1. Сураи Фотиња (Кушоянда)



бет2/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   33

3. Сураи Оли Имрон
Дар Мадина нозил шуд ва он дусад оят ва бист рукўъ аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Алиф. Лом. Мим.

2. Худо – ба љуз Ў њељ маъбуде нест – Зиндаи Поянда аст.

3. Ин Китобро ба ростї бар ту фуруд овард, [ки] тасдиќкунандаи он чизе (мебошад), ки пеш аз вай аст. Ва Тавроту Инљилро фуруд овард –

4. – пеш аз ин, барои њидояти мардумон. Ва Фурќонро1 фуруд овард. Њамоно барои касоне, ки ба оёти Худо кофир шуданд, азоби сахт њаст. Ва Худо Ѓолиби Интиќомгиранда аст.

5. Ба дурустї ки бар Худо чизе дар замин ва дар осмон пўшида намешавад.

6. Ў Он [Худой] аст, ки шуморо дар рањм, чунон ки хоњад, сурат мебандад. Њељ маъбуде нест, ба љуз Ў – Ѓолиби Устуворкор.

7. Он [Худой] аст, ки бар ту Китоб фуруд овард; баъзе аз он оятњои устувор аст; он (љумла) асли Китоб аст. Ва баъзеи дигар (дорои маънињои) бо њам муштабењ аст. Аммо касоне, ки дар дилњояшон каљї аст, аз он Китоб њамонро пайравї мекунанд, ки монанди якдигар шудааст – барои талаби фитна ва барои талаби таъвили он. Ва таъвили онро ба љуз Худо [касе] намедонад. Ва собитќадамон дар илм мегўянд: «Ба ин (муташобењ) имон овардем, ин њама аз назди Парвардигори мо аст». Ва ба љуз соњибони хирад, [касе] пандпазир намешавад.

8. (Мегўянд:) Эй Парвардигори мо, баъд аз он, ки ба мо роњ намудї, дилњои моро каљ макун. Ва барои мо аз назди Худат неъмат ато кун, њамоно Ту Атокунандаї.

9. Эй Парвардигори мо, њамоно Ту дар рўзе, ки дар он њељ шак нест, љамъкунандаи мардумон њастї. Ба дурустї ки Худо ваъдаро хилоф намекунад.

10. Њар оина, онон, ки кофир шуданд – амволашон ва фарзандонашон аз азоби Худо чизеро аз онњо дафъ накунад; ва онњо оташангези дўзаханд.

11. (Њоли онњо) монанди њоли касони Фиръавн ва ононе аст, ки пеш аз онњо буданд: оёти моро дурўѓ доштанд, пас, Худо онњоро ба (сабаби) гуноњашон бигирифт. Ва Худо сахтуќубат аст.

12. Ба кофирон бигў: «Маѓлуб хоњед шуд ва ба сўи дўзах барангехта хоњед шуд; ва бад љойгоње аст».

13. Ба дурустї, дар он ду ќавм, ки ба њам омаданд,1 барои шумо нишонае њаст: як гурўњ дар роњи Худо љанг мекарданд ва гурўњи дигар кофир буданд. Онњоро2 ба дидаи чашми худ, ду баробари хеш медиданд. Ва Худо њар киро хоњад, ба нусрати Худ ќувват медињад. Ба дурустї ки дар ин (воќеа) барои соњибони басират панде њаст.

14. Дўстии орзуњои нафс аз занон ва фарзандон ва хизонањои љамъсохта аз зару сим ва аспони нишонмандсохта ва чањорпоён ва зироат барои мардумон ороста карда шудааст. Ин бањраи зиндагонии дунё аст ва бозгашти нек назди Худо аст.

15. Бигў:3 «Оё шуморо ба он чи аз ин бењтар аст, хабар дињам? Барои парњезгорон назди Парвардигорашон бўстонњое њаст, ки аз зери он љўйњо меравад, љовидона дар он бошанд; ва занони покиза бошанд; ва хушнудї аз Худо бошад. Ва Худо ба бандагон Бино аст.

16. Онон, ки мегўянд: «Эй Парвардигори мо, ба дурустї ки мо имон овардем, пас барои мо гуноњони моро биомурз ва моро аз азоби оташ нигоњ дор» –

17. – шикебоён ва ростгўён ва фармонбардорон ва харљкунандагон ва омурзишхоњандагон дар (ваќтњои) сањаранд.

18. Худо гувоњї дод,4 ки њељ маъбуде нест, магар Ў; ва фариштагон ва соњибони дониш (гувоњї доданд) дар он (њол), ки (Худо) ба адл тадбиркунанда(-и олам) аст. Њељ маъбуде нест, ба љуз Ў – Ѓолиби Устуворкор.

19. Ба дурустї ки дин(-и мўътабар) назди Худо Ислом аст. Ва ањли Китоб аз рўи њасад дар миёни хеш ихтилоф накарданд,5 магар баъд аз он, ки ба онњо дониш омад.6 Ва њар ки ба оятњои Худо кофир бошад, пас, њамоно Худо Зудњисобкунанда аст.

20. Пас, агар бо ту7 хусумат кунанд, бигў: «Ману њар ки пайравии ман кард, рўи худро барои Худо тобеъ гардонидем». Ва ба ањли Китоб ва ба нохонандагон8 бигў: «Оё Ислом овардед?» Агар Ислом оварданд, пас, дар њаќиќат, роњ ёфтанд. Ва агар рў гардониданд, пас, љуз ин нест, ки бар ту пайѓом расонидан лозим аст. Ва Худо ба бандагон Бино аст.

21. Њар оина ба касоне, ки ба оятњои Худо кофир мешаванд ва пайѓамбаронро ба ноњаќ мекушанд ва онњоеро аз мардумон мекушанд, ки ба адл мефармоянд, ба азоби дарддињанда навид дењ.

22. Ин гурўњ касонеанд, ки амалњояшон дар дунё ва охират нобуд шуд; ва онњоро ёридињандае нест.

23. Оё онњоеро надидї, ки бањрае аз (илми) Китоб дода шудаанд: [чун] ба сўи Китоби Худо хонда мешаванд, то миёни онњо њукм кунад, пас, гурўње аз онњо эърозкунон рўй мегардонанд?

24. Ин ба он сабаб аст, ки онњо гуфтанд: «Оташ(-и дўзах) ба љуз чанд рўзи шумурдашуда, њаргиз ба мо нарасад». Ва онњоро он чи ифтиро мекарданд, дар динашон фиреб дод.

25. Пас (њол) чї гуна бувад: он гоњ, ки онњоро дар рўзе љамъ кунем, ки дар он њељ шак нест ва ба њар шахсе љазои он чи амал кард, тамом дода шавад? Ва онњо ситам карда нашаванд.

26. Бигў: «Бор Худоё, эй Худованди подшоњї, ба њар ки хоњї, подшоњї медињї; ва аз њар ки хоњї, подшоњиро бозмегирї; ва њар киро хоњї, арљманд месозї; ва њар киро хоњї хор месозї. Некї ба дасти Туст. Ба дурустї ки Ту бар њама чиз Тавоної.

27. Шабро дар рўз медарорї; ва рўзро дар шаб медарорї ва зиндаро аз мурда берун меорї; ва мурдаро аз зинда берун меорї; ва њар киро хоњї, бешумор рўзї медињї».

28. Мўъминон бояд ки кофиронро ба љои ањли имон дўст нагиранд. Ва њар ки чунин кунад, пас дар чизе аз (они) Худо нест,1 магар ин ки ба навъе [аз њазар кардан] аз (шарри) онњо барњазар бошед. Ва Худо шуморо аз Худ метарсонад; ва бозгашт ба сўи Худо аст.

29. Бигў: «Он чиро, ки дар синањои шумост, Худо медонад: хоњ онро пинњон кунед, хоњ онро ошкор кунед; ва он чиро, ки дар осмонњову дар замин аст, медонад. Ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.

30. Он рўз, ки њар кас он чи аз некї амал кардааст ва он чи аз бадї амал кардааст, њозир ёбад, дўст дорад, ки кош, дар миёни вай ва дар миёни он бадї масофаи дур мебуд. Ва Худо шуморо аз Худ метарсонад; ва Худо бар бандагон (бисёр) Мењрубон аст».

31. Бигў: «Агар Худоро дўст медоред, пас маро пайравї кунед, то Худо шуморо дўст дорад ва гуноњони шуморо бароятон биомурзад; ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст».

32. Бигў: «Худо ва пайѓамбарро фармон баред». Агар рў гардонанд, пас, њамоно Худо кофиронро дўст надорад.

33. Ба дурустї ки Худо Одам ва Нўњ ва касони Иброњим ва касони Имронро бар оламиён баргузид.

34. Насле (буданд), ки баъзеи он аз баъзе (пайдо шуда)-анд. Ва Худо Шунавои Доно аст.

35. Он гоњ, ки зани Имрон гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ман он чиро, ки дар шикамам аст, барои Ту назр кардам – озодкарда;1 пас, аз ман ќабул кун; ба дурустї ки Ту Шунавои Доної».

36. Пас, чун духтарро бизод, гуфт: «Эй Парвардигори ман, њамоно ман духтаре зодаам». Ва Худо ба он чи вай бизод, Донотар аст. «Ва2 фарзанди нар монанди духтар нест;3 ва ман ўро Марям ном кардам ва ба дурустї ки ман ўро ва насли ўро аз Шайтони раљим дар паноњи Ту мекунам».

37. Пас, Парвардигораш Марямро ба ќабули нек ќабул кард ва ба болидани нек ўро болида сохт ва ўро ба [сарпарастии] Закарийё супурд. Њар гоњ Закарийё дар масљид бар Марям дохил мешуд, назди ў рўзиро меёфт, мегуфт: «Эй Марям, ин (рўзї) туро аз куљо аст?» Ў мегуфт: «[Ин] аз назди Худо аст». Ба дурустї ки Худо њар киро мехоњад, бешумор рўзї медињад.

38. Он ваќт Закарийё Парвардигори худро бихонду гуфт: «Эй Парвардигори ман, аз назди Худ маро насли пок ато кун, њамоно Ту Шунавои дуої».

39. Ва (дар њоле, ки) вай дар ибодатгоњ истода буд ва намоз мегузорид, фариштагон ўро нидо карданд: «Худо туро ба Яњё башорат медињад, ки тасдиќкунандаи файзи Худо4 ва сардор ва бераѓбат ба занон ва пайѓамбаре аз накўкорон аст».

40. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман, ки калонсолиам расидааст ва зани ман нозоянда аст, чї гуна фарзанд пайдо шавад?» Гуфт: «Њамчунин, Худо он чи мехоњад, мекунад».

41. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман нишонае5 муайян кун». Фармуд: «Нишонаи ту он аст, ки бо мардумон се рўз ба љуз ба ишорат сухан натавонї гуфт; ва Парвардигори худро бисёр ёд кун ва ба шому бомдод [Ўро] тасбењ гўй».

42. Ва он гоњ, ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, ба дурустї ки Худо туро баргузид ва пок сохт ва бар занони оламиён баргузид.

43. Эй Марям, Парвардигори худро фармонбардорї кун ва саљда кун ва бо намозкунандагон намоз бигузор».

44. Ин аз хабарњои ѓайб аст, онро ба ту вањй мекунем. Ва он гоњ, ки ќаламњояшонро меандохтанд,6 то кадом кас аз онњо сарпарасти Марям бошад, ту назди онњо набудї; ва он гоњ, ки бо њам кашмакаш мекарданд, ту назди онњо набудї.

45. Он гоњ, ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, ба дурустї ки Худо туро ба файзе аз (љониби) Худ башорат медињад, ки номи ў Масењ – Исо писари Марям, дар дунё ва охират баобрў ва аз наздиккардагон(-и Њазрати Иззат) аст.

46. Ва бо мардумон дар гањвора ва (ваќти) миёнсолї сухан гўяд ва аз шоистагон бошад».

47. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чї гуна маро фарзанд шавад ва њељ одамие ба ман даст нарасонидааст?» Фармуд: «Худо њар чи мехоњад, инчунин пайдо мекунад; чун кореро саранљом мекунад, пас, љуз ин нест, ки ўро мегўяд: «Бишав!» Пас, мешавад».

48. Ва (Худо) ба ў Китоб ва дониш ва Таврот ва Инљил биомўзад.

49. Ва (ўро) ба сўи Банї Исроил пайѓамбаре (гардонид ба ин даъво), ки: «Ман нишонае аз Парвардигоратон пеши шумо овардам [ва он ин аст], ки ман барои шумо аз гил монанди шакли парранда месозам ва дар он дам мезанам, пас, ба њукми Худо парранда мешавад; ва кўри модарзод ва песро бењ мекунам ва мурдагонро зинда месозам – ба њукми Худо; ва ба он чи мехўред ва он чи дар хонањои худ захира менињед, шуморо хабар медињам. Агар бовардорандагонед, ба дурустї ки дар ин (кор) барои шумо нишонае њаст.

50. Ва (омадаам) тасдиќкунандаи он чизе, ки аз Таврот пеши дасти ман аст ва (омадаам) то баъзеи он чиро, ки бар шумо њаром шуда буд, бароятон њалол гардонам. Ва нишонае аз Парвардигоратон назди шумо овардаам. Пас, аз Худо битарсед ва фармони ман баред.

51. Ба дурустї ки Худо Парвардигори ман ва Парвардигори шумост; пас, Ўро парастиш кунед. Ин аст роњи рост».

52. Пас, он гоњ, ки Исо аз ќавми худ куфрро дарёфт, гуфт: «Ёридињандагони ман ба сўи Худо кистанд?» Њавориён гуфтанд: «Мо ёридињандагони Худоем, ба Худо имон овардем; ва гувоњ бош, ки мо фармонбардорем.

53. Эй Парвардигори мо, ба он чи фуруд овардї, имон овардем ва ба пайѓамбар1 пайравї кардем, пас, моро бо шоњидон бинавис».2

54. Ва (кофирон) макр карданд ва Худо [њам] макр кард.3 Ва Худо ќавитар аз (њама) макркунандагон аст.

55. Он гоњ, ки Худо гуфт: «Эй Исо, ба дурустї ки Ман туро Баргиранда4 ва ба сўи Худ Бардоранда ва аз касоне, ки кофир шуданд, Поккунандаам; ва тобеони туро то ќиёмат болои кофирон [ѓолиб] гардонандаам. Бозгашти шумо боз ба сўи Ман аст, пас, дар миёни шумо дар он чи ихтилоф мекардед, доварї кунам.

56. Аммо ононро, ки кофир шуданд, ба азоби сахт дар дунё ва охират азоб кунам; ва онњоро њељ ёридињандае нест».

57. Ва аммо касоне, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, (Худо) муздашонро тамом медињад. Ва Худо золимонро дўст намедорад.

58. Инро, ки бар ту5 мехонем, аз оёт ва Китоби муњкам аст.

59. Њамоно њоли Исо назди Худо монанди њоли Одам аст: ўро аз хок офарид, сипас ба ў гуфт: «Бишав!» Пас шуд.1

60. Ин сухани рост аз Парвардигори ту аст; пас, аз шакорандагон мабош.

61. Пас, њар ки баъд аз он чи ба ту аз дониш омад, дар боби Исо бо ту муљодала кунад, бигў: «Биёед, то фарзандони худро ва фарзандони шуморо ва занони худро ва занони шуморо ва зотњои худро ва зотњои шуморо бихонем, сипас њама ба зорї дуо кунем ва лаънати Худоро бар дурўѓгўён бигардонем».

62. Ба дурустї ки ин хабари рост аст ва ба љуз Худо њељ маъбуд нест. Ва ба дурустї ки Худо Ѓолиби Устуворкор аст.

63. Пас, агар рўй гардонанд, пас, њамоно Худо ба табоњкорон Доно аст.

64. Бигў: «Эй ањли Китоб, ба сўи сухане баробар миёни мову шумо биёед, ки ба љуз Худо [чизеро] напарастем ва ба Вай чизеро шарик насозем; ва баъзе аз мо баъзеи дигарро ба љуз Худо Парвардигор нагирад». Агар рўй гардониданд, бигўед: «Гувоњ бошед, ки мо мусулмонем».

65. Эй ањли Китоб, чаро дар боби Иброњим муљодала мекунед?2 Ва Тавроту Инљил фуруд оварда нашудааст, магар баъди Иброњим. Оё ба аќл дарнамеёбед?

66. Огоњ шавед, шумо, эй мардум, дар он чи, ки шумо дар бораи он дониш доштед, муљодала кардед; пас, чаро дар он чи, ки шумо дар бораи он дониш надоред, муљодала мекунед? Ва Худо медонад ва шумо намедонед.

67. Иброњим на яњудї ва на тарсо буд, балки њанифи3 мусулмон4 буд. Ва аз ширкорандагон набуд.

68. Њамоно, наздиктарин мардум ба Иброњим касоне њастанд, ки ба ў пайравї карданд;5 ва [сипас] ин пайѓамбар ва касонеанд, ки имон овардаанд. Ва Худо Корсози мўъминон аст.

69. Тоифае аз ањли Китоб орзу карданд, ки шуморо гумроњ созанд. Ва ба љуз хештан, [касеро] гумроњ намесозанд ва огоњ нестанд.

70. Эй ањли Китоб, чаро ба оятњои Худо, ки шумо шоњиди он њастед, кофир мешавед?

71. Эй ањли Китоб, чаро њаќро, [ки шумо дарёфтед], бо ботил меомезед ва (чаро) њаќро, ки шумо донистаед, мепўшед?

72. Ва гурўње аз ањли Китоб гуфтанд:6 «Аввали рўз ба он чи бар мўъминон фуруд оварда шудааст, имон оред ва охири он рўз [онро] инкор кунед, то шояд ки онњо бозгарданд;

73. ва бовар макунед, магар ба касе, ки пайравии дини шумо кунад». Бигў: «Ба дурустї ки њидоят њидояти Худо аст». (Гуфтанд: «Бовар макунед) он,1 ки монанди он чи шумо дода шудаед, касе [дигар] дода шавад; ё (гурўње) назди Парвардигоратон бо шумо мухосама кунанд». Бигў: «Неъмат ба дасти Худо аст, онро ба њар ки хоњад, медињад». Ва Худо Фарохнеъмати Доност.

74. Њар киро хоњад, ба бахшоиши Худ махсус мекунад ва Худо Соњиби фазли азим аст.

75. Ва аз ањли Китоб касе њаст, ки агар ба ў хизонаеро ба амонат супорї, онро ба ту боздињад; ва аз онњо касе њаст, ки агар ба ў динореро ба амонат супорї, онро ба ту бознадињад, магар то ваќте ки бар сари ў истода бошї. Ва ин (хиёнат) ба сабаби он аст, ки гуфтанд: «Дар боби нохондагон бар мо њељ роњ нест».2 Ва бар Худо дониста дурўѓ мегўянд.

76. Оре.3 Њар ки ба ањди худ вафо кунад ва парњезгорї кунад, пас, њамоно Худо парњезгоронро дўст медорад.

77. Њамоно касоне, ки ба (ивази) паймони Худо ва савгандњои худ бањои андакеро меситонанд, дар охират њељ насибе надоранд; ва Худо ба онњо сухан нагўяд ва рўзи ќиёмат ба сўи онњо нигоњ накунад ва онњоро пок насозад. Ва барои онњо азоби дарддињанда њаст.

78. Ва ба дурустї, аз онњо4 гурўње њастанд, ки забони хешро ба (навиштаи) Китоб мепечанд,5 то гумон кунед, ки он аз Китоб аст. Ва он аз Китоб нест. Ва мегўянд: «Ин аз назди Худо аст». Ва он аз назди Худо нест. Ва бар Худо дониста дурўѓ мегўянд.

79. Њељ одамиро сазовор нест, ки Худо Китобу њикмату нубувват ба ў ато кунад, сипас ба мардумон гўяд: «Ба љои Худо маро бандагон бошед». Валекин [бояд бигўяд]: «Ба сабаби омўхтани Китоб ва хондани он раббонї бошед».6

80. Ва шуморо нафармояд, ки фариштагон ва пайѓамбаронро Парвардигор гиред. Оё баъд аз он, ки мусулмон шуда бошед, шуморо ба куфр мефармояд?

81. Ва он гоњ, ки Худо паймони пайѓамбаронро гирифт,7 ки: «Њар чи аз Китобу илм ба шумо бидињам, сипас ба шумо пайѓамбаре биёяд – тасдиќкунандаи он чи бо шумо аст, албатта, ба ў имон оред ва албатта, ба ў ёрї дињед». (Худо) фармуд: «Оё иќрор кардед ва бар ин кор ањди Маро гирифтед?»8 Гуфтанд: «Иќрор кардем». Фармуд: «Пас, гувоњ бошед9 ва Ман бо шумо аз гувоњонам».

82. Пас, касоне, ки баъд аз ин баргарданд, њамоно гурўњи бадкоронанд.

83. Оё [ин кофирон] ѓайри дини Худо металабанд?! Ва [њол он ки] онон, ки дар осмонњо ва заминанд, ба хушї ё нохушї ба Ў фармонбардор шудаанд ва ба сўи Ў гардонида мешаванд.

84. Бигў: «Ба Худо ва ба он чи бар мо фуруд оварда шудааст ва ба он чи бар Иброњим ва Исмоил ва Исњоќ ва Яъќуб ва наберагони вай фуруд оварда шуда буд ва [низ ба] он чи ба Мўсо ва Исо ва пайѓамбарон аз Парвардигорашон дода шуд, имон овардем; миёни њељ як аз онњо фарќ намегузорем; ва мо ба Худо фармонбардорем».

85. Ва њар ки ѓайри Ислом динеро талаб кунад, пас њаргиз аз ў ќабул карда нахоњад шуд; ва ў дар охират аз зиёнкорон аст.

86. Чї гуна Худо гурўњеро роњ намояд, ки баъди Исломи худ; (баъд аз он, ки) гувоњї доданд, ки пайѓамбар барњаќ аст; ва (баъд аз он, ки) ба онњо њуљљатњо омад, кофир шуданд?! Ва Худо гурўњи ситамкоронро роњ наменамояд.

87. Сазои ин гурўњ он аст, ки нафрини Худо ва фариштагон ва мардумон њамагї бар онњо бошад.

88. Љовидон дар он (лаънат) бошанд. Аз онњо азоб сабук карда нашавад ва онњо мўњлат дода нашаванд,

89. магар онон, ки баъд аз ин тавба карданд ва некўкорї намуданд. Пас, ба дурустї ки Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

90. Њамоно касоне, ки баъди Исломи хеш кофир шуданд, боз дар куфр зиёдатї карданд, њаргиз тавбаи онњо ќабул карда нашавад; ва њамоно онњо гумроњонанд.

91. Ба дурустї, онон, ки кофир шуданд ва кофир мурданд: агар касе аз онњо миќдори пурии замин аз зар ба ивази худ дињад, њаргиз аз ў ќабул карда нахоњад шуд. Барои он гурўњ азоби дарддињанда њаст ва онњоро њељ ёридињандае нест.

92. Њаргиз некўкориро наёбед, магар он ки аз он чи дўст медоред, харљ кунед; ва Худо ба њар чиз, ки харљ кунед, Доност.

93. Њама таом бар Банї Исроил њалол буд, ба љуз он чи Яъќуб пеш аз он, ки Таврот нозил карда шавад, бар хештан њаром карда буд. Бигў: «Агар ростгў њастед, пас, Тавротро биёред ва онро бихонед».

94. Пас, њар ки баъд аз ин бар Худо дурўѓ бандад, њамоно онњо ситамкоронанд.

95. Бигў: «Худо рост гуфт, пас миллати Иброњимро њанафикеш шуда пайравї кунед; ва аз мушрикон набуд».

96. Ба дурустї, аввалин хонае, ки барои мардумон муќаррар карда шуд, њамон аст, ки дар Макка бувад, муборак ва барои оламиён њидоят аст.

97. Дар он Хона нишонањои равшан, (аз он љумла) љои истодани Иброњим1 аст; њар ки он љо дарояд, эмин бувад. Њаљљи Хонаи Каъба барои Худо бар мардумон, бар касе вољиб аст, ки тавоноии рафтан ба сўи онро дорад.2 Ва њар ки кофир шавад, пас Худо аз њамаи оламиён Бениёз аст.

98. Бигў: «Эй ањли Китоб, чаро ба оёти Худо кофир мешавед; ва Худо бар он чи мекунед, Њозир аст».

99. Бигў: «Эй ањли Китоб, чаро касеро, ки имон овардааст, аз роњи Худо бозмедоред, барои он роњи каљї металабед;1 ва шумо [аз он] бохабаред. Ва Худо аз он чи мекунед, бехабар нест».

100. Эй мўъминон, агар гурўњеро аз ањли Китоб фармон баред, шуморо баъд аз имон оварданатон кофир мегардонанд.

101. Ва чї гуна кофир шавед ва [њол он ки] оёти Худо бар шумо хонда мешавад ва дар миёни шумо пайѓамбари Худо њаст? Ва њар ки ба Худо чанг устувор кунад, пас, њамоно ба сўи роњи рост роњ намуда шудааст.

102. Эй мўъминон, аз Худо [чунон] битарсед, [ки] њаќќи тарсидан аз Вай аст ва шумо намиред, магар он ки мусулмон бошед.

103. Ва шумо њама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед,2 пас, миёни дилњоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар баробар шудед; ва бар каронаи маѓоке аз оташ будед, пас, шуморо аз он рањонид. Худо њамчунин нишонањои Худро бароятон баён мекунад, то бошад ки роњ ёбед.

104. Ва бояд аз шумо гурўње бошанд, ки ба сўи некўкорї бихонанд ва ба кори писандида бифармоянд ва аз нописандида манъ кунанд. Ва он гурўњи растагоронанд.3

105. Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онњо њуљљатњо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурўњро азоби бузург аст4

106. дар он рўзе, ки рўйњое сафед шавад ва рўйњое сиёњ гардад; аммо (ба) онон, ки рўйњояшон сиёњ гашт, (гуфта шавад): «Оё баъд аз имони хеш кофир шудед? Пас, ба сабаби кофир шудани хеш азобро бичашед».

107. Ва аммо онон, ки рўйњояшон сафед шуд, дар рањмати Худо бошанд; онњо дар он љовидонанд.

108. Ин оёти Худо аст; онро ба ростї бар ту мехонем. Ва Худо бар мардумон ситам кардан намехоњад.

109. Ва он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, аз они Худо аст; ва (њама) корњо ба сўи Худо бозгардонида мешавад.

110. Шумо бењтарин уммате њастед, ки барои мардумон берун оварда шуд:5 ба кори писандида мефармоед ва аз нописандида манъ мекунед ва Худоро бовар медоред. Ва агар ањли Китоб имон меоварданд, њамоно барои онњо бењтар мебуд; баъзе аз онњо мўъминанд ва аксарашон бадкоранд.

111. Њаргиз ба шумо – ба љуз андак ранље6 – [дигар] зиёне нарасонанд; ва агар бо шумо корзор кунанд, пушт ба сўи шумо кунанд;7 сипас, нусрат дода нашаванд.

112. Бар онњо – њар љо, ки ёфта шаванд – хорї (њад) зада шуд, магар он ки ба дастовезе аз Худо ва дастовезе аз мардумон бошанд;1 ва хашми Худоро оварданд ва бар онњо (мўњри) нодорї зада шуд. Ин ба сабаби он аст, ки ба оёти Худо кофир буданд ва пайѓамбаронро ба ноњаќ мекуштанд; ин ба он сабаб буд, ки онњо нофармонї мекарданд ва аз њад мегузаштанд.

113. Аз ањли Китоб њама баробар нестанд: гурўње дар ваќтњои шаб истода ояти Худоро мехонанд ва саљда мекунанд.2

114. Худоро ва рўзи ќиёматро бовар медоранд ва ба кори писандида мефармоянд ва аз нописандида манъ мекунанд ва дар некињо шитоб мекунанд; ва онњо аз шоистакоронанд.

115. Ва он чи аз некї кунанд, ба онњо ќадрношиносї карда нашавад. Ва Худо бар парњезгорон Доност.

116. Ба дурустї, аз касоне, ки кофир шуданд, амволашон ва фарзандонашон чизеро аз азоби Худо дафъ накунад ва онњо бошандагони дўзаханд; онњо дар он љо љовиданд.

117. Сифати он чи дар ин зиндагонии дунё харљ мекунанд, монанди сифати бодест, ки дар он сармои сахте аст. (Ва он) зироати гурўњеро бирасид, ки бар хештан ситам карданд, пас онро нобуд сохт. Ва Худо бар онњо ситам накард, балки бар хештан ситам мекарданд.

118. Эй мўъминон, аз ѓайри худатон3 пинњонї дўст магиред; онњо дар фитнаангезї нисбат ба шумо њељ кўтоњї намекунанд: ранљи шуморо дўст доштанд; ба дурустї ки душманї аз дањонашон зоњир шуд; ва он чи синањояшон пинњон кардааст, сахттар аст. Агар оќил њастед, њамоно нишонањоро барои шумо баён кардем.

119. Огоњ шавед, шумо касоне [њастед], ки онњоро дўст медоред ва онњо шуморо дўст намедоранд. Ва шумо ба њамаи Китоб(-и илоњї) имон меоред. Ва онњо чун бо шумо мулоќот кунанд, гўянд: «Имон овардем». Ва чун танњо бишаванд, аз хашм бар шумо ангуштони худро бигазанд. Бигў: «Ба хашми худ бимиред, њамоно Худо бар он чи дар синањост, Доност».

120. Агар ба шумо неъмат бирасад, онњоро нохуш кунад; ва агар ба шумо сахтї бирасад, ба он хушдил шаванд. Ва агар шикебої кунед ва парњезгорї намоед, макри онњо њељ чизе ба шумо зиён нарасонад. Ба дурустї ки Худо ба он чи мекунанд, Фарогиранда аст.

121. Ва ёд кун он гоњ, ки аз миёни ањли хонаи худ пагоњї берун омадї, мўъминонро дар љойњо барои љанг менишондї. Ва Худо Шунавои Доно аст.

122. Он гоњ ду фирќа аз шумо хостанд, ки буздилї кунанд; ва [њол он ки] Худо Корсози онњо буд. Ва мўъминон бояд ки бар Худо таваккул кунанд.

123. Ба дурустї ки Худо шуморо рўзи Бадр фатњ дод; ва шумо хор будед; пас, аз Худо битарсед, то бувад ки шукр кунед.

124. Чун ба мўъминон мегуфтї: «Оё имдод кардани Парвардигоратон ба се њазор кас аз фариштагони фурудовардашуда шуморо кифоят нахоњад кард?»

125. Бале, агар сабр кунед ва парњезгорї намоед ва (кофирон) ба ин љўши худ ба сўи шумо биёянд, Парвардигоратон шуморо ба панљ њазор кас аз фариштагони нишонмандкарда имдод мекунад.

126. Ва Худо ин мададро накард, љуз барои мужда додан ба шумо ва барои он, ки дили шумо ба он ором гирад. Ва ба љуз аз назди Худои Ѓолиби Устуворкор фатње нест.

127. [Чунин кард], то тоифае аз кофиронро њалок кунад, ё онњоро маѓлуб созад; пас, ба мурод норасида бозгарданд.

128 Чизе аз ин кор ба дасти ту нест: (Худо) – ё ба онњо ба мењрубонї бозгардад, ё онњоро азоб кунад, зеро ки онњо ситамкоронанд.

129. Ва он чи дар осмонњо ва он чи дар замин аст, аз они Худост, њар киро хоњад, меомурзад ва њар киро хоњад, азоб мекунад; ва Худо Омурзандаи Мењрубон аст.

130. Эй мўъминон, судро дучанд бар дучанд махўред ва аз Худо битарсед, то бошад ки растагор шавед.

131. Ва аз он оташ, ки барои кофирон омода карда шудааст, бипарњезед.

132. Ва Худову пайѓамбарро фармон баред, то шояд бар шумо мењрубонї карда шавад.

133. Ва бишитобед ба сўи омурзиш аз Парвардигори хеш ва ба сўи бињиште, ки пањноии он монанди осмонњо ва замин аст ва барои парњезгорон омода карда шудааст –

134. – онон, ки дар осоишу сахтї нафаќа мекунанд ва хашми худро фурўхўрандагонанд ва (таќсири) мардумонро афвкунандагонанд ва Худо некўкоронро дўст медорад;

135. ва [низ барои] онон [аст], ки чун кори зишт кунанд, ё бар худ ситам кунанд, Худоро ёд кунанд, пас барои гуноњони худ омурзиш хоњанд – ва кист ба љуз Худо, ки гуноњонро биомурзад? – ва бар он чи карданд, до-нис­­та исрор наварзанд.

136. Подоши он гурўњ аз Парвардигорашон омурзиш ва бўстонњоест, ки зери он љўйњо меравад, дар он љо љовидонанд. Ва чї нек аст аљри тоаткунандагон!

137. Ба дурустї ки пеш аз шумо воќеањо гузаштааст; пас, дар замин сайр кунед ва бибинед, ки охири кори дурўѓдорандагон чї гуна буд.

138. Ин барои мардумон возењ кардан аст ва барои парњезгорон роњ намудан ва панд додан аст.

139. Ва суст машавед ва андўњнок мабошед; ва агар мўъмин њастед, шумо ѓолибед.

140. Агар захме ба шумо бирасад, пас захме монанди он1 ба ин љамоа2 расидааст. Ва ин рўзгорро дар миёни мардумон мегардонем, то Худо мўъминонро мутамаййиз созад ва баъзеи шуморо шањид гардонад. Ва Худо ситамкоронро дўст намедорад.

141. Ва то Худо мўъминонро пок гардонад1 ва кофиронро нобуд созад.

142. Оё гумон кардед, ки ба бињишт дароед ва [њол он ки] њанўз Худо аз шумо муљоњидонро мутамаййиз насохтааст ва собиронро људо накардааст?

143. Ва ба дурустї, шумо пеш аз он ки ба марг мулоќот кунед, онро2 орзу мекардед; пас, онро дидед ва шумо менигаристед.

144. Ва Муњаммад ба љуз пайѓамбар, [каси дигар] нест; ба дурустї ки пеш аз вай пайѓамбарон гузаштанд; оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо бар пошнањои худ бармегардед? Ва њар ки бар пошнањои худ баргардад, пас, њељ зиён ба Худо нарасонад ва Худо шукргузоронро савоб хоњад дод.

145. Њељ шахсе чунон нест, ки љуз ба иродаи Худо бимирад – сарнавиште аст муќайяд ба ќайди ваќт. Ва њар ки љазои дунё хоњад, ба ў аз он бидињем; ва њар ки љазои охират хоњад, ба ў аз он бидињем ва наздик аст, ки шукргузоронро љазои нек дињем.

146. Ва басо пайѓамбарон, ки худопарастони бисёр њамроњи онон љанг карданд.3 Пас, онњо ба сабаби мусибате, ки дар роњи Худо ба онњо расид, суст нашуданд ва нотавонї накарданд ва бечорагї нанамуданд ва Худо собиронро дўст медорад.

147. Ва сухани ин худопарастон љуз он набуд, ки гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноњони моро ва дар кори худ аз њад гузаштани моро ба мо биомурз ва пои моро устувор бикун ва бар ќавми кофирон моро нусрат бидењ».

148. Пас, Худо савоби дунё ва савоби неки охиратро ба онњо ато кард; ва Худо некўкоронро дўст медорад.

149. Эй мўъминон, агар ба кофирон фармонбардорї кунед, шуморо бар пошнањоятон бозгардонанд, пас, зиёнкор шуда бозмегардед.

150. Балки Худо ёридињандаи шумост ва Ў бењтарини ёридињандагон аст.

151. Дар дили кофирон буздилї хоњем андохт, зеро бо Худо чизеро шарик муќаррар сохтанд, ки Худо барои он њељ њуљљат фуруд наовардааст. Ва љои онњо дўзах аст ва он барои ситамгарон бад иќоматгоњест.

152. Ва њамоно Худо ваъдаи Худро дар њаќќи шумо рост кард – он гоњ, ки ба њукми Ў кофиронро мекуштед – то ваќте ки буздилї кардед ва дар кори хеш низоъ кардед ва нофармонї намудед – баъди он ки ба шумо он чиро, ки мехостед, намоён кард, аз шумо касе буд, ки дунёро мехост ва аз шумо касе буд, ки охиратро мехост; он гоњ [Худо] шуморо аз онњо бозгардонид,4 то шуморо имтињон кунад; ва ба дурустї ки аз шумо даргузашт. Ва Худо нисбат ба мўъминон Соњиби рањмат аст.

153. Он гоњ, ки дур мерафтед5 ва ба њељ кас мутаваљљењ намешудед, пайѓамбар шуморо дар љамоае мехонд, ки паси пушти шумо буданд. Пас шуморо ба андўње болои андўње љазо дод. (Ин панд додан) барои он аст, то бар он чи аз дасти шумо рафт ва бар он чи ба шумо расид, андўњнок нашавед. Ва Худо ба он чи мекунед, Бохабар аст.

154. Боз, бар шумо пас аз андўњ эминї фуруд овард, ки пинаке буд, аз шумо гурўњеро фаро гирифт; ва гурўње дигар буданд, ки онњоро фикри хештан андўњнок сохта буд, онњо дар бораи Худо гумони ноњаќ мекарданд – [монанди] гумони љоњилият. Мегуфтанд: «Оё моро аз ин кор чизе њаст?»1 Бигў: «Кор ба тамом Худорост». [Онњо] дар дили худ он чиро пинњон медоранд, ки барои ту ошкоро намекунанд, мегўянд: «Агар моро аз ин кор чизе мебуд, дар ин љо кушта намешудем». Бигў: «Агар дар хонањои хеш [њам] мебудед, њамоно касоне, ки бар онњо кушта шудан муќаррар шудааст, сўи ќатлгоњи хеш берун меомаданд.2 Ва то ки Худо он чиро, ки дар синањои шумост, биозмояд ва он чиро, ки дар дили шумост, пок созад». Ва Худо ба он чи дар синањост, Доност.

155. Ба дурустї, касоне, ки рўзи ба њам омадани њар ду љамоа3 аз шумо рў гардониданд – љуз ин нест, ки ба шумии баъзеи он чи карданд, Шайтон онњоро билаѓзонид. Ва њамоно Худо онњоро афв кард. Ба дурустї ки Худо Омурзандаи Бурдбор аст.

156. Эй мўъминон, монанди онњое мабошед, ки кофир шуданд ва дар њаќќи бародарони хеш – ваќте ки дар замин сафар мекарданд, ё ба љињод берун омада буданд,4 мегуфтанд: «Агар онњо назди мо мебуданд, намемурданд ва кушта намешуданд» то Худо ин суханро дар дили онњо њасрате гардонад. Ва Худо зинда мекунад ва мемиронад. Ва Худо ба он чи мекунед, Биност.

157. Ва агар дар роњи Худо кушта шавед, ё бимиред, њамоно омурзише ва бахшоише аз Худо бењтар аз он чизе аст, ки љамъ мекунанд.5

158. Ва агар бимиред, ё кушта шавед, албатта, ба сўи Худо барангехта хоњед шуд.

159. Пас ба сабаби мењрубонї аз Худо барои онњо нарм шудї; ва агар дуруштхўи сахтдил мешудї, аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас, аз онњо даргузар ва барои онњо омурзиш хоњ ва дар ин кор бо онњо машварат кун; ва он гоњ, ки ќасди муњкам кардї, пас бар Худо таваккул кун. Ба дурустї ки Худо таваккулкунандагонро дўст медорад.

160. Агар Худо шуморо нусрат дињад, њељ кас бар шумо ѓолиб нест; ва агар шуморо ба бепарвої бигузорад, пас кист, ки баъд аз Вай шуморо нусрат дињад? Ва мўъминон бояд ки бар Худо таваккул кунанд.

161. Ва аз пайѓамбаре њаргиз хиёнат намеояд; ва њар ки хиёнат кунад, рўзи ќиёмат он чизеро, ки ў хиёнат кардааст, хоњад овард.6 Пас, ба њар шахсе љазои он чи кардааст, тамом дода шавад; ва онњо ситам карда нашаванд.

162. Оё касе, ки дар паи хушнудии Худо рафт, монанди касе мебошад, ки хашми Худойро оварад? Ва љои ў дўзах аст. Ва [он] бад љоест.

163. Онњо назди Худо бар мартабањоанд. Ва Худо ба он чи мекунанд, Биност.

164. Ба дурустї, Худо бар мўъминон неъмати фаровон дод, он гоњ, ки дар миёни онњо аз худашон пайѓамбаре фиристод, ки оёти Худоро ба онњо мехонад ва онњоро пок месозад ва ба онњо Китобу илм меомўзад; ва њамоно пеш аз ин дар гумроњии ошкоро буданд.

165. Оё чун ба шумо мусибате расид, ки шумо дучанд аз он расонида будед,1 гуфтед: «Ин (мусибат) аз куљо омад?» Бигў, ки: «Он аз тарафи худи шумост. Ба дурустї ки Худо бар њама чиз Тавоно аст».

166. Ва он чи дар рўзи ба њам омадани ду гурўњ ба шумо расид, ба иродаи Худо буд, то мўъминонро мутамаййиз созад.

167. Ва ононро мутамаййиз созад, ки мунофиќ шуданд. Ва ба онњо гуфта шуд: «Биёед, дар роњи Худо биљангед, ё дафъ кунед».2 Гуфтанд: «Агар љанг кардан медонистем,3 њамоно ба шумо пайравї мекардем». Он рўз ин гурўњ ба куфр наздиктар буданд, аз он ки ба имон; ба дањони хеш он чи мегўянд, ки дар дилашон нест. Ва Худо ба он чи мепўшанд, Донотар аст.

168. Онон, ки худ (аз љанг) бознишастанд, дар њаќќи бародарони хеш гуфтанд: «Агар фармони мо мебурданд, кушта намешуданд». Бигў: «Агар ростгў њастед, маргро аз худ дафъ кунед».

169. Ва касонеро, ки дар роњи Худо кушта шуданд, њаргиз мурда гумон макун, балки зиндаанд, назди Парвардигорашон рўзї дода мешаванд;

170. ба он чи Худо аз фазли Худ ба онњо ато кардааст, шодмонанд; ва барои касоне хушваќт мешаванд, ки њанўз ба онњо аз пасашон напайвастаанд – ба сабаби он, ки бар онњо њељ тарс нест ва онњо андўњнок намешаванд.

171. [Онон] ба неъмати Худо ва фазли Ў хушваќт мешаванд ва ба он, ки Худо музди мўъминонро зоеъ намекунад.

172. Касоне, ки баъди ба онњо расидани захмњо [њам] њукми Худо ва расулро ќабул карданд; барои ононе аз ин љамоа, ки некўкорї ва парњезгорї карданд, музди бузург аст.

173. Касоне, ки мардумон ба онњо гуфтанд: «Мардумон барои (љанги) шумо љамъ омадаанд, аз онњо битарсед» – (ин сухан) имони онњоро зиёда кард ва гуфтанд: «Худо моро бас аст ва нек Коргузор аст».

174. Пас, онњо ба неъмате аз Худо ва фазли Ў бозгаштанд; њељ сахтї ба онњо нарасид; ва пайравии хушнудии Худо карданд. Ва Худо Соњиби фазли бузург аст.

175. Љуз ин нест, ки ин (хабардињанда) Шайтон аст, дўстони худро4 метарсонад. Пас, шумо аз кофирон матарсед ва агар мўъмин њастед, аз Ман битарсед.

176. Ва касоне, ки дар (нусрати) куфр мешитобанд, туро андўњгин накунанд; ба дурустї ки онњо ба Худо њељ зиён нарасонанд.1 Худо мехоњад, ки ба онњо дар охират њељ бањрае надињад; ва барои онњо азоби бузург аст.

177. Ба дурустї, онон, ки ба ивази имон куфрро хариданд,2 ба Худо њељ зиён нарасонанд; ва барои онњо азоби дарддињанда аст.

178. Ва кофирон гумон накунанд, ки ба онњо мўњлат додани Мо дар њаќќи онњо бењтар аст; љуз ин нест, ки ба онњо мўњлат медињем, то дар гуноњкорї зиёда шаванд; ва барои онњо азоби хоркунанда аст.

179. Худо мўъминонро њаргиз бар он чи нагузорад, ки алњол шумо бар он њастед, то нопокро аз пок људо кунад; ва Худо шуморо њаргиз бар ѓайб огоњ накунад; валекин Худо аз пайѓамбарони Худ њар киро хоњад, бармегузинад. Пас ба Худо ва пайѓамбарони Ў имон оред; ва агар имон оред ва парњезгорї кунед, шуморо музди бузург бошад.

180. Онон, ки ба он чи Худо аз фазли Худ ба онњо ато кардааст, бухл мекунанд, бояд гумон накунанд, ки ин бухл барояшон бењтар аст, балки он барояшон бад аст; наздик аст, ки рўзи ќиёмат он чи дар он бухл кардаанд, бар шакли тавќ ба онњо пўшонида шавад. Ва мероси (ањли) осмонњову замин аз они Худост. Ва Худо ба он чи мекунед, Бохабар аст.

181. Њамоно Худо суханони ононро шунид, ки гуфтанд: «Худо фаќир аст ва мо тавонгарем». Он чиро, ки гуфтанд ва мо пайѓамбаронро ба ноњаќ куштанашонро хоњем навишт ва бигўем: «Азоби сўзандаро бичашед!»

182. Ин ба сабаби амалест, ки дастњои шумо пеш фиристодааст ва ба сабаби он аст, ки Худо бар бандагон ситамкунанда нест.

183. [Ба] онон, ки гуфтанд: «Худо ба мо њукм фиристодааст, ки ба њељ пайѓамбар имон наорем, то он ки ќурбоние биёрад, ки онро оташ бихўрад» – бигў: «Пеш аз ман пайѓамбарон мўъљизањо ва онро низ, ки шумо гуфтед, назди шумо оварданд; агар ростгў њастед, пас чаро онњоро куштед?»

184. Пас, агар туро ба дурўѓ нисбат карданд, пайѓамбарон пеш аз ту њам, ки њуљљатњо ва сањифањо ва Китоби равшанро оварданд, ба дурўѓ нисбат карда шуда буданд.

185. Њар нафсе чашандаи марг аст; ва љуз ин нест, ки ба шумо рўзи ќиёмат музди шумо ба тамом дода хоњад шуд, пас, њар ки аз дўзах дур дошта шавад ва ба бињишт дароварда шавад, њамоно ба мурод расидааст. Ва зиндагонии дунё ба љуз бањраи фиребанда [чизе] нест.

186. Албатта, шумо дар амволатон ва љонатон озмоиш карда хоњед шуд; ва аз онон, ки пеш аз шумо Китоб дода шудаанд ва аз мушрикон сарзаниши бисёр хоњед шунид. Ва агар сабр кунед ва парњезгорї намоед, ба дурустї ки ин (хислат) аз корњои маќсуд аст.

187. Ва (ёд кун) чун Худо аз ањли Китоб ањд гирифт, ки Китобро барои мардумон, албатта, баён кунед ва онро напўшед. Пас, он ањдро паси пушти хеш биандохтанд ва ба ивази вай бањои андак гирифтанд. Пас, бад чизе аст, ки меситонанд.

188. Мапиндор касонеро, ки ба он чи карданд, шодмон мешаванд ва дўст медоранд, ки ба он чи накардаанд, сутуда шаванд – мапиндор онњоро, ки аз азоб дар халосанд; барои онњо азоби дарддињанда аст.

189. Ва подшоњии осмонњову замин аз они Худо аст; ва Худо бар њама чиз Тавоно аст.

190. Ба дурустї ки дар офариниши осмонњову замин ва омадушуди шабу рўз нишонањоест барои соњибони хирад –

191. – ононе, ки Худоро бар пой истода ва нишаста ва ба пањлўи хеш хуфта ёд мекунанд ва дар офариниши осмонњову замин тааммул мекунанд (мегўянд): «Эй Парвардигори мо, инро бењуда наофаридаї, покї Турост, пас, моро аз азоби оташ нигањ дор.

192. Эй Парвардигори мо, њар киро ба дўзах дарорї, ба дурустї ки ўро расво кардаї. Ва ситамкоронро њељ ёридињандае нест.

193. Эй Парвардигори мо, њамоно мо нидокунандаеро шунидем, ки ба овози баланд ба сўи имон мехонд: «Ба Парвардигори хеш имон оред». Ва мо имон овардем. Эй Парвардигори мо, гуноњони моро биомурз ва аз мо бадињои моро дур кун ва моро бо некўкорон бимирон.

194. Эй Парвардигори мо, он чиро, ки ба (забони) расулони Худ ба мо ваъда кардаї, ба мо бидењ ва моро рўзи ќиёмат расво макун; ба дурустї ки Ту ваъдаро хилоф намекунї».

195. Пас, Парвардигорашон дуои онњоро ќабул кард (бо он ки): «Ман амали њељ амалкунандаро аз шумо – аз мард ё зан – зоеъ намесозам, баъзеи шумо аз баъзе аст. Ман гуноњони ононро, ки њиљрат карданд ва аз хонањояшон берун карда шуданд ва дар роњи Ман ранљонида шуданд ва љанг карданд ва кушта шуданд, албатта, аз онњо дур кунам ва онњоро, албатта, дар боѓњое дарорам, ки зери он љўйњо меравад – ин подош аз назди Худост. Ва подоши нек назди Худо аст».

196. Омадушуди кофирон дар шањрњо бояд ки туро нафиребад.

197. Ин бањрамандии андак аст, баъд аз он љои онњо дўзах бошад; ва он бад љоест.

198. Лекин ононро, ки аз Парвардигори худ тарсиданд, бўстонњоест, ки зери он љўйњо меравад; дар он љо љовидонанд – ин мењмонї аз назди Худо аст; ва он чи назди Худо аст, барои некўкорон бењтар аст.

199. Ва њамоно аз ањли Китоб касоне њастанд, ки ба Худо ва ба он чи ба сўи шумо фуруд оварда шуд ва ба он чи ба сўи худашон фуруд оварда шуд, имон меоранд ва барои Худо фурўтанї мекунанд, ба ивази оятњои Худо бањои андак намеситонанд; музди ин гурўњ назди Парвардигорашон аст; ба дурустї ки Худо Зудњисобкунанда аст.

200. Эй мўъминон, сабр кунед ва дар сабр ќадам устувор доред ва (барои љињод) омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет