§130.Хадамоти гумрук:вазифа ва салоҳияти онҳо
Мувофиқи моддаи 460 Кодекси гумруки ЧТ Хадамоти гумрук-мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда,ҳифзи истиқлолияти давлат,амнияти иқтисодии ЧТ,риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Чумҳурии Точикистон таъмин мекунад.
Хадамоти гумруки ЧТ-аз раёсати гумрукии вилоятҳо,идораҳои гумруки дар нақлиёт ва дидбонгоҳ ҳои гумруки иборатанд.Кормандони ин мақомот,пеш аз ҳама бар зидди қочоқ ва дигар чиноятко риҳо,ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури дар фаъолияти гумруки мубориза мебаранд ва намагузоранд,ки воситаҳои нашъадор,моддаҳои психотропи,яроқу аслиҳа,моддаҳои тарканда,арзишҳои фарҳанги навъҳои набототу ҳайвоноте,ки ба онҳо хавфи нобудшави таҳдид мекунад,инчунин объектҳои моли кияти зеҳни аз сарҳади гумруки гузаронида шаванд. Ғайр аз ин,кормандони гумрук дар мубориза бар
зидди терроризми байналмилали ва пешгири кардани дахолати ғайриқонуни ба фаъолияти авиатсияи граждани дар вурудгоҳҳои Точикистон ҳамачониба мусоидат мекунанд.Мақомоти гумрук салоҳият доранд,ки мувофиқи бандҳои 5 ва 6 Кодекси гумрук,инчунин тибқи қонунгузории Точикистон оид фаъолияти оперативи-чустучуи бо мақсади ошкор намудани чиноят ва пешгирии он як қатор амалҳои тафтишотиро анчом медиҳад.
§131.Мақомоти тафтишоти пешаки салоҳият ва вазифаҳои онҳо
Дар илми ҳуқуқ таъкид мешавад,ки асоси гузаронидани мурофиаи суди ин тафтишоти пешаки мебошад,ки хулосаи тафтишоти пешаки дар мавриди гунаҳкор будани шахси ба чавобгари кашида
шуда қатъи шумурда намешавад.Зеро дар содир намудани чиноят гунаҳкор будан ё набуданро
танҳо суд муқарар мекунад ва қорори суд қатъи мебошад.Мувофиқи қонунгузории мурофиаиву
чинояти муфатишони мақомотҳои зерин ҳуқуқи анчом додани тафтишоти пешакиро дорад:
-Муфатишони мақомоти Прокуратура
-Муфатишони мақомоти амнияти милли(КДАМ)
-Муфатишони мақомоти корҳои дохила
-Муфатишони мақомоти Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ЧТ
-Муфатишони мақомоти Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия
Вазифаҳо:
Муҳимтарин вазифаи мақомоти тафтишоти ин саривақт ва пурра ошкор намудани чиноят ва
ашхоси чинояткор мебошад.Вазифаи дигар ин фароҳам овардани шароитест,ки у бо он айбдорша ванда бо роҳи усулҳои қонуни худро ҳимоя карда тавонад,сабабу омилҳои сар задани чиноятро ошкор карда таъсири онро бартараф кунанд.
Боби 25.Адвокатура
§132.Адвокатура ва тарзу усулҳои фаъолияти он
Дар ду моддаи Конститутсияи Чумҳурии Точикистон(моддаҳои 19 ва 92) оид ба расонидани ёрии ҳуқуқи ба шаҳрвандон сухан меравад.
Адвокат-аз калимаи лотини гирифта шуда,маънояш ба ёри даъватшуда мебошад.Онҳоеро,ки ба расонидани ёрии ҳуқуқи машғуланд,адвокат меноманд.Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти адвокатураро дар Чумҳурии Точикистон Конститутсияи ЧТ ва Қонуни ЧТ«Дар бораи адвокатура»-аз 4 ноябри соли 1995 ки аз 6 фасл ва 33 модда иборат мебошад ба танзим медарорад.
Адвокатҳо дар ду шакл ёрии ҳуқуқи мерасонанд:
1)Хатти
2)Шифоҳи
Бояд зикр кард,ки ёрии ҳуқуқи ба шаҳрвандон ба воситаи додани маслиҳату тавзеҳот, маслиҳати шифоҳи ва хатти оид ба масъалаҳои ҳуқуқи,тартиб додани аризаи даъвоги, шикоятҳои аппелятси они ва кассатсиони, аризаҳои назорати ба судҳо ба амал бароварда мешавад.
Тибқи муқарароти моддаи 10 Қонуни ЧТ«Дар бораи адвокатура»-ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқи адвокат ҳақ дорад,ки ҳуқуқу манфиатҳои муштариро ҳимоя кунад.
Дар навбати худ адвокатҳо тибқи моддаи 11 қонунгузории мавчудаи Чумҳурии Точикистон уҳдадоранд,ки қонунҳои чориро айнан ва собитқадамона риоя намуда,тамоми воси та ва усулҳои дар қонун пешбинишударо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси воқеи ва ҳуқуқиро, ки ба у барои ёрии ҳуқуқи мурочиат менамоянд,истифода намояд,инчунин адвокатҳо уҳдадоранд, ки доимо обрую эътибори касби худро ба сифати иштирокчии ба амал баровардани адолати суди ва ходими чамъияти нигоҳ дорад.
Адвокатҳо бо расонидани ёрии ҳуқуқи машғул мебошанд,ки аз руи қонуни мазкур фаъолияти онҳо фаъолияти адвокати номида шудааст.Адвокат ҳангоми ичрои фаъолияти адвокати соҳибихтиёр аст ва танҳо ба қонун итоат мекунад.Адвокат ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқи ба сифати
намоянда дар судҳои Чумҳурии Точикистон(Суди конститутсиони,судҳои умуми,судҳои иқтисоди, судҳои ҳарби)ваколатҳои муайянро доро мебо шанд.Чунин ваколатҳо вобаста ба иштирок дар баррасии парвандаҳои мушаххас (дар чинояти-ҳамчун ҳимоячи,дар граждани,хочаги ва ғайра-ҳамчун намоянда),ки аз чониби қонунгузории мурофиави муқарар карда мешаванд.
Бисёр масъалаҳои фаъолияти адвокатиро Оинномаи колегияи адвокатҳо ба танзим медарорад.
§133.Намудҳои расонидани ёрии ҳуқуқї
Дар Чумҳурии Точикистон 2 тарзи расонидани ёрии ҳуқуқи мавчуд аст:
1.Коллегияи адвокатҳо
2.Адвокат ваколатдор
1.Колегияи адвокатҳо-расонидани ёрии ҳуқуқи ба шаҳрвандон бе гирифтани ичозат номаи махсус. Коллегияи адвокатҳо бо ташаббуси на кам аз 40 адвокат,ки ҳуқуқшиноси касби мебошанд,ташкил карда мешаванд.Дар Чумҳурии Точикистон Коллегияи адвокатҳои Точикистон,Коллегияи адвокат ҳои вилояти Суғд,Ассосиатсияи адвокатҳои Чумҳурии Точикистон,Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд.Коллегияи адвокатҳо аз адвокат ваколатдор бо он фарқ мекунад,ки коллегияи адвокатҳо ҳамчун ташкилоти чамъияти дар Чумҳурии Точикистон дар асоси Қонуни ЧТ«Дар бораи адво катура» ва Кодекси мурофиавии чинояти фаъолият мекунанд ва инчунин коллегияи адвокатҳо дар асоси даъватномаи мақомоти тафтишоти ва суд ба шаҳрвандони муайян ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонад.
2.Адвокат ваколатдор-соҳибкоре,ки дар асоси ичозатнома ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқи мерасонад. Мувофиқи қонун барои машғул шудан ба чунин навъи фаъолият ичозатномаи махсус лозим аст.
Иштироки ҳатмии ҳимоячї
Дар муқокимаи судии корҳои зерин иштироки ҳимоячї(адвокат)ҳатмист:
1)Дар парвандаҳое,ки айбдоршавандаи давлати иштирок мекунад.
2)Дар парвандаҳои гунгҳо,кару курҳо ва шахсони дигаре,ки ба сабаби камбудиҳои чисмони ё руҳии худ ҳуқуқи ҳимоякуниро худашон ба амал бароварда наметавонанд.
3)Дар парвандаҳои ноболиғон.
4)Дар парвандаҳои шахсоне,ки забони мурофиаи судиро намедонанд.
5)Дар парвандаҳои шахсоне,ки дар байни манфиатҳои ҳимояи онҳо зиддият аст ва ақаллан яке аз онҳо ҳимоячи дошта бошад.
6)Дар парвандаҳои шахсоне,ки нисбати чиноят содир кардаи он суд,чазои қатл таъин мекунад.
Достарыңызбен бөлісу: |