Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон


- Ҳадиси 17 нафар аз саҳоба



бет14/17
Дата11.07.2016
өлшемі1.66 Mb.
#191502
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   17

21- Ҳадиси 17 нафар аз саҳоба


ابن عقدة من طريق محمد بن كثير عن فطر و ابي الجارود كلاهما عن ابي الطفيل أن عليا قام فحمد الله و أثنى عليه ثم قال: أنشد الله من شهد يوم غدير خم إلا قام و لا يقوم رجل يقول: نبئت أو بلغني إلا رجل سمعت أذناه و وعاه قلبه فقام سبعة عشر رجلا منهم: خزيمة بن ثابت و سهل بن سعد و عدي بن حاتم و عقبة بن عامر و أبو أيوب الانصاري و أبو سعيد الخدري و أبو شريح الخزاعي و أبو ليلى الانصاري و أبو الهيثم بن التيهان ورجال من قريش. فقال علي رضي الله عنه و عنهم: هاتوا ما سمعتم. فقالوا: نشهد أنا أقبلنا مع رسول الله صلى الله عليه و آله من حجة الوداع نزلنا بغدير خم ثم نادى بالصلاة فصلينا معه ثم قام فحمد الله و أثنى عليه ثم قال: أيها الناس ما أنتم قائلون؟ قالوا: قد بلغت. قال: اللهم اشهد -ثلاث مرات-. ثم قال: إني أوشك أن أدعى فاجيب و إني مسؤول و أنتم مسؤولون... ثم قال: أيها الناس إني تارك فيكم الثقلين: كتاب الله و عترتي أهل بيتي إن تمسكتم بهما لن تضلوا فانظروا كيف تخلفوني فيهما و إنهما لن يفترقا حتى يردا على الحوض نبأني بذلك اللطيف الخبير. ثم قال: إن الله مولاي و أنا مولى المؤمنين ألستم تعلمون أني أولى بكم من أنفسكم؟ قالوا بلى. قال ذلك ثلاثا. ثم أخذ بيدك يا أمير المؤمنين فرفعها وقال: من كنت مولاه فهذا علي مولاه اللهم وال من والاه و عاد من عاداه. فقال علي: صدقتم و أنا على ذلك من الشاهدين.

Абӯтуфайл мегӯяд: Ҳамоно Алӣ бархост ва баъд аз ҳамду санои илоҳӣ фармуд: Ба Худо савганд медиҳам касонеро, ки дар рӯзи Ғадир ҳозир буданд, аз ҷо бархезанд. Намехоҳам касоне, ки ин хабарро аз дигарон шунидаанд, аз ҷои худ баланд шаванд, балки танҳо касоне баланд шаванд, ки худ бо гӯшҳояшон шунида ва бо қалбашон ҳифз карданд. Онгоҳ 17 нафар бархостанд, ки аз ҷумлаи онҳо Хузайма ибни Собит, Саҳл ибни Саъд, Удай ибни Ҳотам, Уқба ибни Омир, Абӯаюби Ансорӣ, Абӯсаиди Худрӣ, Абӯшурайҳи Хазоӣ, Абӯлайлои Ансорӣ, Абӯҳайсам ибни Тайҳон ва мардоне аз Қурайш буданд. Сипас Алӣ гуфт: Он чиро шунидед бигӯед. Гуфтанд: Шаҳодат медиҳем, ки мо аз Ҳаҷҷатул видоъ ҳамроҳи Паёмбар омадем ва ба Ғадири Хум фуруд омадем, сипас нидои намоз дод ва ҳамроҳи он ҳазрат намоз хондем. Сипас бархост ва баъд аз ҳамду санои илоҳӣ фармуд: Эй мардум! Шумо чӣ хоҳед гуфт? Гуфтанд: Ҳамоно рисолататро иблоғ кардӣ. Ҳазрат се мартаба гуфтанд: Худоё шоҳид бош! Сипас фармуданд: Наздик аст ман (ба охират) даъват шавам ва қабул кунам. Ҳамоно ман ва шумо суол хоҳем шуд. Сипас фармуданд: Эй мардум! Ман дар байни шумо ду чизи боарзиш гузоштам ва он ду: китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд, ки агар ба он ду чанг бизанед ҳаргиз гумроҳ намешавед. Пас мувозиб бошед, ки баъд аз ман бо он ду чигуна рафтор хоҳед кард. Ҳамоно ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман дохил шаванд. Худои Латиф ва Огоҳ инро ба ман хабар дод.

Сипас фармуданд: Ҳамоно Худованд мавлои ман ва ман мавлои мӯъминин ҳастам. Оё намедонед, ки ман сазовортар аз шумо бар худатон ҳастам? Гуфтанд: Оре, ҳастед. Ҳазрат се мартаба ин суханро такрор карданд. Сипас аз дасти ту гирифтанд, эй Амиралмӯъминин ва онро боло бардошта фармуданд: Ҳар ки ман мавлои ӯ ҳастам, пас Алӣ мавлои ӯст. Худоё! Дӯст бидор ҳар касеро, ки Алиро дӯст дорад ва душман бидор ҳар касеро, ки ӯро душман дорад.

Сипас Алӣ гуфт: Рост гуфтед ва ман низ бар он шаҳодат медиҳам.1

Санади ин ҳадис саҳеҳ аст ва Қундузии ҳанафӣ дар Янобеъ-ул-мавадда ин ҳадисро аз Абӯтуфайл аз "Ҳилятул авлиё"-и Абӯнаими Исфаҳонӣ нақл кардааст. Дар ин ҳадиси шариф чунон ки мулоҳиза мекунед 17 нафар аз саҳобагон, яъне Хузайма ибни Собит, Саҳл ибни Саъд, Удай ибни Ҳотам, Уқба ибни Омир, Абӯаюби Ансорӣ, Абӯсаиди Худрӣ, Абӯшурайҳи Хазоӣ, Абӯлайлои Ансорӣ, Абӯҳайсам ибни Тайҳон ва 8 нафари дигар, ки номашон зикр нашуда шаҳодат додаанд, ки ин ҳадисро аз Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидаанд.

22- Ҳадиси Омир ибни Абӯлайло ибни Замура


ابن عقدة من طريق عبدالله بن سنان عن ابي طفيل عن عامر بن أبى ليلى بن ضمرة وحذيفة بن أسيد قالا: لما صدر رسول الله صلى الله عليه و آله من حجة الوداع و لم يحج غيرها أقبل حتى إذا كان بالجحفة وذلك يوم غدير خم وخم من الجحفة وله بها مسجد معروف فقال: ايها الناس قد نبأني اللطيف الخبير أنه لم يعمر نبي إلا نصف عمر الذي قبله واني أوشك أن ادعى فأجيب و اني مسؤول وانتم مسؤولون فماذا انتم قائلون؟ قالوا: نشهد أنك قد بلغت ونصحت وجهدت فجزاك الله خيرا. قال: ألستم تشهدون أن لا اله الا الله وأن محمدا عبده و رسوله وأن جنته حق و ناره حق وأن الموت حق وان الساعة آتية لا ريب فيها وأن الله يبعث من في القبور؟ قالوا: بلى نشهد بذلك. قال: اللهم اشهد ثم قال: أيها الناس ألا تسمعون؟ قالوا نعم. قال: فاني فرط على الحوض وانتم واردون علي الحوض وإن عرضه ما بين صنعاء وبصرى فيه أقداح عدد النجوم من فضة فانظروا كيف تخلفوني في الثقلين فنادى مناد: و ما الثقلان يارسول الله؟ قال: الثقل الاكبر كتاب الله طرف بيد الله عز و جل و طرف بأيديكم فتمسكوا به لا تضلوا و الآخر الاصغر عترتي و إن اللطيف الخبير نبأني انهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض فسألت ذلك لهما ربي فلا تقدموهما فتهلكوا و لا تعلموهم فانهم أعلم منكم.

Омир ибни Абӯлайло ва Ҳузайфа ибни Усайд гуфтаанд: Вақте Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз Ҳаҷҷатул видоъе, ки баъд аз он дигар ҳаҷ анҷом надод баргашт ва ба Ғадир ворид шуд, хутбае хонда зимни он фармуд: Худои Латифу Огоҳ ба ман хабар дод, ки ҳар паёмбаре ба андозаи нисфи паёмбари пеш аз худ умр карда ва наздик аст, ки ман (ба охират) даъват шавам ва ман қабул мекунам. Ман ва шумо дар охират суол мешавем, пас шумо чӣ мегӯед? Мардум гуфтанд: Шумо рисолататро тамом ва моро насиҳат кардед. Ҳазрат фармуданд: Оё шаҳодат намедиҳед, ки Худо яктост ва Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) банда ва расули ӯст ва ин ки биҳишту дӯзах ва марг ҳак аст ва қиёмат бешак хоҳад омад ва Худованд аҳли қубурро зинда хоҳад кард? Гуфтанд: Оре, ба инҳо шаҳодат медиҳем. Ҳазрат фармуданд: Худоё! Шоҳид бош. Фармуданд: Оё гӯш намедиҳед? Гуфтанд: Оре, гӯш медиҳем. Фармуданд: Ман ба шумо пешӣ мегирам ва шумо дар сари ҳавз бар ман ворид хоҳед шуд... Пас бубинед, ки дар бораи Сақалайн чӣ хоҳед кард? Шахсе пурсид: Эй Расули Худо! Сақалайн чист? Фармуданд: Сақли акбар, Китоби Худо аст, ки як тарафаш ба дасти Худо ва тарафи дигараш ба дасти шумост. Пас ба он чанг бизанед, ки ҳаргиз гумроҳ ва хор намешавед. Ва дигарӣ кӯчак ва хурдӣ Аҳли Байтам ҳастанд. Ҳамоно Худованди Латифу Огоҳ ба ман хабар дод, ки ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд. Ва ман инро барои он ду аз Парвардигорам хостам, пас аз он ду пешӣ нагиред, ки ҳалок мешавед ва ба онҳо ёд надиҳед, чун онҳо худ донотар аз шумо ҳастанд.1

Дар гузашта низ ин ҳадис бо ҳамин матн ва маъно аз Зайд ибни Арқам ва Ҳузайфа ибни Усайд гузашт. Ибни Ҳаҷар ва Самҳудӣ баъд аз ишора ба ин ҳадис мегӯянд: Абӯмӯсои Мадинӣ дар китоби "Ас-саҳоба"ин ҳадисро аз тариқи Ибни Уқда нақл карда ва гуфтааст: Ин ҳадис ғариб аст.

Аз ин сухан истифода мешавад, ки санади ин ҳадис саҳеҳ аст ва мусаллам аст, ки ин ҳадис ҳеҷ ғаробате надорад ва мутавотир аст.




Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   17




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет