Ҷин дар Қуръон ва Суннат


Марҳалаи сеюм: Баъд аз илоҷ



бет3/3
Дата11.07.2016
өлшемі0.61 Mb.
#191730
1   2   3
Марҳалаи сеюм: Баъд аз илоҷ

Барои инки ҷин натавонад бори дигар дар бадани инсон дохил шавад лозим аст, ки ба вай дастуроти зер дода шавад:



  1. Побанди ва муҳофизат бар тоъат ва ибодат ва хусусан намозҳои панҷвақтаро бо ҷамоъат хондан.

  2. Дури кардан аз гуноҳон ва мункарот.

  3. Хондани сураи Бақара дар хона.

  4. Бо таҳорат хоб кардан.

  5. Хондани Оятулкурси пеш аз хоб.

  6. Хондани дуъои хоб.

  7. Хондани сураи Таборак пеш аз хобидан, агар хонда натавонад пас ба воситаи касет ё хондани каси дигар гуш кунад.

  8. Хондани сураи Ёсин, ё гуш кардани он дар вақти саҳар.

  9. Бисмиллоҳ гуфтан дар анҷоми ҳар кор.

  10. Хондани азкори субҳ ва шом.

  11. Танҳо хоб нарафтан.

  12. Агар касали зан бошад бояд ӯро ба адо кардани ҳақи шавҳар ва риъоят кардани ҳиҷоб амр кард.

  13. Хондани сурае ё баъзе аз Қуръон дар шабонарӯзи.

Чанд насиҳат барои дар амон будан аз шарри ҷин

  1. Бар азкор ва дуъоҳои субҳу шом муҳофизат кун.

  2. Қуръон бисёр тиловат кун ва ё онро бисёр гуш кун.

  3. Ҳаргоҳ ки аз ҷой баланди париди "Бисмиллоҳ" бигу.

  4. Ҳаргоҳ оби доғ руӣ замин рехти, Бисмиллоҳ бигу.

  5. Ҳаргоҳ дохили хонаи торик шуди Бисмиллоҳ бигу.

  6. Ҳаргоҳ чизи сангинро бар замин андохти Бисмиллоҳ бигу.

  7. Ҳаргиз дар сурох пешоб накун.

  8. Танҳо хоб накун, дар сурати маҷбур мондан ҳатман бо таҳорат ва дуъоҳои хобро хонда хоб кун.

  9. Ба саг ё гурба озор нарасон.

  10. Ба танҳои дар шаб ба саҳро нарав.

  11. Мореро, ки дар хона мебини накуш, ва дар ин масала бар чунин нуқтаҳо таваҷҷуҳ кун:

Ҳаргоҳ дар хона море диди се рӯз ӯро ҳушдор деҳ ва ба ӯ бигу: "шуморо қасам медиҳам ба он аҳде, ки Сулаймон ибни Довуд аз шумо гирифта аст, ки ба мо озор ва азият накунед ва дубора зоҳир нашавед".

(Шарҳи Навави бар Муслим 7/494) .

Агар баъд аз се рӯз дубора ошкор шуд, пас ӯро бикуш.

Агар баъди се рӯз дубора ошкор шуд ва ӯро кушти пас дар ин сурат ё шайтон аст, ё ҷини яҳуди ва ё масеҳи, ва ё инки ҷини мусалмони саркаш аст, ё инки мори ҳақиқи аст.

Ҳаргоҳ дар хона море диди, ки ду хати сафед ё камараш сиёҳрӯй аст, ва ё мори думкалта диди ҳарчи зуд ӯро бикуш, чунки расули акрам (с) дастури куштани морҳои дорои чунин сифатро дода аст.

Дар беруни хона ҳар навъ мореро диди бикуш зеро ки Паёмбар (с) фақат аз куштани морҳое, ки дар хона аст, манъ карда аст.

Дар охир аз Худованди карим хоҳонам, ки ба фазлу карами хеш гуноҳонамро афв кунад, ва гузаштагонамро бибахшад ва ононро дар фирдавси боло ҷой диҳад.

Ва ҳамаи моро аз шарри шайтонҳо маҳфуз ва дар амон дорад.



Ва салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

1- Тафсири ибни Касир, сураи Арраҳмон 15.

2- Ҳадиси саҳиҳ аст, имом Таброни дар муъҷами кабир (214 / 22) ва ибни Ҳиббон дар саҳиҳ (6156) ва Ҳоким дар мустадрак (456/2) ривоят кардаанд.

3- Аз Абу Довуд ба шумораи (29) ва Аҳмад (82/5) ва Ҳоким (186/1) ривоят карда аст.

4- Бухорӣ (3860).

5- Муслим (2020) ривоят карда аст.

6- Ба сирати ибни Ҳишом (534/1) ва тафсири ибни Касир (93/4) муроҷиъат шавад.

7- Тафсири ибни Касир (8/310) сураи Ҷин.

8- Муслим (2708).

9- Муслим 1987.

10- Тафсири Қуртубӣ (3/355).

11- Ин ҳадисро Бухорӣ (5452) ва Муслим (2574) ривоят карда аст.

12- Саҳеҳ Бухорӣ (5452).

13- Ба Фатҳулборӣ (10/115) муроҷаъа шавад.

14- Муснади Аҳмад (4/172,171).

15- Муснади Имом Аҳмад (4/170).

16- Бухорӣ 2444

17- Муслим (2199)

18- Тарҷума: «1. Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. 2. Ҳамд (ситоиш) барои Худо – он Парвардигори ҷаҳониён, 3. Бахшандаи меҳрубон. 4. (ва) Молики рўзи ҷазо. 5. Фақат Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем, 6. Моро ба роҳи рост роҳи касоне, ки бар онҳо инъом намудаӣ, ҳидоят фармо, 7. ки он роҳи ғайри хашмшудагон ва гумроҳон аст». Сураи Фотиҳа 1-7.

19- Тарҷума «1. Алиф. Лом. Мим. 2. Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ  шакке нест. Парҳезгоронро раҳнамост: 3. Онон, ки ба ғайб имон меоваранд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, инфоқ (харҷ) мекунанд. 4. ва онон, ки ба он чӣ бар ту ва бар паёмбарони пеш аз ту нозил  шудааст, имон меоваранд ва ба охират яқин доранд. 5. Онҳо аз сӯи Парвардигорашон қарини ҳидоятанд ва худ растагоронанд». Сураи Бақара 1-5.

20- Тарҷума: «163. Худои шумо Худоест якто. Худое  барҳақ, ҷуз ӯ нест бахшоянда ва меҳрубон! 164. Дар офариниши осмонҳову замин ва дар рафтуомади шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва мояи суди мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурӯ мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он барангезад  ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост!» Сураи Бақара 163, 164.

21- Тарҷума: «255. Аллоҳ худоест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Зиндаву тадбиркунандаи ҳама чиз аст. На хоби сабук (пинак) ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати ӯ дар назди ӯ шафоъат кунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад ва ба илми ӯ ҷуз он чӣ Худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт. Курсии ӯ осмонҳо ва заминро дар бар дорад. Нигаҳдории онҳо бар ӯ душвор нест. ӯ баландпояву бузург аст! 256. Дар дин ҳеҷ маҷбурие нест. Ҳидоят аз гумроҳӣ мушаххас шудааст. Пас ҳар кас, ки ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, ба чунон риштаи устуворе чанг зада, ки гусастанаш набошад. Худо шунаво ва доност! 257. Худо ёвари мӯъминон аст. Онҳоро аз торикиҳо ба равшанӣ  мебарад. Вале онон, ки кофир  шудаанд, тоғут (бутҳо ва худоҳои дурӯғин) ёвари онҳост, ки онҳоро аз равшанӣ ба торикиҳо мекашад. Инҳо ҷаҳаннамиёнанд ва ҳамвора дар он хоҳанд буд». Сураи Бақара 255-257.

22- Тарҷума: «285. Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ  яке аз паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки саранҷоми ҳама ба сӯи туст!» 286. Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ  амр намекунад. Некиҳои ҳар кас  аз они худи ӯст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо  таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон!» Сураи Бақара 285 – 286.

23- Тарҷума: «18. Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ Худое (барҳақ) ҷуз ӯ  нест. Ва гувоҳӣ доданд фариштагону донишмандон дар он ҳол, ки Худо тадбиркунандаи олам аст ба адл. Худое (барҳақ) ҷуз ӯ  нест, ки пирӯзманду ҳаким аст! 19. Ҳар ойна дин дар назди Худо дини Ислом аст. Ва аҳли Китоб роҳи хилоф рафтанд, аз  рӯи ҳасад аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ шуданд. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки албатта Ӯ ба зудӣ ба ҳисобашон хоҳад расид.» Сураи Оли Умрон 18-19.

24- Тарҷума: «54. Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар Арш муставӣ  шуд Рӯзро ба шаб мепӯшонад ва шаб шитобон онро металабад (инчунин рӯз ҳам шабро мепӯшонад ва шитобон онро металабад). Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!» Сураи Аъроф 54.

25- Тарҷума: «115. Оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба назди Мо бозгардонида намешавед?» 116. Пас бартар аст, Худои якто, он фармонравои ростин. Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест! Парвардигори Арши гиромиқадр аст. 117. Он кас, ки ҷуз Худои якто худои дигареро мехонад, ки ба ҳаққонияташ ҳеҷ бурҳоне надорад, ҳаройна,  ҳисобаш назди Парвардигораш хоҳад буд. Албатта, кофирон наҷот намеёбанд. 118. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, биёмурзу раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ!» Сураи Муъминун 115-118.

26- Тарҷума: «1. Савганд ба он фариштагон, ки барои ниёиш саф бастаанд, 2. савганд ба он фариштагон, ки (шаётин ва ё абрҳоро) меронанд, 3. ва  савганд ба он фариштагон, ки зикри Худоро мехонанд, 4. ки ҳаройна, Худои шумо, Худои яктост. 5. Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машриқҳост! 6. Ҳаройна, Мо осмони дунёро ба зинати ситорагон биёростем. 7. Ва аз ҳар шайтони нофармон нигаҳ доштем. 8. То сухани сокинони олами болоро нашнаванд ва аз ҳар сӯй ронда шаванд. 9. То ронда шаванд ва барои онҳост азобе доим. 10. Магар он шайтон, ки ногаҳон чизе бирабояд ва ногаҳон шӯълаи сӯзандае дунболаш кунад.» Сураи Соффот 1-10

27- Тарҷума: «29. Ва гурӯҳе аз ҷинро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба наздаш расиданд, гуфтанд: «Гӯш фаро диҳед! Чун (тиловати Қуръон) ба поён омад монанди бимдиҳандагоне назди қавми худ бозгаштанд. 30.Гуфтанд: «Эй қавми мо, ҳаройна,  мо китоберо шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд. 31. Эй қавми мо, ин даъваткунандаи Худоро посух гӯед ва ба ӯ имон биёваред, то Худо гуноҳҳоятонро биёмурзад ва шуморо аз азобе дардовар дар амон дорад. 32. Ва ҳар касе, ки ба ин даъваткунанда ҷавоб нагӯяд, наметавонад, дар рӯйи замин аз Худои барҳақ бигурезад ва ӯро ҷуз Худои барҳақ ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!» Сураи Аҳқоф 29-32.

28- Тарҷума: «33. Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канораҳои осмонҳову замин берун равед, берун равед! Вале берун натавонед рафт, магар бо доштани қудрате. 34. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед? 35. Бар шумо шӯълае бедуд фиристода шавад ё дуде бе шӯъла, пас, бо ӯ муқобила натавонед кард. 36. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?.» Сураи Ар-Раҳмон 33-36.

29- Тарҷума: «20. Аҳли дӯзах ва аҳли биҳишт бо ҳам баробар нестанд. Аҳли биҳишт худ комёфтагонанд. 21. Агар ин Қуръонро бар кӯҳ нозил мекардем, аз хавфи Худо онро тарсида ва шикофхӯрда медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд ба фикр фурӯ раванд. 22. Ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Донои ниҳону ошкор ва бахшояндаву меҳрубон аст! 23. Ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое дигаре барҳақ ҷуз ӯ нест, фармонравост, пок аст, саломат аст (аз ҳар айбу нуқс), эминибахш аст, нигаҳбон аст, пирӯзманд аст, ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Ва аз ҳар чӣ барои ӯ  шарик қарор медиҳанд, пок аст! 24. Ӯст Худое, ки офаридгор аст, эҷодкунанда ва суратбахш аст, номҳои некӯ ӯрост. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин  аст, тасбеҳгӯйи  ӯ ҳастанд ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!». Сураи Ҳашр 20-24.

30- Тарҷума: «1. Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш фаро доданду гуфтанд, ки мо, ҳаройна,  Қуръоне аҷиб шунидем. 2. Ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз  касеро шарики  Парвардигорамон намесозем. 3. Ва албатта, азамати  Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад ва на фарзанде дорад. 4. Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт. 5. Ва мо, ҳаройна, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Худо, ҳаргиз, дурӯғ намегӯянд. 6. Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд. 7. Ҳамчунон, ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо, ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора зинда намесозад. 8. Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (ситорагон) ёфтем. 9. Ва мо, ҳаройна, дар ин ҷойҳо, ки метавон гӯш фаро дод, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан  (гӯш додани малоикаҳо) нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад» Сураи Ҷин 1-9

31- Тарҷума: «1.Бигӯ: «ӯст Худои якто, 2. Худое, ки дар ҳоҷат ба Ӯ рӯ оранд, 3. на зодааст ва на зода шуда 4. ва на ҳеҷ кас ҳамтои ӯст!». Сураи Ихлос, 1-4.

32- Тарҷума: «1. Бигӯ: «Ба Парвардигори субҳдам паноҳ мебарам, 2. аз шарри он чӣ биёфаридааст 3. ва аз шарри шаб чун дарояд 4. ва аз шарри ҷодугароне, ки дар гиреҳҳо медаманд 5. ва аз шарри ҳасуд чун ҳасад меварзад!». Сураи Фалақ, 1-5.

33- Тарҷума: «1.Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам, 2. фармонравои мардум, 3.Худои мардум, 4. аз шарру васвасаи васвасагари ниҳонӣ (бозпас равандааст, вақте ки аз Худо кумак талаб карда шавад), 5. он кӣ дар дилҳои мардум васваса мекунад, 6. хоҳ аз ҷинниён бошад ё аз одамиён!». Сураи Нос, 1-6.



Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет