БАҲРОМ ФИРӮЗ
НИДОИ ИШҚ
ДУШАНБЕ
«Нодир»
2009
ББК 84 тоҷик 7-5 Ф-76
Баҳром ФИРӮЗ, «Нидои ишқ»,
Ф-76 Душанбе, нашриёти «Нодир», соли 2009. 88 саҳ.
Мураттиб ва муҳаррир Ҳакими Азиз
Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70-солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
© Баҳром Фирӯз, 2009
«БА СУХАН ЗИНДА ШАВАД...»
То бо Баҳром Фирӯз бевосита шиносоӣ пайдо кардан, пештар бо шеърҳояш шинос гаштам, ӯ донишҷуи Донишгоҳи омузгории шаҳри Хучанд буду навиштаҳояш тез-тез дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» рӯи чопро медиданд. Ман он вақт хонандаи мактаби миёна будаму шеъргунаҳо менавиштам ва ба идораи рӯзномаҳо мефиристодам. Дар рӯзномаи вилоятӣ низ ибтидои солҳои шастум намунаҳои эҷодам дарҷ гашта буданд. Маҳз дар саҳифаҳои ҳамин рӯзнома бори нахуст номи Баҳром Фирӯзро дидаму шеърояшро хондам. Ин шиносоии нахустини ман бо ӯ буд. Баъдтар, вақте ба Душанбе омадаму дар идораи рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», радио ва телевизион, маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекардам, худашро аз наздик дидам, шинос гаштам ва баъдтар шиносоии мо ба дӯстию бародарӣ табдил ёфт.
Як лаҳзаро ҳеҷ фаромӯш намекунам: тобистони соли 1967 ба идораи нашриёти «Ирфон», ки дар кӯчаи Шевченко воқеъ буд, рафтам.
Дар он ҷо Баҳром Фирӯзро дидам. Ӯ як нусхаи маҷмӯаи нахустини ашъораш «Розҳои маҳтобшаб»-ро, ки навакак рӯи чопро дида будааст, дар даст дошт. Чеҳраашро болида дидам. Ӯро бо нашри китоби нахустинаш самимона табрик кардам. Баҳром дар навбати худ маро ҳам ба чопи маҷмуаи аввалам «Заврақи умед», ки ҳамон рӯз аз нашриёт гирифта будам, табрик намуд. Ҳарду хурсанд ҷониби коргоҳи худ равон шудем. Ҳамин тавр, баъдтар мо дар як майдон - адабиёт, солиёни дароз фаъолият намудем. Бояд иқрор шуд, ки майдони сухани Баҳром Фирӯз фароҳтар буд, ӯ дар ду майдон - назм ва наср ҳунарнамоӣ мекард. Агарчӣ баъдтар ҳам шеърҳо навишт, бо номҳои «Силсила», «Тафти дил» маҷмуаҳои ашъор ба табъ расонд, лек дар наср сермаҳсултар буд. Китобҳои ҳикояҳо ва қиссаҳояш паи ҳам нашр мешуданд. Солҳои охири ҳаёташ ба таълифи роман машғул буд. Нисбат ба худ ва дигарон серталабӣ дошт. Ростравӣ, ростгӯӣ, ҳақиқатталошӣ пешаи ӯ дар зиндагӣ буд. Агар навиштаҳояш аз ҷумла китоби калонҳаҷми «Саҳнаи гардон»- ро бодиққат мутолиа кунед, ин сифатҳоро ба хубӣ мушоҳида мекунед. Ман бошам солҳои ҳамкориам дар нашриёти «Адиб» ва ҳамсоягиам дар хонаи зист ӯро беҳтару хубтар шинохтам. Баҳром ба қадри вақт мерасид, онро беҳуда намегузаронд, ҳамеша дар кор, эҷод ё мутолиа медидам. Солҳое, ки мудири шӯъбаи адабиёти муосири нашриёти «Адиб» буд, дар паҳлуи худ муҳаррирони хубро гирд овард ва барои беҳтаршавии сифати китобҳо талошҳо варзид. Ба ин васила аз худ номи нек боқӣ гузошт. Имрӯз фарзандони азизаш номбардори ӯянд.
Чунон ки бузургон гуфтаанд, суханварон таваллуд доранду мурдан не. Баҳром Фирӯз суханвари асил буд ва номи ӯ бо «беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ» - Сухан зинда хоҳад монд.
Ниҳоят, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:
Ба сухан зинда шавад номи ҳама,
Ба сухан пухта шавад коми ҳама.
Саидалӣ МАЪМУР,
Шоири халқии Тоҷикистон
Нидои ишқ ___________________________________
ХОКИ ВАТАН
Аз ҳади хоки ватан рафта бурун,
Ранҷаи заҳри ҷудоию фироқ,
Ҳар куҷо ҳамватане ҳаст маро
Сокини Кобулу Табрезу Ироқ.
Сари роҳ дар сафари кишвари ғайр
Дӯш бо ҳамватане биншастам.
Иштиёқи ватан ӯро месӯхт,
Соате гӯш ба ҳарфаш бастам.
Сарвату давлати афзунаш буд,
Манзилу маскани ободе дошт.
Беватан буд вале марди ғариб,
Айши талху дили ношоде дошт.
Хондам аз ҳикмати Саъдӣ байте,
Чун ба ҳолаш, ки мувофиқ, буд он:
«Пой дар занҷир пеши дӯстон,
Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон»
Ашк аз дида чу марҷон мерехт,
Зор менолиду мегуфт «Ватан»
Илтиҷо дошт зи ман марди ғариб
Як каф аз хоки ватан - атри кафан.
Аз ҳади хоки ватан рафта бурун,
Ранҷаи заҳри ҷудоию фироқ,
Ҳар куҷо ҳамватане ҳаст маро
Сокини Кобулу Табрезу Ироқ.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
ДИЁРАМ
Диёрам, каъбаи ман ту,
Ба ҳар сангат тавоф орам.
Ба ҳар неку бадам наздат
Чу фарзанд эътироф орам.
Ба бӯи сабзаи навхез,
Ба бӯи меҳр мастам ман.
Гулу хори туро умре
Диёрам, мепарастам ман.
Гуле аз навбаҳорат ман,
Ватан, як мушти хокат ман,
Сари сабзи чинорат ман,
Парешон атри покат ман.
Ватан - модар, ватан - фарзанд,
Ватан - чашмони биноям.
Ватан аз ман, ман аз ӯям,
Ватан - имрӯзу фардоям.
Агар гӯяд ватан, рав ту
Дигар ҷо подшоҳе шав.
Бигӯям, дар барат монам,
Ту бар ман сарпаноҳе шав.
Маро бигзор дар кӯҳат
Чу абри даргузар бошам,
Маро бигзор дар кӯят
Насими дар ба дар бошам.
Нидои ишқ ___________________________________
ЗАБОНИ МОДАРӣ
Зи нағмаҳои сози мо,
Зи таърихи дарози мо,
Туро бубаста тору пуд,
Забони дилнавози мо.
Зи ҳикмати замири пок,
Зи оҳи пири дарднок,
Зи туйҳо, зи сурҳо,
Зи мотаму сурурҳо.
Аз «Алла»-ҳои модарон,
Зи хандаҳои кӯдакон,
Асос барниҳодаанд,
Туро чу марҳаме ба ҷон.
Ту аввалин суруди мо,
Қиссаи «Буд-набуд»-и мо,
Забони модарӣ, туӣ
Шаҳодати вуҷуди мо.
Чу кӯҳ, сахту пойдор,
Чу рӯд шӯху беқарор.
Зи дарраҳо ту омадӣ,
Лафзи дарии беғубор.
Каломи шоҳномаҳо,
Равонибахши хомаҳо,
Зи даврҳо ба даврҳо,
Ту меравӣ, забони мо.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
МАКТАБ
Гарданд бе ман дар ин дабистон,
Гарданд бе ту дар ин хиёбон.
Навошиқон боз ашъор хонанд,
Гулдухтарон боз ин ҷо хироманд,
Ҳар субҳ, бе ту, ҳар шом бе ман.
Занги танаффус, зангулаи дарс
Дарҳои шодӣ ва мекунад боз,
Чун кӯҳсорон оғози сад рӯд
Дар оғуши худ ҷо мекунад боз,
Ҳар рӯз бе ту ҳар рӯз бе ман.
Рафтему ҳамчун эълони кӯҳна
Акси ману ту аз лавҳа гиранд.
Дар хотири мо такрор-такрор
Он рӯзгорон бас беназиранд,
Ҳар рӯз бе ту, аз ҳар шом бе ман.
Пайроҳае ки мо медавидем,
Гардад алафпӯш, ором гардад,
Чун ресмони дар paҳ фитода
Баъд аз назарҳо гумном гардад,
Ҳар рӯз бе ту, аз ҳар рӯз бе ман.
Аз паҳлӯи он шояд ҷавоне
Пайроҳаи нав месозад оғоз.
Дар қад-қади он балки нигоре
Бар ишқи ёре дилро кунад боз,
Ҳар рӯз бе ту, ҳар рӯз бе ман.
Нидои ишқ ___________________________________
ЗАН
Шохи лутфу назокатӣ, эй зан,
Рангу бӯи баҳор кори туст.
Дар фалак офтоби оламтоб
Нусха аз рӯи шӯълабори туст.
Офаридат табиат афсунгар,
Бас ба ту нозпарварӣ омӯхт.
Баъд бечора устод аз ту
Дилнавозию дилбарӣ омӯхт.
Меҳр дар ту, муҳаббат андар ту,
Сеҳр аз туст, соҳирӣ аз туст.
Офаридгори орзуҳоӣ,
Шеър аз туст, шоирӣ аз туст.
Ишқ дар туст, зиндагӣ дар ту,
Рашк дар туст, фитна ҳам аз туст.
Заҳри аз ту расида позаҳр аст,
Ҳар гуноҳу савоби ту некӯст.
Чашми меҳру шафоати олам,
Дасти гарми навозиши инсон,
Ҳалқаи дарду изтироби даҳр,
Домани хайру шафқату эҳсон!
Бе ту дар умри ман сафое нест,
Бе ту дар сози ман садое нест,
Сӯзаму рози зиндагӣ гӯям,
Ҷуз ризои ту муддаое нест.
_________________________________ Баҳром Фирӯз
МОДАР
Агар себе канам, аз боғи кас банди дилат меканд, Фиристодаӣ маро бар боғбон, эй модари дилбанд. Агар аз шӯхию густохиҳо озурдаме касро,
Гуноҳам то набахшид ӯ, набахшидӣ ту бар фарзанд.
Намесозам ниҳон андешаҳои хоми бебурдам,
Ба модарои ҳамсолони худ гоҳе ҳасад бурдам.
Чapo чун холаам ё аммаам ту нестӣ дилнарм, Накрада неку бадро фарқ, он гаҳ, ҳукм мекардам.
Ҳанӯз аз дӯши ту ман ногирифта душборатро, Замони пириат аз дасти ту нагрифта коратро
Ба роҳ афтода рафтам аз паи умеди фардоям,
Ту мондӣ дӯхта бар роҳ чашми интизоратро.
Маро ҳар дафъа бар роҳе гуселонида, эй дилҷӯ,
Зи хар як изтиробат монд як тори сафеди мӯ.
Ба роҳи умр ҳар як саҳв, ҳар як нобарориам,
Аё модар, як оҷинге фузуд андар ҷабини ту.
Нигоҳи ростгӯю ростхоҳи ту маро ёд аст,
Нигоҳе, ки ба умри ман нумӯи ростӣ додаст.
Нигоҳе, ки нахустин раҳбару устоди ман буд он, Нигоҳе, ки ба чашмонам аз онҳо меҳр афтодааст.
Чӣ созам ман ба ин дунё, ки бошад ёдгори ту?
Чӣ шеъри дилрасе гӯям, ки бошад ифтихори ту?
Нидои ишқ ___________________________________
РАҲИ АРМОН
(Ба хотираи модарам —
Ҳикматмоҳ Ҷумъаева)
Равонам аз раҳи қишлоқ имрӯз,
Дар он хурду калон бо ман шиносанд.
Ҳама ҳамсояҳо - занҳои деҳа
Маро чун модарам бас менавозанд.
Ҳамеша байни онҳо месурудам
Суруде аз ҷавонмардиву пайкор,
Суруди модарони чашм дар роҳ,
Суруди рӯзи ҳаҷру рӯзи дидор.
Гаҳе нимсеру гоҳе нимгурусна,
Вале дил пур буд аз умеду армон.
Ба cap тоқӣ набуду буд фахрам,
Ки меҷангад падар дар ҷанги Гирмон.
Надидем оташи ҷанги ҷаҳонсӯз,
Вале мо ранҷи модарҳо бидидем,
Зи хирманҷойҳои бодрӯфта
Зимистон донаи гандум бичидем.
Басо барвақт бори ғам кашидем,
Басо барвақт ҷон бар каф ниҳодем.
Ба пои худ равон гаштем барвақт,
Ду чашми сер дар қаҳтӣ кушодем.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Равонам аз раҳи деҳ, модар, имрӯз,
Дар он нақши қудумат ёдгор аст.
Канори роҳ ҳар гул, ки шукуфта,
Чу чашмони ту бар paҳ интизор аст.
Аз ин раҳҳо гузашта бори аввал
Ба саҳро лолачинӣ рафтаи ту,
Ба мактаб рафтаи озоду хушдил,
Сухан аз эътиборат гуфтаӣ ту.
Аз ин paҳ рӯзи озодии занҳо
Ту бечодар гузаштӣ, рӯ кушодӣ.
Дар он даврон набуд ин кор осон,
Ба оташ чун сипанди тар фитодӣ.
Гузаштӣ ту шаби тӯи арусӣ
Аз ин paҳ бо суруди ёр - ёрон.
Ту бори аввалу охир ҳамон шаб
Савора роҳ рафти шоду хандон...
Сипас, модар, ҷигарбандони худро
Фиристодӣ ту бар ҷанг аз ҳамин роҳ.
Ба мисли ҷумла модарҳо шабу рӯз
Ту будӣ чашмчори роҳ ҳар гоҳ.
Падар н - омад, бародар ҳам наомад,
Вале бар мо зафар омад аз ин роҳ.
Аз ин paҳ муждаи фирӯзӣ омад.
Ба ғам пайваста омад бахти дилхоҳ.
Нидои ишқ ___________________________________
Баҳор омад, баҳори бас ғамолуд,
Баҳоре арғувон аз хуни мардон.
Насимаш бӯи дуди хонумонҳо,
Ҳаме боронаш аз ашки ятимон.
...Ҳамин paҳ, ибтидои роҳи ман шуд,
Ба дунё аз ҳамин paҳ, омадам ман,
Аз ин пайроҳаи холиву хомӯш
Сухангӯю дилогаҳ, омадам ман.
Маро ҳам аз ҳамин paҳ, як замоне
Фиристодӣ, ки ҷӯям қисматамро.
Туро чун кӯдакии хеш, модар,
Ҳамин ҷо ёфтам, гум кардам ин ҷо.
...Сари роҳи ту истодам ман имрӯз,
Сари хоки ту биншастам ман имрӯз.
Зи ҳамкорону ҳамдардони бисёр
Туро пурсида бигзаштам ман имрӯз.
Ниҳоле, ки шинондӣ, бор овард,
Дар он ҷӯе, ки кандӣ, об ҷорист.
Чароғи хонаи ту равшан ин ҷо,
Ҳама ҷо нақши дастат ёдгорест.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
ПАДАР
(Барои падарам Бобои Мусулмон)
Ман сутуни хонадон будам туро,
Чун дарахте соябон будам туро,
Ман асои фасли пириат будам,
Муттакову пуштибон будам туро.
Дастёрат нест, корат мондааст,
Зӯрӣ дастат рафта, борат мондааст,
Кӯч карда гӯиё мурғон зи боғ,
Лонаҳо дар шохсорат мондааст.
Гаҳ пушаймон гашта гуӣ бо итоб,
К-з хато бар дасти ман додӣ китоб,
Аз хато бар нася додӣ накди худ,
Чашмаат хуштар зи дарёи сароб.
Аз ҳарорат хокро ҳосил бувад,
Аз муҳаббат дил ба дил моил бувад.
Гуфта будӣ з-обу оташ нагзарӣ
Обу тобе ёфтан мушкил бувад.
Мард дар тӯфон шиновар мешавад,
Дил ба дарё дода гавҳар мешавад.
Рав, парешон гарду сомоне биҷӯй,
Қадри кас он гаҳ муқаррар мешавад.
Донаи дар хок пинҳонам ҳанӯз,
Қатраи аз абр ғалтонам ҳанӯз.
Аз рухи ҳар сабза мебинам, ки ҳаст
Сад баҳоре дар дилу ҷонам ҳанӯз.
Нидои ишқ ___________________________________
МАЛЛИМИ МАН
(Ба аввалин муаллимам
Ҳамроҳи Хӯҷам)
Омад ӯ бе каси ҳидоятгар,
Омад ӯ бо асобағал ногоҳ.
Гашт ворид ба синф бо як пой,
Гармдидор, марди дилогоҳ.
Куртаи хокиранг дар бар дошт,
Мӯзаи нимдошт дар пояш.
Кордида, ҳаётсанҷида,
Ташнагӣ буд дар нигаҳҳояш.
Дар куҷо мондааст пояшро?
Аз куҷо ёфт ин асояшро?
Духтаре бо умед мепурсид,
Ӯ дар он сӯ надид акояшро?...
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Баъдо дар ҷабини ин одам
Ҷилвагар шуд ба мо ватан яксар –
Марду зан дар либоси сарбозӣ,
Пиру барнош ҷумла дар сангар.
Аз ватан ҳар гаҳе сухан мегуфт,
Гӯиё ӯ дарун - дарун месӯхт.
Мебаромад шарора аз нафасаш,
Чашми шафқат ба рӯи мо медӯхт.
Буд моро саволи бисёре,
Дар ҷавоб ӯ агарчи дармемонад.
«Шоҳнома» зи ёд мехонд ӯ,
Гӯӣ «Қуръон» ба точикӣ мехонд...
То ки бошем мисли ӯ дилёб,
Раҳ гирифтем ҷониби фардо,
Ӯ ба як чашм мардумонро дил,
Ӯ ба як пой гашт дар дунё.
Нидои ишқ ___________________________________
ХУНИ ШОИР
(Ба ёдбуди Ҳабиб Юсуфй)
Магар гул будиву бо умри гул қонеъ шудӣ,
шоир?
Ту булбул будиву ҳаргиз сурудатро набуд
охир.
Ба васфи кишвари обод,
Ба васфи кишвари озод
Суханро болу пар бахшидаву пироя
барбастӣ,
Ба савти тозаат хомӯшии ин базм бишкастӣ.
Хазоне тохт боғатро,
Аду бишкаст болатро...
Кӣ бо шеван ба хокат монд?
Сари хокат кӣ ашк афшонд?
Кӣ гуфто алвидову бар фалак бардошт
мушташро,
Ва лаънат хонд қисматро,
Адуро, ҷангу қулфатро?
Ва нафрин гуфт бар дунё?
Аҷаб не, дар канори Висла ҳар Наврӯз
рӯи барф
Зи хуни гармат акнун лолаҳо рӯянд бас
шангарф,
______________________________Баҳром Фирӯз
Шавад дар духтаре ҳайрон,
Ба меҳри лола саргардон.
Аҷаб не, хуни покат Висла рӯи мавҷҳояш бурд,
Дар укёнусҳо хуни ту тӯфони дигар бардошт, Шаби торик ба раҳгумкарда мардон
раҳнамоӣ кард. Аҷаб не, як замон он қатраҳои хуни покат боз
Фуруд ояд ба оби Дарғам1 аз ҳар абри
гардунтоз.
Зарафшон гирад оғӯшат,
Бибӯси хоки гулпӯшат.
Зи нав чун лола аз хоки диёри хеш бархезӣ,
Зи нав бо атри гулҳои баҳори хеш омезӣ.
Навои кишварат хонӣ,
Суруди дилбарат хонӣ...
Вале ту зиндаи ҷовид,
Дар ин ҷо шеъри ту хонанд,
Агар қабрат намедонанд,
Ҳама қадри туро донанд.
Нидои ишқ ___________________________________
ШАБИ СОЛИ НАВ
Дӯстон, дар сари ин дастурхон
Боз дар соли дигар бода хурем,
Боз бошем ҷавонбахт ҳама,
Гар бувад ғам, ғами дилдода хурем.
Духтарон ҷилвакунон рақс кунанд, Хуррам аз ҳусни сафопарвари худ.
Ҳар санам ноз кунад, фахр кунад,
Боз бо ёри баландахтари худ.
Ҳайф бошад, ки дар ин шаб ёре
Дари дил баста нишинад хомӯш.
Дӯстон, ҳеҷ ба дил ғам нарасад
Қуфли дилҳо шиканад бонги «бинӯш».
Дилбаре гар ба ту тақдир накард,
Шод бошад ба ҳамон дилхоҳаш.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Ҳар кас аз бахт умеде дорад,
Макун, эй дӯст, забонкӯтоҳаш.
Гоҳ дилбохтагон мемонанд,
Ба кӣ тақдир кунад меравад ӯ,
Гаҳ яке кошт, дигар медаравад,
Ишқ бахтест чунин шӯъбадахӯ.
Ошиқ аст он, ки ҷавонмард бувад,
3-ӯ дилу дида нигаҳ, дор, рафиқ,
Боз бекина нигаҳ, кун ба рухаш,
Дил ба каф ҳамчу қадаҳ дор, рафиқ!
Бода нӯшем, ки то соли дигар
Равад аз ёди ту дилсахтии ӯ.
Бода нӯшем ба сарсабзии ту,
Бода нӯшем ба хушбахтии ӯ.
Нидои ишқ ___________________________________
МУҲАББАТ
Ба монанди замини норасида
Гили хомӯш будам, сард будам.
Ки сурат дидаву сират надида,
Ба сӯзу дарди кас бедард будам.
Намедидам чи сон себарга меруст,
Ба рӯи дашту дар домони кӯҳсор.
Намедидам чи сон хуршед мешуст,
Танаш дар оби раҳмат ҳамчу бемор.
Ба рӯзи сахти худ хандидам он рӯз,
Ҷавони худсару худрой будам.
Надонистам, ки толеъ чисту қисмат,
«Аҷаб хушбахту рӯҳафзой будам.
Чу манзилгоҳи бекас монда будам,
На дуде на чароғе доштам ман.
Муҳаббат шӯълае зад дар вуҷудам,
Ба дил сӯзу гудоз анбоштам ман.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Замин сабзу само нилуфарӣ буд,
Табиат ҳамсадо шуд бо дили ман.
Мисоли сабзруде мехурӯшам,
Замину осмон - ду соҳили ман.
Ҳавои кӯдакӣ ҷӯям баҳорон,
Ба рӯи одамон бекина хандам.
Гурезам боз аз мактаб ба саҳро,
Барои духтарон гултоқӣ бандам.
Нигоҳи меҳрубоне ҷӯям имрӯз,
Сари девори ӯ то лола бошам.
Зи нав дар сина ҷӯшад орзуям,
Ки дигарбора ҳаждаҳсола бошам.
Ба истиқболи мурғони баҳорӣ
Ҳамехонам суруди ошиқона.
Ҳамесӯзам ба мисли мурғи оташ,
Ки аз ишқу ту монад ин фасона.
Баҳор, эй гулбаҳори зиндагонӣ,
Баҳори ишқу умеду амонӣ,
Нидои ишқ ___________________________________
Ман аз ту ёфтам худро дигар бор,
Ман аз ту ёфтам аз нав ҷавонӣ.
Хотироте зи рӯзҳои дур
Менамоянд ҳар нафас сад роз
То набошад ҳама фаромӯшам,
Рафтаро ёд оварандам боз.
Селаи рӯзҳои бигзашта
Менамоянд дар назар такрор.
Лек чашмони боғбон бинад
Фарқи гулҳои ин баҳор аз пор.
Чист ҳар рӯзи рафтаам? - Ибрат,
Сабақу дарсу огаҳӣ будаст,
Додам аз даст ҳар баҳорамро
Бо умеде, баҳори дигар ҳаст.
Дар раҳи қуллаҳои дур имрӯз
Ҳар хато як аломати роҳ аст.
Як нишоне за танбеҳи сахте,
Як хитобе ба ҳар гузаргоҳ аст.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
БЕГОНА
Нигоҳи дилшикори ту куҷо шуд?
Рухи чун лолазори ту куҷо шуд?
Ҳам аз ман, ҳам ба худ бегона гаштӣ,
Ғурури ту, виқори ту куҷо шуд?
Ту хушрӯ будиву хушҳол будӣ,
Кабӯтарбаччаи навбол будӣ.
Саропо ҳусни дилҷӯю мубарро,
Аҷаб, хушбахту хушаъмол будӣ.
Дили худро ба ту тақсим кардам,
Сари шӯридаам таслим кардам.
Нигоҳи ту ба ҷонам кард тӯфон,
Чу шохе сӯи ту таъзим кардам.
Туро бедарду беғам дидам он рӯз,
Азоби ишқро санҷидам он рӯз.
Дили бесабри ман чун кӯдаке буд,
Зи бемеҳрии ту ранҷидам он рӯз.
Чӣ бедардем мо мардон ба дунё,
Чаро ранҷем аз ёрони дилхоҳ?
Чаро худ қадри ӯро кам шиносем,
Сипас бо ёди ӯ сӯзем ҳар гоҳ!
Нидои ишқ ___________________________________
НИДОИ ИШҚ
Ду тан андар зиндагӣ як бор ҳамдил
мешавад,
Ду дил аз сӯзи муҳаббат як замон хун
мешавад.
Моҳ бар сӯи замин ҳар сол моил мешавад,
Ду нигоҳ бо ҳамдигар як бор мафтун мешавад.
Кист он носӯхта дар кӯҳи ишқи бебарор,
Кист он дар зиндагӣ беҳуда дил нобохта?
Дар ғами шӯхи сияҳчашме нагашта дилфигор,
Кист он дар рӯи қоғаз мисрае пардохта?!
Чун ба чашмонат нигаҳ кардам қалам омад
ба даст,
Лоиқи ишқи ту танҳо буд гӯё ин ҳунар.
Оташи дилро фақат шеъру ғазал мекард паст,
Менишастам дар сари тасвири ҳуснат то
саҳар.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Гар кушандам, ки туро, танҳо туро мехостам, Ғунчаҳои боғи мову ту вале нашукуфта монд.
Балки дар як гӯшаи қалби ту маскан доштам, Розҳои мо бо ҳамдигар вале ногуфта монд?
Ошиқонро худписандӣ мекунад беъэтибор, Бахти моро он ғурури саркаши тифлона баст.
Ҳар ду бар дур роҳ рафтему гузашт он рӯзғор,
Аз ҳавои мухолиф тори меҳри мо гусаст.
Ҳар касе ҳамдасту ҳар хушбахт гар ёрат
шавад,
Ту сазовори фидо созад ба роҳат ҷону тан.
Дар раҳи пасту баланди умр ғамхорат шавад,
Дӯст дорад, сер ногашта зи рӯят, мисли ман.
Нидои ишқ ___________________________________
ЧАШМҲОЯТ
Ёди ту рӯзу шабон дар сари ман мерақсад, Барқи чашмони ту дар соғари ман мерақсад. Чашми ту аз гулу аз ахтару аз оби равон
Ҳар шабе дар сари ман, дилбари ман мерақсад.
Мӯи нобофта дар гирди сарат чанбар буд, Қадди ларзони ту дар нозу адо дигар буд.
Чун баҳор аз қадамат хонаи ман гул мекард, Ҳар қадам, ҳар сухану ҳар нигоҳат дилбар буд.
Чун гиёҳи сари роҳат зи назар афтодам,
Лек ман кай зи паи фикри дигар афтодам? Қавли ман буд якеву дили ман буд яке Сустаҳдии ту шуд ҳаҷр ба cap афтодам.
Боз мағрур ту аз пеши назар мегузарӣ,
Боз дар базм ту дар як қадамам мешуморӣ.
Боз мерақсию ҳар дам сари ман чарх занад,
Ту ба чашмони пур аз роҳ ба ман менигарӣ.
Ҳар сари сол гар аз нав чу гиёҳ мерустам,
Рӯи гарму нафаси поки туро меҷустам.
Гар диле дораму в-ар дидаи меҳрафшоне,
Боз аз меҳру вафо дастагуле мебастам.
Як замон бозии чашми дил афрӯхт маро,
Як замон дору мадори ту басо сӯхт маро.
Боз ман силсилаҷунбони вафодоронам,
Меҳри поки ту, гуло, кина наомӯхт маро.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
СУРУДИ ДУХТАРИ НОШИНОС
Дар канори рӯди кӯҳӣ месарояд духтаре,
Аз чудоӣ шикваҳо бо оби дарё мекунад. Месарояд ӯ суруди кӯҳнаи ҳузноваре,
Нолаҳо аз дасти ишқи номуросо мекунад.
Кӯҳ хомӯш асту соҳилҳои дарё ҳам хомӯш, Масарояд аз ҷафои ишқ навдилдодае.
Дар дили торики шаб гулдухтари имдодҷӯ Нолаҳо дорад зи ҳаҷри ёри дурафтодае.
Ишқи ӯ дар сина чун гирдоб мепечад ба худ, Ёди ёр аст он, ки андар дил талотум мекунад. Бар дили ҳар санг асар дорад ниёишҳои ӯ, Савти рӯҳафзош ҳатто сангро мум мекунад.
Аз кучоӣ, кистӣ, дар ин шаби касношинос?
Ҳар касе бошӣ барои ман сурудат ошно. Зарбаҳои қалби худ бишнохтам з-овози ту,
Бо дили дардошнои ту дилам шуд ҳамсадо...
Дар сари хирман шабонгоҳон мани дилбохта, Месурудам, ҷӯр мегаштанд бо ман рӯдҳо Месурудам ман суруди ошиқони дарднок,
Он суруде, ки ба аҳли дард будаст ошно.
Мисли ту гум кардам ман ҳам нахустин ёри худ, Ёфтам ман аз суруди ту нишонашро кунун.
Бо ҳама дарду азобу содагиву сӯзу соз
Ишқи аввал шуд маро дар зиндагонӣ раҳнамун.
Нидои ишқ ___________________________________
ШИКВА
Дили пурҳасрате чун ҷоми лабрез,
Ду чашмоне нимапӯши дардангез.
Басо аз ҳамнишинон шикваат буд,
Вале аз худ набудат шиква ҳаргиз.
Ту мегуфтӣ, ки чашми бахт кӯр аст,
Ки қисмат баҳру оби баҳр шӯр аст,
Ту мегуфтӣ, зани зебост бебахт,
Агарчӣ дар малоҳат ҳамчу ҳур аст...
Кунун ҳар мард пешат нописанд аст,
Ҳама дунё дурӯғу макру фанд аст.
Машав навмед аз ноомади бахт,
Ки инсон бо умеди худ баланд аст.
Гуло, онон, ки бо ту ёр буданд,
Зи лутфат ҷумла бархурдор буданд,
Ба ту ошиқ набуданд аз дилу ҷон,
Ба ном ошиқ, ва ё хушдор буданд.
Машав ранҷидахотир ҳаргиз, эй гул,
Машав дилсард охир ҳаргиз, эй гул.
Ба чашми дил бубин он бедилонро,
Машав мафтуни зоҳир ҳаргиз, эй гул,
Ба дунё мардуме, ки некбинанд,
Зи гулзори сари paҳ гул начинанд.
Агар дар роҳ гул не, бахт рӯяд,
Яқин дар сояи он кам нишинанд.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
МАСЛИҲАТ
Дар баробар бо қадат қад ёфтӣ,
Лоиқат аммо диле пайдо нашуд.
Ёри ҳамдасту ҳамилҳон кофтӣ,
Як замон бозори ҳуснат гарм буд.
Пеши ту сад бор қурбон мешуданд,
Саҷда бар хоки қудумат доштанд.
Дар сухан дарёи паймон мешуданд,
Аз паси ту лек ғайбат доштанд.
Дил ба ваъда додиву ҳазёни пуч,
Лек он гулҳо ҳама бебор буд.
Теғ зад бар синаат паймони пуч,
Бар ту изҳори вафо озор шуд.
Ҷои гул гар бар кафат хоре задаст,
Ин қадар аз умр домангир ту?
Ноҷавонмарде умедатро шикаст,
Пас чаро аз зиндагӣ дилгир ту?!
Ҳаст дилхоҳи ту, эй гул, ҳар куҷо
Якдилу якқавл, ёри бовафо.
Номи неку хулқи шево боядат,
То ки он озода ҳам хоҳад туро.
Нидои ишқ ___________________________________
СУРАТ
Ба нигоре, ки аз ин сафҳа ба ман менигарад
Ҳеҷ кас чун мани дилдода гирифтор набуд.
Ҳар яке дошт умеде дили ӯро бубарад,
Лек монанди манаш ташнаи дидор набуд.
Дар муҳаббат ба ҳама толеи хуш ёр нашуд, Ҳеҷ кас варна чу ман ошиқи дидор нашуд.
Ба муҳобот зи чарх ахтараш орам, ки чи суд, Рафт ӯ бо дигаре, ёри мани зор нашуд.
Нигарам сурати ӯ, ёди ман ояд ситамаш, Солҳо рафтаву доғаш наравад аз дили ман, Ин варақ пеши назар оварадам он оташ,
Ки дар он сӯхт ҳама кишти ману ҳосили
ман...
Боз дил дидаву ошиқ шавам, аммо ба чаҳон
Ба чунин сӯз дигарбора тапидан нашавад,
Бо пару боли муҳаббат, ки буридаст нигор Метавон зист, вале ҳеҷ паридан нашавад.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
ДАР БАЗМ
Ҳамерақсӣ ба сози ёри дигар,
Кунун мафтунӣ аз дидори дигар.
Чу кафтар ҳар тараф пар мезанӣ ту,
Ба пои нокасон cap мезанӣ ту.
Чаро умеди ман дар дил шикастӣ?
Чаро ту чашми рӯзи ман бубастӣ?
Нанолам, дарди ман нолиданӣ нест,
Ки мардонро ба ҳар ғам шеване нест.
Агар нолидам, аз дарде бинолам,
Сазад бо ман бинолад ҳалқи олам.
Кунун хандам, бихандад кӯҳ бо ман,
Бихандад даҳр беандӯҳ бо ман.
Нидои ишқ ___________________________________
БАЗМ
Ман ин бода нӯшам ба ёди гуле,
Ки бо ӯ маро хотир осуда аст.
Агарчӣ дар ин ҷо надорад, ҳузур,
Хаёлаш фараҳ дар дил афзудааст.
Бинӯшам ба ёди ҳамон нозанин,
Ки бо ӯ басе шоду ғамгин будам.
Гаҳе худнамову гаҳе хурдагир,
Гаҳе беш аз ҳад батамкин будам.
Ман ин арғувони қадаҳро тамом
Бинӯшам ба ёди ҳамон дӯстдор,
Ки бо ман ҳама ҷо дилаш хуш бувад,
Ба роҳам ҳама шаб бувад интизор.
Ман ин бода нӯшам барои гуле,
Ки ӯ ҳар ғамамро ба ҳам дидааст,
Вале рӯзи шодиву дилҷӯиҳо
На ҳар гоҳ андар канорам нишаст.
Ман ин бода нӯшам барои гуле,
Ки ӯ дар муҳаббат фидокор монд.
Ҳамеша ба рӯям бихандид ӯ,
Ҳамеша ба меҳраш вафодор монд.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
НАДОМАТ
Нарав, эй ёр нарав, аз дилам умед мабар,
Гӯш кун бар суханам, даст наафшон ба ҷафо. Нарав, эй шодии ман, аз гуноҳам бозгузар,
Дил набардор аз ин хонаи умеду вафо.
Дил набардор ба саҳл аз мани бечора чунин, Бас хато кардаму бо бераҳае ёр шудам.
Аз раҳи шафқату дилҷӯӣ маро тарк макун, Ногаҳ аз дӯст ҷудо гашта нагунсор шудам.
Шодиам аз рухи шодоби ту бошад асаре,
Дили ман бо гули рӯи ту ҳаёт аст мудом.
Бо ҳама мастиву майнушиву девонагарӣ Синаам хонаи умеду нишот аст мудом.
Бо ту якриштаву яктофта монам ба ҷаҳон,
Ҳар ду як байт сурудем зи ду мисраи умр. Нарав, эй ёр, баҳори дигаре нест, бидон, Навбати кишти дигар нест ба ин мазраи умр.
Нидои ишқ ___________________________________
РОЗҲО
Шаби маҳтоб, гулгаштеву дарё
Нигоҳи ёри бепарвою хомӯш
Фаромӯшам намегарданд асло,
Намегарданд як умре фаромӯш.
Агар дарё забои медошт мегуфт,
Муҳаббатро чи подоше супурд ӯ.
Дили бечораамро бетарраҳум
Ба монанди аноре чун фишурд ӯ.
Ба роҳи хеш вай ҳам рафт ман ҳам,
Бирафт, ӯ бахти осон ҷуст ҳар ҷо.
Вале ман сӯи фардо роҳ ҷустам,
Нашуд доғи вай аз дил шуст асло.
Ғaми норафтанӣ ҳаргиз набудаст
Чу кӯҳ бошад, ки мӯ-мӯ меравад он.
Бирафтам, гарчи тан додам ба тақдир,
Дили якрав, вале дар кӯи ӯ монд.
Ҷавонӣ меравад, ҳайҳот, бингар
Намеояд ба ҷӯи умр ин об.
Бо соҳилҳои ту, рӯди азизам,
Намеоям дигар шабҳои маҳтоб.
Агар он ваъдабоз ояд, аё дӯст,
Сари роҳаш бигир аз мавҷ занҷир.
Фаромӯшат нагардад, рӯди маҳбуб,
Дили сӯзони ман аз дасти вай гир!
__________________________________ Баҳром Фирӯз
БОЗ A3 РОЗҲОИ МАҲТОБЙ
Шом аз сояхои нилобӣ
Хайма бар рӯи пахтазорон зад,
Бар машомам насими бегоҳӣ
Накҳати кокулони ҷонон зад.
Ман дар оғуши хотироти дур
Мегузаштам аз ин раҳи саҳро,
Дар сари роҳи ман тарозудор
Пахта бар мекашид бо ғавғо.
Нарму оҳиста аз канори руд,
Хандаи дилбарона меомад,
Аз ҳама сӯй нағмаҳои шӯх
Мавҷҳои тарона меомад.
Пахтачин духтарони хушгуфтор
Аз муҳаббат тарона мехонданд,
Дили манро ба ҷӯш оварда,
Ғазали ошиқона мехонданд.
Боз ёди нигори дерина,
Оташ афрӯхт дар тану ҷонам.
Рози кайҳо нагуфта монда ҳанӯз
Шӯр афганду кард ҳайронам.
Боз дар банда ишқи деринам,
Боз дар байни пахтазоронам.
Орзуҳои рафтаам аз нав
Аз куҷо зинда шуд, намедонам.
Нидои ишқ ___________________________________
НИМИШАБ
Нимишаб буд дар канори рӯд
Нағма cap кард марди нобино.
Нолаи дилхарош оҳиста
Рехт дар ҳам сукунати шабро.
Дар фазои хомуши кӯҳистон
Нолаи най ба дард мелағжит.
Дар сукути замини симобӣ
Шӯълаи қалби мард мерақсид.
Нимишаб найнавози нобино
Ранҷи дилро ба нағма мепардохт
Ӯ ба оҳанги найу савти руд
Дар дили шаб сурур меандохт.
Дар сари ӯ ҳавои ёди кист,
Сози ӯро кӣ сӯзи ҷон додаст?
Машъали шеъри кист дар дили ӯ,
Ё ки сайди кадом сайёд аст?
Кист имшаб зи нағма беором
Дар дили нимашаб кӣ бедор аст?
Кист дар печу тоб афтода,
Кӣ аз ин нағмахо дилафгор аст?
Шарфае ногаҳон ба гӯш омад,
Ё ки ногаҳ насим бол афшонд,
Сози пурсӯз аз наво афтид,
Моҳ бар китфи кӯҳ cap мемонд...
__________________________________ Баҳром Фирӯз
БЕ ТУ ДАР САЙР БУДАМ...
Бе ту дар сайр будам,
Дар шафати абр будам,
Дар бари қулла --
Таҳи шаршараи наҳр будам.
Борҳо бо ту дар ин гулдара биншаста будам,
Ёд дорӣ, ба сарат чанбари гул баста будам...
Кӯҳ, он кӯҳу чаман, он чамани сабзи баҳор,
Руд, он руди булурини ҳамон замзамакор.
Кабкҳо нағмасаро санг ба санг мепарранд,
Шабпаракҳои чаман нусхаи гул мешумаранд. Пок аз гард рухи сабзаву себаргаи тар,
Хуш ҳавоест, ки полуда чу чашмони саҳар. Омадам бе туву бо ёди ту дилтанг шудам,
Ёр, ин ҷо ҳама ҷон ёфту ман санг шудам.
Нидои ишқ ___________________________________
ҚИСМАТИ ҲАЛОЛАМ ДЕҲ!
Орзу ҳамчун ваъдаи ширин
Хуш нигоҳи биё-биё дорад.
Гар қадам монӣ бар сари парвин,
Боз бар пеш дорад исрорат.
Нуқтаи интиҳони ин paҳ нест,
Ҳаст оғозу несташ анҷом.
Турфа роҳест, ҳамчяунон шохест,
Меваҳои баланд дар он хом.
Одамӣ дар талош меҷӯшад,
Меситезад чу барқ метобад,
То ки он орзуи худро баъд
Пухта бинад, расида дарёбад.
Хоҳам, эй бахт, аз ту ҷавлонгаҳ,
Ки дар он по ниҳам, ҷаҳон гардам,
Хоҳам аз ту ба роҳ фармоне,
Дар пояш сӯзаму ҷавон гардам.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
ТАКРОР МЕОЯМ
Даруни синаам яхҳо шикаста,
Миёни ҳалқаҳои чашми ман хуршед
мерақсад,
Баҳорон боз меояд.
Ба cap хуршеду андар синаам умед
мерақсад,
Баҳорон боз меояд.
Ман акнун дар лаби дарё,
Ман акнун дар канори чашмаҳо
Ба мисли сабзаи навхез боз аз хок мерӯям.
Назар бинмуда чун кӯҳ, аз паси дарё
Нишони рӯзҳои рафтаам дар об мебинам,
Ман аз нав дар баҳори умри худро ёд
меорам,
Суруди тоза мехонам,
Ман акнун бо фазои лоҷувардӣ роз мегӯям, Мухаббатҳову улфатҳои дурам боз меҷӯям.
Зи ҳар пайроҳаи бигзаштаам такрор меоям,
Зи нав такрор меоям.
Ман акнун аз ҳавасҳои парешон даст
мешӯям,
Нигаҳ аз ахтарони дур мебандам.
Ба таъзим аз замин гулҳои рангоранг
мечинам,
Заминро саҷда меорам,
Ба ёрон аз баҳори орзуҳо мужда меорам
Агар гирям, чу абри навбаҳорон
Наву такрор мегирям.
Агар хандам, чу гулҳои баҳорӣ тоза
механдам,
Наву такрор механдам.
Нидои ишқ ___________________________________
МАН ДИЛЕРО НАМЕКУНАМ ҚИСМАТ
Духтаре чун ниҳол мавзун буд,
Ошиқи ҳусни сабзи ӯ будам.
Ҳар шабу рӯз дар канори рӯд,
Дилпур аз бахт назди ӯ будам.
Гӯиё аз нигоҳи сайёд ӯ
Ҳамчу оҳу рамида меомад.
Аз чӣ бошад, ҳамеша ношод ӯ,
Боибо, сархамида меомад.
То набинанд бо манаш ҳамдард
Ҳамчунон барги бед меларзид.
Рӯй аз одамон панаҳ мекард,
Дар паси кокулони маҷнунбед.
Шеър мехонд дилбари дилёб,
3-он, ки мо дар ҷаҳон намепоем,
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Меравад умр ҳар нафас чун об,
Мо ба дунё дигар намеоем.
Шеър мехонд нарм-нармак ӯ,
Аз ҷудоиву аз ғами ҳиҷрон.
Нола мекард бод аз ҳар сӯ,
Оҳ мезад бод бо афғон.
Дил ба андӯҳи дигаре машғул,
Ёр бо ман нишаста механдид.
Як гулаш ношукуфта аз сад гул,
Духтари дилшикаста механдид...
...Ман дилеро намекунам қисмат,
Як диле бардавом мехоҳам.
Баҳри ман нима дил чӣ кор ояд,
Ман дилеро тамом мехоҳам.
Нидои ишқ ___________________________________
КӮҲСОР
Гузашта аз баланду пасти дунё
Ба оғӯши ту оям боз фардо.
Равам аз маҷлису ғавғои бисёр,
Бипечам дар ҷаҳони орзуҳо.
Намегӯям ба зинат беқиёсӣ,
Ту чун модар ба умри ман асосӣ.
Ҷавон рафта, агар ман пир оям,
Маро чун кӯдаки худ мешиносӣ.
Дилам бо орзу пур мекунӣ боз,
Чӣ гум кардам, ту ҳозир мекунӣ боз.
Ду чашмам бор мебардорад аз бахт,
Маро, кӯҳсор, шоир мекунӣ боз.
Ба дӯшам бори армонҳои бисёр,
Умедам чун асо доим нигаҳдор.
Агарчӣ пири барҷомонда бошам,
Ба побӯсит оям боз, кӯҳсор.
Шудам пазмонат, эй фархунда маъвой,
Равам ҳар гоҳ истиқбол бинмой.
Равам дар манзили худ ҳамчу фарзанд,
Чу модар нимишаб дарвоза бикшой.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
ҲУЛБӮЙ
Ранг додааст замин ҷумла гиёҳу гулро,
Ранги худро ба ту додааст ҳамин хоки Ватан Бурдаанд атри заминро ҳама гулҳо бо худ,
Бӯи худ дода ба ту хоки фараҳноки Ватан.
Дур аз ёру диёр атри диловези туро,
Ёфтам дар лаби дарёчаи шӯхоби дигар,
Обаки сарду зулоли деҳа ёдам омад,
Кофтам накҳати гумкардаам аз сабзаи тар.
Обаки кӯҳии мо таъми шифобахши ту дошт, Сар ниҳад то ки ба пои ту, давон меомад.
Ба машом атри фараҳбахши ту меомад аз он, Пояю барги туро бӯсазанон меомад.
Дар хумори туям, эй меҳргиёҳи хокам,
Дар машомам ҳама дам бӯи фараҳбахши
ту буд
Дур аз соҳили Варзоб дилам ёди ту кард,
Дар назар ҳулбаи хушбӯи лаби ҷӯй намуд...
Дар лаби ҷӯй ба ёди ту нишинам нафасе,
Зи насими ту нафас гираму гӯям ҳар бор!
Бӯи ту, бӯи замин, атри шифобахши ватан,
Бӯи тифливу ҷавониву баҳори кӯҳсор.
Нидои ишқ ___________________________________
ШИКВАИ РӮДИ КӮҲӢ
Шоиро, хуш омадӣ меҳмони ман,
Меҳмони мавҷи хушилҳоми ман.
Пештар о, тарсам озорат диҳанд,
Хорҳои соҳили урёни ман.
Лаҳзае биншин, ба оби ман нигар,
Як нафас ба печутоби ман нигар,
Бар ғами мардум ту бепарво наӣ,
Ғамгусорӣ, бар азоби ман нигар.
Чор фасли сол ҷавлон мекунам,
Чӯлу саҳроҳо гулистон мекунам,
Ман мутеи дасти инсонам кунун,
Ҳар чи хоҳад одамӣ, он мекунам.
Лек инҷо ҳоли зори ман бубин,
Дар ду паҳлӯ регзори ман бубин.
Бенасиб аз сабзаву себаргаам,
Ҷои гул хори канори ман бубин.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Обам, аммо оташи сӯзон ба бар,
Дасти мардонро намебинам ба cap.
Сояи барге наафтад бар сарам,
3 - ин сабаб ман белаҷому худсарам.
Ҷаҳд бошад, соҳили ман боғ буд,
Домани ман низ боғу роғ буд.
Ман намерафтам аз ин ҷо чун ғариб,
Аз ҳавои зиндагонӣ бенасиб.
Дар канорам ошиқони беқарор
Роз мегуфтанд бо ҳам шодмон.
Дасту рӯ шуста ба обам марду зан,
Оббозӣ менамуданд кӯдакон.
Ҷаҳ - ҷаҳи мурғон дар ин ҷо, шоиро,
Бо суруди ту танинандоз буд,
Сабзаву гулҳои шабнамшустаам,
Зери поҳои ту пойандоз буд.
Лек он гоҳ, шоиро, аз назди ман
Бо ду - се сатрат намерафтӣ бадар.
Коҳилӣ гар менамудӣ, бесухан,
Буд бо ту гуфтугӯи ман дигар.
Нидои ишқ ___________________________________
ТИФЛИ ОФТОБ
Ханҷари барқ абрро аз ҳам дарид,
Сар бурун овард хуршеди баҳор.
Ҳамчу пирони кӯҳистонӣ банур,
Тори ришаш паҳн карда дар канор.
Ман, ки тифли офтобам, ҳар саҳар
Панҷаи хуршед бошад бар сарам.
Хоназоди офтобам дар замин,
Нури он бар cap чу дасти модарам.
Ташнаам ман чашмаи хуршедро,
Ман ба роҳи офтоб истодаам.
Бе шуоям сабзаи пажмурдаам,
Бенигоҳаш соғари бебодаам.
Гаҳ ба мисли мавҷи нури офтоб
Мезанам фавора аз девору дар,
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Рӯи саҳроҳо парешон мешавам,
Тори кӯҳҳо медурахшам ҳар саҳар.
Ман фурӯ резам ба қаъри чоҳҳо,
Тангнои тираро равшан кунам,
Ман сукути рудҳоро бишканам,
Бо забони қатраҳо шеван кунам.
Шӯълаи хуршедро бар дашту дар
Ҳалқаи чашмони ман бар мекашанд,
Аз кафи дастони ман фасли баҳор
Лолаҳо бишкуфта соғар мекашанд.
Ғунчаҳо во гашта дар оғӯши ман,
Рангу бӯи гул зи эҷози ман аст.
Аз қудумам даштҳо гул мекунанд,
Ҳусни хок аз сӯзу аз сози ман аст.
Нидои ишқ ___________________________________
ТЕШАИ НАҶҶОР
Ба устод Мирзо Турсунзода.
Гӯянд падар дуредгар буд,
Як чӯбтароши пурҳунар буд.
Чун теша задӣ ба шавқ наҷҷор,
Ҳар чӯб шуди нафису ҳамвор.
Чун нақш ба чӯб метарошид,
Гӯё дили хеш мехарошид.
Ҳар гӯша аз ӯ ҳаёт меёфт,
Ҳар манзил аз ӯ нишот меёфт...
Шояд ки ҷилову сайқал аз ӯ
Омӯхт писар ба шеъри дилҷӯ.
Дар даҳр иморат аз сухан кард,
Андар дили мардумон ватан кард.
Афрохт бинои пойдоре,
Аз шеъру суруди дӯстдорӣ.
Дилҳо зи ҳунар ба ҷӯш овард,
Аз ҳуш рабуду ҳуш овард.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
ШОГИРД
Мо ба шогирдӣ ба дунё омадем,
Мо ба шогирдӣ нигаҳ бикшодаем.
Чун давоми роҳи устодони худ
Аз барои хеш paҳ бикшодаем.
Зистан омӯхт моро рӯзғор,
Чашми моро зиндагӣ хушёр кард
Мо мурувват дидаем аз дӯстон,
Лутфашон моро накӯкирдор кард.
Меҳри гарму шафқату одамгарӣ,
Ҳар нигоҳи беғараз дар ёдӣ мост.
Раҳнамои мо бувад хурду бузург,
Чашми ибратгир истеъдоди мост.
Нидои ишқ ___________________________________
ШЕЪР
Дар ҳақи ёри сабзаву гулзор
Шеър гуфтан зиёда мушкил нест.
Шеър гӯяд ҳар ошиқе ночор
Шеъри ӯ гарчи з - оташи дил нест.
Шоиранд ошиқони дилогоҳ
Ман ҳам аз ишқ шеър мегуфтам.
Рӯи ёр офтоби оламтоб,
Мижгонаш чу тир мегуфтам.
Баъд шӯҳратталош як дилсард
Дар паи шеър афтухезе кард.
Аввалин бор шеър бинвиштам
Бо ситеза ба қасди он бедард.
Бехабар ман аз он, ки дар олам
Мардуми бехурӯшу беғам ҳам
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Гоҳу бегоҳ шеър мебофанд,
3-он матои касод мелофанд.
Бехабар ман аз он, ки инсонро
Аввалин шеъри асл гул будаст.
Бехабар ман аз он, ки дар дунё
Шеъри шоир барои пул будаст...
Сатрҳо бефурӯғу безинҳор,
Маъниҳо обшуставу беранг.
Шеъри дилнописанд шуд бисёр,
Омад аз шеъру шоириам нанг.
Дарди касро даво нашуд ҳаргиз,
Пас чи даркор инчунин ашъор?!
Бе ҳамин сатрҳои лангон низ
Пур шуд олам зи шеъри нодаркор!
Нидои ишқ ___________________________________
ҚАЛАМ
Қаламам зӯру иқтидорам шав,
Теғ шав, теғи обдорам шав.
Мисли шамъе бисӯз беармон. Равшанибахши рӯзғорам шав.
Қадди ман ҳам шавад зи бори умр,
Ростӣ ҷӯю ростагорам шав.
Вақти пирӣ асои дастам бош,
Бемадорам агар, модарам шав.
Гар бимонам ҳақиру бечора,
Дасти ман гиру чорадорам шав.
Дар зафардои пуршукӯҳи халқ
Дастаи байрақи диёрам шав.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
НА ИНУ НА ОН
На дар ту хазоне, на дар ту баҳоре,
Ба ҷуз тирасурат ба дунё чӣ дорӣ?
На обӣ, на оташ, на бодӣ, на хокӣ,
Ба ҳар чашми бино нишаста ғуборӣ.
Чу шабтоб кирме ту зулматпаноҳӣ,
Чӣ мавҷуди хокӣ, ки гардунвиқорӣ?
Ба нармӣ на лаҳмӣ, на сахтӣ чу сутхон,
На ину на онӣ, маи бехуморӣ.
Чӣ гӯям туро ман, чу лойе дар ин paҳ,
Ба ҳар по нишаста қадам мегузорӣ.
Забон дар даҳон каш зи мардумфиребӣ, Малахро чӣ даъвӣ ба шоҳиншикорӣ.
Нидои ишқ ___________________________________
МОЛДОВА
Бо ту доим ҳамнишин гар нестам,
Гул ба дасту май ба соғар нестам,
Бо ту ҳастам ошно аз кӯдакӣ,
Мехмон аз мулки дигар нестам.
Менигаштам дар харита сӯи ту,
Ҷониби ҳар теппаву кӯи ту.
Мефишурдам дасти ту аз дуриҳо, Меситудам қудрати бозии ту.
Бо ту аз соли чилу панҷ ошно,
Аз хати сегӯшае, к-омад ба мо,
Ҳамчу тӯморе фиристодӣ падар,
Баҳри таскини дили мо - баччаҳо.
Сер дидам ин замон хоки туро,
Аз қаду бар гаштам онро борҳо
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Сатҳи ту чун номаи сегӯша аст,
Номае, к-аз қалби аскар шуд чудо.
Дӯст буд он, ки маро хушҳол кард,
Марҳабо гуфту хуш истиқбол кард.
Бо дили пурмеҳр дастамро фишурд,
Синаам аз меҳр моломол кард.
Дар паноҳат шодмон будам чу дӯст,
Рӯзи тӯят гулфишон будам чу дӯст,
Бо ту он сон меҳру ёрӣ доштам,
Хайру хуш гуфтам гарон будам чу дӯст.
Эй диёри босафо, гулпӯш бош,
Чун Днестр, чун Дунай пурҷӯш бош.
Ҳамчу токи реша дар хок авҷ кун,
Бо ватан ҳамдасту ҳамоғуш бош.
Нидои ишқ ___________________________________
ДАР КӮЧАИ НЮ - ЙОРК
(Илҳом аз Луис Симпсон)
Зангие дар кӯчаи шаҳри Ню -Йорк Мезанад ба таблу мерақсад накӯй. Пойкубон, дастафшон меравад,
Гӯӣ шодӣ мекунад чун рӯзи тӯй.
Байрақи давлат ба тан чун пираҳан
Меравад афтону хезон дар ватан.
Меравад болову поён байрақе,
Ҷилвагар дар пеши чашми марду зан.
Косае дар даст мерақсад гадо,
Мезанад он косаро дар санги роҳ.
Гушна нон мехоҳад аз ҳар раҳгузар
Беибо аз рӯзғори пурҷуфо.
Ӯ надорад шарм ҳаргиз аз Худо,
Шарм доред, эй шикамсерон, шумо,
Шарм дор, эй рӯзғори беамон,
Шарм дор, эй бемурувват Амрико...
_________________________________ Баҳром Фирӯз
РОЗИ ПАДАР
Чун рӯд роҳи худро мо худ кушода будем,
Бар ҳукми қисмати худ мо тан надода будем.
Бар ташнагон зи дарё обе надод дунё,
Аз чашмаи дили худ дарё кушода будем.
Xopy хасе набуда саде, ки рохи мо буд,
Бар теғхои урён мо по ниҳода будем.
Бap дӯши хеш умре бори замона бурда,
Мо пайравони роҳи кас нофитода будем.
Моро ҳам инчунин буд як умр, як ҷавонӣ, Бингар, ки мо саропо азму ирода будем.
Нидои ишқ ___________________________________
ФИЛИ ПИР
Солҳо ин фили дастомӯзро
Кас надида оҷизу афтодарӯҳ.
Фил не, рӯи сутуни чор по
Устувор афтода буд якпора кӯҳ.
Солҳо дар боғи ҳайвоноти шаҳр
Буд маҳбуби ҳама хурду калон.
Шӯху ширинкору беозор буд,
Шодмон буданд бо вай одамон.
Заъфи пирӣ карда ранҷураш магар
Ӯ дигар аз гӯшае н-ояд бурун.
Ҳуштаку фарёдҳои баччаҳо.
Филро бас беасар бошад кунун.
Аз сари мардӣ ба по истодаӣ,
Фили бозингар, намехобӣ чаро?
Ё худ аз пирӣ ту исён мекунӣ,
Ё ба дил дорӣ ту дигар муддао?
Гуфт фил андар ҷавоби ман ба дард:
Пири ранҷурам, вале дастам ба по
Мард дар бистар бимирад, мард нест.
Оҷизу музтар намирам ҳеҷ гоҳ.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
ТАРОНАИ ЁВОН
Ман чу саҳро беканорам,
Чун назарҳо беҳудуд.
Чун биёбон безабонам,
Рузу шабҳо дар сукут.
Ман чу саҳро, синаи ман
Хоки бодоварда нест,
Гӯшаи сарбастаеву
Шавқи дар худ мурда нест.
Дил ба рӯи каф чу саҳро
Ман на пастам, не баланд,
Ҳар кӣ ояд рӯи кафи дил
Гӯӣ дастархони ман
Гар бубинӣ дар дили ман
Гӯшаеро дар ғубор
Беумеде, бенавиде,
Бе ҳавои рӯзғор
Ҳар кӣ бошӣ ист як дам,
Дил макан ҳоло марав.
Ин биёбон аз садоқат
Лолазорон мешавад,
Сайргоҳи ошиқону
Кӯи ҷонон мешавад.
Ман чу саҳро гар ту ой,
Ҳамчу оби сарди Вахш
Дашти Ёвони туам, ман,
Бо сафову рӯҳбахш.
Нидои ишқ ___________________________________
ТИРЕЗАҲО
Шом асту боз чашм кушоданд як ба як Тирезаҳо чун дидаи андешаҳои ман.
Рахшанда ҳар шабу саҳар аз нури зиндагӣ,
Дар роҳҳои орзу чун раҳнамои ман.
Дерест, ман ба шӯълаи он шишаҳои пок
Шабҳо назора дораму ҳастам бас интизор.
Дерест ман ба партави он пардаҳои роз
Хонам таронаҳои умед аз вафои ёр.
Оинаҳои қисмати ман, эй тирезаҳо,
Эй равшани ҷону дили беқарори ман, Ман интизори шӯълаи бедории шумо, Сӯи шумост дидаи умедвори ман.
Эй равзани назораи чашмони чори ман. Тирезаҳои равшани умедвори ман.
Ҳар гоҳ парда мекашад бар рӯятон нигор,
Гуё ниқоб мекашад ба рӯзғори ман.
Эй чашмҳои гарми сухангӯи ошно,
Рахшон тирезаҳои дилафрӯзи ёри ман,
Бар равшании поки шумо дар шабони тор Ҳастанд ташна ҷону дили беқарори ман.
Бошед агар кушодаву рахшону дилфурӯз Бикшодааст ин дили пурорзуи ман.
Чашмам зи осмону замин баста мешавад.
Гар пӯшад он нигор шуморо ба рӯи ман.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
НИҚОБ
Як замон марди фурӯтан буд ӯ,
Меҳрубону мушфиқу ғамхор буд.
Ҳам баробар буд бо хурду калон,
Доимо пуркору камгуфтор буд.
Як замон дар байни ёру дӯстон
Хуштабиат, хушсухан дилзинда буд.
Аз нигоҳаш меҳру шафқат рехта,
Чеҳраи ӯ доимо пурханда буд.
Борҳо аз сидқи дил, бо тобу таб
Ӯ ба дарди дигарон ҳамроҳ буд.
Доимо дар имтиҳони зиндагӣ
Аз тамоми неку бад огоҳ буд.
На хушомаддӯст, на таърифхоҳ,
Дар назарҳо ҷони одам буд ӯ.
Беҳтарин ҳамроҳ дар роҳи сафар,
Марди бас хушбахти олам буд ӯ.
Баъдтар вай з-одаму одамгарӣ
Аз атои умри худ парҳез кард.
Монд як сӯ дӯстиву ёварӣ,
Худписандӣ косааш лабрез кард.
Одамӣ ҳар қадр бошад дар ниқоб
Дер ё зуд боз ифшо мешавад.
Лек ман ҳайронам акнун, дӯстон,
Аз куҷо ин дард пайдо мешавад?
Нидои ишқ ___________________________________
ТАВБА КАРДЕМ
(Ба хотираи кайоннаварди шаҳид Владимир Комаров)
Хабари марги муфоҷоти далер
Дар асабҳои ҷаҳон ларза фиканд.
Дар гулӯ печ зад оҳи ҳама кас,
Аз дили даҳр фиғон гашт баланд.
Шарари синаи халқу ватанам
Рафту баргашта ба манзил нарасид.
Қосиди пурдили халқам ин бор
Дар сари роҳи само гашт шаҳид.
Ӯ на Колумб, ки бар сарвати ҳинд
Роҳ ҷусту, --
Яке амрик кушуд.
Ӯ ба амри ватану ҳукми замон
Банди афсонаи торик кушуд.
Чун Магеллони само одамият
Достони сафараш мехонд.
Ҳамчу Беруниву Сино ӯро
Ин замин шӯҳрати худ медонад.
Ӯ нарафт аз паси як пора замин,
Ба само шайтанатангезӣ нарафт,
__________________________________ Баҳром Фирӯз
Ҷон Стейнбек, чу фарзанди шумо
Сӯи Ветнам пайи хунрезӣ нарафт.
Ӯ нарафт аз паси симу зари муфт,
Ё пайи меваи боғи дигарон
Набуд ӯро тамаъ аз моли касе,
Набуд у марҳаматеро нигаронд...
Бедилу бешарафе хушнуд аст:
-
Мо нагуфтем, ки барвақт ҳануз.
Панд гӯяд мушаке бо ҳикмат:
- Ба кӣ даркор само ин шабу руз?
Пурсад андар паси девор нихон:
- Тавба кардед, аё шаккокон?
-
Аз азал тавбафаромӯшонем,
Обию оташием мо яксон.
- Тавба кардем?.. Ватан фармон кард
Кӯдаку духтари мо тавба накард,
Павлику Зоя магар таслим шуд?
Не, не, аз қисмати худ шиква накард,
Аз азал тавбафаромӯшонем,
Зиндагонӣ ба раҳи мо гардад.
Ба ҳамон роҳ, ки ҷон кард нисор
Қудрати одамӣ боло гардад.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Ба ту рӯхи қавӣ, тани солим,
Ба ту сӯзу гудоз мехохам.
Дасти мушкилписанд дар ҳар кор,
Бахти беимтиёз мехоҳам.
Рӯзи кӯтоҳ, бо талоши кор,
Солхои дароз мехоҳам,
Ақли мушкилкушоӣ дар ҳар боб,
Фикрати чорасоз мехоҳам.
Ба ту хони кушодаи эҳсон,
Ба ту дарҳои боз мехоҳам,
Пои ту пойдор дар ҳама кор,
Дасти ту бениёз мехоҳам.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
* * *
Як шаби тираранги маҳолуд,
Боғу бому дари фақирона.
Дар сукути ғамоваре бехуд
Буд чашмам ба кӯи ҷонона.
Чашми сад кас ба сӯи ин манзил,
Лек ёри нигор будам ман.
Ошиқи он ягонаи хушгил,
Ҳар шабе интизор будам ман.
Паҳлӯи ман нишаста дар ин ҷо
То дили шаб таронаҳо мегуфт.
Аз муҳаббат фариштаи раъно
Ёд дорам, фасонаҳо мегуфт.
Рафта имрӯз ганҷ аз ин вайрон,
Доғ шуд дар дили ман он армон.
Чашмам ин боғро хазон медид,
Дигар аз зист бенишон медид.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Шоир аз гуфтор монад,
Базмҳо беҷӯш монанд,
Торҳо аз ҳам гусаста
Мутрибон хомӯш монанд.
Бе фурӯғи шеъри шоир
Раҳравон гумроҳ бошанд,
Нокасон аз дилсиёҳӣ
Доғи нав бар мо пошанд.
Шоир аз гуфтор монад,
Мункирон бар минбар оянд
Оқилон хомӯш монанд,
Ҷоҳилон даъвогар оянд.
Бишканад гар килки шоир,
Бишканад паймони ёрон,
Бишканад ғавчуби раҳҳо,
Нашканад армони ёрон.
Гар забун афтод шоир,
Теғҳо гарданд урён.
Сабзаҳо сӯзанд яксар,
Кинаҳо ҷӯшад зи чашмон.
Шоир аз гуфтор монад,
Ишқ монад бемурувват,
Беҷазо монад ҷаҳолат,
Безабон монад ҳақиқат.
__________________________________ Баҳром Фирӯз
* * *
Шоир аз ҷавҳари ҷон шеърро ҷилодор кунад,
Ҳамчу дарё раҳи худ ҷӯяду ҳамвор кунад,
Ӯ сукути дараҳоро шиканад ҳамчу баҳор, Чашмаҳоро ба хурӯш ораду бедор кунад.
То ки ҳар шеър ба дилҳои дигар роҳ барад, Шоир аз хуни ҷигар мазҳари ашъор кунад
Ҳама кас замзамаи шеър ба cap дораду лек,
Ӯ ба шамшери қалам шӯраду пайкор кунад.
Шоир аз шеъри касон маънигадоӣ накунад, Оядаш нанг аз он ҳарф, ки такрор кунад,
Ҷомаи нав натавон дӯхт ба дарбеҳи куҳан,
Аз чунин беҳунарӣ марди ҳунар ор кунад.
Эй ки аз шеъру сухан номи баландат ҳавас
аст,
Аз дили худ сухане гӯ, ба диле кор кунад.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Рӯи қолини сабза биншаста
Роз гуфтем бо суруди баҳор.
Лек ҳасрат намебарам дар дил
Розҳои нагуфтаам бисёр.
Навбаҳорони аз ҳама зебо,
Пургулу пурумеди ман боқист
Дар дилам шеърҳои ногуфта,
Достони наву куҳан боқист.
Боз дар чашмҳои пурумед,
Шӯълаҳои шарораборам ҳаст,
Дар лабони хомӯши сӯзонам
Оташин шеъри васфи ёрам хаст.
Метавонам, ки бо ту байти хуш,
Боз мафтун кунам ҷаҳонеро,
Боз хушбахт мешавад бо ман
Ҳар яке назанини беҳамто.
Зарраам гарчи дар мақоми хеш,
Ҷуфти ман меҳру моҳ хоҳад шуд.
Ёри ман нозанини беҳамто,
Шӯхи олампаноҳ хоҳад шуд.
Лек дар сина ҷои ту холист,
Дигар он пур намешавад ҳаргиз
Оташи ишқ ҳар касеро сӯхт,
Доғаш аз дил намеравад ҳаргиз!
__________________________________ Баҳром Фирӯз
* * *
Ошиқам, эй диёри кӯҳистон,
Ошиқи нағмаҳои чӯпонат,
Ошиқи дасти заҳмати деҳқон,
Ошиқи саргузашти пиронат.
Нест подоши меҳрубониат
Ин муҳаббат, ки ман ба дил дорам.
Нест дар ҳаққи пуштибониат
Ин саодат, ки ман туро ёрам.
Дӯстдорам, диёри беҳамто,
На барои баҳори Дарвозат
На ба ҳусни тамузи Сирдарё,
Тирамоҳони Вахши мумтозат.
Ошиқам, эй диёри ҳуснобод,
На барои футӯҳи афлокат,
На ба ёди гузаштаи ношод,
Саргузашти дарозу ғамнокат.
Ошиқам на барои неъматҳот,
На барои шукӯҳи иқболат...
Дӯстдорам аз он ки дар дунё,
Зиндааму бо умеди омолат.
Нидои ишқ ___________________________________
* * *
Бихон, ёро суруди шодмонӣ,
Бихон ёро суруди дилситонӣ
Саро аз меҳри покат бори дигар,
Capo аз орзуҳои ҷавонӣ.
Бихон, монанди мурғони хушилҳом,
Ки то сайёд гардад моту ҳайрон.
Бихонд то ғулғул афтад дар дили кӯҳ,
Ки то оҳуи шӯх ояд ба ҷавлон.
Суруде хон, ки ғам бигрезад аз кас,
Суруде хон, ки шодӣ монаду бас,
Ҳамеша дӯстонро аз садоят
Фараҳ ояд чу оҳанги мухаммас.
Сурудат ҳамсафар бошад ба ёрон,
Сурудат то бигардад роҳати ҷон.
Бихон аз шавқ бо шӯри ҷавонӣ
Сурудат болу пар бахшад ба инсон.
Достарыңызбен бөлісу: |