§60.Ҳуқуқи мерос
Ҳуқуқи мерос- институти ҳуқуқи граждани буда аз мачмуи меъёри ҳуқуқие иборат аст,ки муноси батҳои чамъиятиро байни меросгузоранда ва меросгиранда ба танзим медарорад.
Мерос- амволест,ки бо тартиби ммеросгузори аз одами фавтида (меросгузор) ба меросгирон
мегузарад.
Намудҳои мерос:
1.Мерос аз руи қонун(меросхурони дарачаи 1-ум,2-ум,ва 3-юм)
2.Мерос аз руи васиятнома
1. Мерос аз руи қонун
Дарачаҳои меросхур:
1)Меросхурони дарачаи 1-ум(дар навбати аввал мероси қонуниро бо ҳиссаи баробар фар зандон (аз чумла фарзандхоншудагон), ҳамсарон ва падару модар, фарзандхонда гони меросгузор ва ҳамчу нин кудакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти ў таваллуд шудаанд, мегиранд.Наберагони ме росгузор ва наслҳои онҳо бо ҳуқуқи пешниҳод мерос мегиранд. 2)Меросхурони дарачаи 2-ум(ҳанго ми набудани меросгирони навба ти якум ҳуқуқи вориси қонуни ро дар навбати дуюм бо ҳиссаи ба робар бародару хоҳа рони меросгузор ва ҳамчунин бобою биби ҳам аз тарафи модар ва ҳам аз тара фи падар мегиранд.Фарзандони бародару хоҳарони меросгузор (чиянҳои меросгузор) бо ҳуқуқи пешниҳод мерос мегиранд. 3)Меросхурони дарачаи 3-ум(ҳангоми набудани меросгирони навбатҳои якум ва дуюм ҳуқуқи меросгирии қонуниро дар навбати сеюм бо ҳиссаи баробар бародару хоҳаро ни падару модари (таго, амак, хола ва амма) меросгузор мегиранд.Духтару писарони амма, хола, тағо ва амак меросгузор бо ҳуқуқи пешниҳод ба мерос ҳуқуқ доранд.
Ба давлат гузаштани мерос 1)Дар он асос мебошад,ки ягон меросхур надошта бошад.
2)Меросхурхо аз соҳиб шудани мерос даст кашанд.
3)Меросхур аз соҳиб шудани мерос маҳрум бошад.
2.Мерос аз руи васиятнома
Васиятнома-амри хаттии соҳибмулк нисбати молу мулк пеш аз вафоташ мебошад.
§61.Ҳуқуқи муаллифї ва патентї
Ҳукуки муалифи ва патенти- институ ҳуқуқи граждани буда аз мачмуи меъёри ҳуқуқие иборат аст,
ки муносибатҳои чамъиятиро дар соҳаи эчоди асарҳо,кашфи ихтироотҳо ба танзим медарорад. Қонуни ЧТ«Дар бораи ҳуқуқи муаллифи ва патенти»аз 13ноябри соли 1998.
Ҳуқуқи муаллифи ба асрҳои илм,адабиёт ва санъат сарфи назар аз шакл,таъинот кадру кимати он,инчунин аз тарси тасвир чори карда мешавад.
Субъектони ҳуқуқи муаллифи-шахсоне,ки бо меҳнати эчодии онҳо асарҳои илм,адабиёт ва санъат офарида шудаанд.Баъзан аср натичаи меҳнати эчодии ду ё якчанд шахсон мешавад.Дар ин ҳолат ҳуқуқи муаллифи пайдо мегардад.
Ҳуқуқи муаллифи ва ҳимояи он
Муаллифон ҳуқуқ доранд:асарҳояшонро бо тамоми усулҳои ичозатдодаи қонун бо номи худ бо номи шарти,яъне тахаллус,бе нишон додани номашон(бе ном)нашр намоянд,аз нав нашр кунанд ва паҳн намоянд,ба дахлнопазирии аср,яъне дар вақти нашр кардан,дар ҳузури ичро намудан ё бо дигар тарз истифода бурдани асар,бе розигии муаллиф ба худи асар,инчунин ба номи у ва ифода
ёфтани муаллиф ягон тайиғирот даровардан мумкин нест.
Ҳуқуқҳои муаллиф аз тарафи давлат таъмин карда мешаванд ва ба тариқи суди ҳимоя ва амали карда мешавад.
§62.Ҳуқуқи уҳдадориҳо
Мувофики уҳдадори як шахс (қарздор) уҳдадор аст ба фоидаи шахси дигар(кредитор) амали
муайянеро ичро намояд ба монанди корро ичро кунад пул дихад ва кредитор бошад ҳуқуқ дорад аз шахси қарздор амали мазкурро талаб намояд.(м 328 КГ ЧТ).
Иштирокчиёни уҳдадориҳо
Қарздор ва кредитор мебошад.
Қарздор-тарафест,ки амали муайянеро содир менамояд ё аз содир намудани амали муайян худдори менамояд.
Кредитор-тарафест,ки ҳуқуқ дорад содир намудани амали муайянро талаб намояд.
Асосҳои ба вучуд омадани уҳдадори:
Мувофиқи моддаи 8 ва қисми 2 ,моддаи 328-Кодекси граждани
1)Аҳдҳо,аз чумла шартномаҳо;
2)Санадҳои фаъолияти эчоди;
3)Зараррасони(модди ва маънави);
4)Дорошавии беасос;
5)Дигар амалиёти шаҳрвандон ё ташкилотҳо(масалан:начоти молу мулк,ёфтани хазина,ганчина ва ғайра;
Ичрои уҳдадориҳо
Аз руи қонунгузории Граждани ичрои уҳдадори ба воситаи ноустуворона,гарав,нигоҳ доштани молу мулк,замонат,кафолат,байъона,шартнома ва ғайраҳо таъмин карда мешавад.
Ноустуворона(чарима,пеня)-маблағе мебошад,ки тибқи қонун ё шартнома муайян гардидааст ва қарздор уҳдадор аст ҳангоми ичро накардан ё ба таври номатлуб ичро намудани уҳдадори,аз чумла дар ҳолати гузаштани муҳлат,онро ба кредитор диҳад.
Гарав-моли муайяне мебошад,ки талаботи кредитор аз ҳисоби он ҳангоми ичро намудани уҳдадори
қонеъ гардонида мешавад.
Замонат-дар асоси шартнома ба тавсиб расонида шуда,тибқи он зомин уҳдадор аст,ки дар назди кредитори дигар шахс барои пурра ё қисман ичро нагардидани уҳдадориҳои вай чавобгар бошад.
Кафолат-дар асоси кафолат бонк ё дигар ташкилотҳои кредити бо хоҳиши шахси дигар уҳдадории
хатти медиҳад,ки дар сурати ичро накардани уҳдадории шартномави аз чониби қарздор ба
кредитор маблағи муайянеро медиҳад.
Байъона-маблағе мебошад,ки як тарафи шартнома аз ҳисоби маблағе,ки вай бояд пардохт намояд, ба тарафи дигари шартнома барои исботи бастани шартнома ва таъмини ичрои он ба ҳисоби
тарафи дигар мегузаронад.
Боби 11. ЊУЌУЌИ МАЪМУРЇ
§63.Мафҳум,предмет,принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмури
Ҳуқуқи маъмури-ҳамчун соҳаи мустаъқили ҳуқуқ буда аз мачмуи меъёри ҳуқуқие иборат мебошад, ки аз тарфи давлат муқарар карда мешавад,ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои чамъия ти равона мегарданд,ки ба амлисозии ҳокимияти ичроия ба вучуд меоянд,тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд.
Предмети ҳуқуқи маъмури
Предмети ҳуқуқи маъмури-ин доираи муайяни муносибатҳои чамъиятиест,ки бо воситаи меъёрҳои ҳамон соҳаи ҳуқуқ ба танзим дароварда мешавад.
Намудҳои предмети ҳуқуқи маъмури:
1)Муносибатҳои ташкилию идоракуни дар соҳаи амалигардонии ҳокимияти ичроия(идоракунии давлати);
2)Муносибатҳои ташкили дар ҳама зинаҳои низоми идоракунии умуми ва соҳаҳои фаъолияти давлати;
3)Муносибатҳои ташкилию назоратии умумидавлати;
4)Муносибатҳои ташкилии маъмурию адлияви;
Принсипҳои ҳуқуқи маъмури:
1)ошкорбаёнї
2) ќонуният
3)баробарї
4)дар назди ќонун
5)ногузирии љазо
6)љавобгарї ва гунањкории инфиродї
7)адолат
8)инсондўстї
9) демократизм
10)эњтимолияти бегуноњї
Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмури:
1.Конститутсияи ЧТ
2.Қонунҳои конститутсиони «Дар бораи Ҳукумати ЧТ»-12 майи соли 2001,«Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати»-17 майи соли 2004 ва ғайра.
3.Кодексҳо «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмури»-31декабри соли 2008, «Дар бораи расмиёти маъмури»-5 марти соли 2007, «гумрук»-3 декабри соли 2004,«замин»-3 декабри соли 1996 ва ғайра.
4.Фармонҳои Президент ва дигар қарорҳои ҳукумат.
§64.Субъектҳои(иштирокчиёни)ҳуқуқи маъмурї
Субъекти ҳуқуқи маъмури-шахс ё ташкилоте субъекти ҳуқуқи маъмури номида мешавад,ки дар шароити муайян метавонад иштирокчии муносбатҳои идоракуни бошад.
Шартҳои мавчуд будани субъектҳои(иштирокчиёни)ҳуқуқи маъмури:
1.Меъёрҳои маъмурии ҳуқуқи,ки субеъктро муайян карда,ҳуқуқу вазифа ва чавобгарии ҳуқуқии
онро муқарар мекунанд.
2.Қобилияти ҳуқуқдории маъмури ва амалкунии субъект.
3.Далели ҳуқуқи,яъне асоси пайдоиш,тайғирот ва қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқи.
Субеъктҳо(иштирокчиёни)ҳуқуқи маъмури:
1.Шахсони воқеи-(шаҳрвандони Чумҳурии Точикистон,шаҳрвандони хоричи ва шахсони бешаҳрванд)
2.Мақомоти ҳокимияти ичроия-(Президент ва Ҳукумат)
3.Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот(чамоати шаҳрак ва чамофти деҳот)
4. Иттиҳодияҳои чамъияти-(иттиҳодияҳои чамъиятии байналмиллали,чумҳурияви ва маҳалли)
5. Хизматчии давлати- шаҳрванди Чумҳурии Точикистон аст,ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касби бо мақсади таъмини ичрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлати ва амали намудани салоҳияти мақомоти давлати ишғол намудааст.
Категорияҳои хизматчиёни давлати:
-Категорияи оли
-Категорияи якум
-Категорияи дуюм
-Категорияи сеюм
-Категорияи чорум
-Категорияи панчум
-Категорияи шашум
-Категорияи ҳафтум
Намудҳои субеъктҳо(иштирокчиёни)ҳуқуқи маъмури:
1.Инфироди-(шаҳрвандони Чумҳурии Точикистон,шаҳрвандони хоричи,шахсони бешаҳрванд ва
хизматчиёни давлати).
2.Коллективи-ба 2 намуд чудо мешавад.
1)Ташкилотҳои давлати,мақомоти ҳокимияти ичроия,мақомоти идоракунии корхона,муассиса ва ташкилотҳои давалати.
2)Ташкилотҳои ғайридавлати,мақомоти худидораи маҳалли, мақомоти идоракунии ташкилоту муассисаҳои ғайридавлати,муассисаҳои хусуси,муассисаҳои хоричи.
§65.Ҳуқуқвайронкунии маъмурї ва чазои маъмурї
Ҳуқуқвайронкунии маъмури(моддаи 17 КҲМЧТ)- ин кирдори(ҳаракат ё беҳаракатие) зиддиҳуқуқи ва гунаҳкории шахси ҳуқуқи ё воқеи мебошад,ки дар содир намудани он тибқи Кодекси
ҳуқуқвайронкунии маъмури боиси чавобгарии маъмури мегардад.
Намудҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури: 1)Қасдан ва Беэҳтиёти. 2)Ҳаракат ва Беҳаракати мешавад.
Чазои маъмури ва намудҳои он
Чазои маъмури-ин чораи мачбуркунии давлати буда,тибқи Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмури аз чониби суд,мақомоти ваколатдори давлати ё шахсони мансабдор нисбат ба шахсони воқеи ва
ҳуқуқи барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмури татбиқ карда ме шавад.
Намудҳои чазои маъмури: 1)Огоҳи.
2)Чарима.
3)Боздошти маъмурии амали ичозатнома барои машғул шудан бо намудҳои фаъолияти муайян.
4)Маҳрум кардан аз ичозатнома барои машғул шудан бо намудҳои муайяни фаъолият.
5)Маҳрум кардани шахсони воқеи аз ҳуқуқҳои махсус.
6)Боздошти маъмурии навъи муайяни фаъолият.
7)Бо подош мачбуран гирифтани ашёе,ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмури ё объекти бевоситаи он мебошад.
8)Мусодираи ашёе,ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмури ё объекти мустақими он мебошад.
9)Бо роҳи маъмури аз қаламрави Чумҳурии Точикистон берун кардани шаҳрвандони хоричи ва шахсони бешаҳрванд.
10)Ҳабси маъмури-мувофиқи қонун нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба муҳлати аз 1 то 15 шабо наруз, барои вайрон кардани интизоми вазъияти фавқулода то 30 шабонаруз муқарар гардида,аз тарафи суд таъин карада мешавад.Ҳабси маъмури нисбати занони ҳомила,заноне ки дар тарбията шон кудакони то 14 сола доранд,шахсони ба синни 18 нарасида ва маъюбони гуруҳи 1 ва 2 татбиқ карда намешавад.
Боби 12. ЊУЌУЌИ ОИЛАВЇ
§66.Мафҳум,сарчашма,вазифа ва принсипҳои ҳуқуқи оилави
Ҳуқуқи оилави-соҳаи мустақили ҳуқуқи ЧТ буда аз мачмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои чамъиятиро вобаста ба никоҳ ,оила,фарзандхони,васоят,парастори ва ғайраро ба танзим медарорад.
Сарчашмаҳоии ҳуқуқи оилави
Сарчашмаи ҳуқуқи оилави-гуфта шакли зоҳири ифодаёби ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқи оилавиро меноманд.
Намудҳои Сарчашмаҳои ҳуқуқи оилави :
1.Конститутсия ЧТ
2.Кодекси оилаи ЧТ-13 ноябри соли 1998
3.Қонунхои ЧТ,ки муносибатҳои оилавиро ба танзим медарорад,шартномаҳоибайналхалқи, санадҳои зерконуни
Вазифаҳои ҳуқуқи оилави:
1)Мустаҳкам кардани оила,ки ба арзишҳои ахлоқии чомеа асос ёфтааст.
2)Никоҳи ихтиёрии зану мард.
3)Дусти ва эҳтироми ҳамдигарии аъзоёни оила.
4)Ҳифзи манфиатҳои модару кудак ва таъмини шароити арзанда барои инкишофи кудакон.
5)Барҳам доадни таассубу хурофот ва урфу одатҳои зарарноки замони гузашта.
6)Парвариши эҳсоси баланди масъулият дар назди оила.
Принсипҳои ҳуқуқи оилави
Пирнсипҳои ҳуқуқи оилави-он асосҳои роҳбарикунандае мебошад,ки дар вақти ба амал
баровардани муносибатҳои хукуки оилави ҳамчун замима ва асос баробари гирифта мешавад.
1)Принсипи якканикоҳи
2)Принсипи баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои оилави сарфи назар аз миллат,нажод ва муносибаташон бо дин
3)Принсипи хифзи модару кудак 4)Принсипи баробарҳуқуқии зану мард дар ҳалли тамоми масъалаҳои оилави
5)Принсипи ғамхори дар ҳаққи фарзандон ва ҳимояи манфиатҳои онҳо
§67.Муносибатҳои ҳуқуқии оилави
Муносибатҳои чамъиятие,ки бо меъёрҳои ҳуқуқи оилави ба танзим дароварда шудаанд муносибат ҳои ҳуқуқии оилави номида мешавад.
Таркиби муносибатҳои ҳуқуқии оилави:
1.Субъектҳо-зану шавхар,фарзандхон,фарзандгирандагон,васиён,парасторҳо ва гайра.
2.Объект-никоҳ,оила,алимент ва гайра. 3.Мазмун-муносибатҳои хуб бо объекти ҳуқуқи оилави.
Муносибатҳои ҳуқуқии аъзоёни оила
1.Муносибатҳои ҳуқуқии байни волидайн ва фарзандон.(шахси ва молумулки.)
2.Муносибатҳои хуқуқии падару модари ва фарзанди.
3.Муносибатҳои ҳуқуқии молумулкии волидону фарзандон ва аъзоёни дигари оила.
Вазифаҳои фарзандон дар оила:
1.Ҳурмату эҳтироми аъзоёни оила.
2.Таҳсили хуб. 3.Ёри расонидан ба корҳои хона ва ғайра.
§68.Мафҳум ва вазифаҳои Оила
Оила-иттифоқи озоди ихтиёри ва баробари хуқуқии одамонест,ки бо хуқуқу вазифаҳои аз никоҳи, хешу табори ба фарзанд қабул кардан ва ба тарбия гирифтани кудак пайдо шуда алоқаманд
мебошад.
Оила сохтори ибтидоии ҳар гуна чомеа ва зинаи авалини ташаккули он ба шумор меравад.
Вазифаҳои асосии оила:
1)Репродуктиви-(ба вучуд овардани насли солим).
2)Тарбияви.
3)Хочагидори(иқтисоди).
4)Маънавиёти(ба ҳам созгории аъзои оила ва дастгирии моддию маънавии байниҳамдигари мебошад).
§69.Никоҳ:шартҳо ва тартиби бастани он
Монеаҳои ақди никоҳ
Никоҳ(моддаи 10 КОЧТ)-чунин итифоқи ихтиёри ва озоди зану мард аст,ки ба ҳиссиёти меҳру муҳаббат дустиву садоқати тарафайн асос меёбад ва мақсади барпо кардани оиларо дошта дар мақомоти ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад.
Шартҳои бастани ақди никоҳ (моддаи 12 КОЧТ)
1)Розигии тарафайн 2)Синну соли никоҳи(аз сини 18-солаги).
3)Чой надоштани монеа
Тартиби бастани никоҳ (моддаи 11 КОЧТ)
Бояд зикр намуд,ки асоси қайди давлатии никоҳ-аризаи якчояи шахсонест,ки ният ба никоҳ даро
маданд доранд.Додани ариза ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди (Саҳш)қисми таркибии тартиби қайди никоҳ мебошад.Дар ариза бояд ризоияти ихтиёрии тарафҳо,набудани ҳолатҳое,ки ба бастани никоҳ монеъ мешаванд,зикр шавад.Тибқи Кодекси оила имконият зиёд кардани муҳлати умуми аз руи додани ариза то қайди никоҳ на бештар аз се моҳ муқарар карда шудааст.
Мувофиқи моддаи 14 Кодекси оилаи Чумҳурии Точикистон якчанд монеаҳо дар панч ҳолат бастани ақди никоҳ байни шаҳрвандон манъ шудааст:
-байни шахсони,ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта шуда бошад.
-байни бародарону хоҳарони айни ва угай (ки аз як падар ё як модаранд).
-байни фарзандхондагон ва фарзандхондашудагон.
-байни шахсоне,ки суд онҳоро бо сабаби бемории руҳи ё сустақли ғайри қобили амал эътироф кар дааст.
-байни шахсоне,ки суд онҳоро бо сабаби суистифодаи нушокиҳои спирти ё маводи нашъодар дорои қобили маҳдуди амал эътироф намудааст.
§70.Беэътибории никоҳ ва қатъ гардидани никоҳ
Беэътибории никоҳ(моддаи 28 КОЧТ)-бе ризояти никоҳшавандагон ё яке аз онҳо,вайрон кардани синну соли никоҳи, дар никоҳи дигар будани яке аз тарафҳо,байни хешу таборони наздик, бародарону хоҳарони ҳамтана(угай),байни ба фарзанди қабулкардагон ва қабулшудагон,байни шахсони ғайри қобили амал ва қобилияти амалкуниашон маҳдуд.
Қатъ гардидани никоҳ(моддаи 18 КОЧТ)
Қонунгузории оилави 2 тартиби қатъ намудани никоҳро муқарар кардааст:
1)Дар мақомоти Суд –(моддаи 19 КОЧТ):ҳангоми норози будани яке аз тарафҳо,мавчуд будани баҳси молу мулки,буда ни фарзанди ноболиғ,байни ҳамсароне ,ки фарзанди ноболиғ надоранд ва ҳарду барои бекор карда ни ақди никоҳ розианд аммо сари вақт ба мақомоти САҲШ ҳозир наме шаванд.Суд барои ошти до дани зану шавҳар,албатта,чораҳо мебинад,яъне бо мақсади оштишавии ҳамсарон 6 моҳ муҳлат низ медиҳад.
2)Дар мақомоти САҲШ(моддаи 21 КОЧТ):-ҳангоми мавчуд набудани баҳси молу мулки ва фарзанди ноболиғ,рози будани тарафҳо,ҳангоми агар ҳамсар бо сабаби бемории руҳи ё сустақли ғайри қобили амал эъти рофшуда бошад,ҳангоми ҳамсар бедарак ғайбшуда эътирофшуда бошад.
§71.Муносибатҳои ҳуқуқии аъзоёни оила
Ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсарон(моддаи 32 КОЧТ)
1.Ҳуқуқ ва озодиҳои шахси:
1)Ҳуқуқ ба интихоби ному насаб
2)Ҳуқуқи ҳамсарон ба интихоби машғулият ва касбу ҳунар
3)Ҳуқуқи ҳамсарон ба интихоби чои истиқомат
4)Ҳуқуқҳо оид ба масъалаҳои ҳаёти оилави ва тарбияи фарзандон
2.Ҳуқуқҳои молу мулки(моддаи 34 КОЧТ)
Ҳуқуқҳои молумулкии зану шавҳар,нисбат ба молу мулке пас аз қайди давлатии никоҳ ба даст даро вар даанд инҳо:
1)Маблағҳои пули
2)Молҳои манқул
3)Амволҳои ғайриманқул
4)Саҳмияҳо,қоғазҳои қимматнок,вомбаргҳо,вексел,сертификати бонки,чек ва ғайра.
Ҳуқуқҳои шахси ва молумулкии волидон ва фарзандон
Ҳуқуқу вазифаҳои волидон барои тарбияи фарзандон ба насаби фарзандон вобаста аст.
Дар соҳаи муносибатҳои байни волидану фарзандон муносибатҳои муносибатҳои шахсии ҳуқуқи мавқеи ҳалкунандаро мебозанд.Барои ин муносибатҳо хислати бо ҳам пайвастани ҳуқуқу уҳдадори ҳои волидону фарзандон хос мебошад.
Ба ҳуқуқи шахсии волидону фарзандон инҳо дохил мешаванд:
1)Ҳуқуқи кудакон ба ном,номи падар,насаб ва мувофиқан ба ин ҳуқуқи падару модар барои ба
фарзандон додани ном,номи падар,насаб.
2)Ҳуқуқи падару модарон-тарбия кардани фарзандон ва ҳуқуқи фарзандон-гирифтани тарбия аз
падару модар.
3)Ҳуқуқи падару модарон аз номи фарзандон намояндаги каран,ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо ва
мувофиқан ҳуқуқи фарзандон ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати онҳо.
Ба кудак бо ризоияти волидон ном гузошта мешавад.Номи падари кудак аз номи падараш гирифта
мешавад.Насаби фарзандон бо насаби волидонаш муайян карда мешавад.Насаби кудак бо хоҳиши волидон аз номи падар,решаи насаби у бо илова кардани суффиксҳои«зода»,«и»,«иён»,«пур»,«духт» ё унсурҳои «пури»,«духти» ё бо роҳи пас аз номи кудак ё номи падари у илова кардани решаи наса башон ташаккул меёбад.
Тайғири ном, номи падари кудак,ки ҳангоми қайди таввалудаш ба у дода шуда буд,бо роҳи қонуни то ба синни 16-солаги расидани кудак мумкин аст.
Ҳуқуқҳои молумулкии волидону фарзандон ва аъзоёни дигари оила
Чунин муносибатҳо на танҳо мувофиқи ҳуқуқи оилави,балки тибқи ҳуқуқи граждани ҳам танзим мегар дад.Агар меъёрҳои ҳуқуқи оилави муносибатҳои алимент онҳоро ба тартиб дароранд,
санадҳои ҳуқуқи граждани дигар муносибатҳои молумулкии онҳоро танзим менамояд.
Вазифаи волидон фақат бо адои корҳои тарбияви ба охир намерасад.Онҳо уҳдадоранд,ки фарзан
дони ноболиғ ва инчунин ба балоғат расидаи қобилияти меҳнат надошта ва муҳточи ёри будаи худ ро аз чиҳати модди таъмин намоянд.Агар онҳо аз ичрои вазифаҳои ҳатмии худ саркаши кунанд, аз чунин волидон ба воситаи суд алимент руёнида мешвад.
Алимент(моддаи 80 КОЧТ) барои фарзандони ноболиғ аз падару модар то синни 18-солаги ҳар моҳ ба миқдори зерин руёнида мешвад:барои як фарзанд чоряк, барои ду фарзанд сеяк,барои се ва зиёда аз он нисфи музди кор(даромад).
§72.Фарзандхонї
Фарзандхони(моддаи 125 КОЧТ)-институти хуқуқи оилави буда,аз мачмуи меъёрҳои ҳуқуқии иборат аст, ки муносибатҳои чамъиятиро байни фарзандгиранда ва фарзандхон ба танзим медарорад .
Фарзандхони-чунин воситае мебошад,ки маҳз таввасути он кудакони бепарастор ё дар нигоҳубини шахси дигар буда ба тарбияи оилави фаро гирифта мешавад.
(Байнашон бояд 16-сол фарқ дошта бошад.)
Ба фарзанди қабулкуни бо қарори суди чои истиқомати фарзандхон ё чои истиқомати фарзандхон шаванда дар асоси аризаи шахсе,ки кудакро ба фарзанди қабул кардан мехоҳад,ба чо оварда мешавад.Парвандаҳои фарзандхони дар суд бо иштироки мақомоти васоияту парастори барраси мегарданд.Фарзандхони дар шуъбаҳои САҲШ,яъне чое ки дар бораи фарзандхони қарор баро варда шуда буд,сабт мегардад.Ин мақомот амалиёти худро дар асоси қарори дар бораи фарзанд хони баровардаи суд ичро менамояд.
§73.Васоят ва Парасторї
Васоят(моддаи 147 КОЧТ)-яке аз шаклҳои ҳуқуқии ҳомияи ҳуқуқу манфиатҳои шахсию молумулкии кудаконе, ки бе парастории волидайн мондаанд,инчунин таъмини зиндаги,тарбия ва маълумотнокии онҳо мебошад . Васоят –нисбати кудакони то14-сола ва шахсони ғайри қобили амал таъин карда мешавад. Парстори ба- кудакони аз 14 то 18-сола ва шахсони қобилияти амалкуниашон маҳдуд таъин карда мешавад.
Мақомоти васоят ва парастори
Мақомоти ҳокимияти ичрияи давлати,шуъбаи маориф ва шуъбаи тандурусти мебошад.
Патронат- як намуди ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кудакон дар ҳолати фавти волидон,аз ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани онҳо,маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари,ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо.
Боби 13.ЊУЌУЌИ ЧИНОЯТЇ
§74.Мафҳум,функсия,сарчашма,предмет,принсип,вазифа ва илми ҳуқуқи чинояти
Ҳуқуқи чинояти-мачмуи меъёри ҳуқуқи чиноятие,ки аз тарафи давлат муқарар шуда, кирдорҳои ба чамъият хафнок,асоси чавобгарии чинояти,принсипҳои Қонуни чинояти,намуд ва тартиби татбиқ кардани чазо,инчунин асосҳои озод аз чавобгарии чинояти ва чазоро муайян мекунад.
Функсияҳои ҳуқуқи чинояти:
1.Функсияи муҳофизати
2.Функсияи танзимкунанда
Сарчашмаҳои ҳуқуқи чинояти:
1.Конститутсияи ЧТ
2.Кодекси чинояти (21-майи соли 1998)
3.Меъёри умумии эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилали
4.Қонунҳои чиноятии наве,ки баъди Кодекси чинояти қабул шудаанд.
Предмети ҳуқуқи чинояти
Муносибатҳои чамъиятие,ки байни давлат ва шахси чиноят содир кардаро ба вучуд меорад.
Принсипи ҳуқуқи чинояти:
1)Принсипи қонуният
2)Принсипи баробари дар назди қонун
3)Принсипи ногузирии чавобгари
4)Принсипи адолат
5)Принсипи чавобгарии фарди ва гунаҳкори
6)Принсипи башардусти
7)Принсипи демократизм
Вазифаҳои ҳуқуқи чинояти:
1.Аз тачовузи чинояти ҳифз намудани -хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,амнияти чамъияти,
саломатии аҳоли,муҳити зист,тартиботи чамъияти ва ахлоқ,моликият,сохти конститутсиони ва амнияти ЧТ,таъмини сулҳ ва амнияти башарият.
2.Пешгирии чиноятҳо.
3.Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо.
Илми ҳуқуқи чинояти
Илми ҳуқуқи чинояти-илмест,ки қонуниятҳои содиршавии чиноят,қабул ва чории қонуни чинояти, таъин кардани чазоро ба шахси гунаҳкор меомузад ва дар қонуниятҳо роҳҳои нави такмили
калификатсионии чиноят,таъин кардани чазо ва пешгирии чинояткориро коркарда тавсия медиҳад.
Предмети илми ҳуқуқи чинояти
1.Чиноят ва чазоро хамчун чараёнҳои ичтимои.
2.Чараёни қабули қонунҳои чинояти ва таърихи он.
3.Амалияи суди оиди татбики меъёрҳои ҳуқуқи чинояти дар мавриди банду басти чиноят ва таъин кардани чазо.
4.Таърихи ҳуқуқи чинояти дар ЧТ ва давлатҳои дигар. 5.Амалияи суди оиди озод кардан аз чавобгарии чинояти ва чазо.
Достарыңызбен бөлісу: |