"إن الله اصطفى آدم و نوحا وآل إبراهيم و آل عمران على العالمين"
"Ҳамоно Худованд Одам ва Нӯҳ ва Оли Иброҳим ва Оли Имронро бар оламиён баргузид. "
قال: هم المؤمنون من آل إبراهيم وآل عمران وآل ياسين وآل محمد.
"Онҳо мӯъминон аз Оли Иброҳим ва Оли Имрон ва Оли Ёсин ва Оли Муҳаммад ҳастанд".1
Пас, бино бар ин ояти шарифа, Худованди Мутаол хонадони Паёмбар ( Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи )-ро бар уммати исломӣ баргузидааст.
Ин ҳақиқатро ҳадиси саҳеҳи зер низ таъйид мекунад:
ابن أبي عمار شداد أنه سمع واثلة بن الأسقع يقول : سمعت رسول الله صلى الله عليه ( آله ) و سلم يقول: إن الله اصطفى كنانة من ولد إسماعيل و اصطفى قريشا من كنانة و اصطفى من قريش بني هاشم و اصطفاني من بني هاشم.
Восила мегӯяд: Шунидам ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мефармуданд: Ҳамоно Худованд Канонаро аз фарзандони Исмоил баргузид ва Қурайшро аз Канона баргузид ва Бани Ҳошимро аз Қурайш ва маро аз Бани Ҳошим баргузид.1
Пас ин ояти шарифа ва ҳадиси саҳеҳ низ раҳбарии хонадони Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро бар ин уммат таъйид карда ва таъкид намудааст.
Албатта далоили фаровони саҳеҳ ва собити дигар барои таъйиди он чи зикр кардем вуҷуд дорад, ки мо дигар намехоҳем ба онҳо ишора кунем ва умедворем иншоаллоҳ ошноӣ бо ин ду ҳадиси шариф ва пайравӣ ва амал ба он ду, сабаби ошноии бештари мо бо ахбори дигар дар ин замина ва бо Исломи ноб гардад ва коре кунем, ки дар охират дар пешгоҳи Худованди Мутаол ва Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шарманда нашавем. Чигуна мумкин аст мо дар охират узре дошта бошем, бо ин ки ба чунин ҳадиси мутавотир ва чизе, ки ин ҳама Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) рӯи он таъкид кардаанд ва танҳо роҳи наҷот аз гумроҳиро дар пайравӣ аз он муаррифӣ кардаанд, бетаваҷҷӯҳӣ карда бошем?
Ин навишторро дар ин ҷо ба поён мерасонем ва умедворем, ки Худованди Мутаол онро сабаби ошноӣ ва пайванди бештари муслимин бо хонадони поки Расули Гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қарор диҳад ва ба ҳамаи муслимин тавфиқи шинохту маърифати комили Қуръону Худованди Мутаол ва ин хонадони покро каромат фармояд.
Худованди Мутаолро бар ин тавфиқе, ки дар анҷоми ин амал барои мо ато фармуд сипос мегӯям ва аз даргоҳи Он Офаринандаи Меҳрубон тавфиқи анҷоми амали холисона ва оқибат бахайриро барои ҳамагон хосторам.
Достарыңызбен бөлісу: |