Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон


-Ҳадиси Ибни Умар ва Саъд ибни Абўваққос



бет10/17
Дата11.07.2016
өлшемі1.66 Mb.
#191502
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   17

9-Ҳадиси Ибни Умар ва Саъд ибни Абўваққос


1-2- و قال الواقدي عن الزهري عن سالم عن أبيه و عن الزهري في إسناد له عن سعد بن أبي وقاص قالا:... و خرج ليلاً منصرفا إلى المدينة، فصار إلى موضع بالقرب من الجحفة يقال له: غدير خم لثماني عشرة ليلة خلت من ذي الحجة و قام خطيبا و أخذ بيد على بن أبي طالب فقال: ألست أولى بالمؤمنين من أنفسهم؟ قالوا: بلى يا رسول الله! قال: فمن كنت مولاه فعلي مولاه اللهم وال من والاه و عاد من عاداه. ثم قال: أيها الناس إني فرطكم وأنتم واردي علي الحوض، و إني سائلكم حين تردون علي عن الثقلين فانظروا كيف تخلفوني فيهما. و قالوا: و ما الثقلان يا رسول الله؟ قال: الثقل الأكبر كتاب الله سبب طرفه بيد الله و طرف بأيديكم فاستمسكوا به و لا تضلوا و لا تبدلوا و عترتي أهل بيتي.

Ибни Умар ва Саъд ибни Абиваққос чунин ривоят кардаанд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шабона баъд аз Ҳаҷҷатул видоъ ба тарафи Мадина ҳаракат карданд ва рўзи 18 зилҳиҷҷа ба сарзамини Ғадири Хум расиданд ва (дар он ҷо) барои хутба бапо истода ва аз дасти Алӣ гирифта фармуданд: Оё ман сазовортар аз мўъминин бар худашон нестам? Гуфтанд: Оре, ҳастӣ эй Расули Худо! Ҳазрат фармуданд: Пас, ҳар ки ман мавлояш ҳастам, ин Алӣ низ мавлои ўст. Худоё! Дўст бидор касеро, ки Алиро дўст дорад ва душман бидор касеро, ки Алиро душман дорад.

Сипас фармуданд: Эй мардум! Ман бар шумо пешӣ мегирам ва шумо рўзи қиёмат сари ҳавз бар ман ворид хоҳед шуд. Замоне, ки бар ман ворид мешавед, ман аз шумо дар бораи "Сақалайн"суол хоҳам кард. Пас мувозиб бошед, ки чигуна ҳаққи маро дар бораи он ду муроот хоҳед кард.

Мардум гуфтанд: Сақалайн чист, эй Расули Худо? Ҳазрат фармуданд: Сақли бузург китоби Худост, ки як тарафаш ба дасти Худо ва тарафи дигараш ба дасти шумо, ба он чанг бизанед гумроҳ намешавед. Дуюмӣ Аҳли Байтам ҳастанд.1

Санади Ибни Умар дар ин ҳадис саҳеҳ аст ва аммо санади Саъд ибни Абиваққос аз Зўҳрӣ мунқатеъ аст ва санади Ибни Умар онро таъйид мекунад. Аммо Воқидӣ гарчӣ аксар ўро тазъиф кардаанд, вале баъзеҳо ўро ҳатто амиралмўъминин дар ҳадис низ хондаанд ва ўро сиқа низ гуфтаанд.2

Ба ҳар ҳол заъфи ў ба ин санад наметавонад зараровар бошад, чун аҳли суннат фаровон ба суханону нақлҳои Воқидӣ истидлол кардаанд.

Ҳамчунин дар гузашта мушоҳида кардем, ки Таҳовӣ баъд аз нақли ҳадиси Сақалайн ва саҳеҳ донистани он ишора кард, ки ин ҳадис аз Саъд ибни Абўваққос низ ривоятшудааст.

10-Ҳадиси Ҳузайфа ибни Усайд


1-2- حدثنا محمد بن أحمد بن حمدان ثنا الحسن بن سفيان حدثني نصر بن عبدالرحمن الوشاء ثنا زيد بن الحسن الانماطي عن معروف بن خربوذ المكي عن أبي الطفيل عامر بن وائلة عن حذيفة بن أسيد الغفاري قال قال رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم أيها الناس إني فرطكم و إنكم واردون على الحوض فإني سائلكم حين تردون علي عن الثقلين فانظروا كيف تخلفوني فيهما كتاب الله سبب طرفه بيد الله وطرفه بايديكم فاستمسكوا به لا تضلوا و لا تبدلوا و عترتي أهل بيتي فانه قد نبأني اللطيف الخبير أنهما لن يفترقا حتى يردا على الحوض.

Абӯтуфайл аз Ҳузайфа ибни Усайд аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ривоят карда, ки фармудаанд: Эй мардум! Ман бар шумо пешӣ мегирам ва шумо дар сари ҳавз бар ман ворид мешавед ва ҳамоно вақте ба ман ворид шудед, шуморо аз Сақалайн хоҳам пурсид. Пас мувозиб бошед, ки баъд аз ман бо он ду чӣ хоҳед кард? (Ва он ду, яке) китоби Худо аст, ки як тарафаш ба дасти Худо ва тарафи дигараш ба дасти шумост, ба он чанг бизанед, ки ҳаргиз гумроҳ ва хор намешавед. (Дуюмӣ) Аҳли Байтам. Ҳамоно Худованди Латиф ва Огоҳ ба ман хабар дод, ки он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.1

Ин ҳадис ба ин маъно бо ду санад ривоят шуда ва санади ҳар ду саҳеҳ аст.

3-4- حدثنا محمد بن عبد الله الحضرمي وزكريا بن يحيى الساجي قالا ثنا نصر بن عبد الرحمن الوشاء

وحدثنا أحمد بن القاسم بن مساور الجوهري ثنا سعيد بن سليمان الواسطي قالا ثنا زيد بن الحسن الأنماطي ثنا معروف بن خربوذ عن أبي الطفيل عن حذيفة بن أسيد الغفاري قال ثم لما صدر رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم من حجة الوداع نهى أصحابه عن شجرات بالبطحاء متقاربات أن ينزلوا تحتهن ثم بعث إليهن فقم ما تحتهن من الشوك وعمد إليهن فصلى تحتهن ثم قام فقال يا أيها الناس إني قد نبأني اللطيف الخبير أنه لم يعمر نبي إلا نصف عمر الذي يليه من قبله و إني لأظن أني يوشك أن أدعي فأجيب و إني مسؤول وإنكم مسؤولون فماذا أنتم قائلون قالوا نشهد أنك قد بلغت وجاهدت ونصحت فجزاك الله خيرا فقال أليس تشهدون ان لا إله إلا الله وأن محمدا عبده و رسوله و أن جنته حق و ناره حق و أن الموت حق وأن البعث بعد الموت حق وأن الساعة آتية لا ريب فيها و أن الله يبعث من في القبور قالوا بلى نشهد بذلك قال اللهم أشهد ثم قال أيها الناس إن الله مولاي و أنا مولى المؤمنين و أنا أولى بهم من أنفسهم فمن كنت مولاه فهذا مولاه يعني عليا اللهم وال من والاه و عاد من عاداه ثم قال يا أيها الناس إني فرطكم و إنكم واردون علي الحوض حوض أعرض ما بين بصرى و صنعاء فيه عدد النجوم قد حان من فضة و إني سائلكم حين تردون علي عن الثقلين فانظروا كيف تخلفوني فيهما كتاب الله عز و جل سبب طرفه بيد الله وطرفه بايدكم فاستمسكوا به لا تضلوا ولا تبدلوا و عترتي أهل بيتي فإنه نبأني اللطيف الخبير أنهما لن ينقضيا حتى يردا علي الحوض.

Вақте Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз Ҳаҷҷатул видоъ баргашт ва ба Ғадир ворид шуд, хутба хонда зимни он фармуд: Эй мардум! Худо мавлои ман аст ва ман мавлои ҳар мӯъмин ва ман сазовортарам ба онҳо аз худашон. Пас ҳар ки ман мавлои ў ҳастам, ин Алӣ низ мавлои ӯст. Худоё! Дӯст бидор ҳар касеро, ки ӯро дӯст дорад ва душман бидор ҳар касеро, ки Алиро душман дорад. Сипас фармуд: Эй мардум! Ман бар шумо пешӣ мегирам ва шумо дар сари ҳавз бар ман ворид мешавед ва ҳамоно вақте ба ман ворид шудед, шуморо аз Сақалайн хоҳам пурсид. Пас мувозиб бошед, ки баъд аз ман бо он ду чӣ хоҳед кард. (Ва он ду, яке) китоби Худо аст, ки як тарафаш ба дасти Худо ва тарафи дигараш ба дасти шумост, ба он чанг бизанед, ки ҳаргиз гумроҳ ва хор намешавед. (Дуюмӣ) Аҳли Байтам. Ҳамоно Худованди Латиф ва Огоҳ ба ман хабар дод, ки он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.1

Ин тарҷумаи хулосаи ҳадис аст.

Ин ҳадис низ бо ин лафз бо ду санад ривоят шуда. Ҳайсамӣ мегӯяд: Ровиёни яке аз ин ду санад ҳама сиқа ҳастанд, пас санади ин ҳадис низ саҳеҳ аст.

Аз ин чаҳор санад аз Ҳузайфа се тои он саҳеҳ аст ва як санад баррасӣ нагардид.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   17




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет