Фасли I. Назарияи асосии давлат ва њУЌУЌ



бет8/11
Дата27.06.2016
өлшемі0.71 Mb.
#161487
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
§86.Ичрои чазо(ҳукм)
Чазо барои чинояти содиршуда мувофиқи ҳукми суд бароварда мешавад.Таъин кардани чазо на фақат подоши чиноят ба маҳкумшудагон мебошад,балки мақсади он ислоҳ ва дар руҳияи муноси бати бовичдона ба меҳнат,риояи дурусти қоида,эҳтироми қоидаҳои чамъият ва пешгирии роҳи чиноятҳо низ мебошад.

Воситаҳои асосии ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон инҳоянд:низоми аз сар гузаронидани чазо,

меҳнати фоиданоки чамъияти,кори тарбиявию сиёси,таълими умуми ва касбию техники,ба колонияҳои ислоҳоти меҳнати чойгир карда шудан.

Маҳкумшудагон дар чор низом:

1)Умуми

2)Пурзур

3)Сахт

4)Махсус чазоро аз сар мегузаронанд.

Ноболиғондар ду навъ колонияҳо-колонияҳои низомашон умуми ва пурзур муҳлати муайяншудаи чазоро мегузаронанд.Мардону занон алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.

Барои маҳкумшудагон чораҳои чазо ва ҳавасмандкуни муқарар шудаанд.Дар калонияҳои тарбияи меҳнати изолятор ҳаст.Гунаҳкоронро дар он чо 10 руз нигоҳ медоранд.Ғайр аз ин,маҳз дар колония ҳои тарибяи меҳнати чораҳои хос,мисли як маротиба маҳрум кардани шахси маҳкумшуда аз тамошои кино,консерт,манъ кардани иштироки онҳо дар корҳои варзиши татбиқ мешаванд.

Маҳкумшудагоне,ки дар колонияҳои ислоҳоти меҳнати софдилона меҳнат мекунанд ва ба вайрон кориҳои қоидаҳои муқараршуда роҳ намедиҳанд,ба режими сабуктар гузаронида мешаванд.Маҳз дар колонияҳои ислоҳоти меҳнати аксари маҳкумшудагон гуноҳи худро дарк менамоянд ва барои ислоҳ ва тарбия ёфтан амоми кушиши худро истифода мебаранд.



§87.Авф,Бахшиши чазо,Доғи судї
Авф(моддаи 82 КЧЧТ)-яке намудҳои озод намудан аз чавобгарии чинояти ва озод кардан чазо мебошад.

1)Авф дар асоси ќонуни Љумњурии Тољикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни ашхос тат биќ карда мешавад.

2) Бо санади авф шахси содирнамудаи љиноят метавонад аз љавобгарии љиноятї озод карда шавад

ва шахси барои љиноят мањкумшуда њам аз љазои асосї ва њам иловагї пурра ё ќисман озод карда

шавад ё ќисми љазои адонакардаи ў ихтисор гардад ё ба намуди љазои сабуктар иваз карда шавад

ё доѓи судиаш бардошта шавад.

3) Санади авф ба кирдорњои сазовори љазои љиноятие, ки то ќабули он содир гардидаанд,дахл дорад.

Бахшиши чазо(моддаи 83 КЧЧТ)

Бахшиши чазо-яке аз намудҳои озод кардан аз чазо мебошад.Дар Чумҳурии Точикистон бахши

шичазо аз тарафи Президент нисбати шахси муайян татбиқ карда мешавад.



Доғи суди(моддаи 84 КЧЧТ)

Шахсе доғи суди дошта эътироф карда мешавад,ки аз рузи эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркуни,ки бо он чазо таъин карда шудааст ва то рузи барҳам хурдан ё бардоштани доғи суди.



Шахс доѓи судї надошта њисоб мешавад:

а)дар сурати ќабули санадњои авф ё бахшиши љазо, агар дар ин санадњо бардоштани доѓи судї пешбинї шуда бошад – аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани чунин санадњо;

б)дар сурати ќабули санади авф ба шарте, ки он барои кирдори содиркардашуда татбиќ намуда

ни љазоро бекор кунад ва ин њолат дар рафти мурофиаи судї ошкор шавад – аз рўзи эътибори

ќонунї пайдо кардани њукми айбдоркунї;

в)дар сурати ќбул намудани ќонуни нави љиноятї, ки љиноят будани кирдорро бартараф мекунад

–аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани чунин Ќонун;

г)дар сурати аз љазо озод кардани ноболиѓон мувофиќи моддаи 90 њамин Кодекс – аз рўи эътибори ќонунї пайдо кардани ќарори суд дар бораи аз љазо озод кардани ноболиѓ;

д)дар сурати иљро накардани њукми айбдоркунї – аз рўзи гузаштани мўњлатњои иљрои њукми айб доркунї.


Доѓи судї дар мўњлати зерин барњам мехўрад:

а)ба мањкумшудае, ки нисбати ў шартан татбиќ накардани љазо татбиќ карда шудааст баъди тамом шудани мўњлати санљиш;

б)нисбати ашхосе, ки аз мањдуд кардани озодї дида ба љазои сабуктар мањкум шудаанд- бо гузаш

тани як сол пас аз тамом кардани мўњлати таъиншудаи љазо;

в)нисбати ашхосе, ки барои љиноятњои начандон вазнин ва дараљаи миёна ба мањдуд кардани озодї

ва ё мањрум сохтан аз озодї мањкум шудаанд - бо гузаштани се сол пас аз адои љазо;

г)нисбати ашхосе, ки барои љиноятњои вазнин бо мањрум сохтан аз озодї мањкум шудаанд - бо гузаштани панљ сол пас аз адои љазо.

д)нисбати ашхосе, ки барои љиноятњои махсусан вазнин ба мањрум сохтан аз озодї мањкум шудаанд

–бо гузаштани њашт сол пас аз адои љазо.

Боби 14. ЊУЌУЌИ СОҲИБКОРЇ
§88.Мафҳум сарчашма ва принсипҳои ҳуқуқи соҳибкори
Ҳуқуқи соҳибкори-ҳамчун соҳаи ҳуқуқи комплекси аз мачмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои соҳибкори ва муносибатҳои дигари ба он алоқаманд,ин чунин муносибатҳои

вобаста ба танзими давлатии муносибатҳои ҳочагидориро бо мақсади таъмини манфиатҳои давлат ва чамъиятро ба танзим медарорад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкори:

1.Конститутсияи ЧТ

2.Кодекси Граждании ЧТ

3.Кодекси мурофиявии судии ЧТ

4.Кодекси андоз

5.Дигар қонунҳо,ки фаъолияти соҳибкориро ба танзим медарорад.

Сарчашмаи дигари ҳуқуқи соҳибкори ин:фармонҳои Президенти ЧТ,қарорҳои Ҳукумати ЧТ,

санадҳои ҳуқуқии байналмилалие,ки ЧТ онҳоро эътироф кардааст.



Принсипҳои ҳуқуқи соҳибкори:

1)Принсипи озодии фаъолияти соҳибкори

2)Принсипи баробарҳуқуқи ва ҳифзи шаклҳои моликият,ки дар фаъолияти соҳибкори истифода бурда мешавад

3)Принсипи озодии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти соҳибкори

4)Ба дастории фоида ҳамчун мақсади фаъолияти соҳибкори

5)Приинсипи танзими давлатии фаъолияти соҳибкори

6)Принсипи мувофиқати манфиатҳои хусуси ва чамъияти дар фаъолияти соҳибкори

7)Қонуният дар фаъолияти соҳибкори



§89.Субъект ва объектҳои ҳуқуқи соҳибкорї
Субъектҳои ҳуқуқи соҳибкори дар амали гардонидан ва танзими фаълияти соҳибкори дорои

ҳуқуқу уҳдадориҳо мебошанд.Ба фаъолияти соҳибкори шахсони воқеи ва шахсони ҳуқуқи машғул шуда метавонанд. Илова бар ин бояд гуфт,ки на ҳамаи шахсони ҳуқуқи метавонанд,соҳибкор бошанд. Кодекси граждани шахсони ҳуқуқиро ба ду чудо мекунад:ташкилотҳои тичорати ва ғайритичорати.



1)Ташкилотҳои тичорати-ташкилоте,ки мақсади асосии фаъолияти онҳо ба даст овардани фоида мебошад,ҳамчун ташкилотҳои тичорати эътироф карда мешавад.Онҳо дар шакли ширкат ва чамъ

иятҳои ҳочаги,кооперативҳои истеҳсоли,корхонаҳои воҳиди давлати ва махсус ташкил карда меша вад.



Ширкат ва чамъиятҳои ҳочаги.

Ширкат ва чамъиятҳои хочаги-мафҳуми ба ҳам монанд,буда якчанд намудҳои мустақили шахсони ҳуқуқии тичоратиро дар бар мегирад.

Корхонаҳои давлати

Корхонаҳои давлати-аз чумлаи ташкилотҳое мебошанд,ки молу мулкашон аз руи саҳми иштирок дорон тақсим намешавад.Фаъолияти корхонаҳои давлати дар асоси Кодекси граждани ва қонуни ЧТ «Дар бораи корхонаи давлати» аз 28-умифеврали соли 2004 ба танзим дароварда мешавад. Корхонаҳои давлати танҳо дар заминаи моликияти давлати ва коммунали ташкил шуда метавонад.

Корхонаи воҳиди давлати-Вобаста ба намудашон корхонахои давлати ба корхонаи давлатии чумҳу рияви ва корхонаи давлатии коммунали чудо мешавад.Яке аз намуд ҳои корхонаи давлати ин кор хонаи воҳиди давлати мебошад.

Корхонаи махсуси давлати-намуди дигари корхонаи давлатии ба ҳуқуқи оперативи асос ёфта ба шумор меравад,молу мулки он ба давлат таалуқ дорад.Корхонаи махсуси давлати ба ҳуқуқи опера тивии идоракуни асосёфта танҳо бо қарордоди Ҳукумати ЧТ ва ҳукуматҳои маҳалли аз нав ташкил ё барҳам дода мешавад.

2)Ташкилотҳои ғайритичорати-ташкилотҳое,ки мақсади асосии фаъолияти он ба даст овардани фоида намебошад,ҳамчун ташкилотҳои ғаёритичорати эътироф карда мешавад.Ташкилотҳои ғайри тичорати дар кооператифҳои матбуот,ташкилотҳои чамъияти ва дини,фондҳои чамъияти, муасси саҳо,иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқи,ки дар шаклҳои дигари пешбини намудаи қонун таъсис шуда

анд, амал менамоянд.



Чамъиятҳои саҳоми

Чамъиятҳои саҳоми-чунин чамъиятест,ки фонди оинномавиаш ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақ сим шудааст.Чамъиятҳои саҳоми пушида ва кушода мешаванд.

Аломатҳои фарқкунандаи Чамъиятҳои саҳоми кушода аз пушида:

1.Теъдоди иштирокчиён:дар ЧС кушода-номаҳдуд ва дар ЧС пушида-на беш аз 50 нафар.

2.Андози фонди оинномави:дар ЧС кушода-на камтар аз 1000 андозаи минималии пардохти музди меҳнат ва дар ЧС пушида-на камтар аз 100 андозаи минималии пардохти музди меҳнат.

3.Тақсимоти саҳмия:дар ЧС кушода-дар доираи шахсони гуногун ва дар ЧС пушида-дар доираи муассисон ё шахсони қаблан муайянгардида.

4.Ба дасти дигар гузаштани саҳмия: дар ЧС кушода-саҳом озодона саҳмияро мехарад ва мефурушад

ва дар ЧС пушида-саҳҳомон барои харидани саҳмия аз саҳомони дигар бартарият доранд.



Объектҳои ҳуқуқи соҳибкори

Объектҳои ҳуқуқи соҳибкори вобаста ба қобилияти муомилоти доштани худ ба 3-гуруҳ тақсим мешаванд:1)гуруҳи якум-аз объектҳое иборат аст,ки дар муомилотанд. 2)гуруҳи дуюм объектҳое иборат аст, ки муомилаташон маҳдуд аст.3)гуруҳи сеюм объектҳое мебошанд,ки аз муомилот гирифтаанд.



Ашё(м142 КГ ЧТ)

Ашё-амволи олами модди,ки аз тарафи шахс сохта шуда ва дар табиат вучуд дорад.

Намудҳои ашё:

Аз руи хусусият:манқул ва ғайриманқул.

Аз руи тақсимот:тақсимшаванда ва тақсимнашаванда.

Аз руи моҳияти ҳуқуқи:асоси ва мансубият.

Аз руи нигаҳдори:истеъмоли ва ғайриистеъмоли

Пул ҳамчун объекти ҳуқуқи соҳибкори.

Эквуаленти ҳамаи молҳоро пул меноманд.Пул ҳамчун обеъкти муносибатҳои ҳуқуқии соҳибкори яке аз намудҳои амвол ба шумор меравад.Кодекси граждани пулро дар баробари қоғазҳои қиматок ба доираи объекти мустаъқили фаъолияти соҳибкори дохил менамояд.Қонунгузории амалкунанда ибораи «пул» ва «асъор»-ро истифода мебарад

Қоғазҳои қимматнок ва ҳайвонот низ ба сифати объекти ҳуқуқи граждани баромад мекунад.



§90.Биржа:мафҳум ва намудҳои он
Биржа-шахси ҳуқуқиест,ки мақсади фаъолияти он бо моли муайяни биржави дар шакли савдои оммави ошкоро дар чою вақти пешаки муайяншуда аз руи қоидаҳои муқараркардаи биржави ташкил намудани савдои биржави мебошад.

Биржа ҳамчун воситаи иқтисоди бозори яклухти дар чои муайян ташкилшудае мебошад,ки аз руи қоидаҳои муқараршуда мунтазам амал менамояд.Умуман биржа дар муносибатҳои иқтисоди тадричан танзимгари бозор гашта,бо ҳамин сифат ба чузъи таркибии иқтисоди бозори табдил ёфтааст.



Хусусиятҳои биржа:

1.Пеш аз ҳама биржа ҳамчун қоида дар марказҳои саноати ва савдои калон ташкил карда шуда, дорои объекти махсуси хариду фуруш-моли биржави ва ҳайати субъктҳо мебошад.

2.Дар биржаҳо савдо сарфи назар аз будани молу қоғазҳои қимматнок ва асъор мунтазам ва ошкоро ба роҳ монда шудааст.

3.Дигар ин, ки нархгузори дар биржаҳо озод буда,савдо аз руи қоидаи ягона ташкил карда мешавад.



Намудҳои Биржа

Асосан биржаҳо ба 4 намуд чудо мешавад:

1)моли. 3)асъори.

2)фонди. 4)меҳнати.



Вобаста ба мақсад биржаҳо:тичорати ва ғайритчорати мешаванд. Вобаста ба хусусият биржаҳо:кушода ва пушида мешаванд.

Дар давраи ҳозира фаъолияти биржаҳо дар асоси Қонуни ЧТ«Дар бораи биржаи моли ва савдои биржави»-аз 22 декабри соли 1991,Қонуни ЧТ «Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фонди»-аз 10 марти соли 1992 ба танзим медарорад.



§91.Фаъолияти соҳибкорї

Мувофиқи банди 3 ва моддаи 1-Кодекси граждании ЧТ



Фаъолияти соҳибкори –фаъолияти ташабускорона ва мустаъқилонаи субъектҳои хочагидор буда, барои гирифтани фоида ё даромади шахси равона карда шудааст ва аз но ми онҳо тавакалан таҳти

чавобгарии молумулки сурат мегирад.

Аломатҳои фаъолияти соҳибкори:

1.Мустақилияти соҳибкор

2.Таваккали соҳибкор

3.Мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк,фуруши мол,ичрои кор ё расонидани хизмат

4.Фаъолият кардани шахсоне,ки ба сифати соҳибкор ба қайд гирифта шудаанд

Шартҳои асосии машғул шудан ба фаъолияти соҳибкори:

Барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкори шартҳои зарури бояд муҳаё бошад.

1)Мавчуд будани қонунгузорие,ки танзими фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мемонад.

2)Шаҳрванди ЧТ,ки дар моликияти хусусии худ молу мулки муайян дорад ва он метавонад дар фаъолияти соҳибкори истифода намояд дар ихтиёрдории касбу кор ва қобилияти худ ба меҳнат озоданд.

3)Гуногуншаклии моликият аз он чумла моликияти хусуси.

4)Ҳуқуқи машғул шудан ба ҳама гуна фаъолияте,ки қонун манъ накардааст аз чумла фаъолияти соҳибкори.

5)Интихоби озодиифунксияи меҳнати.

Қобилияти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкори.

Қобилияти ҳуқуқдории фаъолияти соҳибкори –ин имконияти доштани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар соҳаи амали ва танзим намудани фаъолияти соҳибкори мебошад.Қобилияти ҳуқуқии фаъолияти

соҳибкори умуми ва махсус мешавад.



Намудҳои фаъолияти соҳибкори

Фаъолияти соҳибкори ба ду намуд чудо мешаванд:1)Инфироди-ки бе ташкили шахси ҳуқуқи фаъолият мекунад,2)Дастаъми-бо ташкили шахси ҳуқуқи фаъолият мекунад. 1)Соҳибкории инфироди-фаъолияти мустаъқилонаи шахси воқеъие мебошад,ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқи аз номи худ таввакалан ва бо масъулияти амволии худ бо мақсади гирифтани фоида (даромад)равона карда шудааст.Дар навбати худ соҳибкории ин фироди якчоя ба шаклҳои зерин чудо мешавад:

1)соҳибкории оилави. 2)соҳибкории одди.

Соҳибкории коллективи-фаъолияти соҳибкории гуруҳи ашхос,ки бо ташкили шахси ҳуқуқи амали карда мешавад.

Шаҳрвандоне,ки ба фаъолияти соҳибкори машғуланд дар асоси патент,шаҳодатнома ва ичозат нома фаъолият менамоянд.



Патент-ҳучатест,ки ба сифати соҳибкор ба қайди давлати гирифта шудани шаҳрван донро муайян карда барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкори дар он пешбини карда ҳуқуқ медиҳад.

Шаҳодатнома-ҳуччатест,ки шакли соддакардашудаи низоми андоз даромад ва пардохтҳои ичти мои ба шумор рафта,ҳамзамон бақайдгирии давлатии шаҳрвандонро ба сифати соҳибкори инфи родии тасдиқ намуда ба соҳибкор ба ивази патент дода мешавад. Ичозатнома-ҳуччатест,ки барои амали гардонидани намуди муайяни фаъолият ба муҳлати дар он нишондодашуда аз тарафи мақомоти ваколатдор ба соҳибкори инфироди дода мешавад.
§92.Қатъи фаъолияти соҳибкорї
Барҳамдиҳи қатъи фаъолияти соҳибкори буда,дар ин маврид ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ба дигар субъетҳо намегузаранд.Асноди ҳуқуқии қатъи фаъолияти соҳибкори дар кодекси граждании ЧТ

ва Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи муфлисшаваии корхонаҳо»зикр карда шудаанд.

Қатъшавии фаъолияти соҳибкори1)ихтиёри(бо қарори худи соҳибкор) ва 2)мачбури(аз тарафи суди иқтисоди) мешавад.

1)Иштирокчиёни фаъолияти соҳибкори дар ҳолатҳои зерин ихтиёран барҳам дода мешавад:

-Бо қарори муассисон(иштирокчиён) ё мақомоти шахси ҳуқуқие,ки мутобиқи ҳуччатҳои таъсиси

чунин ваколатро дорад.

-Дар ҳолати гузаштани муҳлате,ки шахси ҳуқуқи ба ҳамин муҳлат таъсис дода шуда буд.

-Баъди ноил шудан ба мақсадҳое,ки шахси ҳуқуқи таъсис дода шуда буд.

2)Дар мавридҳои зерин Суд метавонад фаъолияти соҳибкориро қатъ гардонад:

-Ҳангоми таъсиси субъекти фаъолияти соҳибкори роҳ додан ба вайронкунии дағалонаи қонун,агар чунин вайронкуни хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад.

-Бе ичозатнома машғул шудан ба фаъолият ё машғул шудан ба фаъолияти манъкардаи қонун.

-Амали намудани фаъолияти вайронкунии чандинкарата ва дағалонаи қонунгузори.

-Аз тарафи иттиҳодияҳои чамъияти,дин ива фондҳои чамъияти мунтазам амали намудани фаъолияте,ки бо мақсадҳои оинномавии онҳо мухолиф мебошад.

-Ҳангоми бозхонди ичозатнома,ки амали намудани амалиёти дар ичозатнома пешбинишуда

намуди ягонаи фаъолияти ичозатдодашуда мебошад.

-Дар ҳолати муфлисшави.



§93.Муфлисшавї ва хусусигардонї
Муфлисшави-ин аз тарфи қарздор дар ҳачми пурра қонеъ карда натавонистани талаботи креди торон оид ба уҳдадориҳои пули ва ичро карда натавонистани уҳдадориҳои ворид намудани

пардохти ҳатми мебошад,ки онро суд эътироф кардааст ё қарздор қодир набуданашро эълон намуда аст.

Аломатҳои муфлисшави:

1.Қонеъ карда натавонистани талаботҳои кредиторон аз руи уҳдадориҳои пули.

2.Ичро карда натавонистани пардохтҳои ҳатми дар назди бучет.

3.Раман аз тарафи суди иқтисоди муфлис эътироф намудани субъекти хочагидор.



Сарчашмаҳо оид ба танзими муфлисшави:

Кодекси граждани,Кодекси мурофиавиии суди иқтисоди,Қонуни ЧТ«Дар бораи муфлисшави» аз 8 декабри соли 2003 ва Низомнома мебошад.



Хусусигардони-ҳамчун фаъолияти давлат оиди бо тартиби муқарарнамудаи ҳуқуқи соҳибмулкии ба у таалуқ доштаро ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи доштан мебошад. Объекти хусусигардони амволе мебошад,ки мувофиқи қонун хусуси гардониданашон мумкин аст.

Ба сифати чунин объект инҳо баромад менамоянд:

1)Ҳама гуна намуди амволи корхонаи давлати,ки барои фаъолияти он таъин шудааст.

2)Қисмҳои истеҳсоли ва ғайри истеҳсоли.

3)Амволи алҳидаи корхонаҳои давлати.

4)Саҳмияи корхона ва ташкилотҳое,ки ба давлат таалуқ доранд.

Ҳамзамон мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи ЧТ обектҳое ҳастанд,ки онҳоро хусуси гардонидан мумкин нест:(об,замин,сарватҳои зеризамини,фазои ҳаво,олами набототу ҳайвонот ва ғайраҳо.)


Боби 15.ЊУЌУЌИ МЕЊНАТЇ
§94.Мафҳум сарчашма ва принсипҳои ҳуқуқи меҳнатї
Ҳуқуқи меҳнати-соҳаи мустаъқили ҳуқуқ буда аз мачмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муноси батҳои чамъятии меҳнати ва ба он алоқамандро меомузад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнати

1.Конститутсияи ЧТ

2.Кодекси меҳнати ЧТ(1998сол).

3.Қонунҳои соҳавии меҳнати ЧТ



Принсиҳои ҳуқуқи меҳнати

1)Принсипи озодии меҳнат.

2)Принсипи манъ будани меҳнати мачбури

3)Принсипи ҳуқуқи ба ҳифзи меҳнат

4)Принсипи ҳуқуқ ба мутаҳидшави

5)Принсипи ҳуқуқ ба гирифтани музди меҳнат

6)Принсипи ҳуқуқ ба истироҳат

7)Принсипи ҳуқуқ ба гирифтани маълумот



§95.Шартномаи меҳнатї
Шартномаи меҳнати-созишномаи байни корманд ва корфармо мебошад,ки мувофиқи он корманд уҳдадор мешавад,ки корро аз руи касб,ихтисос ё вазифа бо риоя намудани тартиботи дохилии меҳнатї ичро намояд ва корфармо мебошад,ки ба корманд музди меҳнат дода шароити меҳнатро таъмин намояд.

Шартномаи коллективи-санади ҳуқуқиест,ки муносибатҳои ичтимои-меҳнатиро дар корхонаҳо, таш килотҳо ва муассисаҳо ба танзим медарорад ва аз тарафи намояндаи ваколатдор байни корфар моён ва кормандон баста мешавад.

Шартҳои шартномаи меҳнати 1)Шартҳое,ки бо қонун пешбини шуда. 2)Шартҳое,ки дар шартномаи меҳнати пешбини шудаанд.

Шартҳои шартномаи меҳнати

Шартҳое,ки дар шартномаи меҳнати пешбини шудаанд ба 2 гуруҳ чудо мешаванд.



1)Зарури-чои кор,функсияи меҳнат,музди меҳнат.

2)Иловаги-муҳлати санчиш,вақти нопурраи кори,додани чой барои кудак дар боғчаи кудакон.

Муҳлати бастани шартномаи меҳнати

1.Ба муҳлати номуайян.

2.Ба муҳлати муайян на бештар аз 5 сол.

3.Барои ичрои вазифаи корманди ҳозир набуда.

4.Ба муҳлати ичрои кори муайян.

5.Барои ичрои кори мавсими.



Тартиби бастани шартномаи меҳнати

1)хатти


2)шифоҳи(даҳони)

§96.Тартиби ба кор дохил шудан ва ба кори дигар гузаштан
Тартиби ба кор дохил шудан

1.Шиноснома.

2.Дафтарчаи меҳнати.

3.Ҳуччатҳо дар бораи маълумот.

4.Борои уҳдадориҳои ҳарби- билети ҳарби,ин номгуи ҳуччатҳо лозим аст.

Ба кор қабул намудан бо фармон (амри роҳбари ташкилот) расми қабул карда мешавад.



К асб – навъи фаъолияти мењнатї, ки донишу малакаи тавассути омўзиш ва таљриба андўхтаро таќозо менамояд;

Дараљаи тахассус – сатњи омодагии умумї ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи њуљљатњои тибќи ќонунгузорї муќарраргардида (номаи камол, диплом, шањодатнома ва ѓайра) тасдиќ мешавад; Ихтисос – маљмўи дониш, кордони ва малакаи тавасути омодагии махсус ва таљрибаи корї андўхташудае, ки барои иљрои навъи муайяни фаъолияти мењнатї дар доираи касби мазкур зарур аст;

Вазифа – мавќеи хизматии корманд буда, ба додани ўњдадорињо, њуќуќњои вазифавї ва хусусиятњои масъулияти ў вобастагї дорад;

Ба кори дигар гузаштан ва намудҳои он

Гузаронидан ба кори дигар вобаста муҳлат доими ва ё муввақати мешавад.Ба кори ди гари доими гузашта ба 3 намуд чудо мешавад.

1)Дар худи ташкилот.

2)Дар ташкилоти дигар.

3)Гузаронидан якчоя бо ташкилот.

Муввақатан ба кори дигар гузаштан дар натичаи чазои маъмури мебошад.



§97.Қатъ гардидани шартномаи меҳнатї
Асосҳои қатъ гардидани шартномаи меҳнати

Мувофиқи моддаи 44 Кодекси меҳнат:

1.Бо созиши тарфҳо.

2.Бо ташабуси корманд.

3.Бо ташабуси корфармо.

4.Бо гузаштани муҳлат.

5.Бо ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд.

Қатъ гаштани шартномаи меҳнати бо ташабуcси корманд (моддаи 45 КМ):

Корманд њаќ дорад ду њафта пештар корфарморо ба таври хаттї огоњ намуда, шартномаи (ќарордоди) мењнатиро, ки ба мўњлати номаълум баста шудааст, бекор кунад.

Баъди гузаштани мўњлати огоњї корманд њаќ дорад корро ќатъ намояд, корфармо бошад вазифадор аст ба корманд дафтарчаи мењнатиашро супорида, бо ў њисобу китобро баробар кунад.

Қатъ гаштани шартномаи меҳнати бо ташабуcси корфармо (моддаи 46): 1.Барҳам хурдани ташкилот ё ихтисор шудани кормандон.

2.Номувофиқ будани корманд ба вазифа.

3.Бе сабаб ичро накардани кор ва амру фармон.

4.Прогул-зиёда аз 3 соат бе сабаб дар чои кор набудан.

5.Дар ҳолати масти ба чои кор омадан.

6.Дуздидани молу мулки корфармо.



Ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд (моддаи 53):

1.Ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарби дохил шудани корманд.

2.Ҳангоми ба кор барқарор намудани корманде,ки пештар ин корро ичро мекард.

3.Ҳангоми ба қувваи амал даромадани ҳукмнома,ки дар асоси он корманд ба чазо маҳкум шудааст

ва ин ҳолат давом додани кори пештараашро истисно менамояд.

4.Бинобар вафот кардани корманд.

5.Дар сурати вайрон карадни қоидаҳои муқарашудаи қабул ба кор.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет