1. Сураи Фотиња (Кушоянда)


Сураи Анбиё (Пайѓамбарон)



бет13/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   33

21. Сураи Анбиё (Пайѓамбарон)
Дар Макка нозил шуд ва он яксаду дувоздањ оят ва њафт рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ба мардумон њисобашон наздик шуд ва онњо дар ѓафлат рўгардонанд.

2. Њељ панди нави падидоварда аз љониби Парвардигорашон ба онњо намеояд, магар он ки онро бозикунон бишунаванд,

3. дар њоле ки дилњояшон ѓофил шудааст. Ин золимон пинњон роз гуфтанд, ки: «Ин шахс ба љуз одамие монанди шумо [касе] нест; оё шумо сењрро дидаву дониста ќабул мекунед?»

4. (Пайѓамбар) гуфт: «Парвардигори ман њар суханеро, ки дар осмону замин бошад, медонад; ва Ў Шунавои Доно аст».

5. Балки гуфтанд: «(Ин Ќуръон) хобњои парешон аст». Балки (гўянд): «Онро [аз худ] барбастааст». Балки (гўянд): «Ў шоир аст. Пас, бояд ки нишонае пеши мо биёрад, чунон ки нахустиниён ба он фиристода шуданд».1

6. Пеш аз онњо њељ дење, ки онро њалок кардем, имон наоварда буд. Оё онњо имон хоњанд овард?

7. Ва пеш аз ту ба љуз мардоне, ки ба онњо вањй мефиристодем, [касеро] нафиристодем. Агар шумо намедонед, пас, аз ањли Китоб бипурсед.

8. Ва пайѓамбаронро колбаде насохтем, ки таом нахўранд ва [онњо] љовидбошандагон набуданд.

9. Сипас, ваъдаро дар њаќќи онњо рост кардем ва онњорову њар киро хостем, бирањонидем ва аз њад гузарандагонро њалок кардем.

10. Ба дурустї, ба сўи шумо Китобе фурў фиристодем, ки дар он панди шумо њаст. Оё ба аќл дар намеёбед?

11. Ва бисёр дењањоро, ки [ањли онњо] ситамкор буданд, шикастем ва баъди онњо гурўње дигарро аз нав пайдо сохтем.

12. Пас, чун азоби Моро диданд, ногањон онњо аз он љо мегурехтанд.

13. (Гуфтем:) «Магурезед ва ба сўи маконе, ки дар он ба шумо осудагї дода шуд ва ба сўи хонањои хеш биравед, то бувад ки пурсида шавед».

14. Гуфтанд: «Эй вой бар мо! Њамоно мо ситамгор будем».

15. Пас, њамеша гуфторашон ин буд, то ваќте ки онњоро мисли зироати даравидашуда мурда гардонидем.

16. Ва Мо осмону замину он чиро, ки дар миёни онњо аст, бозикунон наофаридем.

17. Агар мехостем, ки бозї бисозем, њамоно онро аз назди Хеш месохтем – агар анљомдињанда[-и ин кор] мебудем.

18. Балки њаќро бар ботил меафканем; пас сари онро мешиканад ва ногањон ботил нобуд мешавад. Ва вой бар шумо аз он чи баён мекунед!

19. Ва њар ки дар осмонњову замин аст, аз они Ў аст; ва онон, ки назди Ўянд,2 аз ибодати Ў саркашї намекунанд ва монда намешаванд.

20. Шабу рўз тасбењ мегўянд; сустї наменамоянд.

21. Оё аз замин3 инчунин худоёне гирифтаанд, ки онњоро боз барангезонанд?4

22. Агар дар осмону замин худоёне (чанд), ѓайри Худо, мебуданд, њамоно њар ду табоњ мегаштанд. Покї Худо – Худованди Аршро аст, аз он чи сифат мекунанд!

23. (Худо) аз он чи мекунад, пурсида намешавад ва онњо пурсида мешаванд.

24. Оё ба љуз Худо маъбудон гирифтаанд? Бигў: «Далели худро биёред. Ин Китоби онњое аст, ки бо мананд ва ин Китоби онњое аст, ки пеш аз ман буданд. Балки аксарашон њаќро намедонанд, пас, онњо рўйгардонанд».

25. Ва Мо пеш аз ту њељ пайѓамбаре нафиристодем, магар он, ки ба сўи ў вањй мефиристодем, ки ѓайри Ман њељ маъбуд(-и барњаќ) нест; пас, Маро парастиш кунед.

26. Ва гуфтанд: «[Худои] Рањмон фарзанд гирифтааст». Покї Ўро аст. Балки онњо бандагони гиромианд,1

27. – ба њељ сухан бар Худо пешдастї намекунанд ва онњо ба фармони Вай кор мекунанд.

28. (Худо) он чиро медонад, ки пеши рўяшон аст ва он чиро, ки паси пушташон аст ва шафоат намекунанд, магар барои касе, ки (Худо аз ў) хушнуд шудааст. Ва онњо аз тарси Худо музтарибанд.

29. Ва аз онњо њар ки бигўяд: «Ман ба љуз Ў худоям» – ба ў дўзахро сазо медињем. Њамчунин, ба ситамкорон сазо медињем.

30. Оё кофирон надиданд, ки осмонњову замин баста буданд, пас, онњоро во кардем;2 ва њар чизи зиндаро аз об пайдо кардем? Оё имон намеоранд?

31. Ва дар замин кўњњо пайдо кардем – барои (эњтироз аз) он, ки онњоро биљунбонад ва дар он љо роњњои кушода пайдо кардем, то бувад ки онњо роњ ёбанд.

32. Ва осмонро саќфе нигоњ дошташуда сохтем; ва онњо аз нишонањои осмони рўйгардонанд.

33. Ва Ў Он аст, ки шабу рўзу офтобу моњро офарид; њар яке (аз ситорањо) дар осмоне шино мекунанд.

34. Ва пеш аз ту ба њељ одамї њамеша буданро надодем. Оё агар ту бимирї, онњо њамеша бошандагонанд?

35. Њар шахс чашандаи марг аст ва шуморо ба тариќи имтињон ба сахтию осудагї мубтало мекунем; ва ба сўи Мо бозгардонида мешавед.

36. Ва чун кофирон туро бибинанд, љуз ба тамасхур туро намегиранд; (мегўянд:) «Оё ин шахс маъбудони моро ёд мекунад?»3 Ва онњо ёди [Худои] Рањмонро мункиранд.

37. Одамї аз шитоб офарида шуд;4 нишонањои Хешро ба шумо хоњам намоёнд; пас, аз Ман ба шитоб талаб макунед.

38. Ва мегўянд: «Агар ростгў њастед, ин ваъда кай бошад?»

39. Агар кофирон (сурати њоли) он ваќтро бидонанд, ки оташро аз рўи хеш ва аз пушти хеш боздошта натавонанд ва онњо нусрат дода нашаванд,

40. балки ќиёмат ногањон ба онњо биёяд, пас, онњоро њайрон гардонад; ва онро дафъ карда натавонанд ва онњо мўњлат дода нашаванд.

41. Ва њамоно пеш аз ту ба пайѓамбарон тамасхур карда шуд; пас, он чи ба он истењзо мекарданд, аз онњо худ касонеро даргирифт, ки тамасхур карданд.

42. Бигў: «Кї шуморо шабу рўз аз (уќубати Худои) Рањмон нигањбонї мекунад?» Балки онњо аз ёди Парвардигори хеш рўйгардонанд.

43. Оё онњоро ба љуз Мо маъбудоне њастанд, ки онњоро нигоњ медоранд,5 [њол он, ки] худро ёрї дода наметавонанд ва на онњо аз уќубати Мо (ба љамъияти худ) мањфуз бимонанд?

44. Балки онњову падаронашонро бањраманд сохтаем, то ваќте муддати умр бар онњо дароз шуд. Оё намебинанд, ки Мо замин(-и Дору-л-Њарб)-ро даргирифт мекунем ва аз љониби он мекоњем? Оё онњо ѓалабакунандаанд?

45. Бигў: «Љуз ин нест, ки шуморо ба [мазмуни] вањй метарсонам». Ва карон – чун тарсонида мешаванд – овози хонданро намешунаванд.

46. Ва агар андаке аз азоби Парвардигори ту ба онњо расад, њамоно мегўянд: «Эй вой бар мо! Ба дурустї ки мо ситамкор будем».

47. Ва тарозуњои адлро рўзи ќиёмат дар миён нињем, пас, бар њељ кас њељ чиз ситам карда нашавад; ва агар (амал) њамсанги донаи сипандон бошад, онро њозир кунем. Ва Мо Њисобкунанда басем.

48. Ва ба дурустї ки ба Мўсо ва Њорун Китоби файсалакунанда ва равшан ва панде барои парњезгорон додем –

49. онон, ки аз Парвардигори хеш ѓоибона метарсанд ва онњо аз ќиёмат тарсандагонанд.

50. Ва ин Ќуръон панде бобаракат аст, ки онро фурў фиристодем; оё шумо ба он мункир њастед?

51. Ва њамоно Мо пеш аз ин ба Иброњим рушд [ва камол]-и ўро додем ва ба ањволи ў Доно будем.

52. Чун ба падари худ ва ќавми худ гуфт: «Ин суратњо чист, ки шумо бар [парастиши] он муљоварат доред?»

53. Гуфтанд: «Падарони худро парастандаи онњо ёфтем».

54. Гуфт: «Њамоно шумо ва падарони шумо дар гумроњии зоњир будаед».

55. Гуфтанд: «Оё ба мо сухани ростро овардї, ё ту аз бозикунандагон њастї?»

56. Гуфт: «Балки Парвардигори шумо Худованди осмонњову замин аст – Он, ки инњоро офарид; ва ман бар ин сухан аз гувоњон њастам.

57. Ва ба Худо ќасам, баъд аз он, ки пушт дода, рўй бигардонед, албатта, ин бутони шуморо тадбире кунам».

58. Пас, онњоро реза-реза кард, магар аз онњо бути бузургро, то бувад ки онњо ба сўи ў бозгарданд.

59. Гуфтанд: «Кї ин корро бо худоёни мо кардааст? Њамоно вай аз ситамкорон аст».

60. Гуфтанд: «Аз љавоне, ки ўро Иброњим гуфта мешавад, шунидем, ки зикри бутон мекард».1

61. Гуфтанд: «Ўро ба њузури чашми мардумон биёред, то бувад ки онњо гувоњї дињанд».

62. Гуфтанд: «Эй Иброњим, оё ту ин корро бо худоёни мо кардї?»

63. Гуфт: «Балки онро ин бути бузургашон кардааст, пас, агар сухан мегўянд, аз бутон суол кунед».

64. Пас, ба хештан бозгаштанду гуфтанд:2 «Ба дурустї ки шумо ситамкоред».

65. Пас, бар сарњои хеш нагунсор шуданд:1 «Њамоно ту медонї, ки онњо сухан намегўянд».

66. Гуфт: «Оё ба љуз Худо чизеро ибодат мекунед, ки ба шумо њељ нафъ намерасонад ва шуморо зиён намекунад?

67. Уф бар шумо ва бар он чи шумо ба љуз Худо мепарастед! Оё ба аќл дар намеёбед?»

68. (Бо якдигар) гуфтанд: «Ўро бисўзонед ва агар коре карданї њастед, худоёни худро нусрат дињед».2

69. Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброњим сард ва саломат бош!»

70. Ва ба ў фиреб кардан хостанд; пас, онњоро зиёнкортар сохтем.

71. Ва Иброњиму Лутро ба сўи замине бирањонидем, ки дар он барои оламиён баракат нињодем.3

72. Ва ба ў Исњоќро ва наберае (чун) Яъќубро ато кардем ва њар якеро некўкор сохтем.

73. Ва онњоро пешво гардонидем, ки ба фармони Мо роњ менамуданд; ва ба сўи онњо некўињо кардан ва барпо доштани намоз ва додани закотро вањй фиристодем; ва ибодаткунандагони Мо буданд.

74. Ва ба Лут њикмату илм додем ва ўро аз дење ки (ањли он) корњои нопок мекарданд, бирањонидем. Ба дурустї ки онњо ќавми бад ва гуноњкор буданд.

75. Ва ўро ба рањмати хеш даровардем; њамоно вай аз шоистакорон буд.

76. Ва Нўњро (ёд кун), чун пеш аз ин нидо кард. Пас, дуои ўро ќабул кардем; ва ўву касони ўро аз андўњи бузург рањо кардем.

77. Ва ўро бар ќавме нусрат додем, ки оёти Моро дурўѓ шумурданд. Ба дурустї ки онњо гурўње бад буданд; пас, њамаи онњоро якљо ѓарќ кардем.

78. Ва Довуду Сулаймонро (ёд кун), чун дар боби зироате њукм карданд, ки дар он ба ваќти шаб гўсфандони гурўње чаро карданд; ва Мо бар њукми онњо њозир будем.

79. Пас, тариќи файсала кардани хусуматро ба Сулаймон фањмонидем; ва ба њар яке њикмату дониш дода будем; ва бо Довуд кўњњоро мусаххар гардонидем; ва мурѓонро низ [мусаххар кардем], ки бо ў тасбењ мекарданд. Ва Мо Анљомдињандаи ин кор будем.

80. Ва ба ў барои шумо сохтани либосеро омўхтем, ки шуморо аз зарари корзори шумо нигоњ дорад.4 Пас, оё шумо шукркунанда њастед?

81. Ва барои Сулаймон боди тундро (мусаххар кардем), ки ба фармони вай ба сўи замине, ки дар он баракат нињодем,5 вазида мерафт. Ва ба њар чиз Доно будем.

82. Ва аз девњо љамоатеро (мусаххар сохтем), ки барои вай ѓаввосї мекарданд ва кори ѓайри он низ мекарданд. Ва барои онњо Нигоњдоранда будем.

83. Ва Айюбро (ёд кун) чун ба Парвардигори хеш бо он нидо кард, ки маро ранљ расидааст ва Ту Мењрубонтарини мењрубононї.

84. Пас, дуои ўро ќабул кардем ва он чиро, ки аз ранљ бо вай буд, дур сохтем ва фарзандони ў ва монанди онњоро њамроњи онњо ба ў ато кардем – ки ба сабаби мењрубонї аз назди Мо буд; ва то барои ибодаткунандагон панде бувад.

85. Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро (ёд кун), њар яке аз сабркунандагон буд.

86. Ва онњоро дар рањмати Худ даровардем. Ба дурустї ки онњо аз некўкорон буданд.

87. Ва Зуннунро (ёд кун), чун хашмнок рафт;1 гумон кард, ки бар вай танг нагирем.2 Пас, дар торикињо бо он нидо кард, ки ѓайри Ту њељ маъбуде (барњаќ) нест; Покї Турост, ба дурустї ки ман аз ситамкорон будам.

88. Пас, дуои ўро ќабул кардем ва ўро аз ѓам наљот додем; њамчунин мўъминонро наљот медињем.

89. Ва Закарийёро (ёд кун), чун ба Парвардигори худ нидо кард: «Эй Парвардигори ман, маро танњо магузор ва Ту Бењтарини ворисонї».

90. Пас, дуои ўро ќабул кардем ва ба ў Яњёро бахшидем ва зани ўро барои ў некў сохтем. Ба дурустї ки ин пайѓамбарон дар некињо шитоб мекарданд ва Моро ба умеду хавф мехонданд ва барои Мо ниёзманд буданд.

91. Ва занеро (ёд кун), ки шармгоњи худро ба иффат нигоњ дошт, пас, дар он аз Рўњи Худ дамидем ва ўву писари ўро нишона барои оламиён сохтем.

92. (Гуфтем:) «Ба дурустї ки ин миллати шумо аст – миллати якто; ва Ман Парвардигори шумоам; пас, Маро ибодат кунед.3

93. Ин умматњо кори худро дар миёни хеш мутафарриќ карданд;4 њама ба сўи Мо руљўъкунандаанд.

94. Ва њар ки аз љинси корњои шоиста бикунад ва ў мўъмин бошад, пас, саъйи ўро носипосї набувад. Ва њамоно Мо барои ў менависем.

95. Ва бар њар дење, ки онро њалок кардем, муњол аст он, ки бозгарданд,5

96. то ваќте ки ќайди Яъљуљу Маъљуљ кушода шавад ва онњо аз њар баландї бишитобанд.

97. Ва ваъдаи рост наздик бирасад. Пас ногањон њол ин аст, ки чашмњои кофирон боло дўхта шавад, (гўянд:) «Вой бар мо, ба дурустї ки аз ин њол дар ѓафлат будем, балки ситамгор будем».

98. Ба дурустї ки шумо ва он чи ба љуз Худо мепарастед,6 оташангези дўзах бошед; шумо бар вай њозир шавед.

99. Агар инњо худоён мебуданд, бар дўзах њозир намегаштанд; ва њамаи онњо он љо љовидон бошанд.

100. Онњоро он љо нола бошад ва онњо он љо њељ намешунаванд.

101. Њамоно касоне, ки барояшон аз љониби Мо собиќан некўї муќаррар шуд, (ин љамоа) аз дўзах дур карда шаванд,

102. ки овози дўзахро нашунаванд; ва онњо дар он чи нафсашон хоњад, љовидонанд.

103. Он тарси бузург онњоро андўњгин насозад ва фариштагон онњоро пеш оянд, (гўянд:) «Ин њамон рўз аст, ки ба шумо ваъда дода мешуд».

104. Рўзе, ки осмонро дарпечем – монанди печидани тўмор ваќти навиштани номањо; чунон ки аз бози аввал офаринишро оѓоз кардем, дигар бора офариниш кунем – ин ваъдаи лозим бар Мост; њамоно Мо анљомдињанда[-и ин кор]-ем.

105. Ба дурустї ки дар Забур – баъд аз Таврот, навиштем, ки бандагони шоистаи Мо вориси замин мешаванд.

106. Ба дурустї ки дар он чи гуфта шуд, барои гурўњи обидон кифоят аст.

107. Ва Мо туро нафиристодем, магар аз рўи мењрубонї бар оламиён.

108. Бигў: «Љуз ин нест, ки ба сўи ман вањй фиристода мешавад, ки Маъбуди шумо Худои Якто аст. Пас, оё шумо гарданнињанда њастед?»

109. Пас, агар рўй бигардонанд, бигў: «Шуморо бар ваљње, ки њама баробар бошед, хабардор сохтам ва намедонам, ки он чи ваъда дода мешавад, наздик аст, ё дур.

110. Ба дурустї ки Худо аз сухан ошкорро медонад ва он чиро медонад, ки пинњон мекунед.

111. Ва намедонам, шояд он1 барои шумо озмоише ва бањрамандї то муддате бошад».

112. Гуфт:2 «Эй Парвардигори ман, ба ростї њукм кун. Ва Парвардигори мо Бахшоянда аст, бар он чи шумо баён мекунед, аз Вай мадад талаб карда мешавад».


22. Сураи Њаљљ
Дар Мадина нозил шуд ва он њафтоду њашт оят ва дањ рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Эй мардумон, аз Парвардигори хеш битарсед! Ба дурустї ки зилзилаи ќиёмат чизи бузург аст.

2. Рўзе, ки онро бибинед, њар ширдињанда аз тифле, ки ба ў шир медињад, ѓофил шавад; ва њар зани бордор бори шиками худро бинињад; ва мардумонро мастшуда бибинї, њол он ки онњо маст нестанд, валекин азоби Худо сахт аст.

3. Ва аз мардумон касе њаст, ки дар шаъни Худо ба ѓайри дониш гуфтугў мекунад ва њар шайтони саркашро пайравї менамояд,

4. ки бар вай навишта шудааст,3 ки њар ки дўстдории ў кунад, пас, вай ўро гумроњ мекунад ва ўро ба сўи азоби оташ роњ менамояд.

5. Эй мардумон, агар дар бораи растохез дар шаккед, пас [бидонад], ба дурустї ки Мо шуморо аз хок, сипас, аз нутфа, сипас, аз хуни баста, сипас, аз гўштпораи суратдода ва ѓайри суратдода офаридем, то [инро] барои шумо возењ созем; ва чизеро, ки хоњем, то ваќти муайян, дар рањмњо ќарор медињем, сипас, шуморо, ки кўдаке шудаед, берун меорем; сипас, (тарбият мекунем) то ба нињояти љавонии худ бирасед; ва аз шумо касе бувад, ки миронда шавад; ва аз шумо касе бувад, ки ба бадтарини умр бозгардонида шавад, то чизеро надонад баъд аз он, ки медонист. Ва заминро хушкшуда мебинї; пас, ваќте ки бар он обро фурў фиристем, љунбиш кунаду биафзояд ва аз њар ќисм [набототи] равнаќдор бирўёнад.

6. Ин њама ба сабаби он аст, ки Худо Њаќ аст; ва он, ки Вай мурдагонро зинда мекунад; ва он, ки Вай бар њама чиз Тавоно аст;

7. ва он, ки ќиёмат омаданї аст ва дар он њељ шубњае нест; ва он, ки Худо ононро, ки дар гўр бошанд, бармеангезад.

8. Ва аз мардумон касе њаст, ки дар шаъни Худо ба ѓайри дониш ва ба ѓайри њидоят ва ба ѓайри Китоби равшан гуфтугў мекунад,

9. дар њоле ки сафњаи гардани худро мепечонад,2 то аз роњи Худо гумроњ кунад. Барои ў дар дунё расвої аст ва рўзи ќиёмат азоби сўхтанро ба ў бичашонем.

10. Ин ба сабаби он аъмол аст, ки ду дасти ту онро фиристодааст; ва (ба сабаби) он аст, ки Худо бар бандагон ситамкунанда нест.

11. Ва аз мардумон касе њаст, ки Худоро бар канора ибодат мекунад; пас, агар неъмате ба ў бирасад, ба он ибодат ором гирад; ва агар балое ба ў бирасад, бар рўи худ баргардад – дар дунёву охират зиёнкор шавад. Ин њамон зиёни зоњир аст.

12. Ба љуз Худо чизеро ба ниёиш мехонад, ки ба ў зиёне ва суде нарасонад. Ин њамон гумроњии дур аст.

13. Касеро мехонад, ки зиёни ў аз суди ў наздиктар аст. Њар оина, бад худованде аст ва бад ёре аст.

14. Њамоно Худо ононро, ки имон овардаанд ва корњои шоиста кардаанд, дар бўстонњое дарорад, ки зери он љўйњо меравад. Ба дурустї ки Худо он чи мехоњад, мекунад.

15. Њар ки пиндошта бошад, ки Худо пайѓамбарро дар дунёву охират нусрат нахоњад дод, пас бояд ресмоне ба љониби боло биовезад, сипас, бояд ќатъ кунад, пас, дарнигарад: оё ин тадбири ў чизеро, ки ўро ба хашм овардааст, дур мекунад?

16. Ва њамчунин Ќуръонро оёти равшан фурў фиристодем; ва (бидонед, ки) Худо њар киро хоњад, роњ менамояд.

17. Њамоно Худо миёни онон, ки имон оварданд ва онон, ки яњудї шуданд ва ситорапарастон ва тарсоён ва габрон ва мушрикон рўзи ќиёмат файсала хоњад кард. Ба дурустї ки Худо бар њар чиз Огоњ аст.

18. Оё надидї, ки њар ки дар осмонњо ва њар ки дар замин аст ва офтобу моњу ситорагон ва кўњњову дарахтону чањорпоён ва бисёре аз мардумон Худоро саљда мекунанд? Ва бисёр касон њастанд, ки азоб бар онњо собит шудааст. Ва њар киро Худо хор кунад, пас, барои ў њељ гиромидорандае нест. Ба дурустї ки Худо он чи мехоњад, мекунад.

19. Ин ду фариќ душманони якдигаранд, дар шаъни Парвардигори хеш хусумат карданд. Пас, онон, ки кофир шуданд – барояшон аз оташ љомањо бурида шуд; болои сарњояшон оби гарм рехта шавад,

20. ки ба он њар чи дар шикамашон бошад ва пўст (низ) гудохта мегардад.

21. Ва барои (кўфтани) онњо гурзњо аз оњан муњайё бошанд.

22. Њар гоњ хоњанд, ки аз дўзах бароянд, [то] аз андўњ (халос шаванд), ба он љо бозгардонида шаванд. (Гуфта шаванд:) «Азоби сўхтанро бичашед!»

23. Њамоно Худо ононро, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, дар бўстонњо дармеорад, ки зери он љўйњо меравад; дар он љо бо даствонањо аз зар ва [низ] марворид пероя пероста шаванд; ва либосашон дар он абрешим бувад.

24. Ва ба сухани покиза роњ намуда шуданд1 ва ба роњи Худои Сутуда далолат карда шуданд.

25. Њамоно, онон, ки кофир шуданд ва аз роњи Худо ва аз Масљиду-л-Њаром, ки онро барои мардумони муќим ва сањронишини он љо яксон пайдо кардаем, бозмедоранд ва њар ки он љо ба ситамкорї каљравї кардан хоњад, барояшон азоби дарддињанда бичашонем.

26. Ва (ёд кун) чун барои Иброњим мавзеи хонаи Каъбаро муайян сохтем, (гуфтем) ки бо Ман њељ чизеро шарик муќаррар макун ва Хонаи Маро барои тавофкунандагон ва истодагон ва рукўъкунандагон ва суљудкунандагон2 пок кун.

27. Ва дар миёни мардум ба њаљ овоз дењ, то пиёдаву савор бар њар шутури лоѓар пеши ту биёянд; (ин шутурон) аз њар роњи дур биёянд,

28. то назди фоидањо барои хеш њозир шаванд ва номи Худоро дар чанд рўзи донисташуда3 ва (баъд аз он) бар забњи он чи Худо аз ќисми чањорпоёни мавошї4 ба онњо рўзї додааст, ёд кунанд. Пас, аз он бихўред ва ба дармондаи дарвеш бидињед бихўрад.

29. Сипас, бояд ки чирки тани худро дур кунанд ва назрњои худро ба вафо расонанд ва ба ин Хонаи Ќадим5 тавоф намоянд.

30. (Њукм) ин аст. Ва њар ки шаоири Худоро таъзим кунад, пас, ин (таъзим кардан) назди Парвардигори ў барояш бењтар аст. Ва барои шумо чањорпоён њалол карда шуд, магар он чи бар шумо хонда хоњад шуд.6 Пас, аз палидии бутон дурї љўед ва [низ] аз сухани дурўѓ дурї љўед,1

31. дар њоле ки барои Худо њанифидин, бо Вай ѓайри мушрик бошед. Ва њар ки бо Худо шарик муќаррар кунад, пас, гўё ки аз осмон фурў афтодааст ва мурѓон(-и мурдорхор) ўро бирабудаанд; ё бод ўро ба маконе дур фурў афкандааст.2

32. (Њукм) ин аст. Ва њар ки шаоири Худоро таъзим кунад, пас, ин (таъзим) аз таќвои дилњо аст.

33. Дар он мавошї то ваќти муайян барои шумо фоидањо њаст, сипас, љои фуруд омадани он ба Хонаи Ќадим аст.

34. Ва барои њар уммате тариќи ќурбониро муайян сохтаем, то номи Худоро бар он чи аз чањорпоёни мавошї ба онњо додааст, ёд кунанд. Пас, Худои шумо Худои Якто аст, пас, ба Ў гардан нињед. Ва ба ниёишкунандагон башорат дењ:3

35. – ба онон, ки чун Худо ёд карда шавад, дилњояшон битарсад; ва ба сабркунандагоне, ки бар он чи ба онњо бирасад, [сабр кунанд] ва ба барподорандагони намоз; ва ба онон, ки аз он чи ба онњо рўзї додаем, харљ мекунанд.

36. Ва шутурони ќурбониро барои шумо аз шаоири Худо сохтаем; барои шумо дар он некї њаст. Пас, [дар њолате, ки] бар чањор пой истодаанд, номи Худоро бар нањри онњо ёд кунед; пас, чун пањлўи онњо ба замин афтад, аз он бихўред ва ба дарвеши бесуол ва суолкунанда бидињед бихўранд. Њамчунин чањорпоёнро барои шумо ром гардонидем, бувад ки шукр кунед.

37. Гўшти ќурбонињову хуни онњо ба Худо намерасад, валекин ба Вай аз шумо парњезгорї мерасад. Њамчунин ќурбонињоро барои шумо ром гардонидем, то Худоро ба шукри он, ки ба шумо роњ намуд, ба бузургї ёд кунед. Ва ба некўкорон башорат дењ.

38. Ба дурустї ки Худо аз мўъминон дифоъ мекунад, њамоно Худо њар хиёнаткунандаи носипосро дўст намедорад.

39. Ба онон, ки кофирон бо онњо љанг мекунанд, ба сабаби он, ки онњо мазлум шуданд, рухсати љињод дода шуд. Ва ба дурустї ки Худо бар нусрат додани онњо Тавоно аст –

40. ононе, ки аз хонањояшон ба ѓайри њаќ, балки ба сабаби он берун оварда шуданд, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Худо аст». Ва агар Худо баъзе мардумонро ба дасти баъзе дафъ намекард, савмаањо(-и роњибон) ва калисоњо(-и насрониён) ва куништњо(-и яњудиён) ва масљидњо(-и мусулмонон), ки дар он (мавозеъ) номи Худо бисёр ёд карда мешавад, вайрон карда мешуданд. Ва албатта, Худо ба касе нусрат хоњад дод, ки ќасди нусрати дини Вай кунад. Ба дурустї ки Худо Тавонои Ѓолиб аст.

41. Ононе, ки агар дар замин онњоро дастрасї дињем, намозро барпо доранд ва закотро бидињанд ва ба кори писандида бифармоянд ва аз кори нописандида манъ кунанд. Ва нињояти њамаи корњо аз они Худо аст.

42. Ва агар туро дурўѓгў шумуранд, пас, ба дурустї ки пеш аз онњо ќавми Нўњ ва Од ва Самуд дурўѓгў шумурда буданд;

43. ва ќавми Иброњиму ќавми Лут;

44. ва ањли Мадян. Ва Мўсо дурўѓгў шумурда шуд. Пас, ба кофирон мўњлат додам, сипас онњоро гирифтор кардам. Пас [бинигар], уќубати Ман чї гуна буд?

45. Пас, басо дењеро, ки (ањли) вай ситамгор буд, њалок сохтем, пас, вай бар саќфњои худ афтодааст ва бисёр чоњи бекормондаву кўшки баланд (хароб шудааст).

46. Оё дар замин сайр накардаанд, то онњоро дилњое бошад, ки бо он фањм кунанд, ё гўшњое, ки бо он бишунаванд. Њар оина њол он аст, ки чашмњо нобино намешаванд, валекин он дилњое, ки дар синањоанд, нобино мешаванд.

47. Ва аз ту азобро зуд металабанд ва Худо њаргиз ваъдаи Худро хилоф нахоњад кард. Ва ба дурустї ки як рўз назди Парвардигори ту монанди њазор сол аст – аз он чи шумо мешумуред.

48. Ва басо дење, ки ба он мўњлат додам ва он ситамгар буд; сипас, онро гирифтор кардам; ва бозгашт ба сўи Ман аст.

49. Бигў: «Эй мардумон, љуз ин нест, ки ман барои шумо тарсонандаи ошкорам».

50. Пас, барои онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, омурзиш ва рўзии нек аст.

51. Ва онон, ки дар оёти Мо ољизкунон саъй карданд – ањли дўзаханд.

52. Ва пеш аз ту њељ фиристодае ва њељ соњибвањйе нафиристодем, магар он, ки чун орзуе ба хотир баст, Шайтон чизе дар орзуи вай афканд. Пас, Худо он чиро, ки Шайтон андохтааст, дур мекунад, сипас Худо оёти Худро муњкам мекунад. Ва Худо Донои Боњикмат аст,

53. то он чиро, ки Шайтон афкандааст, балое дар њаќќи касоне бигардонад, ки дар дилњояшон беморист – ва касоне, ки дилњояшон сахт аст. Ба дурустї ки ситамкорон дар мухолифати дурударозанд;

54. ва то онон, ки ба онњо илм дода шудааст, бидонанд, ки он вањй рост ва аз љониби Парвардигори ту аст, пас, ба он имон оранд ва дилњояшон барои Худо ниёиш кунад. Ва њамоно Худо мўъминонро ба сўи роњи рост Роњнамоянда аст.

55. Ва кофирон аз он вањй њамеша дар шубња бошанд, то ваќте ки ќиёмат ногањон ба онњо биёяд, ё азоби рўзи нињоят нањс ба онњо бирасад.

56. Подшоњї дар он рўз аз они Худо аст, ки миёни онњо њукм кунад. Пас, онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, дар бўстонњои неъмат бошанд.

57. Ва онон, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурўѓ шумурданд, барои ин љамоа азоби хоркунанда бошад.

58. Ва онон, ки дар роњи Худо њиљрат карданд, пас, кушта шуданд, ё бимурданд, њамоно Худо ба онњо рўзии нек медињад.1 Ва ба дурустї ки Худо Бењтарини рўзидињандагон аст.

59. Албатта, онњоро ба мавзеъе дарорад, ки аз он хушнуд шаванд. Ва ба дурустї ки Худо Донои Бурдбор аст.

60. Њукм ин аст. Ва њар ки ба монанди он, ки ба ў изо дода шуд, дар паи изои касе афтад, баъд аз он бар вай тааддї карда шавад, њамоно Худо ба ў нусрат хоњад дод. Ба дурустї ки Худо Бахшояндаи Омурзгор аст.

61. Ин (нусрат) ба сабаби он аст, ки Худо шабро дар рўз дармеорад ва рўзро дар шаб дармеорад; ва ба сабаби он аст, ки Худо Шунавои Бино аст.

62. Ин (нусрат) ба сабаби он аст, ки Худо Њаќ аст. Ва он чи (кофирон) ба љуз Вай мехонанд, ботил аст ва (ба сабаби он аст, ки) Худо Баландмартабаи Бузургќадр аст.

63. Оё надидї, ки Худо аз осмон обро фуруд овард; пас, замин сарсабз шавад? Ба дурустї ки Худо Лутфкунандаи Доно аст.

64. Он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, аз они Ўст. Ва ба дурустї ки Худо Бениёзи Сутудакор аст.

65. Оё надидї, ки Худо он чиро, ки дар замин аст ва киштињоро, ки дар дарё ба фармони Ў мераванд, барои шумо мусаххар кард? Ва Ў осмонро аз он нигоњ медорад, ки бар замин афтад, магар ба хости Ў. Ба дурустї ки Худо дар њаќќи мардумон Бахшояндаи Мењрубон аст.

66. Ва Ў Он [Худой] аст, ки шуморо зинда кард, сипас, шуморо бимиронад, боз шуморо зинда кунад. Ба дурустї ки одамї носипос аст.

67. Барои њар гурўње шароитеро муайян кардаем, ки онњо бар он амалкунандаанд; пас, бояд ки бо ту дар ин кор низоъ накунанд; ва ба сўи Парвардигори хеш бихон; ба дурустї ки ту бар роњи рост њастї.

68. Ва агар бо ту љидол намоянд, бигў: «Худо ба он чи мекунед, Донотар аст.

69. Худо рўзи ќиёмат миёни шумо дар он чи андар он ихтилоф мекунед, њукм хоњад кард».

70. Оё надонистї, ки Худо њар чи дар осмону замин аст, медонад? Њамоно ин њама дар Китобе сабт аст. Ба дурустї ки ин њама бар Худо осон аст.

71. Ва ба љуз Худо чизеро ибодат мекунанд, ки Худо бар он њуљљате фурў нафиристодааст ва онњоро бар субути он донише нест. Ва барои ситамкорон њељ ёридињандае нест.

72. Ва чун оёти возењомадаи Мо бар онњо хонда мешавад, дар рўи ин кофирон нохуширо мешиносї; аз он наздик мешаванд, ки бар касоне њамла кунанд, ки бар онњо оёти Моро мехонанд. Бигў: «Оё шуморо ба нохуштар аз ин хабар дињам? – Он дўзах аст; Худо онро ба кофирон ваъда додааст; ва вай бад љое аст».

73. Эй мардумон, достоне падид оварда шуд; пас, онро бишунавед: њамоно онон, ки ба љуз Худо мехонед, магасеро офарида натавонанд – агарчи барои он љамъ шаванд; ва агар магас чизеро аз онњо бирабояд, онро аз магас рањо карда натавонанд. [Њам] толибу [њам] матлуб1 нотавон шуданд.

74. Худоро њаќќи ќадри Ў ќадр накарданд. Ба дурустї ки Худо Тавонои Ѓолиб аст.

75. Худо аз фариштагон ва аз мардумон фиристодањое бармегузинад. Ба дурустї ки Худо Шунавои Бино аст.

76. Он чиро медонад, ки пеши рўи онњо аст ва он чиро ки паси пушти онњо аст. Ва корњо ба сўи Худо бозгардонида мешаванд.

77. Эй мўъминон, рукўъ кунед ва саљда ба љо оред ва Парвардигори худро ибодат намоед ва кори некў кунед, умед аст, ки растагор шавед.

78. Ва дар роњи Худо љињод кунед – њаќќи љињоде, ки барои Худо бошад. Вай шуморо баргузид ва бар шумо дар дин њељ тангї насохт; дини падари шумо – Иброњимро (машрўъ кард); Худо шуморо пеш аз ин2 ва дар Ќуръон низ «мусулмон» ном нињод, то пайѓамбар бар шумо гувоњ бошад ва шумо бар мардумон гувоњ бошед; пас, намозро барпо доред ва закотро бидињед ва ба Худо чанг занед. Ў Худованди шумо аст; пас некў Худованд ва некў Мададгор аст!



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет