199. Меъёри захираҳои ҳатмй аз тарафи Бонки милпии
Тоҷикистон ба кадом андоза муқаррар мешавад?
- 12 фоиз (9 фоиз асъори хориҷи).
200. Бонкҳои тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ба сис-
темаи электронии пардохтӣ (СЭП) шурӯь намуданд?
-Аз моҳи феврали соли 2001.
201. Пардохтпазирии бонк чист?
-Сари вақт иҷро намудани ӯҳцадориҳои бонк.
202. Пардохтпазирии бонк чй тавр муайян мешавад?
- Аз рӯи активҳои пардохтпазир
35
203. Муассисаҳои бонки чя гуна мебошанд.
-Бонк иборат аз шӯьбаҳо, намояндаҳо ва нуқтаи мубодилаи асъор аст
204. Ба кй ва дар кадом асос аз тарафи бонк маъпумоти
ба фаъолияти бонк вобастабуда дода мешавад?
- Маълумотҳое, ки сирри бонкиро ташкил ме-
диҳанд, ба мақомоти зайл дода мешаванд:
а) ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакй аз рӯи
парвандаҳои ҷиноятии оғоз кардашуда ва дар истеҳсолот
буда дар асоси қарори таҳқиқкунанда ё муфаттиш, ки му-
вофиқан аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии То-
ҷикистон, прокурори вилоят, шаҳр ё ноҳия тасдиқ шуда-
аст;
б) ба судҳо: аз рӯи парвандаҳои ҷиноятй, шаҳрвандӣ
ва парвандаҳои оид ба қонунвайронкунии маъмурй дар
асоси таъйиноти суд дар ҳолате, ки мизоҷи бонк яке аз
тарафҳои парванда бошад;
в) ба мақомоти андоз: аз рӯи масъалаҳои пардохти
андоз аз тарафи шахсони тафтшпшавандаи ҳуқуқӣ ва воқ-
ей дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз ва дар сурати
пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оиди тафтиши
онҳо.
205. Ба сармояи асосии бонк чиҳо дохил мешавад?
- Сармояи оинномавии дар воқеъ пардохтшуда; за-
хираҳои аз ҳисоби фоидаи соф ба вуҷудомада фоидаи
тақсимнашуда; фоидаи соли ҷорй ва соли гузашта бо та-
рҳи зиёни солҳои гузашта; зиёни соли ҷорй ва активҳои
гайримоддӣ бо тарҳи истеҳлоки ҳисобшуда.
206. Сармояи иловаги аз чй иборат аст?
- Захираҳои азнавбаҳодиҳии воситаҳои асоси, аз-
навбаҳодиҳии амалиёт бо асъори хориҷй ва захираи аслии
ҷории азнавбаҳодиҳии амалиёт бо асъори хориҷй.
207. Сармояи умуми аз чй иборат аст?
36
- Сармояи асосй ва иловагй.
208. Қисми сармояи тавозун чиро нишон медиҳад?
- Маблағҳои худи бонк.
209. Қисми активи тавозун чиро нишон медиҳад?
- Ҷойгаршавии маблағҳо.
210. Қисми ӯҳцадориҳои тавозун чиро нишон медиҳад?
- Маблағҳои ҷалбшуда.
-
Тавозун аз чанд қисм иборат аст? Дороӣ; ӯҳдадорӣ; сармоя ба таври кушода.
-
Инсайдери бонк кй ба ҳисоб меравад?
- Роҳбарони бонкҳо, аъзоёни Шӯро, аъзоёни куми-
таи қарздиҳй, роҳбари бахши бонк, роҳбарони сохторҳои
вобаста ва шахсони дигар, ки ба қарори додани қарз
таъсири худро расонида метавонанд, ҳамчунин, хешован-
дони инсайдерони собиқ ва шахсони дигар, ки дар со-
хторҳои беруна ба сифати инсайдерон фаъолият менамо-
янд.
213. Барои хизматрасонй ба ташкилотҳои буҷети маҳаллй
ба кадом андоза ба бонк подош пардохта мешавад?
-
аз рӯи амалиёти молиявии дар шакли нақдй 0,5%;
-
аз рӯи амалиёти молиявии дар шакли ғайринакди 0,3%.
214. Кадом бонкҳо ҳуқуқи гузаронидани амалиётро бо
арзи хориҷӣ доранд?
- Бонкҳое, ки иҷозатнома оиди гузаронидани ама-
лиёти бонкро бо арзи хориҷй доранд.
215. Кафолати бонк чист?
37
- Ин ӯҳцадории хаттие мебошад, ки аз тарафи бонк
ё дигар ташкилоти қарздиҳадца ё суғуртавии кафил бо
хоҳиши мизоҷ ба фоидаи қарздиҳанда дода мешавад.
216. Барои ҳамкоря намудан бо ташкилотҳои байналха-
лқй мизоҷони бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чй хел ҳи-
собҳо кушода метавонанд?
- Ҳисоби муросилотии (корреспондентй) нестро.
217. Бонкҳои Тоҷикистон чя хел намудҳои интиқоли
пулро ба мизоҷон пешниҳод мекунанд?
- «Анелик», «Контакт», «Золотая корона», «Юни-
стрим», «Бқстрая почта», «\¥е§1ег Шюп», «Мигом»,
«Близко», «Лидер» ва «Интерэкспресс».
218. Нақшаи бонк дар назди бозори молия чист?
-Нақшаи бонк дар бозори молия ин миёнаравя дар ҳаракати захираҳои пул аз амонатгузорони пул ва исти-фодабарандагони онҳост.
219. Дар асоси кадом ҳуҷҷат роҳбарияти муассисаи бонк
вазифаҳои асосии кормандонеро, ки амалиёт бо пули нақд
мебаранд, муайян меқунад.
- Дар асоси бастани шартнома дар бораи ҷавобга-
рии пурраи кормандони хазина дар шакли муқаррар.
220. Ҳуқуқи дахолатро ба фаъолияти бонк кя дорад?
- Ба фаъолияти бонк ҳуқуқи дахолатро ҳеҷ кас на-
дорад.
221. Дар асоси кадом ҳуҷҷат муносибати бонк бо мизоҷон
ба танзим дароварда мешавад?
- Дар асоси шартнома.
222. Сохтори низоми бонки Ҷумҳурии Тоҷикистонро чи
тавр метавон тафсир кард?
38
- Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии мамлакат, ки вазифаҳо, усулҳои фаъолият, статуси ҳуқуқй ва ваколатҳои он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муайян карда шудааст. Қоидаҳои ин қонун нисбати Бонки миллии Тоҷикистон фақат дар мавридҳое, ки бевосита ин Қонун пешбинй на-мудааст, татбиқ мегарданд;
2. Бонкҳои дигар, ки дар шаклҳои зерин ташкил шу-да метавонанд:
а) бонки давлатй, бонке, ки дар он Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон ягона соҳиби сармояи оинномавй мебошад;
б) бонки гайридавлатй, бонке, ки фонди оинномавии он
ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқй тааллуқ дорад. Як қисми
сақмияҳои ин бонк ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шахси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таал-
луқ дошта метавонад;
в) бонк бо иштироки сармояи хориҷй, бонке, ки як
қисми саҳмияҳои он дар ихтиёрдорй, моликият ва идораи
шахсони зерин қарор дорад;
- ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
шахсони ҳуқуқи резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷики-стон, ки беш аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои онҳо дар ихти-ёрдорй, моликият ва идораи гайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ба инҳо монанди ҳуқуқй-резидент-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
-
резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ихтиёрдо-ри воситаҳои шахсони ваколатдори ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ҳуқуқй мебошанд.
г) бонки байнидавлатй, бонке, ки соҳибони сармояи
оинномавии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуку-
матҳои маҳаллй мебошанд, ки ин қарордодро имзо карда-
анд;
д) бонкҳои хориҷй, шӯъбаи бонки «Тиҷорат»-и ҶИЭ дар
ш. Душанбе, дар вилояти Суғд; ду бонки асосй - ҶСК
«Бонк Эсхата», ҶСК «Соҳибкорбонк», бахшҳои дар Ху-
ҷандбудаи ҶСК «Агроинвестбонк» ҶСК «Ориёнбонк»;
39
ҷамъияти қарздиҳй - ҶСПЧК «Ганҷина», ҶСПК «ТРАСТ».
223. Чораҳое, ки Бонки мишши Тоҷикистон барои барта-
раф намудани вайронкунии қонунгузории бонкй меанде-
шад кадомҳоянд?
- Бонк, барои амалй намудани вазифаҳои худ дар
соҳаи танзим ва назорати бонк тафтиши бонкҳо ва бах-
шҳои онҳоро мегузаронад, ба онҳо оиди бартарафсозии
вайронкуниҳои дар фаъолияташон ошкоркардашуда дас-
турҳои иҷрояшон ҳатмй мефиристад ва нисбати вайрон-
кунандагон чораҳое, меандешад, ки қонунгузорй пешбинӣ
намудааст. Дар сурати аз тарафи бонк вайрон кардани
қонунҳои ҷумҳурй, санадҳои меъёрии бонк, пешниҳод на-
кардани ахборот, пешниҳод кардани ахбороти нопурра ва
носаҳеҳ, Бонки милли ҳуқуқ дорад, аз бонк бартараф на-
мудани вайронкуниҳои ошкоркардашударо талаб кунад, ба
миқцори то як фоиз аз андозаи сармояи оинномавии кам-
тарин ҷарима ситонад, ё гузаронидани амалиёти ҷудогона-
ро ба мӯҳлати то шаш моҳ маҳдуд созад.
Бонки миллй мувофиқи қонунгузории бонк ҳуқуқ дорад:
- аз бонк то як фоиз аз андозаи сармояи оинномавии камтарин ҳадди ақал ҷарима ситонад;
- тағйир додани сохтори бурдҳо (актив), иваз наму-
дани роҳбарияти бонк, сохтори бонк, барои бонк меъёрҳ-
ои ҳатмиро ба мӯҳлати то шаш моҳ тағйир диҳад, кушо-
дани бахшҳоро ба мӯҳлати то як сол манъ кунад, барои
идоракунии бонк ба мӯҳлати то 18 моҳ маъмурияти му-
ваққатй таъйин намояд, барои амалӣ намудани фаъолият
додашударо бо тартибе, ки дар қонунҳои ҷумҳурй пеш-
бинй гардидааст, бозхоста гирад.
224. Дар ҳолати пешниҳод кардани маълумоти нодуруст
ба Бонки миллии Тоҷикистон, ҷарима дар кадом андоза
ситонида мешавад?
- 500$ ИМА
40
225. Пасандозҳои аҳолй ба кадом қисми тавозун дохил
мешаванд?
- Пасандозҳои аҳолй ба қисми ӯҳдадории тавозун
дохил мешаванд.
226. Ҳисоби контокорентии бонкҳо дар кадом амалиёт,
шгьикос меёбанд?
-Ҳисоби контокорентии бонкҳо дар амалиёти во-ридоти пул ва додани қарзҳо инъикос меёбад.
227. Шакли бештар фоидаовари ҳисоббаробаркуни бо ги-
рандаи пул ҳисоб мешавад:
-Чек.
228. Шуъбаи ҳисоббаробаркунй чӣ кор мекунад?
- Шӯьбаест, ки дар он ҳисоббаробаркунии байни
шӯъбаҳои бонк ва бонкҳои дигар анҷом дода мешавад.
229. Бозори дохилии асъор чиро дарбар мегирад.
- Бонкҳои ваколатдор, бирҷаи асъор, нуқтаи мубо-
дилаи арз.
230. Кадом ташкилотҳои байналхалқии молиявиро медо-
нед?
- Ташкилотҳои байналхалқии молияви инҳоанд:
Бонки ҷаҳонии таҷдиду инкишоф (БЧТИ); Бонки аврупои
таҷдиду инкишоф (БАТИ); хазинаи байналхалқии асъор
(ХБА).
231. Шакли самарабахши ҳисоббаробаркуни дар савдои
беруна?
- Аккредитиви ҳуҷҷатй.
232. Ҳангоми аз тарафи қарздор пардохт гардидани маб-
лаг бо кадом тартиб қарз ва фоизҳои он гарифта меша-
ванд?
41
- Аввал барои пӯшонидани маблағҳои фоизи
мӯҳлаташон сипаригардидаи қарз, баъд барои пушонидани
фоизи қарз ва маблағи боқимонда барои пӯшонидани қар-
зи асосӣ равона карда мешаванд.
233. Даромади фоиз чист?
- Фарқият байни даромад ва ҳароҷоти фоиз.
234. Суратҳисоб чист?
- Бонк ба ташкилотҳое мекушояд, ки барои нигоҳ
доштани воситаҳои пул ва гузаронидани ҳисоби гайри-
нақдй
дорои тавозуни мустақил бошанд.
235. Ҳангоми нарасидани маблағ дар суратҳисоб кадом
супоришномаҳо аввал пардохта мешаванд?
- Пардохти музди меҳнат, буҷет, дигар маблағҳои
бо қарори суд муайянкарда шуда.
236. Кадом ҳуҷҷатҳои меъёри асосй ташкили кори хазина
дар муассисаҳои бонк ба ҳисоб мераванд?
- Дастурамали №173 «Оид ба корҳои кассавй дар
муассисаҳои бонкҳои Тоҷикистон» ҳуҷҷати меъёри асо-
сии ташкили кори хазина дар муассисаҳои низоми бонк
ба ҳисоб меравад.
237. Ӯҳдадориҳои захиравЯ кадоманд?
- Ин нигоҳ доштани бозоргир будани бонкҳо дар
дараҷаи камтарин ва зиёду кам намудани миқдори пули
дар муомилот буда.
238. Воситаҳои захираи бонк?
- Захираҳои бонк воситаҳои хусусии бонк, воси-
таҳои қарз, воситаҳои ҷалбшуда мебошанд.
239. Асосҳо барои қать намудани шартномаҳои меҳнатй?
а) бо розигии тарафайн;
б) бо ташаббуси корманд;
42
в) бо ташаббуси корфармо;
г) ҳангоми ба итмомрасии мӯҳлат;
д) аз рӯи ҳолатҳое ки аз майлу хоҳиши ҷонибҳо во-
баста нест;
е) ошкор гардндани номувофиқии корманд ба вази-
фаи ишгожардааш, ба кор набаромадан, аз ҷумла дар да-
воми рӯзи кор зиёда аз се соат ҳозир набудан.
240. Амалиёти лизингии бонкҳо дар кадом асос пайдо
мешавад?
- Амалиёти лизингии бонкҳо дар асоси харидани
талаботи пардохти корхонаҳои таъминкунанда пайдо ме-
шавад.
241. Аккредитив чист?
- Аккредитив ё эътиборнома як намуди ҳисоботи
ғайринақдй мебошад, ки он дар шакли ҳисобу китоб,
шартнома ё созишнома пешбинӣ шудааст.
242. Вазифа ва ӯҳдадориҳои инкассатор?
- Вазифаю уҳдадориҳои инкассатор сирри давлат-ро махфй яигоҳ доштан, ҳамлу нақли маблагҳои накдй, қоғазҳои қиматнок ва дигар дороиҳоро донистан ва риоя намудан аст.
243. Корманди инкассатеия дар кадом ҳолат ярокро ис-
тифода бурда метавонад?
- Корманди инкассатсия барои муҳофизат намуда-
ни маблагҳои пул ва арзишҳои қиматнок дар ҳолати ба
ҳаёт ва саломатии корманди инкассатсия хавф ва хатар
таҳдид намудан барои доштани роҳзанон яроқро истифода
бурда метавонад.
244. Намудҳои кортҳои бонк ва воситаҳои истифодаи он?
- Яке аз вазифаҳои асосии бонк таъмин намудани
кори самаранок, боэътимод ва мунтазами системаи ҳисоб-
баробаркуниҳо мебошад. Кортҳои иластикй барои пар-
43
дохтҳо истифода бурда мешаванд. Масалан, Агроинвест-бонк ба муомилот кортҳои платикй ба монанди «Сто-кард», «Нюэдҷ», «Виза голд», «Виза Электрон» мебаро-рад. Ҳар рӯз дорандагони кортҳои пластикй зиёд шуда истодаанд.
245. Кортҳои дебетй кай истифода мешаванд?
- Кортҳои дебети фақат дар ҳолати дар ҳисоби
корт будани маблағ истифода бурда мешаванд.
246. Сертификати (шартнома) амонат чист?
- Ин ӯҳдадории қарзи бонк мебошад.
247. Ба бурдҳои (актив) пардохтпазир чиҳо дохил меша-
ванд?
Хазина, маблағҳои ҳисобй, мукотибавй ва қоғазҳои қи-матнок
248. Фоизҳои пасандозҳоро кй муқаррар мекунад?
- Фоизҳои пасандозҳоро бонк муқаррар мекунад.
249. Ҳангоми кушодани ҳисоб амонатгузор (шахси воқеӣ)
чиро пур мекунад?
- Ҳангоми кушодани ҳисоб амонатгузор санади во-
ридотиро пур мекунад.
250. Фаъолияти кадом бонк дар асоси ҷалб намудани па-
сандозҳои аҳолй ва додани қарз ба аҳолй ба амал баро-
варда мешавад?
- Фаъолияти «Амонатбонк» дар асоси ҷалб намуда-
ни пасандозҳои аҳолй ва додани қарз ба аҳолӣ ба амал
бароварда мешавад.
251. Бонк ҳангоми кушодани ҳисоб оид ба пасандоз ба амонатгузор чй медиҳад?
- Бонк ҳангоми кушодани ҳисоб оид ба пасандоз
ба амонатгузор дафтарчаи амонатй медиҳад.
44
252. Сирри бонки чист?
- Сирри бонк сирри давлат набуда, фош шудани он
ба бонк ва мизоҷон зарари калон меорад ва умуман
маълумоти ба бонк дахддошта аст, ки фош кардани он ба
амалиёти иқтисодии бонк зиёни калон меорад.
253. Тибқи қонунгузорй кадом маълумот оиди фаъолия-
ти бонк сирри бонкро ташкил менамоянд?
- Ба сирри бонк дохил мешавад: номгӯи мизоҷоне,
ки бо бонк сарукор доранд, рақами ҳисобҳои амонатгузо-
рон, бақия ва гардиши ҳисобҳои мукотибавии бонк, муно-
сибатҳои иқтисодии бонк, музди меҳнат ва умуман амали-
ётҳои бонк.
254. Назорати бонкҳо аз рӯи интизоми кассавй чист?
- Назорати бонкҳо аз рӯи интизоми кассавй шарти
асосиест, ки аз тарафи давлат ҳангоми ташкил ва идора-
қунии муомилоти пул бурда мешавад.
255. Ҳуҷҷатҳои сирри бонкдошта ба мақомоти таҳқиқ
ва тафтишоти пешакӣ чӣ гуна пешниҳод карда мешаванд?
- Ҳуҷҷатҳои бонк ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишо-
ти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии оғоз кардашуда
ва дар истеҳсолоти онҳо буда, қарор дар бораи огоз наму-
дани парвандаи ҷиноятӣ, ки мувофиқан аз ҷониби Про-
курори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ви-
лоят, шаҳр ё ноҳия тасдиқ шудааст, дода мешаванд.
256. То ба кадом мӯҳлат шахсони алоҳида метавонанд,
ба вазифаи иҷрокунандаи роҳбари бонк таъйин карда ша-
ванд?
- На зиёда аз се моҳ шахсони алоҳида метавонанд
ба вазифаи иҷрокунандаи роҳбари бонк таъйин шаванд.
257. Талаботи модцаи 9, банди 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «қДар бораи хизмати давлатй», оиди ба кор қабул намудани роҳбарон, сармуҳосибон ва муовинони
45
онҳо дар сурати доштани хешованди ё қуцогй аз чиҳо иборатанд?
- Роҳбари бонк наметавонад, хешованди наздик
(падар, модар, бародар, хоҳарон, писарон, духтарон ва
фарзандони зану шавҳар) ва ҳатто ба вазифаи муовини
сармуҳосиб онҳоеро, ки алоқаи хешовандй доранд, ба кор
қабул намояд.
258. Кодекси ахлоқи корманди бонк чиҳоро дар бар ме-
гирад?
- Кодекси ахлоқи корманди бонк аз 5 қисм иборат
аст: муқаддима; муносибатҳои кор; зоҳир ва маданияти
рафтор; таҳкими обрӯи бонк; тартиби қабул кардан ва
амал намудани кодекс. Ин Кодекс усули асосии ахлоқ,
рафтор ва дараҷаи масъулияти кормандони бонкро барои
иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоршуда, ки кори
бомуваффақият ва обрӯю нуфузи бонкро таъмин менамо-
янд, муайян мекунад. Корманди бонк бо роҳбарону ҳам-
корон боадабона бо «Шумо» ва бо гирифтани ному насаб
ё бо ризияти онҳо бо гирифтани ном муроҷиат мекунад.
Бояд ҳамеша дар хотир дорад, ки атрофиён рафтори ӯро
мушоҳида намуда, натанҳо ба худи вай, балки умуман ба
бонк баҳо медиҳанд.
259. Дар асоси кадом ҳуҷҷат аз болои нишонаҳои пул на-
зорат бурда мешавад?
- Дар асоси «Қоидаи муайян кардани пулҳои қоғазй
ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон», ки бо қарори
раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20.03.2002 №59
тасдиқ карда шудааст.
260. Фоизи пасандозҳо аз тарафи кй муқаррар карда ме-
шавад?
- Раёсати бонк.
261. Меъёри захираи ҳатмиро барои бонкҳо кӣ муқаррар
менамояд?
46
- Бонки миллй.
262. Меъёри захираи бонк ба чй баробар аст?
- Ба захираҳои ҳатмии бонкҳои тиҷорати, ӯҳда-
дориҳои бонки тиҷоратй нисбат ба амонатҳои дархостша-
ванда.
263. Амалиётҳои фаъоли бонк чист?
- Ин амалиёти қарздиҳй ва ҳисобкуниҳо бо шах-
сони ҳуқуқию воқей; додани захираҳои бонк, бо мақсади
гарифтани фоидаю таъмини қобилияти пардохпазирй.
264. Амалиётҳои ғайрифаъоли бонкиро номбар кунед:
- Ҳамаи амалиёти бонк, ки бо ҷамъи муштариёну
сармояю пасандозҳои он нигаронида шудааст. Ин амалибт
хароҷоти бонкро ба миён меорад, аз ин рӯ номи амалиёти
ғайрифаъолро гирифтааст.
265. Амалиёти санҷшпӣ ё тестй гуфта чиро мефаҳмед?
Амалиёти ба боварй асосёфтаи бонк асосан идораи во-
ситаҳои пул, коғазҳои қиматнок ва гайраро дарбар меги-рад, ки манфиати шахси ҳуқуқию воқеиро ифода намуда дар асоси боварии тарафҳо ба роҳ монда мешавад.
266. Кадом вақт ва аз тарафи ки бонк муфлис эълон
карда мешавад?
- Дар мавриде, ки бонк қобилияти пардохтпазирию
ҳисоббаробаркуниро аз даст медиҳад, аз тарафи Бонки
миллии Тоҷикистон муфлис эълон карда мешавад.
267. Ба гурӯҳи ташкилотҳои молиявии минтақа чй хел
бонкҳо дохил мешаванд?
- Ба ин гурӯҳ Бонки аврупоии таҷдид ва рушд,
Бонки байниамрикоии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки
ҳамкории рушди Осиёи марказй, Хазинаи арабии асъор
ва ғайра дохил мешаванд.
47
268. Векеел чӣ маънй дорад?
- Вексел калимаи немисй буда, маънои мубодила,
табдил, ивазро дорад.
269. Бонкҳо барои ҳар як рӯзи аз мӯҳлат ғузаштани
қарз чй гуна ҷаримапули мегаранд?
- Бонкҳо барои ҳар ж рӯзи аз мӯҳлат баъдан бар-
гардонидани қарз аз қарздор 0,5%-и иловагй ҷаримапулӣ
мегиранд.
270. Бурд (актив) чист?
Дорои ин захираҳест, ки дар ихтиёр ва назорати бонк буда, аз ҳисоби истифодабарии он бонк манфиати иқтисодй ё худ фоида ба даст меорад.
271. Зиён (пассив) чист?
- Уҳцадориест, ки дар натиҷаи иҷрои он захираҳои
бонк содир ё худ кам мешавад. Дар натиҷаи иҷрои онҳо
бонк фоиз медиҳад.
272. Сармоя (капитал) чист?
- Сармоя захираҳои молию пулист, ки баъди аз ҳисоби дороиҳо тарҳ намудани ӯҳцадориҳо ба вуҷуд мео-яд.
К=А-П
А=П+К
273. Мустақилияти бонкҳо дар чи ифода мегардад?
- Мустақилияти бонкҳо дар он ифода мегардад, ки
аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат ҷавобгар нестанд.
274. Кадом бонкҳо ҳуқуқи анҷом додани амалиёти бон-
кро бо асъори хориҷи доранд?
- Иҷозатнома барои иҷрои амалиёти зикршудаи
бонк бо асъори хориҷӣ баъди як соли оғози кори бонк
дар сурати доштани воситаҳои ҳозиразамони алоқаи бай-
налхалқй ва мугахассисони лозимй дода мешавад. Ба бон-
ки муштарак бо иштироки сармояи бонки хориҷй ва ба
48
нгӯьбаи бонки хориҷӣ иҷозатаома барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷй метавонад, баъди се моҳи кушо-дани он дода шавад.
275. Муносибати байни бонкҳо ва мизоҷони онҳо дар
асоси кадом ҳуҷҷат танзим мегардад?
- Шартнома.
276. Фаъолияти бонк бо кадом қонунҳо танзим меша-
вад?
- Бонкҳо фаъолияти худро мувофиқи Конститутси-
яи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи фаъолияти бонки», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-
кистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», дигар
қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии
Бонки миллии Тоҷикистон ва оинномашон амалй мегар-
донанд.
277. Бонки фаръй чӣ хел бонк мебошад?
- Бонки фаръӣ симои (шахс) мустақили ҳуқуқи бу-
да, коғазпечи миқдори назоратии саҳмияҳои он дар их-
тиёри бонки таъсискунанда (бонки асосй) мебошад.
278. МеъЬрҳои иқтисодиеро номбар кунед, ки риояи онҳо ҳатмй барои бонкҳо.
- Ба таркиби меъёрҳои иқтисодие, ки аз тарафи
Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд,
инҳо дохил мегарданд, ки риояи онҳо аз тарафи бонкҳо
ҳатмй мебошад:
а) андозаи камтарини (минимали) сармояи оинномавй;
б) андозаи ниҳоии қисми ғайрипулии сармояи оинно-
мавй набояд аз 20%-и сармояи оинномавии бонк зиёд бо-
шад;
в) андозаи баландтарини (максималӣ) таваккал (риск) ба
як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам юбаста;
г) меъёри пардохтаазирӣ (ликвидность);
г) меъёри кифояти сармоя;
49
д) андозаи таваккали асъорй, фоизй ва ғайра;
е) меъёри истифодаи воситаҳои худи бонкҳо, барои ха-
ридани ҳиссаҳои (саҳмия) дигар шахсони ҳуқуқй;
ё) андозаи баландтарини қарзҳо, кафолатҳо ва замо-натҳое, ки бонк ба иштирокчиёни (саҳҳомон) худ ме-диҳад.
279. Намудҳои суратҳисоби бонки:
а) суратҳисоби ҷорй аслан аз тарафи муассисаҳои буҷетй кушода мешавад; б) суратҳисоби пардохтй аз ҷо-ниби ташкилотҳои ғайрибуҷети барои нигохдошти маб-лағҳои пул, инчунин ҳисоббаробаркунӣ бо кормандону мизоҷон ва ғайра кушода мешавад; в) суратҳисоби қарзй барои ҳисоббаробаркунии маблағҳои қарзи мизоҷон таш-кил карда мешавад; г) суратҳисоби пасандозй бо мақсади нигохдошти маблағҳои пасандозшуда кушода мешавад; г) суратҳисоби гуншаванда барои ҷамъшавии маблағҳои амонатй ташкил карда мешавад; д) суратҳисоби асъорӣ барои баҳисобгирии маблағҳо бо асъори хориҷии шахсо-ни ҳуқуқиву воқей кушода мешавад.
280. Низоми пардохт (платёжная систеса) чист?
- Ин ташкили маблағи ҳисоббаробаркунӣ, муайян
намудани тартибу қоидаҳои ҳисоббаробаркуни байни бон-
кҳо ва ширкатҳоро дарбар мегирад.
281. Ҳисоби муросилоти (корреспондентй) чист?
- Ҳисоби бонки тиҷорат, ки барои нигоҳдошту ис-
тифодаи мақсадноки маблағҳои он дар Бонки марказй ё
бонки дигари тиҷорати кушода шадааст.
Достарыңызбен бөлісу: |