1- Албонӣ ҳадиси васият ба китоби Худо ва Аҳли Байтро аз Ибни Аббос нақл карда ва гуфта аст: Ҳоким онро ривоят карда ва ў ва инчунин Заҳабӣ санади онро саҳеҳ донистаанд.2
2- و أنبأني الامام الحافظ صدر الحفاظ أبو العلاء الحسن بن أحمد العطار الهمداني، و الإمام الأجل نجم الدين أبو منصور محمد بن الحسين بن محمد البغدادي، قالا: أنبأنا الشريف الامام الأجل نور الهدى أبو طالب الحسين ابن محمد بن علي الزينبي، عن الإمام محمد بن أحمد بن علي بن الحسن بن شاذان، حدثنا أبو محمد عبد الله بن يوسف بن بابويه الاصبهاني بنيسابور، عن حامد بن محمد الهروي، عن علي بن محمد بن عيسى، عن محمد بن عكاشة، عن محمد بن الحسين، عن محمد بن سلمة، عن خصيف، عن مجاهد قال: قيل لابن عباس ما تقول في علي بن أبي طالب؟ فقال: ذكرت و الله احد الثقلين، سبق بالشهادتين و صل القبلتين، و بايع البيعتين، و اعطى السبطين و هو أبو السبطين الحسن و الحسين، و ردت عليه الشمس مرتين بعد ما غابت عن الثقلين، و جرد السيف تارتين و هو صاحب الكرتين، فمثله في الامة، مثل ذي القرنين، ذاك مولاي علي بن أبي طالب.
Муҷоҳид мегӯяд: Ба Ибни Аббос гуфта шуд: Дар бораи Алӣ ибни Абӯтолиб чӣ мегӯӣ? Гуфт: Ба Худо савганд, яке аз ду сақлро ёд кардӣ, касеро ёд кардӣ, ки ба гуфтани шаҳодатайн пешӣ гирифт ва ба ду қибла намоз хонд ва дар ҳар ду навбат байъат намуд ва ду сибт дода шуд ва ӯ падари ду сибт Ҳасан ва Ҳусайн аст ва хуршед барои ӯ ду мартаба баъд аз нишастан баргашта... ва ӯ дар ин уммат монанди Зулқарнайн аст ва ӯ мавлоям Алӣ ибни Абўтолиб аст.1
Санади ин ҳадис мавриди баррасӣ қарор нагирифт.
3- عن عطاء بن السائب عن أبي يحيى عن ابن عباس قال: خطب رسول الله صلى الله عليه و آله فقال: يا معشر المؤمنين إن الله عزوجل أوحى إلي أني مقبوض أقول لكم قولا إن عملتم به نجوتم و إن تركتموه هلكتم إن أهل بيتي و عترتيهم خاصتي و حامتي وإنكم مسؤولون عن الثقلين: كتاب الله وعترتي إن تمسكتم بهما لن تضلوا فانظروا كيف تخلفوني فيهم.
Ибни Аббос мегӯяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хутба хонда, дар он фармуданд: Эй мӯъминон! Худованд бар ман хабар дод, ки ман аз байни шумо хоҳам рафт, ба шумо чизе мегӯям, ки агар бар он амал кунед наҷот меёбед ва агар онро тарк кунед ҳалок мешавед. Ҳамоно Аҳли Байтам хоссони ман ҳастанд ва шумо аз Сақалайн пурсида хоҳед шуд. (Ва он) китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд ва он ду аз ҳам ҷудо намешаванд. Пас бубинед, ки баъд аз ман чӣ гуна бо он ду рафтор хоҳед кард.2
Ровиёни мазкур дар санад сиқаанд, вале санад комил зикр нашудааст.
4- حدثنا فضل بن سهل عن ابن أبي أويس حدثنا أبي عن عبد الله ابن أبي عبد الله النضري و عن ثور بن يزيد عن عكرمة عن ابن عباس أن النبي صلى الله عليه ( و آله ) و سلم قال: فذكر الحديث.
Ибни Абиосим бо санади боло аз Ибни Аббос ҳадиси Сақалайнро ривоят кардааст. (Ас-суннаи Ибни Абиосим с 630 р1557).
Ёдовар мешавем, ки Ибни Абиосим дар зимни аҳодиси Сақалайн, санади пешинро нақл карда ва гуфтааст: Бо ин санад аз Ибни Аббос ҳадиси Сақалайн ривоят шудааст, вале санади он заиф аст, ки дар зер ишора хоҳад шуд.
5- حدثنا أبو بكر أحمد بن إسحاق الفقيه أنبأ العباس بن الفضل الأسفاطي ثنا إسماعيل بن أبي أويس وأخبرني إسماعيل محمد بن الفضل الشعراني ثنا جدي عن ثور زيد الديلي عن عكرمة عن ابن عباس: أن رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم خطب الناس في حجة الوداع فقال: قد يئس الشيطان بأن يعبد بأرضكم و لكنه رضي أن يطاع فيما سوى ذلك مما تحاقرون من أعمالكم فاحذروا يا أيها الناس إني قد تركت فيكم ما إن اعتصمتم به فلن تضلوا أبدا: كتاب الله وسنة نبيه صلى الله عليه ( و آله ) و سلم إن كل مسلم أخ المسلم المسلمون إخوة و لا يحل لامرىء من مال أخيه إلا ما أعطاه عن طيب نفس ولا تظلموا و لا ترجعوا من بعدي كفارا يضرب بعضكم رقاب بعض.
Ин ҳадис1 ҳамон ҳадиси Сақалайн аст, ки Ҷобир низ ривоят карда ва дар Арафа Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) уммати исломиро ба пайравӣ аз китоби Худо ва Аҳли Байт амр фармуданд. Аммо чунон ки дар гузашта зикр шуд, дар ин ҳадис ба ҷои "Аҳли Байтам""суннатам"оварда шуда ва бо ин, ҳадиси мазкур бо навъе таҳриф рў ба рў шудааст.
Дар санади ин ҳадис Исмоил ва падараш Абӯувайс заиф ҳастанд ва Икрима аз хавориҷ ва аз душманони Аҳли Байт буда ва чунон ки дар гузашта ишора шуд, дар ҳадиси саҳеҳ ворид шуда, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар Ҳаҷҷатул видоъ (ҳаҷҷи охир) ба китоби Худо ва Аҳли Байт суфориш фармуданд ва ин ҳадис ҳамон ҳадис аст, вале яке аз ин афрод, Икрима ба хотири душманӣ бо Аҳли Байт ва ё Исмоил ва падараш ин ҳадисро таҳриф кардаанд, чун Яҳё ибни Муин дар бораи ин ду мегӯяд: Ибни Абӯувайс ва падараш ҳадисро медӯзданд.2 Ва ин ҳадис низ беҳтарин далел бар дуздии онҳост, ки лафзи "Аҳли Байтам"-ро ба "суннатам"табдил кардаанд ҳамчунин Исмоилро каззоб низ гуфтаанд.3
Пас ин ҳадис низ бешак ҳамон ҳадиси васият ба "китоби Худо ва Аҳли Байт"буда чунон ки Ибни Абўосим низ онро зимни аҳодиси васият ба "китоби Худо ва Аҳли Байт"аз Ибни Аббос ривоят кардааст. Вале дурўғгўёну душманони Аҳли Байт, ки дар санади ин ҳадис қарор гирифтаанд даст ба таҳрифи ин ҳадис задаанд.
Ҳамчунин Ҳоким баъд аз нақли ин ҳадис мегўяд: Зикри чанг задан ба суннат дар ин хутба (яъне дар хутбаи Ҳаҷҷатул видоъ) ғариб аст (яъне чунин чизеро касе нагуфтааст) ва Заҳабӣ низ онро бо сукуташ таъйид кардааст.
Пас аз он чи гузашт истифода мешавад, ки ҳадиси шарифи Сақалайн аз Ибни Аббос бо чаҳор санад ривоят шуда ва баъзе аз онҳо таҳриф шудааст.
8- Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар
ثنا أبو بكر ثنا زيد بن الحباب حدثنا موسى بن عبيدة حدثني صدقة بن يسار عن ابن عمر أن النبي صلى الله عليه ( و آله ) و سلم خطب فحمد الله وأثنى عليه بما هو أهل ثم قال: أيها الناس قد تركت فيكم ما إن اعتصمتم به لن تضلوا: كتاب الله عز و جل.
Абдуллоҳ ибни Умар мегӯяд: Ҳамоно Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хутба хонд ва баъд аз ҳамду санои илоҳӣ фармуд: Эй мардум! Байни шумо чизе мегузорам, ки агар бар он чанг бизанед ҳаргиз гумроҳ намешавед: китоби Худои Мутаол. (Ас-суннаи Ибни Абиосим с 630 р 1556).
Ин ҳадис хеле равшан аст, ки ҳамон ҳадиси Сақалайн аст ва Ибни Абиосим низ онро дар зимни аҳодиси Сақалайн ривоят карда, вале мутаассифона аз матни ин ҳадис "Аҳли Байтам"-ро ҳазф кардаанд ва Мўсо ибни Убайда низ дар санади ин ҳадис заиф аст ва шояд ин кори ӯ бошад.
Достарыңызбен бөлісу: |