36- حدثنا يحيى قال: حدثنا جرير عن الحسن بن عبيد الله عن أبي الضحى عن زيد بن أرقم قال النبي صلى الله عليه ( و آله ) وسلم: إني تارك فيكم ما إن تمسكتم به لن تضلوا كتاب الله عز و جل و عترتي أهل بيتي و إنهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض.
Зайд мегӯяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ман дар байни шумо чизе мегузорам, ки то замоне, ки аз он пайравӣ кунед, ҳаргиз гумроҳ намешавед. Ва он китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. Ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки сари ҳавз бар ман ворид шаванд.1
Санади ин ҳадис саҳеҳ ва тамоми ровиёни он ба эътирофи Ҳоким ва Заҳабӣ, ки дар зер хоҳад омад, ровиёни саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ҳастанд.
37- حدثنا علي بن عبد العزيز ثنا عمرو بن عون الواسطي ثنا خالد بن عبد الله عن الحسن بن عبيد الله عن أبي الضحى عن زيد بن أرقم
38- حدثنا معاذ بن المثنى ثنا علي بن المديني ثنا جرير بن عبد الحميد عن الحسن بن عبيد الله عن أبي الضحى عن زيد بن أرقم
39- حدثنا أبو حصين القاضي ثنا الحماني ثنا جرير بن عبد الحميد عن الحسن بن عبيد الله عن أبي الضحى عن زيد بن أرقم قال قال رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم ثم إني تارك فيكم الثقلين كتاب الله و عترتي أهل بيتي و إنهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض.
Зайд мегӯяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ман дар байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам ва он ду китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. Ҳамоно он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.2
Табаронӣ ин ҳадисро бо се санад ривоят карда ва ҳамаи он се санад саҳеҳ аст.
40- حدثنا أبو بكر محمد بن الحسين بن مصلح الفقيه بالري ثنا محمد بن أيوب ثنا يحيى بن المغيرة السعدي ثنا جرير بن عبد الحميد عن الحسن بن عبد الله النخعي عن مسلم بن صبيح عن زيد بن أرقم رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم إني تارك فيكم الثقلين كتاب الله و أهل بيتي و إنهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض.
Зайд мегӯяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ман дар байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам ва он ду китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. Ҳамоно он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.1
Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро ба шарти Бухорӣ ва Муслим саҳеҳ донистаанд.
41- حدث الخليل الحافظ عن محمد بن إسحاق قال: قرأت على محمد بن مسعود حدثنا أبو حجر عمرو بن رافع حدثنا جرير عن الحسن عن مسلم عن زيد بن أرقم قال قال رسول الله صلى الله عليه و آله: إني تارك فيكم الثقلين كتاب الله و أهل بيتي و انهما لم يتفرقا حتى يردا على الحوض.
Зайд мегӯяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ман дар байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам ва он ду китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. Ҳамоно он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.2
Санади ин ҳадис низ саҳеҳ аст.
Аз он чӣ гузашт равшан шуд, ки ҳадиси Сақалайн аз Муслим ибни Субайн аз Зайд ибни Арқам бо панҷ санади саҳеҳ ривоят шудааст.
5- Аҳодиси Алӣ ибни Рабиа аз Зайд ибни Арқам
42- حدثنا عبيد الله بن موسى قال: أخبرنا إسرائيل عن عثمان بن المغيرة عن علي بن ربيعة قال: لقيت زيد بن أرقم و هو يريد الدخول على المختار فقلت له: بلغني عنك حديث. قال: ما هو؟ قلت: أسمعت النبي صلى الله عليه ( و آله ) و سلم يقول: إني تارك فيكم الثقلين كتاب الله عز و جل و عترتي؟ قال: نعم.
Алӣ ибни Рабиа мегӯяд: Дар ҳоле, ки Зайд ибни Арқам ба назди Мухтор дохил мешуд, ўро дидам ва ба ў гуфтам: Аз ту ба ман ҳадисе расидааст. Гуфт: Чӣ аст? Гуфтам: Оё аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидӣ, ки мефармуд: Ман дар байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам ва он китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд? Зайд гуфт: Оре, шунидам.3
43- حدثنا عبد الله حدثني أبي ثنا أسود بن عامر ثنا إسرائيل عن عثمان بن المغيرة عن علي بن ربيعة قال: لقيت زيد بن أرقم و هو داخل على المختار أو خارج من عنده فقلت له: أسمعت رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم يقول: انى تارك فيكم الثقلين قال: نعم.
Алӣ ибни Рабиа мегӯяд: Дар ҳоле, ки Зайд ибни Арқам ба назди Мухтор дохил ё аз наздаш хориҷ мешуд, ба ў гуфтам: Оё ту аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидӣ, ки фармудаанд: Ман дар байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам ва он китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд? Зайд гуфт: Оре, шунидам.1
Санади ин ҳадис саҳеҳ аст ва Шуайб Арнаут низ дар зайли Муснади Аҳмад санади онро ба шарти Бухорӣ саҳеҳ донистааст.
44- حدثنا علي بن عبد العزيز ثنا أبو غسان مالك بن إسماعيل ثنا إسرائيل عن عثمان بن المغيرة عن علي بن ربيعة قال: لقيت زيد بن أرقم داخلا على المختار أو خارجا قال: قلت: بلغني عنك سمعت رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم يقول: ثم إني الثقلين كتاب الله و عترتي قال نعم.
Алӣ ибни Рабиа мегӯяд: Дар ҳоле, ки Зайд ибни Арқам ба назди Мухтор дохил ё аз наздаш хориҷ мешуд, бо ӯ рӯ ба рӯ шудам ва гуфтам: Ба ман хабар расид, ки ту аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидаӣ, ки фармудаанд: Ман дар байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам ва он китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. Зайд гуфт: Оре, дуруст аст.2
Санади ин ҳадис низ комилан саҳеҳ аст.
6-Ҳадиси Яҳё ибни Ҷӯъда аз Зайд ибни Арқам
45-46- اخبرني محمد بن علي الشيباني بالكوفة ثنا أحمد بن حازم الغفاري ( و طبراني عن علي ابن عبد العزيز ) ثنا أبو نعيم ثنا كامل أبو العلاء قال سمعت حبيب بن ابي ثابت يخبر عن يحيى بن جعدة عن زيد بن ارقم رضى الله عنه قال خرجنا مع رسول الله صلى الله عليه (و آله ) و سلم حتى انتهينا إلى غدير خم فأمر بروح فكسح في يوم ما اتى علينا يوم كان اشد حرا منه فحمد الله واثنى عليه و قال يا ايها الناس انه لم يبعث نبى قط الا ما عاش نصف ما عاش الذي كان قبله واني اوشك ان ادعى فاجيب واني تارك فيكم ما لن تضلوا بعده كتاب الله عزوجل ثم قام فاخذ بيد علي رضى الله عنه فقال يا ايها الناس من اولى بكم من انفسكم قالوا الله و رسوله اعلم قال من كنت مولاه فعلي مولاه.
Зайд ибни Арқам мегӯяд: (Баъд аз ҳаҷ) ҳамроҳи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз Макка хориҷ шудем то ин ки ба Ғадири Хум расидем. Ҳазрат дастур доданд то дар ҷои васеъ ва кушоде фуруд омада маконеро барои суханронии он ҳазрат омода кардем. Он рўз чунон гарм буд, ки гармтар аз он барои мо набуд. Пас ҳазрат Худоро ҳамду сано гуфтанд ва фармуданд: Эй мардум! Ҳеҷ паёмбаре мабъус нашуда магар ин ки ба миқдори нисфи паёмбари пеш аз худ умр кардааст ва ман низ наздик аст даъват шавам ва қабул кунам. Ҳамоно ман дар байни шумо чизе мегузорам, ки баъд аз он ҳаргиз гумроҳ намешавед. Ва он китоби Худо (ва Аҳли Байтам) ҳастанд. Сипас аз дасти Алӣ гирифта фармуданд: Эй мардум! Чӣ касе бар шумо авлотар аз худатон аст? Гуфтанд: Худо ва Паёмбараш донотаранд. Ҳазрат фармуданд: Ҳар ки ман мавлои ӯ ҳастам, пас Алӣ мавлои ӯст.1
Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд ва санади Табаронӣ низ саҳеҳ аст, вале мутаассифона мулоҳиза мекунед, ки "Аҳли Байт"-ро аз ин ҳадис ҳазф кардаанд. Аммо хушбахтона дар Ғадири Хум эрод шудани ин ҳадис зикр шуда ва барои ҳар касе равшан ва собит мекунад, ки афроди беинсоф барои пинҳон кардани ҳақиқат ва фиреби мардум, даст ба чунин коре зада ва "Аҳли Байт"-ро аз матни ин ҳадис ҳазф кардаанд.
Достарыңызбен бөлісу: |