1. Сураи Фотиња (Кушоянда)


Сураи Исро (Бурдан ба шаб)1



бет11/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   33

17. Сураи Исро (Бурдан ба шаб)1
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду ёздањ оят ва дувоздањ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Пок аст Он, ки бандаи Худро шабе аз Масљиду-л-Њаром ба сўи Масљиди Аќсо, ки гирдогирди он баракат нињодем, бибурд,2 то баъзе нишонањои худро ба ў бинамоёнем. Ба дурустї ки Ў Шунавои Бино аст.

2. Ва ба Мўсо Китоб додем ва онро барои Банї Исроил њидоят сохтем, (гуфтем), ки ба љуз Ман корсозе магиред.

3. Эй фарзандони ќавме, ки онњоро бо Нўњ бардоштем,3 њамоно вай бандаи сипосгузор буд.

4. Ва ба сўи Банї Исроил дар Таврот вањй фиристодем, ки албатта, дар замин ду бор фасод хоњед кард ва албатта, ба саркашии бузург туѓён хоњед кард.

5. Пас, чун ваъдаи бори нахуст аз он ду биёяд, бар шумо – бандагони Худ – соњибони корзори сахтро бифиристем. Пас, миёни хонањо дароянд.4 Ва ваъдаи Худо карданї аст.5

6. Сипас, шуморо бар онњо ѓалаба дињем ва ба шумо пай дар пай амволу фарзандон дињем ва шуморо аз рўи адад бештар созем.6

7. (Ва гўем:) Агар некўкорї кунед, барои љони хеш некўкорї карда бошед; ва агар бадкорї кунед, пас, (он бадї) ба љони шумо аст. Пас, чун ваъдаи дигар биёяд, (боз бандагони Худро бифиристем), то рўи шуморо нохуш созанд ва то ба масљид дароянд – чунон ки бори аввал даромада буданд ва то бар њар чи ѓолиб шаванд, ба афкандане аз по биафкананд.

8. (Гўем:) Парвардигори шумо аз он наздик аст, ки бар шумо рањм кунад ва агар (бо нофармонї) руљўъ кунед, Мо (ба уќубат) руљўъ кунем. Ва дўзахро барои кофирон зиндоне сохтем.

9. Ба дурустї ки ин Ќуръон ба хислате роњ менамояд, ки он дурусттар аст ва ба он мўъминоне, ки корњои шоиста мекунанд, ба он башорат медињад, ки барои онњо музди бузург бошад;

10. ва ин, ки барои касоне, ки ба охират имон наовардаанд, азоби дарддињандае омода кардаем.

11. Ва одамї – монанди дуояш ба некўї – ба бадї дуо мекунад;1 ва одамї шитобкор аст.

12. Шабу рўзро ду нишона сохтем; пас, нишонаи шабро бенур сохтем ва нишонаи рўзро сабаби дидани чизњо сохтем, то фазли Парвардигори худро талаб кунед ва то шумори солњову њисобро бидонед. Ва њар чизеро ба тафсил баён кардем.

13. Ва номаи амали њар одамиро муттасил баста бар гардани ў сохтем. Ва рўзи ќиёмат барои ў номае берун орем, ки онро бозкушода бинад.

14. (Гўем:) «Номаи худро бихон, имрўз нафси ту њисобкунанда бар ту бас аст».

15. Њар ки роњёб шавад, љуз ин нест, ки барои нафъи худ роњёб мешавад. Ва њар ки гумроњ шавад, љуз ин нест, ки бар зарари худ гумроњ мешавад. Ва њељ бардорандае бори дигареро набардорад. Ва Мо то пайѓамбареро нафиристем, азобкунанда нестем.

16. Ва чун хоњем, ки дењеро њалок кунем, ба саркашони он љо мефармоем.2 Пас, он љо нофармонї кунанд ва ваъдаи азоб бар он дења собит шавад, пас, ба барњам задане онњоро барњам занем.

17. Ва басо касро аз табаќоти мардумон баъди Нўњ њалок кардем. Ва Парвардигори ту ба гуноњони бандагони Худ Донои Бино бас аст.

18. Њар ки ба шитоб осудагии дунё хоста бошад, барои њар ки хоњем, њар чи хоњем, вайро дар он љо бидињем; сипас дўзахро барои ў муќаррар кунем; ба њоли накўњидаи рондашуда ба он дарояд.

19. Ва њар ки (савоби) охиратро бихоњад ва барои он саъй кунад – саъйе, ки лоиќи он аст ва ў мўъмин бошад, пас, ин љамоаанд, ки саъяшон маќбул аст.3

20. Њар яке аз ин фирќа ва он фирќаро аз бахшиши Парвардигори ту пай дар пай [бањра] медињем ва бахшиши Парвардигори ту боздошташуда нест.

21. Бибин, чї гуна баъзе мардумонро бар баъзе афзунї додаем. Њамоно охират аз рўи дараљот зиёдтар бувад ва дар афзунї додан бештар бошад.

22. Бо Худо маъбуди дигарро муќаррар макун, он гоњ накўњидаи бе ёр монда бинишинї.

23. Ва Парвардигори ту њукм кард, ки ба љуз Худаш [дигаре]-ро ибодат макунед; ва ба падару модар некўкорї бикунед; агар яке аз онњо, ё њар ду назди ту ба калонсолї бирасанд, пас, ба онњо «уф» магў ва бар онњо бонг мазан ва ба онњо сухани некў бигў.

24. Ва аз љињати мењрубонї бозуи тавозўъро барояшон паст кун ва бигў: «Эй Парвардигори ман, бар онњо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолї парвариш карданд».

25. Парвардигори шумо ба он чи дар замири шумо аст, Донотар аст. Агар шоиста бошед, пас, ба дурустї ки Вай барои руљўъкунандагон Омурзанда аст.

26. Ва ба соњиби ќаробат њаќќи вайро бидењ ва [низ] ба дарвеш ва роњгузар; ва исроф макун исроф карданї.

27. Ба дурустї ки исрофкунандагон бародарони шаётин њастанд ва Шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст.

28. Ва агар ба интизори ризќе аз Парвардигори худ, ки умедвори он бошї, аз ин љамоа рўй бигардонї, пас ба онњо сухани мулоим бигў.

29. Ва дасти худро ба гардани худ баста макун1 ва онро ба тамоми кушодан макушо,2 ки он гоњ маломат кардашудаи3 дармонда гашта4 бинишинї.

30. Њамоно Парвардигори ту рўзиро барои њар ки хоњад, фарох месозад ва танг мекунад; ба дурустї ки Ў ба бандагони Худ Донои Бино аст.

31. Ва фарзандони худро аз тарси тангдастї макушед, Мо ба онњо ва ба шумо рўзї медињем; ба дурустї ки куштани онњо гуноњи азим аст.

32. Ва ба зино наздик машавед; ба дурустї ки вай бењаёї ва бад роње аст.

33. Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) њаром сохтааст, макушед, магар ба њаќ;5 ва њар ки ба ситам кушта шавад, пас вориси ўро ќуввате додаем, пас, бояд ки дар куштан зиёдатї накунад. Ба дурустї ки вай ёрї дода шудааст.

34. Ва ба моли ятим ба љуз ба тариќе, ки он нек аст, наздик машавед, то ки ба нињояти ќуввати худ расад; ва ба ањд вафо кунед; ба дурустї ки аз ањд пурсида хоњад шуд.

35. Ва чун паймоед, паймонаро тамом кунед ва ба тарозуи рост бисанљед, ин бењтар ва аз љињати оќибат некўтар аст.

36. Ва паи чизе марав, ки туро дониши он нест; ба дурустї ки аз њар яке аз гўшу чашму дил пурсида хоњад шуд.

37. Ва дар замин хиромон марав;6 ба дурустї ки ту заминро нахоњї шикофт ва дар дарозї(-и ќомат) ба кўњњо нарасї.

38. Бадфеълии њамаи ин хислатњо назди Парвардигори ту нописандида аст.

39. Ин аз он љумла аст, ки Парвардигори ту аз њикмат ба сўи ту вањй фиристодааст; ва бо Худо маъбуди дигарро муќаррар макун, он гоњ маломат карда шуда, ронда гашта дар дўзах андохта шавї.

40. Оё Парвардигоратон шуморо ба писарон баргузид ва Худ аз фариштагон духтаронро фаро гирифт? Ба дурустї ки шумо сухани гарон мегўед.

41. Ва њамоно Мо дар ин Ќуръон ба њар навъ сухан гуфтем, то пандпазир шаванд; вале љуз рамидан [чизеро] дар њаќќи онњо намеафзояд.

42. Бигў: «Агар – чунон ки мегўянд – бо Худо маъбудони дигар мебуданд, он гоњ ба сўи Худованди Арш роњ(-и мунозиат)-ро талаб мекарданд».

43. Вай аз он чи мегўянд, Пок аст ва ба баландии бузург Баланд аст.

44. Осмонњои њафтгонаву замин ва њар ки дар миёни инњост, Ўро ба покї ёд мекунанд. Ва њељ чиз нест, магар он, ки бо ситоиш Ўро ба покї ёд мекунад, валекин шумо ёд кардани онњоро фањм намекунед; ба дурустї ки Вай Бурдбори Омурзгор аст.

45. Ва чун Ќуръонро мехонї, дар миёни ту ва дар миёни онон, ки охиратро бовар намедоранд, пардаи пўшида месозем.

46. Ва бар дилњояшон пўшишњо менињем, то онро нафањманд ва дар гўшњояшон – гарониро. Ва чун Парвардигори худро ба ягонагї ёд кунї, рамида шуда ба љониби пушти худ рўгардон шаванд.

47. Ваќте ки ба сўи ту гўш менињанд, Мо ба сабаби он чизе, ки мешунаванд, Донотарем1 ва [низ] ваќте ки онњо розгў бошанд; ваќте ки ин ситамкорон мегўянд: «Ба љуз марди љодукарда касеро пайравї намекунед».

48. Бинигар, чї гуна барои ту достонњо заданд; пас гумроњ шуданд ва роњ ёфта наметавонанд.

49. Ва гуфтанд: «Чун устухоне чанд ва аъзои пўсида аз њам пошида шавем, оё ба офариниши нав барангехта шавем?»

50. Бигў: «Санг ё оњан шавед,

51. ё навъе дигар – аз он чи дар хотири шумо бузург намояд». Пас, хоњанд гуфт: «Кї моро боз пайдо кунад?» Бигў: «Он, ки шуморо бори аввал офарид». Сари худро ба сўи ту бозпас хоњанд љунбонид2 ва хоњанд гуфт: «Он кай бошад?» Бигў: «Шояд ки наздик бошад».

52. Рўзе, ки Худо шуморо бихонад, пас шумо (хондани Ўро) њамдгўён ќабул кунед ва гумон кунед, ки ба љуз андаке диранг накарда будед.

53. Ва ба бандагони Ман бигў, ки калимаеро бигўянд, ки он бењтар аст.3 Њамоно Шайтон миёни мардумон низоъ меафканад. Њамоно Шайтон душмани ошкорои одамї аст.

54. Ва Парвардигори шумо ба њоли шумо Донотар аст; агар хоњад, ба шумо рањм мекунад ва агар хоњад, шуморо азоб мекунад. Ва Мо туро4 бар онњо нигоњбон нафиристодаем.5

55. Ва Парвардигори ту ба њар ки дар осмонњову замин њаст, Донотар аст; ва ба дурустї ки баъзе пайѓамбаронро бар баъзе фазл додем; ва ба Довуд Забур додем.

56. Бигў: «Касонеро, ки шумо ба љуз Худо дар њаќќи онњо худоиро гумон доред, бихонед; пас, аз шумо сахтиро бардоштан ё таѓйир додан наметавонанд».

57. Онон, ки кофирон онњоро мепарастанд, [худ] ба сўи Парвардигори хеш ќурбро талаб мекунанд, ки кадом яке аз онњо наздиктар бошад ва (камоли) рањмати Ўро умед доранд ва аз азоби Ў метарсанд. Ба дурустї ки азоби Парвардигори ту тарснок аст.

58. Ва њељ дење нест, магар он ки Мо пеш аз рўзи ќиёмат њалоккунандаи вай, ё ба азоби сахт азобкунандаи ваем. Ин ваъда дар Лавњ навишта шудааст.

59. Ва Моро аз он, ки нишонањо бифиристем, чизе бознадошт, магар он, ки пешиниён онро дурўѓ шумурда буданд; ва ба Самуд шутури модаро додем, то нишона бошад; пас ба вай кофир шуданд. Ва Мо нишонањоро ба љуз барои тарсонидан [барои чизе] намефиристем.

60. Ва (ёд кун) чун туро гуфтем, ки Парвардигори ту (њамаи) мардумонро фаро гирифтааст;1 ва намоишеро, ки ба ту намоёндем; ва дарахтеро, ки дар Ќуръон нафрин карда шуд, ба љуз имтињон барои мардумон [чизи дигар] насохтем.2 Ва онњоро метарсонем ва (тарсонидан) ба љуз саркашии бузург [чизеро] дар њаќќи онњо намеафзояд.

61. Ва (ёд кун) чун ба фариштагон гуфтем: «Ба сўи Одам саљда кунед!» Пас, [њама] саљда карданд, ба љуз Иблис, ки гуфт: «Оё касеро саљда кунам, ки [ўро] аз гил офаридаї?»

62. (Боз) гуфт: «Оё ту ин шахсро дидї, ки бар ман фазл додаї? Агар маро то рўзи ќиёмат мавќуф гузорї, албатта, авлоди ўро – ба љуз андаке – аз бех барканам».

63. (Худо) фармуд: «Бирав ва аз онњо њар касе, ки пайравии ту кунад – пас дўзах сазои њамаи шумо – сазои комил аст.

64. Ва аз онњо њар киро тавонї, ба овози худ аз љой биљунбон ва саворони худ ва пиёдагони худро бар (эњлоки) онњо овоз кун ва бо онњо дар амволу фарзандон шарик шав ва ба онњо ваъда дењ». – Ва Шайтон ба онњо ба љуз фиреб ваъдае намедињад.

65. – «Ба дурустї ки туро бар бандагони Ман њељ ќудрате нест». Ва Парвардигори ту Корсоз бас аст.

66. Парвардигори шумо Он аст, ки киштињоро барои шумо дар дарё равон мекунад, то аз фазли Ў талаб(-и маишат) кунед; ба дурустї ки Ў бар шумо Мењрубон аст.

67. Ва чун дар дарё сахтї ба шумо бирасад, ѓайри Худо њар киро мехонед, [аз хотирњо] гум шавад. Пас чун шуморо ба сўи хушкї халос созад, рўгардон шавед; ва одамї носипос аст.

68. Оё аз он эмин шудаед, ки шуморо ба љонибе аз хушкї фурў барад, ё боди тундеро, ки сангреза афканад, бар шумо бифиристад, сипас барои худ њељ нигањбоне наёбед?!

69. Оё аз он эмин шудаед, ки бори дигар шуморо ба дарё боздарорад, пас, аз љинси бод – боди тундеро бар шумо бифиристад; ва ба сабаби он ки кофир шудед, шуморо ѓарќ гардонад; сипас, ба сабаби он ѓарќ – барои худ њељ бозхосткунандае бар Мо наёбед?!

70. Њамоно, фарзандони Одамро гиромї кардем ва дар биёбону дар дарё онњоро бардоштем;3 ва ба онњо аз покизањо рўзї додем ва онњоро бар бисёре аз он чи офаридаем, ба фазл додане фазл додем.

71. Рўзе, ки њар фирќаро бо пешвояшон бихонем; ва њар кас, ки номаи аъмоли ў ба дасти росташ дода шавад, пас, он љамоа номаи худро бихонанд ва миќдори як ришта ситам карда нашаванд.

72. Ва њар ки дар дунё кўр бошад, вай дар охират низ кўр ва роњро хатокунандатар аст.

73. Ва њамоно наздик буданд, ки туро аз он чи ба сўи ту вањй фиристодем, ба фиреб боздоранд, то ѓайри онро бар Мо барбандї; ва он гоњ туро дўст мегирифтанд.

74. Ва агар он намебуд, ки Мо туро собит доштем, наздик будї, ки ба сўи онњо ба андак майле майл кунї.

75. Он гоњ ба ту дучанд азоби зиндагонї ва дучанд азоби маргро мечашонидем; сипас барои худ мададкунандае бар Мо намеёфтї.

76. Ва њамоно наздик буданд, ки туро аз замин билаѓзонанд, то туро аз он љо љалои ватан кунанд; ва он гоњ пас аз ту ба љуз андаке намонанд –

77. (монанди) равиши касоне аз пайѓамбарони Мо, ки онњоро пеш аз ту фиристодаем; ва барои равиши Мо табдиле нахоњї ёфт.

78. Намозро ваќти заволи офтоб то њангоми торикии шаб барпо дор; ва Ќуръон хондани фаљрро (лозим гир); ба дурустї ки дар Ќуръон хондани фаљр (фариштагон) њозир мешаванд.

79. Ва баъзеи шабро ба Ќуръон бедор бош; (ин шабхезї) ба тариќи зиёда барои туст; наздик аст, ки Парвардигорат туро ба маќоми писандида бидорад.1

80. Ва бигў: «Эй Парвардигори ман, маро дарор – даровардани писандида ва маро берун ор – берун овардани писандида; ва барои ман аз назди Худ ќуввати ёридињанда бидењ».2

81. Ва бигў: «(Дини) њаќ омад ва (дини) ботил нобуд шуд; ба дурустї ки ботил нобудшаванда аст».

82. Ва аз Ќуръон он чиро фуруд меорем, ки вай барои мўъминон шифо ва рањмат аст; ва дар њаќќи ситамкорон ба љуз зиён [чизеро] намеафзояд.

83. Ва чун бар одамї инъом кунем, рўй бигардонад ва бозўи худро печонад; ва чун ба вай сахтї расад, ноумед бошад.

84. Бигў: «Њар касе бар тариќаи худ кор мекунад; пас, Парвардигори шумо ба он касе Донотар аст, ки вай роњро ёбандатар бувад».

85. Ва туро аз Рўњ суол мекунанд, бигў: «Рўњ аз фармони Парвардигори ман аст; ва шумо аз илм, ба љуз андаке, [чизе] дода нашудаед».

86. Ва агар хоњем, он чиро бибарем, ки ба сўи ту вањй фиристодаем; сипас, ба сабаби вай, барои худ корсозе бар Мо наёбї.

87. Лекин (онро боќї гузоштам) ба сабаби рањм аз љониби Парвардигори ту, ба дурустї ки фазли Вай бар ту бузург аст.

88. Бигў: «Агар одамиёну љинниён бар он љамъ шаванд, ки монанди ин Ќуръон биёранд, њаргиз монанди он наоранд – агарчи баъзеашон баъзеро мададдињанда бошанд».

89. Ва ба дурустї ки барои мардумон дар ин Ќуръон аз њар навъ достоне гуногун баён кардем, пас, бештари мардумон ба љуз носипосї [чизеро] ќабул накарданд.

90. Ва гуфтанд: «Њаргиз туро бовар надорем, то он ки барои мо аз замин чашмае љорї кунї;

91. ё туро бўстоне аз дарахтони хурмову ангур бошад, пас, дар миёни он љўйњо ба равон кардане равон кунї;

92. ё – чунон ки гумон мекунї – осмонро бар мо пора-пора фуруд орї; ё Худову фариштагонро рўй ба рўй орї;

93. ё туро хонае аз зар бошад; ё дар осмон боло равї – ва мо боло рафтани туро бовар надорем, то он ки навиштае барои мо фуруд наорї, ки онро бихонем». Бигў: «Пок аст Парвардигори ман, ман ба љуз одамии фиристодашуда [касе] нестам».

94. Ва мардумонро – ваќте ки њидоят ба онњо омад – чизе аз он бознадошт, ки имон оранд, магар он ки гуфтанд: «Оё Худо одамиро пайѓамбар фиристодааст?»

95. Бигў: «Агар дар замин фариштагоне мебуданд, ки оромида [роњ] мерафатанд, њамоно аз осмон фариштаеро бар онњо пайѓамбар мефиристодем».

96. Бигў: «Худо миёни ману миёни шумо Гувоњ бас аст. Ба дурустї ки Вай ба бандагони Худ Донои Бино аст».

97. Ва њар кас, ки Худо ба ў роњ намояд, њамон кас роњёб аст; ва касоне, ки Худо онњоро гумроњ созад, барояшон ба љуз Худо дўстоне наёбї; ва рўзи ќиёмат онњоро бар рўи хеш равоншуда, нобинову гунгу кар сохта, барангезем; љои онњо дўзах аст, њар гоњ оташ фурў нишинад, барояшон онро биафзоем.

98. Ин љазои онњо аст, ба сабаби он, ки ба нишонањои Мо кофир шуданд ва гуфтанд: «Оё чун устухоне чанд ва аъзои аз њам пошида шавем, ба офариниши нав барангехта шавем?»

99. Оё надидаанд, ки он Худое, ки осмонњову заминро офарид, Тавоно аст, ки монанди онњоро биофаринад ва барои онњо меоде сохтааст, ки дар он њељ шубња нест; пас, ситамкорон ба љуз инкор [чизеро] ќабул накарданд.

100. Бигў: «Агар шумо хизонањои бахшиши Парвардигори маро молик мебудед, он гоњ низ ба тарси он, ки њамаро харљ кунед, бахилї мекардед; ва одамї бухлкунанда аст».

101. Ва ба дурустї ки ба Мўсо нўњ нишонаи равшан додем, пас, аз Банї Исроил бипурс, чун ба [назди] онњо омад; пас Фиръавн ба ў гуфт: «Эй Мўсо, њамоно ман туро љодушуда мепиндорам».

102. Гуфт: «Њамоно ту донистаї, ки ин нишонањоро [њамчун] далелњо ба љуз Парвардигори осмонњову замин [касе] нафиристодааст. Эй Фиръавн, ба дурустї ки ман туро њалокшуда мепиндорам».

103. Пас, хост, ки Банї Исроилро аз он замин биљунбонад ва Мо ў ва њамаи онњоеро, ки њамроњи ў буданд, якљо ѓарќ сохтем.

104. Ва пас аз вай ба Банї Исроил гуфтем: «Дар замин сокин шавед; пас, чун ваъдаи охират биёяд, шуморо дарњам омехта биёрем».

105. Ва Ќуръонро ба ростї фурў фиристодем ва ба ростї фуруд омадааст; ва туро нафиристодем, магар [он, ки] муждадињанда ва тарсонанда [бошї].

106. Ва Ќуръонро људо-људо фиристодем, то онро ба диранг бар мардумон бихонї; ва онро [ба дафъањо] ба фурў фиристодане фурў фиристодем.

107. Бигў: «Шумо ба он имон оред, ё имон наоред; њамоно касоне, ки пеш аз ин ба онњо илм дода шуд, чун бар онњо хонда шавад, саљдакунон бар рўи худ меафтанд;

108. ва мегўянд: «Пок аст Парвардигори мо, ба дурустї ки ваъдаи Парвардигори мо шуданї аст».

109. Ва гирякунон бар рўи хеш меафтанд ва (Ќуръон) фурўтании онњоро меафзояд».

110. Бигў: «Худоро бихонед, ё Рањмонро бихонед – њар кадом, ки бихонед, (хуб бошад). Пас, Худойро номњои некў аст». Ва намози худро (ин њама) баланд махон ва онро (ин њама) паст махон ва миёни ину он роње биљўй.

111. Ва бигў: «Ситоиш Худойрост, ки њељ фарзанд нагирифтааст; ва Ўро дар подшоњї њељ шарике нест; ва Ўро ба сабаби нотавонї њељ корсозе нест». Ва Ўро ба таъзим ёд кун – таъзим карданї.
18. Сураи Кањф (Ѓор)
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду дањ оят ва дувоздањ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. (Њамаи) ситоиш Худойро аст, ки бар бандаи Худ Китоб фурў фиристод ва дар он њељ каљї пайдо накард;

2. онро рост сохт, то аз уќубати сахти оянда аз назди Худо битарсонад ва то ба он мўъминон, ки корњои шоиста мекунанд, муждаи онро дињад, ки барои онњо музди нек аст,

3. [ки] дар он њамеша бошандагонанд.

4. Ва то касонеро тарсонад, ки гуфтанд: «Худо фарзанд гирифтааст».

5. Ба ин онњоро њељ донише нест ва падаронашонро набуд. Сахт аст ин сухане, ки аз дањонашон мебарояд; ба љуз дурўѓ [чизе] намегўянд.

6. Пас, магар ту – агар ба ин сухан имон наоранд – аз љињати андўњ дар паи онњо нафси худро кушанда њастї?

7. Њамоно Мо њар чизеро, ки дар замин аст, барои он ороиш сохтем, то онњоро имтињон кунем: кадом кас аз онњо дар амал некўтар аст.

8. Ва ба дурустї ки Мо њар чизеро, ки бар вай њаст, майдони њамвори бегиёњ хоњем сохт.

9. Оё пиндоштї, ки Асњоби Кањф1 ва Раќим2 аз љумлаи нишонањои Мо шигифтовар буданд?

10. Ба ёд ор, ки чун љавонони чанд ба сўи ѓор паноњ бурданд, пас, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бахшише аз назди Худ ба мо бидењ ва дар кори мо роњёбиро барои мо омода соз».

11. Пас, солњое шумурдашуда дар он ѓор бар гўши онњо парда гузоштем.3

12. Сипас, онњоро барангехтем, то бидонем, кадом як аз ду гурўњ миќдори муддатеро, ки диранг карданд, ёд доштааст.

13. Мо хабари онњоро ба ростї бар ту мехонем; њамоно онњо чанде љавонон буданд, ки ба Парвардигори хеш имон оварданд ва Мо ба онњо зиёда њидоят додем.

14. Ва бар дилњояшон ришта бастем4 – чун истоданд, пас, гуфтанд: «Парвардигори мо њамон Парвардигори осмонњо ва замин аст; ба љуз Вай маъбудеро њаргиз нахоњем парастидан; њамоно он гоњ сухани дурўѓ гуфта бошем.

15. Ин ќавми мо ба љуз Ў худоёне гирифтаанд. Чаро дар субути он худоён далеле возењ намеоранд? Пас кист ситамкортар аз касе, ки бар Худо дурўѓро барбандад?»

16. Ва чун аз ин кофирон ва аз он чи онњо ба љуз Худо мепарастанд, яксў шавед, пас ба сўи ѓор ором гиред, то Парвардигори шумо бахшоиши Худро бар шумо фарох кунад ва дар кори шумо манфиатро барои шумо муњайё созад.

17. Ва офтобро бибинї, ваќте ки тулўъ кунад, аз ѓорашон ба љониби рост майл кунад ва чун ѓуруб кунад, аз онњо ба љониби чап мегузарад ва онњо дар кушодагии ѓоранд. Ин аз нишонањои Худо аст, њар кас, ки Худо ба ў роњ намояд, њамон роњёбанда аст; ва њар кас, ки Худо ўро гумроњ кунад, пас, барои ў њељ дўсти роњнамоянда наёбї.

18. Ва онњоро бедор пиндорї ва (дар њоле, ки) онњо хуфтаанд; ва онњоро љониби росту љониби чап мегардонем; ва сагашон бар остонаи ѓор ду дасти худро кушода кардааст. Ва агар бар онњо огоњї меёфтї, албатта, аз онњо ба гурехтан рўй мегардонидї ва аз онњо ба тарс фаро гирифта мешудї.

19. Ва5 њамчунин онњоро барангехтем, то (оќибат) бо якдигар дар миёни худ суол кунанд; гўяндае аз онњо гуфт: «Чї ќадар диранг кардед?» Гуфтанд: «Як рўз ё баъзе аз рўз диранг кардем». (Боз) гуфтанд: «Парвардигори шумо ба миќдори диранг кардани шумо Донотар аст; пас, аз миёни худ якеро бо ин нуќраи худ ба сўи шањр бифиристед; пас, бояд ки тааммул кунад, кадом як аз таомњои ин шањр покизатар аст. Пас, аз он хўрдание ба шумо биёрад; ва бояд ки ба сабукї ва њушёрї омадурафт кунад ва ба њоли шумо њељ касро хабардор накунад.

20. Ба дурустї ки ин кофирон агар бар шумо ќудрат ёбанд, шуморо сангсор кунанд ё дар дини худ бозоранд; он гоњ њаргиз растагор нахоњед шуд».

21. Ва њамчунин мардумонро ба њоли онњо хабардор гардонидем, то бидонанд, ки ваъдаи Худо рост аст ва он ки дар ќиёмат њељ шубњае нест. Ваќте ки он мардумон дар миёни худ дар бораи онњо низоъ мекарданд, пас гуфтанд: «Бар ѓорашон хонае иморат кунед; Парвардигорашон ба њоли онњо Донотар аст». Пас, онон, ки бар кори онњо ќудрат ёфтанд, гуфтанд: «Албатта, бар ѓори онњо масљиде бисозем».

22. Љамъе хоњанд гуфт: «Асњоби Кањф се касанд ва чањорумашон сагашон аст». Ва љамъе хоњанд гуфт: «Панљ касанд ва шашумашон сагашон аст» – [гуфторе] аз рўи пиндори ѓоибона аст. Ва низ мегўянд: «Њафт касанд ва њаштумашон сагашон аст». Бигў: «Парвардигори ман ба шумори онњо Донотар аст; ба љуз андаке касе онњоро намедонад». Пас, дар бораи онњо ба ѓайр аз гуфтугўи сарсарї гуфтугўе макун ва дар боби онњо њељ касеро (аз кофирон) суол макун.

23. Ва [дар бораи] чизе магў, ки онро, албатта, фардо хоњам кард,

24. магар он, ки [гўї]: «Худо хоњад».1 Ва ваќте ки фаромўш кунї,2 Парвардигори худро ёд куну бигў: «Умед он аст, ки Парвардигорам маро ба роњи рости наздиктар аз ин далолат кунад».

25. Ва дар ѓори худ сесад сол диранг карда буданд ва нўњ соли дигар афзуданд.

26. Бигў: «Худо ба миќдоре, ки диранг карданд, Донотар аст; (илми) ѓайби осмонњову замин аз они Ўст; чї ќадар Бино ва чї ќадар Шунаво аст; онњоро ба љуз Вай њељ корсозе нест; ва дар њукми Худ њељ касро шарик намегирад».

27. Ва он чиро бихон, ки аз Китоби Парвардигорат ба сўи ту вањй фиристода шудааст ва ба љуз Вай њељ паноње [њаргиз] наёбї.

28. Ва худро бо касоне банд кун, ки Парвардигори худро ба субњу шом ёд мекунанд ва рўи Ўро мехоњанд; ва бояд ки чашмњои ту дар талаби ороиши зиндагонии дунё аз онњо дар нагузарад. Ва он касро фармон мабар, ки дили ўро аз ёди Хеш ѓофил сохтаем ва хоњиши худро пайравї кардааст ва кори ў аз њад гузаштааст.

29. Ва бигў: «Ин сухани рост аз Парвардигори шумо омадааст. Пас, њар ки хоњад, имон оварад ва њар ки хоњад кофир шавад». Њамоно Мо барои ситамкорон оташе муњайё кардаем, ки саропардањояш онњоро фаро мегирад; ва агар фарёд кунанд, ба доди онњо бо нўшонидани обе монанди миси гудохта расида шавад, ки рўйњоро бирён кунад. Он бад ошомидание аст ва дўзах бад оромгоње аст.

30. Ба дурустї, онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд – њамоно Мо музди касеро, ки кори некў кардааст, зоеъ намекунем.

31. Барои ин љамоа бўстонњои њамеша мондан аст, зери онњо нањрњо меравад; дар он љо даствонањо аз зар зевар дода шаванд; љомањои сабз аз дебои нозук ва дебои муњкам бипўшанд; он љо бар тахтњо такя зананд. Ин нек љазо аст ва бињишт некў оромгоње аст.

32. Ва барои онњо достони ду шахсро баён кун, ки ба яке аз онњо ду бўстон аз дарахтони ангур додем ва гирдогирди он дарахтони хурмо ва дар миёни ин бўстонњо зироатро пайдо кардем.

33. Њар ду бўстон мевањои худро овард ва аз мева њељ кам накард ва миёни онњо љўи об љорї сохтем.

34. Ва ўро мевањои бисёр буд, пас, ба њамнишини худ, ки бо ў гуфтугў мекард, гуфт: «Ман аз ту дар мол бештарам ва ба эътибори њашам ѓолибтарам».

35. Ва ў бар хеш ситам карда, ба бўстони худ даромад; гуфт: «Намепиндорам, ки ин бўстон њељ гоњ њалок шавад.

36. Ва гумон надорам, ки ќиёмат барпо шавад; ва агар (билфарз) ба сўи Парвардигори худ бозгардонида шавам, њамоно љои бозгаште бењтар аз ин бўстонњо хоњам ёфт».

37. Њамнишини ў, ки бо вай гуфтугў мекард, ба ў гуфт: «Оё ба он Худое кофир шудї, ки туро аз хок, сипас аз нутфа пайдо кард ва сипас туро мард сохт?

38. Лекин (ман эътиќод дорам, ки) Худо Парвардигори ман аст ва бо Парвардигори худ њељ касро шарик муќаррар намекунам.

39. Ва чаро чун ба бўстони худ даромадї, нагуфтї: «Он чи Худо хостааст, шуд; њељ тавоноие нест, магар ба Худо»? Агар маро мебинї, ки дар молу фарзанд аз ту камтарам,

40. пас, шояд ки Парвардигори ман бењтар аз бўстони ту ба ман бидињад ва (шояд ки) дар бўстони ту азобе аз осмон фиристад; пас, замини бегиёњи лаѓзанда гардад.

41. Ё оби он фурўрафта шавад, пас натавонї онро љустан».

42. Ва мевањои он ба уќубат ињота карда шуд; пас, бомдод ба њасрати он чи дар иморати он харљ карда буд, ду дасти худро мемолид; ва он бўстон бар саќфњои худ фурў афтода буд; ва мегуфт: «Эй кош, њељ касро бо Парвардигори худ шарик муќаррар намекардам».

43. Ва барои ў ба љуз Худо њељ љамоате набуданд, ки ба ў ёрї дињанд; ва худ интиќомгиранда набуд.

44. Ин љо собит шуд, ки корсозї аз они Худои Барњаќ аст; Вай аз рўи савоб додан Бењтар аст; Вай аз рўи љазо додан Бењтар аст.

45. Ва барои онњо достони зиндагонии дунёро баён кун, ки он монанди обе аст, ки онро аз осмон фурў фиристодем ва ба сабаби он рустании замин дар њам печид; пас, (охири кор) дар њам шикаста шуд, ки онро бодњо мепаронид. Ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.

46. Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва њасаноти пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз љињати савоб бењтаранд ва аз љињати умед доштан хубтаранд.

47. Ва он рўз, ки кўњњоро равон кунем ва заминро бибинї – зоњиршуда; ва мардумонро љамъ созем; пас, аз онњо њељ касро нагузорем.

48. Ва онњо саф кашида пеши Парвардигори ту рў ба рў оварда шаванд; (гўем:) «Ба дурустї, њамчунон ки шуморо бори аввал офарида будем, пеши Мо омадед; балки мепиндоштед, ки барои шумо ваъдагоње нахоњем сохт».

49. Ва номаи аъмол дар миён нињода шавад; пас, гуноњкоронро бибинї, ки аз он чи дар он аст, тарсонанд ва мегўянд: «Эй вой бар мо, ин номаро чї њол аст, њељ маъсияти хурду бузургро намегузорад, магар ин, ки онро фаро гирифтааст». Ва њар чи карда буданд, њозир биёбанд. Ва Парвардигори ту бар њељ кас ситам накунад.

50. Ва (ёд кун) чун ба фариштагон гуфтем: «Ба Одам саљда кунед!» Пас, њама саљда карданд, магар Иблис, ки аз љинн буд; пас, аз фармони Парвардигори худ берун шуд. (Эй мардумон) оё ў ва фарзандони ўро ба љуз Ман дўст мегиред? Ва [њол он, ки] онњо ба шумо душмананд. Шайтон барои ситамкорон бад иваз аст.

51. Онњоро њангоми офаридани осмонњову замин ва њангоми офаридани худашон њозир накарда будам. Ва Ман гумроњонро мададгиранда нестам.

52. Ва рўзе, ки (Худо) гўяд: «(Эй мушрикон) шарикони Маро, ки гумон менамудед [Худоанд], нидо кунед!» Пас, он љамоаро нидо кунанд. Ва он љамоа нидои онњоро ќабул накунанд. Ва дар миёни онњо мањлака сохтем.

53. Ва гуноњкорон оташро бибинанд ва бифањманд, ки онњо дар он афтодагонанд ва аз он љои бозгаштан наёбанд.

54. Ба дурустї ки дар ин Ќуръон барои мардумон аз њар навъ достоне гуногун баён кардем. Ва одамї дар хусумат аз њама чиз бештар аст.

55. Ва мардумонро – чун њидоят ба онњо биомад, чизе аз он боз надошт, ки имон оранд ва аз Парвардигори худ талаби омурзиш кунанд, магар (интизори) он, ки ба онњо равиши пешиниён биояд, ё азоб ба онњо рў ба рў биояд.

56. Ва Мо пайѓамбаронро ба љуз башоратдињанда ва тарсонанда намефиристем ва кофирон ба шубња бењуда хусумат мекунанд, то ба сабаби он сухани њаќро билаѓзонанд; ва оёти Ман ва чизеро, ки ба он тарсонида мешаванд, тамасхур гирифтанд.

57. Ва кист ситамгортар аз касе, ки ба оёти Парвардигори хеш панд дода шавад, пас, аз он рўгардон гардад ва он чиро, ки ду дасти вай пеш фиристодааст, фаромўш кунад? Ба дурустї ки Мо бар дилњояшон пардањо нињодаем, то Ќуръонро нафањманд; ва дар гўшњояшон гаронї (сохтем); ва агар онњоро ба сўи њидоят бихонї, он гоњ њаргиз роњ наёбанд.

58. Ва Парвардигори ту Омурзанда, Худованди рањмат аст; агар онњоро ба он чи кардаанд, муохаза мекард, ба шитоб азобро ба онњо мефиристод, балки барои онњо меоде њаст, ки ин тараф аз он паноње наёбанд.

59. Ва он дењањоро – чун ситам карданд, њалок кардем; ва барои њалокашон меоде муайян кардем.

60. Ва (ёд кун) чун Мўсо ба нављавони худ гуфт: «Њамеша роњ меравам, то он ки ба мањалли љамъ шудани ду дарё бирасам, ё муддатњои дароз роњ биравам».

61. Пас, чун ба мањалли љамъ шудани ду дарё расиданд, моњии худро фаромўш карданд; пас, [моњї] дар дарё монанди наќбе роњи худро гирифт.

62. Пас, чун гузаштанд, Мўсо ба нављавони худ гуфт: «Барои мо таоми чошти моро биёр; њамоно, аз ин сафари худ ранље ёфтем».

63. Гуфт: «Оё дидї, чун ба он санг такя карда, ором гирифтем, пас ман моњиро фаромўш кардам? Ва аз он, ки ќиссаи онро ёд кунам, ба љуз Шайтон [касе] маро фаромўш насохт. Ва [моњї] ба нањљи аљиб дар дарё роњи худро гирифт».

64. (Мўсо) гуфт: «Ин њамон чизе аст, ки мељустем». Пас, бар нишони ќадамњои худ љустуљўкунон бозгаштанд.

65. Пас, бандае аз бандагони Моро ёфтанд, ки ба ў рањмате аз назди Худ додаем ва ба ў илме аз назди Худ омўхтаем.1

66. Мўсо ба ў гуфт: «Оё пайравии ту кунам, ба шарти он, ки аз њар чи аз роњёбї омўхта шудї, маро биомўзонї?»

67. Гуфт: «Ба дурустї ки ту бо ман шикебої кардан натавонї.

68. Ва чї гуна бар чизе шикебої кунї, ки онро аз рўи дониш фаро нагирифтаї?»

69. Гуфт: «Агар Худо хостааст, маро шикебо хоњї ёфт ва бо ту дар њељ фармоне хилоф накунам».

70. Гуфт: «Агар пайравии ман мекунї, пас, аз њељ чиз аз ман суол макун, то он ки худ аз њоли он барои ту баёне оѓоз кунам».

71. Пас, роњ рафтанд, то ваќте ки бар киштї савор шуданд. (Хизр) онро шикоф кард. (Мўсо) гуфт: «Оё киштиро шикоф кардї, то ањли онро ѓарќ кунї? Ба дурустї ки чизе азимро овардї!»

72. Гуфт: «Оё нагуфта будам, ки ту бо ман њаргиз шикебої кардан натавонї?»

73. (Мўсо) гуфт: «Маро бо он чи фаромўш кардам, муохаза макун ва дар кори ман сахтиро бар сари ман маандоз».

74. Пас, роњ рафтанд, то ваќте ки бо нављавоне бархўрданд. (Хизр) ўро бикушт. (Мўсо) гуфт: «Оё нафси покро ба ѓайри (ќисоси) нафсе куштї? Ба ростї ки чизи нописандидае овардї!»

75. Гуфт: «Оё ба ту нагуфта будам, ки ту бо ман њаргиз шикебої кардан натавонї?»

76. (Мўсо) гуфт: «Агар баъд аз ин туро аз чизе бипурсам, пас, бо ман сўњбат макун, [он гоњ] њамоно ту аз љониби ман ба њадди узр расида бошї».

77. Пас, роњ рафтанд, то ваќте ки ба ањли дењае омаданд; аз ањли он дења таом талаб карданд, ањли он дења ќабул нанамуданд, ки онњоро мењмонї кунанд. Ва дар он љо деворе ёфтанд, ки мехост биафтад. Пас (Хизр) онро рост сохт. (Мўсо) гуфт: «Агар мехостї, њамоно бар таъмири ин девор музде мегирифтї».

78. Гуфт: «Ин дар миёни ману ту људої аст. Туро ба сирри он чизе хабар хоњам дод, ки бар он шикебої кардан натавонистї.

79. Аммо киштї аз они дарвешоне чанд буд, ки дар дарё кор мекарданд; пас хостам, ки онро маъюб кунам; ва пеши рўи онњо подшоње буд, ки њар киштї(-и дуруст)-ро ба забардастї мегирифт.

80. Ва аммо он нављавон: падару модараш мўъмин буданд, пас, аз он тарсидем, ки дар саркашию куфр бар онњо ѓолиб ояд.

81. Пас, хостем, ки Парвардигорашон аз рўи покизагї бењтар аз вай ва аз љињати шафќат наздиктар ба онњо иваз дињад.

82. Ва аммо девор аз они ду нављавони ятим дар шањр буд ва зери он ганље аз они онњо буд ва падарашон некўкор буд. Пас, Парвардигори ту хост, ки ин нављавонон ба нињояти ќуввати хеш бирасанд ва ганљи худро бароранд; [ва ин] аз рўи мењрубонии Парвардигори ту аст; ва ман онро аз раъйи худ накардам. Ин сирри он чизе аст, ки бар он шикебої кардан натавонистї».

83. Ва туро аз Зулќарнайн суол мекунанд; бигў: «Барои шумо аз њоли вай хабаре хоњам хонд».

84. Ба дурустї ки Мо ба ў дар замин дастрасї додем ва ба ў дар њар чиз сомоне додем.

85. Пас, дар паи сомоне афтод.

86. То он, ки ба мањалли фурў рафтани офтоб расид ва онро [чунин] ёфт, ки дар чашмаи гилу лой фурў меравад ва назди он чашма гурўњеро ёфт. Гуфтем: «Эй Зулќарнайн, (ихтиёр ба дасти туст) ё он аст, ки азоб кунї, ё дар миёнашон муомилаи некў бигирї».1

87. Гуфт: «Аммо касе, ки ситам кардааст, пас, ўро азоб хоњам кард, сипас ба сўи Парвардигори хеш бозгардонида шавад, пас ўро ба азоби сахт азоб кунад.

88. Ва аммо он кас, ки имон овард ва кори шоиста кард, пас, ўро аз рўи подош њолати хуш аст; пас, дар боби ў аз фармони хеш сухани осоне хоњем гуфт».

89. Боз дар паи сомоне афтод.

90. То ваќте ки ба мањалли баромадани офтоб расид, [чунин] ёфт, ки он бар гурўње бармеояд, ки барояшон ин тараф аз офтоб њељ пардае насохтаем.

91. [Бо онњо низ] њамчунон [кард]. Ва ба дурустї ки Мо он чиро ки аз рўи хабардорї назди вай буд, фаро гирифтаем.

92. Боз дар паи сомоне афтод.

93. То ваќте ки дар миёни ду садд расид; дар ин љониби он ду садд гурўњеро ёфт, ки наздик набуданд аз он, ки сухане бифањманд.

94. Гуфтанд: «Эй Зулќарнайн, ба дурустї ки ин Яъљуљу Маъљуљ дар замин фасодкунандагонанд. Пас, оё барои ту боље муќаррар кунем – бар шарти он, ки дар миёни мову онњо садде бисозї?»

95. Гуфт: «Он чи Парвардигори ман маро дар он дастрас додааст, бењтар аст; пас, маро ба зўри бозу мадад кунед, то миёни шумову онњо њиљобе муњкам бисозам.

96. Пеши ман порањои оњан биёред!» – То ваќте ки мобайни он ду кўњ баробар сохт. Гуфт: «(Оташ) бидамед!» – То он, ки он оњанро оташ сохт. Гуфт: «Рўини гудохтаро пеши ман биёред, то болои ин бирезам».

97. Пас, (Яъљуљу Маъљуљ) натавонистанд, ки бар он боло раванд ва онро сўрох кардан натавонистанд.

98. Гуфт: «Ин (санъат) неъмате аз Парвардигори ман аст. Пас, чун ваъдаи Парвардигори ман биёяд,1 онро њамвор кунад; ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст».

99. Ва он рўз баъзеашонро бигузорем, ки дар баъзеи дигар дар њам омезанд; ва дар сур дамида шавад; пас, онњоро [ба тавре] ба њам овардан ба њам орем.

100. Ва он рўз дўзахро пеши кофирон [ба тавре] рў ба рў овардан рў ба рў орем –

101. онон, ки чашмашон аз ёди Ман дар парда буд ва сухан шунидан наметавонистанд.2

102. Оё кофирон пиндоштанд, ки бандагони Маро ба љуз Ман дўст бигиранд, [мўљиби уќубат нахоњанд шуд]? Њамоно, Мо дўзахро љои фуруд омадан барои кофирон омода кардаем.

103. Бигў: «Оё шуморо ба он касоне хабардор кунам, ки аз рўи амал зиёнкортарини мардуманд?»

104. (Ин љамоа) касонеанд, ки саъйи онњо дар зиндагонии дунё гум шуд ва онњо гумон доранд, ки дар амал некўкорї мекунанд.

105. Ин љамоа касонеанд, ки ба оёти Парвардигори хеш ва ба мулоќоти Ў кофир шуданд; пас, аъмолашон нобуд шуд ва рўзи ќиёмат барояшон њељ вазне барпо нахоњем сохт.3

106. Њол ин аст: ба сабаби он, ки кофир шуданд ва оёти Ман ва пайѓамбарони Маро ба тамасхур гирифтанд, љазояшон дўзах бошад.

107. Ба дурустї, барои онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, љои мењмонї бўстонњои бињишт бошад,

108. дар њоле ки он љо љовидон бошанд; аз он љо бозгаштанро наталабанд.

109. Бигў: «Агар дарё барои навиштани суханони Парвардигори ман сиёњї бошад, албатта, дарё пеш аз он тамом шавад, ки суханони Парвардигори ман охир шаванд, агарчи монанди он дарёи дигар ба мадад биёрем».

110. Бигў: «Љуз ин нест, ки ман монанди шумо одамиям, ба сўи ман вањй фиристода мешавад, ки Маъбуди шумо Њамон Маъбуди Якто аст; пас, њар ки мулоќоти Парвардигори худро умед дорад, бояд ки кори писандида бикунад ва дар ибодати Парвардигори хеш њељ касро шарик наорад».



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет