§98.Мафҳум ва намудҳои вақти корї
Вақти кори(моддаи 60 КМЧТ)-доираи вақти бо қонун муқараршудаи ба ҳисоб меравад,ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи маҳнати бояд вазифаи меҳнатии худро ичро намояд.
Намудҳои вақти кори
Вақти кори 3 намуд(муътадил,кутоҳ ва нопурра) мешавад.
1)Муътадил-вақти кори муътадил мувофиқи қонунгузории меҳнати ЧТ дар як ҳафта 40-соат муқарар карда шудааст.
2)Кутоҳ-чунин намуди вақти кори дар мавридҳои зерин муқарар карда мешавад:1.Ба рои кормандони аз 15 то 18-сола-35соат дар як ҳафта,барои шахсони аз 14 то 15 сола 24соат дар як ҳафта.2.Ба кормандони маъюб-30 соат дар як ҳафта.3.Ба кормандоне,ки ба корҳои шароити муҳла ти номусоид машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд аз чумла кормандоне,ки дар шароити за рарнок хизмат мекунанд,ба духта рон,педагогҳо ва шахсони дигаре, ки кори бо шиддати баланди эҳсосоти,зеҳни ва асаби алоқаманд аст-35 соат дар як ҳафта мебошад.
3)Нопурра- барои баъзе катигоряҳои кормандон вақти нопурраи кор муқарар кардан мумкин аст. Чунин вақти кори дар асоси созиши корманд бо корфармо муқарар карда мешавад. Ва дар вақти қабул ба кор ё дар вақти ичрои кор муайян карда мешавад.
Изофакори(моддаи 72 КМЧТ)
Изофакори-чунин коре мебошад,бо ризояти корманд дар асос ва бо мувофиқати мақомоти дахлдо ри намояндагии кормандон муқараркардаи корфармо амали карда мешавад.Ба изофакори ноболи ғони то синни 18 сола,занони ҳомила ва занонеро,ки кудако ни аз 3 сола то 14 сола доранд,бе ризоя ти худи онҳо чалб кардан мумкин нест.
Изофакори дар давоми 2 руз пай дар пай дар корҳои шароиташон зарарнок 2соат ва дар дигар корҳо 4 соат ва дар давоми як сол 120 соат мебошад.
§99.Вақти истироҳат ва намудҳои он
Мувофиқи моддаи 24 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар –ҳар як инсон ба истироҳат ва дамгири ҳақ дорад.
Вақти истироҳат(моддаи 75 КМЧТ)-чунин вақтеро меноманд,ки дар давоми он корманд аз ичрои вазифаи меҳнати озод мебошад ва онро мувофиқи салоҳияти худ барои қонеъ намудани манфиат ҳои худ ва барқарор намудани қобилияти маҳнатиаш истифода мебарад.
Намудҳои вақти истироҳат
Вақти истироҳат ба намудҳои зерин чудо мешавад:
1)таннафус дар давоми рузи кори
2)таннафус дар байни рузи кори
3)рузҳои ид (моддаи 83 КМЧТ)
Рўзњои ид:1 январ-Соли нав,8 март-Рўзи байналмилалї занон,21- 24 март-љашни Наврўз,1 май-Рўзи њамраъии айналмилалї мењнаткашон,9 май-Рўзи Ѓалабаи халќњо дар Љанги Бузурги Ватанї,27 июн Рўзи Вањдати миллї,9 сентябр-Рўзи истиќлолиятї давлатии Љумњурии Тољикистон,6 –ноябр Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон.Иди Рамазон-як рўз њар сол, рўзе, ки рост меояд,ИдиЌурбон - як рўз њар сол, рўзе, ки рост меояд.
4)рухсатии ҳарсола
5)рухсатии ичтимои.
§100.Рухсатї ва намудҳои он
Рухсати(моддаи 84 КМЧТ)-муддати вақти нисбатан тулониест,ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқарар намудаи қонунгузори бо шарти нигоҳ доштани чои кору мансаб аз ичрои вазифаи меҳнати озод буда, онро барои фароғат ва барқарор намудани қобилияти меҳнати ҳамчунин баҳри қонеъ гардонидани дигар ниёзмандиҳои худ истифода мебарад.
Намудҳои рухсати
1)Рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда
-Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин.
-Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозтарин.
-Рухсатии иловагии ҳарсола.
2)Рухсатиҳои ичтимои
-Рухсатии давраи ҳомиладори ва таввалуд.
-Рухсати барои нигоҳубини тифл.
-Рухсатии таълими.
-Рухсатии эчоди.
3)Рухсатии бе ҳифзи музди меҳнат
§101.Музди меҳнат(кор)
Мувофиқи моддаи 35-Конститутсияи ЧТбарои меҳнати якхелаи кормандон музди баробар дода
мешавад.Вобаста ба чинс,синну сол,нажод,ва миллат камукнии андозаи музди меҳнат манъ аст.Ҳар як корманд аз чамъият ба андозаи кор ва сифати меҳнаташ(қобилияти шахси,қувва,дониш),ки ба рои ба вучуд овардани боигари сарф намудааст,неъматҳои модди ва маънави мегирад.
Музди мењнат(моддаи 101 КМЧТ) - маљмўи подошњои бо воњиди пулї ё дар шакли аслї њисоб кардашудае мебошад, ки корфармо бояд онњоро ба корманди кироя барои корњои амалан иљро шуда, њамчунин барои он муддате, ки ба ваќти корї дохил мешавад, пардохт намояд.
Музди мењнат аз њиссањои доимї ва таѓйирёбанда иборат мебошанд.Њиссаи доимии музд аз њиссаи соатбайъ ва ё моњонаи меъёрњои тарифї (маош) иборат аст.Музиди кор бояд дар ҳақиқат тачассуми меҳнати корманд бошад.Ба меҳнати баландихтисос,меҳнати аз чиҳати чисмони вазнин ва сабук, кори мураккаб ё сода ҳар хел музд дода мешавад.
Ду низоми асосии музди кор: 1)ватқбайъ,2)корбайъ инчунин музди иловаги мавчуд аст.
§102.Интизоми меҳнат ва муҳофизати меҳнат
Интизоми меҳнат(моддаи 121 КМЧТ)-дар ташкилотҳо бо роҳи фароҳам овардани шароитҳои зарурии ташкилию иқтисоди барои кори сермаҳсули муътадил бо муносибати бошуурона ба кор бо усули боваркунони, тарбия,ҳамчунин ҳавасмангардонии барои маҳнати софдилона таъмин карда мешавад.
Њавасмандгардонии мењнат(моддаи 46 КМЧТ)
Барои комёбињои кор, барои кори бардавом ва бенуќсон, навоварї дар мењнат ва дигар дастовардњои корї корфармо аз чунин тадбирњои њавасмандгардонї истифода мебарад:
1) эълони рањматнома;
2) додани мукофот;
3) мукофотонидан бо тўњфаи пурќимат;
4) сарфароз гардондан бо ифтихорнома;
5) навиштани ном дар Лавњаи ифтихор, дар Дафтари ифтихор .
Бо ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї њамчунин дигар навъњои њавасмандгардонї пешбинї шуда метавонанд.
Кормандон барои хизматњои махсус бањри љомеа ва давлат ба мукофотњои давлатї пешнињод шуда метавонанд.
Корфармо њаќ дорад барои вайрон кардани интизоми мењнат, яъне бо гуноњи корманд иљро нашудан ё ба таври лозима иљро нашудани ўњдадорињояш муљозоти зерини интизомиро истифода намояд.
Қонунгузории меҳнати барои вайрон намудани интизоми меҳнат мучозоти зеринро муқарар кардааст:
1)сарзаниш
2)танбеҳ
3)аз вазифа озод намудан.
Бо ќонунњои Љумњурии Тољикистон, оинномаю низомномањои интизоми мењнат барои катего рияњои алоњидаи кормандон дигар навъњои муљозот низ пешбинї шуда метавонанд.
Истифодаи чорањои таъсиррасонии интизомие, ки бо Ќонун, оиннома ё низомномаи интизом пешбинї нашудаанд, манъ аст.
Муҳофизати меҳнат(моддаи 141 КМЧТ)-аз низоми тадбирҳо ва воситаҳои ичтимоию иқтисоди, ташкили,техники,гигиени ва табобатию пешгирикунандае иборат аст,ки дар асоси санадҳои дахлдори қонуни ё дигар санадҳои меъёри амал карда,бехатари,ҳифзи саломати ва қобилияти кори инсонро дар чараёни меҳнат таъмин мекунад.
§103.Баҳсҳои меҳнатї
Мафҳуми баҳсҳои меҳнати(моддаи 189 КМЉТ)
Баҳсҳои меҳнати-зиддиятҳои танзимнашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаи татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Чумҳурии Точикистон оид ба меҳнат ва шароити меҳнат
мебошад,ки дар шартномаҳои меҳнати,шартнома ва созишномаҳои колективи пешбини шудааст. Комиссия оид ба ҳалли баҳсҳои меҳнати мақомоти авали ҳалли баҳсҳои меҳнати мебошад,ки кодек си меҳнати ЧТ ва дигар санадҳои меъёри тар тиби дигари баррасии онҳоро муқарар намудаанд. Барои мурачиат намудан ба комиссияи мазкур муҳлати 3-моҳ аз рузе,ки коркун дар бораи вайрон шудани ҳуқуқ ҳои меҳ натиаш донист ё бояд медонст,муайян шудааст.Комиссия баҳси инфиродии меҳнатии коркунро дар ҳузури у,дар давоми на дертар аз 10-руз аз рузи мурочиати коркун барра си менамояд.
Намудҳои баҳсҳои меҳнати
Баҳсҳои меҳнати 2 намуд фарди ва колективи мешавад.
1)Баҳсҳои фардии меҳнати- зиддиятҳои танзимнашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаи татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Чумҳурии Точикистон оид ба меҳнат ва шароити меҳнат мебошад,ки дар шартномаҳои меҳнати,шартнома ва созиш номаҳои колективи татбиқ шудааст. Баҳсҳои меҳнатии фардиро судҳо барраси мекунад. Комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фарди дар ташкилотҳо аз шумораи баробари намояндагии кормандон ва корфармо таъсис дода мешавад. Намояндагони кормандон ба комиссияи баҳсҳои меҳнатии фарди дар мачлиси умумии ташкилот интихоб карда мешаванд.
Чуброни зарари маънави-агар корманд бе асоси қонуни ё бо вайрон намудани тарти боти муқарар гардида аз кор озод карда ё ғайриқонуни ба кори дигар гузаронида шуда бошад,бояд аз тарафи мақомоти баррасикунандаи ихтилофоти меҳнати аз руи ихтисос ё вазифае, ки дар шартнома зикр шудааст,бо шартҳои пешинаи меҳнат дар ташкилот ба чои кори собиқааш барқарор карда меша вад.
Муҳлати мурур-кормандон метавонанд дар давоми се моҳи фаҳмидани он, ки ҳуқуқашон вайрон шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор мешуданд ба комис сияи ба баҳсҳои меҳнатии фарди мурочиат намоянд.
2)Баҳсҳои меҳнатии колективи- мухолифатҳои танзимнашудаи байни корфармо ва колективи кор мандон дар масъалаҳои муқарар намудан,тайғир додани шароити меҳнат дар ташкилотҳо, бастани шартномаю созишномаҳои колективи ва ичрои онҳо,ҳамчунин дар мавриди татбиқи муқарароти қонунҳо ва дигар санадҳои меъё ри ҳуқуқи,шартномаю созишномаҳои колективи мебошанд.
Талабҳои кормандон дар мачлиси кормандон пешниҳод карда мешавад.Кормандон дар баробари пешниҳоди талабҳо барои иштирок кардан дар ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатии колективи намоянда гони ваколатдори худро таъин мекунанд.Хакамияти меехнати бахсхои мехнатии колективиро бо иштироки хатмии намояндагони тарафхо дар мавриди зарурат бо намояндагони макомоти дигари манфиатдор халу фасл мекунад.
Миёнарви- бо мувофиқати тарфҳо интихоб карда мешаванд ва у дар гузаронидани гуфтушунид ва ҳосил гардидани созиш ба онҳо ёри мерасонад.Миёнарав ҳақ дорад ба рои ичрои вазифаҳояш аз тарафҳо тамоми маълумоти ҳуччатҳои заруриро талаб карда гирад.Миёнарав ҳақ надорад маълумо ти махфиро,ки барои ичрои вазифаҳояш гирифтааст,фош намояд.
Ҳакамияти меҳнати-агар дар комиссияи оштидиҳи тарафҳои баҳси меҳнатии колективи дар давоми даҳ руз созиш намоянд,бо иштироки ҳукумати ноҳия ё шаҳр ҳакамияти меҳнати таъсис дода меша вад.Ҳакамияти меҳнати баҳси меҳнатии колективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарфҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони дигари дахлдор ҳаллу фасл мекунад.Ҳакамияти меҳнати бояд дар давоми 10-руз таъсис доданаш қарор қабул мекунад. Корпартои-агар баҳсҳои меҳнатии колективи бо чораҳои оштидиҳи ҳаллу фасл нашуда бошанд,ё кор фармо аз чораҳои оштидиҳи саркаши намояд ва ё дар рафти ҳал лу фасли баҳс ҳосилшударо ичро накунад,кормандон ҳақ доранд,ки воситаҳои дигари ҳаллу фасли баҳс(митинг,намоиш ё иқдомҳои дигари оммави)-ро то худи татбиқи охирин чораи ҳаллу фасли баҳси меҳнати корпар тоиро истифода баранд.Корфармо аз огози корпартои ва мухлати имконпазири он камаш ду хафта пеш бояд хатти огох карда шавад.
Боби 16.ЊУЌУЌИ МОЛИЯВЇ
§104.Мафҳум, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи молияви
Ҳуқуқи молияви-ҳамчун соҳаи мустаъқили ҳуқуқ аз мачмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муно сибатҳои чамъиятиро дар чараёни чамъ овардан,тақсим намудан ва истифода кардани маблағҳои бучети ва ғайрибучети бо мақсади амали намудани вазифа ва функсия давлатро ба танзим медаро рад.
Принсипҳои ҳуқуқи молияви:
1)Қонуният.
2)Нақшави будан.
3)Ошкор будан.
4)Мустақилияти фаъолияти молиявии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати.
5)Чавобгарии мутақобилаи давлат ва шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти молияви.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи молияви:
1.Конститутсияи Чумҳурии Точикистон
2.Кодекси андози ЧТ-3 декабри соли 2004
3.Қонуни Чумҳурии Точикистон«Дар бораи молияи давлати» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи
§105.Бучет:мафҳум,намуд ва давраҳо
Мувофиқи моддаи 2 Қонуни ЧТ«Дар бораи молияи давлатии ЧТ»-аз 2 декабри соли 2002
Бучети давлати-захираи асосии маблағҳои пулие мебошанд,ки дар шакли нақшаи молиявии давлати оид ба чамъовари,тақсим ва истифода кардани маблақҳои пули тартиб дода шуда,дар шакли қонун қабул ва амли карда мешавад ва бинобар ин мақомоти ҳокимият ва идораи давалти, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати бояд вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо ичро намоянд.
Намудҳои бучет:
Бучет ба 3 маъни:модди,иқтисоди ва ҳуқуқи омада мешавад.Инчунин бучети давлати 2 намуд мешавад: чумҳурияви ва маҳалли.
Давраҳои бучети ба марҳалаҳои зерин чудо мешавад:
1)Таҳияи лоиҳаи бучет.
2)Барраси ва тасдиқи лоиҳаи бучет.
3)Ичрои бучет.
4)Таҳия,барраси ва тасдиқи ҳисобот дар бораи ичрои бучет.
Ин марҳалаҳо пайдарҳам якдигарро иваз менамоянд.Бучет дар давоми як сол амал мекунад. Бароробари ба охир расидани соли бучети,ки аз 1-уми ягвар то 31-уми декабр соли чори амал менамояд,ба ивази як бучет бучети дигар меояд.
Боби 17.ЊУЌУЌИ АНДОЗ
§106.Мафҳум,сарчашма ва принсипҳои ҳуқуқи андоз
Ҳуқуқи андоз-яке аз зерсоҳаи ҳуқуқи молияви буда,аз мачмуи меъёри ҳуқуқие иборат аст, ки муно сибатҳои чамъиятиро оид ба муқарар кадан,руёндани андоз ва дигар пар дохтҳои ҳатми аз ташки лотҳо ва шахсони воқеиро танзим мекунад.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз:
1.КонститутсияиЧумҳурии Точикистон
2.Кодекси андоз-3 декабри соли 2004
3.Қонуни ЧТ«Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатми ба бучет»-28 июли соли 2008
Принсипҳои ҳуқуқи андоз:
1)Принсипи умуми будани андозсупори.
2)Асоснокии иқтисодии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатми.
3)Муайян будани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатми.
4)Асоси конститутсиони доштани андозситони.
5)Якхела будани андозситони ва қонунан муқарар гардидани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатми.
§107.Андоз:функсия ва намудҳои он
Андоз (моддаи 5 КАЧТ)сарчашмаи умумии даромади давлат ба шумор меравад. Функсияҳои андоз:
1.Функсияи фискали(хазинави)
2.Функсияи тақсимнамои
3.Функсияи танзимнамои
4.Функсияи ҳавасманднамои
5.Функсияи назорати.
Намудҳои андоз(моддаи 6 КАЧТ) Андозҳо 2 намуд мешаванд:умумидавлати ва маҳалли.
1.Андозҳои умумидавлати: 1)Андоз аз даромади шахсони воқеи. 2)Андоз аз даромади шахсони ҳуқуқи. 3)Андоз аз арзиши иловашуда. 4)Андоз аз аксизҳо. 5)Андоз аз замин. 6)Андоз аз истифодаи қаъри замин. 7)Андози ичтимои. 8)Андози аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард. 9)Андозе,ки бо низоми соддакардашуда пардохта мешавад. 10)Андоз аз бочи гумруки ва пардохтҳои гумруки. 11)Андоз аз маҳсулоти кишоварзи. 12)Андоз аз бочи давлати. 13)Андоз аз фуруш. 14)Андози пардохтҳои умумии чумҳурияви.
2.Андозҳои маҳалли: 1)Андоз аз амволи ғайриманқул. 2)Андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт. 3)Андоз аз фуруши чакана. 4)Андози пардохтҳои ҳатмии маҳалли.
§108.Чавобгарии андозсупорандагон барои вайрон кардани қонунгузории андоз
Мувофиқи моддаи(106 КАЧТ)Андозсупоранда вазифадор аст,уҳдадориҳои худро оид ба супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатми мустақилона ичро намояд.Вале у ҳангоми ичрои уҳдадориҳои худ мумкин аст ба ҳуқуқвай ронкуниҳои андозии гуногун роз диҳад.
Ҳуқуқвайронкунии андоз-ин амал беамалии зиддиқонунии шахси воқеи ё ҳуқуқие мебошад,ки со дир намудани он боиси чавобгарии муқарарнамудаи қонун мегардад.Барои вайрон кардани қонун гузории андоз чавобгарии маъмури,чинояти,интизоми ва граждани пешбини шудааст.Ба чавобгари барои вайрон кардани қонунгузории андоз мумкин аст андозсупорандагон(шахсони воқеи ва ҳу қу қи),ғункунандагони андоз(соҳибкорони инфироди ва ташкилотҳо),ташкилотҳои кредитие,ки барои ба бучет гузаронидани андоз масъул мебошанд,кашида шаванд.Шахси воқеиро аз сини 16-солаги ба чавобгари кашидан мумкин аст.
Боби 18.ЊУЌУЌИ КИШОВАРЗЇ
§109.Ҳуқуқи кишоварзи,предмет,метод,принсипҳо ва сарчашмаҳои батанзимдарории он
Ҳуқуқи кишоварзи-аз низоми меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст,ки муносибатҳои кишоварзиро дар фаъолияти истеҳсоли ҳочагии кишоварзи ба танзим медарорад.
Предмати ҳуқуқи кишоварзи-маҳз ҳамон муносибатҳое шуда метавонад,ки бевосита дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзи ба вучуд меоянд.
Дар муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзи методҳои ичозатдиҳи,манъкуни ва амрҳо(дастурҳо)-и мақо моти ҳокимияти давлати истифода бурда мешавад.
Принсипҳои ҳуқуқи кишоварзи:
1)Таъмини қонуният.
2)Озодии интихоби шакли хочагидори аз чониби соҳибкорон.
3)Бехатарии экологи ва таъмини сифати маҳсулоти истеҳсолшуда.
4)Аз чониби давлат муқарар намудани роҳҳои асоси ва афзалияти инкишофи комплекси
агросаноати.
5)Озодии шартномави.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзи:
1.Конститутсияи ЧТ
2.Кодексҳои об,чангал ва граждании Чумҳурии Точикистон
3.Қонунҳои ЧТ «Дар бораи ичора»,«Дар бораи ҳочагиҳои деҳқони» ва «Дар бораи кооперативҳои истеҳсоли»
4.Дигар санадҳои зерқонуни
Муносибатҳои ичорави
Ичора-таъчилан соҳиби кардан ва истифодабарии амвол ба ивази маблағ аз руи шартнома.
Ичора-шакли махсуси хочагидори буда, мувофиқи он молу мулк,замин ва дигар захираҳои табии ба муҳлати муайян ва музднок дар асоси шартнома барои дар ихтиёр доштан ва истифодабари гирифта мешавад.Қонуни ЧТ«Дар бораи ичора»-муносибатҳои ичоравиро ба танзим медарорад.
§110.Ҳочагии деҳқони ва намудҳои он
Ҳочагии деҳқони-субекти хочагидории мустаъқилест,ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқи амали гардонида ба меҳнати шахсии як нафар ё аъзои оила шахсони дигар,ки маҳсулоти
кишоварзи истеҳсол мекунад ба роҳ мемонад.
Қонуни Чумҳурии Точикистон«Дар бораи ҳочагиҳои деҳқони»-10 майи соли 2002 муносибатҳои фаъолияти ҳочагиҳои деҳқониро ба танзим медарорад.Мувофиқи моддаи 5 ин Қонун ба шаклҳои ҳочагии деҳқони инҳо дохил мешавад:
1)Хочагии деҳқоние,ки фаъолияти он ба соҳибкории инфироди асос меёбад.
2)Ҳочагии деҳқоние,ки дар он фаъолияти соҳибкори дар шакли соҳибкори оилави ташкил карда мешавад.
3)Хочагии деҳқоние,ки дар шакли шаркати одди дар заминаи моликияти умумии ҳиссаги ташкил шудааст ва ба шартномаи фаъолияти якчоя асос ёфтааст.
Ҳочагии ёрирасони шахси-хочагиест,ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи у бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи ва қонеъ гардонидани талаботҳои худ бо озуқавори ва эҳтиёчоти дигар пеш бурда мешавад.Муносибатҳое,ки доир ба пешбурди ҳочагии ёрирасони шахси ба танзим дароварда шуда,асоси онро Қонуни Чумҳурии Точикистон«Дар бораи ҳочагии ёрирасони шахси»-аз 8 декабри соли 2003 ташкил медиҳад.
Савхоз ва Колхоз
Савхоз-корхонаи давлатиест,ки роҳбари аз болои фаъолияти он аз тарафи директор ба роҳ монда мешавад.
Колхоз-коперативи истеҳсолии ҳочагии кишоварзи буда,дар асоси ихтиёран муттаҳидшавии
деҳқонон бо мақсади ба раҳ мондани фаъолияти хочагидори ташкил карда мешавад.
Боби 19.ЊУЌУЌИ ГУМРУКЇ
§111.Мафҳум,сарчашма ва принсипҳои ҳуқуқи гумруки
Ҳуқуқи гумруки-ҳамчун соҳаи комплекси аз мачмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад,ки таввасу ти онҳо муносибатҳои чамъияти оид ба чойивазнамои ва интиқоли воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади гумруки дар байни субъектҳои гумруки,инчунин гузаронидани ба расмиятдарори,назорат ва руёндани пардохтҳоро ба танзим медарорад.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи гумруки:
1.Конститутсияи ЧТ
2.Кодекси гумруки ЧТ(3 декабри 2004с)
3.Қонунҳо,фармонҳои Президент ва шартномаҳои байналмиллали
Принсипҳои ҳуқуқи гумруки:
1) Принсипи бартари доштани манфиатҳои давлат дар таъмини сиёсати гумруки дар шароти ҳозира.
2)Принсипи ягонагии хизмати гумруки ва маркази идоракунии фаъолияти он.
3)Принсипи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон.
4)Принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун
5)Принсипи ҳифзи иттилоот оид ба фаъолияти хизмати гумруки.
6)Принсипи риояи манъ кардан ва чори намудани маҳдудиятҳо ҳангоми интиқоли мол ва восита ҳои нақлиёт аз сарҳади гумруки.
Боби 20.ЊУЌУЌИ ЭКОЛОГЇ
§112.Мафҳум,сарчашма ва вазифаҳои ҳуқуқи экологи
Ҳуқуқи экологи-яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи ЧТ ба шумор рафта,муносибатҳои чамъиятиро оид ба алоқамандии чамъияту табиат барои фоидаву манфиатҳои насли имруз ва ояндаи башарият ро ба танзим медарорад.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи экологи:
1.Конститутсияи ЧТ.Моддаи 38 «Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи чисмони ва туризм тадбирҳо меандешад.»
2.Кодексҳои об,фазои ҳовоии,чангал ва замин
3.Қонунҳои соҳави аз қабили Қонуни ЧТ«Дар бораи ҳмфзи табиат»-27 декабри соли 1993,Қонуни ЧТ«Дар бораи муҳофизат ва истифрдаи олами ҳайвонот»-соли 2004,Қонуни ЧТ «Дар бораи экспертизаи экологи»-соли 2003 ва санадҳои байналмиллалии эътирофшуда.
Вазифаҳои асосии ҳуқуқи экологи:
Қонуни ЧТ Дар бораи муҳофизати табиат» ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи экологи 3 вазифаи асосиро муқарар кардааст.
1)Таъмини ҳифзи табиат.
2)Пешгири ва бартараф намудани фаъолияти зараровари ҳочаги ба муҳити зист,ба ҳаётва салома тии инсон.
3)Солим гардонидан ва беҳтар намудани шароити муҳити табии зист ва бехата рии экологи.
Объектҳои ҳифзи муҳити табии зист:
1)Биосфера,низоми табии экологи ва чузъҳои таркибии онҳо.
2)Иқлим ва қабати озонии замин.
3)Замин,сарватҳои он,обҳои зеризамини ва болои он,ҳавои атмосфера ва олами ҳайвонот.
4)Чангалу чарогоҳҳо ва ҳама гуна набототи,сатҳи замину куҳсор,ки хосатан кам во мехуранд.
§113.Предмет ва муносибатҳои ҳуқуқи экологї
Предмети ҳуқуқи экологи-муносибатҳои чамъиятии экологие ташкил мекунанд,ки дар мутақоби лаи чамъияту табиат ба вучуд меоянд,ки онҳо асосан ба 2 гуруҳ тақсим мешаванд:муносибатҳои соҳави ва муносибатҳои комплекси.
1.Муносибатҳои экологии соҳави-ин муносибатҳои заминмуҳофизаткуни, чангалмуҳофизаткуни, маъданмуҳофизаткуни,обмуҳофизаткуни ва муносибатҳо оиди муҳофизати ҳавои фазо ва ҳайвон ҳои ваҳши ҳисоб мешаванд.
2.Муносибатҳои комплекси-муносибатҳое ташкил мекунанд,ки онҳо доир ба муҳофизати марзҳои табии,комплексу фондҳои табии-маъмунгоҳи,минтақаҳои муҳофизати,санитарии-гигиени,табобати -солимигардони,рекреатсиони ва ғайра пайдо мешаванд.
Муносибатҳои ҳуқуқи экологи-он муносибатҳои чамъиятие мебошанд,ки дар соҳаи алоқамандии чамъияту табиат пайдо мешаванд ва онҳоро меъёрҳои ҳуқуқи экологи ба низом медарорад.
Меъёрҳои ҳуқуқи экологи-он қоидаҳою рафторҳои умумие фаҳмида мешавад,ки онҳо муносибат ҳои байни одамон ва инчунин субъектҳои дигарро нисбати муҳофизат ва истифодаи муҳити табии атроф ва объктҳои табии ба вучуд меоянд,ба низом медароранд.
Достарыңызбен бөлісу: |