МАВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА
-
Моҳияти иқтисодӣ ва вазифаҳои суғурта
-
Мафҳумҳои асосии сугурта
-
Тавсифи мухтасари сохаҳои суғурта
10.1. Моҳияти иқтисодӣ ва вазифаҳои сугурта
Суғурта ҳамчун усули ҳимояи манфиатҳои амволии шах-сони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва давлат унсури зарурии ҷомеаи муо-сир буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ қисми ҷудонашавандаи фаъолияти иҷтимой-иқтисодии одамон ба шумор меравад. Суғурта ба суғурташвандагон кафолати талофии зарари дар натиҷаи ҳодисаҳои суғуртавӣ рух додаро медиҳад. Дар шарои-ти иқтисоди бозорӣ сугурта ба яке аз заминаҳои муҳимтарини рушди хоҷагии халқ ва яке аз соҳаҳои босуръат пешраван-даи фаъолияти хоҷагидорӣ табдил меёбад. Сугурта ба ҳимояи манфиатҳои амволии субъектҳои хоҷагидорӣ, аҳолӣ, бехатарӣ ва мӯътадилии соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Мавҷудияти ҳимояи суғуртавӣ рушди муносибатҳои бозориро ҳавасманд мекунад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ нақши суғурта дар такрор-истеҳсоли ҷамъиятӣ афзуда, донраи хизматрасониҳои сугуртавӣ хело васеъ мегардад. Дар чунин шароит суғурта, аз як тараф, воситан ҳимояи соҳибкорй ва нехӯаҳволии аҳолй буда, аз ҷопиби дигар, як намуди фаъ( лияти соҳибкорӣ мебошад, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида аст.
Нахустин падидаҳои суғурта ҳанӯз дар дунёи қадим (Рими қадим, Юнони қадим) пайдо шуда буд. То пайдоиши муно-
286
МЛВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА
сибатҳои сармоядорӣ сугурта хосияти коллективӣ дошт, яъне чун усули ёрии тарафайни одамон баромад карда, максади фо-идагириро надошт. Аввалин шартномаи сугурта, ки то имрӯз боқй мондааст, 23-уми октябри соли 1347 дар шахи Генуя (Ита-лия) баста шуда буд. Намуди асосии сугурта дар асрхои миё-на сугуртаи баҳрӣ ба шумор мерафт.
Бо пайдоиш ва рушди муносибатҳои сармоядорй маз-муни суғурта дихаргун шуд. Сугурта ба як намуди фаъоли-яти соҳибкорй габдил ёфта, хосияти гиҷорагиро гирифг, ки максади асосии он гирифтани фоида буд. Хизматрасониҳои сугуртавӣ ба моли махсусе табдил ёфтанд, ки хариду фурӯш мешуданд.
Муносибатҳои сугуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистол наху-стин маротиба соли 1924 пайдо шуданд. Дар он сол бо карори Кумитаи инкилобии Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотси-алистии Тоҷикистон Комиссариати Халқии Тоҷикистон таш-кил карда шуд, ки ба хайати он шӯъбаи суғуртаи давлатӣ дохил гардид. Пас аз соҳибистиклолии давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар муносибатҳои сугуртавӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вукӯь пайваст. Сугурта аз монополияи давлатӣ озод гардид. Нахустин Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» (соли 1994) ва дигар санадҳои меъёриву хукуқй кабул шуданд, ки барои рушди кори сугурта заминаи ҳукукӣ фароҳам овар-данд.
Имрӯз дар Точикистон 17 ширкатхои сугурта фаъоли-ят менамоянд, ки аз он 2 тоашон давлатй («Тоҷиксуғурта», «Тоҷиксармоягузор») ва 15 тоашон ғайридавлатӣ («Ориён ин-Шуренс», «Муин», «Труд», «Душанбе» ва ғайра) мебошанд.
Суғурта ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ маҷмӯи муносибатҳои иҳтисодиест, ки ҷамъи шаклҳо ва усулҳои ташкили фонди максадноки пулӣ (фонди сутурта) ва истифодаи онро дар бар Мегирад. Маблағҳои фонди сугурта барои талофии зарархои Дар натиҷаи ҳодисаҳои суғуртавӣ баамаломада, инчунин ра-сонидани кӯмаки молиявӣ (пардохти маблағи сугуртавӣ) ба
287
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
шаҳрвандон ҳангоми рух додани ҳодисаҳои сугуртавӣ дар ҳаёти онҳо истифода мешавад.
Ба ақидаи бисёре аз иқтисодчиён моҳияти иқтисодии су-гурта дар ташкили фонди сугуртавӣ ифода меёбад. Фонди сугурта фонди махсуси пулиест, ки аз ҳисоби ҳаққи сугуртавии пардохтнамудаи суғурташавандагон ташкил карда шуда, ба-рои талофии зарарҳои сугуртавӣ, пардохти маблаги суғуртавй (дар сугуртаи шахсӣ) ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи суғуртавӣ истифода мешавад. Бо дигар мақсадҳо истифода бурдани маблагҳои фонди суғуртавӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои зерин, ки бо амалй намудани фаъолияти сугуртавӣ алоқаманданд:
-
пардохти музди меҳанти кормандони ташкилоти суғурта;
-
барои харидан ва ё ба иҷора гирифтани амвол;
-
харидани воситаҳои канселярй;
-
пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва гайра. Нахустин маротиба зарурати ташкили фонди ҷамъиятии
суғуртавиро К. Маркс асоснок намуда буд. К. Маркс қайд на-муда буд, ки сармояи асосӣ, яъне воситаҳои асосии истеҳсолот, дар ҷараёни истеҳсолот бо ҳодисаҳои тасодуфӣ ва хавфҳои гу-ногун дучор мешаванд, ки метавонад ба кам шудани воситаҳои асосӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, як қисми фоида бояд барои ташкили фонди суғуртавии корхона равона карда шавад. Се шакли ташкили фонди суғуртавиро фарқ менамоянд:
-
марказонидашуда (ташкили фондҳои суғуртавй дар шак-ли пулӣ ё молӣ аз ҷониби давлат);
-
гайримарказонидащуда ё худсуғуртакунӣ (ташкили фондҳои суғуртавй аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ);
-
сугуртакунӣ (ташкили фонди суғурта аз ҷониби ташки-лоти суғурта).
Суғурта ҳамчун як қисми ҷудонашвандаи муносибатҳои молиявӣ дорои нишонаҳои асосии зерин мебошад:
-
мавҷуд будани муносибатҳои азнавтақсимкунй;
-
мавҷудияти хавфи суғуртавӣ;
288
МАВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА
-
ба шахси дигар додани хавф;
-
додани товони зарар (пардохти маблағи еуғуртавй) ҳангоми рух додани ҳодисаи сугуртавй;
-
додани товони зарар (пардохти маблаги сугуртавӣ) танҳо ба иштирокчиёни муноснбатҳои сугуртавӣ ва ё ба муносибатҳои амволии суғурташуда.
Хусусиятҳои хоси суғурта инҳоанд:
-
Сарчашмаи асосии ташкили фонди сугуртавӣ ҳаққи сугуртавиест, ки суғурташавандагон пардохт мекунанд.
-
Маблағҳои дар шакли ҳаққи сугуртавӣ ҷамъшуда дар ихтиёри ташкилоти сугурта карор доранд.
-
Ҳаҷми ҳаққи суғуртавӣ дар асоси меъёрҳои махсус, ки аз эҳтимолияти ба вуқӯъ пайвастани он ҳодисае, ки нисбати он сугурта гузаронида мешявад ва шблағе, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи сугуртавӣ ширкати сугурта бояд пардохт на-мояд, муқаррар карда мешавад.
-
Маблагҳои фонди сугуртавӣ танҳо ба иштирокчиёни муносибаткои сугуртавӣ, ки нисбати муносибатҳои амволии сугурташудаашон ҳодисаи сугуртавй рух додаст, тақсим кар-да мешавад.
-
Маблағҳои фонди суғуртавӣ танҳо ҳангоми рух додани ҳамон ҳодисаҳое пардохта мешаванд, ки ои ҳодисаҳо пешакӣ дар вақти бастани шартиомаи сугурта ҳамчун хавфи сугуртавӣ дониста шудаанд.
-
Суғуртаншвандагон (фоидагирандагон) танҳо хамон вақт ҳуқуқи хирифтани товони зарар (маблаги суғуртавй) - ро пайдо менамоянд, агар ҳодисаи сугуртавй дар давоми ама-ли шартномаи суғурта, яъне то анҷоми мӯҳлати он, ба вуқӯъ пайваста бошад.
Сугурта дар ду шакл гузаронида мешавад: ҳатмӣ; ихтиёрӣ.
Сугуртаи ҳатмӣ дар асоси санадҳои қонунгузорни мамлакат эмалӣ карда мешавад. Намудҳо, шартҳо, тарифи сугуртавӣ, тар-тиби гузаронидан ва ҳаҷми товони зарар (маблағи сугуртавӣ)-Ро дар суғуртаи ҳатмӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё
289
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
конунгузории Ҷумҳурин Тоҷикистои дар бораи сугуртан ҳатми муайян менамояд.
Агар сугуртакунӣ дар ташкилоти сугуртаи давлатӣ гуза-ронида шуда бошад, давлат ба сугурташавандагон пардохти ҷуброни сугуртавӣ ва ё маблагн суғуртавиро аз рӯйи намудҳои сугуртаи хатмӣ ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои сугуртавӣ ка-фолат медиҳад.
Суғуртаи ҳатмй бо усули бастани шартномаи суғурта аз ҷониби шахс (суғурташаванда)-е, ки ба зиммааш бастани чу-нин шартнома гузошта шудааст, бо суғуртакунанда амалӣ кар-да мешавад. Суғуртаи ҳатмӣ аз ҳисоби суғурташаванда анҷом дода мешавад.
Объекте, ки бояд ба суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта ша-вад, хавфе, ки он бояд сугурта шавад ва андозаи ҳадди ақали маблаги сугурта мувофики қонун ё тибқи қоидаҳои муқар-рарнамудаи он муайян карда мешавад.
Агар ба шахсе, ки мутобиқи қонун бояд ба манфиати вай суғуртаи ҳатмӣ анҷом дода шавад, маълум гардад, ки шар-тномаи суғурта баста нашудааст, он гоҳ, он шахс ҳукуқ до-рад тибки тартиби судӣ аз шахси ба сифати суғуртакунанда ба зимааш суғуртакунӣ вогузошташуда бастани шартномаи сугуртаи ҳатмиро талаб намояд.
Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси бастани шартнома байни суғуртакунанда ва сугурташаванда ба таври ихтиёрӣ гузаро-нида мешавад. Намудхо, шартхо, тарифи суғуртавӣ, пардохти ҷуброни сугуртавӣ ва ё маблағи суғуртавиро ширкати сугурта, дар асоси қойидаҳои суғуртакунӣ. ки сугуртакунанда таҳия намуда, дар мақоми ваколатдо.р ба қайд гирифтааст, муай-ян менамояд.
Моҳияти суғурта дар вазифахои он ифода меёбад. Сугурта вазифаҳои зерипро иҷро менамояд:
-
талофии зарарҳо;
-
пешгирикунӣ;
-
пасандозкунӣ;
290
МЛВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА
- назоратй.
Талофии зарарҳо вазифаи асосии сугурта ба шумор ме-равад. Тавассути механизми суғурта товони зарарҳои ба объектҳои суғурта расонидашуда пардохта мешавад. Суғурта-шавандагон товони зарарро аз ширкати сугурта гирифта, онро барои барқарор намудани арзишҳои моддии нестшуда ё зарар-дида истифода мебаранд.
Бояд қайд намуд, ки дар сурати надоштани шартномаи суғурта зарардидагон маҷбур мешаванд маблағҳои иловагии бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ва нохуш-ро ёбанд, ки ин метавонад барояшон мушкилоти молиявиро ба миён орад. Мавҷудияти шартномаи сугурта бошад имкон медиҳад зарар аз ҷониби ширкати сугурта саривақт талофӣ карда шавад.
Вазифаи талофии зарарҳо дар асоси яке аз принсипҳои суғурта - додани товони зарар дар хаҷми воқеии зарар амалй мешавад.
Моҳияти вазифаи пешгирикунии суғурта он аст, ки бо ёрии суғурта эҳтимолияти рух додани ҳар гуна ҳодисаҳои но-хуш паст карда шуда, ҳаҷми зарари сугуртавй кам карда ме-шавад. Вазифаи мазкури суғурта ду ҷиҳатро дар бар мегирад.
-
Ширкатҳои суғурта як қисми ҳакқи сугуртавиро ба-рои ташкили захираҳои махсус, бо максади гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунӣ равона мекунанд. Маблағҳои чу-нин захираҳои махсус барои маблағгузории чорабиииҳо оиди пешгирии сухтор, садама, офатҳои табий, ҳодисаҳои нохуш, касалиҳо ва гайра истифода мешавад. Гузаронидани чунин чорабиниҳо хавфи ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои ногаҳониву Нохушро паст мекунад, ки он ҳам барои ташкилоти сугурта »а ҳам барои суғурташаванда фоидаовар мебошад.
-
Ширкатхои суғурта аз суғурташавандагон талаб меку-Нанд, ки онҳо худашон чорабиниҳои паст намудани хавфи РУх додани ҳодисаи суғуртавнро амалӣ намоянд. Аз ҷумла,
291
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
суғурташавандагон ӯхдадоранд коидаҳои умумии истифодаи объекти суғурташударо пурра риоя намоянд.
Вазифаи пасандозкунии суғурта хоси суғуртаи ҳаёт мебо-шад. Суғурта татбики талаботи пасандозкунии аҳолиро конеъ менамояд. Бастанӣ шартномаи суғуртаи ҳаёт яке аз усулҳои муҳими ташкили пасандози маблағҳои аҳолй ба шумор ме-равад.
Суғуртаи дарозмӯҳлати ҳаёт дар низоми муносибатхои иқтисодӣ ҳамчун воситаи пасандози фардии шахрвандон аҳамияти муҳим дошта, ҳифзи саломатӣ ва андӯхти маблагро барои ҳимояи суғурташаванда (шахси суғурташуда), дар ҳолатҳои муайян таъмин менамояд.
Ҳадафи асосии вазифаи назоратии суғурта таъмини таш-кил ва истифодаи максадноки маблағҳои фонди суғурта мебо-шад. Мувофики талаботи ин вазифаи сугурта оиди фаъолия-ти молиявии ширкатҳои суғурта, амалиётҳои суғуртавй назо-рат бурда мешавад. Назорати суғуртавӣ дар сатҳи давлатӣ аз ҷоннби мақомоти махсуси ҳокимияти иҷроия гузаронида меша-вад. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон чунин мақомот Хадамоти на-зорати давлатии суғуртавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад. Дар ҷараёни назорат ба фаъолияти суғуртавӣ мақомоти андоз, макомоти зиддимонополистӣ ва гайра низ иштирок менамоянд. Назорати суғуртавӣ дар дохи-ли ширкатхои сугурта ҳам ташкил карда мешавад.
10.2. Мафҳумҳои асосии сугурта
Фанни сугурта чун дигар фанҳо дорои мафхум ва исти-лоҳоти ба худ хос аст, ки донистани онхо барои омӯзиши кори сугурта зарур ва аҳамиятнок мебошад. Ҳоло моҳияти мафхум ва истилоҳоти асосии суғуртаро мухтасар шарҳ медиҳем.
Сугуртакучсшда - шахси ҳуқуқиест ки барои амалӣ наму-дани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатномаи махсуси мақоми ва-колатдори давлатиро дорад.
292
МЛВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА
Сугурташаванда - шахси воқеии қобили меҳант ва шахси ҳуқуқиест, ки бо ташкилоти суғурта (суғуртакунанда) шартно-маи суғурта бастааст.
Ташкшоти азнавсугуртакунӣ (азнавсугуртакунанда) - шах-си хуқуқиест, ки фаъолиятро оид ба бастан ва иҷро намуда-ни шартномаҳои азнавсуғуртакунонӣ дар асоси иҷозатномаи дахлдори мақоми ваколатдори давлатй анҷом медиҳад.
Актуарий (англисӣ акшап - тезнавис, ҳисобчӣ) - шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ буда, бо ёрии усулҳои математикию оморӣ тарифҳои суғуртавиро муайян менамояд.
Ҳисобҳон актуарӣ - тадқиқотҳои математикй ва омории тарзи ташкилёбии захираҳо ва тарифҳои суғуртавӣ аз рӯйи намудҳои суғурта.
Мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоме, ки танзим ва на-зорати давлатиро дар бозори сугурта амалӣ меиамояд.
Иштирокчиёни касбии бозори сугурта - сугурташавандаҳо, ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсугуртакунӣ (сугуртакунандаҳо), агентҳои суғурта, брокери сугурта ва актуарий, ки фаъолия-ти худро дар асоси иҷозатномаи дахядори шқоми ваколат-дор амалӣ менамоянд.
Иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти сугуртавӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи анҷом додани фаъолия-ти суғуртавӣ, аз рӯйи номгӯй ва намудҳои сугуртакунии дар иҷозатнома нишоидодашуда, ки мақоми ваколатдори давлагӣ медиҳад.
Феҳристи давлатии сугуртакунандаҳо (азнавсугурта-куиандаҳо) ва феҳристи брокерҳои сугурта - ин низоми ҳисобдорӣ, ҷамъоварй, захиранамоӣ ва хорнҷнамоӣ аз фехристи маълумотҳо мебошад, ки ба иҷозатиомадиҳии фаъолияти сугуртавӣ ва назорат аз болои фаъолияти суғуртакунандаҳо (азнавсугуртакунандаҳо) дахл дорад.
Полиси сугуртавӣ - ҳуҷҷатсст, ки баста шудани шартно-Маи сугуртаро бо шартҳои муайян тасдиқ менамояд. Дар по-
293
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
лиси суғурта нуқтаҳои асосии шартномаи суғурта, чун суғур-ташаванда, объекти суғурта, арзиши суғуртавй, маблағи суғуртавй, хавфҳои сугуртавӣ, мӯҳлати шартнома ва гайра дарҷ мегардад. Ширкати суғурта ӯҳдадор аст пас аз пардох-ти ҳаққи суғуртаи аввалин ба суғурташаванда полиси сугурта диҳад.
Шартиомаи сугурта - созишномаи хаттии байни сугур-ташаванда ва суғуртакунанда, ки мувофики он суғуртакунанда ӯҳдадор мешавад дар ҳолати рӯй додани ҳодисаи суғуртавй ба сугурташаванда ё шахси дигаре, ки шартномаи сугурта ба манфиати ӯ баста шудааст, маблағи суғуртаро пардохт намояд, суғурташаванда бошад, ӯҳдадор мешавад ҳаққи суғуртавиро дар мӯхдати муқарраршуда супорад ва шартҳои дигари шар-тномаро иҷро кунад.
Ширтиомаи азнавсугуртакуиопӣ - созишномаи хаттӣ, ки мувофики он ташкилоти азнавсугуртакунӣ ӯхдадор мешавад бо музди муайян (мукофоти азнавсуғуртакунӣ) ҳиссаи муайя-ни хнвфи ташкилоти сугурта (седент) - ро ба чавобгарии худ қабул намояд.
Қойидаҳои сугурта - ҳуҷҷати ташкилоти суғурта, муай-янкунандаи шарти анҷом додани сугурта аз рӯйи намуди му-айяни суғурта.
Агепти сугурта - шахси хуқуқӣ ё воқеиест, ки намояндаи ваколатдори сугуртакунанда буда, аз номи ӯ ва бо суцпори-ши ӯ фаъолият мекунад.
Брокери сугурта - шахси воқеӣ ва ҳуқукиест, ки аз номи худ, дар асоси супориши суғурташаванда ва ё суғуртакунанда фаъолияти миёнаравиро ба анҷом мерасонад.
Арзииш сугуртавӣ — арзиши воқеии амволи сугурташуда дар рӯзи бастани шартномаи сугурта, ки дар шартномаи сугурта нишон дода щудааст.
Маблаги сугуртавӣ ин маблағест, ки бо он шартномаи суғурта баста шудааст, ё бо ибораи дигар, ин ҳаҷми ӯҳда-дории ширкати сугурта дар назди суғурташаванда мебошад-
294
МАВЗӮИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА
Суғуртакунанда ӯҳдадор аст талофии суғуртавӣ (маблаги сугуртавӣ)-ро дар ҳаҷми воқеии зарар, вале иа зиёда аз маблағи суғуртавӣ пардохт намояд. Дар шартномаҳои сугуртаи амвол маблағи сугуртавӣ метавонад ба арзиши суғуртавӣ баробар, аз он кам бошад, вале аз он зиёд буда наметавонад.
Ҳодисаи сугуртавӣ - ҳодисаи рӯйдодаи пешбининамудаи шартномаи суғурта ё қонуи мебошад, ки бо рух додани он ӯҳдадории суғуртакунанда оиди ба суғурташаванда, шахси суғурташуда ва ё фоидагиранда пардохтани суғуртапулӣ ба ииён меояд.
Ҳаққи сугуртавӣ - маблағи дар шартномаи сугурта муай-янгардида, ки суғурташаванда ӯхдадор аст ба сугуртакунанда аз рӯйи тартиб ва мӯҳлати дар шартномаи суғурта муайнгар-дида пардохт намояд.
Ҷубропи сугуртавӣ - маблагест сугуртакунанда мувофиқи шартномаи суғурта ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба-рои пӯшонидани зарар пардохт мекунад.
Ҷуброни зарар - аз ҷониби сугуртакуианда пурра ва ё қисман ҷуброн намудани зарари сугурташаванда, ки ба ӯ дар натиҷаи нобудшавӣ ва ё осеб дидани амволи сугуртакардашудааьч ҳангоми ҳодисаи сугуртавӣ расонида шудааст;
Хавфи сугуртавӣ - ҳодисаи эҳтимолие мебошад, ки бо на-зардошти ба амал омадани он шатрномаи суғурта баста ме-шавад.
Захираҳои сугуртавӣ - фондҳои махсуси пулиест, ки суғуртакунандаҳо бо мақсади таъмини иҷрои ӯҳдадорииҳои суғуртавии гирифтаашон аз ҳисоби пардохтҳои ҳаққи суғуртавӣ аз рӯйи намудҳои сугурта ташкил медиҳад.
Фоидагираида - шахсе ҳуқукй ё воқеиест, ки бо мақсади гирифтани товони суғуртавӣ (маблаги суғуртавӣ) аз ҷониби суғурташаванда, шахси сугуртащуда ва ё қонун таъин карда мешавад.
Сугуртаи муштарак - сугуртакунии як объект аз ҷониби ду ва ё зиёда суғуртакунандаҳо дар асоси як шартномаи суғурта.
29?
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
Сугу/тши дукарата - сугуртакунии як объект аз ҷониби ду ва ё зиёда сугуртакунандахо дар асоси бастани шартномаи алохддаи сугурта бо ҳар яке аз сугуртакунандаҳо.
10.3. Тавсифи мухтасари еохаҳои сугурта
Вобаста ба объекти суғурта се соҳаи суғуртаро фарқ ме-кунанд: суғуртаи амвол; сугуртаи шахсӣ; сугуртаи масъулият.
Сугуртаи амвол, Сугуртаи амвол ҳамчун яке аз соҳақои суғурта мачмӯи муносибатҳои байни сугуртакунанда ва сугурташавандро оиди хизматрасонии сугуртавй ифода ме-намояд. Объекти сугуртаи амвол соҳибият, истифодабарй ва ихтиёрдорй намудани амвол ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, к» на ганҳо соҳиби амвол, балки шахси дигаре, ки амволро муваққатан соҳибй карда, истифода мебарад, ҳукуқи суғуртакунии онро дорад.
Амвол тибки шартномаи сугурта ба манфиати шахсе (су-ғурташаванда ё фоидагиранда), ки мувофиқи қонунҳо ё шар-тнома барои ба манфиати худ нигоҳ доштани ҳамин амвол асос дорад, ба манфиати молики он, шахсе, ки ба ин амвол ҳуқуқи дигари амволӣ дорад, иҷоракор, пудратчӣ, нигаҳбон, комиссионер ва гайра суғурта шуданаш мумкин аст.
Шартномаи суғуртаи амвол ба манфиати фоидагиранда бидуни зикри ном ё номгӯи фоидагирандаҳо баста шуданаш мумкин аст. Ҳангоми бастани чунин шартнома полиси сугурта ба манзуркунанда дода мешавад.
Дар сугуртаи амвол ба сифати суғурташавандагон шахсо-ни воқей ва ҳуқукӣ баромад менамоянд.
Дар сугуртаи амвол зери мафхуми амвол на танҳо ашё ё чизи мушаххас (хона, телевизор, пойафзол, либос, таҷҳизот ва ғайра), балки гурӯҳн ашёҳо; чизҳо; маҳсулот, инчунпн воситахои накдиёт; бор; амволи давлат, корхонаҳо, шахрвандон; хавфхои молиявй ва ғайра фаҳмида мешавад.
2%
МАВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУҒТА
\ Мутобики шартномаи сугуртаи амвол як тараф (сугурта-кунанда) ӯхдадор мешавад бо пардохти дар шартпома кайд ва шартшуда (мукофоги сугурта), қангоми рух додани ходисаи дар шартнома пешбинишуда (ҳодисаи сугурта) ба тарафи ди-гар (сугурташаванда) ё шахси дигаре, ки ба манфиати он шар-тнома баста шудааст (бадастоварандаи фоида), зарари воба-ста ба ин ҳодиса ба амволи сугуртакунанда расоиидашуда ё зарари вобаста ба дигар манфиати амводии сугурташаванда расонидашударо дар доираи маблағи дар шартнома муайян-гардида (маблаги суғурта) пардозад, (чубронпулии сугуртаро пардохт кунад).
Мутобики моддаи 1028-уми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми бастани шартномаи сугуртаи амвол бай-ни сугуртакунанда ва сугурташаванда бояд дар мавриди зайл созиш ба миён ояд:
-
оид ба амволи муайян ё маҷмӯъ ё манфиати дигари ам-волӣ, ки объекти суғурта мебошад;
-
оид ба хусусияти ходисае, ки ҳангоми фарорасии он сугурта анчом дода мешавад (ҳодисаи сугурта);
-
оид ба андозаи маблағи суғурта;
-
оид ба тарткби муайян намудани чуброни сугурта, агар дар шартнома имконияти нисбат ба маблағи суғурта камтар пардохтани маблаг пешбинӣ гардида бошад;
-
оид ба андозаи мукофоти суғурта ва мӯхлат (мӯхлатҳо)-и пардохти он;
-
оид ба мӯҳлати амали шартнома.
Дар моддаи 1015-уми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки мутобики шартномаи суғуртаи ам-вол инҳо мставонанд суғурта карда шаванд:
-
амвол:
-
хавфи масьулияти шаҳрвандӣ вобаста ба ӯхдадорие, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба хаёт, саломатӣ ё амво-ли ашхоси дигар ба миён омадааст ва дар ҳолатҳое, ки конун пещбинӣ камудааст, инчунин масъулият тибки шартнома;
297
МОЛИЯ ВАҚЛРЗ
3) хавфи соҳибкорй - таваккали ба даст наовардани да-ромади дарназардошташуда аз фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба вайрон кардани ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби контрагентҳои соҳибкор ё тагйир додани шарти ии фаъолият вобаста ба ҳолатҳое, ки ба соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд.
Ҳангоми сугуртаи амвол ё хавфи соҳнбкорӣ, агар дар шар-тнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблаги суғурта набояд аз арзиши воқеии он (арзиши сугуртавӣ) ба-ландтар бошад, ки чунон ба ҳисоб гирифта мешавад:
-
барои амвол арзиши воқеии он дар маҳалли мавҷудият дар рӯзи бастани шартномаи сугурта;
-
барои таваккали соҳибкорӣ даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, ки сугурташаванда, чунопе ки тахмин карда ме-шавад, дар ҳолати фарорасии ҳодисаи сугурта аз он маҳрум шуда метавонист.
Агар амвол ё таваккали соҳибкорӣ таиҳо дар ҳаҷми як қисми арзиши сугуртавӣ баста шуда бошад, сугурташаванда хуқуқ дорад суғуртаи иловағии амволро, аз ҷумла бо ди-гар сугуртакуианда ё суғуртакунандаҳо (суғуртаи дукарата ё сугуртаи муштарак), анҷом диҳад, вале ба шарте ки маблағи умумии суғурта вобаста ба ҳамаи шартномаҳо аз арзиши суғуртавии амволи суғурташуда бештар набошад (талаботи принсипи контрибутсия).
Агар маблағи дар шартномаи суғуртаи амвол ё таваккали соҳибкорӣ зикрғардида, аз арзиши суғуртавӣ бештар бошад, шартнома дар он қисмати маблағе, ки аз арзиши сугуртавӣ бештар аст, беқурб дониста мешавад. Дар чунин маврид қисмати зиёдатии ҳаққи сугуртавии супоридашуда баргардо-нида намешавад.
Р1амудҳои хело зиёди сугуртаи амволро фарк мекунанд, аз ҷумла:
-
суғуртаи воситаҳои наклиёт;
-
суғурта аз сухтор;
-
суғуртаи бор;
2У8
МАВЗУИ 10. МОЛИЯИ СУҒУРТА
-
сугуртаи хавфҳои техникӣ;
-
сугуртаи амволи хона;
-
суғуртаи маҳсулоти кишоварзӣ;
-
сугуртаи чорво;
-
суғуртаи хавфҳои молиявӣ;
-
сугуртаи хавфҳои соҳибкорй;
-
сугуртаи хавфҳои бонкӣ ва гайра.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сугуртаи амволи хоҷагиҳои деҳқонй (фермерӣ) ҳатмӣ мебошад.
Достарыңызбен бөлісу: |