§9. Мафњум ва намудҳои сарчашмањои њуќуќ
Шакли зоњирии ифодаёбї ва мустањкам кардани меъёрњои њуќуќиро сарчашмаи њуќуќ меноманд.
Сарчашмањои њуќуќї ба ќонун ва санадњои зерќонунї људо мешаванд.
Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқ:
1)Конститутсия - (аз калимаи constitutio – муќаррарот, сохтор) – Њуљљати расмии дорои ањамияти, љамъиятї, давлатї ва муњими сиёсї аст, ки дар он масъалањои асосии њокимияти давлатї, асосњои сохтори иљтимоию иќтисодии љамъият, вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд, сохтори давлатї ва дигар масъалањои њаётан муњими давлатї ва љамъиятї муќаррар мешавад.
Конститутсия дорои ќувваи олиии њуќуќї (юридикї) аст. Аввалин Конститутсия 17 сентябри соли 1787 дар ИМА ва дар Фаронса 3 сентябри соли 1791 ќабул гардидаанд.
Дар Тољикистон њамагї 5 маротиба (солњои 1929, 1931, 1937, 1978, 1994) Конститутсия ќабул карда шудааст.
2)Ќонуни конститутсионї – санади меъёрии њуќуќиест, ки ќабули он дар Конститутсия пешбинї шуда, мутобиќи тартиби муќарраршуда аз тарафи маќомоти ќонунгузор ва ё бо роњи раъйпурсї ќабул карда мешавад ва муносибатњои махсусан муњими љамъиятиро ба танзим медарорад.
3)Кодекс – ќонуни ягона ва мураттабгаштаи дорои сатњи баланди мантиќиест, ки тавассути он соњаи муайяни муносибатњои љамъиятї пурра, бонизом ва бевосита танзим карда мешавад.
4)Ќонун – санади меъёрии њуќуќии маќоми олии ќонунгузорї давлат мебошад, ки бо тартиби махсус ќабул гардида, дорои ќувваи олии њуќуќї мебошад ва муносибатњои муњимтарини љамъия тиро ба танзим медарорад.
5)Санади зерќонунї – санади меъёрие мебошад, ки дар асос ва барои иљрои ќонунњо аз тарафи маќомот ва шахсони мансабдори давлатї дар доираи салоњияти онњо ќабул шуда, меъёрњои њуќуќ ро дар бар мегирад.
Намудњои санадњои зерќонунї:
-Фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон
-Ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон
-Санадњои меъёрии вазоратњо, кумитањои давлатї – дастурамалњо, низомномањо, ќоидањо, оинномањо ва ѓ.
-Ќарорњои маќомоти намояндагї (Маљлиси вакилони халќ) ва иљроияи мањаллии давлатї (раисони вилоят, шањр ва ноњия)
-Ќарорњои маќомоти худидораи шањрак ва дења (љамоати шањрак ва дења)
§10.Фаъолияти њуќуќэљодкунї
Њуќуќэљодкунї – фаъолияти махсуси субъектњои ваколатдор (халќ, маќомти давлатї ва шахсони мансабдори давлатї) оид ба ќабули санадњои њуќуќї мебошад.
Марњилањои љараёни ќабули ќонунњо:
- Ташаббуси ќонунгузорї
- Муњокима ва ќабули ќонун дар Маљлиси Намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон
- Љонибдории ќонун аз љониби Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон
- Имзо ва интишори расмии ќонун аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон
Ќонунњо пас аз интишори расмиашон амал мекунанд. Интишори расмии ќонунњо дар рўзномаи «Љумњурият», «Садои мардум» «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон» сурат мегирад.
Субъектњои ташаббуси ќонунгузорї(мувофиќи моддаи 58 Конститутсияи ЉТ):
- Узви Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон;
- Вакили Маљлиси Намояндагони Љумњурии Тољикистон;
- Президенти Љумњурии Точикистон;
- Њукумати Љумњурии Точикистон;
- Маљлиси Вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон
Дигар маќомот ва шахсони алоњида метавонанд ба воситаи субъектњои дорои њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї таклифњои худро пешнињод намоянд.
§11.Мафњум ва таркиби муносибатњои њуќуќї
Муносибатҳои ҳуқуқи-агар муносибатњои љамъиятї бо меъёрњои њуќуќ ба танзим дароварда шаванд, он гоњ муносибатњои њуќуќї номида мешаванд.
Таркиби муносибатњои њуќуќї:
- субъект
- объект
- мазмуни муносибатњои њукуќї (њуќуќи субъективї ва ўњдадории њуќуќї)
1.Субъектњои муносибатњои њуќуќї – иштирокчиёни муносибатњои њуќуќї, ки дорои њуќуќ ва ўњдадорињо мебошанд.
Намудњои субъектњои муносибатњои њуќуќї:
- шахсони воќеї
- шахсони њуќуќї
- давлат
2.Объекти муносибатњои њуќуќї – неъматњои моддї ва ѓайримоддї мебошанд, ки вобаста ба онњо муносибатњои њуќуќї ба вуљуд меоянд.
Намудњои объектњои муносибатњои њуќуќї:
1)Неъматњои моддї – молу мулк, ашёњои истеъмолї, пул, коѓазњои ќимматнок, манзил ва ѓ
2)Мањсули фаъолияти эљодї – неъматњои маънавї, асарњои санъат, адабиёт мусиќї, кино ва ѓ
3)Неъматњои шахсии ѓайримолумулкї – њаёт, саломатї, ќадру номус ва ѓ
3.Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи
1)Ҳуқуқи субъективи-доираи рафтори имконпазири субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи мебошад. 2)Уҳдадории ҳуқуқи-доираи рафтори ҳатмии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи,ки меъёрҳои ҳуқуқи
муқарар намудаанд.
§12.Мафњум ва намудҳои соњањои њуќуќ
Меъёрњои њуќуќие, ки муносибатњои љамъиятии сифатан якхеларо ба танзим медароранд, соњањои њуќуќ номида мешавад.
Њамаи соњањои якљоя низоми њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ташкил медињанд.
Соњањои њуќуќи Љумњурии Тољикистон аз инњо иборат мебошад: њуќуќи конститутсионї (давлатї), њуќуќи маъмурї, њуќуќи гражданї, њуќуќи мењнатї, њуќуќи соњибкорї, њуќуќи оилавї, њуќуќи моли явї, њуќуќи кишоварзї, њуќуќи љиноятї, њуќуќи мурофиаи љиноятї ва ѓ.
Тавсифи умуми соњахои асосии њуќуќ:
Њуќуќи конститутсионї –маљмўи меъёрњое, ки муносибатњои муњимтарини њаёти љамъиятї, њуќуќу озодињо ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд, сохтор ва салоњияти маќомоти давлатиро танзим менамоянд.
Њуќуќи маъмурї–ташкил ва фаъолияти маќомоти иљроияро ва идоракуни танзим менамояд.
Њуќуќи гражданї–муносибатњои молумулкї ва шахсии ѓайримолумулкии ба он алоќамандро танзим менамояд.
Њуќуќи оилавї–муносибатњои вобаста ба оиларо танзим менамояд.
Њуќуќи мењнатї–муносибатњои мењнатии байни корманд ва корфарморо танзим менамояд.
Њуќуќи љиноятї– муносибатњои вобаста ба љиноят ва љазоро танзим менамояд.
Ҳуқуқи молияви-муносибатҳои вобаста ба харчу сарфи захираҳои пули ва молияви.
Ҳуқуқи экологи- муносибатҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист.
Ҳуқуқи андоз-муносибатҳои вобаста пардохт ва руёнидани андоз ва дигар пардохтҳои давлати.
§13.Ҳуќуќвайронкунї:таркиб ва намудҳои он
Њуќуќвайронкунї – кирдори гунањкорона ва зиддињуќуќии шахсе мебошад, ки ба љамъият, давлат ё шахсони алоњида зарар мерасонад.
Њуќуќвайронкунї ба ду гу рўњ људо мешавад: љиноят ва кирдори ношоям.
Таркиби њуќуќвайронкунї:
- объекти њуќуќвайронкунї-(муносибатҳои чамъиятие,ки зери ҳимояи ҳуқуқ қарор дорад)
- тарафи объективии њуќуќвайронкуни-(аз кирдори содиршуда оқибатҳои он алоқаи сабабии кирдор ва оқибатҳои он иборат аст дар шакли қасдан ва беҳтиёти)
- субъекти њуќуќвайронкунї-(шахси мукалафи дорои синну соли муайян мебошад,дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ташкилотҳо низ субъекти ҳуқуқвайронкуни мешаванд,синни 16 солаги)
- тарафи субъективии њуќуќвайронкунї-(муносибатҳои руҳии шахсро ба ҳуқуқвайронкунии содиршуда дар шакли ҳаракат ва беҳаракати нишон медиҳад)
Намудњои њуќуќвайронкунї:
1)кирдорњои маъмурї – кирдорњое, ки ба муносибатњои идоракунии давлатї зарар мерасонанд.
2)кирдорњои интизомї – кирдорњое, ки ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї, интизоми мењнатиро халалдор мекунанд.
3)кирдорњои гражданї – кирдорњое, ки ба муносибатњои молумулкї ва шахсии ѓайримолумулкї зарар мерасонанд.
4)љиноят – кирдори (њаракат ё бењаракатии) содиршудаи барои љамъият хавфноке мебошад, ки Кодекси љиноятї бо тањдиди татбиќи љазо манъ кардааст.
§14.Мафҳум,нишона,мақсад,функсия ва намудҳои чавобгарии ҳуқуқи
Чавобгарии њуќуќї -тањти маљбурияти давлатї аз тарафи њуќуќвайронкунандагон иљро гардидани ўњдадорињоро љавобгарии њуќуќї меноманд.
Нишонаҳои чавобгарии ҳуқуқи:
1.Намуди мачбуркунии давлати мебошад.
2.Дар меъёрҳои ҳуқуқ пешбини шудааст.
3.Барои содир намудани ҳуқуқвайронкуни татбиқ мегардад.
4.Ҳуқуқвайронкунанда ба як қатор маҳдудиятҳо дучор мешавад.
Мақсадҳои чавобгарии ҳуқуқи:
1.Ҳифзи тартиботи ҳуқуқи.
2.Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба қонун.
3.Барқарор намудани адолати ичтимои.
4.Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои нав.
Функсияҳои чавобгарии ҳуқуқи:
1.Чазогири. 3.Ҳуқуқбарқароркуни.
2.Тарбияви. 4.Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои нав.
Намудњои љавобгарии њуќуќї:
- љавобгарии маъмурї
- љавобгарии интизомї
- љавобгарии гражданї
- љавобгарии љиноятї
Ҳолатҳое,ки чавобгарии ҳуқуқиро истисно мекунанд:
-Нарасидан ба синну соли муқараркардаи қонун(16 солаги барои баъзе ҳолатҳо 14)
-Номукаллафи
-Мудофиаи зарури
-Зарурати ниҳои
-Мачбуркунии чисмони ё руҳи
-Расонидани зарар ҳангоми дасгир кардани шахси чинояткор
-Таввакалии асоснок
-Ичрои фармон ё амр
Асосҳои озод намудан аз чавобгарии ҳуқуқи:
1)Бо сабаби пушаймони аз кирдори содиршуда-агар шахси чинояткор омада ба гуноҳи худ иқрор шавад,барои ошкор намудани чиноят фаъолона иштирок намояд,зарари расонидашударо барқарор намояд ё ба тариқи дигар зиёни овардаашро ислоҳ кунад.
2)Бо сабаби ошти шудан бо чабрдида-агар зарари ба чабрдида расонидашударо барқарор намояд.
3)Бо сабаби тайғир ёфтани вазъият-агар ин шахс ё кирдори содирнамудаи он ба чамъият хавфнок
набошад.
4)Бо сабаби гузаштани муҳалати ба чавобгари кашидан
5)Авфи умум
Боби 4.ШУУРИ ЊУЌУЌИ ВА МАДАНИЯТИ ЊУЌУЌИ
§15.Мафњум,таркиб ва намудҳои шуури њуќуќї
Шуури њуќуќї – маљмўи тасаввурот ва њиссиёте мебошад, ки муносибати инсонро ба њуќуќ ва зуњу роти њуќуќї ифода менамояд.
Таркиби шуури њуќуќї :
1. Мафкураи (идеологияи) њуќуќї – маљмўи аќидањо, назарияњо, мафњумњо, принсипњои њуќуќї мебошад.
2. Психологияи њуќуќї – маљмўи њиссиёт ва эњсосотњои њуќуќї мебошад.
3.Унури иттилооти
4.Унсури баҳодиҳи
5.Унсури иродави
Намудњои шуури њуќуќї:
Шуури њуќуќии оддї (муќаррарї) – дар њаёти њаррўзаи бештари ањолї бо таъсири шароитњои њаёти воќеї ташаккул меёбад.
Шуури њуќуќии касбї – мутахассисони соњаи њуќуќро дар бар мегирад.
Шуури њуќуќии илмї (назариявї) – маљмўи аќидањо ва назарияњои илмии њуќуќро дар бар мегирад.
Шуури њуќуќии фардї – ба шахси алоњида таалуќ дорад
Шуури њуќуќии гурўњї – мансуби гурўњи табаќањои гуногуни љамъият мебошад.
Шуури њуќуќии љамъиятї – тамоми ањолиро дар бар мегирад.
§16.Мафҳум ва намудҳои рафтори ҳуқуқи
Рафтори ҳуқуқи-рафтори зарурии дилхоҳ ва имконпазири субъектҳои ҳуқуқ буда ба манфиати давлат,чамъият,шаҳрвандон равона карда шуда мувофиқи талаботи меъёри ҳуқуқ сурат мегирад ва аз чониби давлат ҳифз карда мешавад.
Рафтори ҳуқуқи дар чомеа-амалест,ки якум-барои чомеа муфид аст,дуюм-мақсади қонеъ кардани
талаботҳои ҳамарузаи модддиву маънавии инсонро дорад,сеюм-бо ҳуқуқ танзиму ҳифз мегардад.
Рафтори ҳуқуқи 2 хел мешавад:
1)рафтори мутобиқи ҳуқуқ ё рафтори қонуни(бо назардошти волоияти қонуни ва ҳуқуқи)
2)рафтори зиддиҳуқуқи ё ҳуқуқвайронкуни(амалиёте,ки бо вайрон кардани талаботҳои ҳуқуқ пайдо мешавад)
Рафтори ҳуқуқи дар чомеа намудҳои гуногун дорад:
1)Аз нигоҳи сатҳи рафтори ҳуқуқи:рафтори қонунии фаъолона,рафтори қонунии муқарари,рафтори қонунии ғайрифаъолона.
2)Аз нигоҳи аҳамияти ичтимои:ҳаракатҳои зарури,ҳаракатҳои имконпазир,ҳаракатҳои ичозатгашта.
3)Вобаста ба мазмуни меъёри ҳуқуқ:дар шакли истифодаи ҳуқуқ,дар шакли ичрои ҳуқуқ,дар шакли риояи ҳуқуқ,
4)Вобаста ба унсурҳои дохилиаш:аз руи иштирокчиёнашон(фарди ва колективи),бо тарафи объективи,
бо тарафи субъективи( ҳаракатҳои шахси солим ва носолим)
§17.Маданият ва тарбияи њуќуќї
Маданияти њуќуќї – намуди маданияти љамъиятї буда, вазъи сифатии њаёти љомеаро ифода намуда маљмўи тамоми арзишњои њуќуќиро дар бар мегирад.
Маданияти ҳуқуқии,чамъият пеш аз ҳама аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқи аҳоли вобаста мебошад. Яъне маданияти ҳуқуқи аз он,ки аҳоли то чи дарача арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқи маълумот дорад,муносибати аҳоли ба қонун,суд,дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,чи гуна мебошад,ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқи то чи андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошанд.
Намудҳои маданияти ҳуқуқи:
1.Маданияти ҳуқуқии чамъияти
2.Маданияти ҳуқуқии колективи
3.Маданияти ҳуқуқии фарди(шахсони алоҳида)
Тарбияи њуќуќї – љараёни муташакил ва маќсадноки таъсирррасонї ба шуури одамон бо маќсади ташаккули донишу аризишњои њуќуќї ва таъмини ратфори њуќуќии онњо мебошад.
Методњои тарбияи њуќуќї:
- боваркунонї
- њавасмандкунонї
- маљбуркунї
Хусусиятҳои тарбияи ҳуқуқи:
- Дар чараёни тарбияи ҳуқуқи нишондодҳои ҳуқуқии давлат,талаботҳои қонун вориди шуури одамон мегарданд,ки ҳисси эҳтироми қонунҳоро мепарварад.
-Тарбияи ҳуқуқи ҳам нисбати ашхоси бовичдон ва ҳам вайронкорони ҳуқуқ,аз чумла чинояткорон истифода мешаванд.
-Дар тарбияи ҳуқуқи шаклу воситаҳои махсуси ҳуқуқи истифода мешаванд.
-Тарбияи ҳуқуқиро одатан ашхоси дорои донишҳои ҳуқуқи ва тайёрии махсуси ҳуқуқи-тарбиякуни мегузаронанд.
Механизми тарбияи ҳуқуқи-аз унсурҳое иборат аст.ки мазмуни фаъолияти тарбияви-ҳуқуқиро ташкил медиҳанд,аз қабили шаклҳо ва воситаҳои тарбияи ҳуқуқи.
Шаклҳои муайяни тарбияи ҳуқуқи:
1.Таълими махсуси(касбии)ҳуқуқи
2.Тарбияи ҳуқуқии аҳоли
3.Тарбияи ҳуқуқи ҳуқуқвайронкунон ва чинояткорон аз чониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
§18.Амалишави(баамалбарории) њуќуќ
Амалишавии(баамалбарории) њуќуќ – дар њаёт љорї шудани њуќуќ, иљрои воќеии талаботи меъёр њои њуќуќ аз љониби субъектони њуќуќ мебошад.
Амалисозии ҳуқуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад:
1)чун чараёни амали кардани ҳуқуқ
2)ҳамчун натичаи дар ҳаёт чори намудани нишондодҳои ҳуқуқ
Амалагардонии ҳуқуқ 2 самти асоси дорад:
1)амали карадни меъёрҳо аз чониби одамон
2)чори кардани талаботҳои ҳуқуқ аз тарафи мақомотҳои давлати ва шахсони мансабдор
Шаклњои амалишавии (баамалбароии) њуќуќ:
1) Истифодаи њуќуќ – амалї гардонидани њуќуќ бо роњи истифода аз њуќуќњои додашуда (интихоб кардан ва интихоб шудан)
2) Иљрои њуќуќ – амалї гардонидани њуќуќ ба воситаи вазифањои гузошташуда (м.45 Конститутсия)
3) Риояи њуќуќ – амалї гардонидани њуќуќ ба воситаи худдорї намудан аз содир намудани рафторњое, ки њуќуќ манъ кардааст. (м.30 Конститутсия)
§19.Тафсири њуќуќи
Тафсири њуќуќ и– фаъолияти субъектњои њуќуќ оид ба шарњ додан, равшан намудани мазмуни њуќуќ аст. Тафсири ҳуқуқи ин равшан намудани мазмуни мери ҳуқуқ аст.
Намудҳои тафсири ҳуқуқ:
Расми
Ғайрирасми
1.Расми-аз чониби мақомот ва шахсони мансабдори давлати дода мешавад ва дар санадҳои расми ифода ёфта амали ҳатми дорад.(масалан:мутобиқи моддаи 61-и Конститутсияи ЧТ тафсири Консти тутсия аз чониби Мачлиси Оли дар шакли қонуни конститутсиони).Тафсири расми вобаста ба субъектони тафсри ду намуд мешавад:1)тафсири меъёри 2)тафсири казуали(мушаххас).
2.Ғайрирасми-аз тарафи шахсони алоҳида ва ташкилотҳо дода мешавад,ки ваколати додани тафси ри расмиро надоранд ва он хусусияти ҳатми надорад.(масалан:шарҳи кодексҳо,қонунҳо аз чониби олимон ва муассисаҳои илми).Тафсири ғайрирасми аз нигоҳи сатҳ ва нуфузаш ба намудҳои зерин дорад:1)тафсири доктринали,2)тафсири касбии ҳуқуқи,3)тафсири муқарари.
§20.Мафњум ва намудҳои фактҳои њуќуќї
Фактњои њуќуќї – њолатњои мушаххаси њаётї мебошанд, ки бо онњо меъёрњои њуќуќ пайдоиш, таѓйирёбї, ќатъи муносибатњои њуќуќї ва дигар оќибатњои њуќуќиро вобаста мекунанд.
Намудњои фактњои њуќуќї:
1.Вобаста ба аломати иродави:
1)Њодиса –фактњое, ки ба иродаи субъектњои муносибатњои њуќуќї вобаста нестанд .(таваллуд, обхезї, вафот)
2) Њаракат –фактњое, ки иродаи субъектњои муносибатњои њуќуќї вобастаанд. (шартномањо, љиноят, кирдори маъмурї, интизомї).
2.Вобаста ба оқибатҳои ҳуқуқи:
1)Ҳуқуқпайдокунанда-фактҳои ҳуқуқие,ки дар асоси онҳо муносибатҳои ҳуқуқи пайдо мешаванд.
(бастани шартноми меҳнати,никоҳ,содиршаваии чиноят,ҳукми суд дар хусуси содиршавии чиноят).
2)Ҳуқуқтайғирдиҳанда- фактҳои ҳуқуқие,ки дар асоси онҳо муносибатҳои ҳуқуқи тайғир меёбанд (иваз кардани манзили истиқомати,ба кори дигар гузаштан).
2)Ҳуқуққатъкунанда- фактҳои ҳуқуқие,ки дар асоси онҳо муносибатҳои ҳуқуқи қатъ мегарданд. (фавот,фуруши амвол,нобуд шудани ашё).
Боби 5.ЊУЌУЌ ВА АХЛОЌ
§21.Ҳуқуқ ва Ахлоқ
Ахлоќ – маљмўи ќоида ва меъёрњои ратфори одамон нисбати якдигар ва љамъият мебошад.
Ахлоқ ва ҳуқуқ якчоя қоидаҳои рафтори одамонро танзим мекунанд.Дар айни замон,баъзе рафтори одамон фақат аз тарафи ахлоқ ва дигарашон аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқи ба танзим дароварда мешаванд.Ҳуқуқ ва ахлоқ якдигарро пурра мекунанд.Ҳуқуқ амали шудани ахлоқро таъмин мена мояд ва ахлоқ ба баландшавии самаранокии ҳуқуқ мусоидат мекунад.Меъёрҳои ахлоқи нисбат ба меъёрҳои ҳуқуқи доираи васеи муносибатҳои чамъиятиро дар бар мегирад.Вале бояд қайд кард, ки меъёрҳои ахлоқи бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи хислати қонуни ва ҳуқуқи надоранд.Асоси меъёрҳои ҳуқуқиро меъёрҳои ахлоқи ташкил медиҳанд.
Ягонагии ахлоќ ва њуќуќ:
- намудњои гуногуни меъёрњои иљтимої мебошанд.
- дорои объекти ягонаи батанзимдарорї(рафтори одамон)мебошанд.
- барои танзими муносибатњои љамъиятї равона гаштаанд.
- њамдигарро њангоми батанзимдарории муносибатњои љамъиятї пурра мекунанд.
- талаботи онњо аз бисёр љињат ба њам мувофиќ мебошад.
- ахлоќ тамоми намудњои њуќуќвайронкуниро мањкум менамояд.
Фарќияти ахлоќ аз њуќуќ:
- њуќуќ амалеро иљозат медињад,ки ахлоќ онро манъ кардааст.
- меъёрњои ахлоќ хислати њатмї ва ќонунї надоранд.
- риояи њуќуќ бо маљбуркунии давлатї ва риояи ахлоќ бо таъсири афкори љамъиятї таъмин карда мешаванд.
- меъёрњои њуќуќи шакли махсуси ифода доранд.
§22.Оилањои њуќуќї ва намудҳои он
Оилањои њуќуќї – таснифи њуќуќи мављудаи љањонї дар асоси нишонањои умумї ва якхелаи низоми њуќуќии онњо мебошад.
Ҳар як давлат дар чаҳони имруза дорои ҳуқуқи хеш аст.Аммо низоми ҳуқуқи бо як давлат маҳдуд
намешавад.Масалан, дар Ҳиндустон ҳуқуқи англиси,дар Точикистон унсурҳои ҳуқуқии романи-олмони нақши муҳим дорад.Низоми ҳуқуқии ҳар як давлат,аз як тараф милли бошад аз тарафи дигар мазмуни умумибашари дорад.Ҳар як ҳуқуқи милли мустақилона ва дар ҳудуди танҳо як давлат,бе назардошти тачрибаи чаҳони,бе арзиши ғояҳои ҳуқуқии башари инкишоф ёфта намета вонад.
Намудњои оилањои њуќуќї:
- Оилаи њуќуќи романї-олмонї
- Оилаи њуќуќи англисї-америкої
- Оилаи њуќуќи муслумонї
- Оилаи њуќуќи Њиндустон
- Оилаи њуќуќи Африќо - Оилаи ҳуқуқи Шарқи Дур
§23.Қонуният ва тартиботи ҳуқуқи
Давлати ҳуқуқбунёдро бе риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқи тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар чунин давлат ҳамаи шаҳрвандон ва мақомотҳои давлативу чамъияти уҳдадоранд,ки ба талаботи қонунҳо итоат карда,онҳоро бечунучаро риоя намоянд.Яъне ҳар як рафтори шаҳрванд ё сохторҳои давлати ба талаботи қонун мувофиқат намояд.
Ќонуният – риоя ва иљрои даќиќ, якхела ва њатмии талаботи њуќуќ аз тарафи маќомоти давлатї, корхонаҳо,муассисаҳо,ташкилотњо, шахсони мансабдор ва шањрвандон мебошад.
Нишонањои ќонуният:
- ягонагии ќонуният дар миқёси давлат
- вологияти ќонун
- баробарии њама дар назди ќонун
- чори карадни назорати қатъи аз болои риояи қонун
- ҳатми будани талаботи қонун барои ҳамаи иштироқчиёни муносибатҳои ҳуқуқи
Мафҳумҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқи мафҳумҳои ба ҳам наздику алоқаманд буда,яке бе дигаре вучуд дошта наметавонад.
Тартиботи њуќуќї-натичаи амалигардонии қонуният буда,бо роҳи ихтиёри аз чониби ҳама ичро намудани талаботи қонун,пешгири кардани ҳама гунна ҳуқуқвайронкуни,нисбат ба вайронкунан дагони қонун татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонии чамъияти ё мачбуркунии давлати таъмин карда мешавад.
Тартиботи њуќуќї – чунин низоми муносибатњои њуќуќї, ки дар натиљаи амалї гаштани нишон додњои њуќуќї муяссар мегардад. Агар меъёри ҳуқуқ барои ба танзим даровардани муносибатҳои чамъияти таъин гардида,низоми қонуният барои он шароити мусоид фароҳам оварад,пас
тартиботи ҳуқуқи ҳолати махсуси муносибатҳои мавчуда ва амалкардаистодаи чамъиятие мебошад, ки тавассути меъёри ҳуқуқи ба танзим дароварда шудаанд ва ё муносибатҳои ҳуқуқии чамъияти мебошанд.
ФАСЛИ II.ЊУЌУЌИ КОНСТИТУТСИОНЇ (ДАВЛАТЇ)
Боби 6. АСОСЊОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЧТ
§24.Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи конститутсиони.
Хуқуқи конститутсиони-соҳаи намоёни хуқуки ЧТ буда,мачмуи меъёри хуқуқиест ,ки асосхои сохтори конститутсионии ЧТ хамчун давлати соҳибихтиёр,демократи,ҳуқуқбунёд,дуняви ва ягона мустаҳкам намуда,асосҳои ҳолати ҳуқуқи инсон ва шахрванд усули тачзияи ҳокимияти давлатиро танзим менамояд.
Сарчашмаи асосии ҳуқуқи конститутсиони ин Конститутсияи ЧТ мебошад.
Бобҳои Сарқонуни Чумҳурии Точикистон:
Б 1-Асосҳои сохтори конститутсиони (1-13).
Б 2-Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (14-47).
Б 3-Мачлиси Оли(48-63).
Б 4-Президент(64-72). Б 5-Ҳукумат(73-75).
Б 6-Ҳокимияти маҳалли(76-80).
Б7-ВМКБ(81-83).
Б8-Суд(84-92).
Б9-Прократура(93-97).
Б 10-Тартиби тағйири Конститутсия (98-100).
§25.Асосҳои сохтори конститутсионии ЧТ
Асосҳои сохтори конститутсиони-низоми усулҳои дар химояи давлати мебошад,ки муносибатҳои чамъиятии ҳуқуқи конститутсиониро муайян менамояд.
Аввали 13 моддаи Конститутсияи соли 1994 ки боби 1-ро ташкил менамояд асосхои сохтори консти тутсиони номида шудааст. Моддаҳои 1 ва 100 Конститутсияи ЧТ тайғирнопазир аст.
Асосҳои сохтори конститутсионии ЧТ аз 3 унсур иборат аст:
1.Низоми сиёсии чамъият.
2.Низоми иқтисоди.
3.Асосҳои ичтимои,сиёси ва фарҳанги.
Нишонаҳои Асосҳои сохтори конститутсионии ЧТ:
1.Точикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр,ҳуқуқбунёд,демократи,дуняви ,ягона ва ичтимои мебошад.
2.Соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои тачассуми он.
3.Равияҳои гуногуни сиёси ва мафкурави.
4.Эътибори олии ҳуқуқии Консититутсия.
5.Асосҳои сиёсати хоричи. 6.Асосҳои иқтисодии Точикистон.
7.Усулҳои тачзияи ҳокимияти давлати.
Низоми ҳуқуқи конститутсионии ЧТ:
1.Асосҳои сохтори конститутсионии ЧТ.
2.Асосҳои ҳолати ҳуқуқии инсон ва шахрванд.
3.Сохтори давлати ва ҳуқуқи интихобот.
4.Низоми тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлати.
Достарыңызбен бөлісу: |