Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст



бет6/23
Дата09.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#187284
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   23

Адабиёт

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон».

  2. Қонунн ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ».

  3. Ашуров Н., Ашуро» А.Н. Муомилоти пул ва қарз. - Душанбе, «Матбуот»,2006. - С. 24 - 59, 73 - 107.

  4. Бонки Миллии Тоҷикистон: Бюллетени о.мори бонкӣ. декабр 2009

  5. Декьги.Кредит. Банки: Учебг:ик для вузов / Под ред. академика РАЕН Е.Ф.Жукова. - 2-е изд., перераб. и доп. - М.: ЮИИТИ-ДАНА, 2003. - С.ЗО - 60.

76

МАВЗУИ 2. МУОМИЛОТИ ПУЛИ ВА НИЗОМИ ПУЛИ

Деньги, кредит, банки. Экспресс - курс: Учебное пособие / Под

ред- Д-Ра экон. наук, проф. О.И.Лаврушина. - М.: КНОРУС,

2005. - С. 49 - 98. 7 Корчагин Ю.А. Деньги. Кредит Банки / Ю.А.Корчагин. - Ро-

стов н/Д.: Феникс, 2006. - С.16 - 134. 3 раҳимзода Шариф. Муомилоти пулӣ ва қарз - Душанбе, Эр-

Граф,2008.-С. 64-171. 9. раҳимов З.А., Ятимов Х.М., Ҷӯраев Ш.Ҷ. Молия, муомилоти

пул ва қарз. - Душанбе, «Сино», 2006. - С.17 - 43. Ю. Финансы. Денежное обрашение.Кредит: Учебник для вузов /Под

ред. проф. Г.Б.Поляка. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2-е изд. 2003. - С.

29- 47.


77

МОЛИЯ ВЛ ҚАРЗ

МАВЗУИ 3. ТАВАРРУМ

  1. Моҳияти таваррум

  2. Омилҳо ва шаклҳои зуҳури таваррум

  3. Шаклҳои таваррум

  4. Ченкунӣ ва баҳодии таваррум

  5. Намудҳои таваррум

  6. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии таваррум

  7. Самтҳои асосии сиёсати зиддитавррумӣ

3.1. Моҳияти таваррум

Таваррум (инфлятсия) ба қатори категорияхои умумиик-тисодй дохил мешавад ва фақат дар он форматсияҳои пҷтимой.| - иқтисодие зоҳир мешавад, ки дар онҳо муносибатҳои молию пулӣ вуҷуд дошта бошанд. Таваррум ин беқурбшавии пул, пастшавии қобилияти харидории он мебошад, ки дар натичз» баландракии нархҳо, камчинии молҳо ва пастшавии сифат молҳо ва хизматрасиниҳо ба вучуд меояд.

Мафҳуми таваррум аз калимаи лотинии шЯагюп гирИФ | шуда, маънои «варам кардан»-ро дорад. Дар хакикат, п, нидани хароҷотҳои давлат (масалан, дар давраҳои таракк гайриоддии иқтисодиёт дар вақти ҷаиг, инқилоб) ба в | эмиссияи пулҳои қогазӣ ва қатъ кардани ивази бонкно^ • ,| филиз ба «варам кардани» муомилоти пулӣ ва бекуР0 «Л пулҳои қогазӣ оварда мерасонд. Бори аввал ин ма('-' аНг* Амрикои Шимолй дар солҳои 1861-1865 дар вакгИ аСрЯ шаҳрвандӣ, ки боиси зиёд шудани хароҷотҳои харби в ,соДЧ буҷет гардида буд, истифода шудааст. Дар адабиёти и

IV,

МАВЗУИ 3. ТАВАРРУМ


дар аввли асри XX баъди истифодабарии оммавии

гачй аз тарафи Ҳукуматҳои бисёр мамлакат?.о пайдо

пу'лХ°нвали асри XX таваррум хоси давлатҳои алохида буд.

яаст кашидан аз низоми стандарти тиллоӣ ик падида

1* тй допмӣ гирифт ва хоси пқтисодиёти ҳамаи мамлактҳо

_ таваррум дар замони муосир на танҳо омилҳэи пулӣ,



як катор омилҳои дигар низ таъсир мерасонад.

' Сабабхои амикл таваррум ҳам дар соҳаи гардиш, ҳам дар



<аи истеҳсолот мебошад ва бисёр вақт аз муносибагҳои си-

ёсию иктисодӣ дар мамлакат вобастагӣ дорад.



3.2. Омилҳо ва шаклҳои зуҳури таваррум

Чи хеле, ки дар боло қайд намудем таваррум аз бисёр омил-

хо вобаста аст. Сабаби асосии таваррум ин нотаносибӣ дар

юирахои мухталифи хоҷагии халқ, яъне байни андӯхт =а нстеъ-

мол, талабот ва пешниҳод, даромадҳо ва хароҷотҳои давлат,

1ҷми пул ва талаботи хоҷагии халқ ба пул ва гайра мебошад.

шлҳои ба таваррум таъсиррасонанда ба ду гурӯҳ ҷудо

НД: дохилӣ ва беруна. Омилҳои дохилӣ дар навбати худ

*Ҳои гайрипулӣ (ғайримонетарӣ) ва пулӣ (мснетарӣ)

дап Т',, '"и1Хои гайрипулӣ омилхои бо номутаносибии гаркибӣ
монопот гехсоли ҷамъияти, рушди давраг'ии иқтисодиет,

Хонагцдо 1" "онии (инҳисори) истеҳсолот, механизми харҷии Ба ом " ЦЛ01<аманд дохил мешаванд.

Ҳои пулии таваррум инҳо дохнл мешавапд: эмнсси-

: касри буҷет истифода ме-қарзи зиёд ба хоҷагии

пул ва гаира.

'• П;ц. ^Ум асосан ду омили беруна таъсир мерасонад. °И|;1вии қурби пули миллӣ, ки ин ба балшравии аРА»1 х ,Х-0И истеъмолии аз хоричи кишвар воридшаван-' с''=1сонад.


74

МОЛИЯ ВА ҚЛРЗ




НаРХи

Истиф0.

Агар гап дар бораи ашёи хом ва масолеҳи ц аз хориҷи кишвар дохил мешавад, равад, баландрав'и Я

онҳо бо пули милли ба зиёдшавии нархи молҳои о

даи онҳо дар дохили мамлакат истеҳсолшаванда оваппа сонад. Ин механизми таварруми харҷҳоро ба ҳаракат ме ^3"

2. Беандоза зиёд намудани ҳаҷми пул дар натиҷаи паЛ шавии фарқи мусбии калон ва устувори тавозуни пардох ° рӯи амалиётҳои ҷорӣ ё воридшавии шадиди сармоя ба ки вар. Ин таварруми талаботро ба вуҷуд меорад.

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, таваррум ин зуҳуроти мураккаби аз омилҳои зиёд вобаста мебошад, ки аз вайрон-. шавии ҷараёнҳои такрористеҳсол, аз рутлди помутаносиби хоҷагии халқ, аз хусусиятҳои сиёсати давлат, бонкҳои марказӣ ва тиҷоратй ба вуҷуд меояд.







Ьекурбшавии пул

хамчун натичам

болоравии

побаробари нарххо

ба мод ва хичматхо

Пастшавии • кобилияти харидорми пул

Пастшавик курби

пули миллй

нисбати асъорхои

хоричӣ

Андӯхти асъори

хоричй Л1 тарафи

резидснтон

Балаидравиииарх»

тпл.го. ки бопулп

миллй ифода

шудааст

Лдухтитилло^



тарафи шахсоия

аяохидя




ссУ

3.3. Шаклҳои таваррум

тава

Иқтисоддонҳои хориҷӣ таваррумро асосан таҳлили омилҳои баландравии нарх, ки бо ташакку «,|Т* лаботи истеьмолӣ, пешниҳодн молҳо ва хюматхо. тан ^рш лабот ва пешниҳод алоқаманд аст ва ба ташаккулео

80

МАВЗӮИ 3. ТЛВАРРУМ

ид баррасӣ менамоянд. Ин омилхо ду шаклк

' М6рДмуайян менамоянд: таврруми талабот, ки аз саба-



арруМР°ии талабот ба вучуд меояд ва таварруми харҷҳо,

| зиёДШабаландравии нархҳо дар зери таъсири зиедшавии

^оГистехоолот мегардад.

вароуми талабот днр натиҷая зиедшавии ҳаҷми пуя дар

* р.с кучуд меояд, ки он ба баландшавии қобилияти муомилот о« V**

орӣ дар сатҳи мавҷудбудаи нарх оварда мерасонад. Та-[ умумии аз имкониятхои истеҳсолии иқтисодиёт зиёд-|уда баландравии нархҳоро ба вуҷуд мсорал.

Таварруми талабот ба воситаи омилҳои пулии зерин ба

зучуд меояд.

!. Ҳарбикунонии иқтисодиёт ва афзоши хароҷотҳои ҳарбӣ.

юиши хароҷотҳои ҳарбӣ, аз он ҷумла харид иамудани молҳои ҳарбй ки лурра аз тарафи Ьучгт пӯшоиида мешаванд ба зиёд шудани ҳаҷми пул ва боиси балапдравии нарххо ме-гардад.

2. Касри буҷет ва зиёдшавии қарзи давлатӣ. Васеъшавии

фаҳои давлат ба болоравии хароҷотҳо, ки аз даромадҳои

фдтаранд ва ба болоравии қарзи давлат оварда мерасо-

чарзи давлатӣ дар навбати худ ё аз ҳисоби қарзгирии

" ва ё эмиссияи бонкиотаҳо пӯшонида мешавад. Дав-

юсита маблағҳои иловагиро мегирад, ки дар навба-

УД ин талаботи иловагиро ба вуҷуд меорад.


^ —г^«„ ^арлиод «з гарафи оонкҳо. оасеъшавии и п'^.И- ВН амалиетх.°и карзП ба зиёдшавии воситаҳои

н • **одани карзҳои барзиёд аз тарафи бонкҳо. Васеъшавии

олҳ0''йДИШ оварда меРасонад ва ин талаботи иловагирс

4- ВориДо™МяаТРаС°НИҲО & ВУҶУД Меорад-а Мамлакат асъоРи хориҷӣ. Воридшавии асъори хориҷӣ

^Ридтавии" °° Курби мУсоили асъор алоқаманд мебошад

^РДохт та!?0РИ Хориҷӣ даР ^олати мусбӣ будани таво-

'Чуц Ме0рад ^ 0ТИ Ил°вагиро ба мол ва хизматрасониҳо

>оиси баландравии нархҳо мегардад.


8!

МОЛИЯ ВА ҚАҒЗ

Таварруми харҷҳо а:з нуқтаи назари болоравии цархҳо дар зери таъсири зиёдшавии харҷҳои истеҳсолот ва пеш аз ҳама хароҷотҳо ба музди меҳнат баррасӣ мешавад. Болора-вии нарх ба молҳо ба камшавии даромади аҳолӣ сабабгор мешавад ва барои ҳамин зарурата зиёдкушга музди мех,нат пайдо мегардад. Зиёдшавии музди меҳнат дар навбати худ болоравии харҷи истехсоли маҳсулотҳо, камшавии фоида ва ҳаҷми барориши маҳсулотро бо нархҳои ҷорӣ, ба вуҷуд ме-орад. Хоҳиши гирифтани фоида истеҳсолкунандагонро ба-рои бардоштани нарх маҷбур месозад. Ҳамин тариқ, болора-вии суръати нарххо зиёдкунии музди меҳнатро талаб мекунад ва зиёдкунии музди меҳнат дар навбати худ ба баландравии нархҳо оварда мерасонад.

Таварруми харҷҳо бо таъсири омилҳои зерини гайрипулӣ ба ҷараёни нархгузорӣ тасниф мешавад.


  1. Пешсафӣ дар нархгузорӣ. Ин падида дар давлатҳои нқтпсодиёташон тараққикарда мушоҳида мегардад. Ширкатҳои калоп дар вақти ташаккул ва тагйирдиҳии нархҳо ба нархҳои ширкатхои калони пешсафи соҳа муқарррарнамуда, нигоҳ ме-кунанд. Дар натиҷа нархҳо афзоиш меёбанд.

  2. Пастравии афзоши маҳсулнокии меҳнат ва пастша-вии ҳаҷми истеҳсолот. Ин бо пастубаладшавии даврагӣ ва тағйирёбии таркибй дар иктисодиёт дар марҳилаҳои алоҳида алоқаманд мебошад, ки он харҷро ба воҳиди маҳсулот зиёд менамояд. Дар маҷмӯъ камшавии умумии ҳаҷми маҳсулот, камшавии пешниҳоди мол ва афзоиши нарх ба вуҷуд мсояд.

  3. Инкишофи соҳаи хизматрасониҳо ва пайдошавии намудҳои нави хизматрасониҳо. Дар натиҷа маош новабаста аз оне, ки маҳсулнокии меҳнат дар соҳаи хизматрасониҳо нис-бат ба истеҳсоло^ пасттар аст, зиёд мегардад. Аз ин ҷо афзои-ши умумии нархҳо ба хизматрасониҳо ба вуҷуд меояд.

  4. Боло бардоштани музди меҳнат, хусусан дар солҳои баланравии иктисодиёт. Дар вақти пастравии маҳсулнокиИ мехнат бояд музди меҳнат низ паст шавад, аммо игтифокҳой

МЛВЗУИ 3. ТЛВЛРРУМ

касаба бо амалҳои фаъоли худ ба кам шудани музди меҳнат рох намедиҳанд.



  1. Сатҳи баланди андозҳои ғайримустаким (андоз аз арзи-ши иловашуда, аксизҳо, пардохтҳои гумрукӣ, андоз аз фурӯш ва гайра). Онх,о омили нархро муайянкунанда мебошанд, ки аз тарафи давлат барои пур кардани қисми даромади буҷет ва-сеъ истифода мешаванд. Дар натиҷа афзоиши умумии нархҳо ба ауҷуд меояд.

  2. Бӯҳрони энергетикӣ. Ин бо баландравии шадиди нар-хи нафт алоқаманд мебошад, ки он яке аз ҷузъҳои асосии ар-зиши аслии маҳсулот мебошад.

3.4. Ченкунӣ ва баҳодиҳии таварр)7м

Новобаста аз мураккабии таваррум ҳамчун падидаи иқгасодӣ, онро миқдоран чен кардан мумкин аст. Барои чен кадани таваррум якчанд индекс (намоя) истифода мешавад. Аз ҳама нишондиҳандаи ададии паҳншуда ва расмий тавар-рум ин индекс (намоя)-и нархҳои истеъмолӣ мебошад. Индекси нархҳои истеъмолӣ барои гурӯҳи молҳо ва хизматрасопиҳое, ки ба сабади истеъмолии сокини мйёнаҳоли мамлакат дохил мешавад, ҳисоб карда мешавад. Ба сабади истеъмолкунанда гурӯҳи молҳою хизматрасониҳое дохил карда мешавад, ки ба-рои зиндагии шахси алоҳида аз рӯи стандарти минималӣ за-РУр мебошад.

Индекси нархҳои истеъмолӣ бо таносуби нархи сабади истеъмолӣ дар соли ҷорӣ ва нархи сабади истеъмолӣ дар соли оазавй (заминавӣ) муайян карда мешавад:

ИНИ = ^Щ-100% НСИБ

ИНИ - индекси нарххон истеъмолӣ, бо фонз; НСИҶ - нархн са-ади истеъмолӣ дар охири соли чорӣ, бо сомонӣ; НСИБ - нархи са-аДи истеъмолӣ дар охири соли базавӣ, бо сомонӣ.

83

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ



ь=

Суръати таваррум ба таври зерин муайян карда мешавад: _ИНИ(Ҷ)-ИНИ(Г)

100%



ИНИ(Г)

Ь - суръати таваррум, бо фоиз; ИНИ(Ҷ) - индекси нарххои истеъмолӣ дар соли ҷорӣ, бо фоиз; ИНИ(Г- индекси нархҳои истеъмолӣ дар соли гузашта, бо фоиз.

Агар намояи нархҳои истеъмолй дар соли 2008 111,8 фо-изро ташкил карда бошад, ин маънои онро дорад, ки нархи сабади истеъмолй 11,8 фоиз зиёд шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон индекси нархҳои истеъмолиро Агентии давлатии омор муайян менамояд.

Ҷадвали 1.3.1 Намояи парххои истеъмолй дар Ҷумхурии Тоҷикистон

Солхо

2002

2003

2004

2005

2006

2007

2008

2009 |

Индекс (на-моя)-и нархҳои истеъмолӣ, %

114,5

113,7

105,7

107,1

112,5

119,7

111,8

104,81

Сарчашма: Бюллетени омори бонкӣ, декабр 2009

Таваррумро дар ҳисобҳои зерин дар назар доштан зарур аст:



  1. дар ҳисоби. селаҳои пулҳои оянда (аз ҷумла пулҳои аф-зуншаванда);

  2. дар ҳисоби самаранокии (даромаднокии) воқеии ама-лйёти молиявӣ;

  3. ҳангоми таҳлили муқоисазии (интихоби) лоиҳаҳои во-кеии инвеститсионӣ (дар вақти ҳисоби меъёри фоидакокй е меъёри дисконтӣ).

8-1

МЛВЗУИ 3. ТАВЛРРУМ

3.5. Намудҳои таваррум

Таваррум вобаста аз суръати баландравии нархҳо ба на-муДҲ° тақсим мешавад. Зимнан барои ҳар як мамлакат дар дав-раи муайян микдори намудҳои он гуногун мебошад. Одатан дар адабиёти иқтисодӣ се намуди таваррумро фарқ мекунанд.



  1. Хазанда. Суръати миёнаи солонаи болоравии нархҳо дар ин намуди таваррум аз 5 то 10 фоизро ташкил медиҳад ва он хоси иқтисодиёти мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад. Ин ҳолат барои рушди мӯътадили иқтисоди бозорӣ ногузир шуморида мешавад ва ба сифати омили афзоиши иқтисодӣ баррасӣ мешавад.

  2. Ҷаҳанда. Суръати миёнаи солонаи болоравии нархҳо аз 10 то 100 (дар баъзе ҳолатҳо то 200) фонзро ташкил медиҳад ва он бисёртар дар давлатҳои тараққикунанда мушоҳида мсшавад.

  3. Тезпарвоз (гипертаваррум). Суръати миёнаи солонаи бо-лоравии нархҳо аз 100 фоиз боло мебошад (Хазинаи байнал-миллалии асъор дар ҳолати суръати болоравии нархҳо дар як моҳ 50 фоиз будан таваррумро тезпарвоз мешуморад). Ин на-муди таваррум дар ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи куллан тагйир додани сохти иктисодии мамлакат ба вуҷуд меояд ва инчунин хоси давлатҳои дар бӯҳрони иқтисодӣ қарордошта мебошад. Таварруми тезпарвоз аз бӯҳрони шадид дар муоми-лоти молию пулии мамлакат далолат медиҳад. Он ба вайрон-шавии истеҳсолот ва бозор оварда мерасонад. Аз таҷрибаи Ҷаҳонӣ маълум мебошад, ки дар чунин ҳолат долларикунонии иқтисодиёт сар шуда, доираи истифодаи пули миллӣ танг ме-гаРДад ва сармоягузорони дохилию хориҷй маблагҳои худро оо ҳар роҳ ба кишварҳои дигар мегузаронанд. Мисолҳои зи-еДи таврруми тезпарвозро овардан мумкин аст. Масалан, та-ваРрум дар Никарагуа дар соли 1990 8500%, дар Перу 8291 /4> 68/ ва дар Югославия ҳатто 3000000000 фоизро (соли 1996 *ангоми задухӯрдҳои ҳарбӣ) ташкил дод /8, 190/. Дар Ҷумҳурии

°Ҷикистон низ дар солҳои 90-уми асри XX болоравии ниҳоят

85

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

зиёди нархҳо мушоҳида мешуд. Масалан, соли 1995 баладра-вии нархҳо 2132 фоизро ташкил дод /9, 64/.

Ҳудуд байни намудхои хазанда ва тезпарвози таваррум шартӣ мебошад, лекин аломати умумӣ барои ҳар ду намуди он баландравии суръати гардиши пул, пастшавии босуръати қобилияти умумии харидории ҳаҷми пул ва аз гардиши пулӣ бароварда шудапи тангаҳо ва пулҳои когазии майда мебошад.



3.6. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии таваррум

Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии сатҳи баланди таваррум инҳоанд:

• нобоварӣ ба пули миллӣ;
такрортақсимшавапи даромадҳо байни гурӯҳҳои аҳолӣ,
соҳаҳои истеҳсолот, мннтақаҳо, сохторҳои хоҷагидорӣ,
аҳолӣ ва давлат, ширкатҳо, байни дсбиторон ва кре-
диторҳо;

беқурбшавии пасандозҳои пулии аҳолӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва маблағҳои буҷеги давлатӣ;



  • додани андози иловагии таваррумӣ ба давлат, хусу-сан аз тарафи онҳое, ки даромади пулии муқаррарӣ доранд (хизматчиёни давлатӣ, нафақахӯрон ва ғайра);

  • болоравии номунтазами нарх, ки он нобаробарии ме-ъёри фоидаро дар сохаҳои гуногун зиёд ва номутано-сибии такрористеҳсолро афзун менамояд; таҳрифи таркиби талаботи истеъмолӣ бо сабаби саъю кӯшиш барои ба мол ва асъор мубаддал гардонидани иулҳои беқурбшуда; дар натиҷаи он суръати гарди-ши пул меафзояд ва ҷараёни таваррум зиёд мешавад;

  • суст шудани фаъолияти соҳибкорон, сохаҳои алоҳидаи истеҳсолот, афзоиши бекорӣ, ки ба пастшавии сатҳи зиндагй оварда мерасонад;

  • камшавии сармоягузориҳо ба хоҷагии халқ ва зиёдша-вии хатарнокии онҳо;

86

МЛВЗУИ 3. ТАВАРРУМ

аз соҳаҳои истеҳсолот ба соҳаҳои савдою амалиётҳо ва миёнаравй гузаштани сармоя ва мутахассисон;


  • пастшавии сифати молҳои истсҳсолшаванда аз сабаби нокифоягии қарздихди дарозмуддат;

  • беқурбшавии фондҳои истеҳлокӣ, ки он ҷараёни так-рористеҳсолро мушкил мегардонад. Ин сабабгори сари вақт харидорӣ нашудани таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва нав накардани тартиби коркарди маҳсулот дар соҳаҳои истеҳсолӣ мегардад.

  • зиёдшавии бозиҳои ҳаннотӣ бо нархҳо, асъор ва фоизҳо; ругнди босуръати иқтисодиёти ниҳонӣ ва «гурехтани» соҳибкорон аз андозсупорй;

  • пастшавии қурби пули миллӣ ва таҳрифи қурби воқеии он нисбати асъорҳои дигар;

  • ба табақаҳои гуногун чудо шудани ҷамъият ва дар натиҷа пуршиддат гаштани ихтилофи иҷтимоӣ;

  • пастшавии нуфузи байналмиллалии мамлакат.

3.7. Самтҳои асосии сиёсати зиддитавррумӣ

Аз сабаби он ки таваррум ба гурӯҳи зуҳуротҳои макро-иқтисодӣ дохил мешавад, мубориза бар зидди он фақат дар миқёси тамоми иқтисодиёт ва бо иштироки давлат имкон-пазир аст. Таваррум ва хусусан намуди тезпарвози он, ки ба пуршиддат гаштани ихтилофҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ овар-да мерасонад, аз тарафи давлат гузаронидани чорабиниҳоро оиди бартараф намудани таваррум ва устуворкуиии низоми пулӣ талаб мскунад.

Дар ҷаҳон, дар мамлакатҳои гуногун таҷрибаи бойи му-бориза бар зидди таваррум ҳосил шудааст. Таваррумро пур-ра аз байн бурдан номумкин аст, зеро ҳамаи омилҳои баву-Ҷудоварандаи онро (дохилӣ ва берунӣ, пулӣ ва гайрипулӣ) нест карда намешавад ва асоси амиқи мавҷудияти он дар та-биати даврӣ доштани рушди иктисодиёти бозорӣ мебошад.



МОЛИЯ ВА КАРЗ

Аз ҳамин сабаб мақсади асосӣ дар мубориза бар зидди та-заррум - ин идорашаванда намудани он, яъне ноил гаштан ба суръати барои хоҷагии халк ҷоизи таваррум ва суст кардани оқибатҳои манфии иҷтимоию иқтисодии он мебошад.

Хукуматҳои мамлакатҳои гуногун вобаста аз шароити му-айяни таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодии баамаломада, чораҳои гуногунро дар мубориза бар зидди он меандешанд. Шакли асосии устуворкунии низоми пулӣ ин сиёсати зиддитаварру-мии давлат ба воситаи гузаронидани ислоҳоти пулӣ ва танзи-ми давлатии ҷараёни таваррум мебошад.

Тузаротщяпп ислохоти нулй. Ислохоти пулӣ - ин пурра ё қисман дигаргунсозии низоми пулӣ, ки аз тарафи давлат бо мақсади ба тартибдарорӣ ва мустаҳкамкунии муомилоти пулӣ гузаронида мешавад.

Дар таърихи муомилоти пулӣ чунин намудҳои ислохоти пулӣ маълум аст.



  1. Гузаштан аз як намуди моле, ки вазифаи пулро иҷро мекунад ба моли дигар (аз пулҳои мйсӣ ба пулҳои нукрагй, аз иукрагӣ ба тиллоӣ ё аз биметаллӣ ба монометаллӣ, баъдан ба стандартҳои хишти тиллоӣ, шиори тиллоӣ) ё ки аз як шак-ли низоми пулӣ ба шакли дигар (аз муомилоти пулҳои филизӣ ба пулҳои қогазӣ ва қарзӣ).

  2. Ивази тангаҳои камарзиш ва беқурбшуда ба тангаҳои пурарзиш ё пулҳои беқурбшудаи ба филиз ивазнашаванда ба пулҳои ба филиз ивазшаванда ё ки барқарор намудани ивази пулҳои қогазӣ ба тилло ё нуқра.

  3. Чораҳои ҷузъӣ оиди устуворкуиии низоми пулй (дигар-гункунин тартнби эмиссияи пул, таъминнокии болкнотахо, микёси нарх, вазни тиллоии пул ё қурби асъор).

  4. Ташкил намудани низоми нави пулӣ бо сабаби ташкил-шавии давлатҳои нав, инчунин якҷоя намудани низоми пулии якчанд мамлакат.

Усулҳои асосии устуворкунии муомилоти пулӣ инҳоянд:

88

МЛВЗУИ 3. ТАВАРРУМ



Луллификатсия - ин аз тарафи давлат аз эътибор соқит донйсгани воҳидхоии пулии кӯҳнаи бекурбшуда ва ба муоми-лот баровардани воҳидҳои пулии нав бо микдори кам мебо-шад. ДаР давлатҳои тараккикарда дар шароити муосир аз са-баби танзим ва назорати қатъии муомилоти пулӣ ва сатхи та-варрум нуллификатсия истифода намешавад. Он асосан баъди тамом шудани ҷанг ва инқилобҳо, дар вақги гашкил ёфтани давлатҳои мустақили иав ва дар мамлакатҳои тараққикунанда ба амал бароварда мешавад. Масалан, дар Олмон дар натичаи таварруми тезпарвози баъдиҷангии солҳои 20-ми асри XX ва аз ҳад зиёд беқурбшавии маркаҳои кӯҳна соли 1924 .маркаи нав ба муомилот бароварда шуд ва он бо таносуби 1:1трли. маркаи кӯҳна иваз карда шуд /4, 69/.

Деиоминатсия (тагйирдихии микёсн нарх) - ин тагйирдиҳин арзиши номиналии вохидхои пули миллӣ бо ивази онҳо бо та-носуби муайян ба вохидҳои пули нави калон бо дар як вакт аз нав ҳисобкунии ҳамаи ӯхдадориҳои пулӣ дар мамлакат (нарххо, пулҳои дар ҳисобҳои бонкӣ буда, музди меҳнат ва гайра). Дар адабиёти иқтисодй деноминатсия усули «хат за-дании нулҳо»-ро низ дорад. Дар Бразилия соли 1988 бо тано-суби 1:1000 воҳиди пулии нави норкрузадо ба ивази норкруза-дои бекурбшудаи пештара ба муомилот бароварда шуда буд /4, 70/. Дар Федерацияи Руссия низ соли 1998 деноминатсияи рубл бо таносуби 1:1000 рубли кӯҳна гузаронида шуда буд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 1995 ҳангоми во-риди рубли тоҷикӣ ба чои рубли советй таносуби 1:1200 ис-тифода шуда буд.

Деноминатсия инчунин ивази волидхои пулҳои кӯҳнаро ба Пулхои нав, аммо бе махдудкунии маблаг низ дар назар дорад. Расман вай характери техникиро дорад, зеро баҳисобгириро содда ва осон мегардонад ва ба асосҳои иқтисодии устуворку-Нии муомилоти пулӣ дахл иамеқунад. Бо вуҷуди ин, агар вай Дар давраи охирини устуворкунии иқтисодиёт ва молия гуза-Ропида шавад, дар мустаҳкамкунии низоми пулӣ марҳилаи



I

МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

муҳим буда метавонад. Масалан соли 2000 пулҳои нави сомоий ба ивази рубли тоҷикӣ бо таносуби 1:1000 ба муомилот ба-роварда шуданд. Мутаносибан нархҳою музди меҳнат низ ба ҳамин таносуб кам карда шуданд. Дар натиҷа, ҳукумат таво-иист таваррумро ба тадриҷ таҳти назорат гирифта, барои са-маранокии сармоягузорй дар соҳаҳои истеҳсолй замина гузо-рад (8, 207).

Девалватсия ~ ин дар вақти амалкунии стандарти тиллоӣ, паст кардани вазни тиллоии пули миллӣ ва бо қатъ шудани ивази пулҳои қарзӣ ба тилло паст кардани қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ мебошад. Масалан, дар натиҷаи гу-заронидани ду девалватсияи доллар дар ИМА вазни тилло-ии он дар моҳи декабри соли 1971 ба 7,89% ва дар моҳи фев-рали 1973 ба 10% паст карда шуд. Дар Федератсияи Русия 17 августи соли 1998 девалватсияи рубл гузаронида шуд: ба ҷои қурби 6,1 рубл ба доллари ИМА қдаби нави 24 рубл ба дол-лар муқаррар гардид.

Баъд аз қатъ гардидани ивази иудҳои қарзӣ ба тилло де-валватсия барои мустаҳкамкунии мавқеи мамлакатҳо дар бо-зори беруна, беҳтар намудани ҳолати тавозуни пардохт, ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷй истифода шуда истодааст.



Ревалватсия - ин баланд кардани вазни тиллоии пули миллӣ ё барқарор камудани вазни тиллоии пештараи пулй миллӣ дар вақти амали стандарти тиллоӣ ё бо қатъ шуда-ни ивази пулҳои қарзӣ ба тилло. баланд кардани қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ мебошад.

Ревалватсия ҷараёни таваррумро дар мамлакат боз медо-рад, чунки молҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда нисбатан арзонтар мешаванд, лекин ба содиркунандагон беманфиат ме-бошад, зеро онҳо дар вақти ивази асъори хориҷии арзоншу-да ба пули миллии пурзӯр шуда, аз рӯи шартномаҳои пештар басташуда, аз фарқи қурб зарар мебинанд.

Дар Британияи Кабир баъди ҷанги якӯми ҷаҳон дар вакти гузаронидани ислоҳоти пулӣ дар солҳои 1925-1928 вазни тиЯ-

90

МАВЗУИ 3. ТЛВАРРУМ

доии то давраи ҷангии фунт стерлинг баркарор карда шуда буд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ревалватсия ба воситаи баланд кардани қурби расмии пули миллӣ нисбати доллари ИМА гу-заронида мешуд ва баъдан Фонди байналмиллали асъор зиёд-шавии вазни тиллоии воҳиди пулиро кайд менамуд. Масалан Олмон дар доираи низоми асъории Бреттои - Вудс се маро-тиба ревалватсия гузаронид (солҳои 1961, 1969 ва 1971) /4, 70/. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ як кисми давлатхо (Полша, Югос-лавия, Исроил, Олмон, Ҷопон ва ғайра) барои баромадан аз вазъи ногувори таваррумӣ усули «зпок хпегару» (муоличаи яку якбора ё шокӣ)-ро истифода бурданд /1, 207; 4. 70/. Ислоҳоти пулӣ бо ин усул характери мусодиравӣ дошта, иазоратро аз болои нархҳо ва музди меҳнат бояд тақвият диҳад. Истифодаи ин усул хусусан дар Полшаю Югославия натиҷаҳои хуб дод.



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   23




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет