Аз ҷониби Шурои илми-методии Донишгоҳи технологии Тоҷикистои тавсия шудааст



бет19/23
Дата09.07.2016
өлшемі2.39 Mb.
#187284
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   23

9.4. Фоида ва даромадноки чун нишондиҳандаҳои самаранокии фаьолияти корхона

Фоида ҳамчун категорияи иқтисодӣ даромади софи кор-хона аст, ки дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ дар ҷараёни фаъо-лияти соҳибкорӣ ташкил шуДааст. Фоида натиҷаи молиявии фаъолияти корхонаро нишон медиҳад. Барои муайян карда-ни натйҷаи молиявй бояд даромадро бо хароҷоти истеҳсол ва фурӯш, ки шакли арзиши аслии маҳсулотро мегиранд, муқоиса намуд. Дар ҳолате, ки даромад аз арзиши аслӣ зиёд мешавад натиҷаи молиявӣ гирифтани фоидаро нишон медиҳад.

Ҳадафи асосии фаъолияти соҳибкорй гирифтани фоида, вале корхонаҳо ба он на ҳамеша муваффақ мешаванд. Агар да-ромад бо арзиши аслй баробар бошад, ик маънои онро дорад, ки корхона тавонистааст танҳо хароҷоти истеҳсол ва фурӯши маҳсулотро пӯшонад. Дар сурати аз даромад зиёд будани ар-зиши аслӣ корхона зарар мебинад.

Ба ҳаҷми фоидан корхонаҳо омилҳои субъектнвӣ ва объек-тивӣ таъсир мерасонанд.

Омилҳои субъективӣ - хароҷот барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, сатҳи нархҳо ба маҳсулоти тайёр, рақобатпазирии маҳсулот, сатҳи ташкилй-техникии идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ.

Омилҳои объективӣ - сатҳи нархҳо ба захираҳои моддӣ ва зиергетикӣ, меъёри ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ, қисмҳои бозор.

Натиҷаи ниҳоии фаъолияти молиявии корхона дар та-возуни (баланси) он инъикос мегардад. Бинобар ин, фоидаи тавозунӣ (умумӣ) нишокдиҳандаи иттилоотии фоида ба шу-мор меравад.

Фоидаи тавозунии корхона аз унсурҳои зерин иборат ме-бошад:

- фоида (зарар) аз-фурӯши маҳсулот., иҷрои корҳо; хиз-матрасониҳо;

27«


МАВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНАҲО

- фоида (зарар) аз фурӯши воситаҳои асосӣ ва дигар


содиротхо, фурӯши амволи дигари корхона;

- натиҷаҳои молиявӣ аз фаъолияти ғайрифурӯш.


Натиҷаҳои молиявӣ аз фаъолияти ғайрифурӯш ин фоида

(зарар) аз амалиётҳои гуногунест, ки ба фаъолияти асосии кор-хона марбут намебошад, чун даромадхо аз маблагҷудокуннҳоп кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлаг, даромадҳо аз ичорадиҳин ашоя (агар ба иҷора додани амвол фаъолияти асосии корхона набо-шад), ҷарима, пени ва дигар муҷозоти молиявии гирифта (пар-дохтнамуда) (ба истиснои муҷозоти мувофиқи қонунгузории амалкунанда ба буҷет ва фондҳои ғайрибуҷетӣ пардохтшуда) ва дигар даромадҳо ва хароҷот.

Фоидаи умумии корхона тақсим карда мешавад: дар на-вбати аввал барои иҷрои ӯхдадориҳои молиявии корхоиа дар назди буҷет (андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ). Фоидаи боқимонда, фоидаи соф шуморида шуда, аз ҷониби худи корхо-на мустакилона вобаста ба шакли моликияти он тақсим карда мешавад (чун қоида ба фонди андӯхт, фонди истеъмолй, фон-ди захиравӣ). Ғайр аз ин, ҷамъиятҳои сахҳомӣ фоидаи софи худро барои пардохти дивидендҳо ва ташкили фонди захира-вии қарзҳои шӯбҳанок тақсим мекунанд.


Расми 9.1. Таксимоти фоидаи умумии корхоиа


271


Тақсимоти фоидаи умумии корхона дар расми 9.1. тас-вир шудааст.



МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Фонди андӯхт барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ истифода мегар-дад: маблағгузории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корҳои лоиҳавӣ, конструкторӣ, таҳия ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот, тағйир додани ҷараёнҳои технологӣ дар маблаггузории ха-роҷот барои азнавҷиҳозонии техникӣ ва таҷдиди таҷҳизоти амалкунанда. Ғайр аз ин, аз ҳисоби фонди мазкур қарзҳои дарозмӯҳлат, фоизҳои қарз пардохта шуда, норасоии воситаҳои гардон ва гайра маблаггузорӣ мешавад.

Фонди истеъмолй барои қонеъ намудани талаботи моддӣ ва иҷтимоии кормандони кироя истифода мешавад. Аз ҳисоби ин фонд хароҷоти истифодабарии объектҳои иҷтимой-хизматрасонӣ, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавй, пардохти кӯмакпулиҳо, ра-сонидани кӯмаки молиявй, пардохти иловапулӣ ба нафақа, ҷубронпулӣ ба кормандон ва ғайра амалӣ карда мешавад.

Дар корхокаҳо инчунин фонди захиравӣ ташкил карда ме-шавад, ки маблагҳои он барои таъмини устувории молиявӣ, пурра намудани сармояи асосӣ, пардохти зарарҳои корхона истифода мегардад.

Ҳадафи фаъолияти соҳибкорӣ на танҳо гирифтани фоида, балки таъмини даромаднокии баланди фаъолияти хоҷагидорӣ ба шумор меравад. Агар фоида нишондиҳандаи мутлақ бошад, пас даромаднокӣ нишондиҳандаи нисбиест, ки имкон медиҳад даромаднокии корхона, натиҷаҳои маблағҷудокунӣ баҳогузорӣ шавад. Даромаднокиро ҳангоми ҳисобкуниҳои иқтисодӣ ва банақшагирии молиявӣ истифода мебаранд.

Намудҳои нишондиҳандаҳои даромаднокӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:



  1. даромаднокии маҳсулот = (фоидаи умумй/харочот)*100%.

  2. даромаднокии фондхои истеҳсолй = (фоидаи умумӣ/ар-зиши миёнаи солонаи фондҳои асосии истеҳсолӣ ва воситаҳои моддии гардон)*100%>.

  3. даромаднокии маблагҷудокуниҳо ба корхона = (фои-даи умумӣ/арзиши амволи корхона)* 100%).

272

МАВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНЛҲО

9.5. Воситаҳои асосӣ ва гардоии корхона

Корхонаҳо барои амалй намудани фаъолияти хоҷагидорӣ бояд фондҳои истеҳсолӣ - маҷмӯи фондҳои асосӣ ва гардон дошта бошанд. Фондҳои асосии истеҳсолӣ воситаҳои меҳнат буда, дар ҷараёни истеҳсолот муддати тӯлонӣ иштирок наму-да, тадриҷан, вобаста ба дараҷаи хӯрдашавӣ арзиши худро қисм-қисм ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд.

Ба фондҳои асосии истеҳсолӣ инҳо дохил мешаванд: мо-шинҳо, таҷҳизот, воситахои нақлиёт, бино, иншоот, техни-каи ҳисоббарор, дастгоҳҳои ченкунӣ ва танзимкунӣ ва ғайра.

Воситаҳои асосӣ ин маблағҳоест, ки ба фондҳои асосӣ ҷудо карда шудааст.

Фондҳои асосй гирдгардиши хоҷагидориро амалӣ ме-намояд, ки аз марҳилаҳои зерин иборат аст: хӯрдашавии фондҳои асосӣ, истеҳлок, пасандози маблағ барои пурра барқарор намудани онҳо, иваз кардани фондҳои асосӣ бо роҳи маблағҷудокуниҳои асосӣ.

Шарти асосии рушд ва такмили корхона такрористеҳсоли фондҳои асосӣ, яъне азнавкунӣ, засеъкунӣ, таҷдид ва азнав-ҷиҳозонии техникии онҳо ба шумор меравад. Барои такрор-истеҳсоли фондҳои асосӣ захираҳои молиявии иловагӣ ҷудо карда мешавад, дар шакли маблағҷудокуниҳои асосй ва сар-моягузорӣ.

Маблағҷудокуниҳои асосӣ хароҷотро барои корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ, харидани мошин, таҷҳизот, асбобу анҷом (инвентар) ва дигар корҳои асосй дар бар мегирад. Яке аз шаклҳои такрористеҳсоли оддии воситаҳои асосӣ ин гузаро-нидани таъмири асосӣ мебошад.

Васеъ намудани фондҳои асосӣ ин бунёди объектҳои нав, васеъкунӣ, таҷдид ва азнавҷиҳозонии техникии фондҳои асосӣ Мебошад.

Сарчашмаҳои такрористеҳсоли фондҳои асосӣ инҳо ме-бошанд:

273


МОЛИЯ ВА КАРЗ

  • воситаҳои худии корхона;

  • маблагҳои лулии ҷалбкардашуда;

  • қарзҳои дарозмӯҳлати бонкй;

  • маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ;

  • маблагҳои буҷети давлатӣ.

Сарчашмаи худии такрористеҳсоли фондхои асосӣ, фон-ди истехлок ба щумор меравад.

Истеҳлок ин хӯрдашавии фондҳои асосӣ бо ифодаи пулй ва ба маҳсулоти тайёр гузаронидани қисми арзиши воситаҳои асосӣ мебошад.

Фонди истеҳлок ин маҷмӯи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокии ҷамъшуда аст. Ҳиссаҷудокуниҳои истехлокии солона ба фон-ди истеҳлок мувофики меъёри истеҳлок гузаронида мешавад. Ҳачми фонди истеҳлок ҳар сол бо роҳи зарб намудани арзн-ши умумии фондҳои асосӣ ба меъёри истеҳлок муайян кар-да мешавад.

Дар Тоҷикистон воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ба гурӯхҳои дорои меъёрҳои истеҳлокии дар ҷадвали 9.1. кишон-додашуда таксим мешаванд.



Ҷадвали 9,1. Меъёрхои истехлокии воситахои асосии

истехлокшаванда

Гурух

Намуди амкол

Меъёри иихоии иетехлокй (бо фоиз)

1.

Техникаи автотрактории роҳсозӣ; асбобу анчом ва лавозимоти махсус; мошинаҳои электронии ҳисоббарор, дастгоҳу воситаҳои маҳалии коркар-ди маълумот, таҷхизоти электронй ва воситахои апока

20

274

МА.ВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНАҲО



2.

Автомобилҳои боркаш, автобусҳо, автомобилҳои махсус ва автоприт-сепҳо, нақлиёти ҳавоӣ. Мошинаҳо ва таҷҳизот барои тамоми соҳаҳои сано-ат, истеҳсолоти рехтагарӣ; таҷҳизоти оҳангарию прессҳо; таҷҳизоти сох-тмон; мошинаҳо ва таҷҳизоти кишо-варзӣ; автомобилҳои сабукрав; мебе-ли идора

15

•7

-Э.


Воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, баҳ-рӣ ва дарёӣ; мошинаҳо ва таҷҳизоти қуввадиҳанда; таҷҳизоти гармиди-ҳандаи техникй, таҷҳизоти турбинӣ, муҳаррикҳои электрикӣ ва гснера-торҳои дизелӣ. Воситаҳои интиқоли барқ; хатҳои қубур

8 !

4.

Бино, иншоот ва иморатҳо

7

5.

Активҳои истеҳлокшаваидае, ки ба дигар гурӯҳ шомил нашудаанд.

10

*Сарчашма: Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳиссачудокуниҳои истеҳлокӣ дар самти сармоягузорӣ ба корхона вазни қиёсии зиёдро ишгол меиамояд. Ҳангоми но-кифоя будани воситаҳои худӣ, корхона 6о мақсади сохтмон, васеъкунӣ, тачдид ва азнавҷиҳозонии техникии объектҳои та-ъиноти истеҳсолӣ, қарзи дарозмуддати бонкӣ мегирад.

Сарчашмаҳои сармоягузории корхона воситаҳои ҷалбшуда Дар шакли қогазҳои қиматнок, облигатсияҳо ва векселҳо, Ҷобаҷокунии онҳо дар бозори молиявӣ, инчунин ҷалби захи-раҳои иловагӣ мебошад.

Сармоягузории мустақим сарчашмаи муҳими такрор-Истеҳсоли воситаҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар қатори он сарчашмаҳои дигари маблағгузории такрористеҳсоли

275

МОЛИЯ ВА ҚАР'3

фондхои асосӣ мавҷуданд, ба монанди воситаҳои карзии ди-гар корхонаҳо, карзи дарозмӯҳлати бонкӣ.

Дар фаъолияти истеҳсолии корхона воситахои гардон накшп мухнмро мебозанд. Воситаҳои пулпи ба сармояи гардон пешпардохтшуда, воситаҳои гардон номида мешаванд. Сармо-яи гардон ин воситаҳоест, кн ҷараёни фаъодияти хоҷагндорнро таъмин карда, дар як вақт дар ҷараёни истеҳсол ва раванди фурӯши маҳсулот иштирок менамоянд.

Воситаҳои гардон воситаҳоеанд, ки факат дар як даври истеҳсолт иштирок намуда, арзиши худро пурра ба арзиши махсулоти тайёр гузаронида, шакли ибтидоии худро тағйир медиҳанд. Воситахои гардони корхона бояд фаъолияти пай дар пай ва мутассили ҷараёии истеҳсолот ва муомилотро таъ-мин намояд.

Сохт ва таркиби воситаҳои гардонро фарқ мекунанд. Сох-

ти воситахои гардон дар расми 9.2. инъикос гардидааст.

I I

Воситахои гардон






Воситаҳои

гардон дар соҳаи

истеҳсолот


Воситаҳои

гардон дар соҳаи

муомилот

Расми 9.2. Сохти воснтаҳои гардои

Ҳамин тариқ, воситаҳои гардони корхонаро ба ду гурӯҳ ҷудо мснамоянд: фондҳои гардоии истеҳсолӣ; фондхои муо-милот.

Ба фондҳои гардони истеҳсолӣ инҳо тааллуқ доранд: захираҳои истеҳсолй (ашёи хом, маводҳои асосӣ ва ёрира-сон, маҳсулоти нимтайёр, сӯзишворй, ашёҳои камарзиш ва зудтагйирёбанда, кисмхои эҳтиётй, асбобу анҷом), истеҳсолоти анҷомнаёфта, инчунин хароҷоти давраҳои оянда.

276


МАВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОМАҲО

Ба фондҳои муомилот инҳо дохил мешаванд: маҳсулоти тайёр дар анбор, молҳои бор карда фиристодашуда, воеитаҳои пулӣ, қарзи дебиторӣ ва маблагҳо дар суратҳисобҳо.

Сарчашмаҳои ташаккули воситаҳои асосӣ инҳоанд: во-ситаҳои худӣ, воситаҳои ба воситахои худӣ баробаршуда, воситаҳои қарзӣ ва ҷалбшуда. Дар ташкили гирдгардиши фондҳои корхона нақши муҳимро воситаҳои худӣ мебозад. Ибтидои ташаккули сармояи худӣ аз лаҳзаи ташкиди корхо-на огоз меёбад. Сарчашмаҳои худии воситаҳои гардон сар-мояи оинномавӣ, с})оида, даромади эмиссиоиӣ мебошанд. Да-ромади эмиссионӣ фарқи маблаги арзиши фурӯш ва номина-лии саҳмияҳо аст, ки хангоми фурӯшй онҳо ба даст омадааст.

Фоидаи корхона барои ташаккули воситаҳои гардон, пар-дохти афзоиши меъёри воситаҳои гардон равона карда меша-вад.

Дар корхона гайр аз воситаҳои худӣ инчунин воситаҳои қарзӣ - қарзҳои кӯтоҳмӯҳлати бонкӣ, қарзҳои тичоратӣ вади-гар қарзҳо дар гардиш қарор доранд. Сарчашмаҳои қарзӣ та-ъииоти мақсаднок дошта, суръати гардишашон хело тез мебо-шад. Боикҳо ба истифодаи воситаҳои қарзии корхонаҳо назо-ратро сахт ба роҳ мемонанд. Қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат барои таъ-миии нокифоягии воситаҳои гардопи худӣ истифода мешавад.

Сармояи гардони тоза (воситаҳои гардони худӣ) фарқи байни активҳои гардон ва ӯҳдадориҳои кӯтоҳмӯҳлатро ифода мемамояд. Ҳаҷми минималии он бояд 10% аз ҳаҷми умумии активҳои гардонро ташкил намояд. Чӣ қадаре ин нншонднҳанда баланд бошад, устувории молиявии корхона ҳамон қадар ба-ланд буда, имконияти бештари гузаронидани сиёсати молия-вик мустақилонаро дорад.



Саволҳои худсаицишӣ

  1. Молияи корхона чист?

  2. Муносибатҳои молиявии корхонаҳо бо кадом субъектҳо ба вуҷуд меояд?.

277

МОЛИЯ ВА ҚЛРЗ

  1. Хусусияти хоси молияи корхонаҳоро шарҳ диҳед.

  2. Ба фаъолияти чории корхона кадом воридот ва хароҷот дохил мешавад?

  3. Воридот ва хароҷоти фаъолияти сармоягузории корхо-наро шарҳ дихед.

  4. Ҳангоми фаъолияти молиявӣ корхона кадом воридот ва хароҷотро амалӣ менамояд?

  5. Молияи корхонаҳо кадом вазифаҳоро иҷро менамояд?

  6. Моҳияти вазифаи таксимотии молияи корхонаҳоро фаҳмонед?

  7. Вазифаи назоратии молияи корхонаҳоро шарҳ диҳед.




  1. Принсипҳои асосгш ташкили молияи корхонаҳоро ном-бар намоед ва моҳияти онҳоро фаҳмонед.

  2. Ҳангоми татбиқи принсипҳои ташкили молияи корхо-наҳо бояд кадом талаботҳо ба инобат гирифта шавад?

  3. Захираҳои молиявии корхона чист ва он аз ҳисоби ка-дом сарчашмаҳо ташкил карда мешавад?

  4. Сарчашмаҳои худии ташаккулдиҳии захираҳои моли-явии корхонаҳо кадомҳоанд?

  5. Ба захираҳои молиявии ҷалбшудаи корхонаҳо чихо до-хил мешаванд?

  6. Аз ҳисоби фоидаи корхона кадом фондҳо ташкил дода мешавад?

  7. Ба захираҳои молиявии карзии корхонаҳо чиҳо дохил мешаванд?

  8. Факторинг чист?

  9. Моҳияти карзи тиҷоратӣ, қарзи лизингӣ ва қарзи кре-диториро шарх диҳед.




  1. Фоидаи корхона чист ва ба ҳаҷми он кадом омилҳо таъсир мерасонанд?

  1. Фоидаи умумии корхона чӣ тавр таксим карда мешавад?

  1. Маблагҳои фонди андӯхт бо кадом мақсадҳо истифо-да мешавад?

МЛВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНЛҲО

  1. Самтҳои асосии истифодаи маблагҳои фонди истеъмолӣ кадомҳоанд?

  2. Мақсади гашкшш фонди захиравии корхонаҳо дар чпст?

  3. Намудҳои нишондиҳандаҳои даромаднокӣ ба кадом гурӯҳҳо тақсим мешаванд?

  4. Ба фондҳои истеҳсолии корхонаҳо кадом фондҳо до-хил мешаванд?

  5. Воситаҳои асосии корхона чист ва ба он чиҳо дохил мешавад?

  6. Сарчашмаҳои такрористеҳсоли воситаҳои асосӣ ка-домҳоанд?

  7. Тарзи ташкили фонди истеҳлокро фаҳмонед.

  8. Сохт ва таркиби воситаҳои гардони корхонаро шарҳ диҳед.

Тестҳо

1. Молияи корхона ин:

а) мачмӯи муносибатҳои пулиест, ки аз ҷониби дав-


лат танзим шуда, дар ҷараёни он фондҳои нулии мар-
казонидашуда ташкил карда мешавад;

б) соҳаи мустақили низоми молиявй буда, доираи


муайяни муносибатҳои иқтисодиро оиди ташкил,
тақсим ва истифодаи захираҳои молиявии корхонаҳо
ва давлат дар бар мегирад;

в) маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки ҷараёни


ташкил ва назорат ба истифодаи захираҳои молия-
вии корхонаҳоро ифода менамояд;

г) мачмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки ҷараёни


ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои гайримар-
казонидашудаи захираҳои молиявии корхопаҳо,
ташкилотҳо ва муассисаҳоро дар бар мегирад;

2. Молияи корхона кадом вазифаро иҷро мекунад?

а) танзимкунӣ;

б) ҳавасмандгардонӣ;

279


МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

в) тақсимотй;

г) пасандозкунй.

3. Ба принсипҳои ташкили молияи корхонахо кадоме аз ин
принсипҳо дрхил мешавад?

а)эквивалентнокӣ; б)адолатнокӣ;

в) масъулияти моддӣ;

г) вобастагии молиявй.



4. Кадоме аз инҳо ба фондҳои пулии худи корхона дохил
мешавад:

а) дивидендҳо;

б) фонди истеъмолй;

в) сармояи оинномавӣ;

г) қарзхои бонкй.

5. Захираҳои молиявии корхона ин:

а) даромадҳои пулии корхона аст, ки барои пардох-


ти андозҳо, додани карз ба дигар корхоиаҳо исти-
фода мешавад;

б) тамоми маблағҳои пулии корхона аст, ки барои


истеҳсоли махсулот таъин гардидааст;

в) ҳамаи маблағҳои пулии корхона буда, барои ба-


ровардани сахмияхо истифода мешавад; ■

г) ҳамаи даромадҳои пулиест, ки дар корхона ҷамъ


шуда, барои иҷрои ӯҳдадорихои молиявии корхона,
хароҷот оиди васеъкунии такрористехсол ва ташак-
кули фондхои корхона истифода мешавад.

6. Ба захираҳои молиявии ҷалбшудаи корхона кадоме аз
инхо дохил мешавад?

а) фонди андӯхт;

б) фонди истеъмолӣ;

в) қарс-ҳои кредиторй;

г) қарзҳои бонкӣ.

7. Ба захираҳои молиявии карзии корхона кадоме аз инхо
тааллук дорад?

280


МАВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНАҲО

а) фоида;

б) дивидендҳо ва фоизҳо;

в) фонди оинномавӣ;



г) факторинг.

8. Аз ҳисоби фоидаи корхона кадоме аз ин фондҳо ташкил
карда мешавад?

а) фонди оинномавй;

б) фонди андӯхт;

в) фонди истеҳлок;

г) фонди сармоягузорӣ.

9. Ба фондҳои асосии истеҳсолии корхона кадоме аз ин


гур
ӯхҳо дохил мешавад?

а) маҳсулоти нимтайёр, сӯзишворӣ, ашёҳои камар-


зиш ва зудтагйирёбанда;

б) маҳсулоти тайёр дар анбор, молхои бор карда фи-


ристодашуда, воситаҳои пулӣ;

в) воситаҳои пулӣ, қарзи дебиторӣ ва маблагҳо дар


суратҳисобҳо;

г) воситаҳои нақлиёт, бино, иншоот, мошинҳо, таҷ-


ҳизот.

10. Кадоме аз ин гурӯҳҳо ба фондҳои гардони корхона
тааллук дорад?

а) воситаҳои нақлиёт, бино, иншоот;

б) мошинҳо, таҷҳизот, техникаи ҳисоббарор;

в) таҷҳизот, дастгоҳхои ченкунӣ ва танзимкунӣ;

г) маҳсулоти нимтайёр, сӯзишворӣ, ашёҳои камар-
зиш ва зудтагйирёбанда;

11. Ҳаҷми минималии сармояи гардони тоза (воситаҳои гар-
дони худӣ) бояд аз ҳаҷми умумии активҳои гардон чӣ қадарро
ташкил диҳад, ки устувории молиявии корхонаро таъмин кар-
Да тавонад?.

а) 18%;

б) 10%;

281


МОЛИЯ ВЛ ҚЛРЗ

в) 15%;


г) 25%.

Масъалаҳо

  1. Истеҳсоли маҳсулот бо нархҳои фурӯш дар соли нақшавӣ бояд 5,5 млн. сомониро ташкил диҳад. Агар харҷ ба 1 сомо-нии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 12 дирам баробар бошад, ҳаҷми фоидаи умумии корхона аз истеҳсоли маҳсулот муай-ян карда шавад.

  2. Даромади корхона аз фурӯши маҳсулот дар соли гузаш-та 11,5 млн. сомониро ташкил дод. Харочоти умумии корхо-на дар ин давра 9,7 млн. сомонй буд. Фоидаи софи корхона муайян карда шавад.

  3. Ҳаҷми фурӯши маҳсулот дар соли 2009 21,3 млн. сомонӣ, хароҷоти доимӣ 3,8 млн. сомонй ва хароҷоти тағйирёбанда 15,5 млн. сомониро ташкил дод. Агар дар соли 2010 ҳаҷми фурӯши маҳсулот 8 фоиз афзояд, фоидаи умумии корхона чӣ қадар мешавад? Афзоиши фоидаи умумии корхона дар соли 2010 нисбати соли 2009 муайян карда шавад.

  4. Фоидаи умумии ҶДММ «Дилафрӯз» дар соли 2009 220 ҳазор сомониро ташкил дода, хароҷоти умумии он ба 785.8 ҳазор сомонӣ ва арзиши миёнаи солонаи фондҳои асосии истеҳсолӣ ва воситаҳои моддии гардони дар истехсолот иш-тироккарда ба 1220,5 ҳазор сомонӣ баробар буд. Даромадно-кии маҳсулот ва даромаднокии фондҳои истеҳсолиро муай-ян кунед.

  5. Корхонаи сохтмонии ЧДММ «Асл» крани борбардорро бо нархи 44,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуд. Мӯҳлати истифо-даи фоиданоки он 8 солро ташкил медиҳад. Ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокии солона ба фонди истсҳлок ва арзиши боқимондаи крани борбардор пас аз 2 соли истифодаи он ҳисоб карда ша-вад.

2X2

МЛВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНЛХО



Истилоҳот ва мафҳумҳо

Воснтахои асосӣ воситаҳои меҳнат буда, дар ҷараёни истеҳсолот муддати тӯлонӣ иштирок намуда, тадриҷан, вобаста ба дараҷаи хӯрдашавӣ арзиши худро қисм-қисм ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд.

Воситаҳои гардон воситаҳоеанд, ки фақат дар як даври истеҳсолт иштирок намуда, арзиши худро пурра ба арзиши маҳсулоти тайёр гузаронида, шакли ибтидоии худро тагйир медиҳанд.

Захираҳои молияпии корхона ин ҳамаи даромадҳои пули-ест, ки дар корхона ҷамъ шуда, барои иҷрои ӯҳдадориҳои мо-лиявии корхона, хароҷот оиди васеъкунии такрористеҳсол ва ташаккули фондхои корхона истифода мешавад.

Истеҳлок ин хӯрдашавии фондҳои асосӣ бо ифодаи пулӣ ва ба маҳсулоти тайёр гузаронидани кисми арзиши воситаҳои асосй мебошад.

Корхопа субъекти хоҷагидории мустақилест, ки барои бур-дани фаъолияти хоҷагидорӣ ташкил шуда, ҳадафи асосии он гирифтани фоида ва таъмини талаботҳои ҷамъият ба шумор меравад.

Лизинг ин ба иҷораи тӯлонӣ додани амволи манқул ва ғайриманқул, ки дар баъзе ҳолатҳо харидани он амволро ба иҷорагиранда иҷозат медиҳад.

Молияи корхона маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест. ки ҳангоми ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои гайримар-казонидашудаи захираҳои молиявии корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо пайдо мешавад.

Сармояи оинномавӣ сармояи ибтидоиест, ки ба корхона барои амалӣ намудани фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ бо мақсади гирифтани фоида зарур мебошад.

Сармояи иловагӣ дар ҷараёни афзоиши арзиши амвол, ки Дар натиҷаи аз нав нархгузорӣ муайян гаштааст; гирифтани Даромади эмиссионӣ (аз барориши иловагии саҳмияхо. фурӯши саҳмияҳо зиёда аз нархи номиналиашон); ба таври бебозгашт

283

МОЛИЯ ВА КАРЗ

гирифтани арзишҳо щ ё амвол аз корхонаҳо ва шахсони ди-гар, пайдо мешавад.

Факторинг ин шакли махсуси қарз аст, ки ҳангоми амали он, бонк талаботи пардохтии ин ё он ташкилотро мехарад ё худ бо он пардохтҳоро қабул менамояд.

Фонди андӯхт фондест, ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ис-тифода мегардад: маблаггузории корҳои илмй-тадқиқотй, корҳои лоиҳавӣ, конструкторӣ, таҳия ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот, тагйир додани ҷараёнҳои технологӣ дар маб-лагтузории хароҷот барои азнавҷиҳрзонии техникӣ ва таҷдиди таҷҳизоти амалкунанда. Ғайр аз ин, аз ҳисоби фонди мазкур қарзҳои дарозмӯҳлат, фоизҳои карз пардохта шуда, норасоии воситаҳои гардон ва гайра маблаггузорӣ мешавад.

Фонди истеъмолӣ фондест, ки аз ҳисоби он хароҷоти ис-тифодабарии объектҳои иҷтимоП-хизматрасоиӣ, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, пардохти кӯмакпулиҳо, расонидани кӯмаки молиявӣ, пардохти иловапулӣ ба нафақа, ҷубронпулӣ ба кормандон ва ғайра амалӣ карда мешавад.

Фонди захиравӣ фоидест, ки барои таъмини устувории молиявӣ, пурра намудани сармояи асосӣ, пардохти зарарҳои корхона истифода мегардад.

Фондҳои истсҳсолни корхона - ин маҷмӯи воситаҳои асосӣ ва гардон.

Фондя истеҳлок ин маҷмӯи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокии ҷамъшуда аст.

Қарзи тиҷоратӣ ип муносибати молиявӣ-хоҷагидорӣ бай-ни шахсони ҳукуқӣ ҳангоми фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳо иа с хизматрасонӣ бо дароз намудани мӯҳлати пардохт аст.

Қарзи креднторӣ ин қарз оиди молҳо. корҳо ва хизмат-расониҳо, векселҳои додашуда, пешпардохтҳои қабулшуда, ҳисобҳо бо буҷетҳо ва фондҳои гайрибуҷетӣ, пардохти муз-ди меҳнат, қарз дар назди корхонаҳои фаръӣ ва дигар қарз-диҳандагон мебошад.

2X4

МАВЗУИ 9. МОЛИЯИ КОРХОНАҲО



Адабиёт

  1. Бокова Ф.М. Финансы и кредит. Краткнй курс лекиий. М.-.ИНФРА, 2006. - С. 198-213.

  2. Колчина Н.В. Финансы прсдприятпй (организаций). Учеб-ное пособие. М.:ИНФРА, 2009. - С. 213-219.

  3. Лапуста М.Г. Мазурина Т.Ю. Финаксы предприятий. М. Алфа - пресс, 2009. - С. 129-139.

  4. Левин В.П. Финансы и кредит. Учебное пособие. М.: ЮНИ-ТИ. 2007. - С. 199-208.

  5. Оймахмадов Г.Н. Молия - Душанбе: Нодир. 2005. - С. 47-56.

  6. Торошин А.Н. Финансы и кредит. Учебник для вузов. М.: ИНФРА - М. - 2009. - С. 98-102.

  7. Улугходжаева Х.Р., Обидов Ф.С., Рахимов З.А. Финансы: Учебннк - Душанбе: Ирфон - 2009. - С. 156-162

  8. Шеремет А.Д., Ионова А.Ф. Финансы предприятий. М. ИН-ФРА - М. 2009. - С. 217-125.

285

МОЛИЯ ВЛ ҚАРЗ



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   23




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет