1. Сураи Фотиња (Кушоянда)


Сураи Абаса (Рў турш кард)



бет28/33
Дата12.07.2016
өлшемі2.57 Mb.
#195081
1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   33

80. Сураи Абаса (Рў турш кард)
Дар Макка нозил шуд ва он чињилу ду оят ва як рукўъ аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Рў турш карду эъроз намуд,

2. аз он ки нобино пеши ў биёмад.1

3. Ва чї медонї, ки шояд вай [аз шунидани љавоб] пок мешуд?

4. Ё панде мешунид ва он панд ба ў нафъ медод?

5. Аммо касе, ки тавонгар аст,

6. ту ба сўи ў иќбол мекунї.

7. Ва дар он ки ў пок нашавад, бар ту ваболе нест.

8. Ва аммо касе, ки пеши ту шитобон биёмад,

9. дар њоле ки [аз Худои] худ тарсон аст,2

10. пас, ту аз вай ѓафлат мекунї.

11. Њаргиз чунин нест, ба дурустї ки ин оёти Ќуръон панд аст.

12. Ва њар ки хоњад, Ќуръонро ёд кунад.

13. (Оёти Ќуръон) дар номањои гиромии

14. баландќадри пок кардашуда

15. ба дастњои нависандагони

16. бузургманиши некўкирдор3 (сабт аст).

17. Лаънат карда бод одамї, чї носипосдор аст!

18. (Андеша намекунад, ки Худо) ўро аз чї чиз офарид?

19. Аз нутфае ўро офариду муќаддар кард;

20. пас, роњ (-и баромад)-ро бар вай осон намуд;

21. сипас ўро бимиронид ва дар гўр кард;

22. боз, њар гоњ хоњад, ўро зинда месозад.

23. Њаргиз чунин мабод! Он чиро, ки ба ў фармуд, ба амал наовард.

24. Пас, одамї бояд ки ба таоми худ дарнигарад;

25. (ба он ки) Мо обро рехтем – рехтане;

26. пас, заминро шикофтем – шикофтане;

27. пас, дар он замин рўёнидем донаро;

28. ва ангуру сабзавотро;

29. ва зайтуну дарахтони хурморо;

30. ва боѓњои пурдарахтро;

31. ва меваву алафро –

32. барои манфиати шумо ва чањорпоёни шумо.

33. Пас, ваќте ки овози сахт биёяд,

34. рўзе, ки мард бигурезад аз бародари худ;

35. ва аз модару падари худ;

36. ва аз зану фарзанди худ,

37. дар он рўз њар мардеро аз онњо шуѓле њаст, ки ўро [ба њоли худ] бозмедорад.

38. Як пора рўйњо дар он рўз равшан,

39. хандону шодон бошанд.

40. Ва бар як пора рўйњо дар он рўз ѓубор бошад;

41. онњоро торикї фурў гирад.

42. Ин љамоа кофирони бадкоранд.


81. Сураи Таквир (Печидан)
Дар Макка нозил шуд ва он бисту нўњ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ваќте ки офтоб печида шавад;

2. ва ваќте ки ситорањо тира шаванд;

3. ва ваќте ки кўњњо равон карда шаванд;

4. ва ваќте ки модашутурони1 бордори дањмоња бесоњиб гузошта шаванд;

5. ва ваќте ки љонварони вањшї љамъ карда шаванд;

6. ва ваќте ки дарёњо мисли оташ афрўхта шаванд;

7. ва ваќте ки рўњњо бо љасадњо љамъ карда шаванд;

8. ва ваќте ки духтари зинда дар гўр шуда пурсида шавад:

9. «Ба кадом гуноњ кушта шуд?»

10. Ва ваќте ки Номањои аъмол кушода шаванд;

11. ва ваќте ки осмон пўстбарканда шавад;2

12. ва ваќте ки дўзах барафрўхта шавад;

13. ва ваќте ки бињишт наздик оварда шавад,

14. – њар шахс бидонад, ки чї њозир сохтааст.

15. Пас, ќасам мехўрам ба ситорањои бозгардандаи

16. сайрнамояндаи ѓоибшаванда;3

17. ва ќасам ба шаб, чун бозгардад;

18. ва ќасам ба субњ, чун бидамад –

19. ба дурустї ки Ќуръон гуфтори фариштаи гиромиќадр аст,

20. ки назди Худованди Арш соњиби тавоноии бовиќор аст.

21. Дар он љо4 фармондењ ва (мавсуф) ба амонат аст.

22. Ва ин ёри шумо девона нест.

23. Ва њар оина ёри шумо он (фаришта)-ро ба каронаи осмон дида буд.

24. Ва [ёри шумо] ба илми пинњон бухлкунанда нест.

25. Ва Ќуръон гуфтори Шайтони рондашуда нест.

26. Пас, куљо меравед?

27. Нест Ќуръон, магар панд барои оламиён,

28. барои њар ки аз шумо, ки бихоњад росткирдор шавад.

29. Ва шумо намехоњед, магар он (ваќте) ки Худо – Парвардигори оламиён бихоњад.
82. Сураи Инфитор (Шикофтан)
Дар Макка нозил шуд ва он нуздањ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ваќте ки осмон шикофта шавад;

2. ва ваќте ки ситорагон аз њам фурў резанд;

3. ва ваќте ки дарёњо (ба шиддат) равон карда шаванд;

4. ва ваќте ки гўрњо зеру забар карда шаванд,

5. њар нафсе бидонад, ки чї чизе пеш фиристода буд ва чї чизе бозпас гузошта буд.

6. Эй одамї, чї чиз туро ба Парвардигори Каримат бифирефт?

7. Он (Худое), ки туро биофарид, пас, туро дурустандом кард, пас, туро ба эътидол овард;

8. дар њар сурате, ки хост, туро таркиб дод.

9. Њаргиз чунин нест, балки љазои аъмолро дурўѓ мешуморед.

10. Ба дурустї ки бар шумо нигоњбонон гумошта шудаанд:

11. нависандагони гиромиќадранд,

12. ки медонанд шумо чї мекунед.

13. Њар оина некўкорон дар неъмат бошанд.

14. Ва њар оина гуноњкорон дар дўзах бошанд,

15. ки рўзи љазои аъмол ба дўзах дароянд;

16. ва аз он љо ѓоиб нашаванд.

17. Ва чї медонї, ки «рўзи љазо» чист?

18. Боз, чї медонї, ки «рўзи љазо» чист?

19. Рўзест, ки њељ кас барои њељ кас фоида расонидан натавонад. Ва он рўз фармон Худойрост.
83. Сураи Мутаффифин (Камкунандагон)
Дар Макка нозил шуд ва он сию шаш оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Вой бар камкунандагон!

2. – Ононе, ки чун аз мардум барои худ паймоянд, ба тамом бигиранд;

3. ва чун хоњанд, ки барои онњо паймуда ё санљида бидињанд, зиён расонанд.

4. Оё онњо намедонанд, ки барангехта хоњанд шуд

5. дар рўзи бузург,

6. рўзе, ки мардумон пеши Парвардигори оламиён истода шаванд?

7. Њаргиз чунин нест, ба дурустї ки Номаи аъмоли бадкорон дар Сиљљин аст.

8. Ва чї медонї, ки «Сиљљин» чист?

9. Китобе аст навишташуда.

10. Он рўз вой бар дурўѓшуморандагон!

11. – Ононе, ки рўзи љазоро бар дурўѓ нисбат мекунанд.

12. Ва онро ба љуз њар ситамкори гуноњкор [касе] дурўѓ намешуморад,

13. ки чун оёти Мо бар вай хонда шавад, гўяд: «Афсонањои пешиниён аст».

14. Њаргиз чунин нест, балки он чи мекарданд, бар дилњояшон занг бастааст.

15. Њаргиз чунин нест, ба дурустї ки онњо он рўз аз дидори Парвардигори хеш мањљуб бошанд.

16. Пас, ба дурустї ки онњо дарояндагони дўзаханд.

17. Пас, онњоро гуфта шавад: «Ин аст он чи шумо онро дурўѓ мешумурдед».

18. Њаќќо, ба дурустї ки Номаи аъмоли некўкорон дар Иллиййин аст.

19. Ва чї медонї, ки «Иллиййин» чист?

20. Китобе аст навишташуда,

21. ки наздикони Худо ба он њозир мешаванд.

22. Ба дурустї ки некўкорон дар неъмат бошанд,

23. дар њоле ки бар тахтњо нишаста, (ба њар љониб) назар мекунанд,

24. дар рўи онњо тозагии неъматро бишиносї.

25. Аз шароби холиси сар ба мўњр нўшонида мешаванд,

26. ки мўњри ў мушк аст. Ва раѓбаткунандагон бояд ки ба њамин (шароби пок) раѓбат кунанд.

27. Ва омезиши он аз (оби) Тасним бошад.

28. – Чашмаест, ки аз он наздиккардагони Худо менўшанд.

29. Ба дурустї ки гуноњкорон бар мўъминон механдиданд.

30. Ва чун бар онњо мегузаштанд, бо якдигар чашмак мезаданд.

31. Ва чун ба ањли хонаи худ бозмегаштанд, шодмон шуда бозмегаштанд.

32. Ва чун онњоро медиданд, мегуфтанд: «Ба дурустї ки онњо гумроњонанд».

33. Ва [њол он ки] бар сари мўъминон нигањбонон фиристода нашуда буданд.

34. Пас, имрўз мўъминон бар кофирон механданд,

35. дар њоле ки бар тахтњо нишаста (ба њар љониб) назар мекунанд:

36. оё ба кофирон баробари он чи мекарданд, љазо дода шуд?


84. Сураи Иншиќоќ (Шикофтан)
Дар Макка нозил шуд ва он бисту панљ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ваќте ки осмон бишикофад;

2. ва фармони Парвардигори худро гўш кунад; ва (осмон) сазовори њамин аст.

3. Ва ваќте ки замин кашида шавад;

4. ва њар чиро, ки дар он бошад,1 берун андозад ва тињї шавад;

5. ва фармони Парвардигори худро гўш кунад; ва (замин) сазовори њамин аст.

6. Эй одамї, ба дурустї ки ту то расидан ба Парвардигори худ ба кўшиши тамом коркунанда њастї. Пас, ба Ў мулоќот хоњї кард.

7. Аммо њар касе, ки Номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад,

8. пас, [ба зудї] ба ў њисоб карда шавад – њисоби осон;

9. ва шодмон шуда, ба сўи ањли хонаи худ бозгардад.

10. Ва аммо њар касе, ки номаи аъмолаш аз паси пушташ дода шавад,

11. пас, њалокро ёд хоњад кард;

12. ва ба дўзах медарояд.

13. Ба дурустї ки ў (ба дунё) дар ањли хонаи худ шодмон буд.

14. Ба дурустї, вай гумон карда буд, ки руљўъ намекунад.2

15. Оре!3 Ба дурустї ки Парвардигори ў ба ањволи ў Бино буд.

16. Пас, ба сурхии канораи осмони шом савганд мехўрам;

17. ва ќасам мехўрам ба шаб ва он чи шаб онро љамъ кардааст;

18. ва ќасам мехўрам ба моњ, чун комил шавад,

19. ки шумо баъди њоле ба њоле хоњед расид.

20. Пас, онњоро чист, ки имон намеоранд?

21. Ва чун бар онњо Ќуръон хонда шавад, саљда намекунанд?

22. Балки ин кофирон дурўѓ мешумуранд.

23. Ва Худо ба он чи дар дили худ нигоњ медоранд, Донотар аст.

24. Пас, онњоро ба азоби дарддињанда хабар дењ.

25. Лекин барои онон, ки имон оварданд ва кирдорњои шоиста карданд, музди бенињоят аст.
85. Сураи Буруљ (Бурљњо)
Дар Макка нозил шуд ва он бисту ду оят аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба осмони дорандаи бурљњо;1

2. ва ќасам ба рўзе,2 ки ваъда карда шудааст;

3. ва ќасам ба гувоњ ва он чи, ки ба он гувоњї дода шудааст,

4. Лаънат карда шуданд ањли хандаќњои

5. оташе, ки дорои њезуми бисёр аст,

6. ваќте ки онњо бар канораи он (хандаќњо) нишаста буданд;

7. ва онњо ба он чи бо мўъминон мекарданд, њозир буданд.

8. Ва аз онњо3 айб накарданд, магар инро, ки ба Худои Ѓолиби Сутудакор имон оварда буданд.

9. – Он, ки подшоњии осмонњову замин аз они Ўст. Ва Худо бар њар чиз Гувоњ аст.

10. Њар оина онњое, ки мардони мўъмин ва занони мўъминаро уќубат карданд ва тавба нанамуданд, пас барояшон азоби дўзах аст; ва барои онон азоби сўхтан аст.

11. Ба дурустї, онњое, ки имон оварданд ва кирдорњои шоиста карданд, барояшон бўстонњоест, ки зери он љўйњо меравад. Ин фирўзии бузург аст.

12. Ба дурустї ки дастдарозии Парвардигори ту сахт аст.

13. Ба дурустї ки Ў аз бози аввал меофаринад ва дубора [зинда] мекунад.

14. Ва Ў Омурзгор, Дўстдор,

15. Худованди Арш, Гиромиќадр аст,

16. ки њар чизеро, ки хоњад, мекунад.

17. Оё ба ту хабари лашкарњо омадааст,

18. ки Фиръавну Самуд мебошанд?

19. Балки кофирон дар дурўѓ шумурдан њастанд.

20. Ва Худо аз гирдогирди онњо Фарогиранда аст.

21. Балки ин Ќуръони гиромиќадр аст,

22. ки дар Лавњи Мањфуз [навишташуда] аст.


86. Сураи Ториќ (Он чи дар шаб падид меояд)
Дар Макка нозил шуд ва он њафдањ оят аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба осмон ва ќасам ба чизе, ки ваќти шаб падид меояд

2. ва чї медонї, ки «ба ваќти шаб падидоянда» чист?

3. Он ситораи дурахшанда аст, –

4. њељ шахсе нест, магар [он ки] бар вай фариштаи нигоњбоникунандае аст.

5. Пас, одамї бояд бибинад, ки аз чї чиз офарида шудааст:

6. аз оби љањандае офарида шудааст,

7. ки аз миёни пушт [-и мард]1 ва устухони сина [-и зан]2 мебарояд.

8. Њамоно Худо бар бори дигар офаридани одамї Тавоно аст.

9. рўзе, ки замирњои мардумон имтињон карда шавад,

10. пас, одамиро тоќате ва нусратдињандае набошад.

11. Ќасам ба осмони боборон;

12. ва ќасам ба замини дорои шикофтан,3

13. ки ба дурустї, Ќуръон сухани људокунанда аст;

14. ва на сухани бењуда.

15. Њамоно кофирон бадандешї мекунанд – бадандешие;

16. ва Ман низ бадандешї мекунам – бадандешие.

17. Пас, кофиронро мўњлат дода, онњоро андаке фурў гузор.
87. Сураи Аъло (Бартар)
Дар Макка нозил шуд ва он нуздањ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Номи Парвардигори аз њама Бартари худро ба покї ёд кун –

2. Он [Худое], ки биофарид ва дурустандом кард;

3. Ва Он [Худое], ки андоза кард, пас, роњ намуд;

4. Ва Он [Худое], ки гиёњи тозаро баровард,

5. сипас онро хушкшудаву сиёњгашта сохт.

6. Барои ту (Ќуръонро) хоњем хонд, пас, ту фаромўш нахоњї кард,

7. магар он чи Худо хостааст. Ба дурустї ки Худо ошкору пинњонро медонад.

8. Ва туро ба роњи осон тавфиќ хоњем дод.

9. Агар панд додан суд кунад, пас, панд бидењ.

10. Њар ки метарсад, панд хоњад гирифт,

11. вале бадбахттарини мардумон аз он панд як сў хоњад шуд,

12. оне, ки ба оташи бузург хоњад даромад,

13. сипас, ў он љо на мирад ва на зинда бошад.

14. Њар оина њар ки пок шуд, растагор шуд;

15. ва номи Парвардигори худро ёд кард, пас, намоз гузорид.

16. Балки зиндагонии инљањониро ихтиёр мекунед,

17. Ва охират бењтар ва пояндатар аст.

18. Ба дурустї ки ин сухан дар сањифањои нахустин мазкур буд:

19. Сањифањои Иброњим ва Мўсо.
88. Сураи Ѓошия (Фурўпўшанда)
Дар Макка нозил шуд ва он бисту шаш оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Оё ба ту хабари фурўпўшанда1 омадааст?

2. Он рўз як пора рўйњо хори

3. коркунандаи ранљбинанда бошанд,

4. ки ба оташи афрўхташуда дароянд,

5. аз чашмаи нињоят гарм об нўшонида шаванд.

6. Онњоро њељ таоме набошад, магар аз гиёњи хордор,

7. ки на фарбењ кунад ва на дафъи гуруснагї намояд.

8. Он рўз як пора рўйњое бошанд, ки тозаи

9. ба саъйи худ ризоманди

10. дар бињишти олї [љойгиршуда] бошанд,

11. ки дар он љо њељ сухани бењудае нашунавї.

12. Дар он љо чашмаи равон бошад.

13. Дар он љо тахтњои баланд бошанд;

14. ва кўзањои нињодашуда;

15. ва болишњои баробари якдигар гузошта;

16. ва бисотњои густурда.

17. Оё ба шутурон наменигаранд, ки чї гуна офарида шудаанд?

18. Ва ба осмон, ки чї гуна бардошта шуд?

19. Ва ба кўњњо, ки чї гуна барафрошта шуд?

20. Ва ба замин, ки чї гуна пањн карда шуд?

21. Пас, панд дењ, љуз ин нест, ки ту панддињанда њастї.

22. Бар онњо гумошташуда нестї.

23. Лекин њар ки рўй бигардонад ва кофир шавад,

24. пас, Худо ба азоби бузург ўро азоб кунад.

25. Њар оина бозгашти онњо ба сўи Мо аст.

26. Сипас њар оина њисоби онњо бар Мо аст.


89. Сураи Фаљр (Субњ)
Дар Макка нозил шуд ва он сї оят аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Савганд ба субњ;

2. ва савганд ба шабњои дањгона;

3. ва савганд ба љуфту тоќ;

4. ва савганд ба шаб, чун бигузарад,

5. оё дар ин (муќаддима) барои соњибхирад савганде мўътабар њаст?

6. Оё надидї, ки Парвардигори ту чї гуна муомила кард бо ќавми Од,

7. ки Ирам бошад – соњиби ќадњои баланд,

8. ки монанди он дар шањрњо офарида нашудааст?

9. Ва бо ќавми Самуд, ки дар Водї1 сангњои бузургро тарошида буданд?

10. Ва бо Фиръавн – соњиби мехњо?

11. (Ин њама) касоне буданд, ки дар шањрњо саркашї карданд.

12. Пас, дар он љо фасодро бисёр ба амал оварданд.

13. Пас, Парвардигори ту бар сари онњо навъе азобро бирехт.

14. Њамоно Парвардигори ту ба камингоњ аст.

15. Аммо одамї – чун Парвардигораш ўро имтињон кунад ва гиромї дорадаш ва ба ў неъмат дињад, пас, мегўяд: «Парвардигори ман маро гиромї сохт».

16. Ва аммо чун ўро имтињон кунад ва ризќи вайро бар вай танг созад, мегўяд: «Парвардигори ман маро хор кард».

17. Њаргиз чунин нест, балки ятимро гиромї намедоред;

18. ва якдигарро бар таом додани фаќир раѓбат намедињед;

19. ва моли меросро бисёр мехўред;

20. ва молро бисёр дўст медоред.

21. Њаргиз чунин нест, чун (баландии) замин паст карда шавад – паст кардане баъди паст кардан;

22. Ва Парвардигори ту биёяд ва фариштагон саф-саф шуда биёянд;

23. ва он рўз дўзах оварда шавад – ва он рўз одамї ёд кунад. Ва ўро он ёд кардан куљо фоида дињад?

24. Гўяд: «Эй кош, ман барои ин зиндагонии љовидонии хеш амали нек мефиристодам!»

25. Пас, он рўз њељ кас монанди азоби Ў азоб накунад.

26. Ва њељ кас монанди бастани ў ба занљир набандад.

27. [Гуфта шавад:] «Эй нафси оромгиранда!

28. Ба сўи Парвардигори хеш бозгард, [дар њоле ки] ту хушнуд шудаї ва аз ту низ хушнуд гашта,

29. пас, ба (зумраи) бандагони хоси Ман даро;

30. ва ба бињишти Ман даро».


90. Сураи Балад (Шањр)
Дар Макка нозил шуд ва он бист оят аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам мехўрам ба ин шањр,1

2. дар њоле ки ту ба ин шањр њалол хоњї шуд;2

3. ва ќасам ба зоянда ва ба њар чи зодааст,3

4. ба дурустї ки одамиро дар сахтии ранљ офаридем.

5. Оё гумон мекунад, ки њељ кас бар вай ќодир нашавад?

6. Мегўяд: «Моли бисёр харљ кардам».

7. Оё мепиндорад, ки ўро њељ кас надидааст?

8. Оё барои ў наофаридем ду чашмро;

9. ва забону ду лабро?

10. Ва [оё] ўро ба ду роњ далолат [на]кардем?

11. Пас, бар гузаргоњи сахт нагузаштааст.

12. Ва чї медонї, ки «гузаргоњи сахт» чист?

13. Он озод кардани барда аст;

14. ё таом додан ба рўзи гуруснагї

15. ба ятим, ки соњиби ќаробат бошад;

16. ё ба фаќири хоксор.

17. Баъд аз он, [бояд] аз касоне бошад, ки имон оварданд ва якдигарро ба шикебої васият карданд ва якдигарро ба бахшоишу мењрубонї васият карданд.

18. Ин љамоа ањли некбахтианд.

19. Ва онон, ки ба оёти Мо кофир шуданд – ин љамоа ањли бадбахтианд.

20. Бар онњо оташе (гумошта шавад), ки аз њар љињат гирд оварда шудааст.


91. Сураи Шамс (Офтоб)
Дар Макка нозил шуд ва он понздањ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба офтоб ва равшании ў;

2. ва ќасам ба моњ, чун аз паи он барояд;

3. ва ќасам ба рўз, чун онро намоён кунад;

4. ва ќасам ба шаб, чун онро бипўшонад;

5. ва ќасам ба осмон ва ба Зоте, ки онро бино кард;

6. ва ќасам ба замин ва ба Зоте, ки онро њамвор кард;

7. ва ќасам ба нафс(-и одамї) ва Зоте, ки ўро дурустандом намуд,

8. сипас шинохти гуноњи ўву парњезгории ўро дар дилаш андохт.

9. Ва ба дурустї, њар ки нафсро пок сохт, растагор шуд.

10. Ва ба дурустї, њар ки онро ба гуноњ пўшонид, зиёнкор шуд.

11. Ќавми Самуд ба сабаби саркашии худ дурўѓ шумурд.

12. Ваќте ки бадбахттарини он ќавм [ба куштани модашутур] бархост,

13. пас, пайѓамбари Худо ба онњо гуфт: «Модашутури Худо ва обхўрди ў(-ро бигузоред)».

14. Пас, пайѓамбарро дурўѓ шумурданд ва модашутурро бикуштанд. Ва Парвардигорашон ба сабаби гуноњашон уќубатро ба онњо фуруд овард ва онро [бар сари онњо] яксон кард.1

15. Ва Худо аз оќибати он наметарсад.
92. Сураи Лайл (Шаб)
Дар Макка нозил шуд ва он бисту як оят аст
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба шаб, чун бипўшонад;

2. ва ќасам ба рўз, чун равшан шавад;

3. ва ќасам ба Зоте, ки нару модаро офарид,

4. ки њамоно саъйи шумо гуногун аст:

5. Ва аммо њар ки ато кард ва парњезгорї намуд;

6. ва [сухани] некўро бовар дошт,

7. пас, ба ў барои расидан ба сарои осоиш тавфиќ дињем.

8. Ва аммо њар ки бухл карду худро бениёз шумурд;

9. Ва [сухани] некўро ба дурўѓ нисбат кард,

10. пас, барои ў расидан ба сарои душвориро осон кунем.

11. Ва ваќте ки нагунсор афтад, моли ў њељ [азобро] аз вай дафъ накунад.

12. Ба дурустї ки роњ намудан бар Мо лозим аст.

13. Ва ба дурустї ки он љањону ин љањон аз они Мост.

14. Пас, шуморо аз оташе тарсонидам, ки шўъла мезанад.

15. Ба он (оташ) [касе] намедарояд, магар бадбахттарин одамї:

16. – оне, ки дурўѓ шумурд ва рўгардон шуд.

17. Ва парњезгортарини мардум аз он (оташ) як сў дошта хоњад шуд:

18. – оне, ки моли худро медињад, то ки пок гардад.

19. Ва назди ў њељ касро неъмате нест, ки љазо дода шавад,

20. магар барои талаби хушнудии Парвардигори Баландмартабаи хеш.

21. Ва, албатта, хушнуд хоњад шуд.
93. Сураи Зуњо (Чоштгоњ)
Дар Макка нозил шуд ва он ёздањ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба чоштгоњ;

2. ва ќасам ба шаб, чун [њамаро] бипўшонад,

3. Парвардигорат туро фурў нагузошт ва душман надошт.

4. Ва њар оина охират барои ту бењтар аз дунё хоњад буд.

5. Ва Парвардигорат, албатта, ба ту неъмат хоњад дод, пас, ту хушнуд хоњї шуд.

6. Оё туро ятим наёфт, пас, љой дод;

7. ва туро роњгумкарда [на]ёфт, пас, роњ намуд;

8. ва туро тангдаст [на]ёфт, пас, тавонгар сохт?

9. Пас, аммо ятимро ситам макун;

10. ва аммо гадойро бонг мазан.

11. ва аммо ба неъмати Парвардигори худ хабар дењ.
94. Сураи Иншироњ (Кушодан)
Дар Макка нозил шуд ва он њашт оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Оё синаатро барои ту накушодаем?

2. Ва он бори туро аз ту дур кардем,

3. ки пушти туро гарон карда буд;

4. Ва зикратро барои ту баланд сохтем.

5. Пас, ба дурустї ки бо душворї осонї аст.

6. Албатта, бо душворї осонї аст.

7. Пас, ваќте ки аз кору бор фориѓ шавї, [дар ибодати Худо] мењнат каш;

8. ва ба сўи Парвардигори худ раѓбат намо.


95. Сураи Тин (Анљир)
Дар Макка нозил шуд ва он њашт оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ќасам ба анљир ва зайтун;

2. ва ќасам ба Тури Сино;

3. ва ќасам ба ин шањри боамн,1

4. ба дурустї ки Мо одамиро дар некўтарин сурате офаридем.

5. Пас, ўро фурўтар аз њама фурўмондагон гардонидем,

6. магар онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, пас, барои онњо савоби бенињоят аст.

7. Пас, баъди ин њама, чї чиз туро ба он водор мекунад, ки љазои аъмолро бардурўѓ шуморї?

8. Оё Худо њукмкунандатарини њокимон нест?


96. Сураи Алаќ (Хуни баста)
Дар Макка нозил шуд ва он нуздањ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид.

2. Одамиро аз хуни баста офарид.

3. Бихон. Ва Парвардигори ту Бузургвор аст.

4. Он, ки ба дастёрии ќалам илм омўхт;

5. одамиро он чи намедонист, омўхт.

6. Њаќќо, ки одамї њар оина аз њад мегузарад,

7. ваќте ки худро тавонгаршуда мебинад.

8. Ба дурустї ки бозгашт ба сўи Парвардигори ту аст.

9. Оё дидї шахсеро, ки манъ мекунад

10. бандаро, чун намоз мегузорад?

11. Оё дидї, ки чї мешуд, агар ба роњи рост мебуд,

12. ё ба парњезгорї мефармуд?

13. Оё дидї, ки чї мешуд, агар дурўѓ шуморад ва рўгардон шавад?

14. Оё (ин рўгардонанда) надонистааст, ки Худо мебинад?

15. Не, не, агар бознаистад, ўро ба мўи пешонї хоњем кашид,

16. ба он мўи пешоние, ки дурўѓзани хатокор аст.

17. Пас, бояд ки ањли маљлиси худро фарёд кунад.

18. Мо низ фариштагони азобро хоњем талабид.

19. Фармони ўро ќабул макун ва саљда кун ва ќурби Худо талаб намо.
97. Сураи Ќадр (Андоза кардан)
Дар Макка нозил шуд ва он панљ оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Ба дурустї ки Мо Ќуръонро дар шаби Ќадр фурў фиристодем.

2. Ва чї медонї, ки «шаби Ќадр» чист?

3. Шаби Ќадр аз њазор моњ бењтар аст.

4. Дар он шаб фариштагон ва Рўњ ба фармони Парвардигори хеш барои саранљом кардани њар коре фуруд меоянд.

5. Он шаб то ваќти субњ (мањзи) саломатї аст.
98. Сураи Баййина (Њуљљати равшан)
Дар Мадина нозил шуд ва он њашт оят аст.
Ба номи Худои Бахшояндаи Мењрубон
1. Кофирони ањли Китоб ва мушрикон [аз оини худ] људошаванда1 набуданд, то ваќте ки ба онњо њуљљати равшан наёмад,

2. ки пайѓамбар аз љониби Худо аст, сањифањои покро2 мехонад.

3. Дар он сањифањо ањкоме рости дуруст аст.

4. Ва ањли Китоб пароканда нашуданд, магар баъд аз он ки ба онњо њуљљати равшан омад.

5. Ва ба онњо фармуда нашуд, магар он ки парастишро барои Худо холис сохта, Худоро чун бозгаштагон аз кешњои бад парастиш кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бидињанд. Ва ин аст (ањкоми) дини дуруст.

6. Ба дурустї, аз ањли Китоб онон, ки кофир шуданд ва мушрикон дар оташи дўзаханд, дар њоле ки дар он љовидон бошанд. Он љамоа бадтарини халќанд.

7. Ба дурустї, љамоаи онон, ки имон оварданд ва корњои шоиста карданд, бењтарини халќанд.

8. Љазояшон назди Парвардигорашон бўстонњое барои њамеша будан аст, ки зери он љўйњо меравад, дар он љо њамеша љовидон бошанд. Худо аз онњо хушнуд шуд ва онњо аз Худо хушнуд шуданд. Ин (ваъда) касеро аст, ки аз Парвардигори худ битарсад.



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   33




©dereksiz.org 2024
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет