1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет16/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   33

27. Сураи Намл (Мўрча)
Дар Макка нозил шуд ва он наваду се оят ва њафт рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. То. Син. Ин оёти Ќуръон ва Китоби равшан аст.

2. Њидоят ва мужда барои мўъминон аст –

3. онон, ки намозро барпо медоранд ва закотро медињанд ва онњо ба охират яќин меоранд.

4. Барои онон, ки ба охират имон намеоранд, кирдорњояшонро ороста кардем. Пас, онњо саргардон мешаванд.

5. Ин љамоа ононанд, ки барояшон сахтии азоб аст; ва ин љамоа дар охират зиёнкортаранд.

6. Ба дурустї ки ин Ќуръон аз назди Худои Устуворкори Доно ба ту дода мешавад.

7. Он гоњ, ки Мўсо ба ањли худ гуфт: «Њамоно ман оташе дидам, аз он љо хабаре хоњам овард, ё шўълаи оташи фарогирифта хоњам овард, бувад ки шумо гарм шавед.

8. Пас, чун ба оташ расид, ба ў овоз карда шуд, ки: «Ба касе, ки дар оташ аст ва ба касе, ки гирдогирди он аст, баракат дода шуд; ва покї Худойро аст, ки Парвардигори оламиён аст.

9. Эй Мўсо, ба дурустї ки Ман Худои Ѓолиби Боњикмат њастам.

10. Ва асои худро биафкан!» Пас, чун дид, ки асо мељунбад, гўё вай море аст, пушт дода рўй бигардонид ва бознагашт. (Гуфтем:) «Эй Мўсо, матарс, ба дурустї ки пайѓамбарон назди Ман наметарсанд,

11. лекин касе, ки ситам кард; боз баъд аз бадї ба ивази он некї кард, пас, њамоно Ман Омурзандаи Мењрубон њастам.

12. Ва дасти худро ба гиребони худ дарор, то сафед шуда, бе њељ айбе берун ояд; дар нўњ мўъљиза ба сўи Фиръавн ва ќавми ў бирав. Ба дурустї ки онњо гурўњи фосиќ буданд».

13. Пас, он гоњ, ки нишонањои равшаншудаи Мо ба онњо омад, гуфтанд: «Ин сењри зоњир аст».

14. Ва онро аз рўи ситамкорию такаббур инкор карданд ва [њол он ки] дилњояшон онро бовар дошта буд. Пас, бинигар, ки охири кори муфсидон чї гуна буд.

15. Ва ба дурустї ки Мо ба Довуд ва Сулаймон илм додем ва гуфтанд: «Ситоиш он Худойро аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мўъмини Хеш афзунї дод».

16. Ва Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт: «Эй мардумон, гуфтори мурѓон ба мо омўхта шуд ва аз њар неъмате ба мо дода шуд, ба дурустї ки ин фазли зоњир аст».

17. Ва барои Сулаймон лашкарњои ў аз љинну одамиёну мурѓон ба њам оварда шуд; ва [аз фузунї барои ба њам пайвастан] онњо бозистода карда мешуданд.

18. То ваќте ки ба Водии мўрчагон расиданд, мўрчае гуфт: «Эй мўрчагон, ба хонањои худ дароед, то Сулаймону лашкарњои ў надониста шуморо дарњам нашикананд».

19. Ў аз гуфтори мўрча хандон табассум карду гуфт: «Эй Парвардигори ман, илњом дењ маро, ки шукри ин неъмати Ту кунам, ки бар ману бар падару модари ман инъом кардаї; ва кирдори шоиста ба љо орам, ки Ту аз он хушнуд шавї; ва маро ба рањмати Худ дар зумраи бандагони шоистаат дарор!»

20. Ва ањволи мурѓонро бозљуст, пас гуфт: «Чист маро, ки њудњудро намебинам, ё ў аз ѓоибшудагон аст?

21. Њамоно ўро ба азоби сахт азоб кунам ё ўро бикушам; ё ин аст, ки пеши ман њуљљати зоњир биёрад».

22. [Њудњуд] чандоне диранг накард, пас, гуфт: «Чизеро фаро гирифтаам, ки ту онро фаро нагирифтаї; ва аз Сабо хабари яќинро пеши ту овардаам.

23. Ба дурустї, занеро ёфтам, ки бар онњо подшоњї мекунад; ва аз (љинси) њар неъмате ўро дода шудааст ва ўро тахте бузург аст.

24. Ва ёфтам, ки ўву ќавми ў ба љуз Худо офтобро саљда мекунанд ва Шайтон кирдорњояшонро барояшон оростааст ва онњоро аз роњ боздоштааст; пас, онњо роњ намеёбанд –

25. (ба сўи) он ки Он Худоеро саљда кунанд, ки чизи пўшидаро дар осмонњову замин берун меорад ва он чиро, ки пинњон медоред ва ошкор мекунед, медонад.

26. Худое, ки ѓайри Ў њељ маъбуде нест; ва [Ў] Парвардигори Арши бузург аст».

27. Гуфт:1 «Хоњем дид, оё рост гуфтї, ё аз дурўѓгўён њастї.

28. Ин номаи маро бибар ва ба сўи онњо биандоз, сипас аз онњо ба канора шав ва бинигар, чї љавоб бозмедињанд».

29. (Балќис) гуфт: «Эй гурўњи ашроф, ба дурустї ки номае гиромї ба сўи ман андохта шуд.

30. Ба дурустї ки ин нома аз љониби Сулаймон аст ва ин нома ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон аст,

31. ки: «Бар ман такаббур макунед ва фармонбардор шуда, пеши ман биёед!»

32. Гуфт:2 «Эй гурўњи ашроф, маро дар кори ман машварат дињед, то ваќте ки шумо пеши ман њозир нашавед, ман файсалакунандаи њељ коре нестам».

33. Гуфтанд: «Мо соњибони тавоної ва соњибони корзори сахт њастем; ва кор дар ихтиёри туст, пас, дарнигар, чї чиз мефармої!?»

34. Гуфт: «Њамоно подшоњон чун ба дење дароянд, онро хароб кунанд ва азизтарини ањли онро расвотарин созанд. Ва њамчунин мекунанд.

35. Ва ман фиристандаи тўњфае ба сўи онњо њастам, пас, бибинам, фиристодагон ба чї чиз бозмеоянд».

36. Пас, чун (фиристода) пеши Сулаймон омад, (Сулаймон) гуфт: «Оё маро ба моле имдод мекунед? Ва он чи Худо маро ато кардааст, аз он чи бењтар аст, ки шуморо ато кардааст. Балки шумо ба тўњфаи хеш шодмон мешавед.

37. Ба сўи онњо бозгард! Пас, њамоно бар онњо бо лашкарњое биёем, ки онњоро ба муќобилаи он тоќат набошад ва онњоро расво карда, аз дења берун кунем; ва онњо хор бошанд».

38. Гуфт:1 «Эй гурўњи ашроф, кадом яке аз шумо – пеш аз он, ки фармонбардор шуда, назди ман биёянд, тахти ўро пеши ман меорад?»

39. Ќавитарине аз љинњо гуфт: «Ман – пеш аз он, ки ту аз љои худ бархезї, онро назди ту биёрам ва ба дурустї ки ман бар он2 тавонои боамонатам».

40. Шахсе, ки назди ў аз Китоби илоњї илм буд, гуфт: «Ман пеш аз як мижа заданат онро назди ту биёрам». Пас, чун онро назди хеш ќароргирифта дид, гуфт: «Ин3 аз фазли Парвардигори ман аст, то маро имтињон кунад: оё шукргузорї мекунам, ё носипосї менамоям. Ва њар ки шукргузорї кунад, љуз ин нест, ки барои нафъи хеш шукргузорї мекунад; ва њар ки носипосї кунад, пас, Парвардигори ман Бениёзи Карамкунанда аст».

41. Гуфт: «Тахти ўро барои (имтињони) ин зан мутаѓаййир созед, бинигарем, оё роњи шинохт меёбад, ё аз ононе мешавад, ки роњ намеёбанд».

42. Чун биёмад,4 ба ў гуфтанд: «Оё тахти ту њамчунин аст?» Гуфт: «Гўё ин њамон аст. Ва пеш аз ин (муќаддима) моро дониш дода шуд5 ва мо мусулмон њастем».

43. Ва [Сулаймон] он занро аз он чи ба љуз Худо ибодат мекард, боздошт. Ба дурустї ки вай аз гурўњи кофирон буд.

44. Ба вай гуфта шуд: «Ба ин ќаср дарой!» Чун онро бидид, пиндошт, ки он њавзи об аст ва љома аз ду соќи худ бардошт. Гуфт:6 «Ин ќасре содаву њамвор аст, аз обгинањо (сохта шуда)». Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба дурустї ки ман бар хеш ситам кардаам ва њамроњи Сулаймон барои Худо, ки Парвардигори оламиён аст, Ислом овардам».

45. Ва ба сўи Самуд бародарашон Солењро фиристодем, ки Худойро ибодат кунед. Пас, он ќавм ногањон ду гурўњ шуданд ва бо якдигар хусумат менамуданд.

46. Гуфт:7 «Эй ќавми ман, чаро пеш аз некўї бадиро ба шитоб талаб мекунед? Чаро аз Худо талаби омурзиш намекунед? Бувад ки бар шумо рањм карда шавад».

47. Гуфтанд: «Мо аз туву аз онон, ки њамроњи туанд, фоли бад гирифтаем». Гуфт: «Фоли бади шумо назди Худо аст, балки шумо ќавме њастед, ки имтињон карда мешавед».

48. Ва дар он шањр нўњ кас буданд, ки дар замин фасод мекарданд ва ислоњ наменамуданд.

49. Бо якдигар ќасами Худо хўрда гуфтанд: «Албатта, бар Солењу ањли хонаи ў шабехун кунем ва сипас, албатта, ба вориси ў хоњем гуфт: «Ваќти њалок шудани ањли ў њозир набудем ва ба дурустї ки мо ростгўем».

50. Онњо ба навъе аз макр кардан макр карданд ва Мо ба навъе аз макр кардан макр кардем, дар њоле ки онњо намедонистанд.

51. Пас, бинигар, саранљоми макри онњо чї гуна буд, ки Мо њамаи онњо ва ќавмашонро якљо њалок кардем.

52. Пас, ин хонањои онњо ба сабаби он, ки ситам карданд, холї монданд, Њар оина, дар ин (мољаро) барои гурўње, ки медонанд, нишона њаст.

53. Ва ононро, ки имон оварданд ва парњезгорї карданд, наљот додем.

54. Ва Лутро (фиристодем), чун ба ќавми худ гуфт: «Оё дидаву дониста кори бењаёиро ба амал меоред?

55. Оё шумо ба иродаи шањват ба љои занон ба мардон меоед? Балки шумо ќавми нодонед».

56. Пас, љавоби ќавми ў ба љуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ањли хонаи Лутро аз дењаи хеш берун кунед, ба дурустї ки онњо мардуми покиталабанд!»

57. Пас, ў ва ањли ўро наљот додем, магар занаш, ки Мо ўро аз боќимондагон муайян кардем.

58. Ва бороне бар сари онњо боронидем. Пас [чї] бад аст борони тарсонидагон!

59. Бигў: «Сипос Худойрост ва салом бар он бандагони Ў, ки онњоро баргузидааст. Оё Худо бењтар аст, ё он чи шарик меоранд?

60. Ё кист Он, ки осмонњову заминро биофарид ва барои шумо аз осмон обе фуруд овард? Пас ба сабаби он бўстонњои хурраму тоза рўёнидем; шуморо имкон набуд, ки дарахтњои онро бирўёнед. Оё бо Худо маъбуди дигар њаст? Балки онњо гурўње њастанд, ки каљ мераванд.

61. Ё кист он, ки заминро ќароргоњ сохт ва дар миёни замин љўйњо пайдо кард ва барои замин кўњњо биофарид ва миёни ду дарё њиљобро биофарид? Оё бо Худо маъбуди дигар њаст? Балки бештарини онњо намебинанд.

62. Ё кист он, ки чун Ўро бихонед, дармондаро иљобат мекунад ва сахтиро мебардорад ва шуморо дар замин љонишини нахустиниён месозад? Оё бо Худо маъбуди дигар њаст? Андаке панд мепазиред.

63. Ё кист Он, ки ба шумо дар торикињои биёбону дарё роњ менамояд ва кист он, ки бодњоро пеш-пеши рањмати худ муждадињанда мефиристад? Оё бо Худо маъбуди дигар њаст? Худо аз он Бартар аст, ки шарик мегиранд.

64. Ё кист Он, ки халќро аз бози аввал пайдо мекунад, сипас онро бори дигар [эњё] мекунад; ва кист Он, ки ба шумо аз осмону замин рўзї медињад? Оё бо Худо маъбуди дигар њаст?» Бигў: «Агар ростгўй њастед, њуљљати худро биёред».

65. Бигў: «Њељ кас [аз онњое, ки] дар осмонњову заминанд, ѓайбро намедонад, магар Худо; ва намедонанд, ки кай барангехта мешаванд».

66. Балки илми онњо дар боби охират пай дар пай мутаваљљењ шуд.1 Балки онњо аз охират дар шубњаанд, балки онњо дар бораи он нобиноанд.

67. Ва кофирон гуфтанд: «Оё мо ва падарони мо низ хоке шавем, оё мо берун оварда мешавем?2

68. Ба дурустї ки ин ба мову падарони мо пеш аз ин ваъда дода шуда буд. Ин ба љуз афсонањои пешиниён чизе нест».

69. Бигў: «Дар замин сайр кунед, пас, бинигаред, ки анљоми гуноњкорон чї гуна буд».

70. Бар онњо андўњ махўр ва аз бад сиголидани онњо дар тангдилї мабош!

71. Ва мегўянд: «Агар ростгў њастед, ин ваъда кай бошад?»

72. Бигў: «Шояд баъзеи он чи ба шитоб металабед,3 ба шумо наздик шуда бошад».

73. Ва њамоно Парвардигори ту бар мардумон Худованди фазл аст, валекин бештаринашон шукр намекунанд.

74. Ва ба дурустї ки Парвардигори ту он чиро медонад, ки синањояшон пинњон мекунад ва он чиро, ки зоњир менамоянд.

75. Ва дар осмону замин њељ пўшидае нест, магар он, ки дар Китоби равшан навишта шудааст.

76. Ба дурустї ки ин Ќуръон барои Банї Исроил бештари он чиро, ки онњо дар он ихтилоф мекарданд, баён мекунад.

77. Ва ба дурустї ки вай барои мўъминон њидоят ва рањмат аст.

78. Њамоно Парвардигори ту ба њукми Худ миёни онњо файсала мекунад; ва Ў Ѓолиби Доно аст.

79. Пас, бар Худо таваккул кун, ба дурустї ки ту бар дини рости равшан њастї!

80. Ба њаќиќат, ту овозро ба мурдагон шунавонида наметавонї; ва ба карон – ваќте ки онњо пушт дода, рўй бигардонанд – шунавонида наметавонї.

81. Ва ту барои кўрон роњнамоянда нестї, то аз гумроњии хеш бозоянд. Ту намешунавонї, магар касеро, ки ба оятњои Мо имон овардааст. Пас, ин љамоа гарданнињандагонанд.

82. Ва чун ваъдаи азоб бар онњо воќеъ шавад, барояшон љонваре аз замин берун орем, ки бо онњо сухан гўяд; ба сабаби он, ки мардумон ба оёти Мо яќин намеоваранд.

83. Ва он рўз, ки аз њар уммате тоифаеро аз онон, ки оёти Моро дурўѓ мешумурданд, барангезем; пас, онњо боздошта мешаванд.4

84. То ваќте ки њозир оянд, (Худо) гўяд: «Оё шумо оёти Маро дарўѓ шумурдед ва [њол он ки] аз рўи дониш онро дарбар нагирифта будед? Ё шумо чї кор мекардед?»

85. Ва ба сабаби ситам карданашон ваъдаи азоб бар онњо собит шуд. Пас, он љамоа сухан нагўянд.

86. Оё надидаанд, ки шабро пайдо кардем, то дар он ором гиранд ва рўзро равшаншуда сохтем. Ба дурустї, дар ин (муќаддима) барои ќавме, ки бовар медоранд, нишонањое њаст.

87. Ва он рўз, ки дар сур дамида шавад, пас, онон, ки дар осмонњоанд ва онон, ки дар заминанд, музтариб шаванд, магар касе Худо хостааст. Ва њама хор шуда, пеши Худо биёянд.

88. Ва кўњњоро бибинї, онњоро бар љой истода пиндорї ва [њол он ки] онњо монанди рафтани абр мераванд – дасткории он Худое аст, ки њар чизеро устувор сохт. Ба дурустї ки Вай ба он чи мекунед, Хабардор аст.

89. Њар ки некї биёрад, пас, ўро љазои бењтар аз он бошад. Ва онњо аз изтироби он рўз эмин бошанд.

90. Ва њар ки бадї биёрад – пас, рўи онњо дар оташ нагунсор карда шавад. Магар ба ѓайри он чи кардаед, љазо дода мешавед?

91. (Бигў:) «Љуз ин нест, ки ба ман фармуда шуд, ки Парвардигори ин шањрро1 ибодат кунам – Он Зоте, ки ин [шањр]-ро муњаррам сохт; ва њар чиз аз они Ўст. Ва ба ман фармуда шуд, ки аз мусулмонон бошам.

92. Ва (ба ман фармуда шуд, ки) Ќуръонро бихонам». Ва њар ки роњ ёбад, пас, љуз ин нест, ки барои нафъи хештан роњ меёбад. Ва њар ки гумроњ шавад, пас бигў: «Љуз ин нест, ки ман аз бимкунандагонам».

93. Ва бигў: «Ситоиш Худойрост, ки оёти Худро ба шумо хоњад намоёнид, пас онро бишиносед». Ва Парвардигори ту аз он чи мекунед, бехабар нест.
28. Сураи Ќасас (Ќиссахонї)
Дар Макка нозил шуд ва он њаштоду њашт оят ва нўњ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. То. Син. Мим.

2. Ин оёти Китоби равшан аст.

3. Баъзе хабари Мўсо ва Фиръавнро барои гурўње, ки бовар медоранд, ба ростї бар ту мехонем.

4. Ба дурустї ки Фиръавн дар замин такаббур кард; ва ањли онро гурўњ-гурўњ сохт; аз онњо љамоаеро забун мегирифт; писаронашонро мекушт ва духтаронашонро зинда мегузошт; њамоно вай аз муфсидон буд.

5. Ва Мо мехостем бар онон, ки дар замин забун гирифта шуданд, неъмати фаровон дињем ва онњоро пешво созем ва онњоро ворис кунем;

6. ва ба онњо дар замин дастрасї дињем ва аз забунгирифтагон – ба Фиръавну Њомон ва лашкарњояшон он чиро бинамоёнем, ки аз он метарсиданд.

7. Ва ба сўи модари Мўсо илњом фиристодем, ки ўро шир бидењ, пас, чун бар вай битарсї, ўро дар дарё андоз ва матарсу андўњ махўр; њамоно Мо ўро бозрасонанда ба сўи ту ва ўро аз пайѓамбарон гардонанда њастем.

8. Пас, ањли хонаи Фиръавн ўро баргирифтанд, то охири кор барояшон душман ва сабаби андўњ шавад. Ба дурустї ки Фиръавну Њомон ва лашкарњояшон хатокунанда буданд.

9. Ва зани Фиръавн гуфт: «Ин тифл барои ман ва барои ту равшании чашм аст, ўро макушед, бувад ки ба мо нафъ дињад, ё ўро фарзанд гирем». Ва онњо (њаќиќати њолро) намедонистанд.

10. Ва дили модари Мўсо холї гашт;1 агар Мо бар дили ў ришта намебастем,2 то аз бовардорандагон бошад, њамоно наздик буд, ки ин ќиссаро ошкоро кунад.

11. Ва ба хоњари ў гуфт: «Аз паи ў бирав». Пас, ўро аз дур бидид ва ќавми Фиръавн намедонистанд.

12. Ва пеш аз омадани хоњар шири доягонро бар Мўсо њаром сохтем. Пас (хоњараш) гуфт: «Оё шуморо бар ањли хонае роњ намоям, ки барои шумо хабардории ин тифл кунанд ва онњо барои ў некхоњ бошанд?»

13. Пас, ўро ба сўи модари ў бозрасонидем, то чашми вай равшан шавад ва андўњ нахўрад ва то бидонад, ки ваъдаи Худо рост аст; валекин бештарини мардум намедонанд.

14. Ва чун [Мўсо] ба нињояти љавонии худ расид ва дурустандом шуд, ба ў њикмат ва дониш додем; ва њамчунин некўкоронро љазо медињем.

15. Ва ў дар ваќти бехабарии ањли шањр ба шањр даромад, пас, дар он љо он ду шахсро ёфт, ки бо якдигар љанг мекарданд: он як аз ќавми Мўсо ва он дигар аз душманони вай буд. Пас, шахсе, ки аз ќавми ў буд, бар он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ў мадад талаб кард. Пас, Мўсо ўро муште зад ва ўро бикушт. Гуфт: «Ин аз кори Шайтон аст; ба дурустї ки Шайтон душмани гумроњкунандаи ошкор аст».

16. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ман бар хеш ситам кардам, пас, маро биомурз». Пас, ўро биомурзид; ба дурустї ки Вай Омурзандаи Мењрубон аст.

17. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба њаќќи инъом кардани ту бар ман, њаргиз мададгори гуноњкорон нахоњам буд».

18. Сипас, бомдод тарсону нигарон дар шањр буд; ногањон шахсе, ки дирўз аз ў мадад талаб карда буд, боз ўро ба фарёдрасї мехонд. Мўсо ба ў гуфт: «Ба дурустї ки ту гумроњи ошкор њастї».

19. Пас, чун хост ба шахсе, ки вай душмани Мўсо ва душмани фарёдкунанда буд, даст дароз кунад, (фарёдкунанда) гуфт:3 «Эй Мўсо, оё мехоњї, ки маро бикушї, чунон ки дирўз шахсеро куштї? Мехоњї, ки дар рўи замин љуз ситамкоре набошї ва намехоњї, ки аз некўкорон бошї».

20. Ва марде аз дуртарин мањалњои он шањр давида омад; гуфт: «Эй Мўсо, ба дурустї ки раисон дар њаќќи ту машварат мекунанд, то туро бикушанд, пас, берун рав, њамоно ман барои ту аз некхоњонам».

21. Пас, тарсону нигарон аз он шањр берун омад, гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз гурўњи ситамкорон рањо кун».

22. Ва ваќте ки ба сўи шањри Мадян равон шуд, гуфт: «Аз Парвардигори хеш умедворам, ки маро ба роњи рост далолат кунад».

23. Ва ваќте ки ба оби Мадян расид, тоифае аз мардумонро бар он об ёфт, ки (чањорпоёнро) об менўшониданд ва дар як сў аз онњо ду занро ёфт, ки (чањорпоёни худро) боз медоштанд. (Мўсо ба он ду зан) гуфт: «Њоли шумо чист?» Гуфтанд: «Мо об наменўшонем, то он, ки шубонон (чањорпоёнро об дода) бозгардонанд; ва падари мо пири калонсол аст».

24. Пас, (Мўсо) барои ин њар ду об нўшонид, сипас ба сўи соя рўй овард; ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ман ба он чи аз неъмат ба сўи ман фуруд овардї, мўњтољам».

25. Пас, яке аз он ду зан ба шарм роњ рафта, ба [назди] Мўсо омад, гуфт: «Њамоно падари ман туро мехонад, то музди он, ки барои мо об додї, ба ту бидињад». Пас, чун (Мўсо) назди Шуайб омад ва ќиссаро пеши ў њикоят кард, гуфт: «Матарс, аз ќавми ситамкорон рањо ёфтаї».

26. Яке аз ин ду (духтар) гуфт: «Эй падари ман, ўро муздур бигир, њамоно ў бењтарин касе [аст], ки муздур гирї; шахси тавонои боамонат аст».

27. (Шуайб) гуфт: «Ба дурустї ки ман мехоњам яке аз ин ду духтари худро ба ту ба занї дињам – ба шарти он, ки њашт сол муздурии ман кунї ва агар дањ солро тамом кунї, пас, он (ба тариќи табаррўъ) аз љониби ту аст; ва намехоњам, ки бар ту машаќќат афканам; агар Худо хостааст, маро аз шоистагон хоњї ёфт».

28. (Мўсо) гуфт: «Ин ањд миёни ману миёни ту аст; њар кадом аз ин ду муддатро, ки адо кунам, бар ман тааддї набошад ва Худо бар он чи мегўем, Гувоњ аст».

29. Пас, чун Мўсо он муддатро адо кард ва бо ањли худ равон шуд, ба љониби кўњи Тур оташе дид, ба ањли худ гуфт: «Таваќќуф кунед, ба дурустї ки ман оташе дидаам; умедворам, ки аз он љо хабаре ё шўълае аз оташ биёрам, бувад ки шумо [ба он] худро гарм созед».

30. Пас, чун наздики оташ омад, аз каронаи рости водї, дар љойгоњи бобаракат, аз миёни дарахт овоз дода шуд, ки: «Эй Мўсо, ба дурустї ки Ман Худоям – Парвардигори оламиён».

31. Ва он, ки: «Асои худро биафкан!» Пас, чун дид, ки асо њаракат мекунад – гўё он море бошад, пушт дода рўй бигардонид ва бознагашт. (Гуфта шуд:) «Эй Мўсо, пеш ой ва матарс, ба дурустї ки ту аз эминонї.

32. Ва дасти худро дар гиребонат дарор, то аз ѓайри иллате сафедшуда берун ояд ва бозуи худро аз тарс ба сўи худ ба њам ор. Пас, ин њар ду нишона аз љониби Парвардигори ту барои Фиръавн ва љамоати ў фуруд омадаанд. Ба дурустї ки онњо гурўњи бадкор њастанд».

33. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ман аз онњо шахсеро куштам, пас, метарсам, ки маро бикушанд.

34. Ва бародарам Њорун аз љињати забон аз ман фасењтар аст, пас, ўро њамроњи ман мададкунанда бифирист, ки маро бовар дорад, зеро ман аз он метарсам, ки маро дурўѓгў шумуранд».

35. (Худо) гуфт: «Бозуи туро бо бародарат муњкам хоњем кард ва ба шумо ѓалаба хоњем дод; ба сабаби нишонањои Мо (ба ќасди изо) ба шумо расида натавонанд. Шумо – њар ду ва онон, ки ба шумо пайравї кардаанд, ѓолиб хоњед шуд».

36. Пас, чун Мўсо барояшон нишонањои возењомадаи Моро овард, гуфтанд: «Ин ба љуз љодуи барбаста [чизе] нест ва инро дар [њаќќи] падарони нахустини хеш нашунидаем».

37. Ва Мўсо гуфт: «Парвардигори ман ба он кас, ки аз назди Ў њидоят овардааст ва ба он касе, ки дар охират оќибати писандида аз они ўст, Донотар аст. Њамоно ситамкорон растагор намешаванд».

38. Ва Фиръавн гуфт: «Эй љамоа, ѓайри худам барои шумо њељ худое надонистаам. Пас, эй Њомон, барои ман бар гил оташ афрўз1 ва барои ман кўшке бино кун; бошад ки ман ба сўи Маъбуди Мўсо дидавар шавам; ва ба дурустї ки ман ўро аз дурўѓгўён мепиндорам».

39. Ва Фиръавну лашкарњои ў дар замин ба ѓайри њаќ такаббур карданд ва гумон карданд, ки онњо ба сўи Мо бозгардонида намешаванд.

40. Пас, ўву лашкарњои ўро гирифтем ва онњоро дар дарё афкандем. Пас, дарнигар, ки анљоми ситамкорон чї гуна буд.

41. Ва онњоро пешвоёне гардонидем, ки ба сўи оташ мехонанд; ва рўзи ќиёмат бе ёру мададгоранд.

42. Ва дар ин дунё лаънатро аз паи онњо фиристодем ва ба рўзи ќиёмат онњо аз рондашудагон бошанд.

43. Ва ба дурустї баъд аз он, ки [ањли] ќарнњои нахустинро њалок сохтем, ба Мўсо Китоб додем, [ки] барои мардумон далелу њидоят ва бахшоиш аст, то бувад ки онњо пандпазир шаванд.

44. Ва чун вањйро ба сўи Мўсо ба анљом расонидем, ту ба тарафи ѓарбї набудї ва [низ] аз њозирон набудї.

45. Валекин Мо ќарнњоро офаридем, пас, умр бар онњо дароз шуд ва ту бошанда дар миёни ањли Мадян набудї, ки бар онњо оёти Моро мехондї; валекин Мо Фиристанда будем.

46. Ва ту ба тарафи Тур набудї – он гоњ, ки овоз додем, валекин аз рўи бахшоиши Парвардигори ту вањй омад, то гурўњеро тарсонї, ки њељ тарсонандае пеш аз ту ба онњо наомада буд; бувад ки онњо пандпазир шаванд.

47. Ва агар он намебуд, ки ба сабаби он чи дастњояшон пеш фиристодааст, уќубате ба онњо бирасад, пас, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро ба сўи мо пайѓамбареро нафиристодї, то ба оёти Ту пайравї кунем ва аз мўъминон бошем?»

48. Ва чун аз назди Мо вањйи рост ба онњо омад, гуфтанд: «Чаро монанди он чи ба Мўсо дода шуд, ба ин пайѓамбар дода нашуд?» Оё ба он чи пеш аз ин ба Мўсо дода шуд, кофир нашудаанд? Гуфтанд: «Ду1 сењреанд, ки ба якдигар мувофиќ шудаанд». Ва гуфтанд: «Њамоно мо ба њар як кофирем».

49. Бигў: «Агар рост мегўед, пас китобе фуруд омада аз назди Худо биёред, ки вай аз ин ду роњнамояндатар бошад, то ба он пайравї кунем».

50. Ва агар сухани туро ќабул накунанд, пас, бидон: љуз ин нест, ки ба хоњиши нафси худ пайравї мекунанд. Ва кист гумроњтар аз касе, ки бидуни роњнамої аз Худо ба хоњиши нафси худ пайравї кунад? Ба дурустї ки Худо ба гурўњи ситамкорон роњ наменамояд.

51. Ва њамоно Мо ин Ќуръонро барояшон ба њам пайваставу пай дар пай овардем, то бувад ки онњо панд пазиранд.

52. Онон, ки пеш аз он2 ба онњо Китоб додем, ба он2 имон меоранд.

53. Ва чун (Ќуръон) бар онњо хонда мешавад, гўянд: «Ба он имон овардем; ба дурустї ки он рост ва аз љониби Парвардигори мо аст; њамоно мо пеш аз (нузули) он гардан нињода будем».

54. Ин љамоа – ба сабаби он, ки сабр карданд, муздашон ду бор дода мешавад; ва бадиро бо хислати нек дафъ мекунанд ва аз он чи ба онњо рўзї додаем, харљ мекунанд.

55. Ва чун сухани бењударо бишунаванд, аз он рўй бигардонанду гўянд: «Кирдорњои мо аз они мост ва кирдорњои шумо аз они шумост; ва салом бар шумо бод, (сўњбати) љоњилонро намехоњем».

56. Ба дурустї ки ту3 њар киро дўст медорї, роњ наменамої; валекин Худо њар киро хоњад, роњ менамояд; ва Ў ба роњёфтагон Донотар аст.

57. Ва гуфтанд:4 «Агар њамроњи ту пайравии њидоят кунем, аз замини худ рабуда шавем».5 Оё онњоро дар Њараме боамн љо надодем, ки ба сўи вай аз њар љинс мевањо – рўзї аз назди Мо расонида мешавад? Валекин бештарини онњо намедонанд.

58. Ва басо дењањоеро њалок кардем, ки [ањли оно] дар зиндагонии худ аз њад даргузаштанд. Пас, инњо љои сукунати онњо аст; баъд аз онњо дар он љо ба љуз андаке [касе дигар] сокин нашуд. Ва Мо ба даст орандаи меросашон будем.

59. Ва Парвардигори ту њаргиз њалоккунандаи дењањо нест, то дар калонтарини онњо пайѓамбареро нафиристад, ки бар онњо оёти Моро бихонад. Ва Мо њаргиз њалоккунандаи дењањо нестем, магар дар он њол, ки ањолии онњо ситамгор бошанд.

60. Ва аз њар навъе њар чи ба шумо дода шавад, пас, бањрамандии зиндагонии дунё ва ороиши он аст. Ва он чи назди Худо аст, бењтару пояндатар аст. Оё ба аќл дарнамеёбед?

61. Оё касе, ки ба ў ваъдаи нек ваъда додаем ва ў дарёбандаи он аст, монанди касе аст, ки ўро ба манфиати зиндагонии дунё бањраманд сохтем, сипас, рўзи ќиёмат вай аз њозиркардагон аст?1

62. Ва рўзе, ки онњоро овоз дињад, пас гўяд: «Он шарикони Ман, ки шумо гумон мекардед, куљоанд?»

63. Онон, ки њукм(-и азоб) бар онњо2 собит шуд, гўянд: «Эй Парвардигори мо, инњо љамоаеанд, ки гумроњ кардем, чунон ки худ гумроњ шудем, онњоро гумроњ кардем.3 Аз њама безор ба сўи Ту мешавем. Онњо моро намепарастиданд».

64. Ва гуфта шавад: «Шарикони худро бихонед». Пас, онњоро бихонанд; ва онњо даъвати он љамоаро ќабул накунанд; ва азобро бибинанд (ва таманно кунанд:) кош онњо роњёб мебуданд!

65. Ва рўзе, ки (Худо) онњоро овоз дињад, пас гўяд: «Ба пайѓамбарон чї љавоб додед?»

66. Пас, он рўз хабарњо бар онњо пўшида шавад, пас, онњо бо якдигар суол накунанд.4

67. Ва аммо он, ки тавба намуд ва имон овард ва кори шоиста кард – пас умед аст, ки аз растагорон бошад.

68. Ва Парвардигори ту њар чи хоњад, меофаринад ва (њар киро хоњад) бармегузинад, онњоро ихтиёре нест. Покї Худойрост ва аз он, ки шарик меоранд, Баландтар аст.

69. Ва Парвардигори ту он чиро, ки синањояшон пинњон медорад ва он чиро, ки ошкор мекунанд, медонад.

70. Ва Ў Худо аст, ки ба ѓайри Ў њељ маъбуде нест; ва ситоиш дар дунёву охират Ўрост; ва фармонравої аз они Ўст ва ба сўи Ў баргардонида мешавед.

71. Бигў: «Оё дидед, ки агар Худо шабро бар шумо то рўзи ќиёмат поянда гардонад, кист маъбуде ѓайри Худо, ки равшаниро пеши шумо биёрад? Оё намешунавед?»

72. Бигў: «Оё дидед, ки агар Худо рўзро бар шумо то рўзи ќиёмат поянда гардонад, кист маъбуде ѓайри Худо, ки ба шумо шабро биёрад, ки дар он ором гиред? Оё намебинед?

73. Ва аз рањмати Худ барои шумо шабу рўзро сохт, то дар шаб ором гиред ва то аз фазли Ў рўзї талаб кунед5 ва то шукргузорї кунед».

74. Ва рўзе, ки онњоро овоз дињад, пас, гўяд: «Он шарикони Ман, ки шумо гумон мекардед, куљоанд?»

75. Ва аз њар уммате гувоњеро берун кашем,1 пас, (ба ќавм) гўем: «Далели худро биёред!» Пас, бидонанд, ки њаќ ба љониби Худо аст; ва он чи ифтиро мекарданд, аз онњо гум шавад.

76. Ба дурустї ки Ќорун аз ќавми Мўсо буд, пас, бар онњо тааддї кард. Ва Мо ба ў аз ганљњо он ќадар ато карда будем, ки калидњои он барои љамоаи соњиби тавоної гаронї мекард. [Ёд кун] чун ќавмаш ба ў гуфтанд: «Шод машав, ба дурустї ки Худо шодшавандагонро дўст намедорад.

77. Ва дар он чи Худо ба ту ато кардааст, (салоњи) сарои охиратро биљўй ва аз дунё њиссаи худро фаромўш макун; ва некўї кун – чунон ки Худо бар ту некўї кардааст ва дар замин фасод маљў; ба дурустї ки Худо фасодкунандагонро дўст намедорад».

78. Гуфт: «Љуз ин нест, ки бинобар донише, ки назди ман аст, моли фаровон ба ман дода шуд». Оё намедонист, ки Худо пеш аз вай аз ќарнњо он ќавмеро, ки аз вай аз рўи ќувват тавонотар ва дар љамъият бештар буданд, њалок кардааст? Ва гуноњкорон аз гуноњи хеш пурсида намешаванд.2

79. Пас [Ќорун] дар ороиши хеш бар ќавми худ берун омад. Онон, ки зиндагонии дунёро талаб мекарданд, гуфтанд: «Кош, он чи ба Ќорун дода шудааст, моро бошад! Њамоно вай соњиби насиби бузург аст».

80. Ва онон, ки ба онњо илм дода шуда буд, гуфтанд: «Вой бар шумо, савоби Худо барои он кас, ки имон овард ва кори шоиста кард, бењтар аст. Ва ин (сухан)-ро ба љуз собирон [касе дар дилу забон] фаро намегирад».

81. Пас, Ќорун ва сарои ўро ба замин фурў бурдем; пас, барои ў ѓайри Худо њељ гурўње набуд, ки ба ў нусрат дињанд ва ў худ аз нусратёфтагон набуд.

82. Ва дар бомдод онон, ки дирўз манзалати ўро орзу мекарданд, мегуфтанд: «Эй аљаб, ки Худо рўзиро барои њар ки аз бандагони хеш хоњад, фарох мекунад ва танг месозад. Ва агар он намебуд, ки Худо бар мо миннат нињод,3 њамоно моро [низ замин] фурў мебурд. Эй аљаб, ки кофирон растагор намешаванд».

83. Ин сарои бозпасинро барои онон муќаррар мекунем, ки дар замин такаббур ва фасод наметалабанд. Ва оќибати некў аз они парњезгорон аст.

84. Њар ки некї биёрад, пас барои ў бењтар аз он аст. Ва њар ки бадї биёрад: пас, онон, ки бадињоро ба амал оварданд, љуз ба мисли он чи мекарданд, љазо дода намешаванд.

85. Ба дурустї, Он, ки Ќуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба сўи љои бозгашт4 бозгардонанда аст. Бигў: «Парвардигори ман ба он кас, ки њидоятро овард ва ба он кас, ки дар гумроњии зоњир аст, Донотар аст».

86. Ва умед надоштї, ки ба сўи ту Китоб фуруд оварда шавад, лекин ба сабаби рањмате аз Парвардигори ту (фурў фиристода шуд). Пас, њаргиз мададгори кофирон машав!

87. Ва (кофирон) туро аз таблиѓи оёти Худо – баъд аз он, ки ба сўи ту фуруд оварда шуд – боз нахоњанд дошт. Ва ба сўи Парвардигори хеш даъват кун ва њаргиз аз мушрикон мабош!

88. Ва бо Худо маъбуди дигарро махон, ѓайри Ў њељ маъбуде нест! Њар чиз њалокшаванда аст, магар рўи Ў, фармонравої аз они Ўст; ва ба сўи Ў бозгардонида мешавед.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет