1. Кадоме аз ин нишондихандаҳои молиявии зерии ба си-
фати мавзӯи назорати молиявӣ баромад менамояд?
а) субъектҳои хоҷагидорӣ;
б) андозҳо;
в) арзиши аслӣ;
г) ташкилоти буҷетӣ.
2. Назорати молиявП кадоме аз ин вазифахоро ичро мекуиад?
а) тақсим ва аз нав тақсимкунии даромади миллӣ;
б) танзимкунӣ;
в) мусоидат намудан ба истифодаи оқилонаи
арзишҳои моддӣ ва захираҳои пулӣ дар корхонахо-
ташкилотҳо, муассисаҳо;
г) хавасмандкунӣ.
. МЛВЗУИ 6. НЛЗОҒАТИ МОЛИЯВИ
3. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ кадом намуиаи (модели) назорати
молиявиро фарк мекунанд?
а) аврупой;
б) америкоӣ;
в) англисӣ;
г) немисӣ.
4. Назорати молиявӣ дар асоси кадоме аз принсипхои зе-
рин ташкил карда мешавад?
а) худмаблаггузорӣ; . б) масъулияти молиявӣ;
в) пинхон нигоҳ доштани натиҷаҳои назорат;
г) ошкорбаёнӣ.
5. Вобаста ба субъектҳои назорати молиявиро амаликунан-
да кадом намуди назорати молинвиро фарқ мекунанд?
а) умумидавлатӣ (гайриидоравӣ);
б) пешакӣ;
в) ташаббусӣ;
г) ихтиёрӣ;
6. Вобаста ба мӯхлати гузаронидани назорати молинвй ка-
дом шакли назорати молиявиро фарк мекунанд?
а) идоравӣ;
б) пешакӣ;
в) давлатӣ;
г) дохилихоҷагӣ;
7. Назорати молиявӣ дар асоси кадоме аз усулхои зерин гу-
Зароиида ме!навад?
а) пурсиш;
б) камералй;
в) тафтиш;
г) озмоиш;
8. Фаъолияти молиявӣ-хоҷа! идории кадоме аз субъсктхои
Зерин обьекти назорати аудиторӣ шуда мставонад?
а) корхонву ташкилотҳои ғайридавлатӣ;
б) корхонаву муассисаҳои давлатӣ;
185
МОЛИЯ ЙА. ҚАРЗ
в) корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродв.
г) ҳамаи ҷавобҳо дуруст.
9. Ташкилоти аудиторӣ чӣ гуна ташкилот аст?
а) ҷамъиятӣ;
б) давлатӣ;
в) тиҷоратӣ;
г) гайритиҷоратӣ.
10. Кадом иамудҳои саиҷиши аудиториро фарқ мекунанд?
а) давлатӣ ва гайридавлатӣ;
б) ҳатмӣ ва ташаббусй;
в) ихтиёрӣ ва давлатӣ;
г) ҳамаи ҷавобҳо дуруст аст.
11. Кадоме аз ташкилотҳои зерин ба аудити ҳатмии ҳарсола
фаро гирифта мешавад?
а) ҷамъияти саҳҳомии пушида;
б) корхонаҳои ба истеҳсол ва фурӯши молҳои
зераксизй машгулбуда;
в) корхонаву муассисаҳои буҷетӣ;
г) ҷамъияти саҳҳомии кушода.
Истилоҳот ва мафҳумҳо
Аудитор (лотииӣ аисиЧог - шунаванда) мутахассисест, ки фаъолияти молиявии ширкатро мустақилона тафтиш намуда, оиди натиҷахои он санад тартиб дода, ба шахсони дахлдор пешкаш менамояд.
Аудити ҳатмӣ - санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибй ва ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони ҳуқуқӣ мебошаД-Аудити ҳатмӣ азтарафи ташкилотҳои аудиторӣ гузарониД" мешавад.
Аудити тани-ббусӣ бо ташаббуси субъектқои санҷишшаванЕШ бо назардошти вазифа, мӯҳлат ва ҳаҷми санҷиши муша5С' хас гузаронида мешавад, ки дар шартномаи байни шахсоН^ санҷишшаванда ва аудитори иифиродӣ ё ташкилоти аудитор1 пешбинӣ карда шудааст.
186
А
МЛВЗУИ 6. НАЗОРЛТИ МОЛИЯВИ
Ихтиёрдори асосии маблағхои буҷети - макомоти ҳокимият
ипораи давлатиест, ки маблағҳои буҷети давлатиро их-
мёрдорӣ каРДа' ДаР баини ташкилотҳои тобеи худ таксим ме-
„ад_ Ихтиёрдори асосӣ ҳамчунин ташкилоти муҳими буҷетии
сохаи илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ шуда метавонад.
Ихтиёрдори маблағхои бучетй мақомоти ҳокимият, идораи яавлатӣ ва ё ташкилоти буҷетӣ, ки маблагҳои бучетиро аз их-тиёрдори асосӣ мегирад ва ҳукуқи тақсим ва назорати исти-фодаи маблағҳои буҷетиро ба ташкилотҳри тобеи худ дорад.
Муоина ҳамчун усули назорати молиявӣ, омӯзиши пахлӯҳои алохидаи фаъолияти корхонаву ташкилотхоро бо мақсади му-айян намудани ҳолати молиявй ва самтҳои имконпазири руш-ди онҳо дар бар мегирад.
Мушохида (мониторинг) - ин назорати доимӣ ба ҷараёни истифодаи захираҳои молиявии субъекти назорат ва ҳолати молиявии он.
Назорати молиявӣ назорати мақомоти хокимияти конун-барор ва иҷроияи хамаи сатҳҳо, инҷунин муассисаҳои мах-сус ташкилшуда, ба фаъолияти молиявии ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ (давлат, корхонахо, муассисаҳо, ташкилотҳо, аҳолӣ) |бо истифодаи усулҳои махсус мебошад.
Назорати молиявии умумидавлатӣ (ғайриидоравӣ) дар Ҷум-хурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомрти хокимияти давлатӣ ва идоракунй, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду палатаи он: Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ гуза-Ронида мешавад. Назорати молиявии умумидавлатй нисбати °бьектҳое гузаронида мешавад, ки аз тобеияти идоравии он (Ҳукумат, вазорати молия ва гайра) вобаста намебошад.
Назорати молиявии идоравӣ аз ҷониби қисмҳои таркибии
Ва'!оратҳо, идораҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти
ДоРакунии давлатй ва маҳаллӣ оиди фаъолияти молиявӣ-
°'1агидории корхонахо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи
'Ҳо гузаронида мешавад.
187
МОЛИЯВАКАРЗ
Назорати молиявии дохилихочагӣ аз ҷониби шӯъбаҳои м.0 лиявии корхонаву муассисаҳо (идораи муҳосибот, шӯъбаҳ0й молия) гузаронида шуда, объекти назорат фаъолияти истеҳсоля ва молиявии худи корхона ва кисмҳои таркибии он ба шумоп меравад.
Назорати молиявии ҷамьиятиро шахсони воқеии алоҳида ва ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шакли ихтиёрй, бе гирифта-ни ҳаққи хизмат мегузаронанд.
Назорати молнявии пешакӣ шакли назоратест, ки то оғози амалиётҳои молиявӣ гузаронида шуда, барои огоҳ намудани ҳукуқвайронкунии молиявӣ аҳамияти зиёд дорад.
Назорати молиявии ҷорӣ (фаврӣ) дар ҷараёни иҷро шуда-ни амалиётҳои молиявй, фаъолияти хоҷагидорӣ, додани қарз ва кӯмаки молиявӣ, иҷрои созишномаҳои пулӣ ва гайра гуза-ронида мешавад.
Назорати молиявии минбаъда ё ҷамьбастӣ пас аз анҷоми амалиёти молиявӣ, бо роҳи таҳлил ва тафтиши ҳисоботҳои молиявӣ ва муҳосиботӣ гузаронида мешавад.
Санҷиш яке аз усулҳои назорати молиявй буда, дар хусуси масъалаҳои алоҳидаи фаъолияти молиязӣ дар асоси хуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳо оиди хароҷот гузаронида мешавад.
Тафтиш усули хеле васеъ паҳнгардидаи назорати молиявй буда, вобаста ба фарогирии назорати молиявӣ намудҳои зерини тафтишро фарқ менамоянд: пурра, нопурра, мавзӯӣ. маҷмӯӣ, нақшавӣ, гайринақшавӣ, ҳуҷҷатӣ, воқеӣ.
Ташкилоти аудиторй - ташкилоти тиҷоратӣ буда, санчивч ҳои аудиторӣ ва хизматҳои ба аудит дахлдорро амалӣ мена-мояд.
Фаъолияти ауднторн, аудит фаъолияти аудиторӣ ия Ф*1' ъолияти соҳибкорӣ дар масъалаи еанҷиши мустақилонай бахисобгирии муҳосибӣ ва ҳксоботи муҳосибии (молиявии) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳукуқй мебошад.
188
МАВЗУИ 6. НАЗОРАТИ МОЛИЯ13И
Адабиёт
I Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давла-тии Ҷумҳурии Точикистон» аз 2 декабрм соли 2002. Ахбо-ри Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11.
-
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давла-тии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 декабри. солн 2002. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11.
-
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолиятн аудиторй» аз 3 марти соли 2006. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №2.
-
Бокова Ф.М. Финансы и кредит. Краткий курс лекций. М.:ИНФРА, 2006. - С. 115-119.
-
Литовский М.В., Шевченко И.Е. Финансы. Денежное об-ращение и кредит. Учебник. Москва ИНФРА-М. 2006. - С. 142-146.
-
Левин В.П. Финансы и кредит. Учебное пособие. М.: ЮКИ-ТИ, 2007. - С. 172-178.
-
Оймахмадов Г.Н. Молия - Душанбе: Нодир, 2005. - С. 36-41.
-
Рахимов З.А., Ятимов Х.М., Ҷураев Ш.Ҷ. Молия. муомилоти пулӣ ва карз. Васоити таълимӣ. Душанбе - 2006. - С. 141-145.
-
Смородина В.И. Финансы и кредит. Краткий курс лекций. М.:ЮНИТИ, 2007. - С. 118-123.
-
Улугходжаева Х.Р., Обидов Ф.С., Рахимов З.А. Фннансы: Учебник - Душанбе: Ирфон - 2009. - С. 33.
-
Фетисов В.Д. Фетисова Т.В. Финансы и кредит: учебное пособие. 2-е изд., пере-раб. и доп. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2006. - С. 96-109.
189
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
МАВЗУИ 7. МОЛИЯЙ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
Моҳияти иҷтимой-иқтисодии буҷети давлатӣ ва накши он
-
Сохти буҷетӣ ва низоми буҷетии Ҷумхурии Тоҷи-кистон
-
Муносибатҳои байнибуҷетӣ
-
Таснифи буҷетӣ
-
Таркиб ва сохти даромадхои буҷети давлатӣ ва бу-ҷетҳои маҳаллӣ
-
Таркиб ва сохти хароҷоти буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ
-
Раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
Тартиби таҳия, пешниҳод, баррасй, қабул ва тасдиқи бучетхо
-
Иҷрои буҷети давлатӣ
-
Ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ
7.8. Касри буҷет ва усулҳои танзими он
7.1. Моҳияти иҷтимоӣ-иқтисодии буҷети давлатӣ ва нақши он
Буҷети давлатӣ қисми асосӣ ва марказии низоми давла-тии молиявӣ буда, муносибатҳои пулиеро дар бар мепфаД' ки дар ҷараёни он фонди буҷетӣ ташкил ва истифода ме^3' вад. Фонди буҷетӣ ин фонди пулии марказонидашудаест, ^и барои маблаггузории доираи васеи талаботҳои ҷамъияти ' сохаҳои хоҷагии халқ, эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, идоракунй, муД°
190
|ИЛВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ьиа ва ғайра хизмат мекунад. Буҷети давлатӣ иақшаи асосӣ а аввалиндараҷаи давлат ба шумор меравад.
Буҷети давлатй шакли ташкил ва истифодаи фонди пулии «мумидавлатии марказиест, ки барои иҷрои вазифаҳои давлат, амалисозии барномаҳои иҷтимоӣ истифода мешавад. Давлат буҷетро ба сифати воситаи муҳимтарини таъмини фаъолияти хуД; барои танзими давлатии иқтисодиёт ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ истифода мебарад.
Муносибатҳои молиявие, ки байни давлат ва субъектҳои хочагидорӣ, аҳолӣ мавҷуд аст, муносибатҳои буҷетӣ номида мешавад. Чунин муносибатҳои молиявӣ дар ҳолатҳои зерин пайдо мешаванд:
1) ҳангоми такспм ва аз нав тақсимкунии маҷмӯи маҳсулотп дохилӣ ва даромади миллӣ; 2) дар вақти ташкил ва истифо-даи фонди марказонидашудаи пулӣ - буҷети давлатӣ, ки ба-рои таъмипи талаботҳои умумидавлатӣ равона мешаванд.
Дар моддаи 2-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо-раи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» қайд шудааст, ки «буҷети давлатӣ - захираи асосии маблагҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъоварӣ, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблагҳои пулӣ тартиб гар-Дида, дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо во-гУзошташударо ичро менамоянд».
Ҳамин тавр, маҷмӯи муносибатҳои буҷетиро оиди таш-кил ва истифодаи фонди буҷетии мамлакат буҷети давлатӣ Меноманд.
Ҳар сол қисми муайяни даромади миллӣ ба буҷети давлатӣ
°Рид карда шуда, барои таъмини такрористеҳсоли васеъ,
°Неъ намудани талаботҳои иҷтимоӣ-фарҳангии аҳолӣ, таъ-
ни идоракунӣ ва кобилияти мудофиавии мамлакат истифо-
^ещавад. Маҳз тавассути буҷет давлат ба иқтисодиёт да-
191
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
холат намуда, ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллй мусоидат менамояд.
Буҷети давлатӣ ҳамчун мафҳуми мустақили иқтисодӣ як қисми муҳими молия буда, дорои ҳамон хусусиятҳоест, ки хоси молия мебошанд. Дар баробари ин буҷети давлатӣ хусусиятҳои хосе дорад, ки онро аз дигар қисмҳои муносибатҳои молиявӣ фарқ мекунонанд. Чунин хусусиятҳои хоси буҷети давлатӣ инҳоанд:
-
Буҷети давлатӣ шакли махсуси иқтисодии муносибатҳои аз нав тақснмкуниест, ки тавассути он қисме аз даромади миллӣ ба ихтиёри давлат гузашта, барои таъмини талаботҳои ҷомеа ва минтақаҳои мамлакат истифода мешавад.
-
Бо ёрии буҷети давлатӣ азнавтақсимкунии даромади миллӣ байии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, минтақаҳои мамлакат ва соҳаҳои дигари ҷомеа амалӣ мегардад.
ДаР шароити иқтисоди бозорӣ дар муносибатҳои буҷетӣ бозсозии куллӣ ба вуқӯъ пайваста, нақш ва аҳамияти буҷети давлатӣ дар таъмини соҳаҳои иҷтимой, маориф, тандурустй, таъминоти иҷтимоӣ, маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт хело афзуд. Дар самти хароҷоти буҷети давлатӣ на фақат. усулҳои маблаггузории буҷетӣ, кӯмаки молиявии беподощ (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвентсия), балки усулҳои иқтисодии танзими молиявии иқтисодиёт мавриди ис-тифода қарор мегиранд.
Моҳияти иҷтимоӣ-иқтисодии буҷети давлатӣ дар вазифах01 он ифода меёбад. Вазифаҳои буҷети давлатӣ инҳоанд:
-
ташкили фонди буҷстӣ (даромадҳои буҷетӣ);
-
истифодаи фонди буҷетӣ (хароҷоти буҷетӣ);
-
чазоратӣ. ГЛ Тавассути тақсим ва азнавтақсимкунии маҷмӯи махсу'7^
дохили ва даромади миллӣ қисми даромади буҷети ^п^\ (даромадҳои буҷетӣ) таъмин карда мешавад: Давлат маблаь^, дар бучет ҷамъ шударо барои таъмини рушди ичтимой-и содии ҷомса (хароҷоти буҷетӣ) истифода мебараД-
192
МАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУ1Л Щ ТОҶИКГГСТОГГ
Моҳияти вазифаи назоратии буҷети давлатӣ дар ҷараённ аз ҷониби мақомотҳои ваколатдор назорат бурдан ба ташкил ва истифодаи фонди пулии марказии давлатӣ, сари вақт ва пур-ра ба буҷет ворид намудани андозҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ инъикос мегардад. Дар асоси вази-фаи назоратӣ низоми назоратн буҷетӣ амал менамояд, ки тавас-сути он усулҳои санҷиш, тафтиш ва ғайра гузарошща мешавад.
Буҷети давлатй дар ҷараёни такрористеҳсоли васеъ нақши муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебозад. Воситаҳои пу-лии буҷети давлатиро барои маблаггузории соҳаҳои афза-лиятноки хоҷагии халқ истифода бурда, давлат ба ҷараёни азнавтақсимкуиии даромади мйллӣ байнн сохаҳои гуиогун таъ-сир мерасонад. Ба воситаи буҷети давлатӣ даромади соҳаҳои даромаднокиашон зиёд, ба соҳахои даромаднокиашон кам аз нав тақсим карда мешавад (мисол, аз соҳаҳои истеҳсолӣ ба соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ). Давлат аз ҳисоби фонди буҷетй мут ассиса ва ташкилотҳои соҳаи иҷтимоиро маблағгузорӣ наму-да, такрористеҳсоли қувваҳои кориро таъмин менамояд (ма-ориф, фарҳанг, тандурустӣ, мудофиа ва ғайра). Ба воситаи буҷети давлатӣ даромадҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз нав тақсим карда мешавад.
Буҷети давлатӣ аз ду қисм иборат мебошад: даромад; х<фоҷот.
7.2. Сохти буҷетӣ ва низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сохти буҷетӣ ин ҷараёни ташкили низоми буҷетӣ аст, ки 3 се унсури асосӣ иборат мебошад: - сохти низоми буҷетӣ;
~- принсипҳои асосии ташкили низоми буҷетӣ; ц - робитаҳои тарафайни буҷетҳо, ки ҳамаи буҷетҳоро ба °Ми ягонаи буҷетӣ муттаҳид месозад.
193
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
Сохти низоми буҷетӣ аз сохти давлатӣ вобаста мебошад. Дар давлатҳои унитарӣ (ягона) низоми буҷетӣ аз ду сатҳ ибо-рат мебошад: буҷети давлатӣ; буҷетхои маҳаллй. Дар чунин маврид даромадҳо ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ ба буҷети давлатй дохил намешаванд.
Дар давлатҳои федеративӣ (Россия, ИМЛ, Олмон ва гайра) низоми буҷетӣ аз,сс сатҳ иборат аст: буҷети федералй (бу-ҷети ҳукумати марказӣ); буҷети минтакаҳои узви федерат-сия; буҷетҳои маҳаллӣ. Дар шароити федератсия даромад ва харочоти буҷетҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои минтақахои узви фе-дератсия, даромаду хароҷоти буҷети минтақаҳои узви феде-ратсия ба буҷети федералӣ дохйл намешаванд.
Ҷумхурии Тоҷикистон давлатй унутарӣ буда, низоми бу-ҷети давлатии он аз ду сатх иборат мебошад. Низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон аз буҷетҳои сатҳҳои зерин иборат аст:
-
сатҳи якум - буҷсти ҷумҳуриявй ва буҷстҳои фондҳои мақсадноки давлатй;
-
сатҳи дуюм - буҷетҳои махаллӣ.
Ба бучетҳои маҳаллӣ буҷетҳои Вилоятп Мухтори Кӯҳистони Бада.хшон ва шахру иоҳияҳои он, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои то-беи вилоятӣ, шахри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру поҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ва ҷамоатҳо мансуб мебошанд.
Асоси низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистонро принсипҳои зерин ташкил медиҳанд:
-
ягонагии низоми буҷети давлатӣ;
-
тафрикаи даромад ва хароҷот байни сатҳҳои иизоми буҷет;
-
инъикоси пурра ва ҳатмии даромад ва хароҷоти буҷетҳо;
-
баробарии (мувозинати) буҷетҳо;
-
истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблагхон буҷетй;
-
пардохти пурраи харочоти бучетҳо;
-
ошкоро будани буҷетҳо;
-
эътиборнокии буҷетҳо;
194
1УТАВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛЛТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- таъиноту мақсаднокии муайяни маблағҳои бучетӣ.
Ҳар яке аз ин принсипҳо дар ташкили низоми буҷетй нақш ва ахамияти муҳим доранд. Моҳияти принсипи ягонагии низо-ми буҷети давлатӣ дар ягонагии манбаъҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ, ни-зоми пулӣ, тартиби ягонаи маблағгузории хароҷоти буҷстҳои ҳамаи сатҳҳо, истифодаи таснифи ягонаи буҷет, шакли ягонаи хуҷҷатгузорй ифода меебад.
Принсипи тафриқаи даромад ва хароҷот байни сатҳҳои ни-зоми буҷет маънои онро дорад, ки байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ намудҳои алоҳидаи андоз вобаста кар-да шуда, дар баробари ин тавассути даромадҳо ва андозҳои танзимшаванда баробарии (мувозинати) буҷетҳо, махсусан буҷетҳои сатҳи поёнӣ, таъмин карда мешавад.
Моҳияти принсипи инъикоси пурра ва хатмии даромад ва хароҷоти буҷетхо дар он ифода меёбад, ки дар буҷети давлатй бояд ҳамаи даромадҳо ва андозҳо дар ҳаҷми пурра нишон дода шуда, ҳамаи хароҷот бояд асоснок карда шавад.
Принсипи баробарии (мувозинати) бучетҳо маънои онро дорад, ки ҳаҷми хароҷоти дар буҷет пешбинишуда, бояд бо ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет ва маблагҳои барои пӯшони-дани касри буҷет воридшаванда мувофиқат намояд. Ҳаигоми таҳия, тасдиқ ва иҷрои буҷет, бояд барои ҳар чӣ камтар на-мудани касри буҷет кӯшиш карда шавад.
Принсипи истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маб-лағҳои буҷетй тақозо менамояд маблагҳои буҷетй мақсадноку самаранок истифода шаванд.
Принсппи пардохти пурраи хароҷоти буҷетҳо маънон онро Дорад, ки ҳангоми мавҷудияти касри буҷет ҷалби маблағҳои иловагӣ (дар шакли гирифтани қарз) барои пурра пардохт на-мУДани хароҷоти буҷет зарур мебошад.
Маънои принсипи ошкоро будани буҷетҳо он аст, ки бояд ^аффофияти буҷетҳо таъмин карда шуда, Қонуни Ҷумҳурии г°Чикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-
195
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
кистон» дар матбуоти озод нашр гардад ва оиди рафти ичрои буҷетҳо дар тӯли соли буҷетй ба аҳолӣ хабар дода шавад.
Принсипи эътиборнокии буҷетҳо маънои онро дорад, ки буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишон-диҳандаҳои пешгӯии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурй ва минтақаву ноҳияҳо таҳия карда мешавад.
Маънои принсипи таъиноту мақсаднокии муайяни маб-лагҳои буҷетй он аст, ки маблаҳои буҷетй ба ихтиёри қабул-кунандагони мушаххаси ин маблагҳо дода шуда, ҳадафҳои ис-тифодабариашон мушаххас нишон дода мешавад.
Робитаҳои тарафайни буҷетҳо, ки ҳамаи буҷетҳоро ба ни-зоми ягонаи буҷетӣ муттаҳид месозад муносибатҳои байни буҷетиро ташкил медихад.
7.3. Муносибатҳои байнибуҷстП
Муносибатҳои байни мақомоти ҳокимият ва идораи дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти. давлатӣ ва мақомоти идораи фондхои максадноки давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ номида мешавад.
Муносибатҳои байнибуҷетӣ дар асоси принсипҳои зерин амал мекунад:
-
ба сатҳҳои муайянй низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим ва вобаста кардани хароҷоти буҷетҳо;
-
дар асоси доимӣ тафриқа намудан за аз рӯи меъёрҳои мувакқатӣ тақсим намудани даромадҳои танзимкунанда бай-ни сатҳҳои мухталифи низоми буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон;
-
баробарии ҳукуки буҷетии макомоти маҳаллни ҳокимпяти давлатӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ;
-
баробар кардани сатҳи ҳадди акали таъминоти буҷетии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; ■
-
баробарип тамоми буҷетҳо дар муносибат бо бучетп даэ-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
196
МЛВЗУИ 7. МОЛИЯИ ДАВЛЛТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Яке аз самтҳои муносибатҳои байнибуҷетӣ расонидани кӯмаки молиявӣ аз ҷониби як сатҳи низоми буҷетӣ ба сатҳи дигари низоми буҷетй мебошад. Чунии кӯмаки молиявӣ дар шаклҳои зерин расонида мешавад:
-
кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани хароҷоти ҷорӣ беподошу бе-бозгашт дода мешаванд. Кӯмаки молиявии беподош (дотат-сия) барои баробар кардани ҳадци ақали таъминоти буҷетии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағгузории ҳадди ақали стандартҳои давлатии иҷтимоӣ, ки масъулияти маблағ-гузории онҳо ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоки-мияти давлатӣ гузошта шудааст, равона карда мешавад;
-
мусоидати молиявӣ (субвенсия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ беподошу бебозгашт барои анҷом додани хароҷоти муайяни мақсаднок дода мешаванд. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) барои маблағгузории хароҷоти алоҳидаи мақсаднок истифода бурда мешавад;
-
кӯмаки молиявӣ (субсидия) - маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамҷунин ба шахсони воқей ва ҳуқуқй, мутобиқи шарти маблаггузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд.
-
қарзи буцетӣ - барои пур кардани тафовути муваққатии хазинавӣ, ки дар ҷараёни иҷрои буҷетҳои сатҳҳои гуногун ба вуҷуд меояд;
-
штшқоли маблаг (траисфертҳо) - маблагҳои буҷетӣ, ки барои маблаггузории пардохтҳои ҷорӣ ва асосии аҳолӣ дар Шакли нафақа, стипендия, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимой, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин маблагҷудокунӣ барои пардох-ти хароҷоти корхонаҳо, ташкилотҳои хусусии ғайритиҷоратӣ, Ки ба аҳолӣ, мақомоти идораи давлатӣ хизмаг мерасонанд ва
197
МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
дар бобати маблагҳои мазкур хеҷ гуна ӯҳдадорӣ оиди пар-дохт пеш намеояд.
Тартиби расонидани кӯмаки молиявӣ ва андозаи он аз рӯи шаклҳои дар боло зикр шуда, дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявй муайян карда ме-шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хукук дорад ба-рои бартараф кардани фарқияти хазинавӣ ба буҷетҳои махаллӣ карзи мувақкатй (ссуда) ҷудо намояд, ки дар давоми соли мо-лиявии ҷорй баргардонида мешавад.
Достарыңызбен бөлісу: |