Бастауыш білім беру деңгейінің 1-сыныбы үшін


Мазмуни асосии фанни таълим синфи 1



бет62/63
Дата28.01.2024
өлшемі2.5 Mb.
#490068
түріБағдарламасы
1   ...   55   56   57   58   59   60   61   62   63
Бастауыш оқу бағдарламалары №266 бұйрығы 08.04.2016

2. Мазмуни асосии фанни таълим синфи 1

8. Синфи 1. Ҳамагӣ – 231 (дар як ҳафта 7 соат).


9. Давраи тайёрӣ (14 соат):
1) шунидан.Дар вақти суханронӣ ва супоришдодани муаллим (ё ҳамсинфонаш) бо диққат шунида тавонистан. Дар рафти шунидан маълумотро дуруст қабул карда истода, мувофиқи он ҷавоб додан;
2) сухан рондан. Ҳангоми суханронӣ овозҳоро аниқ ва дуруст талаффуз кардан лозим. Маънои калимаҳоро дуруст фаҳмида, истифода бурдан, вобаста ба вазифаи хониш (расмкашӣ, нақлкунӣ, фикрронӣ) нутқи монологиро инкишоф дода, дар ҷои лозимӣ дар бораи падар-модар, хона, дӯстонаш нақл кардан. Ҳодисаҳои гуногуни мактаб ва ҳаётро бо маданияти суханронӣ (саломдиҳӣ, хайрухӯшкунӣ, бахшишпурсӣ) ба низом даровардан;
3) хондан.Тасаввуроти аввалин дар бораисуханронӣ, калима ва ҷумла мебошад. Дар рафти хондан матн аз ҷумла, ҷумла аз калима, калима аз ҳиҷоҳо ва ҳарфҳо иборат буданро фаҳмонидан;
4) маълумоти аввалин дар бораи ҳиҷо. Муайян кардани намудҳои ҳиҷо, ба ҳиҷо ҷудо кардани калима, шумораи ҳиҷоҳо дар калима;
5) маълумот дар бораи овоз ва ҳарф. Ҳиҷоҳо аз ҳарфҳо иборат буданро фаҳмондан, овозҳои ҷарангдор ва беҷарангро фарқ кунондан. Дар вақти овозбарорӣ иштирок намудани аъзоёни нутқбаёнкуниро фаҳмондан, овозҳои садонок ва ҳамсадоро ба гурӯҳҳо ҷудо кардан;
6) навиштан.Тайёрӣ ба машқҳоихаттӣ: дар рӯи хатҳо зер карда шаклҳои ҳархела, ифодаҳо, хатҳоро тасвир кардан, қаламро аз хат ҷудо накарда навиштан. Ба талабҳои санитарӣ-гигиенӣ риоя кардан (дуруст нишастан, дар рӯи парта дафтарро дуруст ҷойгир кардан, қаламро дуруст доштан);
7) инкишофи нутқ.Захираилуғавиро бой кардан: аз рӯи расм ба саволҳои кӣ? чӣ? киҳо? чиҳо? чӣ кор кард? барои чӣ? ва ғайраҳо ҷавоб дода, номи ашёро гуфтан, хосияти он ва ҳаракати онро фаҳмонида, маънои калимаро дониста, аз рӯи суратҳои сюжетдор ҳикоя кардан. Аз ёд кунонидани шеърҳо, чистонҳо, зарбулмасалҳо.
10. Давраи Алифбо (98 соат):
1) овоз. Ҳарф. Ҳарф – ишораи овоз. Ҳарфҳои калон ва хурд. Шинос кардан бо алифбои забони тоҷикӣ. Ҳарфҳо ва овозҳо бо тартиби зерин: о, а, л, н, м, р, ш, х; ӯ, у, з, с, и, к, в, д; п, т, г, б, е, ф, ғ, қ, ч; ҷ, э, ӣ, ҳ, й, ё, я, ю, ж, ъ омӯзонда, ишораи онҳо шинос кардан;
3) ҷудо кардани овоз ва ҳарфҳо. Аҳамият додан ба талаффузи ҳарфҳо;
4) маълумот дар бораи овоз ва ҳарф. Ҳиҷоҳо аз ҳарфҳо иборат буданро фаҳмондан, овозҳои ҷарангдор ва беҷарангро фарқ кунондан. Дар вақти овозбарорӣ иштирок намудани аъзоёни гуфтугӯиро фаҳмондан,овозҳои садонок ва ҳамсадоро ба гурӯҳҳо ҷудо кардан;
5) ҳиҷо. Ҷудо кардани овозҳо ба ҳиҷоҳо. Таркиби калима дар ҳиҷо;
6) калима ва ҷумла. Маънои ҷумла. Сохтани ҷумла аз калимаҳо. Дар охири ҷумла гузоштани аломати китобат: нуқта, савол, хитоб;
7) хондан.Бо овоз хондан. Калимаро ба ҳиҷоҳо ҷудо карда, наканда хондан. Маънои калимаро дар ёд дошта, дуруст хондан. Фикри ифодашудаи ҷумларо бо овоз баён карда тавонистан. Тез хонданро ривоҷ додан. Хомӯшона хондан (ривоҷ додани бо «бо чашм хондан»). Маънои матни хондашударо дуруст баён кардан ва ба саволҳо ҷавоб додан;
8) навиштан.Қоидаҳои навиштанро иҷро намудан (танаро дуруст доштан, дуруст нишастан, дуруст доштани қалам, дафтарро дуруст ҷойгир кардан);
9) рӯи дафтарро дуруст пур намудан,намудҳои дафтарро фарқ карда тавонистан, ҳарфҳоро ба хатҳои дафтар қатор, дуруст ҷойгир кардан. Элементҳои ҳарфҳоро дуруст навиштан, дуруст пайваст кардан ва ҷудо-ҷудо навиштани калимаҳоро машқ кардан;
10) навиштани ҳарфҳои калон ва хурдро аз худ кунондан, матнҳои хурдро дуруст рӯйбардор карданро инкишоф додан;
11) инкишофи нутқ.Овозҳо ва ҳамсадоҳои ҷуфт: к-г, с-з, т-д, у-ӯ, и-ӣ, б-п, ж-ш ва монанди онҳоро дуруст талаффуз кардан. Калимаҳои забони русиро дар вақти хондан дуруст талаффуз намудан. Барои дуруст ифода кардани фикри худ онҳоро дуруст истифода бурдан. Аз рӯи расмҳо тартиб додани ҷумлаҳо ва ҳикоячаҳо. Аз рӯи тамошои кардашуда ва намунаи додашуда сохтани ҳикоячаҳо ва нақл кардани он. Пурра ба саволҳо ҷавоб доданро ёд додан. Омӯзонидани тартиб додани чистонҳо, ҳикоячаҳо, тезгӯякҳо.
11. Давраи баъди алифбо (119 соат):
1) хондан. Хондани ҳикоячаҳои майда дар мавзӯи Ватан, забони модарӣ, диёр, табиат, оила, меҳнат ва ҳоказо. Маълумотҳо дар бораи жанрҳои бадеӣ (шеърҳо, ҳикояҳо, афсонаҳо, чистонҳо, зарбулмасалҳо ва ғайра);
2) дар нақлҳои хондашуда ҳис кардани зебогӣ, хоксорӣ, инсонӣ. Инкишоф додани қобилияти азхудкунӣ. Бо маҳорат иҷро кардани ролҳои хурд;
3) баёнҳои хурде, ки барои хондан тавсия карда мешаванд: Оқибати бадӣ. Дар айёми кӯдакӣ. Сулҳ. Ҳашар. Паррандаҳо, биёед! Духтари хона. Модари меҳрубони ман. Дастони модар;
4) навиштан. Қоидаҳои навиштанро иҷро намудан (танаро дуруст доштан, дуруст нишастан, дуруст доштани қалам, дафтарро дуруст ҷойгир кардан;
5) элементҳои ҳарфҳоро дуруст навиштан, дуруст пайваст кардан ва ҷудо-ҷудо навиштани калимаҳоро машқ кардан. Ҷумлаҳоро дуруст рӯйбардор карданро инкишоф додан. Хушрӯ, покиза, бехато ва босаводона навиштанро ривоҷ додан;
6) инкишофи нутқ.Бой гардонидани захираи луғавӣ, истифода бурдани калимаҳои нав дар ҷойҳои гуногун, ёд гирифтани тартиб додани ҷумлаҳо. Инкишоф додани намуди диалогии суханронӣ;
7) ҳангоми нақл фикри худро баён кардан, исбот кардан, савол гузоштанро ташаккул додан. Инкишоф додани намуди монологии суханронӣ. Ривоҷ додани фикри мустақилона;
8) дар он нақл кардани ҳодисаҳои дидаи худ, ба он мавзӯъ гузорӣ, ба нақша гирифтан, ба саволҳо ҷавоб додан, ҳикоячаҳои майда тартиб додан;
9) ҳодисаҳои гуногуни мактаб ва ҳаётро бо маданияти суханронӣ (саломдиҳӣ, хайрухӯшкунӣ, бахшишпурсӣ) ба низом даровардан.
12. Грамматика, имло:
1) овоз ва ҳарфҳо. Мустаҳкамкунии дониш доир ба овоз ва ҳарфҳои забони тоҷикӣ. Донистани алифбои забони тоҷикӣ, фарқ кардани овоз ва ҳарфҳо;
2) инкишоф додан ва мустаҳкам кардани дониш доир ба ҳарфҳо ва овозҳои садонок ва ҳамсадо. Фарқи онҳо аз якдигар;
3) имлои ҳарфҳои «и» ва «ӣ»;
4) имлои ҳарфҳои «у» ва «ӯ»;
5) имлои ҳарфҳои е, ё, ю, я, й;
6) ҳиҷо.Маълумот дар бораи ҳиҷо. Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиссаи калима;
7) калима. Мустаҳкамкунӣ ва инкишофи нутқ дар бораи калима. Калима ва вазифаи он. Калимаҳое, ки ба саволҳои кӣ? чӣ? ҷавоб мешаванд. Калимаҳое, ки ба саволҳои киҳо?, чиҳо? ҷавоб мешаванд;
8) калимаҳое, ки бо ҳарфи калон нависта мешаванд;
9) ном ва насаби одамон, номҳои шаҳрҳо, қишлоқҳо, дарёҳо, кӯҳҳо, кӯлҳо ва лақаби ҳайвонҳо;
10) калимаҳое, ки ба саволҳои чӣ кор кард? чӣ шуд? Ҷавоб мешаванд. Калимаҳое, ки ба саволҳои чӣ хел? кадом? ҷавоб мешаванд;
11) калима ва ҷумла.Инкишоф ва мустаҳкам кардани дониш доир ба ҷумла ва калима. Ҳарфи калон дар аввали ҷумла. Аломати китобат дар охири ҷумла. Такрори маводи дониш.




Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   55   56   57   58   59   60   61   62   63




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет