Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон


Эътирофи уламо бар зиёдии ровиёни ҳадис



бет16/17
Дата11.07.2016
өлшемі1.66 Mb.
#191502
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   17

Эътирофи уламо бар зиёдии ровиёни ҳадис


Уламо ва бузургони аҳли суннат низ эътироф намудаанд, ки ҳадиси шарифи Сақалайн дорои ровиёни зиёдест.

Инак, ба сухани баъзеи онҳо ишора мекунем:

Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ дар бораи ин ҳадиси шариф мегӯяд:

و لهذا الحديث طرق كثيرة عن بضع وعشرين صحابيا

Ин ҳадис дорои санадҳои зиёде аз бисту чанд саҳоба аст.2

Самҳудӣ низ мегӯяд:

و في الباب عن زيادة على عشرين من الصحابة.

Ин ҳадисро беш аз бист саҳоба ривоят кардаанд.3


Маънои ҳадис аз назари уламо


Ибни Манзур мегўяд:

و في حديث النبي صلى الله عليه ( و آله ) و سلم: اوصيكم بكتاب الله و عترتي. "

Дар ҳадиси Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аст, ки фармуданд: Шуморо ба китоби Худо ва Аҳли Байтам суфориш ва васият мекунам.1

Ибни Ҳаҷар мегўяд:

و قد جاءت الوصية الصريحة بهم في عدة أحاديث منها حديث إني تارك فيكم ما إن تمسكتم به لن تضلوا بعدي الثقلين أحدهما أعظم من الآخر كتاب الله حبل ممدود من السماء إلى الأرض و عترتي أهل بيتي و لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض فانظروا كيف تخلفوني فيهما

Дар шуморе аз аҳодис, васияти ошкор ва равшан ба Аҳли Байт шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо ҳадиси "Сақалайн"аст.2

Саълаб олими илми наҳв мегўяд: Китоб ва Аҳли Байтро Сақалайн номиданд, чун амал ба он ду сахт аст ва онҳоро ба хотири баёни бузургии қадру манзалаташон Сақалайн номиданд.3

Заҳабӣ дар бораи Саълаб мегўяд: Аллома, муҳаддис, имоми фанни наҳв, Аҳмад ибни Яҳё.4

Ибни Ҳаҷар мегўяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) китоби Худо ва Аҳли Байтро Сақалайн номид. "Сақл"ба ҳар чизи пурарзише гуфта мешавад ва китоби Худо ва Аҳли Байт аз ин қабиланд, чун ҳар кадом аз он ду маъдани илми ладуннӣ ва асрору ҳикматҳои илоҳӣ ҳастанд ба ҳамин хотир Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мардумро ба пайравӣ аз он ду суфориш ва таъкид намудаанд".5

Муновӣ баъд аз зикри ҳадиси Сақалайн мегӯяд:

قال الشريف: هذا الخبر يفهم وجود من يكون أهلا للتمسك من أهل البيت و العترة الطاهرة في كل زمان إلى قيام الساعة حتى يتوجه الحث المذكور إلى التمسك به كما أن الكتاب كذلك فلذلك كانا أمانا لاهل الارض فإذا ذهبوا ذهب أهل الارض.

Шариф гуфтааст: Аз ин хабар фаҳмида мешавад, ки дар ҳар замоне то рӯзи қиёмат аз хонадони поки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) касоне вуҷуд хоҳанд дошт, ки аҳлияти пайравиро дошта бошанд чунон ки китоби Худо низ ингуна аст. Ва ба ҳамин хотир китоби Худо ва Аҳли Байт амони аҳли замин муаррифӣ шудаанд ва ҳар вақт он ду рафтанд аҳли замин низ хоҳанд рафт (ва қиёмат барпо хоҳад шуд).1



و في أحاديث الحث على التمسك بأهل البيت إشارة إلى عدم انقطاع متأهل منهم للتمسك به إلى يوم القيامة كما أن الكتاب العزيز كذلك ولهذا كانوا أمانا لأهل الأرض كما يأتي ويشهد لذلك الخبر السابق في كل خلف من أمتي عدول من أهل بيتي إلى آخره.

Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Дар ин аҳодис, ки ба пайравӣ аз Аҳли Байт ташвиқ шуда, ишора шудааст, ки то рӯзи қиёмат замин аз касе аз Аҳли Байт, ки аҳлияти пайравӣ доранд холӣ нахоҳад монд ҳамон гунае ки китоби Худо низ чунин аст. Ва дар ривоёт омада, ки Аҳли Байт амони аҳли замин ҳастанд чунон ки дар ин мавзӯъ аҳодис хоҳад омад ва ҳадиси гузашта низ ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳазрат фармуданд: "Дар ҳар насле аз умматам шахси одиле аз Аҳли Байтам хоҳад буд"(то охири ҳадис).2

Самҳудӣ низ мегӯяд: Аз ин ҳадис истифода мешавад, ки китоби Худо ва Аҳли Байт то қиёмат аз ҳам ҷудо намешаванд. (Ҷавоҳирул ақдайн с 243).

Муновӣ дар шарҳи ҳадиси Сақалайн дар бораи "Аҳли Байт"мегӯяд:



و هم أصحاب الكساء الذين أذهب الله عنهم الرجس وطهرهم تطهيرا.

Онҳо аҳли кисо (Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн) ҳастанд, ки Худованд палидиро аз онҳо дур карда ва онҳоро пок намудааст.3

Мулло Али Қорӣ дар шарҳи ҳадиси Сақалайн мегӯяд:

معنى التمسك بالعترة محبتهم و الاهتداء بهداهم و سيرتهم.

Маънои чанг задан ба Аҳли Байт, дӯст доштани онҳо ва ҳидоят ёфтан бо ҳидояту равиши онҳост.1

Зарқонии Моликӣ мегӯяд:

و أكد تلك الوصية و قواها بقوله: فانظروا بم تخلفوني فيهما بعد وفاتي هل تتبعونهما فتسروني أو لا فتسيئوني.

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) васияти бар китоби Худо ва Аҳли Байтро бо ин сухан: "Пас мувозиб бошед, ки баъд аз ман чигуна бо онҳо рафтор мекунед"тақвият ва таъкид кард, ки оё баъд аз ман аз он ду пайравӣ мекунед ва маро хушҳол менамоед ё баръакс, маро нороҳат мекунед.2

Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ дар бораи ин ҳадис мегӯяд:

حث صلى الله عليه ( و آله ) و سلم على الاقتداء و التمسك بهم و التعلم منهم.

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мардумро бар иқтидо ва пайравӣ ва таълим гирифтан аз китоби Худо ва Аҳли Байт ташвиқ намуд.3

Аз он чӣ ин бузургон гуфтаанд истифода мешавад, ки китоби Худо ва Аҳли Байт то рӯзи қиёмат аз ҳам ҷудо намешаванд. Ва ҳамчунин то рӯзи қиёмат имому раҳбаре аз хонадони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар байни уммати исломӣ хоҳанд буд то уммати исломӣ аз ӯ пайравӣ кунанд ва ҳаққу ботилро аз ӯ бишносанд. Ва инчунин мухолифат бо онҳо мавриди норизоятӣ ва нохушнудии Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мешавад.

То ин ҷо бо ҳадиси шарифи Сақалайн ва назари уламо дар мавриди маънои он ҳадиси шариф ошно шудем. Инак, бо ҳадиси шарифи дигаре, ки бо ҳадиси Сақалайн якдигарро тақвият ва тафсир мекунанд ошно хоҳем гардид. Ва он ҳадиси мутавотире аст, ки дар он Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз шумори хулафои баъд аз худ хабар додаанд.



12 ҷонишинони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)


Дар ҳадиси мутавотири дигар Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҷонишинони баъд аз худро 12 нафар муаррифӣ фармудаанд. Ва аз ин ҳадис низ истифода мешавад, ки замин аз яке аз он 12 халифа холӣ нахоҳад шуд.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ин ҳадисро низ Паёмбари гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба монанди ҳадиси Сақалайн дар ҷойҳои гуногун эрод фармудаанд, ки яке аз он ҷойҳо ҳамон Ҳаҷҷатул видоъ ва рӯзи Арафа будааст.

Инак, бо он ҳадис ва назари уламо дар бораи он ошно мешавем:

Паёмбари гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд:



الخلفاء بعدي إثنا عشر كعدد نقباء بني إسرائيل.

Хулафо ва ҷонишинони ман баъд аз ман, дувоздаҳ нафаранд ба адади пешвоёни Бани Исроил.

Ҳазрат дар ҳадиси дигар фармуданд:

1- لا يزال هذا الدّين عزيزاً منيعاً إلى إثنا عشر خليفة ثمَّ قال كلمةً لم أفهمها فقلْتُ لأبي: ما قال: قال كلُّهم من قريش.

Пайваста ин дин азизу тавоно ва арҷманд хоҳад буд модоме, ки дувоздаҳ нафар раҳбарияти ин умматро ба ӯҳда дошта бошанд. Сипас калимае фармуданд, ки ман нафаҳмидам. Аз падарам пурсидам, ки дар охир чӣ фармуданд? Гуфт: Фармуданд: Ҳамаи он дувоздаҳ нафар аз Қурайш хоҳанд буд.

Ин ҳадис бо лафзҳои мухталиф аз саҳобагони зер ривоят шудааст: Ибни Масъуд, Ҷобир ибни Самура бо 36-санад, Ибни Умар, Абӯҷуҳайфа, Авн ибни Ҷуҳайфа, Абдуллоҳ ибни Амр, Убай ва Анас ибни Молик.

(Саҳеҳи Муслим ҷ 3 с 1452 р 1820 ва 1821 бо панҷ санад. Муснади Аҳмад аз Абдуллоҳ ҷ 1 с 398 р 3781 ва Аҳмад аз Ҷобир дар Муснадаш бо 34 санади дигар ин ҳадисро ривоят кардааст 5/86 то 108. Сунани Абӯдовуд ҷ 4 с 106 р 4279. Муснади Абӯяъло 1ҷ 3 с 457 р 7463. Мӯъҷам-ул-авсати Табаронӣ 6/268, 8/319. Мӯъҷам-ул-кабири Табаронӣ ҷ 2 с 195 то 208-214-253-255 р 1791 то 2068 бо чандин санад 2ҷ 2 с 120 р 308. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон 15/43 р 6661-6662. Мусаннафи Ибни Абӯшайба 6/363 р 32054. Муснади Абӯавона ҷ 4 с 369 р 6976 то 6998. Муснади Баззор 5/320 р 1937. Ал-оҳод вал-масонӣ ҷ 3 с 126 р 1448-1449-1454. Мустадраки Ҳоким ҷ 3 с 618 р 6587-6589).

Диққат дошта бошем, ки ин ҳадиси шарифро ҳамаи муҳаддисони аҳли суннат, бо иттифоқ ривоят кардаанд ва Бухорӣ низ онро дар саҳеҳаш ривоят карда, вале ба ҷои халифа "амир"овардааст. Мо ин ҷо танҳо баъзе аз китобҳоеро ном бурдем, ки бо лафзи "халифа"ин ҳадиси шарифро ривоят кардаанд.

2- عن جابر قال سمعت رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم يقول في حجة الوداع: إن هذا الدين لن يزال ظاهرا على من ناواه لا يضره مخالف ولا مفارق حتى يمضي من أمتي اثنا عشر خليفة قال ثم تكلم بشيء لم أفهمه فقلت لأبي ما قال قال كلهم من قريش

Ҷобир мегӯяд: Шунидам, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар Ҳаҷҷатул видоъ мефармуданд: Ҳамоно ин дин ҳамеша (то қиёмат) бар мухолифонаш пирӯз хоҳад буд ва мухолифату дурӣ ҷустани дигарон аз он зараре бар дин намерасонад то замоне, ки 12 халифа (раҳбарии онро) бар ӯҳда дошта бошанд ва ҳамаи онҳо аз Қурайш хоҳанд буд.1

Дар ҳадиси дигаре Ҷобир мегӯяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ин ҳадисро дар Арафот фармуданд. (Муснади Аҳмад ҷ 5 с 93-96 р 20910-20943-20944).

Ин ҳадисро бо ин ду лафз, ки дар Ҳаҷҷатул видоъ ва дар Арафот эрод шуда, аз Муҷолид ибни Саид 4 нафар ривоят кардаанд ва ҳадиси ӯ ҳасан ва хуб аст. Албатта ин ҷо ҳадиси ӯ саҳеҳ хоҳад буд, чун шахсе монанди Ҳаммод ибни Зайд низ ин ҳадисро аз ӯ ривоят кардааст ва муҳаддисон ҳадиси ӯ аз Муҷолидро саҳеҳ донистаанд.1



3- عن عامر بن سعد بن أبي وقاص قال كتبت إلى جابر بن سمرة مع غلامي نافع أخبرني بشيء سمعت من رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم قال : فكتب إلي : سمعت رسول الله صلى الله عليه ( و آله) و سلم يقول يوم جمعة عشية عرفة و رجم الأسلمي يقول: لا يزال الدين قائما حتى تقوم الساعة أو يكون عليهم اثنا عشر خليفة كلهم من قريش ...

Омир ибни Саъд мегӯяд: Бо ғуломам ба Ҷобир ибни Самура навиштам то ягон ҳадисеро, ки аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунида ба ман бигӯяд. Ҷобир ба ман навишт: Рӯзи ҷумъа шоми Арафа ва сангсор шудани Асламӣ шунидам, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мефармуданд: Ҳамеша ин дин (Ислом) устувор хоҳад буд то қиёмат ва ё он ки 12 халифа бар онҳо (хилофат) кунад, ки ҳама аз Қурайш ҳастанд...2

Санади ин ҳадис комилан саҳеҳ аст ва дар ривояти Муслим ва Аҳмад "Арафа"зикр нашудааст.

Пас, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар Ҳаҷҷатул видоъ ва дар хутбае, ки дар Арафот хонданд ҳам аз имомату раҳбарии китоби Худо ва Аҳли Байт баъд аз худ хабар додаанд ва ҳам аз ин ки ин раҳбарони илоҳӣ, ки ҳамроҳи китоби Худо ҳастанд, 12 нафар хоҳанд буд.

Дар ҳадиси дигаре, ки Албонӣ ва Шуайб Арнаут санади онро саҳеҳ донистаанд омадааст:

4-عن جابر: سمعت رسول الله يقول: لا يزال هذا الدين عزيزا إلى اثني عشر خليفة قال: فكبر الناس وضجوا ثم قال كلمة خفيت قلت لأبي: يا أبه ما قال؟ قال: قال: كلهم من قريش.

Ҳамеша ин дин азиз хоҳад монд то замоне, ки 12 халифа раҳбарии онро бар ӯҳда дошта бошанд. Мардум такбир гуфта ва фарёд заданд. Сипас ҳазрат оҳиста чизе гуфт, ки ман нафаҳмидам. Аз падарам пурсидам. Гуфт: Ҳамаи он 12 халифа аз Қурайшанд.1

Аз ин ҳадис истифода мешавад, ки баъзеҳо метарсиданд аз ин ки мардум бифаҳманд ин 12 халифа чӣ касоне ҳастанд. Бинобар ин, вақте ҳазрат ин суханро фармуданд, доду фарёд заданд то сухани он ҳазратро мардум нафаҳманд...

Агар ин ҳадисро дар канори ҳадиси Сақалайн қарор диҳем, воқеияти ин амр равшан хоҳад шуд ва худро дар шинохти ин 12 халифа саргардон нахоҳем кард, чун бисёре аз уламо мутаассифона дар бораи ин ҳадис ба хотири таваҷҷӯҳ накардан ба ҳадиси "васият ба китоби Худо ва Аҳли Байт", дар ёфтани маънои манзури ин ҳадиси шариф хеле худро ба заҳмат ва сахтӣ андохта ва ба натиҷае ҳам нарасидаанд.

Албатта аз ин аҳодис истифода мешавад, ки ин 12 халифа ҷонишинони барҳаққи Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) баъд аз он ҳазрат хоҳанд буд. Ин матлаб аз хабари зер низ ба даст меояд:

Ибни Таймия дар китоби "Минҳоҷ-ус-сунна"-аш (8/238) ва Ибни Касир дар Тафсир (ҷ 2 с 34) ва дар китоби "Ал-Бидоя ван-ниҳоя"(ҷ 1 с 177-186 ва 6/280) ва ҳамчунин дар китоби "Қисасул-анбиё"-аш (ҷ 1 с 201-221-295) ба ин ҳақиқат иқрор кардаанд, ки дар "Таврот"дар бораи ҳазрати Исмоил омадааст, ки Худованд мефармояд: "Мо ба зудӣ барои ӯ дувоздаҳ бузург ато мекунем". Ин дувоздаҳ бузург ишора аст ба дувоздаҳ хулафое, ки Паёмбари гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз он хабар додаанд, ки Ислом дар замони онҳо азиз хоҳад буд. Аз ин хабар ба равшанӣ ба даст меояд, ки дувоздаҳ халифа, бояд он касоне бошанд, ки насли онҳо ба ҳазрати Исмоил бирасад ва аз фарзандони ҳазрати Исмоил бошанд.



Ибни Касир дар бораи ҳадиси 12 халифа мегӯяд:

ومعنى هذا الحديث البشارة بوجود اثني عشر خليفة صالحا يقيم الحق و يعدل فيهم و لا يلزم من هذا تواليهم وتتابع أيامهم بل قد وجد منهم أربعة على نسق وهم الخلفاء الاربعة: أبو بكر وعمر و عثمان و علي و منهم عمر بن عبد العزيز بلا شك عند الائمة و بعض بني العباس و لا تقوم الساعة حتى تكون و لايتهم لا محالة و الظاهر أن منهم المهدي المبشر به في الاحاديث الواردة بذكره.

Маънои ин ҳадис башоратест бар вуҷуди 12 халифаи солеҳ, ки дар замони онҳо ҳаққу адолат (дар уммати исломӣ) барқарор хоҳад буд. Лозим нест, ки инҳо пушти сари ҳам бошанд, балки панҷ нафари онҳо пайдо шудаанд ва онҳо Абӯбакр, Умар, Усмон, Алӣ ва Умар ибни Абдулазиз ҳастанд ва ҳамчунин баъзе аз Бани Аббос. Қиёмат бар по намешавад, магар ин ки бақияи онҳо низ хоҳанд омад ва зоҳир ин аст, ки Маҳдии мубашшар дар ривоёт низ аз ҷумлаи онҳост. (Тафсири Ибни Касир ҷ 2 с 34).

Ибни Касир ҳамин суханро дар таърихаш низ гуфта ва изофа кардааст: Манзури ин ҳадис он 12 имомоне нест, ки шиа мӯътақид аст, ки ба гумонашон аввали онҳо Алӣ ибни Абитолиб ва охирашон Муҳаммад ибни Ҳасани Мунтазар (Имом Маҳдӣ) аст.1

Боз Ибни Касир дар бораи маънои ин ҳадис мегӯяд:

Ва ин роҳеро, ки Байҳақӣ рафта ҷамоате низ дар он бо ӯ мувофиқат кардаанд, ки мақсад аз 12 халифа дар ин ҳадис, ҳамон касоне ҳастанд, ки то замони Валид ибни Язид ибни Абдулмалики фосиқе, ки дар мазаммати ӯ сухан гуфтем, пушти сари ҳам ҳоким шудаанд. Ин назарияи хатоест, чун хулафо то замони Валид ибни Язид беш аз 12 нафар буданд. Далелаш ин ки ҳамоно хулафои чаҳоргона: Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ хилофаташон бо насси ҳадиси Сафина муҳаққақ аст, ки фармуд: "Хилофат баъд аз ман 30 сол хоҳад буд".2 Сипас баъд аз инҳо Ҳасан ибни Алӣ аст чунон ки воқеъ шуд, чун Алӣ ӯро ҷонишини худ кард ва аҳли Ироқ бар ӯ байъат карданд. Сипас Муовия ва баъд писараш Язид ва писари ӯ Муовия ибни Язид, сипас Марвон сипас писараш Абдулмалик, баъд писараш Валид, сипас Сулаймон ибни Абдулмалик, сипас Умар ибни Абдулазиз, сипас Язид ибни Абдулмалик, сипас Ҳишом ибни Абдулмалик. Ва инҳо маҷмӯан 15 нафар мешаванд ва баъд Валид ибни Язид ибни Абдулмалик. Агар бар хилофати Ибни Зубайр пеш аз Абдулмалик низ эътироф кунем, дар ин сурат адади хулафо 16 нафар мешавад. Ва ин роҳе, ки инҳо интихоб кардаанд ингуна мешавад, ки дар 12 халифа, Язид ибни Муовия дохил шавад ва Умар ибни Абдулазиз, ки имомон дар мадҳи ӯ иҷмоъ карда ва ӯро аз хулафои рошидин баршумурдаанд ва мардум ҳама иҷмоъ бар одил будани ӯ доранд ва замони ӯро бо адолаттарин замон медонанд, ҳатто шиа инро қабул доранд, аз 12 халифа хориҷ шавад. Агар бигӯяд, ки ман касеро, ки уммат бар ӯ иҷмоъ накардаанд халифа намедонам, лозим аст, ки Алӣ ва писараш Ҳасанро аз хулафо надонад, чун мардум ба он ду иҷтимоъ накарданд, чун аҳли Шом ба он ду байъат накарданд ва Марвон ва Ибни Зубайр низ хориҷ мешаванд. Пас бино бар роҳе, ки Байҳақӣ (ва ҳамроҳонаш) паймудаанд, хулафо инҳо мешаванд: Абӯбакр, Умар, Усмон, Муовия, Язид ибни Муовия, Абдулмалик, Валид ибни Сулаймон, Умар ибни Абдулазиз, Язид, Ҳишом, пас инҳо 10 нафаранд ва баъд Валид ибни Язид ибни Абдулмалики фосиқ. Вале намешавад ин равишро қабул кард, чун лозим меояд, ки аз ин 12 халифа Алӣ ва писараш Ҳасан хориҷ шаванд. Ва ин хилофи он чизест, ки имомони аҳли суннат мӯътақиданд, балки шиа низ ва ин ҳамчунин бо ҳадиси Сафина низ мухолиф аст ва бино бар ҳадиси Сафина Ҳасан низ ҷузви хулафост. Ва ин ҳадис, халифа номидани Муовияро наҳй ва манъ карда ва баъд аз 30 сол хилофат қатъ шуд. Лозим нест, ки ин хулафо пушти сари ҳам бошанд ва ишколе надорад, ки хулафои рошидин баъд аз рӯзгори ин подшоҳҳо бошанд чунон, ки ҳадис Ҷобир ибни Самура бар ин далолат мекунад.1

Бояд диққат дошта бошем, ки ҳадиси Сафина, ки Ибни Касир ба он ишора кард, дорои чанд ишкол аст:

1-Ин ҳадис қатъан бо ҳадиси 12 халифа мухолиф аст;

2-Онро Сафина ривоят карда ва аз Сафина низ танҳо Саид ибни Ҷамҳон ривоят карда ва ӯ шахси заиф аст.

Абӯҳотам мегӯяд: Ҳадиси ӯро наметавон ҳуҷҷат қарор дод. Ибни Муин мегӯяд: Аз Сафина аҳодисе нақл мекунад, ки ғайри ӯ онро нақл накардааст. Бухорӣ мегӯяд: Дар аҳодиси ӯ чизҳои аҷоиб аст. Яҳё ибни Қаттон аз ӯ розӣ набуд ва Соҷӣ гуфта: Ба ҳадиси ӯ намешавад пайравӣ кард.2

Пас ин ҳадис заиф ва бо воқеъият низ носозгор аст.

Ҳамчунин Ибни Касир дар сухани аввалаш Имом Ҳасанро ҷузви 12 халифа надонист, вале ин ҷо мегўяд: Ҳасан низ тибқи ҳадиси Сафина ва васияти Алӣ ҷузви хулафо аст. Пас бино бар ин ду сухани мутафовити Ибни Касир ё бояд ҳадиси Сафинаро заиф донист ва ё беасосии таъвилу тафсири ў аз ҳадисро.

Аммо ин ки Ибни Касир мегӯяд: Лозим нест ин хулафо пушти сари ҳам бошанд, илова бар ин ки ин сухан бо худи ҳадиси 12 халифа мухолиф аст, бо аҳодиси саҳеҳ ва мусаллами дигар низ мухолиф аст, аз ҷумла:

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд:

من مات و ليس في عنقه بيعة مات ميتة جاهليّة.

Ҳар ки бимирад, дар ҳоле ки бар гардан байъати халифа ва имоми замонашро надошта бошад, ба монанди мардуми замони ҷоҳилият (бе дину имон) мурдааст. (Саҳеҳи Муслим ҷ 3 с 1478 р 1850 ва дигарон).

Дар ҳадиси дигар фармуданд:

من مات بغير إمام مات ميتة جاهليّة.

Ҳар ки бимирад, дар ҳоле ки имом надошта бошад (тобеи имоми замонаш набошад ва имоми замонашро нашносад), ба монанди мардуми замони ҷоҳилият (бедину имон) мурдааст. (Муснади Аҳмад ҷ 4 с 96 р 16929. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон 10/434 р 4573. Маҷмаъ-уз-завоид 5/218-225. Фатҳ-ул-борӣ 1ҷ 3 с 5 ва дигарон).

Дар ҳадиси дигар фармуданд:

و من لم يعرف امام زمانه مات ميتة جاهلية.

Ҳар ки имоми замонашро нашиносад, ба монанди мардуми замони ҷоҳилият аз дунё рафтааст. (Шарҳи мақосиди Тафтозонӣ ҷ 2 с 275. Шарҳи ақоиди Насафӣ. Ал-мирқоти Али Қорӣ ҷ 2 с 509).

Аз ин аҳодис истифода мешавад, ки ин 12 халифа пушти сари ҳам бояд бошанд ва ҳамчунин то рӯзи қиёмат низ замин аз яке аз инҳо холӣ нахоҳад бошад, вагарна марги мардуми он замон, марги мардуми замони ҷоҳилият хоҳад буд. Ва ҳадиси Сақалайн низ аз боқӣ мондани китоби Худо ва Аҳли Байт то рӯзи қиёмат ба равшанӣ хабар додааст.

Ҳофиз Абӯбакр ибни Арабии Моликӣ (вафотёфтаи соли 546 ҳиҷрӣ) дар бораи ҳадиси 12 халифа мегӯяд:

لم أعلم للحديث معنى.

Барои ин ҳадис ман ҳеҷ маъное намедонам.1

Маҳлаб гуфтааст:

عن ابن البطال إنه حكى عن المهلب قوله: لم ألق أحدا يقطع في هذا الحديث بشئ معين.

Касеро надидам, ки дар бораи ин ҳадис, бо қотеъият ва яқин мӯътақид ба чизе ё маънои мушаххасе бошад.1

Ибни Ҷавзӣ дар бораи ин ҳадис мегӯяд:

قد أطلت البحث عن معنى هذا الحديث و تطلبت مظانه و سألت عنه فلم أقع على المقصود.

Ҳамоно баҳсу таҳқиқро дар бораи мақсаду манзури ин ҳадис тӯлонӣ кардам ва аз уламо ва бузургон дар бораи маънои он савол кардам, вале ба натиҷа нарасидам.1

Ибни Таймия баъд аз ишора ба чанд лафзи ҳадиси 12 халифа мегӯяд:

و هكذا كان فكان الخلفاء أبو بكر و عمر و عثمان و علي ثم تولى من اجتمع الناس عليه و صار له عز و منعة معاوية و ابنه يزيد ثم عبد الملك و أولاده الأربعة و بينهم عمر بن عبد العزيز و بعد ذلك حصل في دولة الإسلام من النقص ما هو باق إلى الآن فإن بني أمية تولوا على جميع أرض الإسلام و كانت الدولة في زمنهم عزيزة.

Ҳамин гуна буд, пас хулафо Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ буданд. Сипас касе халифа шуд, ки мардум бар ӯ ҷамъ шуданд ва дар ӯ иззат ва тавонмандӣ буд ва ӯ Муовия ва писараш Язид, сипас Абдулмалик ва чаҳор фарзандаш мебошанд ва байни инҳо Умар ибни Абдулазиз буданд ва баъд аз ин, дар давлати Ислом нақс ба вуҷуд омад, ки то ҳоли ҳозир боқӣ аст. Ҳамоно Бани Умайя ба ҳамаи сарзаминҳои исломӣ ҳоким шуданд ва давлат дар замонашон азиз буд.2



Ин сухани охири Ибни Таймия бо ақидааш дар бораи Бани Умайя носозгор аст. Мо дар китоби "Ибни Таймия"намунҳое зикр кардем, ки Ибни Таймия худ мегӯяд: Бани Умайя подшоҳ буданд, на халифа ва худи Муовия мегуфт, ки ман аввалин подшоҳ ҳастам.3

Каъбул Аҳбори Яҳудӣ (ки дар замони ҷаноби халифаи дуюм мусулмон шуд) мегӯяд:

حدثنا ضمرة عن ابن شوذب عن أبي المنهال عن أبي زياد عن كعب قال إن الله تعالى وهب لإسماعيل من صلبه اثني عشر قيما أفضلهم وخيرهم أبو بكر الصديق و عمر بن الخطاب وعثمان ذو النور يقتل مظلو ما يؤتى أجره مرتين ملك الشام و ابنه و السفاح ومنصور وسين وسلام يعني صلاح و عافية.

Ҳамоно Худованд ба Исмоил 12 бузург ва раҳбар бахшид, ки беҳтарини онҳо Абӯбакр, Умар, Усмон, ки дорои ду нур буда ва мазлум кушта мешавад ва ду баробар аҷр хоҳад дошт, сипас подшоҳи Шом ва писараш (Муовия ва Язид) ва Саффоҳ, Мансур, Син ва Салом яъне Салоҳ ва Офият хоҳанд буд. 1

Албатта Ибни Касир сухани Каъбул Аҳборро то ҷаноби Усмон нақл карда ва бақияро ҳазф кардааст.

Ибни Таймия, устоди Ибни Касир мегӯяд:

وهؤلاء المبشر بهم في حديث جابر بن سمرة وقرر أنهم يكونون مفرقين في الامة ولا تقوم الساعة حتى يوجدوا وغلط كثير ممن تشرف بالاسلام من اليهود فظنوا أنهم الذين تدعو إليهم فرقة الرافضة فاتبعوهم.

Ва ин 12 нафаре, ки Худованд ба Исмоил башорат дод, ҳамин касоне ҳастанд, ки дар ҳадиси Ҷобир ибни Самура башорат дода шудаанд. Ва муқаррар шуда, ки инҳо дар уммати исломӣ (дар замонҳои мухталиф) пароканда хоҳанд буд ва қиёмат барпо намешавад, магар ин ки ин 12 халифа такмил хоҳанд шуд, вале бисёре аз Яҳуд, ки мусулмон шуданд хато карданд ва гумон карданд, ки ин 12 халифа ҳамонҳое ҳастанд, ки шиаҳо мӯътақиданд ва ба ин хотир, мусулмони шиа шуданд.1

Агар ба ин сухан ва сухани гузаштаи Ибни Таймия диққат кунед, хоҳед дид, ки ин ду сухан ҳар кадом дигариро такзиб мекунад.

Ибни Касир низ монанди устодаш Ибни Таймия мегӯяд:

و في التوراة البشارة بإسماعيل و أن يقيم من صلبه اثني عشر عظيما و هم هؤلاء الخلفاء الاثنا عشر المذكورون في حديث ابن مسعود و جابر بن سمرة و بعض الجهلة ممن أسلم من اليهود إذا اقترن بهم بعض الشيعة يوهمونهم أنهم الائمة الاثنا عشر فيتشيع كثير منهم جهلا و سفها لقلة علمهم و علم من لقنهم ذلك بالسنن الثابتة.

Ва дар Таврот ба Исмоил башорат дода шуда, ки аз наслаш 12 раҳбари бузург ба вуҷуд хоҳад омад ва ин 12 бузург ҳамон касоне ҳастанд, ки дар ҳадиси Ибни Масъуд ва Ҷобир ибни Самура ворид шудааст, вале баъзе аз ҷоҳилони Яҳуд, ки мусулмон шудаанд, аз он ҷо ки баъзе аз шиаҳо ба онҳо наздик буда ба онҳо гуфта, ки инҳо ҳамон имомони давоздаҳгонаи Аҳли Байт ҳастанд, пас ба хотири ҷаҳлу нодонӣ ва кам будани илмашон ба суннати собит ва илми он касе, ки ин матлабро ба онҳо талқин карда, бисёре аз онҳо мусулмони шиа шуданд.1

Ибни Касир ба яҳудиён таъна мезанад, ки ба хотири илм надоштану ҷаҳлу нодонияшон мусулмони шиа шудаанд, вале худаш, ки муддаии илму дониш аст, натавониста ин 12 халифа ва ҷонишинони Расули Худо ( Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи )-ро муаррифӣ кунад. Бинобар ин илова бар ин ки суханони дур аз воқеият гуфта, суханони мутаноқиз низ ҳатто танҳо дар ҳамин мавзўъ аз худ ба ҷой гузоштааст. Гоҳе мегўяд: Ҳасан низ тибқи ҳадиси Сафина ва васияти Алӣ аз хулафои 12 гона аст ва гоҳе ҳам он ҳазратро аз 12 халифа хориҷ кардааст ва бо ин ҳама натавониста ба уммати исломӣ ин 12 халифаро муаррифӣ кунад ва шумори онҳоро комил кунад. Пас вақте ин бузургвор худ наметавонад ин хулафоро бишносад ва муаррифӣ кунад, оё аз рўи инсоф аст, ки ба дигарон таъна бизанад!?

Қундузии Ҳанафӣ баъд аз нақли ривоёти 12 халифа чунин менависад:

قال بعض المحققين: إن الاحاديث الدالة على كون الخلفاء بعده صلى الله عليه (و آله ) و سلم إثنا عشر قد اشتهرت من طرق كثيرة، فبشرح الزمان وتعريف الكون والمكان، علم أن مراد رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم من حديثه هذا الائمة الاثنا عشر من أهل بيته وعترته، إذ لا يمكن أن يحمل هذا الحديث على الخلفاء بعده من أصحابه، لقلتهم عن إثني عشر، ولا يمكن أن يحمله على الملوك الاموية لزيادتهم على إثني عشر، ولظلمهم الفاحش إلا عمر بن عبد العزيز، ولكونهم غير بني هاشم، لان النبي صلى الله عليه ( و آله ) و سلم قال "كلهم من بني هاشم"في رواية عبد الملك عن جابر، وإخفاء صوته صلى الله عليه ( و آله ) و سلم في هذا القول يرجح هذه الرواية، لانهم لا يحسنون خلافة بني هاشم، ولا يمكن أن يحمله على الملوك العباسية لزيادتهم على العدد المذكور، ولقلة رعايتهم الآية (قل لا أسألكم عليه أجرأ إلا المودة في القربى) وحديث الكساء، فلا بد من أن يحمل هذا الحديث على الائمة الاثني عشر من أهل بيته وعترته صلى الله عليه ( و آله ) و سلم لانهم كانوا أعلم أهل زمانهم وأجلهم وأورعهم وأتقاهم وأعلاهم نسبا، وأفضلهم حسبا، وأكرمهم عند الله، وكان علومهم عن آبائهم متصلا بجدهم صلى الله عليه ( و آله ) و سلم وبالوراثة واللدنية، كذا عرفهم أهل العلم والتحقيق و أهل الكشف والتوفيق. ويؤيد هذا المعنى أي أن مراد النبي صلى الله عليه ( و آله ) و سلم الائمة الاثنا عشر من أهل بيته ويشهده ويرجحه حديث الثقلين، والاحاديث المتكثرة المذكورة في هذا الكتاب وغيرها. وأما قوله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم: "كلهم تجتمع عليه الامة"في رواية عن جابر بن سمرة فمراده صلى الله عليه (و آله ) و سلم أن الامة تجتمع على الاقرار بامامة كلهم وقت ظهور قائمهم المهدي (رضي الله عنهم).

Баъзе муҳаққиқон гуфтаанд: Ҳадисе, ки далолат бар вуҷуди 12 халифа дорад, аз тариқи фаровон шўҳрат ёфта ва равшан карда, ки мақсади Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз ин ҳадис, имомони 12 гона аз Аҳли Байташ ҳастанд, чун мумкин нест ҳамли ин ҳадис бар хулафо аз асҳобаш, ки баъд аз он ҳазрат хилофатро ба даст гирифтанд ба хотири кам будани шумори онҳо аз 12 нафар. Ва ҳамчунин мумкин нест ин ҳадис бар подшоҳони Бани Умайя ҳамл шавад ба хотири зиёдии шумори онҳо аз 12 нафар ва зулми ошкори онҳо ба ғайр аз Умар ибни Абдулазиз ва ҳамчунин ба хотири ин ки онҳо аз Бани Ҳошим нестанд, чун Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ривояти Абдулмалик аз Ҷобир фармуд: Ҳамаи онҳо аз Бани Ҳошим ҳастанд ва пинҳон шудани садои он ҳазрат ба ҳангоми гуфтани ин сухан, ин ривоятро тақвият мекунад ва тарҷеҳ медиҳад... Ҳамли ин ҳадис бар подшоҳони Бани Аббос низ мумкин нест, чун шуморашон бисёр аст ва ба хотири ин ки ояти: "Бигў аз шумо аҷри рисолат намехоҳам ба ғайр аз дўстии Аҳли Байтам"ва ҳадиси Кисоро кам риоят мекарданд. Пас ночор бояд ин ҳадис бар имомони 12 гона аз Аҳли Байти он ҳазрат ҳамл шавад, чун онҳо донотар, бузургвортар ва ботақвотарини аҳли замони худ ва болотарини онҳо аз ҷиҳати насаб ва афзалу акрами замонашон дар пешгоҳи Худованди Мутаол будаанд. Илмашон ба василаи падаронашон аз тарафи Худованд ба бобояшон Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мерасад. Аҳли илм ва таҳқиқ ва аҳли кашф ва тадқиқ Аҳли Байтро ингуна шинохта ва муаррифӣ кардаанд. Ва инро ки мақсади Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз 12 халифа имомони Аҳли Байташон ҳастанд, ҳадиси "Сақалайн"ва аҳодиси бисёри дигар, ки дар ин китоб ва китобҳои дигар зикр шуда таъйид мекунад. Ва аммо ин сухани он ҳазрат: "Ба ҳамаи онҳо уммат иҷтимоъ мекунад"мақсади он ҳазрат ин аст, ки уммати исломӣ дар замони зуҳури Қоимашон (ҳазрати) Маҳдӣ (Разияллоҳу анҳу) ба имомати ҳамаи ин 12 имом иқрор мекунанд.1

Гўяндаи ин сухан Сулаймон ибни Иброҳим аст. Заркалии Ваҳҳобӣ дар бораи ў мегўяд: "Сулаймон ибни Хўҷа Иброҳими Ҳусайнии Ҳанафии Нақшбандӣ, шахси бофазилат аз аҳли Балх, (соли 1270 ҳиҷрӣ) дар Қустантания аз дунё рафт, аз ҷумлаи китобҳояш "Маваддатул қурбо"аст. (Ал -Аъломи Заркалӣ ҷ 3 с 125).

Ин ҳам як эътирофест аз як олими мунсифи ҳанафӣ, ки монанди дигарон худро ба нодонӣ ва каҷфаҳмӣ назада, балки ҳақиқати матлабро баён карда ва эътироф намуда аст, ки ғайр аз Аҳли Байти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳеҷ касе наметавонад ҷузви ин 12 халифа бошад.

Чунон ки суханони бузургони аҳли суннатро мулоҳиза кардем, ҳеҷ як аз ин шахсиятҳои бузург, ки Худованд барояшон ҷазои хайр бидиҳад, ба ҳадиси Сақалайн ва Аҳли Байти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар шарҳу маъно кардани ин ҳадиси шариф ишора накардаанд ва агар дар воқеъ ба ин ҳадиси мутавотир таваҷҷӯҳ мекарданд, ҳалли ин матлаб ва маъно кардани ҳадиси 12 халифа, хеле барояшон осон мешуд ва ингуна суханони гуногун ва мутаноқиз аз онҳо дар таърих сабт намегашт.

Ҳамчунин мебинем, ки ҳатто байни сухани устоду шогирд, яъне Ибни Таймия ва Ибни Касир дар маънои ин ҳадис ихтилоф аст. Ибни Касир ғайр аз Умар ибни Абдулазиз дигар Бани Умайяро аз хулафо хориҷ мекунад, вале Ибни Таймия онҳоро ҷузви 12 халифа мешуморад.

Пас, агар мо ин ду ҳадиси мутавотир ва қатъиро канори ҳам гузорем ба ин натиҷа хоҳем расид, ки ин 12 халифа ҳамон касоне хоҳанд буд, ки дар ҳадиси Сақалайн Худо ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) онҳоро раҳбарони ин уммат то рӯзи қиёмат муаррифӣ кардаанд. Ва дар ғайри ин сурат, ҳам наметавон барои ин ҳадиси шариф мисдоқ пайдо кард ва ҳам наметавон маъною мисдоқи он се ҳадиси гузаштаро пайдо карду ҷавоби онро дод, ки дар он ҳазрат фармудаанд: Бе байъати ба имом ва бе шинохти имом мурдан, ба монанди мурдани мардуми замони ҷоҳилият хоҳад буд.

Илова бар ин, хонадони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) баргузидагони Парвардигор ҳастанд ва дар ҳадиси саҳеҳ ворид шуда, ки Ибни Аббос дар бораи ояти шарифаи зер мегӯяд:


Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   17




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет