Фасли I. Назарияи асосии давлат ва њУЌУЌ


§26.Демократия ва намудҳои он



бет3/11
Дата27.06.2016
өлшемі0.71 Mb.
#161487
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
§26.Демократия ва намудҳои он
Демократия-аз калимаи юнонии demos халқ ва cratos ҳокимият гирифта шуда маънояш ҳокимияти ҳалқ мебошад.Ин шакли ҳокимияти чамъияти давлати,ки халқро ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимият этироф мекунад.

Ду намуди демократия: намояндаги(бавосита),райпурси (бевосита) мавчуд аст:

1.Демократияи бавосита-яке аз шаклҳои ба амал бароардани ҳокимияти халқ аст,ки таввасути вакилон,президент амали карда мешавад.

2.Демократияи бевосита-яке аз шаклҳои ба амал баровардани ҳокимияти халқ аст,ки таввасути овоздиҳии умумихалқи амали карда мешавад.

§27.Интихобот ва Раъйпурси(референдум)
Интихобот -падидаи муҳими демократия буда мачмуи муносибатҳои чамъиятие мебошад, ки дар алоқаманди бо ташкили мақомоти намояндаги,ҳокимияти давлати ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихоботу интихобшави ба вучуд меоянд.

Интихобот-падидаи муҳими демократия буда,яке аз усулҳои асосии ташкил ва фаъолияти давлат мебошад.

Принсипҳои интихобот-ин дар асоси принсипхои умуми, баробармустаъқим ва бо овоздииҳи пинҳони гузаронида мешавад.
Раъйпурсї – овоздињии умумихалќї оид ба масъалањои муњимтарини њаёти давлатї ва љамъиятї.

Ба Конститутсияи Чумҳурии Точикистон танҳо бо роҳи райпурсии умумихалқи тайғири иловаҳо

дохил карда мешавад.

Қарорҳое,ки райпурсии умумихалқи қабул менамояд,эътибори олии ҳуқуқи дошта,ба ҳеч гуна

Тасдиқшави эҳтиёч надоранд ва ичрои онҳо дар қаламрави Чумҳурии Точикистон ҳатмист.

Раьйпурсиро дар Љумњурии Тољикистон Президенти Љумњурии Тољикистон ё Маљлиси намоян дагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъин мекунанд.



§28.Соҳибихтиёри мафҳум,хусусият ва ҳифзи он
Соҳибихтиёрии ҳалқ-падидаи ҳуқуқии сиёси аст,ки манфиатҳои воқеии халқ ва шаклҳои амали гардонидани онҳоро муайян менамояд.

Дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатї буда,онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалї мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ райпурсии умуихалқи ва интихобот аст.Халқи Точикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Точикистон ташкил медиҳад.(моддаи 6 Конститутсияи ЉТ)

Соҳибихтиёрии халқ-соҳиби ҳақиқии воситаҳои ичтимои,иқтисоди ва сиёси буданро халқро мефаҳмонад.

Соҳибихтиёрии давлати дар се хусусияти он:

1).Ҳокимияти олии дав­лати

2).Ваҳдати он

3).Истиқлолияти давлат тачассум меёбад.

Ин се хусусият мустакилии давлатро дар муайян кардани сиёсати дохилй ва хоричй ифода мекунад. Сохибихтиёрии ҳақиқи ба давлат чунин як имкониятеро фарохам меорад, ки сиёсати дохилию хоричиашро мус­тақилона ва озодона амалй гардонад.

Дар ЧТ ҳифзи соҳибихтиёри бо 3 роҳ амали карда мешавад:

1.Дипломати(ВКХ ЧТ).

2.Ҳарби (ВМ ЧТ).

3.Иқтисоди (Ҳукумати ЧТ).



§29.Иттиҳодияҳои чамъияти ва Ҳизбҳои сиёси
Иттоҳодияи чамъияти-ин ташкилоти ғайритичорати ,ки мақсади асосии фаъолияти онҳо ба даст овардани фоида набуда,даромади ба даст овардаро байни иштирокчиёнашон тақсим намекунад. Иттиҳодияхои чамъияти бо ташабусси на кам аз 3 нафар ташкил карда мешавад ва дар Вазорати адлия ба қайд гирифта мешавад. Шањрвандон аз сини 18 солагї метавонанд муасис ва иштирокчии иттињодияи љамъиятї бошанд.

Шањрвандони ба синни 14 солагї расида, аъзо ва иштирокчии иттињодияњои чамъиятии чавонон шуда метавонанд.

Шахрвандоне, ки ба сини 10 солагї расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттињодияњои љамъиятии бача гона шуда метавонанд.

Ҳизбиҳои сиёси

Ҳизбиҳои сиёси-иттитҳодияи чамъитие мебошад,ки вазифаи асосии он иштирок дар ҳаёти сиёсии чомеа ба воситаи иродаи сиёсии шахрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Айни ҳол дар ЧТ 8 ҳизбҳои сиёси фаъолият мекунанд.

1)Ҳизби Халқии Демократи. 5)Ҳизби Назҳати-Ислом.

2)Ҳизби Комунисти. 6)Ҳизби Аграри.

3)Ҳизби Сотсиал-Демократи. 7)Ҳизби Ислоҳоти-Иқтисоди.

4)Ҳизби Демократи. 8)Ҳизби Сотсиалисти.

Ҳизбҳои сиёси дар Вазорати адлия ба қайд гирифта мешавад.Ҳизбҳои сиёси барои аз қайд гузаштан

руйхати 1000 нафар сокинони шахру ноҳияи Чумҳурии Точикистон аъзоёнашро пешниҳод менамо яд.Шањрвандон танњо аз синни 18 солагї њуќуќ доранд, аъзои њизбї сиёсї гарданд.


§30.Конститутсияи Чумҳурии Точикистон
Таърихи қабули Конститутсияҳои ЧТ Дар Точикистон 5 маротиба Конситутсия қабул карда шудааст:

1)28.04 1929сол.

2)20.12 1931сол.

3)01.03.1937сол. 4)14.04.1978 сол.

5)6.11.19994 сол(тайғиру иловаҳо 26 сентябри1999 ба 24 моддаи он ва 22 июни2003 сол ба 54 моддаи он ворид карда шудааст.)

Конститутсияи (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон

Сарќонуни давлат дар он зоњир мегардад, ки вай сарчашмаи асосии њуќуќии дорои олии эътибор аст, ки дар низоми њуќуќии Тољикистон љои баландтаринро ишѓол менамояд. Њар як конститутсия новобаста аз низоми иљтимоии давлат вазифањои муассисї, ташкилкунандаги, сиёсати беруна, идео логї (ѓоявї) ва њуќуќиро адо менамояд.

Конститутсияи амлкунандаи Чумҳурии Точикистон 6-ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқи қабул карда шудааст.Ва он аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.Моддаҳои 1 ва 100-и Конститутсияи ЧТ тайғирнопазираст.

§31.Асоси иќтисодиёти давлат
Яке аз асосхои сохтори конститутсионии Тољикистон гуногуншаклии моликият мебошад. Дар Конститутсия эълон гардидааст, ки асо­си иќтисодии Точикистонро шаклњои гуногуни моликият

ташкил медињад (моддаи 12).



Шаклњои моликият дар Љумњурии Тољикистон:

-моликияти давлатї

-моликияти коллективї

-моликияти шахсї (хусусї)



Моликияти давлатї ба гурўњњои зерин људо мешавад:

-моликияти Љумњурии Тољикистон

-моликияти Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон

- моликияти мањаллї

Замин, сарватњои зеризамини, об, фазои њавої, олами набототу њайвонот ва дигар боигарии табии моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онњоро ба манфиати халќ кафолат медињад.(моддаи 13).

§32.Самтњои асосии сиёсати хориљии Тољикистон
Сохибихтиёрии давлати Тољикистон имкон дод, ки самтњои асосии сиёсати хориљии худро мустаќи лона, мувофиќи манфиату иродаи халќи љумњурї муайян кунад.

Дар Эъломияи соњибихтиёрии Тољикистон қайд ёфт, ки Тољикистон бо давлатњои хориљї бевосита робита намуда, бо онњо шартномаҳои иќтисодї, маданї ва илмию техникй мебандад, мубодилаи намояндагони дипломатї, консулгарї ва тичоратиро ба роњ монда, дар сурати зарурат дар фаъоли яти созмонхои байналмилалй ширкат меварзад.

Тољикистон тарафдории усулҳо ва меъёрњои аз тарафи умум эътирофшудаи њуќуќи байналхалқї, љонибдори бо роњи сиёсї њал карда­ни тамоми ихтилофот буда, њуќуќ, озодї ва соњибихтиёрии њамаи халќњо ва мамлакатҳоро эҳтиром мекунад, барои дўстї, бародарї ва пешрафти минбаъда дар тамоми љањон саъю кўшиш менамояд.Дар муносибатњои байналмилалї Точи­кистон субъекти мустаќили њуќуќи байналмилалї буда, дар фаъолияташ барои ноил шудан ба сулњи пойдор, барњам додани аслињаи ядрої ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсњо ва ихтилофњои байни давлатњои соњибихтиёр саъй на­муда, њамкориро дар байни онњо дар ҳалли масъалањои ҳаматарафа (глобалї), ки дар назди башарият истодаанд, вусъат медињад.Дар муайян кардани самтҳои асосии сиёсати хориљии кишвар 2 мар­ти соли 1992 ба њайати Созмони Милали Муттахид ќабул гардида, Тољикистон мавќеи махсус дорад. Ба туфайли ин њодиса ва мав ќеи сулҳхоҳонаро пеш кардани Тољикистон аллакай ўро зиёда аз сад дав­латњои љаҳон расмї шинох танд. Бо дањњо давлати љањон алоќањои дипломатї барќарор карда шудааст.Конститутсияи нав муќаррар кард, ки Тољикистон сиёсати сулњљўёнаро ба амал татбиќ намуда, соҳибихтиёрї ва истиќлолияти дигар давлатњоро эњтиром менамояд ва муносибатњои хориљиро дар асоси меъёрњои байналмилалї муайян мекунад. Яке аз самтњои сиёсати хориљии Тољикистон ҳамкори бо ҳамвата нони берунмарзї мебошад. Ањамияти ин ҳамкорї барои Тољикистон хеле муњим аст.

Мувофики Конститутсия Точикистон вобаста ба манфиати олии халќ метавонад ба иттињодияњо ва ташкилотњои байналмилалї дохил шавад, аз онњо барояд, бо кишварњои хориљї робита намояд. Вобаста ба имкониятњои худ Тољикистон бо бисёр давлатҳо ва иттињодияњои байналмилалї роби тањои зичи њамкорї менамояд. Дар айни вақт То­чикистон аъзо ва иштирокчии бисёр созмонҳои байналмиллалї ва минтакавї мебошад. Аз љумла, аъзои Созмони Амнияту хамкории Аврупо, Ташкилоти конфронси исломї, Ташкилоти њамкории Шанхай, Ташкилоти хамкории Осиёи Марказї, иштирокчии Машварати Шўрои Вазирони Ташкилоти њамкории иќтисодї ва гайра.



Боби 7.ЊУЌУЌ ОЗОДИ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
§33.Вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд
Вазъи њуќуќии шахс, њолати њуќуќии шањрвандони Тољи­кистон, њолати њуќуќии хориљиён ва шахсо ни бешањрвандро дар бар мегирад. Таркиби њолати њуќуќии инсон ва шањрванд аз падидањои њуќу ќии шањрванди, соњибњуќуќии конститутсионй, усулњои њолати њуќуќї, њуќуќу озодї ва вазифањои асосї, кафолати њуќуќу озодї ва вазифањои инсон ва шањрванд иборат аст.

Шањрвандї – алоќаи устувори сиёсї-њуќуќии инсон бо давлат аст, ки дар маљмўи њуќуќњо, ўњдадо рињо ва масъулияти байнињамдигарии онњо ифода меёбад.

§34.Шањрванди Љумњурии Тољикистон

Мувофиқи моддаи 15 Конститутсияи ЧТ шаҳрванди Точикистон шахсе ҳисобида мешавад,ки дар рузи қабули қабули Сарқонуни ЧТ соли 1994 шаҳрванди чумҳури бошад. Дар ЧТ шаҳрвандии ягона мавчуд аст,мансубияти шаҳрванди Точикистон ба шаҳрванди давлати дигар эътироф карда

намешавад ба истиснои мавридҳое,ки дар қонун ё шартномаҳои байналхалқии Точикистон нишон дода шудаанд.Шартнома байни ЧТ ва Федератсияи Руссия дар хусуси масъалаи душаҳрванди дар миёни ин ду кишвар имзо шуда ҳар як тараф эътироф намуд,ки шаҳрвандони онхо шаҳрванди худро гум накарда ба шаҳрванди тарафи дигар соҳиб шавад.Ҳуччати тасдиқкунандаи шаҳрвандии ЧТ ин Шиноснома мебошад.Тамоми шаҳрвандони ЧТ,ки сини у ба 16 раcидааст уҳдадор аст,ки соҳиби шиноснома бошад.

Маќомоти баррасикунандаи масъалаи шаҳрванди дар ЧТ

Сарќонуни Тољикистон халли масъалањои шањрвандии љумњу­риро ба салоњияти Президент вогузор менамояд (моддаи 69).

Ќонун ѓайр аз Президент маќомоти дагарро - Комиссия оид ба масъалањои шањрвандии назди Пре зидент, Вазорати корњои до­хилї, Вазорати корњои хориљї, намояндагињои дипломатї ва консулии Тољикистон дар кишварњои хориљиро низ барои њалли масъ­алањои шањрвандї ваколатдор карда аст.

Асосҳои соҳиб гаштан ба шаҳрванди.

1.Аз руи таввалуд.

2.Бо тартиби аз қайд гузаштан.

3.Бо тартиби кабул ба шахрванди.

4.Бо тартиби барқарорсозии шаҳрванди.

5.Бо роҳи интихоби шахрванди (аптатсия).

6.Асосҳои дигар.

Асосҳои қатъ гаштани шаҳрванди.

1.Дар натичаи баромадан аз шаҳрванди.

2.Гум кардани шахрванди.

3.Дар натичаи бекор кардани қарор дар бораи қабул ба шаҳрванди.

4.Дар натичаи маҳрум шудан аз шаҳрванди.

5.Бо роҳи интихоби шахрванди (аптатсия).

6. Асосҳои дигар.

§35.Вазъи њуќуќии шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд
Моддаи 16 Сарќонуни Чумҳурии Точикистон муќаррар менамояд, ки шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї аз њуќуќ ва озо­дињои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шањрван дони То­љикистон вазифа ва масъулиятдор мебошанд, ба истиснои њолатњое, ки бо ќонун пешбинй гаштаанд. Њуќуќи конститутсионии Тољикистон шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандиро, ки дар љумњурї иќомат доранд, субъекти муносибатњои њуќуќї конститутсионї мешуморад.

Мувофиќи Сарќонун ва ќонунњои Тољикистон хориљиён ва шахсо­ни бешахрвандї аз њуќуќ ва озодињои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шањрвандони Тољикистон вазифа ва

масъулият доранд, ба истиснои њолатњое, ки конун пешбинй намудааст. Онњо, аз љумла, дар назди ќонун ва суд баробаранд, дахлнопазирии шахсї, манзил ва њифзи судї кафолат дода мешаванд. Ќариб њамаи њуќуќњои шахсї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангии шањрвандони Тољикистон ба ин шах­сон низ пањн мегарданд. Вале баробари ин, онњо њуќуќи интихоб кар­дан ва интихоб шудан ба мансаб њои интихобии давлатї, иштирок кар­дан дар раъйпурсиро надоранд. Вазифањои њифзи Ватан, њимояи ман­фиати давлат, тањкими истиќлолият, амният ва иќтидори мудофиавии он вазифаи муќаддаси шањрвандони Точикистон аст.Дигар вазифњои асосї ба хориљиён ва шахсони бешањрвандї баро бари шањрвандони Тољикистон њатмї аст. Ќонунњои љории Тољикистон њуќуќу вазифањои ин шахсонро дар соњањои гуногуни њаёт ва фаъолияти онњо муќаррар менамоянд.

Мафњуми шањрванди хориљї Шањрвандони хориљї дар Љумњурии Тољикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки мансубияти

шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд ва њуљљате доранд, ки мансубияти онњоро ба шањрвандии давлати дигар тасдиќ мекунад.

Мутобики Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба шањрвандони хориљї дар Љумњурии Тољикис тон њуќуќу озодињои дахлдор кафолат дода мешавад.



Мафњуми шахси бешањрвандї (апатрид)

Шахси бешањрвандї (апатрид) – шахсест, ки шањрванди Љумњурии Тољикистон нест ва исботи мансубияти хешро ба шањрвандии ягон давлати хориљї надорад.

§36.Њуќуќ ва озодињои шахсї (фардї)
Њуќуќ ва озодињои шахсї маљмўи њуќуќ ва озодињои табиї ва људонопазире мебошанд, ки ба инсон аз лањзаи таваллуд таалуќ дошта ба шањрвандї алоќаманд нестанд.

Хусусияти хоси њуќуќу озодињои фардие, ки дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон танзим ёфтаанд, аз он иборат аст, ки аксари онњо ба шахс, яъне њар як инсон таъин шуда, ба шањрвандї алоќаманд нестанд. Онњо ба њар кас аз рўзи тавлидёбї тааллуќ дошта, таљовузнопазиранд. Ин гуруҳ аз њуќуќу озодиҳое иборат аст, ки барои њифзи њаёт, озодї, ќадру номус, шаъну шарафи инсон ва дигар њуќуќњои фитрї, ки ба њаёти шахсї, хусусии ў алоќаманд мебошанд, таъин гардидаанд.



Низоми њуќуќу озодињои шахсї (фардї):

Њуќуќу озодињои шахсиро дар асоси Конуститутсияи Љумњурии Тољикистон чунин тасниф карда мумкин аст:



  • Њуќуќ ба њаёт - Моддаи 18. Ҳар кас ҳаққи зиндаги дорад.

Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои чинояти махсусан вазнин.

  • Њуќуќ ба дахлнопазирии шахсї – Моддаи 18. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеч кас шиканча, чазо ва муносибати ғайриинсони раво дида намешавад. Мавриди озмоиши мачбурии тибби ва илми қарор додани инсон манъ аст.

  • Њуќуќ ба њифзи судї ва ёрии њуќуќї – Моддаи 19. Њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд.

Њељ касро бе асоси ќонунї дастгир, њабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лањзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

  • Њуќуќ ба фарзияи бегуноњї – Моддаи 20. Њеч кас то эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд дар содир кардани љиноят гунањгор дониста намешавад.

  • Њуќуќ ба дахлнопазирии манзил – Модаи 22. Манзили шахс дахлнопазир аст.

Ба манзили шахс зуран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

  • Њуќуќ ба махфї будани мукотиба, гуфтугў бо телефон – Моддаи 23. Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефони, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад,ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии у чамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кар дани маълумот манъ аст.

  • Њуќуќ ба мусофират ва озодона интихоб кардани мањалли зист. Моддаи 24. Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, таркии чумҳурї ва бозгашт ба он ҳақ дорад.

  • Њуќуќ ба озодии виљдон ва эътиќод – Моддаи 26. Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якчоя бо дигарон динеро пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинҳои дини иштирок намояд.

§37.Њуќуќ ва озодињои сиёсї
Њуќуќ ва озодињои сиёсї – маљмўи њуќуќ ва озодињои ба шањрванди давлат додашуда мебошанд, ки ба ў имконияти дар њаёти љамъиятї-сиёсї ва иштирок дар корњои идоракунии давлатро медињанд.

Низоми њуќуќ ва озодињои сиёсї:

  • Њуќуќи иштирок дар њаёти сиёсї ва идоракунии давлат - Моддаи 27. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёси ва идораи давлати бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурси иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқарарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионї ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар чойҳои аз озоди маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурси иштирок кардан надоранд.



  • Њуќуќ ба муттањидшавї – Моддаи 28. Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёси, аз чумла ҳизҳбои характери демократи, дини ва атеисти дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои чамъияти иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хорич гардад.

  • Њуќуќи иштирок дар маљлисњо, гирдањамойињо, намоишњо ва рањпаймоињои осоишта – Моддаи 29. Шаҳрванд ҳақ дорад дар мачлис, гирдиҳамои, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.

Ҳеч касро ба ин тадбирҳо мачбуран ҷалб кардан мумкин нест.

  • Њуќуќ ба озодии сухан, матбуот ва истифодаи воситањои ахбор – Моддаи 30. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинї ва хусумати ичтимої, нажодї, миллї, динї ва забониро барме ангезанд, манъ аст.

Сензураи давлати ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгуи маълумотҳоеро,ки дар сирри давлати қарор доранд,қонун муайян мекунад.


  • Њуќуќи мурољиат ба маќомоти давлатї – Моддаи 31. Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якчоя бо дигарон ба мақомоти давлати мурочиат намояд.



§38.Њуќуќ ва озодињои иќтисодї
Њуќуќ ва озодињои иќтисодї - маљмўи њуќуќ ва озодињое мебошанд, ки имко нияти таъмини озо дна ихтиёдорї кардани моликият ва фаъолиятро дар соњаи меҳ нат ва соњибкорї медиҳанд.

Низоми њуќуќ ва озодињои иќтисодї:

  • Њуќуќ ба моликият ва мерос – Моддаи 12. Асоси иқтисодиёти Точикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодї, соҳибкорї, баробарҳуқуқї ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз чумла моликияти хусусиро кафолат медихад.

Моддаи 32. Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеч кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёчоти чамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.



  • Њуќуќ ба мењнат ва интихоби касб – Моддаи 35. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ичтимои ҳангоми бекори ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнати ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои ичрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Ҳеч кас ба меҳнати мачбури чалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян карда аст.

Дар корҳои вазнин, зеризамини ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

§39.Њуќуќ ва озодињои иљтимої
Њуќуќ ва озодињои иљтимої – маљмўи њуќуќњо ва озодињоест, ки ба шахс сатњи арзандаи зиндагї ва њангоми маљудияти шароитњои муайян имконияти аз давлат гирифтани арзишњои моддиро таъмин менамояд.

Низоми њуќуќ ва озодињои иљтимої:


  • Њуќуќ ба ташкили оила – Моддаи 33. Давлат оиларо ҳамчун асоси чамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладори ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробар ҳуқуқанд.

Бисёрникоҳї манъ аст.



  • Њифзи модарї ва кўдакї – Моддаи 34. Модару кудак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.

Давлат барои ҳифзи кудакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхори менамояд.



  • Њуќуќ ба манзил – Моддаи 36. Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатї, чамъиятї, кооперативї ва хусусї таъмин карда мешавад.

  • Њуќуќ ба истироњат – Моддаи 37. Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рузи кори, рухсатии ҳарсолаи пули, рузҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.

  • Њуќуќ ба њифзи саломатї – Моддаи 38. Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломати дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатї истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи чисмони ва туризм тадбирҳо меандешад.

  • Њуќуќ ба таъминоти иљтимої – Моддаи 39. Ҳар шахс дар пиронсолї, ҳангоми беморї, маъюбї, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини ичтимої дорад.



§40.Њуќуќ ва озодињои фарњангї
Њуќуќ ва озодињои фарњангї – маљмўи њуќуќњо ва озодињое мебошанд, ки имкониятњои инсонро оид ба амалї гардонидани муносибатњои фарњангии ба рушди маърифати љомеа нигаронидашуда ифода менамоянд.

Низоми њуќуќу озодињои фарњангї:

  • Њуќуќи иштирок дар њаёти фарњангии љомеа

  • Њуќуќ ба тањсил



§41.Тавсифи умумии вазифањои конститутсионии инсон ва шањрванд
Вазифаи конститутсионї – ин рафтори њатмии муайяни шањрванд, ки дар конститутсияи давлат муќарар карда шудааст.

Низоми вазифањои конститутсионии инсон ва шањрванд:

  • Вазифаи риояи ќонунњо ва эњтироми њуќуќњои инсон – Моддаи 42. Дар Точикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ озоди, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун чавобгариро истисно намекунад.

  • Вазифаи њифзи Ватан ва манфиатњои давлат ва љомеа – Моддаи 43. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

  • Вазифаи њифзи табиат, ёдгорињои таърихї ва фарњангї – Моддаи 44. Ҳифзи табиат, ёдгори ҳои таърихиву фарҳанги вазифаи ҳар як шахс аст.

  • Вазифаи пардохтани андоз ва бољњои муќаррарнамудаи ќонун – Моддаи 45. Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад.

Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамо янд, қувваи бозгашт надоранд.

Боби 8.СОХТИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет