Ин) Китобе аст, ки онро ба сўи ту фурў фиристодем, то мардумонро ба њукми Парвардигорашон аз торикињо ба сўи равшанї – ба сўи роњи Худои Ѓолиби Сутуда – берун орї.
2. (Ба сўи роњи) Худое, ки он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, аз они Ў аст. Ва вой бар кофирон аз азоби сахт!
3. Онон, ки зиндагонии дунёро бар охират ихтиёр мекунанд ва (мардумонро) аз роњи Худо бозмедоранд ва дар он каљї металабанд1 – онњо дар гумроњии дуранд.
4. Ва њељ пайѓамбареро нафиристодем, магар ба забони ќавми ў, то барояшон баён кунад. Пас, Худо њар киро хоњад, гумроњ созад ва њар киро хоњад, роњ намояд ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.
5. Њамоно Мо Мўсоро бо нишонањои Худ фиристодем, (гуфтем), ки ќавми худро аз торикињо ба сўи равшанї берун ор ва онњоро ба рўзњои Худо панд дењ. Ба дурустї ки дар ин барои њар шикебои шукргузор нишонањост.2
6. Ва (ёд кун) он ваќт, ки Мўсо ба ќавми худ гуфт: «Неъмати Худоро бар хеш ёд кунед, ки чун шуморо аз касони Фиръавн наљот дод, [онњо] ба шумо азоби сахт мерасониданд ва писарони шуморо мекуштанд ва духтарони шуморо зинда мегузоштанд; ва дар ин (њол) озмоиши бузурге аз Парвардигори шумо буд.
7. Ва он ваќт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда дињам; ва агар носипосї кунед, њар оина азоби Ман сахт аст».
8. Ва Мўсо гуфт: «Агар шумо ва њама касоне, ки дар замин њастанд, якљо кофир шавед, пас, њамоно Худо Тавонгари Сутудашуда аст».
9. Оё ба шумо хабари касоне наомадааст, ки пеш аз шумо буданд – ќавми Нўњ ва Од ва Самуд ва касоне, ки баъд аз онњо омаданд? Онњоро ба љуз Худо [касе] намедонад.3 Пайѓамбаронашон бо мўъљизањо ба онњо омаданд, пас, дастњояшонро бар дањони худ бозоварданду4 гуфтанд: «Њамоно мо ба он чи фиристода шудед, мункирем ва њамоно мо аз он чи моро ба он мехонед, дар шубњаи ќавї њастем».
10. Пайѓамбаронашон гуфтанд: «Оё дар Худо – Офаринандаи осмонњову замин шубња аст? [Ў] шуморо мехонад, то гуноњонатонро барои шумо биомурзад ва шуморо то муддате муайян мавќуф дорад». Гуфтанд: «Шумо ба љуз одамї мисли мо [каси дигар] нестед; мехоњед, ки моро аз он чи боздоред, ки падаронамон ибодат мекарданд. Пас, пеши мо њуљљате зоњир биёред».
11. Пайѓамбаронашон ба онњо гуфтанд: «Мо ба љуз одамї монанди шумо [касе дигар] нестем; валекин Худо аз бандагони Худ ба њар ки хоњад, неъмати фаровон медињад; ва моро мумкин нест, ки љуз ба њукми Худо њуљљате биёрем; ва мўъминон бояд ки бар Худо таваккул кунанд.
12. Ва моро чист, ки бар Худо таваккул накунем ва њол он ки роњњои моро ба мо намудааст? Ва бар изои шумо, албатта, сабр хоњем кард; ва таваккулкунандагон бояд ки бар Худо таваккул кунанд».
13. Ва кофирон ба пайѓамбарони хеш гуфтанд: «Албатта шуморо аз замини худ берун кунем; ё шумо дар дини мо бозоед». Пас, Парвардигорашон ба онњо вањй фиристод, ки: «Ситамкоронро њалок хоњем кард.
14. Ва баъд аз онњо шуморо дар замин сокин хоњем сохт. Ин ваъда барои касе аст, ки аз истодан ба њузури Ман ва аз бим кардани Ман битарсад».
15. Ва (пайѓамбарон) талаби фатњ карданд ва њар гарданкаши ситезанда зиёнкор шуд:
16. – пеши рўи вай дўзах аст; ва аз љинси зардоб об нўшонида шавад –
17. онро љуръа-љуръа фурў кашад ва наметавонад, ки онро ба осонї даркашад ва марг аз њар љой бар ў биёяд1 ва ў мурда набувад; ва аз паси он азоби сахт аст.
18. Сифати онон, ки ба Парвардигори хеш номўътаќид шуданд, (ин аст:) аъмоли онњо монанди хокистар бувад; дар рўзе, ки тундбод дорад, бод дар он сахт вазидааст; бар њељ чизе аз он чи касб карда буданд, ќудрат надоранд.2 Ин гумроњии бузург аст.
19. Оё надидї, ки Худо осмонњову заминро ба тадбири муњкам офарид; агар хоњад, шуморо дур кунад ва офариниши нав биёрад.
20. Ва ин бар Худо душвор нест.
21. Ва њама якљо пеши Худо њозир шаванд. Пас, заифон ба гарданкашон гўянд:3 «Ба дурустї ки мо тобеи шумо будем, пас, оё шумо порае аз азоби Худоро аз мо дафъкунанда њастед?» Гўянд: «Агар Худо ба мо роњ менамуд, шуморо роњнамої мекардем; барои мо баробар аст, ки изтироб кунем ё шикебої варзем; моро њељ махласе нест».
22. Ваќте ки кор файсала карда шавад,4 Шайтон гўяд: «Ба дурустї ки Худо ба шумо ваъда дод – ваъдаи рост; ва ман ба шумо ваъда додам; пас, ман бо шумо хилофи ваъда кардам; ва маро бар шумо њељ тасаллуте набуд; лекин он буд, ки шуморо бихондам; пас, шумо сухани маро ќабул кардед. Пас, маро маломат макунед ва хешро маломат кунед; ман фарёдраси шумо нестам ва шумо фарёдраси ман нестед. Њамоно ман аз он, ки пеш аз ин маро шарик муќаррар кардед, безор шудам. Ба дурустї ки барои ситамкорон азоби дарддињанда њаст».
23. Ва онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, ба њукми Парвардигори хеш ба бињиштњое дароварда шаванд, ки зери он љўйњо меравад; дар он љо љовидонанд; он љо дуои хайрашон бо якдигар «салом» аст.
24. Оё надидї, чї гуна Худо достонеро падид овард: сухани покизаро ба дарахти покиза монанд кард, ки бехаш устувор бошад ва шохаш дар осмон аст –
25. мевањои худро ба њукми Парвардигори хеш њар фасле медињад? Худо масалњоро барои мардумон падид меорад, то бувад ки пандпазир шаванд.
26. Ва њоли сухани нопок монанди дарахти нопок аст, ки аз болои замин барканда бошад; онро њељ истиќроре нест.
27. Ва Худо мўъминонро дар зиндагонии дунё ва дар охират ба сухани дуруст устувор медорад ва Худо ситамкоронро гумроњ месозад; ва Худо он чи мехоњад, мекунад.
28. Оё касонеро надидї, ки неъмати Худоро ба носипосї бадал карданд1 ва ќавми худро ба сарои њалокї фуруд оварданд,
29. ки дўзах аст; ба он љо дароянд? Ва он бад ќароргоње аст.
30. Ва барои Худо њамтоён муќаррар карданд, то (оламро) аз роњи Ў гумроњ кунанд. Бигў: «Бањраманд шавед, њамоно бозгашти шумо ба сўи оташ аст».
31. Ба он бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигў, то намозро барпо доранд ва аз он чи Мо ба онњо рўзї додем пинњону ошкоро, харљ кунанд – пеш аз он, ки рўзе биёяд, ки дар он на харидуфурўш њаст ва на бо якдигар дўстї бувад.
32. Худо Он аст, ки осмонњову заминро офарид ва аз осмон обро фурў фиристод; пас, ба он об аз ќисми мевањо рўзї барои шумо берун овард; ва киштиро барои шумо ром сохт, то ба њукми Ў дар дарё биравад; ва љўйњоро барои шумо ром сохт.
33. Ва офтобу моњро, ки њамеша равандагонанд, барои шумо ром сохт; ва шабу рўзро барои шумо ром сохт.
34. Ва аз њар чи хостед, барои шумо дод. Ва агар неъмати Худоро бишуморед, онро ињота карда натавонед. Њамоно инсон ситамкори носипос аст.
35. Ва (ёд кун) чун Иброњим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шањрро љои амн бикун; ва марову фарзандони маро аз он, ки ибодати бутон кунем, дур дор.
36. Эй Парвардигори ман, ин бутон бисёре аз мардумонро гумроњ кардаанд; ва њар ки пайравии ман кунад, пас, њамоно ў аз они ман аст; ва њар ки маро нофармонї кунад, пас, ба дурустї ки Ту Омурзандаи Мењрубон њастї.
37. Эй Парвардигори мо, њамоно ман баъзеи авлоди худро ба водии безироат, назди Хонаи мўњтарами Ту сокин сохтам; эй Парвардигори мо, то намозро барпо доранд; пас дилњои чанде аз мардумонро ба сўи онњо раѓбаткунанда бикун ва ба онњо аз мевањо рўзї дењ, то бувад ки сипосдорї кунанд.
38. Эй Парвардигори мо, ба дурустї, Ту он чиро медонї, ки пинњон медорем ва он чиро, ки ошкор мекунем. Ва њељ чизе дар замину дар осмон бар Худо пўшида намешавад.
39. Сипос Он Худойрост, ки ба ман – бо вуљуди калонсолї – Исмоил ва Исњоќро ато кард. Њамоно Парвардигори ман Шунавандаи дуо аст.
40. Эй Парвардигори ман, маро ва авлоди маро (низ) барподорандаи намоз бикун. Ва эй Парвардигори мо, дуои маро ќабул кун.
41. Эй Парвардигори мо, рўзе, ки њисоб ќоим шавад, марову модару падари маро ва мўъминонро биомурз».
42. Ва Худоро аз он чи ситамкорон мекунанд, бехабар мапиндор; љуз ин нест, ки онњоро барои рўзе мавќуф медорад, ки дар он чашмњо хира шаванд.
43. Шитобкунандагон, сарњои худ бардорандагон, чашми онњо ба сўяшон бознамегардад ва дилњояшон холї аст.
44. Ва мардумонро аз рўзе битарсон, ки ба онњо азоб биёяд. Пас золимон гўянд: «Эй Парвардигори мо, моро то меоде наздик мавќуф дор, то даъвати Туро ќабул кунем ва расулонро пайравї кунем». (Ба онњо гуфта шавад:) «Оё пеш аз ин ќасам намехўрдед, ки барои шумо њељ заволе набошад?
45. Ва дар манзилњои онон, ки бар хеш ситам карданд, сокин шудед ва барои шумо возењ шуд, ки ба онњо чї кардем. Ва барои шумо достонњо падид сохтем».
46. Ва ба дурустї ки ба бадсиголии хеш бад сиголиданд ва (илми) бадсиголии онњо назди Худо аст. Ва бадсиголии онњо он нест, ки ба сабаби он кўњњо аз љой раванд.1
47. Пас, Худоро хилофкунандаи ваъдаи Худ бо расулони Худ мапиндор. Ба дурустї ки Худо Ѓолиби Соњибинтиќом аст.
48. Рўзе, ки ин замин ба ѓайри он замин ва осмонњо [низ] бадал карда шаванд; ва [њама] ба њузури Худои Ягонаи Ѓолиб зоњир шаванд.
49. Ва он рўз ту гуноњкоронро бибинї, ки дасту по дар занљирњо ба њам бастаанд.
50. Либосашон аз ќатрон2 бошад ва рўи онњоро оташ бипўшад.
51. То Худо њар касеро ба он чи кардааст, љазо дињад. Њамоно Худо Зудњисобкунанда аст.
52. Ин (Ќуръон) хабар расонидан барои мардумон аст,3 то ба он бим карда шаванд; ва то бидонанд: љуз ин нест, ки Вай Худои Ягона аст; ва то соњибони аќл пандпазир шаванд.
15. Сураи Њиљр
Дар Макка нозил шуд ва он наваду нўњ оят ва шаш рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Ро. Ин оятњои Китоб(-и илоњї) ва Ќуръони равшан аст.
2. Басо бувад ки кофирон дўст доранд: кош мусулмон мебуданд!
3. Онњоро бигузор, то бихўранд ва бањраманд шаванд ва умед(-и дароз) онњоро машѓул кунад; пас, хоњанд донист.
4. Ва Мо њељ дењеро њалок накардем, магар он ки барои вай навиштае маълум буд.
5. Ва њељ гурўње аз муддати худ пеш намеравад ва бозпас намемонад.
6. Ва (кофирон) гуфтанд: «Эй касе, ки бар вай Ќуръон фуруд оварда шудааст, њамоно ту девонаї!
7. Агар аз ростгўён њастї, чаро фариштагонро пеши мо намеорї?»
8. Мо фариштагонро фурў намефиристем, магар ба тадбири муњкам; ва он гоњ мўњлат додашуда набошанд.
9. Ба дурустї ки Мо Ќуръонро фурў фиристодем ва њамоно Мо онро Нигањбон њастем.
10. Ва њамоно пеш аз ту (пайѓамбаронро) дар фирќањои пешиниён фурў фиристодем.
11. Ва њељ фиристодае ба онњо намеомад, магар он ки ба ў тамасхуркунанда буданд.
12. Њамчунин истењзоро дар дили гуноњкорон1 дармеорем,
13. ки ба Ќуръон имон намеоранд; ва ба дурустї ки оини пешиниён гузаштааст.
14. Ва агар бар онњо даре аз осмон бикушоем, пас, ба ин сифат шаванд, ки аз он боло мераванд,
15. – албатта, гўянд: «Љуз ин нест, ки чашмњои мо банд карда шуд, балки мо ќавме љодузада њастем».
16. Ба дурустї ки дар осмон бурљњо пайдо кардем ва онро барои бинандагон биоростем.
17. Ва онро аз њар Шайтони рондашуда нигоњ доштем.
18. Магар он кас, ки дуздида шунавад, пас оташи ошкор дар паи вай афтад.
19. Ва заминро густуронидем ва дар он љо кўњњоро андохтем ва дар он љо аз љинси њар чизи санљида рўёнидем.2
20. Ва дар он љо барои шумо асбоби маишат сохтем ва (барои шумо) онро сохтем, ки шумо рўзидињандаи он нестед.3
21. Ва њељ чиз нест, магар он ки хизонањои он назди Мост ва онро љуз ба андозаи муќаррар фурў намеорем.
22. Ва бодњои бордоркунандаи абрро фиристодем ва аз осмон обе фуруд овардем, пас шуморо аз он об нўшонидем; ва шумо љамъкунандаи он нестед.
23. Ва њамоно Мо зинда месозем ва мемиронем ва Мо Ворис њастем.
24. Ва ба дурустї ки аз миёни шумо пешиниёнро донистаем ва ба дурустї ки пасиниёнро донистаем.
25. Ва ба дурустї ки Њамон Парвардигори ту онњоро бармеангезад. Њамоно Ў Устуворкори Доно аст.
26. Ва ба дурустї ки одамиро аз гили хушк, аз ќисми лои сиёњи бўйгирифта офаридем.
27. Ва љинро пеш аз ин аз оташи сўзон пайдо кардем.
28. Ва (ёд кун) чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт: «Њамоно Ман Офаринандаи одамї њастам – аз гили хушки аз ќисми лои сиёњи бўйгирифта.
29. Пас, чун ўро рост кунам ва дар вай аз рўњи Худ бидамам, дар пеши ў саљдакунон биафтед».
30. Пас, њамаи фариштагон якљо саљда карданд,
31. магар Иблис – аз он сар боззад, ки бо саљдакунандагон бошад.
32. (Худо) гуфт: «Эй Иблис, туро дар ин чист, ки бо саљдакунандагон намебошї?»
33. Гуфт: «Ман њаргиз [он] нестам, ки одамиро саљда кунам, ки Ту ўро аз гили хушки аз ќисми лои сиёњи бўйгирифта пайдо кардаї».
34. Гуфт: «Пас, аз бињишт берун шав, њамоно ту рондашуда њастї!
35. Ва ба дурустї ки то рўзи ќиёмат бар ту лаънат аст».
36. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман то рўзе мўњлат дењ, ки (мардумон) барангехта шаванд».
37. Гуфт: «Њамоно ту аз мўњлат додашудагон њастї,
38. то рўзи он ваќти муайян».
39. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба сабаби он, ки маро гумроњ кардї, албатта, дар замин гуноњро барояшон биороям ва албатта, њамаи онњоро якљо гумроњ созам,
40. магар, аз миёни онњо бандагони холискардаи Ту».
41. (Худо) гуфт: «Ин (ихлос) роње рост аст, ки бар Ман мерасад.
42. Ба дурустї ки туро бар бандагони Ман ѓалаба нест. Лекин (ѓалабаи ту) бар касе аз гумроњон бошад, ки туро пайравї кунад».
43. Ва њамоно дўзах ваъдагоњи њамаи онњо якљо аст.
44. Онро њафт дар аст, барои њар даре аз гумроњон њиссае људо карда шудааст.
45. Ба дурустї ки парњезгорон дар бўстонњову чашмањо бошанд.
46. (Ба онњо гуфта шавад:) «Ба саломатї, эмин шуда, дар ин љо дароед».
47. Ва он чиро аз кина, ки дар синањояшон бувад, берун кашем; бародари якдигар шуда, бар тахтњо рў ба рўи якдигаранд.
48. Дар он љо ба онњо њељ ранље нарасад ва онњо аз он љо берун карда нашаванд.
49. Ба бандагони Ман хабар дењ, ки Ман Омурзандаи Мењрубонам;
50. ва он, ки азоби Ман – њамон азоби дарддињанда аст.
51. Ва ба онњо аз мењмонони Иброњим хабар дењ.
52. Чун бар вай дохил шуданд, пас, салом гуфтанд, (Иброњим) гуфт: «Њамоно мо аз шумо тарсонем».
53. Гуфтанд: «Матарс, ба дурустї ки мо туро ба фарзанде доно мужда медињем».
54. Гуфт: «Бо вуљуди он, ки ба ман пирї расидааст, маро башорат медињед; пас, ба чї чиз башорат медињед?»
55. Гуфтанд: «Мо ба ростї туро мужда додем, пас, аз ноумедон мабош».
56. Гуфт: «Ба љуз гумроњон, кист, ки аз рањмати Парвардигори худ ноумед шавад?»
57. Гуфт: «Пас, хабари шумо чист, эй фиристодагон?»
58. Гуфтанд: «Њамоно мо ба сўи гурўњи гуноњкорон фиристода шудем,
59. ба љуз касони Лут; њамоно мо њамаи онњоро якљо, албатта, наљот хоњем дод,
60. – ѓайр аз занаш. Мо муќаррар кардаем, ки вай њамоно аз бозмондагон бошад».
61. Пас, ваќте ки фиристодагон ба касони Лут омаданд,
62. гуфт: «Ба дурустї ки шумо гурўње ноошно њастед».
63. Гуфтанд: «Балки он чиро, ки дар он шубња мекарданд,1 пеши ту овардаем.
64. Ва ваъдаи ростро пеши ту овардаем; ва њамоно мо, албатта, ростгў њастем.
65. Пас, ба порае аз шаб касони худро бибар ва ту аз паи онњо рав; ва бояд ки њељ кас аз шумо бозпас нанигарад; ва ба он љое, ки ба шумо фармуда шавад, биравед».
66. Ва ба сўи Лут ин суханро вањй фиристодем, ки чун ба ваќти субњ дароянд, бехи онњо бурида шавад.
67. Ва ањли шањр хушваќтикунон омаданд.
68. (Лут) гуфт: «Њамоно онњо мењмони мананд; пас, маро расво макунед.
69. Ва аз Худо битарсед ва маро хор макунед».
70. Гуфтанд: «Оё туро аз (мизбонии) ѓарибон манъ накарда будем?»
71. Гуфт: «Агар коре карданї њастед, инњо духтарони ман њастанд».2
72. Ќасам ба зиндагонии ту, ки ин кофирон дар гумроњии хеш саргардон мешаванд.3
73. Пас, чун ба ваќти тулўи офтоб даромаданд, овози њавлнок онњоро дарёфт.
74. Пас, болои он шањрњоро зери он сохтем ва бар онњо санг аз навъи санггил4 боронидем.
75. Ба дурустї ки дар ин ќисса барои ибратгирандагон нишонањо њаст.
76. Ва њамоно он шањрњо дар (сари) роњеанд, ки доим омадурафт дорад.
77. Ба дурустї, дар ин барои мўъминон нишона њаст.
78. Ва ба дурустї ки ањли Айка аз ситамкорон буданд.
79. Пас, аз онњо интиќом кашидем ва њар ду5 ба роњи ошкор њастанд.
80. Ва ба дурустї ки сокинони Њиљр6 пайѓамбаронро дурўѓ шумурданд.
81. Ва оятњои худро ба онњо расонидем, пас, аз он рўгардон шуданд.
82. Ва эмин шуда, аз кўњњо хонањо тарошида месохтанд.
83. Пас, њангоми субњ овози сахт онњоро гирифт.
84. Пас, он чи касб мекарданд, аз онњо [чизеро] дафъ накард.
85. Ва Мо осмонњову замин ва он чиро, ки мобайни онњост, љуз ба тадбири дуруст наофаридем. Ва ба дурустї ки ќиёмат омаданист. Пас, ба даргузаштани некў даргузар.1
86. Њамоно Парвардигори ту Офаринандаи Доно аст.
87. Ва ба дурустї ки ба ту њафт ояти мукаррар хондашаванда2 ва Ќуръони бузургро додем.
88. Ба сўи он чиз, ки бо он љамоатњое аз кофиронро бањраманд сохтаем, ду чашми худро боз макун ва барои онњо андўњнок машав; ва барои мўъминон бозуи худро паст бикун.3
89. Ва бигў: «Њамоно ман бимкунандаи ошкорам».
90. Монанди он чи бар таќсимкунандагон фуруд оварда будем4 –
91. онон, ки Китоби илоњиро пора-пора сохтанд.5
92. Пас, ќасам ба Парвардигори ту, албатта, аз њамаи онњо якљо суол мекунем –
93. аз он чи мекарданд.
94. Пас, он чиро, ки ба он фармуда мешавї, ошкор кун ва аз мушрикон рўй бигардон.
95. Њамоно Мо туро аз (шарри) тамасхуркунандагон Басандаем –
96. онон, ки бо Худо маъбуди дигарро муќаррар мекунанд, пас, зуд бидонанд.
97. Ба дурустї, Мо (њоли) туро медонем, ки ба сабаби он чи мегўянд, синаи ту танг мешавад.
98. Пас, Парвардигори худро бо ситоиш ба покї ёд кун ва аз саљдакунандагон бош.
99. Ва Парвардигори худро ибодат кун, то ваќте ки ба ту марг бирасад.
16. Сураи Нањл (Занбўри асал)
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду бисту њашт оят ва шонздањ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Њукми Худо [наздик] омад,6 пас онро ба шитоб талаб макунед. Худо аз он чи шарики Ў муќаррар мекунанд, Поку Баландќадр аст.
2. Фариштагонро бо вањй ба иродаи Худ бар њар кас аз бандагони Худ, ки хоњад, фуруд меорад, ки битарсонед, (ба ин мазмун) ки: «Њељ маъбуде нест, магар Ман; пас, аз Ман битарсед».
3. Осмонњову заминро ба тадбири дуруст офарид, Баландќадр аст аз он чи, ки ба Ў шарик муќаррар мекунанд.
4. Одамиро аз манї офарид, пас, ногањон вай ситезандаи ошкоро шуд.
5. Ва чањорпоёнро офарид; аз онњо барои шумо пўшише ва манфиатњои дигар аст; ва баъзеи онњоро мехўред.
6. Ва чун онњоро (ваќти шом аз чаро) бозмеоред ва чун (ба чаро) сар медињед, шуморо дар онњо обрўе њаст.
7. Ва борњои шуморо ба сўи шањре бармедоранд, ки њаргиз ба он намерасидед, магар ба машаќќати љонњо. Њамоно Парвардигори шумо Бахшояндаи Мењрубон аст.
8. Ва аспону астарону харонро [барои он] (офарид), то бар онњо савор шавед; ва барои ороиш; ва он чиро, ки шумо намедонед, меофаринад.
9. Ва роњи миёна бар Худо мерасад; ва баъзе роњњо каљ аст. Ва агар Вай мехост, њамаи шуморо якљо роњ менамуд.
10. Ў Он [Худой] аст, ки аз осмон обро фуруд овард; барои шумо аз он оби ошомиданї аст; ва аз он об гиёњ аст, ки дар он [чањорпоёнатонро] мечаронед.
11. Ба сабаби об [барои] шумо зироат ва зайтун ва дарахтони хурмову ангур ва аз њар љинс мевањоро мерўёнад. Њамоно, дар ин барои гурўње, ки тафаккур мекунанд, нишонае њаст.
12. Ва барои шумо шабу рўз ва офтобу моњро мусаххар кард; ва ситорагон ба фармони Вай мусаххаранд. Њамоно, дар ин барои гурўње, ки ба аќл дармеёбанд, нишонањое њаст.
13. Ва (мусаххар кард) он чи дар замин барои шумо гуногунранг1 офарид. Њамоно дар ин барои гурўње, ки панд мепазиранд, нишонае њаст.
14. Ва Ў Он [Худой] аст, ки дарёро мусаххар сохт, то аз он гўшти тоза2 бихўред ва то аз он перояе3 берун оред, ки онро бипўшед. Ва киштињоро дар дарё раванда мебинї. Ва (дарёро мусаххар кард) то аз фазли Ў талаби маишат кунед ва то бувад ки шукр кунед.
15. Ва дар замин кўњњои муњкамро афканд – барои эњтироз аз он, ки шуморо биљунбонад ва љўйњо ва роњњоро (офарид), то бувад ки роњёб шавед.
16. Ва нишонањо (офарид); ва онњо бо ситорагон роњ меёбанд.
17. Оё Он, ки меофаринад, монанди касе аст, ки намеофаринад?! Оё панд намегиред?
18. Ва агар неъмати Худоро бишуморед, онро ињота накунед. Ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.
19. Ва он чиро, ки пинњон медоред ва он чиро, ки ошкоро мекунед, Худо медонад.
20. Ва онон, ки (кофирон) онњоро ба љуз Худо мепарастанд, чизеро намеофаринанд ва худашон офарида мешаванд.
21. Мурдагонанд, на зиндагон; ва намедонанд, ки барангехта хоњанд шуд.
22. Маъбуди шумо Худои Ягона аст. Пас, онон, ки ба охират мўътаќид намешаванд – дилњояшон инкоркунанда аст ва онњо саркашанд.
23. Бешубња, Худо он чиро, ки пинњон медоранд ва он чиро, ки ошкор мекунанд, медонад; њамоно Ў саркашонро дўст надорад.
24. Ва чун ба онњо гуфта шавад: «Он чи Парвардигори шумо фурў фиристодааст, чист?» Гўянд: «Афсонањои пешиниён аст».
25. То он ки рўзи ќиёмат бори гуноњони хешро ба тамом бардоранд ва низ аз борњои касоне (бардоранд), ки онњоро ба ѓайри дониш гумроњ месозанд. Огоњ шавед: бад аст он чи бармедоранд.
26. Њамоно онон, ки пеш аз онњо буданд, бадандешї карданд. Пас, фармони Худо ба сўи имораташон аз љониби бунёдњо биёмад; пас саќф аз болояшон бар онњо афтод; ва азоб аз он љониб, ки намедонистанд, ба онњо омад.
27. Сипас, рўзи ќиёмат онњоро расво кунаду гўяд: «Куљоанд он шарикони Ман, ки шумо дар шаъни онњо [бо пайѓамбар ва мўъминон] мухолифат мекардед?» Ањли илм гўянд: «Ба дурустї ки имрўз расвої ва сахтї бар кофирон аст,
28. – онон, ки фариштагон арвоњи онњоро мегиранд – [дар он] њол, ки бар хеш ситамкор буданд; пас, (он кофирон) пайѓоми гардан нињоданро андозанд, ки мо њељ амали бад њаргиз намекардем. (Гуфта шавад:) «Оре, ба дурустї ки Худо ба он чи мекардед, Доно аст.
29. Пас, ба дарвозањои дўзах дароед; он љо љовидонед». Пас, бад аст љои саркашон.1
30. Ва ба парњезгорон гуфта шавад: «Парвардигори шумо чї чизро фурў фиристод?» Гўянд: «Бењтарин (сухан)-ро». Барои онон, ки дар ин сарой некўкорї карданд, њолати нек аст; ва њамоно сарои охират бењтар аст ва ба дурустї ки (охират) некў сарои парњезгорон аст:
31. бўстонњои њамеша мондан, ки ба он љо дароянд; зери он љўйњо меравад; ва дар он љо њар чи хоњанд, барояшон њаст. Худо ба парњезгорон њамчунин љазо медињад –
32. онон, ки фариштагон арвоњи онњоро мегиранд – [дар он] њол, ки шодмон бошанд; гўянд: «Салом бар шумо бод! Ба љазои он чи мекардед, ба бињишт дароед».
33. (Кофирон) интизории љуз он намекашанд, ки ба онњо фариштагон биёянд;2 ё фармони Парвардигори ту биёяд.3 Касоне, ки пеш аз онњо буданд, њамчунин карданд. Ва Худо бар онњо ситам накард, валекин онњо бар хеш ситам мекарданд.
34. Пас, ба онњо љазои гуноњони аъмолашон расид ва он чи, ки ба он истењзо мекарданд, ба онњо фуруд омад.
35. Ва мушрикон гуфтанд: «Агар Худо мехост, на мо ва на падарони мо њељ чизро ба љуз Вай намепарастидем ва ба ѓайри фармони Вай њељ чизро њаром намедонистем». Касоне, ки пеш аз онњо буданд, њамчунин карданд. Пас бар [ўњдаи] пайѓамбарон ба љуз хабар расонидани ошкоро [чизе] нест.
36. Њамоно дар њар гурўње пайѓамбареро фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бутон эњтироз кунед. Пас, аз онњо касе буд, ки Худо ба вай роњ намуд; ва аз онњо касе буд, ки гумроњї бар вай собит шуд. Пас, дар замин сайр кунед ва бинигаред, ки охири кори дурўѓдорандагон чї гуна шуд.
37. Агар бар њидояти онњо кўшиш кунї (чї суд)? Пас, ба дурустї ки Худо касеро, ки гумроњ месозад, роњ наменамояд; ва онњоро њељ ёридињандае нест.
38. Ва ба муњкамтарин савгандњои худ ба Худо ќасам мехўранд, ки Худо мурдаро барнамеангезад. Оре, (барангезад) – ваъдаи дурусте, ки бар Вай лозим шудааст; валекин бештарини мардумон намедонанд.
39. (Оре, барангезад,) то ки барояшон он чиро, ки дар он ихтилоф мекунанд, баён кунад ва то кофирон бидонанд, ки онњо дурўѓгў буданд.
40. Фармони Мо барои чизе, ки чун офариданашро хоњем, ба љуз ин нест, ки онро гўем: «Бишав!» Пас бишавад.
41. Ва онон, ки аз баъди он ки бар онњо ситам карда шуд, барои Худо тарки диёри худ карданд, албатта, ба онњо дар дунё ба сарои нек љой медињем;1 ва агар медонистанд, њамоно музди охират бузургтар аст –
42. онон, ки сабр карданд ва бар Парвардигори хеш таваккул менамоянд.
43. Ва Мо пеш аз ту [касеро] нафиристодем, магар мардонеро, ки ба сўяшон вањй фиристодем. Агар намедонед, пас, аз ањли Китоб суол кунед.2
44. Онњоро ба далелњо ва китобњо (фиристодем). Ва ба сўи ту Китобро фуруд овардем, то барои мардумон шариатеро, ки ба сўяшон фуруд оварда шудааст, баён кунї; ва то бувад ки онњо тафаккур кунанд.
45. Оё онон, ки тадбирњои бад андешиданд,3 аз он эмин шуданд, ки Худо онњоро ба замин фурў барад; ё аз он љое, ки намедонанд, азоб бар онњо биёяд?
46. Ё [Худо] онњоро дар омадушудашон бигирад? Пас онњо ољизкунанда нестанд.
47. Ё онњоро баъди тарс бигирад?4 Пас, ба дурустї ки Парвардигори шумо Бахшояндаи Мењрубон аст.
48. Оё онро надидаанд, ки Худо аз њар чизе пайдо кардааст ва сояњои он аз љониби росту аз љониби чап мегардад, дар њоле ки барои Худо саљдакунон хор шудааст.
49. Ва аз ќисми љунбанда он чи дар осмонњост ва он чи дар замин аст ва фариштагон (низ) ба Худо саљда мекунанд ва онњо саркашї намекунанд.
50. Аз Парвардигори худ, ки болояшон Ѓолиб аст, метарсанд ва он чи фармуда мешаванд, мекунанд.
51. Ва Худо гуфт: «Ду маъбудро фаро магиред. Љуз ин нест, ки Вай Маъбуди Ягона аст. Пас, аз Ман битарсед!»
52. Ва он чи дар осмонњову замин аст, аз они Ўст; ва ибодати лозимшуда аз барои Ўст. Оё аз ѓайри Худо метарсед?
53. Ва аз неъмат он чи бо шумо аст, аз љониби Худо аст; боз чун ба шумо сахтї расад, пас ба сўи Ў менолед.
54. Сипас, чун сахтиро аз сари шумо бардорад, ногањон фариќе аз шумо ба Парвардигори худ шарик муќаррар мекунанд,
55. то ба он чи онњоро додем, носипосї кунанд. Пас, бањраманд шавед ва зуд хоњед донист.
56. Ва аз он чи ба онњо рўзї додем, њиссае барои чизе муќаррар карданд, ки [њаќиќати] онро намедонанд.1 Ба Худо ки аз он чи ифтиро мекардед, албатта, пурсида хоњед шуд.
57. Ва барои Худо духтаронро муќаррар мекунанд – Пок аст Ў! Ва барои хеш – он чиро, ки раѓбат менамоянд,2 (муќаррар мекунанд).
58. Ва агар ба яке аз онњо ба таваллуди духтар мужда дода шавад, рўи ў сиёњ гардад ва ў аз андўњ пур бошад.
59. Ба сабаби нохушии он чи, ки ба вай мужда дода шуд, аз ќавм пинњон шавад; (ба андеша афтад, ки) оё ўро ба хорї боќї гузорад ё дар хок дарорад? Огоњ шавед: бад аст њукми онњо!
60. Ононро, ки ба охират мўътаќид намешаванд, сифати бад аст; ва Худоро сифати баланд аст. Ва Ў Ѓолиби Боњикмат аст.
61. Ва агар Худо мардумонро ба сабаби ситами онњо гирифтор мекард, бар замин њељ љунбандаеро намегузошт; валекин онњоро то ваќте муќаррар мавќуф медорад. Пас, чун он ваќти муќаррарашон бирасад, на соате бозмонанд ва на [соате] пеш раванд.
62. Ва он чиро, ки [худ] нописанд медоранд, барои Худо муќаррар мекунанд3 ва [бо] забонашон сухани дурўѓро баён мекунанд, ки некўї аз они онњо аст.4 Дар он шубњае нест, ки барои онњо оташ бошад; ва [дар] он, ки онњо (ба дўзах) пешфиристодагонанд.
63. Ба Худо ќасам, ки њамоно Мо ба сўи умматоне, ки пеш аз ту буданд, (пайѓамбарон) фиристодем; пас Шайтон кирдорњои онњоро барояшон биорост; пас, имрўз ў ёри онњо аст; ва барои онњо азоби дарддињанда њаст.
64. Ва Мо Китобро бар ту фурў наовардем, магар барои он, ки барояшон он чиро, ки дар он ихтилоф карданд, баён кунї; ва то он, ки барои ќавме, ки мегараванд, роњ намудан ва бахшоиш [бошад].
65. Ва Худо аз осмон обро фуруд овард, пас бо он заминро баъди марги он зинда сохт. Њамоно дар ин барои гурўње, ки мешунаванд, нишонае њаст.
66. Ва ба дурустї ки дар чањорпоён барои шумо панде њаст: аз љумлаи он чи дар шиками вай аст, аз миёни саргину хун шири холис ба шумо менўшонем, ки барои ошомандагон гуворост.
67. Ва аз мевањои дарахтони хурмо ва дарахтони ангур (ќисме њаст, ки аз он) [њам] шароби масткунанда ва [њам] ризќи њалол месозед. Њамоно дар ин барои гурўње, ки ба аќл дармеёбанд, нишонае њаст.
68. Ва Парвардигори ту ба сўи занбўри асал илњом фиристод, ки аз кўњњо ва аз дарахтон ва аз он чи (мардумон) бино мекунанд, хона бисоз.
69. Сипас, аз њар љинс мева бихўр ва [ба] роњњои Парвардигори хеш ром шуда, бирав. Аз шиками ин занбўрон ошомидание бармеояд, ки рангњои он гуногун аст; дар он (ошомиданї) барои мардумон шифо аст. Њамоно дар ин (муќаддима) барои гурўње, ки таваккул мекунанд, нишонае њаст.
70. Ва Худо шуморо офарид, сипас шуморо бимиронад; ва аз шумо касе њаст, ки ба хортарин умр бозгардонида мешавад, то он ки баъди донистан чизеро надонад. Ба дурустї ки Худо Донои Тавоно аст.
71. Ва Худо баъзеи шуморо бар баъзе дар рўзї фазл дод; пас, онон, ки афзунї дода шуданд, бар мамлукони худ рўзии худро бозгардонанда нестанд, то њамаи онњо дар рўзї баробар бошанд. Оё неъмати Худоро инкор менамоянд?
72. Ва Худо аз љинси шумо барои шумо занонро офарид ва аз занонатон барои шумо писарону наберагонро офарид ва ба шумо аз покизањо рўзї дод. Оё онњо ба ботил мўътаќид мешаванд ва ба неъмати Худо носипосї менамоянд
73. ва ба љуз Худо касонеро мепарастанд, ки барояшон чизе аз осмонњову замин рўзї дода наметавонанд ва ќодир намешаванд?
74. Пас, барои Худо достонњо баён макунед. Ба дурустї ки Худо медонад ва шумо намедонед.
75. Худо достони бандаи мамлукеро баён кард, ки бар њељ чизе тавоної надорад; ва касеро, ки аз назди Худ ба ў рўзии нек додем; вай аз он рўзї пинњону ошкоро харљ мекунад: оё баробар мешаванд? (Њама) ситоиш Худоро аст, балки аксари онњо намедонанд.
76. Ва Худо достони (дигари) ду мардро баён кард: яке аз онњо гунг аст, бар чизе ќудрат надорад ва ў бар хољаи худ гарон аст; њар љо, ки ўро фиристад, аз он љо некие наорад – оё ин шахс ва касе, ки (мардумонро) ба адл мефармояд ва худаш бар роњи рост аст, баробаранд?
77. Ва (илми) пинњони осмонњову замин аз они Худо аст. Ва кори ќиёмат1 [чизе] нест, магар монанди чашм задан, балки ў наздиктар аст. Ба дурустї ки Худо бар њама чиз Тавоно аст.
78. Ва Худо шуморо аз шикамњои модаронатон берун овард ва шумо чизеро намедонистед; ва барои шумо шунавої ва чашмњо ва дилњо пайдо сохт, то бувад ки шукр кунед.
79. Оё ба сўи мурѓони ромшуда дар њавои осмон нанигаристанд? Касе ба љуз Худо онњоро нигоњ намедорад. Њамоно дар ин барои гурўње, ки имон меоранд, нишонањое њаст.
80. Ва Худо аз хонањоятон барои шумо љои сукунат сохт ва барои шумо аз пўсти чањорпоён хонањое сохт, ки онро рўзи сафари худ ва рўзи иќомати худ сабук меёбед; ва аз пашми онњо ва вабари2 онњо ва мўи онњо асбоби хона ва бањрамандї (сохт) – то ваќти муќаррар.
81. Ва Худо барои шумо аз махлуќоти Худ сояњо пайдо сохт ва аз кўњњо барои шумо ѓорњо пайдо кард ва барои шумо љомањо сохт, ки шуморо аз гармї нигоњ дорад ва љомањое, ки шуморо аз зарари љанги шумо нигоњ дорад. Њамчунин, неъмати Худро бар шумо тамом медињад, то бувад ки Ислом оред.
82. Пас, агар рўй бигардонанд, љуз ин нест, ки бар ту пайѓом расонидани ошкоро аст.
83. Неъмати Худоро мешиносанд, сипас, онро инкор мекунанд ва бештаринашон кофиранд.
84. Ва он рўз, ки аз њар гурўње гувоњеро барангезем,1 сипас ба кофирон иљозат дода нашавад2 ва на аз онњо бозгашт ба марзиёти илоњї талаб карда шавад.
85. Ва чун ситамкорон азобро бибинанд, (изтироб кунанд), пас, аз онњо сабук карда нашавад ва на онњо мўњлат дода шаванд.
86. Ва чун мушрикон шарикони худро бибинанд, гўянд: «Эй Парвардигори мо, ин љамоа шарикони моанд, ки мо ба љуз Ту мепарастидем». (Пас) шарикон ин суханро ба сўи онњо пайѓом фиристанд: «Ба дурустї ки шумо дурўѓгўед».
87. Ва дар он рўз њама пайѓоми таслимро ба сўи Худо афкананд. Ва он чи ифтиро мекарданд, аз онњо гум гардад.
88. Онон, ки кофир шуданд ва аз роњи Худо боздоштанд3 – ба сабаби он ки фасод мекарданд, ба онњо азобе болои азобе афзун дињем.4
89. Ва он рўз, ки дар њар уммате гувоње аз ќабилаи худашон бар онњо барангезем;5 ва туро бар ин (кофирон) гувоњ биёрем. Ва бар ту Китоб фуруд овардем, ки барои баён кардани њар чиз аст ва барои роњ намудан ва бахшоиш ва мужда додани мусулмонон аст.
90. Њамоно Худо ба инсофу некўкорї ва ато кардан ба хешовандон мефармояд ва аз бењаёї ва кори нописандида ва тааддї манъ мекунад; шуморо панд медињад, то бувад ки шумо пандпазир шавед.
91. Ва ба ањди Худо – чун ањд бандед, вафо кунед ва савгандњоро – баъди муњкам сохтани онњо, машиканед ва ба дурустї ки Худоро бар хеш Нигањбон сохтаед.6 Њамоно Худо он чиро, ки мекунед, медонад.
92. Ва монанди зане мабошед, ки риштаи тофтаи худро баъд аз устуворї пора-пора сохта гусехт. Ва савгандњоятонро дар миёни худ макр масозед, то гурўње аз гурўње афзунтар шавад.7 Љуз ин нест, ки Худо шуморо ба он афзунї меозмояд ва рўзи ќиёмат он чиро, ки дар он ихтилоф менамудед, албатта, бароятон баён кунад.
93. Ва агар Худо мехост, шуморо як гурўњ месохт; валекин њар киро хоњад, гумроњ мекунад ва њар киро хоњад, роњ менамояд. Ва аз он чи мекардед, албатта, пурсида хоњед шуд.
94. Ва савгандњоятонро дар миёни худ даѓо масозед ва он гоњ ќадам – баъди устувориаш – билаѓзад; ва ба сабаби боздоштан аз роњи Худо уќубат бичашед ва барои шумо азоби бузург бошад.
95. Ва ба ивази ањди Худо бањои андакро маситонед; агар донистаед, ба дурустї ки он чи назди Худо аст, барои шумо бењтар аст.
96. Он чи назди шумост, фонї шавад; ва он чи назди Худо аст, поянда аст; ва ба собирон мувофиќи некўтарини он чи мекарданд, муздашонро медињем.
97. Њар ки аз мард ё зан амали нек кунад ва ў мўъмин бошад, њамоно ўро ба зиндагии поке зинда мекунем;1 ва ба он љамоа мувофиќи некўтарини он чи мекарданд, муздашонро медињем.
98. Пас, њар гоњ Ќуръон хондан хоњї, аз Шайтони рондашуда ба Худо паноњ талаб кун.
99. Ба дурустї ки Шайтонро бар онон, ки имон оварданд ва бар Парвардигори худ таваккул мекунанд, ѓалабае нест.
100. Љуз ин нест, ки ѓалабаи ў бар касоне аст, ки дўстдори ў мешаванд ва бар касоне, ки ба Худо шарик муќаррар мекунанд.
101. Ва чун оятеро ба љои ояте бадал кунем2 – ва Худо ба он чи фуруд меорад, Донотар аст – гўянд: «Љуз ин нест, ки ту ифтирокунанда њастї». Балки аксари онњо намедонанд.
102. Бигў: «Онро Рўњу-л-Ќудус ба ростї аз љониби Парвардигори ту фуруд овардааст, то Худо мўъминонро устувор созад ва барои мусулмононро роњ намудан ва мужда додан.
103. Њамоно Мо медонем, ки кофирон мегўянд: «Љуз ин нест, ки ин пайѓамбарро одамие меомўзад». Забони касе, ки ба сўи ў нисбат мекунанд, аљамї аст; ва ин (Ќуръон) забони арабии возењ аст.
104. Ба дурустї ки Худо касонеро, ки ба оёти Худо имон намеоранд, роњ наменамояд ва барои онњо азоби дарддињанда аст.
105. Љуз ин нест, ки дурўѓро касоне ифтиро мекунанд, ки ба оятњои Худо имон надоранд ва онњо дурўѓгўянд.
106. Њар ки баъди имони худ ба Худо кофир шавад – магар он кас, ки бар вай љабр карда шавад ва дилаш ба имон орамида бошад; валекин касоне, ки ба куфр сина кушода кунанд,3 хашме аз Худо бар онњо аст ва барои онњо азоби бузург аст.
107. Ин (хашм) ба сабаби он аст, ки онњо зиндагонии дунёро бар охират дўст доштанд ва (ба сабаби он аст, ки) Худо гурўњи кофиронро роњ наменамояд.
108. Онњо он љамоаеанд, ки Худо бар дилњояшон ва гўшњояшон ва дидањояшон мўњр нињодааст ва онњо бехабаронанд.
109. Ва дар он шак нест, ки онњо дар охират зиёнкоранд.
110. Боз, њамоно Парвардигори ту барои касоне, ки њиљрат карданд – баъд аз он, ки уќубат карда шуданд4 – сипас љињод карданд ва сабр намуданд – ба дурустї ки Парвардигори ту баъд аз ин (муќаддима) Омурзгори Мењрубон аст.
111. Он рўз, ки њар шахсе аз зоти худ љидолкунон биёяд ва ба њар шахсе љазои он чи кардааст, ба тамом дода шавад; ва онњо ситам карда нашаванд.
112. Ва Худо достони дењеро баён кард, ки эмину орамида буд, рўзии он ба кушодагї аз њар љое ба ў меомад; пас ба неъматњои Худо носипосї кард. Пас, Худо ба сабаби он чи мекарданд, гуруснагию тарси фарогирро ба онњо чашонид.
113. Ва ба дурустї ки пайѓамбаре аз худашон пеши онњо омад, пас ўро дурўѓї доштанд; пас азоб онњоро фаро гирифт; ва онњо ситамкор буданд.
114. Пас, аз он чи Худо ба шумо рўзї додааст, њалолу покиза бихўред; ва агар Худоро мепарастед, бар неъмати Ў шукр кунед.
115. Љуз ин нест, ки Худо бар шумо мурдору хуну гўшти хук ва он чиро, ки бар забњи он номи ѓайри Худо зикр карда шуда бошад, њаром кардааст; пас њар ки бечора шавад,1 на ситам карда ва на аз њад гузашта бошад, – пас, Худо Омурзгори Мењрубон аст.
116. Ва чизеро, ки забони шумо ба дурўѓ баёни њукми он мекунад, магўед, ки он њалол аст ва ин њаром аст, то бар Худо дурўѓро ифтиро кунед. Њамоно онон, ки бар Худо дурўѓро ифтиро мекунанд, растагор намешаванд.
117. (Онњоро) бањрамандии андак [аст]; ва барояшон азоби дарддињанда бошад.
118. Ва бар яњудиён он чиро, ки пеш аз ин бар ту ќисса хондем, њаром карда будем.2 Ва Мо бар онњо ситам накардем, валекин онњо бар љони хеш ситам мекарданд.
119. Боз, ба дурустї ки Парвардигори ту барои онон, ки ба нодонї кори бад карданд, боз, баъд аз он тавба карданд ва шоистакор шуданд – ба дурустї ки Парвардигори ту баъд аз он (тавба) Омурзгори Мењрубон аст.
120. Њамоно Иброњим бузургворе, барои Худо ибодаткунандае, њанифи кеше3 буд; ва аз мушрикон набуд.
121. Сипосдорандаи неъматњои Худо [буд]. (Худо) ўро баргузид ва ба сўи роњи рост далолат намуд.
122. Ва ба ў дар дунё неъмат ато кардем ва ба дурустї ки ў дар охират аз шоистањолон аст.
123. Баъд аз он ба сўи ту вањй фиристодем, ки њаниф шуда кеши Иброњимро пайравї кун; ва ў аз мушрикон набуд.
124. Љуз ин нест, ки таъзими шанбе бар касоне лозим карда шуд, ки дар он ихтилоф карданд. Ва њамоно Парвардигори ту рўзи ќиёмат миёни онњо дар он чи, ки андар он ихтилоф мекарданд, њукм кунад.4
125. Ба сўи роњи Парвардигори хеш ба донишу панди нек даъват кун;5 ва бо онњо ба тариќе мунозира кун, ки вай нек аст. Ба дурустї, Парвардигори ту ба касе Донотар аст, ки аз роњи Ў гумроњ шуд ва ба роњёфтагон Ў Донотар аст.
126. Ва агар мукофот кунед, пас ба мисли он чи бо шумо муомила карда шуд, мукофот кунед; ва агар сабр кунед – њамоно он (сабр) барои собирон бењтар аст.
127. Ва шикебої кун; ва шикебоии ту љуз ба тавфиќи Худо нест ва бар онњо андўњ махўр; ва аз он, ки бадандешї мекунанд, дар тангдилї мабош.
128. Ба дурустї ки Худо бо парњезгорон аст ва [бо] касоне, ки онњо некўкоранд.
Достарыңызбен бөлісу: |